Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол барои чашма дар марзи Узбекистону Қирғизистон ба хушунат печид.ВИДЕО


Як хона дар Қирғизистон ва ду хона дар Узбекистон оташ гирифтааст.
Як хона дар Қирғизистон ва ду хона дар Узбекистон оташ гирифтааст.

Дар марзи Қирғизистон ва як ҷазирақаламрави тоҷикнишини Узбекистон байни сокинони ду тарафи марз муноқиша бархостааст. Дар видеоҳое, ки шоҳидони айнӣ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ фиристодаанд, дида мешавад, ки дар ду тарафи марз мардум ҷамъ омадаанд ва доду фарёду ҳаёҳу мекунанд.

Саҳнаҳои сангандозӣ ба самти ҳамдигар низ дида мешавад. Бахши узбекии Радиои Озодӣ аз қавли шоҳидони айнӣ гузориш дод, ки дар натиҷаи муноқиша чанд нафар маҷрӯҳ шудаанд. Бахши қирғизӣ гуфт, ки дар ҳарду тарафи марз "чанд хона месӯзад ва табибон дар маҳалли ҳодиса кор мекунанд. Акрам Мадумаров, муовини нахуствазири Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 31-уми май дар ноҳияи Қадамҷой дар наздикии чашмае бо номи «Чашма» рух додааст.

Ба қавли ӯ, ҳар сол мардуми ду тараф «аз роҳи ҳашар чашмаро покиза мекунанд» ва ҳангоми ҳашар ҷанҷол бархостааст. Ӯ афзудааст: «Мақомоти расмӣ дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд. Қитъаи марзӣ баҳсбарангез аст ва оби чашмаро ҳарду тараф истифода мекунанд, барои ҳамин зуд-зуд муноқиша сар мезанад. Мо намегузорем, вазъ шиддат ёбад.»

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Ботканд хабар дод, ки муноқиша соати 12:30 байни сокинони деҳаи қирғизии Чечме ва сокинони маҳаллаи Чашмаи Сӯх бархостааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҷанҷоли лафзӣ дар бораи онки чашма ба кӣ тааллуқ дорад, ба муноқишаву сангандозӣ ва хушунат печидааст.

Кумитаи марзбонии Узбекистон дар канали худ дар Телеграм бо нашри як баёнияи кӯтоҳ гуфт, ки барои рафъи муноқиша мақомоти расмӣ ба маҳалли ҳодиса рафтаанд. Дар баёния омадааст: "Вазъ дар ҳоли ҳозир зери назорат аст, корҳои зарурӣ барои рафъи сабабу паёмадҳои муноқиша идома доранд."
Ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон дар дохили Қирғизистон яке аз минтақаҳои умдатан тоҷикнишин дар марз бо вилояти Ботканд аст. Сокинони маҳаллаи Чашма ҳам аксаран тоҷикон ҳастанд.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ гузориш дод, ки то соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ муноқиша идома дошт. Ӯ афзуд: "Маъмурони милиса саъй доранд, пеши роҳи мардумро бигиранд, вале намешавад. Аслиҳа ба кор набурдаанд, вале ба сӯи ҳам санг меандозанд. Одамон аз дасту сар пой захмӣ мешаванд. Ба онҳо табибон кӯмак мерасонанд. Ман дар се ҷо оташсӯзӣ мебинам, ду хона дар тарафи Узбекистон ва яке дар Қирғизистон месӯзад."

Узбекистону Қирғизистон 1379 километр марзи муштарак доранд ва тақрибан 5 дар сади он тақсиму аломатгузорӣ нашудааст. Сарҳади Сӯх аз ҳамин қабил порчаи марз аст ва дар инҷо байни мардуми ду тараф барои обу замину чарогоҳ ҷанҷол мехезад.

Рӯзи 1-уми май ҳам дар ин минтақа барои чарогоҳ муноқиша бархостааст ва марзбонони қирғиз гуфтаанд, ки барои ором кардани вазъ маҷбур шуданд, ба ҳаво тир андозанд. Айни муноқишаҳо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҳам сар мезананд ва дар гузашта ба ҷангу хунрезӣ кашидааст.

XS
SM
MD
LG