Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Назари Муҳиддин Кабирӣ ба изҳороти Корхонаи обу корези Душанбе

Муҳиддин Кабирӣ, муовини Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҲНИТ дар посух ба изҳороти Корхонаи обу корези Душанбе дар мавриди мусоҳибаи раиси ҲНИТ бо ҳафтаномаи «Миллат» гуфтааст, Саид Абудллоҳи Нурӣ дар мусоҳибааш касеро мушаххас, аз ҷумла, масъулони Корхонаи обу корези Душанберо ба ришвахорӣ муттаҳам накардааст. Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, сухан дар он мусоҳиба дар бораи ноҳия ва вилоят меравад ва таври маълум Душанбе на вилоят аст ва на ноҳия. Муҳиддин Кабирӣ гуфт, «Ман шахсан дар сӯҳбати Устод на таҳқир нисбати шахсеро мебинам ва на зарурат ба узрхоҳӣ. Касоне ки мактуб фиристоданд, ё мусоҳибаро нодуруст хондаанд ва ё фикр мекунам, ин вокуниши онҳо то дараҷае фармоишӣ ҳам ҳаст.» Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, агар касе фикр мекунад, ки шахсияташ таҳқир шудааст ва мехоҳад қазияро тариқи додгоҳ ҳал бикунад, ихтиёр дорад, вале раиси ҲНИТ низ метавонад дар додгоҳ аз худ дифоъ бикунад.

Таъсиси дафтари умури муҳоҷирати Афғонистон дар Душанбе

Рӯзи ҷумъаи 30 декабр дафтари умури муҳоҷирати Афғонистон дар Душанбе боз шуд. Дафтари мазкур бо ташаббуси сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст. Саидмуҳаммади Хайрхоҳ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи дафтар ба радиои «Озодӣ» гуфт, вазифаи асливу асоси ин дафтар кӯмак ба муҳоҷирини афғон дар мавриди ҳуқуқӣ, корти гуреза, дар мавриди озору азияти пулис мебошад. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои сафорати Афғонистон дар Душанбе феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 2000 табааи афғон ба ҳайси муҳоҷир иқомат дорад ва ба гуфтаи сафири ин кишвар дар Тоҷикистон теъдоди онҳо дар чанд соли ахир, пас аз суқуқти ҳукумати толибон дар Афғонистон коҳиш ёфтааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе

Ҳалокати ҳафт мусофир дар Шаҳристон

ШР

Дар натиҷаи ду садамаи нақлиётӣ дар гарданаи Шаҳристон ҳафт нафар ба ҳалокат расида ва як мусофири дигар бе ному нишон шудааст. Тибқи иттилоъи шоҳидони айнӣ, як сабукрави тамғаи Нива ба ҳангоми убур аз гарданаи Шаҳристон, бар асари фаромадани тарма аз масир хориҷ ва ба жарфнои сесадметра сарозер шудааст. Бар асари ин ҳодиса, ронанда ва шаш мусофири он ҷони худро аз даст додаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳалокшудаҳо аз навоҳии Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров будаанд. Тибқи иттилоъи як ронандаи таксии хатсайри Душанбе - Хуҷанд, шоми 27 декабр дар ағба як садамаи мушобеҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Мусофирини роҳгузар тавонистаанд, се мусофир ва ронандаи он мошинро, ки тамғаи Нива будааст, наҷот бидиҳанд. Вале яке аз мусофирини дигари ин мошин зери тарма мондааст. Роҳи гарданаи Шаҳристон шурӯъ аз соли 2000, пас аз ҷорӣ шудани раводиди миёни Тоҷикистону Узбакистон танҳо роҳест, ки навоҳии водии Зарафшонро бо Хуҷанд - маркази устони Суғд мепайвандад ва аммо дар зимистон, ин танҳо иртиботи заминии води Зарафшон бо Хуҷанд мутаваққиф мешавад.
Шоҳини Равшан, Панҷакент

Кӯмаки ИМА ба нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон

Ҳукумати ИМА ба нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар остонаи соли нави мелодӣ дар ҳаҷми 750 ҳазор доллар кӯмаки техникӣ кардааст. Ин кӯмакҳо дар чаҳорчӯби барномаи назорат бар амнияти марзҳо расонида мешавад. Алмаз Сайфиддинов, сухангӯи сафорати ИМА дар Душанбе дар ин замина гуфт, ин кӯмакҳо аз таҷҳизоти компутерӣ, дурбинҳои назорати шаб, васоили мухобиротӣ, дастгохҳои тавлиди барқ ва аз ҳама муҳимтар, либоси зимистона иборат мебошад. Ин нахустин даври кӯмакҳоест, ки ҳукумати ИМА дар ҳаҷми як миллиону дусад ҳазор доллар мехоҳад, дар ихтиёри нирӯҳои марзбонӣ қарор диҳад. Марҳилаи баъдии кӯмакҳо дар оғози баҳор дар ҳаҷми 45 ҳазор доллар, ки аз либоси тобистонӣ ва зимистонии сарбозон иборат аст, расонида мешавад. Пол Шут, мушовири барномаи назорат бар содирот ва амнияти марзҳо зимни эътои ин кӯмакҳо гуфтааст, то поёнии моҳи март ҳамчунин ду заврақ барои дидбонӣ дар рўдхонаи Омӯ дар ихтиёри нирӯҳои марзбонӣ қарор хоҳад гирифт.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе

Раддияи Корхонаи обу корези Душанбе ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Беҳрӯз Сафаров, раиси корхонаи обу корези Душанбе дар як нишасти хабарӣ рӯзи панҷшанбеи 29 декабр далелҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавриди ришвахории масъулони корхонаи мазкур зимни иҷрои тарҳҳои таҷдиди шабакаҳои обу корезии Душанберо рад кард. Оғои Нурӣ зимни мусоҳибаи ихтисосӣ дар шумораи 17-и ҳафтаномаи «Миллат», масъулони корхонаи обу корези Душанберо бо ришваситонӣ муттаҳам карда буд. Аммо Беҳрӯз Сафаров, раиси корхонаи мазкур гуфт:
«Аслан он далелҳое, ки дар ҳафтаномаи «Миллат» ҷаноби Абдуллоҳи Нурӣ овардаанд, нодурустанд. Ман намедонам, ки ӯ чиро дар назар доштааст. Чунки ин ҷо овардааст, масалан ман худам мушоҳида кардам маблағеро, ки ҳамчун ёрдам барои як обкаш дода буданд. Ин ҳама гапҳои умумӣ. Ӯ идома додааст, ки 65 фоизаш дар роҳ гум мешавад, аз худи ноҳия, вилоят, марказ ҳар кас ҳаққи худашро гирифта буд, барои сохтмони ин иншоот 35 фоизи маблағ монд. Агар ин ҷо инженеру бригадиру дигарон ҳаққе дошта бошанду гирифта бошанд, ҳамон иншооте, ки бунёд мешуд аз 100 ҳазор дар ҳудуди 20-30 ҳазор сохта шуд. Яъне ки далелҳоро пешниҳод кунад, дар суд ҳаллу фасл кунем. Суд агар исботи худро ёбад, агар фарз кардем ки ман гуноҳ дошта бошам маро ҷазо диҳад, агар не Абдуллоҳи Нуриро.»
Оғои Сафаров ҳамчунин гуфт, Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ин сӯҳбати худ мушаххас нагуфтааст, ки масъулони корхонаи обу корези Душанбе кадом маблағҳои қарзиро ба манофеи шахсии худ истифода кардаанд. Ӯ мегӯяд, агар манзури оғои Нурӣ қарзи Бонкӣ ҷаҳонӣ бошад, ки 17 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати таҷдиди шабакаҳои обрасонӣ ва обанборҳои Душанбе ҷудо кардааст, иштибоҳ мекунад. Зеро лоиҳаи мазкур бояд дар панҷ сол амалӣ мешуд, вале бо дархости раиси шаҳри Душанбе ва ниёзмандӣ бо оби поки ошомиданӣ ин лоиҳа дар муддати се сол анҷом хоҳад ёфт. Аммо, гуфт оғои Сафаров, ҷиҳати комилан таҷдид шудани шабакаҳои обрасонӣ ва обанборҳои Душанбе 125 миллион доллари амрикоӣ зарур аст, ки имрӯз бо маблағи пардохти ҳаққи истифодаи об аз сокинон ва корхонаҳо намешавад ин маблағро ҷамъ овард. Зеро феълан сокинон 17 дарсад ва дар маҷмӯъ дар Душанбе 37 дарсад истифодабарандагон ҳаққи истифодаи обро пардохт кардаанду халос:
«Ман асноди Абдуллоҳи Нуриро ҳамчун сокини Душанбе таҳқиқ кардам, аз моҳи январи соли 2005 то 29 декабр ягон танга ҳаққи обро напардохтааст. Барои иморате, ки дар кӯчаи Дӯстии халқҳо сохтагӣ ҳастанд, аз мо техусловия гирифта буданд ва мо дар онҷо оварда будем, ки лоиҳаи хаттро бо идораи обу корези Душанбе мувофиқа карда ва чун қубурро мехобонанд, шартнома баста обро истифода баранд. Агар қонун барои ҳама як хел бошад биёед як хел ҷавоб диҳем. Ҳисобҳои пешакии мо нишон медиҳад, ки маблағи ин корҳо 11 ҳазор сомонӣ мешавад.»
Дар ҳамин ҳол, изҳороти доктор Петра Задлер, мудири танзимгари лоиҳаи обрасонии Душанберо дар робита ба изҳори назари Саид Абдулоҳи Нурӣ нашр карданд. Оқои Задлер иддаои Абдуллоҳи Нурӣ дар мавриди ҷой доштани ришвахорӣ зимни иҷрои тарҳҳои таҷдиди шабакаҳои обрасонии Душанберо рад ва тақозо кардааст, ки дар мӯҳлати то се рӯз тавассути матбуот узрхоҳӣ кунад. Дар ғайри сурат аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе

Коршикании ронандаҳои мусофирбарҳо дар Панҷакент

Беш аз 100 нафар ронандаҳои микроавтобусҳои мусофирбар дар шаҳри Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон ба нишони эътироз аз коҳиш додани арзиши роҳкиро аз ҷониби ҳукумат субҳи дирӯз, 28-уми декабр даст ба коршиканӣ заданд. Мӯъмин Раҳматов, як тан аз ронандагони мусофирбарҳои хусусӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иллати ба кор набаромадани микроавтобусҳо дар се хати сайри дохилишаҳрӣ ин норизоии онҳо дар робита ба коҳиш додани роҳкиро аз 40 дирам ба 30 дирам аз ҷониби мақомоти маъсули ҳукумат будааст: "Нархи роҳкироро 30 дирам гуфтанд, азбаски нархи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ баланд аст, ин қимматгузорӣ бар зарари мо аст."
Аммо Маҳмудҷон Исроилов - муовини раиси шаҳри Панҷакент, ки бо ронандаҳои даст ба коршиканӣ зада, мулоқот кардааст, аз шарҳи ҷузъиёти ин мулоқот худдорӣ намуд. Аммо тибқи иттилоъи дигар, барои баррасии ин масъала як кумиссиюн аз ҳисоби намояндагони ҳукумат ва ниҳодҳои нақлиётӣ ташкил шудааст. Ба гуфтаи ронандагон, ин кумиссиюн муваззаф шудааст, қазияи пешомадаро бо назардошти пешниҳодоти ронандагон ҳал кунад.
Шоҳини Равшан, Панҷакент

Болоравии арзиши доллар дар саррофиҳои Душанбе

Қиммати арзи амрикоӣ дар саррофиҳои шаҳри Душанбе то тақрибан 4 сомонӣ боло рафта ва акнун 100 доллари амрикоӣ бар ивази 324 сомонӣ ба даст меояд. Ҳафтае қабл дар саррофиҳо 100 доллари амрикоӣ муодили 320 сомонӣ буд. Саррофон мегӯянд, сабаби гарон шудани қимати доллари амрикоӣ афзоиши талабот ба ин арз будааст. Раҳматшо Додихудоев, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ин кишвар нархи асъори хориҷиро бозор муайян мекунад ва феълан талабот ба арзи хориҷӣ аз пешниҳоди он бештар шудааст, яъне дар Тоҷикистон камбуди асъори хориҷӣ эҳсос мешавад:
«Одатан ҳар сол дар моҳҳои декабру январ воридшавии асъори нақди хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз ҳисоби кам шудани фурӯши пахта, муҳоҷирати муҳоҷирони меҳнатӣ кам мешавад. Бар замми ин, дар охири сол аз буҷет пули зиёд ба муомилот мебарояд, мардум маоши солона мегиранд, ба ҳамин хотир талабот нисбат ба доллари амрикоӣ зиёдтар мешавад. Ғайр аз ин бонкҳо ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти солонаашон машғуланд ва илова ба ин дар ин рӯзҳо сафари ҳаҷҷ оғоз шудааст ва ин албатта, талаботро ба асъори афзудааст. Худ қазоват кунед, агар 3000 зойир аз кишварамон бо дуюним ҳазор долларӣ аз кишварамон бароянд, чӣ мешавад?!»
Раҳмон Баҳромов, масъули идораи ояндабинии вазорати иқтисод ва тиҷорат мегӯяд, имкон дорад дар соли нав низ бинобар тадриҷан боло рафтани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, қимати арзи амрикоӣ дар Тоҷикистон чанд дарсад боло равад. Бар тибқи иттилоъи Бонки миллӣ, дар ҳоли ҳозир қимати расмии арзи амрикоӣ ба 319 сомонию 92 дирам баробар аст. Беқурбшавии арзи миллии сомонӣ дар соли равон панҷ дар сад афзудааст. Дар аввали соли 2005, 100 доллари амрикоӣ ҳудуди 303 сомонӣ арзиш дошт. Тайи 5 соли гузашта сатҳи беқурбшавии асъори миллӣ 45 дар садро ташкил додааст. Масалан, дар соли 2000-ум 100 доллари амрикоӣ муодили 220 сомонӣ буд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе

Имзои як санади ҳамкорӣ дар ҷодаи мубориза бо СПИД

Миёни вазорати тандурустии Тоҷикистон ва барномаи «Потенсиал» як санади ҳусни тафоҳум дар заминаи мусоидат ба барномаи мубориза бо бемории СПИД дар Тоҷикистон ба имзо расид. Бар асоси ин санад, барномаи «Потенсиал» бо кӯмаки молии созмони USAID барномаҳои омузишӣ ва таблиғотии мубориза бо СПИД-ро дар Тоҷикистон амалӣ мекунад. Зиёвиддин Афғонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар ин замина гуфт, ин барнома барои панҷ сол пешбинӣ шуда ва дар маҷмӯъ, барои чор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ 13 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, аз аввали соли оянда, яъне то чанд рӯзи дигар марказҳои табобати беморони СПИД дар Тоҷикистон фаъол хоҳад шуд. Ба ин манзур, мутахассисон дар хориҷ ва дохили кишвар ва аз ҷумла, бо кӯмаки ҷумҳурии исломии Ирон омода шудаанд. Бар асоси маълумоти муовини вазири тандурустии Точикистон, феълан, дар Тоҷикистон 506 нафар гирифторон ба ВИЧ СПИД сабт шудаанд. Аммо теъдоди гирифторон метавонад ба маротиб бештар аз ин бошад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе

Таъсиси марказҳои нав дар Тоҷикистон

Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон, дар кишвар «Маркази идораи Лоиҳаи назорати захираҳои обии водии Фарғона» таъсис ва муовини вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби кишвар Масаид Ҳомидов раиси муассисаи мазкур таъин шуд. Самеъ Камолов, масъули маркази таҳияи лоиҳаи назорати захираҳои обии Фарғона гуфт, муассисаи мазкур фаъолияти худро аз 23 январи соли оянда шурӯъ мекунад, ки он то соли 2010 идома хоҳад ёфт. Ӯ гуфт, лоиҳа истифодаи захоири обӣ дар ду ноҳияи шимоли кишвар, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом, инчунин обанбори Қайроққумро дар бар мегирад ва бо мақсади мустаҳкам кардани соҳилҳои обанбори Қайроққум ва боло бардоштани сатҳи амниятии ин сарбанд, инчунин беҳтар сохтани системаи ирригатсионӣ дар ду ноҳияи зикршуда тарҳрезӣ шудаст. Оғои Камолов ҳамчунин афзуд, ҷиҳати татбиқи лоиҳаи назорати захираҳои обии Фарғона, аз сӯи бонки ҷаҳонӣ 13 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.
Ва ҳамзамон бо ин, бар асоси қарори дигари ҳукумати кишвар дар навоҳии мухталиф корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Марказ Замин»-и Кумитаи давлатии заминсозии Тоҷикистон таъсис шуд. Дар ҳамин ҳол, Мардихудо Мирзохуморов, муовини раиси корхонаи воҳиди давлатии «Марказ Замин» дар бораи зарурати таъсиси корхонаҳои фаръӣ дар навоҳии кишвар гуфт, ин корхонаҳо бо аҳдофи таъмини ҳуқуқи истифодаи замин, бо сертификат таъмин намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва заминҳои президентии шаҳрвандон кумитаи ва бо сабаби он ки ҳаҷми корбарои кумитаи заминсозӣӣ афзоиш ёфтааст, таъсис шудааст. Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳур ба масъулони кумитаи заминсозӣ супориш додааст, ки тақсими заминҳои обии киштшаванда ба шахсони алоҳида ҷиҳати бунёди манзилро манъ кунанд. Оғои Мирзохуморов мегӯяд, имрӯз дар кишвар бештар аз 700 ҳазор гектар замини обии кишт мавриди истифода қарор дорад ва раиси ҷумҳури кишвар ҷиҳати ҳифзи ин қитъаҳои замин аз коҳиш ёфтан ба масъулон чунин як супориш додааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе

Тасвиби созишномаи деринтизори Тоҷикистон

Шӯрои Федератсия - палатаи болоии порлумони Русия рӯзи 27-уми декабр созишномаи миёни ин кишвар бо Тоҷикистонро дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории ҳар ду кишвар тасвиб кард. Ин санад, соли 2004-ум имзо ва муддатҳо пеш дар порлумони Тоҷикистон тасвиб шуда буд ва мақомоти ин кишвар дер боз мунтазири тасвиби он дар порлумони Русия буданд.
Вакилони Шӯрои Федератсияи Русия гуфтаанд, ки тасвиби ин санад раванди муҳоҷирати нерӯи кори хориҷӣ ба Русияро ба низом медарорад ва роҳҳои пайдо кардани кор дар Русияро барои муҳоҷирони тоҷик осон мекунад. Тибқи омори расмии ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола тақрибан 500 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар барои дарёфти кор ва рӯзӣ ба Русия муҳоҷират мекунад. Созмонҳои муҳоҷират вазъи ҳуқуқӣ ва шароити кори аксари онҳоро ниҳоят бад арзёбӣ мекунанд.

Додгоҳи олӣ замони муҳокимаи Мирзоевро таъин кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон замони оғози муҳокимаи парвандаи ҷиноии генерал Ғаффор Мирзоев, раиси собиқи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири ин кишвар ва ҳамроҳони ӯро ба таърихи 10-уми январи соли оянда таъин кард.
Ин дар ҳолест, ки Қаюм Юсуфов -- як тан аз вакилони мудофиаи Ғаффор Мирзоев мегӯяд тибқи муқаррарот оғози мурофиаи додгоҳӣ ва муҳокима бояд баъди ду ҳафтаи ворид шудани парванда ба Додгоҳ шурӯъ шавад. Ва парвандаи ҷиноии Ғаффор Мирзоев дар рӯзи 2 декабр ба Додгоҳи олӣ ирсол шуда буд. Аммо зиёд будани ҳаҷми парванда ба тамдиди оғози мурофиа боис шудааст. Оқои Юсуфов афзуд, ки дар заминаи дархости онҳо мақомоти тафтишот ногузир шудааст, бархе тағйирот ворид кунад: «Хурсандиовар аст имрӯз барои вакилони мудофиаи Ғаффор Мирзоев, ки бо қарори Прокурори генералии Тоҷикистон ҳангоми тасдиқ кардани хулосаи айбдоркунӣ ва пешниҳод ба суд бо нӯҳ лаҳзаи ҷиноятӣ аз ҷумла бо 8 лаҳза ба пуррагӣ ва як лаҳза қисман айбнома нисбат ба Ғаффор мирзоев қатъ карда шудааст.»
Аммо вакили мудофиаи Ғаффор Мирзоев ба далели зери лавҳи махфӣ қарор доштани парвандаи ҷиноии мазкур аз шарҳи ҷузъиёти ин лаҳзаҳои ҷиноӣ худдорӣ кард. Қарор аст, ба ҳамин далел муҳокима дар паси дарҳои баста сурат гирад.
Ғаффор Мирзоев -- раиси пешини Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон тобистони соли гузашта боздошт шуда, додситонӣ ба ӯ бо 34 моддаи қонуни ҷазои кишвар- аз ҷумла талоши исёни ҳарбӣ алайҳи давлат, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти ҳаққи гумрук ва молиёт, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, паҳн кардани варақаҳои зиддидавлатӣ айб эълон кардааст.

200 миллион сомонӣ қарзи корхонаҳои саноатӣ аз барқ

Вазорати энержии Тоҷикистон мегӯяд, қарзи корхонаҳои саноатии кишвар дар назди ин вазорат беш аз 200 миллион сомониро ташкил додааст. Аз он миён танҳо Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон аз нирӯи барқ зиёда аз 120 миллион сомонӣ, муодили 40 миллион доллари амрикоӣ қарздор шудааст. Ҷӯра Бобоев, мушовири вазири энержӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, изофа ба ин, қарзи корхонаи алюминиум аз барқ дар соли ҷорӣ 21, 5 миллион доллари амрикоӣ афзудааст. Оқои Бобоев ҳамчунин корхонаи обу корези шаҳри Душанбе, сохторҳои тобеи вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об, вазорати кишоварзӣ ва корхонаи «Адрасмон»-ро муассисаҳои асосии қарздор номид. Дар ҳамин ҳол, Ҷӯра Бобоев, мушовири вазири энержӣ аз ифтитоҳи як нирӯгоҳи ҷадид дар ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ хабар дод. Вай гуфт, иқтидори ин ниругоҳ 400 киловат соат буда, бо фаъол шудани он сокинони қисме аз рустоҳои Масчоҳи Кӯҳӣ пурра бо нирӯи барқ таъмин мешаванд. Дар соли ҷорӣ вазорати энержӣ боз се ниругоҳи хурди барқи обӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Панҷакент ва Дарвоз бунёд кардааст ва сохтмони панҷ ниругоҳи хурди дигар дар соли оянда дар назар аст. Ҳамзамон бо ёрии созмонҳои байналмилалии молӣ қарор аст, дар болооби рӯди Зарафшон шаш нирӯгоҳи хурд бунёд карда шавад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе

Мутаваққиф шудани фаъолияти Freedom House дар Тоҷикистон

Созмони амрикоии Freedom House ё Хонаи озодӣ фаъолияти худ дар Тоҷикистонро мутаваққиф кардааст. Сергей Давидянс - мушовири пешини барномаи созмони Хонаи Озодӣ дар Тоҷикистон гуфт, мушкилоти молӣ иллати аслии баста шудани дафтари ин созмон дар Тоҷикистон мебошад. Ӯ мегӯяд, «Гап дар ин аст, ки дар Вашингтон дар маркази созмон кадом мушкилоте дар заминаи молӣ пеш омадааст. Аз ин рӯ, маблағгузории барои барномаҳои намояндагии Хонаи озодӣ дар Тоҷикистон дар соли 2006 пешниҳод нашудаааст. Ва то дарёфти маблағ фаъолияти он мутаваққиф шудааст. Мақомоти роҳбарӣ дар Вашингтон тасмим гирифт, то пайдо кардани маблағ то моҳи сентябр - октябр фаъолияти худро боздорад.» Ба таъйиди ҳамин манбаъ, талоши ба такрори созмони Хонаи озодӣ дар ҷараёни фаъолияташ дар Тоҷикистон ҷиҳати сабти ном ва гирифтани иҷоза аз сӯи вазорати адлия бебарор анҷом шудааст. Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон барои ду навбати дархости сабти ном посухи рад дода гуфтаанд, асноди ин созмон бо қавонини кишвар муғойират доштааст. Ин дар ҳолест, ки Ричард Ҳоугленд -сафири ИМА дар Тоҷикистон дар ду ҳафтаи қабл дар як нишасти муштараки созмонҳои байналмилалии мададрасон ва масъулин аз идороти давлати Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд созмонҳои байналмилалӣ ва аз ҷумла, созмонҳои амрикоии назири Хонаи Озодӣ, Институти миллӣ- демократӣ ва Интернюс дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ ва қавонии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аммо масъулини бархе аз вазоратҳо қавонинро ба таври худ тавзеҳ дода дар роҳи сабти номи онҳо мавонеъ эҷод мекунанд. Вай афзудааст, новобаста аз мавҷудияти чунин мушкилот Амрико ба унвони як кишвари кӯмакрасон минбаъд низ ёрии худ ба Тоҷикистонро идома хоҳад дод. Сергей Давидянс - собиқ мушовири барномаи Хонаи Озодӣ дар Тоҷикистон гуфт, дар зарфи ду соли фаъолият ин созмон тавонистааст дар иҷрои бархе аз барномаҳoи худ муваффақ шавад. Оқои Давидянс ба унвони мисол аз таҳияи нахустин гузориши алтернативӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва иҷтимоии инсон дар Тоҷикистон бо ҳамкории намояндагии Оҷонси рушди Суис, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва бархе дигар аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ ном бурд, ки аз гузориши мушобеҳи давлат дар ин замина ба маротиб тафовут доштааст. Ба таъйиди ҳамин манбаъ, интизор меравад, созмони амрикоии Хонаи озодӣ фаъолияти худ дар Тоҷикистонро дар моҳи сентябр - октябри соли оянда аз сар гирад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе

ҲСДТ саҳифаи интернетӣ боз кард

Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонӣ бо нишониҳои www.hsdt-tj.org ва www.sdpt-tj.org саҳифаи интернетии худро боз кардааст. Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ ба радиои Озодӣ гуфт, «Мо мехоҳем ба барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҳизби сотсиал - демократ натанҳо дар дохили кишвар, балки дар миқёси ҷаҳон ошно шаванд. Албатта мо медонем, ки доштани саҳифаи интернетӣ танҳо масрафро тақозо мекунад, вале мо мехоҳем, аз тариқи саҳифаи интернетӣ бо алоқамандони худ ва бо афроде, ки мехоҳанд дар бораи ҳизби мо иттилои бештар дошта бошанд, пайваста дар тамос бошем».Ҳамчунин оғои Зоиров гуфт, дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 веб-сайт метавонад ба унвони як минбари озод барои ҳизб хизмат кунад. Раҳматулло Зоиров гуфт, ҳизби ҲСДТ се сол инҷониб мехоҳад рӯзномаи худро дошта бошад, аммо вазорати адлия бо сабабҳои номаълум аз сабти номи нашрияи ҳизб худдорӣ мекунад. Саҳифаи интернетии ҲСДТ дар як ҳостинги хориҷӣ сабт шуда ва айни ҳол, танҳо аз бахшҳои ахбор ва таҳлил иборат аст. Раҳматулло Зоиров, лидери ҲСДТ гуфт, дар наздиктарин фурсат бахшҳои дигари саҳифа низ фаъол хоҳад шуд. ҲСДТ баъд аз ҲНИТ дуввумин ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳифаи интернетии худро боз кардааст.

Президенти Эрон хостори тарҳи рушди фарҳангии се кишвари ҳамзабон шуд

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, бо дарназардошти забони муштараки форсӣ Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон бояд робитаҳои фарҳангиро тақвият диҳанд. Вай ин нуктаро дар мулоқот бо Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон изҳор дошт ва афзуд, бояд президентҳои ҳар се кишвар дар як мулоқот дар фурсатҳои наздик заминаҳои рушди фарҳангиро омода созанд. Вай гуфт, кишвараш "аз ҳама гуна нақшаи рушди равобити фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва варзишӣ дар миёни се кишвар пуштибонӣ мекунад. Хайруллоев, ки дар садри як ҳайъати сершумор ба Теҳрон сафар кардааст, аз Аҳмадинажод ҳамчун "як шахсияти бузурги Эрон ва сиёсатмадори бузурги ҷаҳони ислом" истиқбол кард. Вай паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро ба Аҳмадинажод тақдим кард ва ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистонро намунаи олии равобити байни ду кишвар номида, Аҳмадинажодро барои як сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард. Ҳайъати порлумонии Тоҷикистон як сафари шашрӯзаро дар Эрон анҷом медиҳад.

Кашфи бемории хатарнок дар Хоруғ

Табибони идораи байтории вилояти Бадахшон зимни муоинаи ҳайвоноти хонагии сокинони шаҳри Хоруғ панҷ мавриди бемории ҷунуни ҳайвонот дар говҳои сокинони маҳаллаи Барҷев ошкор кардаанд. Муовини сардори идораи байтории вилоят Панҷшанбе Мушкиев ба Радиои Озодӣ гуфт, бори аввал аст, ки дар миёни ҳайвоноти хонагии сокинони вилояти Бадахшон бемории ҷунуни гов мушоҳида шудааст.
Бемории ҷунун ба ҳайвоноти хонагии сокинони маҳаллаи Барҷев ба гуфтаи Панҷшанбе Мушкиев аз як шағол сироят кардааст. Шағол дар кӯҳдоман говҳоро газидааст, сагони деҳа шағолро хӯрда, сироят шудаанд. Кормандони идораи байторӣ сагонро аз байн бурда ва говҳои ба бемории ҷунун гирифторшударо сӯзонда зери хок кардаанд. Ба хотири роҳ надодани хуруҷи ин бемории хатарнок кормандони идораи байторӣ макони сукунати ҳайвонот ва манзилҳои соҳибони ҳайвонотро бо доруҳои махсус безарар кардаанд.
Ҳамчунин тасмим гирифта шудааст, ки ҳайвоноти хонагӣ ва сагҳо низ ба зидди ин беморӣ эм карда шаванд. Бемории кушандаи ҷунуни ҳайвонот метавонад, ба инсон сироят кунад ва сабаби марги он шавад.
Файзи Мирҳасан, Хоруғ

Мулоқоти Хайруллоев ва Аҳмадинажод

Дар Теҳрон мулоқоти ҳайъати порлумонии Тоҷикистон бо раҳбарии Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагон дар Теҳрон бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон баргузор шуд. Дар он ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар риштаи энержӣ, ҳамлу нақли бору коло, таҳкими равобити фарҳангиро баррасӣ карданд. Муовини сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Назрулло Сангинов дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Махсусан доир ба рушди ҳамкориҳо дар бахши энержӣ, тиҷорат сӯҳбат карданд. Ҳеҷ санади ҳамкорӣ имзо нашудааст."
Муовини сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Назрулло Сангинов афзуд, рӯзи якшанбе ҳайъати 17-нафараи порлумони Тоҷикистон инчунин бо вазири умури хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ ва раиси порлумони Эрон Ғуломалӣ Ҳаддод Одил мулоқот карданд.
Боздиди ҳайъати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Эрон то 30-юми декабр идома мекунад, ва то он муддат қарор аст, вакилони мардумии Тоҷикистон бо фаъолияти ҳамтоёни эрониашон аз наздик ошно шаванд. Дар барномаи сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Эрон инчунин боздид аз Кумитаи имдоди ба номи имом Хумайнӣ ва ошноӣ бо донишгоҳҳои ин кишвар дар назар гирифта шудааст. Баъди анҷоми бахши расмии ин боздидҳо қарор аст, аъзои маҷлиси Тоҷикистон аз ду шаҳри қадимии Эрон - Исфаҳону Шероз низ дидан кунанд.
Хиромон Бақозода

Сафари ҳайати порлумонии Тоҷикистон ба Теҳрон

Ҷиҳати таҳким бахшидан ба муносиботи байнипорлумонии Тоҷикистону Ирон як ҳайати порлумонии Тоҷикистон ба Теҳрон сафар кард. Ҳайати вакилони порлумони Тоҷикистонро раиси Маҷлиси Намояндагон Сайдулло Хайруллоев роҳбарӣ мекунад. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайъати порлумонии Тоҷикистон барои нахустин бор бо даъвати Маҷлиси Шӯрои Исломии Ирон аз ин кишвар боздид мекунад. Қарор аст, зимни сафар раиси Маҷлиси Намояндагон Сайдулло Хайруллоев бо раиси Ҷумҳурии исломии Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ирон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, вазири умури хориҷии ин кишвар Манучеҳри Муттакӣ ва сарпарасти Кумитаи Имдоди Ҳумайнӣ ҷаноби Найирӣ дидору мулоқот анҷом диҳад. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумони Тоҷикистон пиромуни аҳдофи сафари ҳайати вакилони порлумони ин кишвар ба ҷумҳурии Ирон гуфт:
«Мақсади ҳайати порлумонии мо аз таҷрибаи мақомоти қонунбарори Ирон омӯхтан ва бо фаъолияти ин ниҳод шинос шудан аст. Боздиди ҳайати мо аз Ирон дар пайи сафари ҳайати вакилони мардумии Ирон аз Тоҷикистон сурат мегирад.»
Ба гуфтаи оқои Султонов, равобити байнипорлумонии Тоҷикистону Ирон пас аз таъсиси гурӯҳҳои дӯстии вакилони мардумии ин ду кишвар таҳким ёфтанд. Ахиран толори Маҷлиси Намояндагон бо дастгирии молии Ҷумҳурии Ирон таҷдид ва бо фанноварии муосир муҷаҳҳаз гардид. Боздиди ҳайьати порлумонии Тоҷикистон аз Ирон то 30-юми декабр идома хоҳад кард.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе

Созишномаи Тоҷикистон ва Русия дар боби муҳоҷират ба тавсиб расид

Думаи давлатии Русия созишномаи миёни ин кишвар ва Тоҷикистонро дар бобати муҳоҷирати нирӯи кор, ки ҳанӯз дар 16-уми октябр дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд, ба тасвиб расонд. Ин ҳуҷҷат ба осон кардани итиқомат ва кори муваққатии шаҳрвандони ду давлат дар қаламрави ҳамдигар нигаронида шудааст. Ба сурати умум созишномаи Тоҷикистону Русия муҳоҷирати шаҳрвандони ду кишварро ба низом меорад ва қарор аст, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷиронро дар ҳудуди ду кишвар таъмин намояд. Ҳамзамон санади байнидавлатӣ масъулияти кордиҳандагонро дар истифодаи нирӯи кори муҳоҷирон афзоийш медиҳад. Чунончи, онҳо бояд кормандро бо шароити мӯътадили кору зиндагӣ, табобат, истироҳат ва музди кор таъмин намуда, бо поёни давраи кори муҳоҷир ба ӯ ҳамаи санадҳои заруриро бидиҳанд. Ин созишнома ба муддати 5 сол баста шуда, минбаъд ҳар дафъа бо ризоияти тарафайн барои се соли дигар тамдид мешавад. Ноиби аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Чекалин, ки созишномаро ба вакилони Думаи давлатии Русия муаррифӣ кард, гуфт, Тоҷикистон дар судури нирӯи кор ба Русия дар ҷои чаҳорум қарор дорад ва дар соли гузашта зиёда аз 23 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия расман кор мекард ва 3 500 шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон. Вай афзуд, тавсиби созишнома ба ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати нирӯи кор ва пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии нирӯи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мусоидат хоҳад кард. Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Сафар Сафаров гуфт, созишномаи нав муҳоҷирони тоҷикро дар "майдони ҳуқуқӣ ва қонунӣ" қарор хоҳад дод.

Баёнияи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ доир ба интихобот

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон эҳтимоли эътилофи ин ҳизб бо Ҳизби ҳокими халқӣ- демократӣ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳуриро рад накардааст.
Раиси Ҳизби Наҳзат ва раҳбари мухолифини пешини тоҷик дар гуфтугӯ бо нашрияи мустақили "Миллат" ба ин суол «Мумкин аст ,ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ бо ҳизби ҳоким дар интихоботи оянда эътилоф кунад, чунин посух медиҳад: «Ин чиз ҳам аз эҳтимол дур нест. Мо наметавонем, ҳизбҳоро аз ҳамдигар ҷудо кунем, дигар вақти он расидааст, ки мо дар асоси кинаву адоват фаъолият намекунем, дар асоси манфиатҳои миллиамон кор мекунем, яъне агар ҳизби ҳоким аз дигар ҳизбҳо манфиатҳои миллиро бештар ҳал кунад, мо дар танҳоӣ агар ба мақсад нарасем, метавонем, ҳамроҳи онҳо барои мардум хидмат кунем.»
Мусоҳибаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳоле ба нашр мерасад, ки ба таъйиди наздиконаш ӯ ҳоло таҳти табобат қарор доштааст. Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ - муовини аввали раис ва Ҳикматулло Сайфуллозода - раҳбари дафтари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфтанд, ҳарчанд раиси ҳизб метавонад, дар ин ва ё он масъала мустақил тасмим бигирад, аммо дар масъалаи интихобот ва таъсиси эътилофи сиёсӣ ҳарфи охирро анҷумани ҳизб баён хоҳад дошт. Муҳиддин Кабирӣ гуфт, то маъракаи интихоботи президент фурсат кам нест ва аз тарафи дигар дар сӯҳбати раиси ҳизб эҳтимоли ташкили эътилоф бо аҳзоби дигар низ таъкид шудааст: "Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ошкор гуфтаанд, ки дарҳо барои гуфтушунид бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ боз аст ва тасмимро танҳо раёсат мегирад. Он кас нагуфтаанд, ки ин масъала аллакай ҳал шудааст ва мушаххасан нагуфтаанд, ки бо ин ё он ҳизб эътилоф мекунем."
Ҳикматулло Сайфуллозода - раҳбари дафтари Ҳизби Наҳзат гуфт, ӯ низ чунин меҳисобад, ки азбаски замони рӯёрӯӣ ва рақобати нирӯҳои мутахосим дар кишвар бо поёни ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ хотима ёфта ва афзун бар ин миёни раҳбарони олии ҳарду ҳизб равобити ҳасана ба вуҷуд омадааст, изҳори назари раиси ҳизб баёнгари воқеияти имрӯзи кишвар будааст.
Изҳори назари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзат дар ҳоле садо медиҳад, ки Раҳматулло Зойиров - раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон, яке дигар аз аҳзоби мухолифи давлат дар ҳафтаи гузашта имконияти бо ҳизби ҳоким канор омадани аҳзоб, ба ҷуз аз ҳизби зери раҳбарии худро тахмин зада буд.

Ин ҷоро клик кунед ва изҳори назари Раҳматулло Зоировро дар робита ба баёнияи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бишнавед.
Вокуниши Давлаталӣ Давлатов муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар робита ба баёнияи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Кӯмаки СММ ба хонаводаҳои ниёзманди Панҷакент

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба хонаводаҳои онҳое, ки дар майдонҳои аз тарафи мақомоти Узбакистон минакоришудаи марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон ба ҳалокат расидаанд ва ё ҷароҳат бардоштаанд, кӯмаки моливу ғизоӣ кардааст.
Тибқи иттилои Абдулмаҷид Бозоров идораи шаҳрии созмони Ҳилоли Аҳмар барои осебдидагони чор ҷамоат, Хурмӣ, Амондара, Моғиён ва Фароб маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду равған тақсим кардаанд. Тибқи иттиллои идораи умури дохилаи шаҳри Панҷакент, аз соли 2000-ум то моҳи сентябри соли 2004 бар асари таркиши минаҳо дар марзи Ӯзбакистону Тоҷикистон 20 сокини ноҳияи Панҷакент ҷон дода ва 33 нафари дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд, ки аксарияти онҳо ҳоло маълуланд.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ин афрод, ки асосан дар рустоҳои назди марзи Тоҷикистону Узбакистон ба сар мебаранд, ҳангоми нигоҳубини ҳайвоноти хонагӣ, ҳезумчинӣ ва ё убури марз ба мина бархӯрдаанд. Бино ба иттиллои мақомоти Ӯзбакистон, мақомоти ин кишвар амалиёти барчидани минаҳо аз марзро шурӯъ кардаанд.
Шоҳини Равшан, Панҷакент

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмонов аз вазъи маориф

Абдуқайюми Қайюмзодё

Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти вазорати маорифи ин кишвар изҳори ноқаноъатмандӣ кардааст. Вай зимни суханронӣ дар ҷаласаи саросарии кормандони соҳаи маориф гуфтааст, бо вуҷуди таваҷҷўҳи давлат ба бахши маориф ва сармоягузории барномаҳо дар ин соҳа афзудани шумораи макотиби таълимоти ҳамагонӣ ва олӣ ҳамоно вазъи тарбия ва парвариш ғайриқаноъатбахш боқӣ мондааст.
Оқои Раҳмонов ҳамчунин дар бархе маврид масъулини соҳаи морифро ба фасодкорӣ низ муттаҳам кардаааст. Дар иттиллоияи маркази матбуоти раёсати ҷумҳурӣ аз ҷумла гуфта мешавад, "президент Раҳмонов аз ҷумла аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар бархе аз навоҳӣ мавридҳои ришваситонӣ ҳангоми тақсими компютерҳои аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии президент харидорӣ шуда ва дар хонаҳои шахсӣ пинҳон кардани онҳо мушоҳида шудааст."
Раиси ҷумҳур ҳамчунин аз мақомоти роҳбарии вазорати маориф низ интиқод карда ва аз ҷумла гуфтааст, ки бар асари беэътиноии роҳбарияти вазорати маориф 4 номгўи китоби дарсӣ, ки бо маблағи калон дар хориҷ чоп шуда буд, аз барномаи таълимӣ хориҷ шуданд. Дар ин самт масъулин ба ришвахӯрӣ, хешутаборчигӣ ва манфиатҷўии шахсӣ роҳ доданд.
Эмомалӣ Раҳмонов аз нирӯи мактабиён истифода кардани мақомоти маҳаллӣ ҳангоми ҷамъоварии ҳосили пахтаро низ як амали нораво ва ғайриқонунӣ гуфтааст. Дар ин ҷаласа ба бархе аз мақомоти вазорати маориф ва роҳбарони ноҳияҳо огоҳӣ, ё танбеҳ эълон шуда ва барои ислоҳи вазъ мӯҳлат муайян шудааст. Раиси ҷумҳур ҳамчунин таъкид кардааст, ки аз соли нав маоши моҳонаи омўзгорон афзоиш дода мешавад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе

Тавсияи сафорат ба шаҳрвандони Амрико

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандони амрикоӣ, ки дар Тоҷикистон ҳастанд ва ё қасди сафар ба ин кишварро доранд, ёдрас кардааст, ки барои ҳифзи амнияти худ аз эҳтиёт кор бигиранд.
Дар баёнияи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта нашр шудааст, бо ишора ба ҳушдори вазорати умури хориҷаи Амрико аз 13-уми декабр омадааст: "Иттилооти ҷорӣ баёнгари он аст, ки Ал-қоида ва созмонҳои вобастаи он ҳамчунон қасди ҳамлаҳои террористӣ ба манофеъи Иёлоти Муттаҳида дар манотиқи мухталифи олам, аз ҷумла Аврупо, Осиё, Африқо ва Ховари миёна доранд. Ба шаҳрвандони Амрико тавсия дода мешавад, ки бисёр эҳтиёткор бошанд ва барои ҳифзи амнияти хеш иқдоми муносиб бигиранд."
Дар идомаи баёнияи сафорати Амрико гуфта мешавад, Тоҷикистон муддатҳои тӯлонӣ як роҳи транзитӣ барои тундравон будааст ва иттилооти чанде пеш нишон медиҳад, ки раванди мазкур идома дорад. Сафорат афзудааст, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки худи Тоҷикистон мавриди ҳадаф қарор бигирад. Сафорати Иёлоти Муттаҳида ба амрикоиҳо гӯшзад кардааст, ки аз рафтан ба манотиқи пурҷамъият парҳез намоянд.

IMF қарзи 19 кишвари фақиртарин, аз ҷумла Тоҷикистонро бахшид

Сандуқи байнулмилалии пул (IMF) дирӯз қарор кард, қарзи 19 кишвари фақиртаринро, ба ҷумлаи Тоҷикистон, пурра беэътибор эълон кунад, хабар дод Родриго де Рато, мудири идории он. Вай гуфт, ин тасмим бо пешниҳоди ҳаштгонаи кишварҳои пешрафта ва тибқи Барномаи ҳадафҳои ҳазора гирифта шудааст. Тоҷикистон ва Камбодия дар охирин лаҳза ба номгӯи кишварҳои гурӯҳи аввал, асосан африқоӣ, дохил карда шуд, ки аз Бенин, Боливия, Буркина Фасо, Гана, Гаяна, Мадагаскар, Мозамбик, Молӣ, Никарагуа, Нигер, Руанда, Сенегал, Танзаниё, Угандо, Замбия, Ҳабашистон ва Ҳондурас иборатанд. Ба сурати умум IMF қарзи баробар бо 3 миллиарду 300 миллион долларро бахшид. IMF мегӯяд, ин сабукӣ бояд ба кишварҳо имкон диҳад, риштаҳои тандурустӣ, омӯзишу парвариш ва зербинои иҷтимоиро таҳким диҳанд. Лағви қарзҳои IMF идома хоҳад кард. Интизор меравад, қарзи 57 миллиарддолларии 20 кишвари дигари фақир низ бекор карда шавад.

Додгоҳи низомии Тоҷикистон муҳокимаи Собир Седойро шурӯъ кард.

Додгоҳи низомии Тоҷикистон баррасии парвандаи Собир Мамадҷонов, мулаққаб ба Собир Седой, раиси собиқи корхонаи тавлидоти чинивори Турсунзода, сарбози собиқи Гордии президенти Тоҷикистонро шурӯъ намуд. Надежда Петрова, додраси парвандаи Собир Мамадҷонов, дар як сӯҳбати бидуни микрофон оғози баррасии парвандаи мазкурро таъйид кард, вале бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди халал ба ҷараёни муҳокима аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард.
Тавре аз додситонии кулли Тоҷикистон ба хабаргузориҳо иттилоъ додаанд, "дар ҷараёни тафтишоти қаблӣ мушаххас шудааст, Собир Мамадҷонов дар қатли 10 нафар, ғорати амволи давлатӣ дар солҳои 1996-1997 ва чанд ҷиноёти дигар муттаҳам дониста мешавад". Ба гуфтаи ин манбаъ, "оқои Мамадҷонов ҳангоми ифои вазифа дар горди президентии Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода, 70 километрии ғарби Душанбе як мошини мусофирбарро ҳадафи тир қарор дода, шаш нафарро ба қатл расондааст".
Ҳамчунин Собир Мамадҷонов "дар куштори сокинони ноҳияи Турсунзода, падару фарзанд, Давлатёровҳо" дар моҳи ноябри соли 1997 муттаҳам дониста мешавад.
Додситонии кулли Тоҷикистон раиси собиқи корхонаи тавлидоти чинивори Турсунзодаро дар ғорати амволи давлатӣ ба маблағи беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ "гумонбар" медонад.
Ба қавли мақомоти Тоҷикистон Собир Мамадҷонов аз сӯи ниҳодҳои интизомии ҷумҳурӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт ва тобистони соли ҷорӣ дар Русия боздошт ва ба Душанбе таҳвил дода шуд.
Аммо тавре Саид Ҷурақулов, раҳбари идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳангоми боздошт ва таҳвили Собир Мамаҷонов ба Душанбе гуфта буд, "ӯ бо гаравгонгирӣ, ширкат дар муқовиматҳои мусаллаҳона алайҳи давлати Тоҷикистон дар солҳои 1995-1998, талоши табаддулоти давлатӣ, таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад". Собир Мамаҷонов як тан аз аъзои гурӯҳи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев номбар мешавад, ки пас аз шикасти ошӯби соли 1998 ба хориҷи Тоҷикистон фирор карда буд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ба шаҳраки як замон машҳури Шӯроб чӣ шуд? ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG