Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вақте бо шиносномаи тоҷикӣ ба Русия рафтан иҷозат нест, чаро билет мефурӯшанд?" ВИДЕО


Ҳангоми гусели мусофирон дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе. Акс аз сафорати Русия дар Тоҷикистон
Ҳангоми гусели мусофирон дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе. Акс аз сафорати Русия дар Тоҷикистон

Мақомоти Русия 25 мусофири ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии"-ро, ки аз Душанбе ба Маскав рафтанд, дар фурудгоҳи "Шереметево" то даҳ соат нигоҳ дошта, ду ҳазор рублӣ ҷарима бастаанд.

Мусофирон мегӯянд, ба 400-евроӣ билет харида буданд ва чунин бархӯрд бо онҳо муносиб набуд. Мақомоти Русия гуфтаанд, ҳарчанд ин афрод шаҳрванди Тоҷикистону Русия ҳастанд, ҳанӯз шиносномаи хориҷии кишвари дувумро надоранд ва убури марз бе он мумкин нест.

Сафорати Русия дар Душанбе хабар дод, ки шоми 29-уми май 206 шаҳрванди Русия, бо шумули даҳ навзод ва инчунин се шаҳрванди Беларусро ба Маскав фиристод.

Зубайда Пакаева, яке аз мусофирон, 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳи декабри соли гузашта шаҳрвандии Русияро гирифт ва ҳанӯз ба дарёфти шиносномаи хориҷии он кишвар имкон наёфт. "Пеш аз билет харидан чанд дафъа пурсидем, ки оё бо шиносномаҳои тоҷикӣ билет харида метавонем, онҳо гуфтанд, бале. Мо ҳам бо дили пур ба роҳ баромадем", - нақл кард ӯ.

Мусофирон дар ҳоли интизорӣ
Мусофирон дар ҳоли интизорӣ

Пакаева афзуд, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанберо бо шиносномаи хориҷии Тоҷикистон гузаштанд ва мушкиле пеш наомад: "Танҳо баъд аз расидан ба "Шереметово" ба мушкил дучор шудем. Вақте гуфтанд, қонунро риоя накардед, розӣ шудем, ҷаримаро супорем ва зуд бароем, чун ҳамроҳамон ду шахси маъюб ва кӯдакон буданд. Вале маъмурони фурудгоҳ рафтори хуб надоштанд ва то даҳ соат корро кашол доданд."

Бархе аз ин мусофирон баъди пардохти ҷарима дар хонаҳои худ ва баъзеи дигар дар маҳалҳои вижа зери карантин гирифта шудаанд.

Яке аз мусофирони дигар, ки нахост номашро зикр кунем, ба Радиои Озодӣ видеои саҳнаи интизорӣ дар фурудгоҳи "Шереметово"-ро фиристод. Дар он зане бо кӯдаки хурдсолаш тасвир ёфтааст, ки пайваста гиря мекунад, аммо ба ҷуз мунтазир мондан кори дигаре аз дасташон намеояд.

Ӯ гуфт: "Мо фаҳмидем, ки чунин бархӯрд танҳо дар фурудгоҳи “Шереметово” будааст. Кӯдак гиря мекунад, коргарон парво надоранд. Гуфтанд, бояд бо шиносномаи хориҷии Русия ворид мешудед. Вақте бо шиносномаи тоҷикӣ рафтан иҷозат нест, чаро бо нархи дандоншикан билет мефурӯшанд?”

Навор аз корбарон:

Муҷозоти чанде аз мусофирони ҳавопаймои Душанбе-Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:35 0:00

Умедҷон Булбулов, намояндаи ширкати “Уралские авиалинии” дар Душанбе, рӯзи 30-юми ман гуфт, онҳо танҳо ба шаҳрвандони Русия билет мефурӯшанд ва то ин вақт мушкиле пеш наомадааст. “Шахсан аз ин ҷо худам гусел кардам, ягон мушкил набуд. Мо на як, балки чанд ҳавопайморо фиристодем дар рӯзҳои ахир”, - шарҳ дод ӯ.

Сафорати Русия дар Душанбе дар саҳифаҳои расмиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ кардааст, ки танҳо шаҳрвандони он кишвар метавонанд тавассути парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия раванд ва барои убури марзи давлатӣ шиносномаи хориҷӣ муҳим аст.

Сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия расман иҷозат нест ва танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ бо ризояти мақомоти он кишвар имконпазир мешавад.

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доранд, дар кишвар дармондаанд. Онҳо мехоҳанд, ҳарчи зуд барои идомаи кору зиндагӣ ба Маскав ва минтақаҳои дигари Русия баргарданд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ин афрод вазифадоранд, худро тавассути барномаи “Госуслуга” номнавис кунанд, то талабгорони бозгашт барояшон маълум шавад ва вобаста ба он дар бораи ташкили парвозҳои чартерӣ тасмим бигиранд.

Дар рӯзҳои ахир чандин парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ байни Тоҷикистону Русия анҷом шуд. Дар ин ҳавопаймоҳо Тоҷикистон шаҳрвандони худро аз боздоштгоҳҳои Русия ба ватан овард ва Русия низ шаҳрвандони дармондаашро баргардонд.

Парвозҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март қатъ шудааст. Ҳанӯз маълум нест парвозҳои маъмулии ҳавопаймоҳо кай аз сар гирифта мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG