Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, Мюллер далел наёфт, вале...


Чанд саҳифа аз гузориши ихтисоршудаи Роберт Мюллер
Чанд саҳифа аз гузориши ихтисоршудаи Роберт Мюллер

Вазорати умури хориҷии Русия бардурӯғ иддао кард, ки Роберт Мюллер, муфаттиши вижаи Амрико дар таҳқиқоташ “эътироф” кардааст, ки ҳеҷ шаҳодате аз дахолати Русия ба интихоботи соли 2016 дар Амрико пайдо накард.

Нусхаи ихтисоршудаи таҳқиқот дар бораи дахолати Русияро рӯзи 18-уми апрел нашр ва онро дар байни аъзои Конгресси Амрико тақсим карданд.

Дар ин таҳқиқоти тӯлонӣ ҷузъиёти талошҳои Русия барои дахолат ба интихобот оварда шудааст ва он хулосаҳои пешини Хадамоти истихборотии Амрико дар бораи чунин талошҳои Русияро тасдиқ мекунад. Дар таҳқиқоти Роберт Мюллер омадааст: “Ҳукумати Русия ба шакли фарогир ва усулӣ ба интихоботи соли 2016 дахолат кардааст”.

Вилям Барр, додситони кулли Амрико рӯзи 18-уми апрел гуфт: Баъд аз ду соли таҳқиқу тафтиш, бозпурсӣ ва баёноти шоҳидон муфаттиши вижаи Амрико тасдиқ кардааст, ки ҳукумати Русия талошҳои дахолат ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико дар соли 2016 сарпарастӣ кардааст.

Аммо дар таҳқиқ маълум накардааст, ки ситоди интихоботии Трамп ва дигар амрикоиҳо дар ин кушишҳо ҳамдаст будаанд.“ Бо вуҷуди ин як мақоми вазорати умури хориҷии Русия дар рӯзи 19-уми апрел ин гуфтаро рад кард.

Георгий Борисенко, сардори Раёсати умури кишварҳои Амрикои Шимолӣ дар шаҳри Маскав ба хабарнигорон гуфт, Роберт Мюллер “эътироф кард, ки ҳеҷ далели мудохилаи Русия ёфт нашудааст”.

Ӯ гуфт, таҳқиқот “тасдиқ мекунад, ки ҳеҷ далеле нест, ки Русия дар интихоботи Амрико мудохила карда бошад. Ягон далеле нест. Дар воқеъ муаллифони таҳқиқот эътироф мекунанд, ки ҳеҷ далел нест.”

Доналд Трамп баъди нашри таҳқиқ гуфт: "Рӯзи хубе дорад"
Доналд Трамп баъди нашри таҳқиқ гуфт: "Рӯзи хубе дорад"

Баъди нашри гузориш Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар шаҳри Вашингтон дар як ҷамъомаде гуфт, ки “рӯзи хубе дорад”. Ӯ гуфт, дар гузориш омадааст, ки “Ҳеҷ ҳамдастӣ, ҳеҷ монеагузорӣ набуд. Ҳеҷ гоҳ набуд ва намешавад. Мо бояд ин масъаларо то охир таҳқиқ кунем. Ин чиз набояд бо ҳеҷ раиси ҷумҳури дигар иттифоқ афтад. Ӯ гуфт, ки иттиҳомот дар бораи ӯ, ки гуруҳи Роберт Мюллер таҳқиқ мекард, бофта буд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки пайваста таҳқиқоти Мюлерро танқид карда ва онро талош барои бадном карданаш номидааст. Зимни тафтиш Роберт Мюллер бояд маълум мекард, ки оё дар воқеъ ситоди интихоботии Доналд Трамп ва ё шариконаш барои пирӯзӣ дар интихоботи раиси ҷумҳурӣ маслиҳат ва ё ҳамкорӣ кардаанд?

Бахши дигари таҳқиқ маълум кардани ин эҳтимол буд, ки оё Доналд Трамп ва ё атрофиёнаш монеи пеш бурдани ин таҳқиқ ва маълум кардани ҳақиқат шудаанд, ё не.

XS
SM
MD
LG