Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳиба ё "эътирофи" навбатии Владимир Квачков – полковники мустафъии РАИ (ГРУ), фармондеҳи бригадаи 15-уми таъйиноти махсус, ки замоне дар Узбекистон мустақар шуда буд, нашр шуд.
Нархи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар як соли гузашта беш аз 400 сомонӣ, муодили чиҳил доллари амрикоӣ, боло рафтааст.
Бар асоси як қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки аз моҳи апрели имсол ба иҷро хоҳад даромад, сиёҳ кардани шишаи таксӣ ва мусофирбарҳо манъ шудааст.
Аксар корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ аз фосилаи ду ҳазор километр истеъфои Нурсултон Назарбоевро бо хушҳолӣ қабул кардаанд. Нурсултон Назарбоев, ки наздики 30 сол сари қудрат буд, рӯзи 19-уми март тариқи телевизиони давлатӣ истеъфояшро эълон кард.
Бархе аз занон дар хиёбонҳои Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аксари мушкилот ба рӯи шонаҳои онҳо бор аст ва дар баъзе ҳолат ҳатто аз мардон масъулияти бештар доранд.
Бархе аз сокинони Душанбе мегӯянд, аз аввали имсол нархи нерӯи барқ ва об афзуда, ба будҷаи бе ин ҳам холии хонаводаҳо даст дароз кардааст. Ҳоло як киловат соат нархи нерӯи барқ тақрибан бист дирам аст.
Изҳороти раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар мавриди онки “ҳар касе ба масҷид рафт, солим берун намеояд”, тайи як ҳафтаи охир бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст.
Манижа, сокини 34-солаи Душанбе, баъди интизориҳои тӯлонӣ, чанде пеш модар шуд. Вай дугоник таваллуд кард. Барои хонаводае, ки ин ҳама сол мунтазири фарзанд буд, чӣ ном гузоштани тифл аҳамият дорад.
Хабарнигорони тоҷик ин шабу рӯз ба вазирон ва раисони идораҳои давлатӣ бастаи суолҳои худро омода мекунанд. Онҳо мехоҳанд, паҳлӯҳои норӯшани чанд ҳодисаро, ки дар давоми беш аз ним соли охир дар кишвар рух додааст, маълум кунанд.
Замоне пайкара ё тасвирҳои Владимир Ленин барои аксар сокинони Тоҷикистон ошно ва маҳбуб буд ва тақрибан дар ҳама гӯшаҳои кишвар мактабу хиёбонҳои бузург номи ӯро доштанд.
Бархе аз сокинони Тоҷикистон мехоҳанд, ки қонунгузорӣ муносибати диндорон бо даҳриҳо ё афроди бединро мушаххас кунад. Онҳо гуфтанд, дар гузашта бархе ба Худо инкор варзида ва дучори муносибати дурушт шудаанд.
Дар Тоҷикистон мошинҳои гаронтарин, хонаву кӯшкҳои боҳашамат ва маъракаҳои пурхарҷу бодабдабаро мебинед, аммо касе расман ба ҳайси миллионеру миллиардер сабт нашудааст.
Ёфтҳои бештар