Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар намоишҳои TV-ҳо якранганд, бинандагон аз онҳо чӣ меҷӯянд?


Абдулло Ашуров
Абдулло Ашуров

Нашри як навори кутоҳи кинояомез, ки дар он шеваи кор ва бархе аз намоишҳои шабакаҳои телевизионӣ ба боди танз кашида мешаванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дубора баҳси муҳтавои заифи телевизионҳоро дар Тоҷикистон доғ кард.

Ибораҳои ба мисли "телевизиони тоҷик тарзе дар мавриди зиёни тамоку гузориш медиҳад, ки кас мехоҳад тамоку кашад", "ровӣ як чиз мегӯяд, навор дигар чиро намоиш медиҳад" аз сафҳа ба сафҳаи корбарон мекучад ва дида мешавад, ки бахши умдаи корбарон аз ин нақд ҳимоят мекунанд.

Азамат Зиёев, муаллифи навори «Журналистикаи телевизионии тоҷик, туро чӣ шуда?» мегӯяд, ин телефелетон аслан бахши амалии кори дипломии хатми донишгоҳаш аст. Зиёв соли равон бахши журнализми Донишгоҳи славянии муштараки Тоҷикистону Русияро хатм кардааст ва мегӯяд, сабаби рӯи навор омадани ин фелетон бархоста аз як давраи таҷрибаомӯзӣ дар яке аз шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон аст.

«Ҳанӯз дар курси дуввум мехондам, аз як телевизион дархост гирифтам, ки ровии як барномаи тафреҳии субҳ шавам. Намехоҳам, аз ин телевизион ном барам, аммо вақте бо сенарияи омодаи худ омадам, онҳо гуфтанд навиштани сенария чи даркор, аз ягон барномаҳои мушобеҳи телвизионҳои дигар нусха гиру омода кун. Ман дар ҳайрат мондам. Баъдан барои наворгирии барнома ҳам як ҳафта вақт доданд, наворбардор ҷудо карданд, аммо тавре шоҳид шудам, кори эҷодӣ хеле бехушона анҷом дода мешавад, бархӯрди мушикофона ба кор вуҷуд надошт», -- иброз дошт Зиёев.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, чун поённомаи таҳсили донишгоҳии ӯ марбут ба ҳаҷви телевизионӣ буд бахши амалии онро тасмим гирифт хуб биофарад.

Нашри ин навори 15-дақиқаӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ҳамовозии корбаронро ба бор овард ва акрсарият ба ҷонибдорӣ аз муаллифи ин навор навиштанд, муҳтавои барномаҳои шабакаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, шавқовар набуду бештар дилгиркунанада аст ва муаллифони масъалаҳои доғи рӯзро канор гузошта, ба мавзӯъҳои камарзиш рӯ меоранд.

Аммо телевизион дар Тоҷикистон бинобар пажуҳишҳои афкори умум, ки охиран анҷом дода шудаанд, расонаи пуртамошобин ва рақами як боқӣ мемонад. Оҷонсии омор ҳам дар як таҳқиқоти хеш гуфта буд, оилаҳои тоҷик аз миёни асбобҳои рӯзгор беш аз ҳама телевизор доранд. Агар дар хонаи бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон яхдон нест, аммо телевизор ҳаст. Мувофиқи омор ба сари ҳар 100 хонавода дар Тоҷикистон 173 телевизор рост меояд. Дар ҳоле ки, аз 100 хонавода дар Тоҷикистон танҳо 23-тоаш яхдон доштаанд.

Коршиносон мегӯянд, мегӯянд, телевизион дар Тоҷикистон, як расонаи ҳамагонии оддӣ нест, балки оинаи қудрат дар ҷумҳурист. Ҳар дигаргуние дар он метавонад баёнгари тағйир дар нуфузу қудрати сиёсии ин ва ё он сиёсатмадор бошад.

Охиран дар барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба ҷуз аз навори президент Эмомалӣ Раҳмон боз чеҳраи ду сиёсатмадори дигар нахуствазир Қоҳир Расулзода ва Озода Раҳмон раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистонро намоиш медиҳанд. Барои мисол, телевизионҳои давлатӣ мулоқоти Қоҳир Расулзода бо сафирони кишварҳои узви САҲА дар Душанбе ва ҳам ширкати Озода Раҳмон дар фаъол кардани таҷҳизоти пахши HD дар шаабкаи «Сафина»-ро телевизионҳо намоиш доданд.

То кунун телевизионҳои Тоҷикистон ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмон қариб дигар сиёсатмадорони зинаи болоро намоиш намедонданд, ном ва аксу наворашон дар пардаи телвизион зоҳир намешуд. Муҳимтар аз ҳама садои онҳо низ пахш намегашт.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, пайдо шудани чеҳраҳои нави сиёсӣ дар телевизиони Тоҷикистон метавонад аломати матраҳ шудани шахсони алтернативӣ ба ҳайси номзадҳои эҳтимолӣ барои интиқоли қудрат дар кишвар бошад.

«Дар аксари ҳолатҳо президент ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ, мири шаҳри Душанбе дар телевизионҳо пайдо мешуд ва сухан бар сари он буд, ки ин нафар давомдиҳандаи кори президент хоҳад буд. Пайдо шудани чеҳраҳои сиёсии нав дар телевизионҳои Тоҷикистон метавонад, аломати он бошад, ки вариантҳои алтернативӣ барои интиқоли қудрат низ мавриди баррасиянд», -- иброз дошт Қодиров.

Як сол баъд Тоҷикистонро интихоботи навбатии президентӣ мунтазир аст ва ҳадсу гумонзаниҳо дар мавриди номзади эҳтимолӣ ба мақомои раёсатҷумҳурӣ зиёд аст.

Қодиров мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки дар Тоҷикистон варианти интиқоли қудрат ба мисли Қазқоқистонро ҳам дар марказҳои қабули қарор матраҳ бошад. Ин нукта низ бори аввал нест, ки садо медиҳад.

Рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик Марат Мамадшоев пештар гуфта буд, ҳарчанд "Рустами Эмомалӣ номзади аслист, вале миёни довталабон метавонанд чеҳраҳои дигар аз атрофиёни раисҷумҳур низ бошанд",- тахмин мезанад Мамадшоев. Ӯ ҳамчунин ширкати худи Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи пешорӯ аз эҳтимол дур намедонад.

Вале азбаски то ҳол ҳеч яке аз онҳо нақшаи ояндаи худро баён надоштааст ва муҳтавои намоишҳои телевизионӣ, бино бар навори танзомези ахир, якрангу каммазмун аст, бинандагон аз тағйири ҳатто хурдтарин паёми ояндаи кишвари худро меҷӯянд. Пас гуфтан душвор аст, ки намоишҳои телевизионӣ ягон муҳтавои ҷиддӣ ва муҳим надоранд.

Бино бар натоиҷи охирин назарсанҷиҳо дар Тоҷикистон беш аз 80 дарсади аҳолӣ телевизион тамошо мекунанд. Аз ин шумор 62 дарасад мунтазам намоишҳои онро мебинанд. Дар Тоҷикистон шаш шабакаи телевизионии умумиҷумҳуриявӣ амал мекунанд, ки ҳамагӣ давлатиянд. Шояд бинандагон пайваста ин намоишҳоро барои он мебинанд, ки паёме аз ояндаро сари вақт дарк намоянд?

XS
SM
MD
LG