Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Сунниҳои Ироқ қатли Саддомро ба сарони шиъа нисбат медиҳанд

Садҳо нафар аз сунниҳои Ироқ имрӯз дар як тазоҳурот раҳбарони шиъа Муқтадо ал-Садр, сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Маликӣ ва оятулоҳи аъзам Алӣ ал-Сиистониро дар эъдоми Саддом Ҳусейн айбдор карданд. Эътирозгарон дар як ҳамоиш дар рустои Давр, ҷое ки Саддом дар моҳи декабри соли 2003 аз тарафи нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида боздошт шуда буд, эъдоми раҳбари собиқи Ироқро як амали интиқомҷӯёна номиданд.


Дар як раҳпаймоии сӯгворона дар пойтахти Урдун, Уммон, духтари калонии Саддом Рағад падари худро шаҳид унвон кард. Дар қаламравҳои фаластинӣ ва Кашмири таҳти назорати Ҳиндустон дар пайванд ба эъдоми Саддом Ҳусейн намоишҳои эътирозӣ барпо шуд.


Садҳо нафар аз сӯгдорон, дар ин байн, қабри Саддомро дар рустои Ауча, наздикии шаҳри Тиқрит зиёрат мекунанд. Ин дар ҳолест, ки хабари қатли Саддом Ҳусейн дар аксари манотиқи Ироқ ба иду хурсандӣ табдил ёфтааст.

Таҷлил аз Иди қурбон дар Тоҷикистон

Имрӯз дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон мардуми кишвар аз Иди қурбон таҷлил мекунанд, ки яке аз ҷашнҳои муҳими исломӣ мебошад. Шоми дирӯз, дар бегоҳи ид таъомҳои идона пухта шуд ва имрӯз одамон ба манзили ҳамдигар меҳмон мешаванд ва ҳамчунин ба арвоҳи гузаштагон дуъову фотеҳа ва хатми Қуръон мефармоянд.


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов иди қурбонро ба мардуми кишвар табрик гуфта, аз онҳо хост, ахлоқи нек ва саховатмандӣ нишон диҳанд. Иди Қурбон ҳамзамон бо расми қурбонӣ дар ҳаҷҷ баргузор мешавад. Вай дар паёми худ гуфт:


"Дар ин замина дар кишвари мо дар арафаи чунин идҳо дастгирии моддӣ ва кӯмак ба эҳтиёҷмандон ба ҳукми анъана даромадааст. Бахусус аз тарафи ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд чунин амали неку савоб бештар сурат мегиранд ва мо умедворем, ки кӯмаки онҳо нисбат ба солҳои гузашта боз ҳам афзун мегардад."


Имрӯз зиёда аз 2 миллион зоири мусулмон, ки шабро бо ниёишҳо ба даргоҳи офаридгор дар Муздалифа ба сар бурданд, вориди саҳрои Мино мешаванд, то рамзи иблисро санг зананд. Хабаргузориҳо мегӯянд, иттилоъи қатли Саддом Ҳусейн дар миёни зоирони хонаи худо нороҳатӣ эҷод кардааст. Дар ҳаҷҷи имсола зиёда аз чоруним ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон низ ширкат мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба қатли Саддом Ҳусейн вокуниш нишон дод

Дар ҳоле ки эъдоми президенти собиқи Ироқ Саддом Ҳусейн дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон вокунишҳои гуногун ба амал овардааст, дар Тоҷикистон низ аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кардаанд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Игор Сатторов гуфт: "Дар шароити феълӣ манъи иҷрои ҳукми Додгоҳи олии ҷиноии Ироқ ва ё табдили он ба ҷазои дигар метавонист ба таҳкими назму субот дар Ироқ ва куллан минтақа кӯмак расонад."


Дар ҳамин мавзӯъ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ гуфт: "Саддом Ҳусейн рамзи муборизаи исломӣ дар Ироқ ва ё ҷаҳон набуд. Аммо пеш иди мазҳабӣ, Иди қурбон эъдом кардан воқеъан як кори хеле аҷибе менамояд ва метавонад ӯро дар оянда ба як рамзи муборизаи мазҳабӣ табдил диҳад."


Вазорати корҳои берунаи Русия дар вокуниш ба эъдоми раҳбари пешини Ироқ изҳори таассуф кард ва ҳушдор дод, ки ин воқеъа метавонад ба бад шудани вазъият дар Ироқ боис гардад. Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Австралиё, Исроил ва Эрон муҳокима ва эъдоми Саддомро одилона номиданд.

Таркишҳои марговар ба думболи эъдоми Саддом Ҳусейн

Ошӯбгарони ироқӣ ба думболи қатли раҳбари собиқи Ироқ Саддом Ҳусейн дар чанд минтақаи Ироқ таркишҳоеро созмон доданд, ки бар асари онҳо камаш 70 нафар кушта шудааст. Дар таркише дар шаҳри шиъанишини Куфа, 160- километрии ҷануби Бағдод, 30 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Дар таркиши дигар, дар шимоли Бағдод 25 нафар ба ҳалокат расид ва 65 нафари дигар маҷрӯҳ гашт. Ва дар инфиҷоре дар шаҳри Наҷаф даҳҳо тан кушта шудаанд.


Хабргузориҳо ин ҳамлаҳоро посухи шӯришгарон ба эъдоми раҳбари собиқи Ироқ номиданд. Дар ин байн ҷасади Саддом Ҳусейн дар зодгоҳи ӯ, деҳаи Авҷаи наздикии шаҳри Тиқрит, дар шимоли Бағдод, дар қабристоне дафн карда шуд, ки писарони ӯ Удай ва Қусай гӯронда шудаанд. Ҳарду писари Саддом дар тобистони соли 2003 аз тарафи нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида кушта шудаанд.


Саддом Ҳусейн бо қарори додгоҳи махсуси Ироқ, ки ӯро дар қатли 148 сокини дуҳаи Дуҷайл дар соли 1982 айбдор донист, дар бомдоди рӯзи шанбе, 30-юми декабр, дар Бағдод ба дор кашида шуд.

Ҳукми эъдоми Саддом Ҳусейн ба иҷро расид

Субҳи имрӯз, баъд аз намози бомдод ҳукми қатли диктатори собиқи Ироқ Саддом Ҳусейн ва ду шарики ӯ дар шаҳри Бағдод ба иҷро расид. Ин ҳукм дар 5-уми ноябр, дар робита ба куштори 148 сокини рустои Дуҷайл дар соли 1982 эълон шуда буд. Якҷо бо Саддом бародари угайи ӯ Барзан Иброҳим ва Авод Ҳамид Ал Бандар, раиси собиқи додгоҳи инқилобии Ироқ, ки бо ҳамин парванда айбдор шудаанд, низ ба қатл хоҳанд расид.


Вакилони дифоъи Саддом Ҳусейн дар охирин соатҳои пеш аз иҷрои ҳукм ба додгоҳи федероли Иёлоти Муттаҳида муроҷиат карданд, ки аз таҳвили Саддом ба дасти ироқиҳо ҷилавгирӣ кунад, вале додгоҳ посух дод, ки Саддом ба низоми додгустарии Амрико дахл надорад. Духтари Саддом, Рағд, ки дар Урдун ба сар мебарад, хостааст, ҷасади падараш муваққатан дар Яман ба хок супурда шавад.

Саддом Ҳусейн соатҳои наздик ба қатл хоҳад расид

Тибқи хабарҳои расида диктатори собиқи Ироқ Саддом Ҳусейн эҳтимолан дар соатҳои наздик ба дор кашида шавад. Мушовири сарвазири Ироқ Нурӣ Ал Маликӣ гуфт, ҳукми қатли Саддом бомдоди шанбе, соати 6-и субҳ ба вақти Бағдод ва 8 ба вақти Душанбе, ба иҷро хоҳад расид. Вай афзуд, соати иҷрои ҳукм дар мулоқоти намояндагони Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ шоми ҷумъа муайян гаштааст. Хабаргузории Ассосиейтед Пресс мегӯяд, соате пеш шоҳидони расмии иҷрои ҳукм дар пойгоҳи амни Бағдод, мавсум ба Минтақаи Сабз ҷамъ шудаанд.


Финлонд ба ҳайси раиси даврии Иттиҳоди Аврупо бори дигар мухолифати худро ба қатли Саддом Ҳусейн эълон кард. Изҳороти Иттиҳоди Аврупо баъд аз он нашр шуд, ки кумиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Луиза Урбор гуфт, ба адолати муҳокима дар додгоҳ шубҳа дорад ва даъват кард, аз эъдоми Саддом худдорӣ шавад. Дар ин байн нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ низ омода шудаанд, бо хушунатҳои эҳтимолӣ рӯёрӯй кунанд.

Узбакистон ба нақли барқи Қирғизистон розӣ нашуд

ақ

Масъалаи тронзити нируи барқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбакистон дар музокироти масъулини ин ду кишвар дар Тошканд роҳи ҳалл пайдо накардааст. Рашид Гулов- муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфт,ки адами имконоти фаннӣ дар хутути баландшиддати интиқоли нируи барқи Ӯзбакистон далели радди тақозои Тоҷикистон дар ин замина шудааст.


Вай афзуд дар ин музокирот ҳамчунин масъалаи мизони пардохти Тоҷикистон ба Ӯзбакистон барои барқи содиротӣ аз Қирғизистон ,ки тавассути шабакаҳои барқгузари Ӯзбакистон имконпазир мешавад , ҳалношуда боқӣ мондааст.Аммо бо ин вуҷуд, афзуд оқои Гулов Тоҷикистон тавонистааст нируи барқи Қирғизистонро дар вилояти Суғд дар шимоли ин кишвар ворид кунад.


Ба таъйиди муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистону Ӯзбакистон дар Тошканд дар робита ба содироти мавсимии нируи барқи ин кишвар ба Тоҷикистон дар фасли сармо ва ҳамин тавр дар фасли тобистон аз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон ба тавофуқ даст ёфтаанд.


Бар асоси тавофуқоти ҳосилшуда аз моҳи январи соли оянда то охири моҳи марти соли 2007 Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ба миқдори 600 миллион киловат соат нируи барқ бо қиммати якунимсентӣ барои ҳар киловат соат ва Тоҷикистон ба Ӯзбакистон дар фасли тобистон 900 миллион киловат соат бо арзиши яксентӣ содир хоҳанд кард.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе

Тоҷикистону Узбакистон ба ҳамдигар барқ медиҳанд

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи судури нируи барқ аз Ӯзбекистон ба ин кишвар тавофуқ карданд.


Ин созишнома дар пайи як боздиди кории вазири энержию саноати Тоҷикистон Шералӣ Гулов ва раиси ширкати «Барқи Тоҷик» Шарифхон Самиев аз Тошканд баимзо расид.


Тибқи ин қарордод, сар аз моҳи январи соли 2007 то охири моҳи март, ба Тоҷикистон ҳудуди 600 миллион киловот соат нируи барқи Ӯзбекистон ворид мешавад.


Дар навбати худ Тоҷикистон тобистони соли оянда 900 миллион киловот соат нируи барқашро ба Ӯзбекистон таҳвил медиҳад.

Ҳамзамон дар аснои мулоқоти вазири энержию саноат бо мақомоти кишвари ҳамҷавор, масъалаи тронзити барқи Қирғизистон тавассути қаламрави Ӯзбекистон баррасӣ шуд, аммо дар ин масъала ҷонибҳо ба натиҷаи ниҳоӣ нарасиданд.

Тоҷикистон дар Киев намояндагии тиҷорӣ мекушояд

Дар шаҳри Киев, пойтахти Укроин барои ифтитоҳи намояндагии тиҷории Тоҷикистон қитъаи муайяни замин ҷудо карда шуд.


Ахиран Шӯрои Киев ба мақомоти намояндагии тиҷории Тоҷикистон барои се соли оянда 0,24 гектор замин аз хиёбонҳои марказии пойтахти Укроинро ба иҷора дод. Ба ҷонибдорӣ аз таъсиси намояндагии тиҷории Тоҷикистон ва иҷозаи фаъолияти он дар Киев 71 вакили мардумии ин шаҳр раъй доданд.


Қароргоҳи намояндагии тиҷории Тоҷикистон дар соли оянда дар мавзеъи ҷудошуда бунёд хоҳад ёфт.

Охирин ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2006

Дар охирин ҷаласаи ҳукуматии соли равон 29 низомномаи нави вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои назди Ҳукумат тасдиқ карда шуд.


Ҳамзамон бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон 107 мансабдор аз вазифа озод ва 55 нафар ба вазифаҳои масъули сатҳи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ таъин гардиданд. Аз ин миён шаш нафарашон занон мебошад.


Аъзои ҳукумат пас аз баррасии кадрҳо дар бораи роҳҳои иҷрои Қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2007 табодули назар карданд.


Дар ин ҷаласа инчунин Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Барномаи рушди соҳаи геология барои солҳои 2007-2015 ва созишномаҳои ҳамкории вазороти маорифи Тоҷикистон ва таҳсилоти олии Афғонистон тасдиқ шуд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе

Таъини ҳаққи узвият дар Созмони Милал

yv

Созмони Милал барои Тоҷикистон камтарин ҳаққи узвият дар ҳаҷми 0,001 дар сади буҷаи СММ баробар ба тақрибан 20 000 долларро муайян кардааст.


Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳадди ҳақулузвияти кишварҳои узвро барои солҳои 2007-2009 муайян кардааст. Дар ин бора маркази иттилоотии Милали Муттаҳид хабар медиҳад. Маҷмаи кулл пас аз мубоҳисоти бардавом ба хулоса омад, ки усули тақсими хароҷоти созмонро бетағйир мемонад, яъне ҳар кишвар вобаста ба имконоти молияш ҳаққи узвият пардохт мекунад.


Амрико ҳамоно аз ҳама бештар ба ин созмон ҳаққи аъзогӣ месупорад, 22 дар сади буҷаи СММ аз сӯйи ин кишвар такмил меёбад. Ҳаққи Ҷопон низ се дар сад поин рафта ва то се соли оянда шонздаҳуним фоизи хароҷоти маблағҳои созмон ба дӯши ин кишвар мешавад.


Русия 1,2 фисади буҷаи Милали Муттаҳидро пур мекунад. Аммо аз Тоҷикистон дар баробари Малдоваю Қирғизистон, камтарин ҳаққи узвият пурсида мешавад, 0,001 фоиз. Ин тақрибан 20 ҳазор доллари амрикоист.


Тоҷикистон моҳи марти соли 1992 ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

Нашри нахустшумораи "Озодагон" дар Душанбе

СМ

Рӯзи панҷшанбеи 28 декабр дар Тоҷикистон боз як нашрияи нав ба дасти чоп расид. «Озодагон» ҳафтаномаи шахсист. Муассис ва сардабири газета Зафар Суфии Фарғонӣ аз рӯзноманигорони шинохташуда дар кишвар аст.


Ӯ мегӯяд, ҳадафи аслии нашри газета дарҷи матолибест, ки ба ормонҳои миллӣ, мушкили забони форсии тоҷикӣ, маъориф, фарҳанг ва таърихи миллат бахшида шудаанд.


Аз Зафар Суфии Фарғонӣ мепурсам, ки оё хавфи муаррифии газета ҳамчун як ҷаридаи миллатгаройӣ вуҷуд надорад? Ӯ гуфт: «чаро дигарон миллати худро дӯст доранду мо тоҷикон на? Мо як миллате ҳастем, ки таъриху фарҳанги қадимтар ва ғанитар дорем. Аз сӯи дигар, ҳар мақолае, ки нашр мешавад, бо факту рақам мураттаб аст. Фикр намекунам, ки мо миллатгаройем, мо газетаи миллатдӯстем!»


Дар ҳамин маврид «Озодагон» панҷумин ҳафтаномаест, ки дар се моҳи ахир дар Душанбе нашр шудааст. Қаблан дар кишвар газетаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва тафреҳии «Сафина», «Нигоҳ», «Фараж» ва «Овоза» ба дасти чоп расиданд.


Коршиносон мегӯянд, пас аз ҷилавгирии муваққатӣ аз номнависии газетаҳо дар арафаи маъракаҳои интихоботӣ теъдоди газетаҳо дар кишвар хоҳанд афзуд.

Сайёфи Мизроб, Душанбе

Қасди ҲНИТ барои ширкат дар интихоботи такрории порлумонӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар муборизоти интихоботӣ дар се ҳавзаи инфиродӣ дар вилояти Хатлон - ҷануби ин кишвар номзадҳои худро барои дарёфти мандати вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон ширкат диҳад. Ҳикматулло Сайфуллозода -раҳбари маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт,ки қарори пешниҳоди номзадҳо аз ҳизб барои дарёфти мандати вакилӣ дар ҷаласаи ахири Шӯрои сиёсӣ иттихоз шудааст.


Баргузории интихоботи такрорӣ дар ҳавзаҳои интихоботии вилояти Хатлон дар пайи қабл аз мӯҳлат қатъ кардани узвияти Ғайбулло Афзалов ва Шукурҷон Зуҳуров дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имконпазир шудааст.


Дар ду рӯзи пеш Камиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълом кард, афрод ва созмонҳои сиёсӣ,ки ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд, метавонанд то рӯзи ҳафтуми моҳи январи соли оянда барои сабти номи номзадҳо ба мақоми вакилӣ дар ин ҳавзаҳо аснод пешниҳод кунанд.


Зеро бар асоси Қонуни интихоботи Маҷлиси Намояндагон баъд аз қатъи узвият дар порлумон дар ин ҳавзаҳо бояд тайи се моҳи оянда интихоботи такрорӣ баргузор шавад. Дар ҳамин ҳол аз аҳзоби дигари кишвар ҳанӯз иттилое барои ширкат дар интихоботи ҳавзаҳои инфиродӣ дар вилояти Хатлон нарасидааст.


Вале Раҳматулло Зоиров-раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ гуфт, ки ба эҳтимоли қавӣ ҳизбаш дар ин ҳавзаҳо аз пешниҳоди номзад худдорӣ хоҳад кард. Аммо масъулини Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ,ки аксари курсиҳои парлумони кишварро дар ихтиёр доранд таъйид карданд,ки дар ин интихобот ҳатман ширкат хоҳанд кард.


Мӯсо Асозода -раҳбари дастгоҳи иҷроияи ин ҳизб гуфт,ки номи номзадҳо ба мақоми вакилӣ дар ҳавзаҳои холишуда низ тақрибан маълум шудааст аммо ин интихобкунанда аст,ки пирӯзии онҳоро дар интихобот таъмин мекунад.Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар феврали соли 2005 доир шуда мӯҳлати фаъолияти он панҷ сол мебошад.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе

"Тоҷикгаз" ва "Узтрансгаз" ба мувофиқа расиданд

Фарҳоди Мелод

Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар баробари афзойиши қимати гоз аз сӯйи Ӯзбекистон хостори боло бурдани қимати интиқоли гози ин кишвар аз ҳудудҳояш шудааст.


Ёраҳмад Бегмаҳмадов, сарвари раёсати таъмини нафту гози Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, нархи аз сӯйи Ӯзбекистон муқарраршудаи гоз ҷавобгӯи воқеияти Тоҷикистон нест.


Вай афзуд: «Аз 55 ба 100 доллар афзудани нархи гоз муносиби мо нест. Ақаллан аввал 70 доллар мекарданд, баъд 70, баъд 90-у 100. Аз ин хотир, мо талаб карда истодаем, ки вақте шарномаи байни ду давлат ба имзо мерасад, ақаллан барои ҳамин сол нархи гоз 90 доллар бошад»


Тибқи иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон, Тоҷикистон дар соли 2007 аз Ӯзбекистон 700 миллион метри мукааб гозро бо нархи 100 доллари амрикоӣ сари ҳар 1000 метри мукааб харидорӣ мекунад.


Ба истеъмолкунандагони Тоҷикистон қимати гоз ба 130 доллар хоҳад расид. Тибқи шартномае, ки миёни Тоҷикгаз ва Узтрансгаз баста шудааст, Тоҷикистон бояд маблағи ҳар даҳ рӯзро пешпардохт намояд.


Дар акси ҳол, интиқоли гоз аз сӯйи Ӯзбекистон қатъ карда мешавад. Дар ҳамин ҳол, вазорати энержӣ ва саноат аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то қимати интиқоли гози Ӯзбекистон аз ҳудудҳои кишвар ба 2 доллари амрикоӣ сари ҳар километр боло бурда шавад.


Сарвари раёсати таъмини нафту гози Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфт, аз соли 2005 ба ин сӯ ҳаққи интиқоли гоз аз шоҳқубурҳои ҳудуди Тоҷикистон 1,1 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.


Тибқи иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон, аз ҳудудҳои Тоҷикистон 4 шохаи интиқоли гоз мегузарад, ки ҷамъан беш аз 250 кмро ташкил медиҳанд.


Ёраҳмад Бегмаҳмадов, сарвари раёсати таъмини нафту гози Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфт, пешниҳоди вазораташ навҳаи сиёсӣ надорад, балки дар ҳоле сурат мегирад, ки қимати гоз дар тамоми минтақа боло рафтааст ва зарурати таҷдиди назар сари нархи интиқоли гоз низ пеш омадааст.

Фарҳоди Милод, радиои Озодӣ, Душанбе

Оғози фаъолияти "Помир Медиа" дар Бадахшон

Дар маркази устони Бадахшон оҷонсии иттилоъотии «Помир Медиа» ба фаъолият шуруъ кард.


Масъули оҷонсӣ журналист Қурбони Аламшоҳ мегуяд, ки аз назари вай фазои иттилоъотии Бадахшон бино ба мушкилоти ҷуғрофиёию мухобиротӣ ва адами нашрияҳои озод дар минтақа ҳануз ҳолати монанд ба инзиворо аз сар мегузаронанд.

Вай ҳадафи таъсиси чунин як оҷонсиро бо роҳи интишори матолиби ҷолибу фаврӣ оиди паҳлуҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Бадахшон, мусоидат кардан ба беҳтаршавии вазъи иттилоърасонӣ дар минтақа арзёбӣ кард. Вай гуфт:


"Расонаҳои хабарии маҳаллӣ бештар ба тарғибу ташвиқ сару кор доранд ва ҳаёти воқеъиро кам инъикос мекунанд. Оиди Бадахшон дар расонаҳои хабарии хориҷӣ матолиби бештар ба нашр мерасад.Оҷонсӣ ба ғайр аз маркази устон дар маҳаллоти дурдасти Бадахшон низ хабарнигорони худро дорад, дар ҳоле ки ягон расонаи хабарии минтақа дар навоҳии он хабарнигор надоранд, бо истиснои радиои Бадахшон, ки он ҳам фақат дар ноҳияи Дарвоз як нафар хабарнигор дорад".


Бино ба гуфтаи Ифтихор Миршакаров як тан аз хабарнигорони оҷонсӣ дар қиёси расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият дар оҷонсӣ барояш имконияти бештари пахш намудани иттилоъоти фаврӣ ва озодро фароҳам сохтааст.
Аммо ба ақидаи Фаррухи Саидҳасаншоҳ-хабарнигори маҳаллии Би-би-си фаъолияти оҷонсӣ ба боло бурдани рақобат дар бозори эчодии минтақа мусоидат мекунад.


Вай гуфт:«Ба андешаи ман таъсиси Оҷонсии иттилоотии ҷадид, ки нахустин оҷонсӣ дар Бадахшон аст, як падидаи хуб аст ва дар миёни васоити ахбори минтақа рақобатро ба миён хоҳад овард. Бидуни рақобат ва сабкат пешрафт нест».


Оҷонсӣ бо ибтикори бунёди ҷамъиятии «Помир» ва Дастгирии молии Бунёди Сорос таъсис дода шудааст. Масъули оҷонсӣ мегуяд, ки онҳо маҳсули эчодиашонро дар ихтиёри ашхос ва ташкилоту муассисаҳои манфиатдор дар қаламрави вилоят ва ҷумҳурӣ қарор медиҳанд ва ҳамкориро бо манотиқи ҳамҷавор бо Бадахшони Тоҷикистон густариш хоҳанд дод.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ.

Дар соли 2006 беш аз 50 нафар қурбони скинҳедҳои рус шудаанд

Дафтари ҳуқуқи башари Маскав гуфтааст, бар асари ҳамлаҳо бо ангезаи нажодпарастона соли ҷорӣ дар Русия 51 кас ҳалок ва 210 тани дигар захмӣ шуданд. Аз ин миён, 22 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат дида, шаш нафар кушта шуданд.


Ҷиноятҳои нажодпарастона беш аз ҳама дар Маскав ва Санкт-Петербург мушоҳида шудаанд, он ҷо зиёда аз нисфи осебдидаҳо мавриди ҳуҷуми ҷавонфашистон қарор гирифтаанд.


Инчунин шаҳрвандони Озарбойҷону Ӯзбакистон ва кишварҳои африқоиву Шарқи наздик кушта ва ҷароҳат бардоштанд. Дар маҷмӯъ, соли равон дар Русия 109 нафар бо ҷурми ҳамлаҳои нажодпарастона ба хориҷиён маҳкум ба зиндон ва ду тани дигар ба муолиҷаи иҷборӣ равона шуданд.

Саддом 30 рӯзи дигар дорад. Додгоҳи таҷдиди назари Ироқ ҳукми қатлро бетағйир боқӣ гузошт.

yv

Додгоҳи таҷдиди назари Ироқ ҳукми қатли собиқ раҳбари ин кишвар Саддом Ҳусайнро бетағйир гузошт ва гуфт, ки ҳукми содиршуда бояд дар тӯли 30 рӯзи оянда ба иҷро расад.


Ин ҳарф рӯзи сешанбе (26 декабр) аз забони қозии додгоҳ Ориф Абдурразоқ Ашшоҳин дар Бағдод садо дод. Ҳукми додгоҳро бояд раиси ҷумҳурӣ Ҷалоли Толибонӣ ва ду муовини ӯ ба тасвиб расонанд.


Кохи Сафед ҳукми додгоҳро чун як марҳилаи муҳиме дар таърихи кунунии Ироқ унвон кард. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон, Афви байнулмилал ва Дидбони ҳуқуқи башар гуфтанд, ки ҳукми мазкур аз ҷониби додгоҳе содир шудааст, ки аз лиҳози сиёсӣ мавриди мудохила қарор гирифт ва аз ин хотир мустақил набуд.


Ҳукми қатли Саддом Ҳусайн ва ду ёвари собиқи ӯ барои куштори 148 нафар алҳи шиа дар деҳаи Дуҷайл соли 1982 содир шудааст. Дар додгоҳи дигар, Саддом Ҳусайн ва шаш муттаҳами дигар бо гуноҳи қатли оми курдҳои ғайринизомӣ дар солҳои 1980 муттаҳам мешавад.

Бердимуҳаммадов номзад ба мақоми президенти Туркманистон шуд

Ниҳоди олии қонунгузории Туркманистон рӯзи сешанбе бо иттифоқи оро кафили раёсати ҷумҳурӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро ба ҳайси номзад ба ин мақом тасвиб кард. Халқ Маслаҳати ҳамин тавр бо иттифоқи оро интихоботи ҷадиди президентиро ба рӯзи 11 феврал таъйин кардааст.

Ин нахустин иҷлосияи Халқ Маслаҳати баъди даргузашти президент Сафармурод Ниёзов буд. Дар ин иҷлосия бар иловаи наздики 2500 вакил 47 меҳмон, аз ҷумла сафирони кишварҳои хориҷӣ ва хабарнигорон аз хориҷ ширкат доштаанд. Ва аммо дар иҷлосияи ниҳоди қонунгузории Туркманистон намояндагони мухолифини давлат ин бор ҳам ҳузур наёфтанд. Талоши Иттиҳоди нирӯҳои демократии Туркманистон, ки дар хориҷ амал мекунад, барои ирсоли намояндагонаш ба Ишқобод бенатиҷа анҷом ёфт. Мақомоти Ишқобод раҳбарони мухолифинро ҳушдор доданд, ки онҳоро баробари вуруд ба қаламрави Туркманистон боздошт хоҳанд кард.

Бо ин вуҷуд, раҳбарони мухолифини туркман аз Иттиҳодияи Аврупо ва Амрикову Русия даъват кардаанд, бо истифода аз нуфузи худ мақомоти давлати Туркманистонро ба баргузории як интихоботи демократӣ бо ширкати номзадҳои мухолифин ва таҳти назари нозирони байналмилалӣ мутақоид созанд. Бар асоси қонунҳои Туркманистон, номзадҳо ба интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро Халқ Маслаҳати таъйин мекунад. Вале Абдӣ Қулиев, собиқ вазири хориҷаи Туркманистон, ки бо Родиёи Озодӣ аз Норвегия сӯҳбат мекард, гуфт, мухолифин ҷиҳати пешбарии як номзади воҳид ба интихоботи дарпешистода тавофуқ кардаанд: "Созмони мо - Иттиҳоди нирӯҳои демократии Туркманистон Нурбердӣ Нурмуҳаммадовро ба ҳайси номзади худ пешбарӣ мекунад. Ӯ як шахсияти саршинос, як демократи шинохтаест, ки аз ибтидо барои демократия дар Туркманистон мубориза мебурд."

Нурмуҳаммадов ҳанӯз дар поёни солҳои ҳаштодум созмони сиёсиеро бо номи "Оғзибирлик"ё худ "Ваҳдат" таъсис дода буд, вале ҳатто баъди баста шудани ин созмон ҳам дар Туркманистон ба сар мебурд. Вале Абдӣ Қулиев мегӯяд, Нурмуҳаммадов аз 23 декабр инҷониб бедарак шудааст ва касе аз хешовандонаш дар бораи куҷо будани ӯ чизе намедонад. Ба гумони мухолифини туркман, Нурбердӣ Нурмуҳаммадов боздошт шудааст.

Номаи доди як гурӯҳ сокинони маркази Душанбе ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Як гурӯҳ сокинони хиёбони Рӯдакӣ, дар маркази Душанбе, ки бино бар нақшаи генералии шаҳрдорӣ манзилҳои шахсияшон дар ҳудуди ҳалқаи нахустини пойтахт рост омадааст ва бояд, ки тахриб шавад, бо номаи эътирозӣ ба президенти Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.


Бо супориши шаҳрдорӣ, ахиран намояндагони ҳукумати шаҳри Душанбе сокинони чанд кӯча дар марказро огаҳ кардаанд, ки манзилҳои онҳо дар ҳудуди ҳалқаи аввали пойтахт омадааст ва бояд то соли 2009 ин манзилҳо бояд тахриб шаванд.


Дар номаи худ ин гурӯҳи сокинони марказ гуфтаанд, ки аз қарори ахири шаҳрдорӣ дар мавриди тахриби манзилҳояшон мутааҷҷибанд. Зеро мувофиқи ин қарор, афроде, ки хонаҳои иборат аз ду ва зиёда ошёна иборат аст, пойдор боқӣ мемондаанд ва аммо хонаҳои якошёна тахриб мешаванд. Дар нома омадааст, ки ин хонаҳои яктабақа мутааллиқи мардуми зиёӣ, муаллимон, нависандаҳо, олимон ва нафақахӯрон мебошад ва ин табақаи мардум имкон надорад, ки барои худ хонаҳои баландошёна бунёд кунанд.


Лӯъбат Бурҳонова, яке аз ин имзогузаштаҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ӯ гуфтаанд, ба ивази манзилаш, ки беш аз 200.000 $ арзиш доштааст, дар маҳаллаи Ховарон, воқеъ дар канори пойтахт, танҳо 3 сотих замин хоҳад гирифт. Хонум Бурҳонова мегӯяд, Мо хонаҳоямонро намедиҳем ва агар ба зӯрӣ моро аз манзилҳоямон ронданӣ шаванд, мо худрову хонаҳомонро оташ мезанем.


Профессор Лола Исмоилова, ҳамсари олими саршиноси тоҷик, Қандил Ҷӯраев, сокини ҳамин маҳалла мегӯяд, ман бо ин нафақаи ночизе, ки ба ивази собиқаи беш аз 40 солаи корам дар соҳаи тиб мегирам, магар метавонам дар канори шаҳр рафта манзили нав бунёд кунам? Ба андешаи ман, ин амал нисбати мо зиёиён ва бознишастагон бисёр ҳам амали носавобу ноодилона мебошад.


Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, мардум набояд ба воҳима дода шаванд, зеро ин тарҳ чизи наву ногаҳонӣ нест, балки он ҳанӯз солҳои Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда буд.


Ва аммо нависандаҳои номаи дод аз раиси ҷумҳур Раҳмонов хоҳиш кардаанд, то онҳоро аз ин «бесомонӣ» ҳимоя кунад. Онҳо гуфтаанд, дар сурате, ки агар тадобире андешида нашавад, онҳо фикр хоҳанд, ки ин нома то ба дасти раиси ҷумҳур нарасидааст ва онҳо ба ниҳодҳои олии додгоҳӣ ва созмонҳои байнулмилали ҳимоя аз ҳуқуқи инсон муроҷиат хоҳанд кард.


Зери ин нома аъзои 16 хонаводаи маскун дар хиёбони Рӯдакӣ имзо гузоштаанд.

Дар Қасри Миллат мина меҷӯянд

Маркази минрӯбии Тоҷикистон ба амалиёти поккорӣ дар маҳалли бунёди Кохи миллат -дар маркази пойтахти ин кишвар шурӯъ кардааст. Парвиз Мавлонқулов- ҳамоҳангсози Маркази минрӯбии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар афзуд, ки амалиёти мазкур дар пайи дарёфти дастури давлати Тоҷикистон бинобар эҳтимоли вуҷуди маводи мунфаҷира дар маҳватаи сохтмони Кохи миллат оғоз шудааст.


Ба таъйиди ҳамин манбаъ, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз сӯи бинокорон дар яке аз қитъаҳои маҳалли сохтмони кохи Миллат миқдоре аз минҳои зиддитонкӣ ва дигар маводу муҳиммоти ҷангӣ ошкор шуд, ки баъдан бо кӯмаки мутахассисон аз вазорати амнияти кишвар безарар гардонида шуданд. Оқои Мавлонқулов афзуд, ки дар маҳалли эҳдоси кохи Миллат қаблан фирқаи 201-и Русия дар Тоҷикистон мустақар буд ва ба эҳтимоли қавӣ ин маводи тарканда ба мерос аз нируҳои русӣ боқӣ мондааст.


Ва мақомоти давлати Тоҷикистон ба манзури таъмини амнияти комил ва осоиши бинокорон ва ҳамзамон барои халал науфтодан дар идомаи корҳои сохтмонӣ даст ба иқдоми таҳқиқ ва поккории ин минтақа задаанд. Ҳамин ҳоло барои таҳқиқ ва бозрасии маҳалли сохтмон сагони минҷӯ ва як гурӯҳи минрӯбон ҷалб карда шуданд. Ин мақоми масъули Маркази минрӯбии Тоҷикистон гуфт, ки тибқи барнома мебоист амалиёти ҷустуҷӯӣ дар маҳалли сохтмон давоми даҳ рӯз ба анҷом мерасид, аммо бо пеш омадани ҳавои номусоид аз эҳтимол дур нест,ки ин кор бо таъхир поён пазирад.


Вай афзуд, то ҳоли ҳозир минрӯбон чизе аз маводи мунфаҷираро дар ин ҷо кашф накардаанд. Аммо бо анҷоми корҳои ҷустуҷӯи низ наметавонанд итминон бидиҳанд , ки ҳудуди 28 ҳазор метри мукааби маҳалли сохтмони кохи Миллат сад дар сад поккорӣ ва амн шудааст. Зеро онҳо ҳоло танҳо қабати болои хоки ин минтақаро таҳқиқ мекунанд ва аз сӯи дигар амалиёти ҷустуҷӯ ва поккории ин минтақа мебоист қабл аз оғози корҳои сохтмонӣ сурат мегирифт.


Сохтмони кохи Миллат дар маркази шаҳри Душанбе се соли қабл оғоз ва интизор мерафт дар соли равон мавриди истифода қарор бигирад. Аммо то кунун корҳои сохтмонии он идома дорад ва замони ба истифода додани он низ номаълум боқӣ мондааст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе.

Порлумони Қирғизистон лоиҳаи ислоҳотро рад кард

Парлумони Қирғизистон рузи душанбе пешниҳоди ворид кардани тағйироту ислоҳотро ба сарқонуни ин кишвар,ки моҳи ноябр дар шароити эътирозҳои шадиди мухолифин қабул шуда буд, рад кард.

Дар миёни тағйироти пешниҳодшаванда бахшҳои марбут ба ҳақи раиси ҷумҳур барои таъйини нахуствазир ва ҳукумат ҳам ҷо доштанд. Намояндаи мухолифин дар парлумон Омурбек Текебоев раиси ҷумҳурӣ Қармонбек Боқевро дар талоши аҳдшиканӣ муттаҳам кард, ва гуфт, ки у мехоҳад низоми ҳукуматдории замони Оқоевро дубора барқарор кунад.

Қазияи тағйири бандҳои қонуни асосии Қирғизистон парлумони ин кишварро амалан ба ду сангар ҷудо кард. Дар ҷараёни шуруи ҷаласаи рузи душанбе, Эркинбек Олимбекво,муовини раиси парлумон, таҳдид кард, ки дар сурати қабул шудани ислоҳоти нав, у ба истеъфо хоҳад рафт.

Табибони Санкт-Петербург тифли тоҷикро аз марг наҷот додаанд

Хабаргузории Итар-Тасс навиштааст, табибони шифохонаи рақами яки шаҳри Санкт-Петербург як тифли навзоди тоҷикро, ки ба дарди қалб гирифтор будааст, аз марг наҷот додаанд.


Ин тифл 3,5 кило вазн дошта пеш аз мӯҳлат ба дунё омадааст. Вадим Любомудров, сардухтури бахши бемориҳои қалбии шифохонаи якуми Санкт-Петербург, ки дар ҷарроҳии тифли тоҷик иштирок кардааст, дар сӯҳбат ба Итар-Тасс гуфтааст, ки кӯдак дар маҳалли таҷаммӯи шумори зиёди тоҷикон дар Санкт-Петербург даҳ рӯзи пеш ба дунё омад ва ҳангоми таваллуд аз кӯмаки тиббӣ маҳрум мондааст. Кӯдакро дар мошини ёрии таъҷилӣ ба шифохона интиқол дода ҳамон замон ҷарроҳӣ мекунанд.


Духтур Любомудров гуфт, ки ҷарроҳӣ танҳо роҳи наҷот додани тифл буд. Феълан кӯдак дар утоқи эҳёгарӣ ба сар мебарад. Итар-Тасс менависад, ки ҷарроҳии мазкур ҳудудан 200 ҳазор рубли русӣ нарх доштааст ва тамоми харҷи онро шифохона ба дӯш мегирад.


Вадим Любомудров, сардухтури бахши бемориҳои қалбии шифохонаи якуми Санкт Петербург гуфтааст, ки соли нави 2007 интизор меравад, як ҷарроҳии барномарезишудаи дигар писараки тоҷик - Далер Қодирови чаҳорсола баргузор шавад. Далер аз рӯзи ба дунё омаданаш аз дарди қалб ранҷ мекашад ва барои баргузории амалиёти ӯ чандин созмони хайрия дасти кӯмак дароз карданд.

Нигаронии вазири нави беҳдошти Тоҷикистон

Вазири беҳдошти Тоҷикистон Раъно Абдураҳмонова аз вазъи муассисаҳои тиббии навоҳии Файзобод, Ҳисор ва Хуросон изҳори нигаронӣ кардааст.


Сомонаи интернетии вазорати беҳдошти Тоҷикистон Health.tj менависад, дар аснои сафари кории худ ба ин навоҳӣ вазири беҳдошт аз мақомоти зердасташ дар робита ба рафъи мушкили марбут ба хидматрасонии тиббӣ ба сокинони маҳаллӣ, таъмини беморхонаҳо бо гармӣ, нируи барқ ва маводи ғизо дастуру супориш додааст.


Ҳамзамон вазири беҳдошт бо ирсоли нома унвонии руасои ин навоҳӣ гуфтааст, онҳо бояд масъалаи мазкурро таҳти назорати худ бигиранд. Ҳоло вазири ҷадиди беҳдошт аз муассисаҳои дигари тиббӣ дидан мекунад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе

Тадорук барои таъини рӯзи интихоботи раиси ҷумҳури Туркманистон

Имрӯз, 26 декабр дар Ишқобод чун рузи таъини интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон ва эъломи исми номзадҳои интихоботӣ мебошад.


Чунин тасмимҳо қарор аст, дар нишасти шурои мардумии ин кишвар мавсум ба Халқ Маслиҳатӣ гирифта шаванд.


Рӯзи душанбе (25 декабр) дар як нишасти матбуотӣ намояндаҳои мухолифини Туркманистон изҳор карданд, ки ният доранд барои пешбарии як номазди воҳиди худ дар интихобот талош кунанд. Худойберди Оразов, собиқ раиси бонки миллии Туркманистон ва Нурмуҳаммад Ҳанамов, собиқ сафири Туркманистон дар Туркия бо чунин изҳорот дар пойтахти Украина шаҳри Киев дар баробари хабарнигорон ҳозир шуданд.


Онҳо ният доранд, дар сурати дарёфти кумаки мақомоти Украина, имруз вориди Ишқобод шуда, дар ҷараёни кори шурои мардумӣ иштирок кунанд. Аммо ин дар ҳолест, ки мақомоти амниятӣ аз боздошти билофосилаи онҳо дар хоки Туркманистон ҳушдор додаанд.

Дар Тоҷикистон муҷаддадан интихоботи порлумонӣ сурат мегирад.

Дар ду ҳавзаи инфиродии ҷануби Тоҷикистон интихоботи аъзои нави порлумони кишвар баргузор мешавад.


Раҳбари дастгоҳи Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов дар ин робита гуфт, ахиран тибқи фармони раиси ҷумҳур ду вакили порлумон - Ғайбулло Афзалов ва Шукурҷон Зуҳуров ба мақомоти раҳбарикунандаи кишвар таъин шуданд ва бар асоси қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ, агар ваколати узви порлумон қабл аз мӯҳлат қатъ гардад, тайи се моҳи оянда дар ҳавзаҳои инфиродие, ки онҳо пешбарӣ шудаанд, бояд интихоботи ҷадиди вакилон баргузор шавад.


Кумиссиюни марказии интихобот ояндаи наздик рӯзи баргузории интихоботи вакилони нави порлумонро дар навоҳии Қабодиён ва Восеъи вилояти Хатлон низ таъин мекунад. Оқои Додоҷонов мегӯяд, пешбарии номзадҳо ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон дар ин ҳавзаҳо то 7-уми январ идома хоҳад кард. Худи интихобот тахмин дар моҳи феврали соли оянда доир мешавад.


Вакилони собиқи Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров вазири кору ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ғайбулло Афзалов раиси вилояти Хатлон таъин шудаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
XS
SM
MD
LG