Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷоранишинони рондашуда, муҳоҷирони байни замину осмон дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Ҳангоми сабти барнома
Ҳангоми сабти барнома

Муҳоҷирони рондашуда аз хонаи иҷора, мусофирони байни замину ҳаво, интизорӣ барои гирифтани патент дар Тюмен аз видеоҳоест, ки дар барномаи имрӯз мебинем. Тавсияи як ҷавонеро ҳам мешунавем, ки мегӯяд, дар утоқҳои танг чӣ гуна дилгир нашавед.

Видеоро, ки дар оғози барнома мебинед бачаҳо аз гузаргоҳи Черняевка аз марзи Қазоқистону Узбекистон фиристоданд. Онҳо гуфтанд, аз рӯзи 4-уми апрел аст, ки дар онҷо дармондаанд.

Ба қавли мусофирон 5 нафар аз Лаҳистон баргаштаанд ва чанд дафъа ба сафорати Тоҷикистон ва консулгарӣ дар Алмато занг задаанд ва касе посух надодааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, телефоне хос барои шаҳрвандони дармонда дар тамоми намояндагиҳо пайваста кор мекунад.

Дар воқеъ на танҳо вазъи мусофирони тоҷик, балки вазъи мусофирон дар бисёре аз кишварҳо чунин аст ва даҳҳо ҳазор нафар дар марзу фурудгоҳҳо дармондаанд, чун марзҳо барои пешгирӣ аз густариши коронавирус бастаанд.

Аммо густариши вируси нав, ки бемории КОВИД-19 бармеангезад, ҳодисаҳои бади дигареро ҳам ба сари мардум ва муҳоҷирон овард.

Рӯзҳои ахир шикояти зиёде аз муҳоҷирон мерасад, ки ба сабаби карантин ва маҳдуд шудани равуо бекору бепул мондаанд ва ё наметавонанд, мӯҳлати патенташонро идома бидиҳанд.

Дар баъзе аз минтақаҳои Русия дарҳои идораҳои муҳоҷират баста аст, аммо зоҳиран дар шаҳри Тюмен боз гузоштаанд. Видеоро аз Тюмен фиристоданд ва гуфтанд, ки мардуми муҳоҷир дар ҳавои сард мунтазиранд, ки муҳлати патентҳои худро идома бидиҳанду санадҳои иқоматашонро дуруст кунанд.

Иҷоранишинони рондашуда, муҳоҷирони байни осмону замин дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00

Воқеан баъди нашри видеоҳои баъзе аз бачаҳои муҳоҷир, ки дар хонаҳои худ дароз кашидаанд, баъзе аз корбарон ба мо навиштанд, чаро ин бачаҳо ва муҳоҷирони тоҷик китоб намехонанд, ки дилгир нашаванд ва ҳам чизе ёд бигиранд. Яке аз муҳоҷирон худаш видеое сабт кард ва тавсия медиҳад, ки агар китоб ҳам нахонед, чӣ кор бояд кунед, ки афсурдаву дилгир нашавед.

Шумо ҳам агар пешниҳоде ва ё видеое доред, бифристед. Бо Вайбер, Вотсап ва ё Имову Телеграм. Агар мехоҳед ба суолҳоятон ҷавоб бигиред ва ҳар лаҳзаву соат хабарҳои навро бихонеду бубинед, вебсайти Радиои Озодиро боз кунед.

Худро эҳтиёт кунед ва то дидор дар барномаи дигар.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG