Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири “ов” ва “ова” дар муҳоҷират ба Русия. Ғурур ё тарс?


Талабшоҳи Салом, рӯзноманигор
Талабшоҳи Салом, рӯзноманигор

Талабшоҳи Салом,

рӯзноманигор

Порлумони Тоҷикистон 28-уми апрели имсол қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ"-ро тағйир дод. Мувофиқи ислоҳи ахир, дар номгузории навзодони тоҷик истифода аз пасвандҳои "ов", "ова", "ович" ва "овна" манъ аст. Дар банди 4-и моддаи 20-и ҳамин қонун омадааст: "Насаби шахс... метавонад аз номи падар, номи падари падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул ёбад..."

Ин тағйир баъд аз ризоияти Маҷлиси миллӣ, имзои раисҷумҳур ва чопи он дар матбуот мавриди иҷро қарор мегирад, аммо ба ақаллиятҳои миллӣ ва афроде, ки то қабули қонун дар таҳрири нав номгузорӣ шудаанд, дахл надорад.

Доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ин тағйир дар номгузорӣ набояд боис ба нигаронӣ бошад. Ӯ дар ин росто арзишҳои миллиро беҳтар медонад ва меафзояд, "мутобиқ намудани ному насаб ба арзишҳои миллӣ аз эҳёи ташаккули худшиносию худогоҳии шаҳрвандон, бахусус тоҷикони муосир гувоҳӣ медиҳад".

Аммо вай аз он нигарон аст, ки дар баъзе маврид шаҳрвандонро барои ба кор қабул кардан ё водор мекунанд ё тавсия медиҳанд, ки ному насабашонро тағйир диҳанд.

Албатта, номгузорӣ ба шеваи миллӣ чизи нав нест, ҳарчанд сабти он дар қонун чанде пеш шуруъ шуд. Дар солҳои 80-уми асри гузашта чунин номгузорӣ аҳёнан вуҷуд дошт ва аз ибтидои солҳои 90-уми он қарн номгузорӣ ба тарзи миллӣ роиҷ шуд.

Дар солҳои баъдӣ баъзе аз касоне, ки чунин насаб доштанд, гуфтанд, ба бархе мушкилот дучор шуданд. Бинобар иттилооте, ки дар ин замина расонаӣ шудааст, аксари касоне, ки мехостанд ному насаби худро ба шеваи русӣ сабт кунанд, коргарони муҳоҷир дар Русия буданд.

Умед Ҷайҳонӣ, донишманди тоҷики муқими Маскав мегӯяд, мушкили муҳоҷирон дар Русия дар доштани ному насаб ба тарзи тоҷикӣ нест, балки мушкил дар тарзи сабти ин гуна ному насабҳо дар ҳуҷҷатҳост.

"Дар идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ном ва номи хонаводагии афродро дар шиносномаҳо нодуруст пур мекунанд. Яъне, дар ҷойи ном номи хонаводагиро менависанд ва дар ҷойи номи хонаводагӣ номро. Ин нобасомонӣ дар санадҳо аз он ҷо сар мезанад, ки дар зодномаҳо ё шаҳодатномаҳои таваллуд аввал номи фардро менависанд, баъд номи падарро ва дар охир номи хонаводагиро. Дар шиносномаҳо ин ҳолат баръакс аст", - гуфт Умед Ҷайҳонӣ.

Ӯ афзуд, марзбонони Русия ба ин нобасомонӣ эрод мегиранд, вагарна ба ному насаби тоҷикон коре надоранд.

Шикоятҳои муҳоҷирон дар ин замина чанд сол пеш матраҳ шуда буданд. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҳеч нафар бо ин мушкил ба онҳо муроҷиат накардааст. Зимнан ӯ меафзояд, дӯстони дорои ному насаб ба шеваи миллӣ дар Русия дорад, аммо ҳеч яке аз онҳо барои ному насабашон дар Русия ба мушкил дучор нашудаанд.

Тавре дар боло гуфтем, дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта номгузории тоҷикӣ роиҷ шуд ва қисмати зиёди навзодони он солҳо ному насаби тоҷикӣ доранд. Толиби Ғафури 25-сола аз ҳамон насл аст. Ӯ мегӯяд, ҳашт сол аст, барои кор ба Русия меравад ва ҳаргиз насаби тоҷикияш барои ӯ мушкил эҷод накардааст.

Абдуллоҳ Давлатов, пизишк ва аз фаъолони ҷомеаи тоҷик дар Русия мегӯяд, "касе ба арманиҳо, ки ҳамон "ён"-ро "ян" кардаанд ва ё озариҳо, ки "ов"-у "ович"-ҳоро бо "оғли" иваз кардаанд, эрод намегирад.

"Он нафароне, ки дар Русия “мӯйро аз хамир ҷудо карда наметавонад”, худашон мушкилбофӣ мекунанд. Ҳеҷ мушкили фаннӣ ва ё дигар мушкиле дар ин мавзӯъ ба ҷуз рашки миллӣ нест", - меафзояд Абдуллоҳ Давлатов.

Бо ин вуҷуд тағйири ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ҷое баҳсҳоеро ба вуҷуд овардааст. Бархеҳо гуфтаанд, барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҳангоми таҳияи аснод бинобар ному насабашон ба тарзи миллӣ ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд. Умед Ҷайҳонӣ мегӯяд, ному насаби ӯ ба шеваи тоҷикӣ дар ҳуҷҷатҳояш сабт шудаанд ва аз ӯ танҳо пурсидаанд, ки чаро номи падараш бидуни “ович” аст. Ин донишманд посух додааст, ки тоҷик аст ва тоҷикон дар номи падар “ович” надоранд.

Сарусадо дар мавриди бо мушкил дучор шудани коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ва имтиёз доштани соҳибони номҳои тарзи русиро Умед Ҷайҳонӣ рад мекунад. Аммо нигаронии ин донишманди тоҷики муқими Маскав он аст, ки интихоби баъзе аз пасвандҳои тоҷикӣ ва ҳамчунин пасвандгузорӣ ҳангоми навиштани номи падар дар ҳуҷҷатҳо иштибоҳ аст.

“Пасвандҳои “пур”, “зода”, “зод” ва “духт”, ки дар номи падар дар ҳуҷҷатҳо истифода мешавад, мансуб ба номи хонаводагӣ ҳастанд, на номи падар. “Духт” дар гузашта ҳаргиз ҳам ба маънои “овна” ва “евна” ба кор нарафтааст ва набояд ба кор равад, чунки дар забони мо ҷинсият вуҷуд надорад”, - афзуд ӯ. Зимнан ӯ бо тамсил ба Пӯрондухт, духтари Хусрави Парвиз гуфт, “духт” мансуби нафарҳои хос аст.

Аз суҳбат бо огоҳони умур бармеояд, ки тағйири ахир мушкиле барои муҳоҷирон нахоҳад дошт. Ва бархе ба вуҷуди мушкил дар шеваи сабти номҳо дар ҳуҷҷатҳо ишора карданд. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи вақти Тоҷикистон ин камбудро дар сабти номи шаҳрвандон дар шиносномаҳо тайи як нишасти хабарӣ дар соли 2018 эътироф карда буд.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG