Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги тиҷоратии Амрикову Чин бо чӣ поён меёбад? ВИДЕО


Амрико яке аз харидорони аслии моли Чин аст.
Амрико яке аз харидорони аслии моли Чин аст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, афзоиши боҷи маҳсулоти чинӣ ба хазинаи кишвараш миллиардҳо доллари изофӣ меорад. Ба қавли ӯ, аксуламали Чин ба қарори ӯ ҳеҷ таъсире ба иқтисоди Амрико нахоҳад дошт.

Шиддат гирифтани ҷанги тиҷоратии Амрикову Чин бозорҳои молиро такон дод ва қиммати саҳҳомро дар бозорҳои бурс поин овард. Чин гуфт, ки аз 1-уми июн боҷи гумрукиро барои маҳсулоти воридотии Амрико бо арзиши 60 миллиард доллар 25 дар сад боло мебарад.

Амрико рӯзи ҷумъаи гузашта ба маҳсулоти воридотии Амрико бо арзиши 200 миллиард доллар 25 дар сад боҷи изофӣ таъйин кард. Чин боҷи гумрукии 5 ҳазор маҳсулоти амрикоӣ, аз ҷумла гӯшт, сабзавоти гуногун, шарбат, равған, чой ва қаҳваро баланд бардошт. Кишоварзони амрикоӣ нигарон шуданд.

Трамп ваъда дод, ки зиёнашонро аз ҳисоби афзоиши боҷ ба маҳсулоти чинӣ ҷуброн мекунад. Ӯ рӯзи 13-уми май гуфт: “Имсол хариди Чин аз кишоварзони мо бисёр баланд аст, тақрибан 15 миллиард доллар ва мо коре мекунем, ки вазъи кишоварзони мо хуб бошад. Онҳо кишту фурушро идома медиҳанд, агар кам фурӯшанд ҳам айни пулро ба даст меоранд, то замоне ки корҳо дуруст шаванд. Ҳамингуна кишоварзон, истеҳсолкунандагон ва ҳукумати мо хушҳол мешаванд, чун мо миллиардҳо доллар ба даст меорем."

Ҷанги тиҷоратии Амрикову Чин ба нафъи кӣ меанҷомад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Доналд Трамп афзуд, азбаски содироти Чин зиёд аст, аз ҷанги тиҷоратӣ Пекин зиёни бештар мебинад. Таҳлилгарони чинӣ мегӯяд, дар дарозмуддат Амрико зиён мебинад.

Гао Лингун аз Фарҳангистони улуми иҷтимоии Чин мегӯяд: “Дар кӯтоҳмуддат Чину Амрико ҳарду аз боҷҳо зиён мебинанд, вале баъди се то 6 моҳ фурӯшандагон ва муштариён дар Амрико қимати онро мепардозанд. Бар асоси муҳосиботи мо, аз афзоиши боҷ қимати маҳсулоти ширкатҳои чинӣ 10 ва аз амрикоиҳо 90 дар сад ё бештар аз ин афзоиш меёбад.”

Тахмин меравад, ки ба сабаби афзоиши боҷи маҳсулоти чинӣ амрикоиҳо солона барои молу маҳсулот 700 миллион доллар зиёдтар харҷ мекунанд.

Ши Динг, таҳлилгар аз муассисаи арзёбиҳои иқтисодӣ бо номи GRisk мегӯяд: “Шеваи муҳосибаи ӯ аз қимати боҷу тиҷорат аз назари иқтисодӣ аслан маънӣ надорад. Касри 400-миллиард долларии тиҷорати мо бо Чин маънии онро надорад, ки муштариён дар Амрико фоида намебинанд."

Доналд Трамп гуфт, зарари боҷро метавон, бо тавлиди маҳсулот дар дохил ё харид аз кишварҳои дигар ҷуброн кард. Вокуниши бозорҳои молӣ ба ҷанги тиҷоратӣ манфӣ буд, аммо баъзе сармоягузорон мегӯянд, нигарон нестанд.

Ҷеррӣ Бракман аз муассисаи молии First American Trust гуфт: "Возеҳ аст, ки дар кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ва то замоне ки иқтисод ба натиҷаи беҳтар мутобиқ гардад, вазъ дарднок мешавад. Ба фикрам ингуна хабарҳо бешак талотумро зиёд мекунанд. Вақте самари ҳамаи ин корро дидем, баъдан дар семоҳаи чаҳорум дар бораи натиҷаҳо гап задан мумкин аст."

Бо вуҷуди ин иқтисоддонҳо мегӯянд, ҷанги давомдори тиҷоратӣ барои ҳеҷ тарафе хуб нест ва хостаанд, моҷаро зуд ҳал шавад. Доналд Трамп гуфт, ки масъаларо ба зудӣ бо Сӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин баррасӣ мекунад. Айни замон афзуд, ки Амрико метавонад, ба маҳсулоти воридотии Чин бо арзиши 325 миллиард доллар, боҷи 25 дар садӣ изофа кунад.

XS
SM
MD
LG