Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Моро мисли бори нодаркор партофтанд" Ҳудуди 300 муҳоҷирро аз Домодедово ба кӯча рондаанд. ВИДЕО


Шаби 31-уми март ба зӯр ҳудуди 300 муҳоҷир аз Осиёи Марказиро, ки дусад нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, аз фурудгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Маскав ба кӯча рондаанд. Дар ин бора хабарнигор Галия Ибрагимова дар саҳифааш дар Фейсбук иттилоъ дод.

Ба қавли ӯ, ҳамаи ин афрод кӯшиш доштанд, ки аз Русия ба зодгоҳҳояшон бираванд, вале ба сабаби паҳншавии коронавирус ва баста шудани марзҳо тақрибан ду ҳафта дар фурудгоҳ монданд.

Ибрагимова мегӯяд, ба ӯ Фаррух ном шаҳрванди Тоҷикистон, яке аз муҳоҷирони дармонда дар фурудгоҳи "Домодедово", тамос гирифта, қазияро нақл кардааст.

Вай гуфтааст: "Моро аз фурудгоҳ ба берун андохтанд. Омада пурсиданд, ки чанд нафар ҳастем ва бояд ҳамаро ба якҷо ҷамъ кунем. Ваъда доданд, ки ҳамин шаб парвоз мекунем. Мо ҳамаро ҷамъ кардем. Тақрибан 300 одам. Моро ба кӯча ронданд. Шабона. Ҳаво бисёр сард буд. Гуфтанд, ки шуд, дигар дар фурудгоҳ будан мумкин нест. Ҳоло одамон дар кӯча ҳастанд, намедонем, чӣ кор кунем."

Муҳоҷири тоҷик шикоят кардааст, ки чизе надоштанд, аз фурудгоҳ то ба ягон ҷойи зисти муваққатӣ бираванд.

"Мо дар Русия мисли маркаб кор мекунем. Хеле кам иттифоқ афтодааст, ки истироҳат кунем. Ҳоло ба касе даркор нестем. Моро ба мисли як бори нозарур ба берун паротофтанд. Чаро чунин аст? Ба мо ёрӣ кунед", -- гуфтааст Фаррух.

Вай ҳамчунин лаҳзаи чӣ гуна шаби 31-уми март дар кӯча мондани даҳҳо муҳоҷирро ба навор гирифтааст.

Як рӯз пеш аз ин, телевизиони "Настоящее Время" гузориш дода буд, ки муҳоҷирони бандмонда дар фурудгоҳи "Домодедово" имкони шустушӯ надоранд ва рӯйи курсиҳо мехобанд.

Сотни мигрантов застряли в московском аэропорту из-за коронавируса
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Тоҷикистон аз 19-уми март ва Русия охири ҳафтаи гузашта парвозҳои байналмилалиро қатъ карданд.

Мақомоти Тоҷикистон баъд аз тасмими қатъи парвозҳо, чанд парвози чартерӣ ба Русия ташкил карда, садҳо муҳоҷирро тавассути ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ба кишвар оварданд.

Он замон бархе аз муҳоҷирон аз гаронии билетҳо шикоят доштанд, вале сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, бархе аз онҳоро бепул ба ватан расонданд.

Бо ин вуҷуд, маълум мешавад, даҳҳо муҳоҷири дигари тоҷик дар фурудгоҳҳои Маскав дармондаанд. Ҳоло ин гуруҳи муҳоҷирон шикоят кардаанд, ки сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва ҳукумати Русия ба онҳо ёрӣ накарданд. Ба қавли онҳо, дар ин муддат барояшон имдодгарон ё ихтиёриён обу хӯрок оварданд.

XS
SM
MD
LG