Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Амалиёти бебарори маъмурони интизомии Исфара

Дар ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара амалиёти вижаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои боздошти Алӣ Аминов, сокини деҳаи Чоркӯҳ, ки аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон ба узвият дар гурӯҳи "Байъат" муттаҳам мешавад, бебарор анҷом ёфтааст. Додситонии кулл ибтидои соли равон дар қиболи вай бо иттиҳоми нобуд кардани амволи ғайр парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.
Тибқи иттилоъи як манбаъ аз идораи умури дохилаи Исфара, Алӣ Аминов шабона дар манзилаш дар деҳаи Чоркӯҳ ошкор шуда, аммо ба маъмурони интизомӣ муқовимати мусаллаҳон нишон дода фирор кардааст.
Ба иттилоъи додситонии Исфара, алайҳи Алӣ Аминов ду иттиҳоми нав, муқобилат ба намояндагони ҳукумат ва истифодаи ғайриқонунӣ аз силоҳи оташфишон афзуда шудааст. Аз аввали соли равон, баъди куштори Сергей Бессараб - рӯҳонии баптист дар Исфара дар 9 -уми феврал, дар қиболи 12 аъзои гурӯҳи "Байъат" аз ҷониби Додситонии кулл парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд

СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ МУБОРАК!

Маъсумаи Турфа

Дӯстдорони азизи барномаҳои Радиои Озодӣ, аз тарафи куллияи хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ соли нави мелодӣ - соли 2005 - ро ба ҳамаи шумо табрик мегӯем ва умедворем дар ин сол муваффақ ва комёб бошед.
Умеди мо ин аст, ки барномаҳо ва ҳамчунин гузоришҳои мо дар саҳифаи интернетии Радиои Озодӣ мавриди писанди шумо бошанд ва ҳамчунин агар назаре доред, лутфан ба мо бинависед, то мо барои беҳбуди барномаҳои худ гом бардорем. Ҳадафи аслии мо хидмат ба шумо ва бозгӯ кардани ҳар он чӣ аст, ки аз назари шумо аҳамият дорад.
Саҳифаи интернетии мо дар соли оянда шаклу тарҳи ҷадиде пайдо хоҳад кард ва мо метавонем пешниҳодҳои шуморо барои беҳбуди ин саҳифа дар тарҳи нави худ бигунҷонем.
Пас, аз ирсоли пешниҳодотатон дареғ нафармоед.
Мо саъй мекунем, ки сайти интернетии худро табдил ба як сайти зинда ва фаъол барои муколама байни тоҷикон дар сартосари ҷаҳон кунем ва дар ин роҳ раҳнамудҳои шумо барои мо роҳкушо хоҳад буд.
Бо умеди соли ширин ва пурсамар барои якояки шумо,
Маъсумаи Турфа ва хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Прага ва минтақа:
Салими Аюбзод
Соҷидаи Мирзо
Мирзонабии Холиқзод
Нурмуҳаммади Холзода
Холидаи Қодир
Искандари Хоҷамирзода
Хиромони Бақозода
Саиди Сабоҳ
Саидқосими Қиёмпур
Мирзои Салимпур
Тоҳири Сафар
Абдуқайюми Қайюмзод
Раҳматкарими Давлат
Назруллоҳи Латиф
Сафаргули Олимӣ
Сайёфи Мизроб
Маъсуми Муҳаммадраҷаб
Бароти Юсуфӣ
Холиқи Сангин
Фирӯзи Барот
Ҳумоюни Шаҳриёр
Шаҳлои Гулхоҷа
Зарангези Наврӯзшоҳ
Дилафрӯзи Ҷамолиён
Файзи Мирҳасан
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол
Нуруллоҳи Абдуллоҳ
Муҳаммадраҳими Сайдар
Мирасрори Фарғонӣ
Насибҷони Амонӣ
Султони Ҳамад
Латифи Латифӣ
Судоба Қурбонова
Илҳом Давронов ва
Гулҷаҳон

Садамаи ҳавопаймои низомии Фаронса дар Душанбе

Як ҳавопаймои борбари низомии Фаронса ҳомили кӯмакҳои башарӣ 30-уми декабр дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба иллатҳои техникӣ ва номусоидии ҳаво дучори садама шудааст. Мирзо Анваров - раиси ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон гуфт, ҳавопаймои мазкур, ки маводи башардӯстонаи Фаронсаро аз тариқи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол медод, мутаҳаммили хисороти ҷиддӣ шудаааст, аммо дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Дар пайи вуқӯи ин садама ҳамчунин хатти парвози фурудгоҳ тахриб ва истифодаи он то замони тармим номумкин шудааст.
Ин садама дар ҳоле рух дод, ки Мишел Алио Мари - вазири дифоъи Фаронса дар роҳи сафараш ба Афғонистон як таввақуфи кӯтоҳе дар Душанбе дошт ва бо гурӯҳи низомиёни Фаронса мустақар дар фурудгоҳи ин шаҳр дидору гуфтӯгу анҷом дод.
Гурӯҳи низомиёни Фаронса беш аз сад нафар сарбозу афсар пас аз шурӯъи амалиёти нерӯҳои Эътилофи байналмилалии зиддитерористӣ дар Афғонистон ҷиҳати танзим ва ироаи кӯмакҳои ин кишвар ба Афғонистон дар Душанбе мустақар шудааст. Ба гуфтаи масъулини ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон ҳавопаймои низомии фаронсавӣ, ки дучори садама шудааст, ба як ширкати молдовӣ мансуб буда ва аз ҷониби Фаорнса ба иҷора гирифта шудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе

"Тӯҳфаи" солинавии Русия ба муҳоҷирон

Аз ибтидои соли нав омаду рафти хориҷиён ба Русия бо намунаи нави варақа ва ё корти муҳоҷиратӣ назорат хоҳад шуд ва танҳо шаҳрвандони Украина ҳақ доранд бо ин корт дар Русия то 90 рӯз бидуни сабти иқомат ба сар баранд. Шаҳрвандони Русия низ метавонад, дар манотиқи дилхоҳи кишвари худ то се моҳ бидуни сабти иқомат кор ва зиндагӣ кунанд, аммо барои атбоъи дигар кишварҳо ҳамчунон се рӯз мӯҳлати сабти иқомат боқӣ мемонад ва оне, ки муқаррароти иқомат дар Русияро муроот намекунанд, ҳамчун ҷинояткор таъқиб хоҳад шуд.
Ин матолибро раиси Хадамоти федералии муҳоҷиратии Русия Андрей Черненко дар Маскав эълом дода, гуфт, ба мақомоти олии кишвар тарҳи қонуне пешниҳод шудааст, ки банди 32-уми он ба муҳоҷири қонуншикан аз 2 то 5 сол зиндон пешбинӣ мекунад. Дар тарҳ ҳамчунин барои мусоидат ва ҳар гуна кӯмак, аз он ҷумла додани иҷора хона ва ё мошин ба муҳоҷири ғайриқонунӣ ҷазо, бо шумули ҷарима пешбинӣ шудааст.
Вай тавзеҳ кард, хисороте, ки муҳоҷирони хориҷӣ ба Русия ворид мекунанд, ҳарсола 8 миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия тайи соли равон аз тариқи бонкҳо ба кишвари худ то 270 миллион доллар таҳвил карданд, гуфт раиси Хадамоти муҳоҷиратии Русия.
Бино ба омори Хадамоти федералии муҳоҷират дар Русия соли равон аз ин кишвар беш аз 3.5 ҳазор муҳоҷирони кории Тоҷикистон ронда шуданд. Ба гуфтаи раиси созмони Муҳоҷират ва ҳуқуқ дар Маскав Гавҳар Ҷӯраева ҳамакнун дар боздоштгоҳҳои Русия садҳо оворагони тоҷик моҳҳо дар интизори депортасия ба сар мебаранд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав

Изҳороти генерали зиндонӣ доир ба иттиҳомоти президент Раҳмонов

Ғаффор Мирзоев - раиси собиқи Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухаддир ва фармондеҳи пешини Горди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар боздошт ба сар мебарад, иттиҳомоти талоши табаддулоти давлатӣ ва хиёнат ба ватанро рад кардааст.
Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳури Тоҷикистон чанд рӯз пеш зимни суханронӣ дар ҳузури кормандони мақомоти интизомӣ генерал Мирзоевро дар кӯшиши ташкили табаддулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимият муттаҳам кард. Вай гуфт, аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ зиёда аз сад ҷинояти содирнамудаи Ғаффор Мирзоев ва ҳамроҳони ӯ ошкор карда шуд. Дар айни замон нисбати ӯ ва ҳамдастонаш тафтишот оиди кӯшиш ба табаддулоти ҳарбӣ ва ғасби ҳокимият, одамкушӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, тасарруфи амвол, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқу аслиҳа бо миқдори ниҳоят калон давом дорад.
Аммо Ғаффор Мирзоев тавассути Қайюм Юсуфов вакили мудофеи худ ин итиҳомотро рад карда мегӯяд, мақомоти интизомӣ раиси ҷумҳурро ба иштибоҳ меандозанд: "Ғаффор Мирзоев иброз кард, ки дар ин кор бевосита дасти мақомоти умури дохила, шахсони мансабдори ин мақомот ҳаст, ки ба хотири ба иштибоҳ андохтани раиси ҷумҳур чунин маълумотро пешниҳод карданд. Ӯ аз мақомоти умури дохила ва мақомоти прокуратура домангир аст.»
Қайюм Юсуфов гуфт, агарчӣ дар парвандаи Ғаффор Мирзоев лавҳи махфӣ гузошта шуда буд, вале эълони иттиҳоми табаддулот тавассути раиси ҷумҳур ва нашри он аз тариқи расонаҳои давлатӣ ва ҳамчунин супориши раиси ҷумҳур, ки қазияи мазкур бояд ошкоро бозрасӣ шавад, ин муқарраротро аз байн бурдааст. Ба гуфтаи оқои Юсуфов, генерал Мирзоев низ аз ин иқдом истиқбол карда, аз мақомоти тафтишот хостааст, баррасии парвандаи ӯ таври ошкор сурат бигирад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе

Размоишгоҳи Лоҳур соҳиби нав ёфт

Машқгоҳи низомии Лоҳур, ки солиёни зиёд мавриди истифодаи нерӯҳои марзбонии Русия буд, дар остонаи соли 2005 дар ихтиёри нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон қарор гирифт. Ба гуфтаи Пётр Гордиенко, масъули дафтари матбуотии нерӯҳои марзбонии рус дар Тоҷикистон, таҳвили машқгоҳи номбурда дар чаҳорчӯби иҷрои тавофуқоти Русияву Тоҷикистон доир ба супурдани масъулияти ҳифозати сарҳадот ба ихтиёри марзбонони тоҷик сурат гирифтааст.
Тавофуқ дар бораи хуруҷи марзбонони Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистон ва таҳвили тадриҷии он ба марзбонони тоҷик 16 октябри соли 2004 дар пайи мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов ба даст омада буд. Пётр Гордиенко - масъули дафтари марказии нерӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон, гуфт иҷрои ин тавофуқ идома дорад. Соли ҷорӣ дар самти Бадахшон ҳифозати 871 километр марзи байни Афғонистону Тоҷикистон, ки қариб як аср боз тавассути марзбонони рус ҳимоят мешуд, ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузор шуд. Мувофиқи созишномаи ахири байнидавлатии Русияву Тоҷикистон қарор аст, марзбонони тоҷик то охири соли 2005 мелодӣ ҳифозати марзҳои байнисарҳадиро дар самти ҷануби ин кишвар пурра ба даст гиранд.
Холиқи Сангин, Душанбе

Шитоби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз феҳрасти 21 нафараи номзадҳои худ ба ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 29-уми декабр 14 намояндаашро ба унвони номзад ба вакили парлумон ба Комиссяи маркази интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод кард. Дар феҳраст дар панҷ ҷойи аввал номи Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Муҳиддин Кабирӣ муовини аввали раиси ҳизб, Муҳаммадалии Ҳаит, раиси шӯъбаи омӯзиши сиёсӣ, Саидиброҳими Муҳаммадназар, масъули бахши фарҳангӣ, Саидумар Ҳусайнӣ ва Воҳидхон Қосиддинов - муовинони раиси ҳизб шомиланд.
Ҳикматулло Сайфуллозода раиси дастгоҳи Ҳизби наҳзат гуфт, бо омода шудани асноди номзадҳои дигар аз феҳрасти 21 нафар онҳо низ ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод хоҳанд шуд, вале яке аз сабабҳои зуд пешниҳод кардани 14 нафар ин аст, ки агар ҳамаи 21 нафар пас аз соли нав пешниҳод шаванд, ҳизб маҷбур аст, ба ҷои 500 доллар 800 доллар гаравпулӣ барои ҳар яки онҳо пардохт кунад.
Дар ҳамин ҳол муовини аввали раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, дар ин навбат онҳо қасд доранд, то 6 нафар намояндаи ҳизбро ба парлумон ворид кунанд. Вай меафзояд, ҳизб аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ умеди зиёд надорад, аз ин рӯ аъзои он кӯшиш мекунанд, аз тариқи ҳавзаҳои инфиродӣ ба парлумон роҳ ёбанд.

Мушкили нави Ҳизби наҳзат дар Кӯлоб

Рӯзи сешанбеи 28 декабри соли ҷорӣ раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар водии Кӯлоб тасмим гирифт, масъулини се ҳавзаи интихоботиро дар минтақа ба додгоҳ кашад.
Абдусамад Ғайратов - раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, онҳо ба он хотир ба ин иқдом даст задаанд, ки ҳукумат дар маҳаллаҳо аз сабти номи намояндагони ҳизб дар комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ дар навоҳии Мӯминободу Восеъ ва шаҳри Кӯлоб сар печидаанд. Ҷаноби Ғайратов мегӯяд, дар ин сурат ҲНИТ ҳатто ҳуқуқи назорат дар интихоботро аз даст медиҳад.
Муҳиддин Кабирӣ - муовини раиси ҲНИТ мегӯяд шояд ҳизби онҳо интихоботро дар ҳамин ҳавзаҳо бойкот намуда, номзадҳои худро дар онҳо пешбарӣ накунад.
Ғайрати Абдусамад мегӯяд, дар ҳавзаҳое, ки намояндагони ҳизб ҳатто ба ҳайси нозир роҳ наёфтаанд, ширкати аъзои ҳизб дар интихобот маънӣ надорад.
Сайёфи Мизроб, Кӯлоб

Кӯмаки Амрико ба 400 ҳазор нафар тоҷик

Дар шаҳри Душанбе миёни мақомоти Тоҷикистон ва сафорати Амрико дар ин кишвар дар заминаи ироаи кӯмакҳои ғизоӣ ба Тоҷикистон ду ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст. Алмаз Сайфиддинов - сухангӯи сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфт, бар асоси тафоҳумномаҳо, роҳандозии як барномаи васеъи ироаи кумакҳои ғизоӣ барои 400 ҳазор афроди ниёзманд ва камбизоати Тоҷикистон дар назар аст.
Ба гуфтаи Алмаз Сайфиддинов, кӯмакҳои ғизоӣ дар чаҳорчӯби тарҳҳои беҳдоштиву ғизоии созмонҳои ёрирасони амрикоӣ мавриди истифодаи афроди ниёзманд қарор мегиранд ва ба занони ҳомила ва модарони атфоли хурдсол низ маводи аввалияи ғизоӣ тавзеъ мешавад.
Бино ба иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, давлати ин кишвар қасд дорад, дар чаҳорчӯби Барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон мизони кӯмакҳои ғизоӣ ва башардӯстонаи худ ба ин кишварро дар соли нави 2005 мелодӣ бияфзояд.
Холиқи Сангин, Душанбе

Номзадҳои Эътилофи аҳзоби сиёсӣ ба парлумон

Эътилофи аҳзоби сиёсӣ «Барои интихоботи шаффофу демократӣ» дар чиҳилуяк ҳавзаи инфиродии интихоботӣ номзадҳои худ ба мақоми вакилӣ дар Маҷлиси намояндагонро пешниҳод хоҳад кард. Дар нишасти раҳбарияти эътилоф, ки 28 декабр дар қароргоҳи Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Душанбе доир гардид, ин тасмим эълом шуд. Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ, ки ба намояндагӣ аз ин ҳизб ҷаласаи Эътилофи аҳзоби сиёсӣ «Барои интихоботи шаффофу озод»- ро раисӣ мекард, гуфт, ба манзури ишғоли ҳарчи бештари курсиҳо дар парлумони оянда аз ҳисоби аҳзоби узви эътилоф қарор шуд, пешниҳоди номзадҳо ба мақоми вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон тавассути ҳавзаҳои инфиродӣ бо ҳамоҳангӣ ва мувофақа сурат бигирад: «Ҳизби наҳзати исломӣ дар 20 ҳавза пешбарӣ кунад, Ҳизби сотсиал-демократ дар даҳ ҳавза, мо ҳам мумкин дар даҳ ҳавзаҳои як мандатӣ пешниҳод кунем, ҷамъан мешавад 41 ҳавзаи интихоботӣ."
Ба эътиқоди Муҳиддин Кабирӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз чаҳор ҳизби узви эътилоф, ҳамоҳангӣ дар пешниҳоди номзадҳо ба парлумони оянда имкони пуштибонии аъзо ва ҷонибдорон дар ин ва ё он ҳавзаи мушаххасро таъмин хоҳад кард. Оқои Кабирӣ мегӯяд, дар ин сурат онҳо метавонанд, мушкилоти таъмини нозири маҳаллӣ ва шахси беэътимодро барои номзад аз ҳавзаи инфиродӣ ҳал ва афроди бештарро вориди парлумон кунанд.
Муҳидин Кабирӣ гуфт, ки интихоботи Маҷлиси намояндагон дар феврали соли оянда махсусан дар ҳавзаҳои инфиродӣ ҳамроҳ бо мубориза ва рақобатҳои шадид ҷараён мегирад. Аз ин хотир меафзод оқои Кабирӣ афроде, ки узви аҳзоби шомили эътилоф нестанд, вале дар минтақаҳо нуфузи кофӣ доранд, дар сурати мувофақа бо эътилоф метавонанд, аз пуштибонии ин аҳзоб бархурдор шаванд.
Эътилофи аҳзоби сиёсӣ «Барои интихоботи шаффофу озод»дар авохири апрели соли ҷорӣ бо ширкати се ҳизби мухолифи давлат Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби сотсиал-демократ ташкил шуд. Баъд аз он ки пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ дар таҳия ва қабули қонуни интихоботи Маҷлиси намояндагон аз сӯи маҷлис сарфи назар шуд, Ҳизби демократи Тоҷикистон низ шомили ин эътилоф гардид.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе

Эълони деринтизори Комиссияи марказии интихоботӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон тартиби пардохти гаравпулӣ ва истифодаи аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои мустақил аз воситаҳои хабарии давлатиро дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ муайян кардааст. Муҳибулло Додоҷонов - раиси дастгоҳи ин комиссия дар мавриди наҳваи муқарраршуда барои истифодаи аҳзоб ва номзадҳо аз расонаҳои хабарӣ гуфт, барои ҳар ҳизби сиёсӣ ва шахсони боэътимоди онҳо дар телевизиони давлатӣ 30 дақиқа вақт дода мешавад ва барои номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ дар телевизион ва радиоҳои давлатӣ ҳамагӣ 15 дақиқа. Ҳамчунин номзадҳо ва ҳизбҳо ҳақ доранд, дар нашрияҳои давлатӣ доир ба барномаҳои худ то 8 варақи чопӣ мақола нашр кунанд.
Ба гуфтаи оқои Додоҷонов, тибқи қарори ҷаласаи ахири Комиссияи марказии интихоботӣ, аҳзоби сиёсӣ иҷоза доранд, ба сурати нақдӣ, ё ғайринақдӣ маблағи гаравро пардохт кунанд. Гаравпулӣ дусад маоши ҳадди аққал муайян шудааст. Агар аҳзоби сиёсӣ имкони ироаи асноди худро то 1-уми январ пайдо кунанд, бар асоси ҳисоби моҳонаи ҳадди аққали то 1 январи соли 2004 муқарраршуда, ба сари ҳар номзад 1400 сомонӣ гаравпулӣ пардохт хоҳанд кард. Вале ҳар ҳизбе, ки баъд аз 1-уми январи соли 2005 санад пешниҳод мекунад, бар асоси меъёри нави маоши ҳадди аққал, 2400 сомонӣ пардохт хоҳанд кард.
Раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихоботӣ гуфт, то кунун ба истиснои Ҳизби коммунист, ки феҳристи асомии довталабони худ иборат аз 9 нафарро ба комиссия муаррифӣ кардааст, дигар аҳзоб рӯйхатҳои худро пешниҳод накардаанд.
Ҳамчунин Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳайъати комиссияҳои ҳавзавии интихоботиро тасдиқ кардааст ва сар аз 29-уми декабр пешниҳоди асноди довталабон дар ҳавзаҳои инфиродӣ низ оғоз хоҳад шуд. Ҷараёни ироаи аснод барои сабти ном то рӯзи 13 январ идома хоҳад дошт ва аз он таърих то 7 феврал марҳилаи сабти сабти номи довтабалон идома хоҳад кард.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе

Шикояти Ҳизби сотсиалист аз вазири адлияи Тоҷикистон

Мирҳусейн Назриев, раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидов, вазири адлияи ин кишварро барои қонуншиканӣ ва мудохила ба фаъолияти ин ҳизб ба додгоҳ кашидааст ва аризаи шикоятии раиси Ҳизби сотсиалистиро Додгоҳи олӣ 27 декабр расман сабт кардааст.
Ба гуфтаи Мирҳусейн Назриев, баъди он ки Ҳизби сотсиалист бо шумули се ҳизби мухолифи ҳукукумати кишвар ба Эътилофи аҳзоби сиёсӣ шомил гашт, дахолати рӯйрости мақомоти давлатии Тоҷикистон ба корҳои дохилии ин аҳзоб шурӯъ шуд: "Сабаби асосии чунин дахолат дар он аст, ки баъзе аз гурӯҳҳои сиёсӣ рӯи кор омадани эътилофи аҳзоби сисёсиро ҳамчун вайроншавии мувозинати нирӯҳои сиёсӣ арзёбӣ карда, чаҳор ҳизби шомили эътилофро алайҳи дигар аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ маънидод карданд. "
Оқои Назриев ҳамчунин афзуд, ҳамзамон бо ин чанд рӯз қабл Халифабобо Ҳомидов, вазири адлияи Тоҷикистон бо номае ба Комиссияи марказии интихоботӣ муроҷиат намуда, Абдуҳалим Ғаффоров, як нафари аз сафи ин ҳизб хориҷшударо ба ҳайси раиси қонунии Ҳизби сотсиалистӣ эътироф кардааст. Ба эътиқоди оқои Назриев, ин дар ҳолест, ки дар анҷумани панҷуми ҳизб вакилон ӯро расман раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон интихоб карданд.
Раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон мегӯяд, ба қарори одилонаи додгоҳ бовар дорад, вале мегӯяд, дар сурати аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба тасвиб нарасидани ҳукми одилона дар мавриди қазияи вазири адлияи ин кишвар, аз болои ин мақомот ба додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят хоҳад бурд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе

Давлат ва матбуот: Шеваҳои муносибат

Бо ширкати намояндагони расонаҳои хабарӣ ва муассисаҳои табъу нашр дар шаҳри Душанбе вазъи матбуоти даврӣ ва чопхонаҳо баррасӣ шуд. Ин нишаст дар остонаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон бо ибтикори вазорати фарҳанг ва бо ширкати бештар аз дусад нафар намояндаи нашрияҳои даврӣ аз соъири навоҳии кишвар баргузор гардид. Амирхон Аҳмадхонов, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар мавриди ҳадафи баргузории ин нишаст гуфт: "Тавассути ин семинари машваратӣ мо хостем, ки намояндагони васоити ахбори оммаро бо ҳукумат, бо мақсадҳое, ки ҳукумат дар пеши худ дорад, ошно кунем. Ва имрӯз дар суханҳои аввал ҳадафҳои ҳукумат ва аз васоити ахбори омма чӣ интизор доштани ҳукуматро мо дарк кардем. Ва мо кӯшиш бар он мекунем, ки машварати мо машварати сирф расмӣ набошад, машварати озод бошад ва ҳар кас фикри худро озод гуфта тавонад."
Аммо дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, чунин бархӯрд бо авзоъ наметавонад вазъи мушкили матбуотро осон кунад. Ӯ мегӯяд, ба сурати ошкоро дар ин нишаст авзоъи воқеъии матбуот матраҳ ва баррасӣ нашудааст: "Ин як ҷаласаест, ки дар он метавонанд раҳбарони расонаҳои ҳам ҳукуматӣ ва ҳам ғайриҳукуматӣ масъала пеш гузоранд, то инки минбаъд ин масъалаҳо дар сатҳи ҳукумат баррасӣ гарданд. Вале муттаасифона, аз ҷаласаи нахустини ин семинари машваратӣ ман шахсан чунин хулоса бардоштам, ки ин ҷаласа фақат ба хотири як ҷаласа ороста шудааст, на барои ҳалли масоили мубрами матбуоти тоҷик. Ва гумон мекунам, ки агар дар ҷаласаҳои минбаъда баҳсу мунозираҳо барс ари мушкилоте сурат нагиранд, ки матбуоти тоҷик мувоҷеҳ шудааст, ин нишаст натиҷаи дилхоҳе нахоҳад дод."
Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, дар остонаи интихоботи порлумон имконоти матбуоти озод маҳдуд шуда ва давлат мавориди фишор болои матбуоти мустақилро афзоиш додааст. Нашр нашудани чандин рӯзнома ба далоили мухталиф ва гоҳо бидуни далел сарпечии чопхонаҳо аз нашри ин рӯзномаҳо, ба гуфтаи оқои Қаршибоев, дар ҳамин росто қобили арзёбист, ки ин мушкил дар ин нишаст матраҳ нашуд. Ӯ мегӯяд: "Дар арафаи ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ, яъне интихобот ба парлумон, фишор ба матбуоти ғайриҳукуматӣ бештар мегардад ва матбуоти ҳукуматӣ ҳам зери фишори бештар қарор мегирад."
Аммо дар ҳамин ҳол, оқои Аҳмадхонов мегӯяд, худи ин нашрияҳо ҳастанд, ки дар эҷоди мушкил дар роҳи фаъолияти худ саҳм доранд. Ӯ дар нашр нашудани ин рӯзномаҳо худи масъулони онҳоро муқассир медонад. Ва мегӯяд, ин рӯзномаҳо дар фаъолияти худ аз ҳудудҳои қонунӣ ва пазируфташуда фаротар рафтаанд: "Он нашрияҳое, ки имрӯз даъво мекунанд, бояд аз худашон гиламанд шаванд. Ба чӣ хотир? ба он хотир, ки як андоза танқид гуфта, баъзан ба таҳқири шахсиятҳо ва ба таҳқири сохтори мавҷуда бе такя ба аснод машғул шуданд. Ба гумони ман, ягона чизе, ки имрӯз пеши роҳи онҳоро мегирад, ин муносибати нодурусти худи онҳо ба корашон аст."
Дар нишасти кормандони матбуот ва нашрияҳои даврӣ инчунин қарор аст соъири мушкилоти соҳа, аз ҷумла таҷдиди дастгоҳҳо ва васоили табъу нашр, масъалаи таъмини молии нашрияҳои маҳаллӣ, иҷроиши қонуни матбуот ва нашрияҳо аз ҷониби чопхонаҳо ва интишорот ба ҳангоми чопи адабиёт низ баҳс шавад.

Яке кушта, яке захмӣ дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон

Ба гуфтаи як манбаъ аз ситоди умури дохилии вилояти Суғд, шаҳрванди Узбакистон Шералӣ Бурҳонов ҳангоми бидуни иҷозат гузаштани марзи Тоҷикистон дар минтақаи наздик ба деҳаи Сурхоби ноҳияи Зафаробод ҳадафи тири як марзбони тоҷик қарор гирифтааст. Марзбони тоҷик ибтидо ба нишони ҳушдор аз силоҳи худ ба ҳаво тир кушода, сипас ба сӯи шаҳрванди Узбакистон як тир холӣ кардааст. Шералӣ Бурҳонов, сокини ноҳияи Боявути Узбакистон, аз захми он тир дар беморхонаи Зафаробод ҷон додааст. Ба иттилоъи манобеъи расмӣ, ин қазия дар ҳоли ҳозир аз ҷониби додситонии ноҳияи Зафаробод мавриди тафтиш қарор гирифтааст.
Вале сокини 39-нӯҳсолаи ҷамоати Лаккони ноҳияи Исфара Соҳиб Олтмишев ба минаи марзии Узбакистон дар минтақаи сарҳадии ин мавзеъ ҳангоми ҳезумчинӣ бархӯрда, аз пои росташ ҷароҳати вазнин бардоштааст. Бино ба хабарҳои расида, дар ҳоли ҳозир маҷрӯҳ дар беморхонаи Исфара бистарӣ мебошад.
Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, тайи соли равон 13 сокини вилояти Суғд дар пайи таркиши минаҳои зиддипиёданизоми Узбакистон дар хатти марзи байни ин ду кишвар куштаву маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин, тибқи хабарҳои расмӣ, ҳадди ақал ду шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон ба вақти убури ғайриқонунии марз аз тири силоҳи марзбонони тоҷику узбак кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Карим Сангинов - сарвари кумитаи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, барномаи ин созмон барои огоҳонидани аҳолии манотиқи наздимарзии Суғд аз хатари минаи марзӣ дар соли 2005 густариш хохад ёфт: «Барои ин барнома соли 2005 мо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ кӯмакҳои бештар пайдо хоҳем кард. Мо бо сокинони маҳалҳои наздимарзӣ мулоқот намуда, онҳоро аз хатари мина огоҳ хоҳем кард».
Оқои Сангинов афзуд, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо кӯмаки молии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид 2 000 аломати огоҳкунанда бо навиштаҷоти «Эҳтиёт бош, мина!» бо забонҳои тоҷикиву узбакӣ ва русӣ омода карда, ба гузоштани онҳо дар манотиқи бо Узбакистон ҳаммарзи вилояти Суғд шуруъ кардааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Радиои Озодӣ, Хуҷанд

Ойниҳол Бобоназарова: "Напурсида зи мо..."

Ойниҳол Бобоназарова, раиси Бунёди Сорос дар Тоҷикистон, аз Ҳизби Демократ хостааст, исми ӯро аз феҳристи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон хориҷ кунад. Хонум Бобоназарова мегӯяд, ки вай аз соли 1998 ба ин сӯ бо Ҳизби Демократи Тоҷикистон ҳеҷ гуна иртибот надошта, тайи ин муддат боре ҳам дар ҷаласаҳои он ширкат наварзидааст: «Он чизе ки ман дар газета дидам, ҳайрон шудам. Ҳол онки ҳатман бояд розигии худи он шахс лозим буд. Ман дар съезд иштирок ҳам надоштам. Ман аз воситаҳои ахбор хондам ва як аризае ҳам навиштам ба раёсати ҳизб, ки азбаски ман розӣ нестам, ман хуши депутатшавӣ ҳам надорам, мақсади депуташавиам ҳам нест, бинобар ин номи маро аз он рӯйхате, ки пешниҳод карданд аз тарафи ҳизби демократ ба номзадии депутатӣ ба Маҷлиси Намояндагон, пас гардонанд.»
Дар ҳамин ҳол, Раҳматуллоҳ Валиев, муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар тавзеҳи ин қазия гуфт, ки Ойниҳол Бобоназарова аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар буда ва номи ӯро вакилони анҷумани ахири ҳизб шомили феҳристи ҳизбӣ ба номзадии мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон кардааст.
Оқои Валиев таъйид кард, ки хоҳиши Бобоназарова барои хориҷ шудан аз ин феҳристи ҳизбӣ бидуни кадом мушкилот ва баррасӣ ҳалл хоҳад шуд: «Муаллима Бобоназарова дар як ташкилоти байналмилалӣ кор мекунад, раиси раёсати Сорос аст, кораш хеле зиёд аст. Анҷуман хост, ки Бобоназарова, ки яке аз шахсиятҳои шинохта аст, дар рӯйхати ҳизбӣ бошад ва анҷуман мехост, ки Бобоназарова депутати Маҷлиси Намояндагон бошад ва худи муаллима инро нахостанд. Гуфтанд, коре ки ман ҳозир иҷро мекунам, аз он даст кашиданӣ нестам. Ва ин ҳуқуқи ҳар кас аст ва ҳуқуқи анҷуман аст, ки касеро пешниҳод кунад.»
Раҳматуллоҳ Валиев, муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон зимнан ин хабарро, ки яке дигар аз чеҳраҳои саршиноси ин ҳизб доктори улуми иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров низ хостори ихроҷи исми худ аз феҳристи номзадҳо ба мақоми вакилӣ дар Маҷлиси Намояндагон шудааст, такзиб кард.
Ва аммо Ойниҳол Бобоназарова яке аз аъзои собиқадори Ҳизби демократи Тоҷикистон аст, ки дар соли 1991 ҳангоми декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии кишвар буданаш ба сафи ин ҳизб бипайваст. Ӯ дар соли 1998 масъулияти роҳбарии намояндагии Бунёди Соросро дар кишвар ба ӯҳда гирифт. Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, тибқи муқаррароти корӣ дар ин созмони байналмилалӣ, ӯ наметавонад шомили кадом созмон ва гурӯҳи сиёсӣ бишавад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Радиои Озодӣ, Душанбе

Аспи Хол Машрабов бо номи Камон аспи аввали кишвар дониста шуд

Нахустин мусобиқоти қаҳрамонии бузкашии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Ҳисор баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мунтахаби човандозони ноҳияи Рӯдакӣ ба анҷом расид.
Бино ба иттилоъи Мирзоалӣ Холов, раиси Федератсияи бузкашии Тоҷикистон, аъзои дастаи ғолиб бо медали тилло ва як аспи тоҷикӣ сарфароз гардид. Дастаи човандозони ноҳияи Варзоб, ки ҷойи дуввумро ишғол кард, бо медали нуқра ва як гов қадрдонӣ шуд. Ба дастаи човандозони шаҳри Душанбе, ки ҷойи севвумро ба даст овард, медали биринҷӣ ва як гӯсфанд тақдим кардаанд.
Саъдулло Ҷабборов аз ноҳияи Рӯдакӣ, Комил Алимардонов аз ноҳияи Варзоб ва Элмурод Ҳомидов аз шаҳри Душанбе беҳтарин човандозони мусобиқоти қаҳрамонии бузкашии Тоҷикистон эълон шуданд.
Ҳайати ҳакамон ҳамчунин,беҳтарин аспҳоро муайян карда, ба соҳиби онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуд. Аспи Хол Машрабов, раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо номи Камон,аспи Қаҳҳор Юсупов,сокини ноҳияи Варзоб бо номи Танка ва аспи Илҳом Тағоев,сокини шаҳри Душанбе бо номи Князъ беҳтарин аспҳои ин мусобиқот эътироф шуданд. Ба гуфтаи Мирзоалӣ Холов, ғолибони нахустин мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар дар ҳайати дастаи мунтахаби бузкашии Тоҷикистон соли 2005 дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.
Тибқи нақшаи Федератсияи бузкашии Тоҷикистон, моҳи январи соли оянда баргузории мусобиқоти човандозон дар манотиқи мухталифи ин кишвар дар назар аст.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе

Мусобиқоти вазнбардориву бузкашӣ дар Душанбеву Ҳисор

Вазнбардорӣ.
Рӯзи шанбе, 25 декабр дар Боғи марказии фарҳангу фароғати шаҳри Душанбе мусобиқоти ҷумҳуриявии вазнбардорон барои дарёфти ҷоми Федератсияи вазнбардории Тоҷикистон оғоз ёфт.
Бино ба иттилоъи Бобохон Сангов, дабири кулли федератсияи мазкур, дар ин мусобиқоти охирини мавсими имсола беҳтарин вазнбардорони тоҷик рақобат доранд, ки миёни онҳо барандагони мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар низ ҳастанд. Бобохон Сангов, ки ҳамзамон сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол вазнбардорони тоҷик нахустин бор дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон бо ширкати 120 варзишгари 28 кишвар баргузор шуд, қувваозмоӣ карданд ва
соли 2005 ширкати вазнбардорони тоҷик дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ низ дар назар аст.
Мусобиқоти ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоми Федератсияи вазнбардории Тоҷикистон рӯзи якшанбе ба поён мерасад.
Ва акнун як хабар барои ҳаводорони бузкашӣ.
Рӯзи шанбе дар ноҳияи Ҳисор нахустин мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар ин навъи миллии варзиш шурӯъ шуд. Мирзоалӣ Холов, раиси Федератсияи бузкашии Тоҷикистон дар робита ба ин мусобиқот ба радиои Озодӣ гуфт, беҳтарин човандозони тоҷик бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи варзиши ин кишвар ва тӯҳфаҳои қиматбаҳои сармоягузорон қадрдонӣ хоҳанд гашт.
Ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии бузкашии Тоҷикистон низ рӯзи якшанбе муайян хоҳанд шуд.
Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ, Душанбе

Президент Раҳмонов собиқ фармондеҳи горди худро ба таҳияи шӯриши мусаллаҳона айбдор кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов собиқ фармондеҳи горди худ, генерал Ғаффор Мирзоевро ба таҳияи шӯриши мусаллаҳона айбдор карда, гуфт, бо ин мақсад дар "чаҳор тарафи Тоҷикистон", дар ноҳияҳои гуногун анборҳои силоҳу муҳимот ташкил шудаанд. Президент Раҳмонов дар нишасте ба муносибати 80-солагии таъсиси Додситонии Тоҷикистон гуфт, борҳо Мирзоевро огоҳ карда, ҳатто ҳушдор додааст, ки кӯшишҳои Ғаффор Мирзоев дар маҳбас ба поён хоҳанд расид. Вай Мирзоевро дар таркишҳои ду сол пеш дар назди биноҳои ҳукуматӣ низ айбдор донист.
Генерал Ғаффор Мирзоев, рӯзи шашуми августи соли равон боздошт шуд ва додситонии кулл ӯро он вақт дар нигаҳдошти силоҳи ғайриқонунӣ, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, ба иҷора додани чархболи ҳарбӣ ба соҳибкорони Афғонистон ва сӯйистифода аз мақоми давлатӣ айбдор карда буд.
Президент Раҳмонов генерал Мирзоевро на танҳо дар терроризм, ташкили махфигоҳҳои аслиҳа, балки дар қочоқи инсон бо мусоидати наздиконаш низ гунаҳкор донист.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе

Қадами дигари Тоҷикистон сӯи СҶТ

Интизор меравад, рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе барои нахустин бор як маркази иттилоотии Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба фаъолият оғоз намояд. Ғафурҷон Расулов - сухангӯи маркази матбуотии вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт, қарор аст ин марказ дар назди вазоратхонаи мазкур таъсис ва роҳандозӣ шавад.
Оқои Расулов фаъол гардидани маркази иттилоотии Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Тоҷикистонро як гоми муҳим дар ростои ҳамоҳангсозии қавонини ин кишвар бо муқаррароти ин созмон унвон намуд ва гуфт, ин иқдом ба тақвияти ҳамкориҳо миёни Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Тоҷикистон мусоидат менамояд. Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба унвони як ниҳоди пурнуфузи байналмиллалӣ 148 узв дорад. Аз миёни ҷамоҳири Осиёи Миёна танҳо Қирғизистон ба узвияти ин созмон пазируфта шудааст. Тоҷикистон бо пешниҳод намудани меморандуми режими тиҷорати хориҷии худ ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар ҳоли ҳозир дар ин созмон мақоми нозирро доро мебошад.
Холиқи Сангин, Душанбе

Нахустини мусобиқаи ҷумҳуриияви човандозон

Нахустин мусобиқоти қаҳрамонии бузкашии Тоҷикистон бо ширкати зӯртарин човандозони манотиқи мухталифи ин кишвар рӯзи шанбе, 25-уми декабр дар ноҳияи Ҳисор баргузор хоҳад шуд. Мирзоалӣ Холов, раиси Федератсияи бузкашии Тоҷикистон бо эълони ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин навъи миллии варзиш дар Тоҷикистон солҳои охир бештар таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад.
Човандозони тоҷик имкон пайдо намуданд,ки шарафи ин кишварро дар мусобиқоти байналмилалӣ ҳимоя кунанд. Чунончи имсол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар навъи кок-бору ё худ бузкашӣ ҷойи севвумро ишғол намуд. Нахустин мусобиқоти қаҳрамонии човандозони тоҷик дар ноҳияи Ҳисор тайи ду рӯз шанбе ва якшанбе идома хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе

А.Чубайс: "Русия соли 2005 ба бунёди Сангтӯда оғоз мекунад"

Анатолий Чубайс, раиси ширкати давлатии энержии Русия мавсум ба РАО ЕЭС рӯзи чоршанбе, 22 декабр, дар як тантанаи бахшида ба рӯзи кормандони риштаи энержии Русия дар Маскав гуфт, ки ин ширкат мехоҳад сар аз соли оянда ба иҷрои барномаҳои бунёди ду ниругоҳи Қамбарато дар Қирғизистон ва Сангтӯда дар Тоҷикистон шурӯъ кунад.
Анатолий Чубайс гуфт, бо дастури президенти Русия онҳо як барномаи хеле бузургеро дар Тоҷикистон ба маърази иҷро мегузоранд ва ҳам умедвори шуруъи кор дар амри сохтмони ниругоҳи Қамбаратои Қирғизистон мебошанд.
Оқои Чубайс шуруъи ин ду барномаро бозгашти Русия ба бозори энержии кишварҳои муштаракулманфоеъ, яъне ба қаламраве номид, ки Русия дар он, ба ақидаи раиси ширкати РАО ЕЭС, "ҳамеша мавқеъи муҳкам дошт".

М. Убайдуллоев: "Роҳҳои Душанбе ба тармим ниёз доранд"

Мирзои Салммпур

Мири Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар Маҷлиси вакилони пойтахт гуфтааст, аз 700 километр роҳҳои Душанбе 115 километраш тармимталаб шудаанд, вале коршиносони соҳа ҳазинаи барномаи тармиму бозсохти ин 115 километр роҳро тақрибан 62 миллион доллар баровард кардаанд.
Оқои Убайдуллоев ҳамчунин хостори бунёди як корхонае дар пойтахт шудааст, ки махсуси коркарди партоб бошад.
Шаҳрдори Душанбе гуфт, тайи 11 моҳи соли равон дар пойтахт ба маблағи 194 миллион сомонӣ, муодили 65 миллион доллар маҳсулот тавлид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 дарсад бештар аст.
Мирзои Салимпур, Прага

Пешгӯиҳои ноумедкунандаи Бонки Миллии Тоҷикистон

Муродалӣ Алимардонов - раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар мавриди сиёсати пулӣ ва қарзии Тоҷикистон дар соли ояндаи мелодӣ ба парлумони кишвар гузориш дода, гуфт, иқтисоди Тоҷикистон назар ба соли гузашта рушд карда, аз ҷумла маҷмӯи тавлидоти нохолиси миллӣ 10 дарсад афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи раиси Бонки Миллӣ, ҳамчунин дар соли равон мизони афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба бонкҳо ва қонунӣ шудани маблағҳои бо ҳар роҳ ба даст овардаи шаҳрвандон боиси афзоиши сармояи бонкҳои Тоҷикистон ва беҳтар шудани фаъолияти бонкӣ шудааст. Ва бонкҳои кишвар ба бахшҳои муҳими иқтисод, аз ҷумла соҳаи пахтакорӣ бештар аз 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кардаанд.
Аммо дар айни ҳол гуфт оқои Алимардонов, чанд омиле вуҷуд дорад, ки дар соли оянда метавонад ба мизони тавварум таъсир гузорад. Ӯ гуфт: "Баланд шудани нархи нафт, масолеҳи сохтмон ва дигар мавод дар бозори ҷаҳонӣ ва паст рафтани маҳсулоти содиротии мо чун пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба болоравии тавварум таъсир мерасонад."
Ба гуфтаи оқои Алимардонов, афзоиши маоши моҳона, ки барои соли оянда дар назар гирифта шудааст ва ба ин васила боло рафтани тавони харидории шаҳрвандон, дар ҳоле, ки тавлидоти маводи ғизоӣ дар дохили кишвар кам мешавад, метавонад ба касри буҷа ва боло рафтани мизони тавварум таъсиргузор бошад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе

Сохтмони нақби Анзоб қатъ шудааст

Ҷараёни сохтмон дар нақби Анзоб, 60-километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон қатъ шудааст. Туннели Анзоб дар сурати сохта шуданаш танҳо роҳи иртибот байни манотиқи шимол ва ҷануби Тоҷикистон хоҳад шуд ва як ширкати роҳсозии Эрон бо номи "Собир" сохтмони ин туннелро ба дӯш дорад. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, бо айби вазорати энержии Тоҷикистон дастгоҳҳои барқӣ дар маҳалли сохтмони нақби Анзоб бо барқ таъмин нашуд ва ин сохтмон қатъ гардид. Дар ҳоли ҳозир, муттахасисони Эрон ва коргарони маҳаллӣ ҷойи корро тарк карда, мунтазири барқ мебошанд.
Саидаҳтам Акбаров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба вазъи пешомада дар сохтмони туннели Анзоб ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо чандин бор аст, ки ба вазорати энергетика занг мезанем, аммо ҳанӯз ин вазорат ба сохтмони туннел барқ надодааст,зеро ҷое, ки садама ба амал омад, хеле мушкилгузар мебошад."
Дар ҳамин ҳол, Аббос Қосимов, сардори бахши фурӯши барқи вазорати энержии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт, ба сабаби боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма хаттҳои интиқоли барқ то маҳалли сохтмони туннели Анзоб хароб шудаст.
Ёдовар мешавем, ширкати эронии "Собир" дар як тендер баранда шуда, 1 сол қабл сохтмони нақби Анзобро, ки 5 километр тӯл дорад, ба ӯҳда гирифта буд, аммо тибқи маълумоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон, аз шурӯъи сохтмон то ба имрӯз бештар аз 1 километри нақби мазкур сохта шудааст. Ҳамин манбаъ мегӯяд, сохтмони туннел аз тарафи шимоли кишвар идома дорад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе

Ба Тоҷикистон аз СНГ фақат 50 нозир хоҳад омад

Комиссияи марказии интихоботӣ мегӯяд, интихоботи порлумони Тоҷикистонро дар моҳи феврал танҳо 50 нозир аз кишварҳои муштаракулманофеъ назорат хоҳанд кард, агарчӣ ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи комиссия қарор буд, 100 нозир аз кишварҳои муштаракулманофеъ интихоботи қарибулвуқуъи ин кишварро назорат кунанд.
Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов ба ин далел, ки дар рӯзи баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар Молдова ва Қирғизистон низ интихоботҳои порлумонӣ сурат мегиранд, ба эҳтимоли зиёд, як гурӯҳи кӯчаки нозирин дар интихоботи Тоҷикистон ширкат менамоянд.
Раҳбари дастгоҳи комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон гуфт, ҳамчунин интизор меравад, ҷараёни баргузории интихобот дар ин кишварро иддае аз нозирини байналмилалӣ низ назорат кунанд. Аммо номбурда афзуд, теъдоди нозирини байналмилалӣ то ҳол аз сӯи маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ки масъулияти муаррифии ин нозиринро ба ӯҳда дорад, муайян ва эълом нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, қасд дорад то 10 январи соли 2005 кори таҳияи қуттиҳои овоздиҳии шаффофро барои тамоми ҳавзаҳои интихоботӣ анҷом бахшад. Комиссияи марказии интихобот мегӯяд, барои таҳияи қуттиҳои шаффофи овоздиҳӣ, ки бори аввал дар интихоботи ин кишвар истифода бурда мешаванд, ин ниҳод 600 000 сомонӣ масраф намудааст. Гуфта мешавад, ин қуттиҳо дар ҷумҳурии Чин сохта шудаанд.
Холиқи Сангин, Радиои Озодӣ, Душанбе

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
XS
SM
MD
LG