Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Корманди ҳукумати Амрико дар Судон кушта шуд

Корманди ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бар асари як ҳамла дар Хартум, пойтахти Судон, ба ҳалокат расид. Вай ҳангоми ҳаракат дар мошини сафорати Амрико ҳадафи тирандозӣ қарор ёфта, ронандаи судонии ӯ дар ин ҳамла кушта шудааст. Ангезаҳои ҳамла номаълуманд. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида моҳи гузашта ба шаҳрвандони худ дар Судон ҳушдор дода буд, ки аз эҳтимоли ҳамлаи гурӯҳи тундрави судонӣ ё хориҷӣ ба манофеъи ҳукумати Амрико дар судон ё иншооти дигар иттилоъи боварбахш гирифтааст.

Токио раҳбари Ҳаштгонаи саноатӣ мешавад

Жопун сар аз 1-уми январи соли 2008 раёсати Ҳаштгонаи пешрафтаи саноатиро ба даст гирифт. Сарвазири Жопун, Ясуо Фукуда дар паёме ба ин муносибат гуфт, кишвараш масъалаҳои тағйири иқлим ва ҳифзи муҳити зистро дар сархатти кори ҳаштгона қарор хоҳад дод. Сарони ҳашт давлати пешрафтаи саноатии ҷаҳон дар моҳи июл дар осоишгоҳи Тойако дар ҷазираи Ҳоккайдои Жопун мулоқот хоҳанд кард.

Амалиёти нирӯҳои муштарак дар вилояти Ҳилманд

Эътилофи таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон хабар дод, ки дар як амалиёти муштарак бо нирӯҳои давлати Афғонистон дар вилояти Ҳилманд, шуморе аз ошӯбгаронро куштааст. Дар изҳороти эътилоф шумори дақиқи кушташудагон номбар нашудааст. Дар он гуфта мешавад, нирӯҳои муштарак мавзеъҳои гирдомади тундравони толибро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Бан Косоворо хатари минтақаӣ унвон кард

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун гуфт, агар ба зудӣ дар масъалаи Косово ҳалле ба даст наояд, машаққати чандсолаи Созмони Милал дар Косово зери хатар хоҳад рафт. Дар гузорише ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал, Бан гуфт, нооромӣ дар Косово хеле зуд метавонад ба минтақаи бештаре паҳн гардад. Сербия талошҳои Косоворо ба истиқлолият рад мекунад ва гуфтушуниди дусолаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пешрафте надоштааст. Аксарияти албанитабори Косово мегӯяд, ба таври якҷониба худро мустақил эълон хоҳад кард.

Мушарраф ба мардумаш паём медиҳад

Сухангӯи раёсатҷумҳурии Покистон эълом дошт, ки президент Парвиз Мушарраф рӯзи чаҳоршанбе бо паёме ба мардуми Покистон муроҷиат хоҳад кард. Ин хабар дар ҳоле мерасад, ки кумиюни интихоботии Покистон дар ҷаласаи худ ба як хулоса расида натавонист, ки интихоботи 8-уми январ барпо шавад ва ё ба таъвиқ афтад. Намояндаи кумисюн гуфтааст, аъзои он бори дигар рӯзи чаҳоршанбе ҷамъ мешаванд, то эҳтимолан таърихи нави интихоботро муайян кунанд. Дар нооромиҳо ба дунболи куштори раҳбари калидии мухолифони давлати Покистон, хонуми Беназир Бҳутто, зиёда аз 40 нафар, аз ҷумла кормандони полис, кушта шудаанд.

Дар муҳосираи барф мондани 70 нафар дар Майхура

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, наздик ба 70 корманди умури дохилӣ ва Кумитаи вазъиятҳои фавқулодаи кишвар дар минтақаи Майхура, дар муҳосираи тарма мондаанд. Ин афрод баъд аз 21-уми декабри соли гузашта ба Майхура интиқол дода шуданд, то дармондагонро аз баҳмани азим наҷот диҳанд ва шоҳроҳи Душанбе--Хуҷандро боз кунанд. Як намояндаи давлати Тоҷикистон иқрор кардааст, ки ба дармондагони нав бо чархболҳо маводи ғизо ва сӯхт интиқол дода мешавад. Ҳамзамон дар бораи шумори қурбониёни баҳмани Майхура иттилои бештар мерасад. Тибқи ин хабарҳо дар Майхура имкон дорад, наздик ба 100 нафар ба ҳалокат расида бошанд. Вале мақомоти расмӣ ин иттилоъро тасдиқ намекунанд.

Клинтон ба Клинтон вазифа намедиҳад

Яке аз номзадҳои эҳтимолии демократҳои Иёлоти Муттаҳида дар интихоботи президентӣ, Ҳилларӣ Клинтон, эълон кард, агар ӯ ба пирӯзӣ даст ёбад, дар ҳукумати ӯ, шавҳараш Билл Клинтон ягон мансабу вазифа нахоҳад дошт. Ин изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки рақибонаш ҳадс мезананд, дар сурати пирӯзии Ҳилларӣ дар интихобот, Билл Клинтон аз мушовирони калидияш хоҳад буд. Саввуми январ дар аёлати Айоваи Амрико аввалин овоздиҳии номзадшавандагони интихоботи президентии ИМ баргузор мешавад.

Даргузашти як гирифтори саратон дар Гуантанамо

Ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, як боздоштшудаи афғони Гуантанамо, Абдулраззоқи 68-сола, аз бемории саратон даргузашт. Ба гуфтаи онҳо, Абдулраззоқ яке аз фармондеҳони ҷунбиши Толибон буда, дар моҳи январи соли 2003 дар Афғонистон асир афтодааст. Дар моҳи октябр маълум шуд, ки ӯ саратон дорад ва табобати кимиёӣ натиҷа надодааст.

Сафари шоҳи Испониё ба Афғонистон

Шоҳи Испониё, Хуан Карлос имрӯз бидуни эълони пешакӣ ба Афғонистон сафар ва аз сарбозони испониёӣ дар ин ҷо дидан кард. Испониё дар Афғонистоне 700 сарбоз дорад, ки асосан дар Ҳирот ба сар мебаранд. Дар ҳамла ва таркишҳо аз соли 2002 то имрӯз 74 сарбози испониёӣ дар Афғонистон ба ҳалокат расидаанд.

Интиқоли гази Туркманистон ба Эрон қатъ шуд

Мақомоти Эрон мегӯянд, Туркманистон интиқоли газ ба Эронро қатъ кардааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, Туркманистон ба Эрон ҳаррӯза аз 20 то 30 миллион метри мукааб газ интиқол медод, аммо рӯзҳои охир ҳаҷми ин газ тадриҷан коҳиш ёфта, акнун батамом қатъ шудааст. Мақомоти Туркманистон ин ҳодисаро ба мушкилоти фаннӣ бастагӣ медиҳанд, вале Теҳрон бар ин аст, ки Ишқобод мехоҳад дар ин пасманзар ба афзудани нархи газ иқдом кунад.

Ҳалокати 124 нафар дар ошӯбҳои Кения

Дар нооромиҳои сартосарии Кения ба дунболи бозинтихоби шубҳабарангези президенти феълӣ Мваи Кибаки дастикам 124 нафар кушта шудааст. Ошӯбҳо баъд аз эълони пирӯзии Кибаки дар интихобот чандин минтақаи Кенияро фаро гирифтанд. Дар ин байн сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Кения гуфт, дар шумориши ройҳо дар ин интихобот хилофкориҳои ҷиддие ба вуқӯъ пайвастааст. Дар изҳороти сафорат ҳарду тарафи низоъ ба хештандорӣ даъват шудаанд.

Интиқод аз ваъдахилофии Кореяи Шимолӣ

ИМ мегӯяд, ба назар мерасад, ки Кореяи Шимолӣ ӯҳдадориҳои худро дар маҳви реактори ҳастаии Йонгбён ба иҷро нарасонда ва иттилоъро дар бораи барномаи ҳастаии худ ифшо накардааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Том Кейсӣ инро як нокомии Кореяи Шимолӣ номид ва гуфт, он мебоист ба ваъдаи худ вафо мекард. Кореяи Шимолӣ эълон карда буд, ки ҳамаи ваъдаҳои худро дар бораи қатъи фаъолиятҳои ҳастаӣ то поёни соли 2007-и милодӣ ба иҷро хоҳад расонд. Дар ивази ин ба Кореяи Шимолӣ амният, гузаштҳои сиёсӣ ва кӯмакҳои молӣ пешниҳод шуда буд. Ваъдаи Кореяи Шимолӣ дар мулоқотҳои ба истилоҳ шашюониба бо ширкати Чин, ИМ, Жопун, Русия ва Кореяи Ҷанубӣ ба даст омада як комёбии дипломатӣ ба шуморе мерафт.

Шариф хоҳони баргузории интихобот шуд

Кумисюни интихоботии Покистон пагоҳ, якуми январ тасмим хоҳад гирифт, ки интихоботи ҳаштуми январи Покистон баргузор шавад ва ё ба таъвиқ афтад. Дабири ин кумисюн Конвар Дилшод имрӯз дар Исломобод гуфт, аз ҳамаи ҳукумат ва мақомотиҳои маҳаллӣ даъват шудааст, вазъиятро гузориш кунанд. Қарор аст, ин гузоришҳо шоми имрӯз гирдоварӣ шуда, пагоҳ тасмими ниҳоӣ гирифта шавад. Қаблан сарони ин кумисюн гуфта буданд, бо вуҷуди ҳалокати раҳбари аршади мухолифони давлат, собиқ сарвазири Покистон Беназир Бҳутто, интихобот баргузор хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол раҳбари дигари оппозисюн, Навоз Шариф имрӯз гуфт, интихобот бояд тавре ки тарҳрерзӣ шуда буд, яъне рӯзи ҳаштуми январ барпо шавад. Вай ҳамчунин аз президенти Покистон Парвиз Мушарраф даъват кард, аз мақоми худ истеъфо диҳад ва як ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис ёбад. Шариф Мушаррафро масъули нооромиҳо дар кишвар номид. Вай афзуд, ИМ бояд эътироф кунад, ки мушарраф терроризмро дар Покистон шикаст дода натавониста ва ҳоло терроризм дар ин кишвар аз гузашта дида қавитар аст.

Таҳдиди афзояндаи шиҳоб ба Миррих

Мунаҷҷимони амрикоӣ мегӯянд, имкони он ки як шиҳоби осмонии баробари майдони футбол ба саёраи Миррих бархӯрад, чаҳор дар сад афзоиш ёфтааст. Ҳарчанд эҳтимоли зиёди харобкории ин шиҳоб дар саёраи Миррих вуҷуд надоранд, аммо баъзе аз пажӯҳишгарон умедворанд, як чунин ҳодисаи камназири осмониро мебинанд. Ин шиҳоб, ки WD 5 номаш гузоштаанд, бо суръати тақрибан 45 ҳазор километр соат ҳаракат дорад ва ба гуфтаи муннаҷимон имкони бархурдани он ба Миррих вуҷуд дорад. Ин шиҳобро моҳи ноябр мунаҷҷимони вобаста ба Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико НАСА ошкор карда буданд ва ҳафтаи гузашта онҳо гуфтанд, ки аз 75 як дар сад имкон дорад, ки шиҳоби мазкур ба Миррих яке аз саёраҳои наздик ба Замин бархӯрад. Аммо баъд аз таҳқиқи дубораи хатти ҳаракати шиҳоби WD 5, ки хушбахтона ба самти сайораи Замин ҳаракат надорад, мунаҷҷимони амрикоӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки эҳтимоли бештар вуҷуд дорад, ки ин шиҳоб 30 январ ба Миррих бархурад. Дар сурати бархӯрдани ин шиҳоб ба саёраи Миррих, дар сатҳи ин сайора метавонад танурае дар ҳаҷми як километр пайдо шавад ва таркише, ки он дар пай хоҳад дошт, баробари таркиши шиҳобе хоҳад буд, ки соли 1908 дар минтақаи Тунгускаи Сибир афтода буд. Дар натиҷаи таркиши ин шиҳоб тақрибан 60 миллион дарахт афтодаву нобуд шуданд.

Сарнавишти интихоботи Покистон муайян мешавад

Қарор аст, имрӯз 31 декабр Кумиссиёни Марказии Интихоботи Покистон сарнавишти интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонии ин кишварро баррасӣ кунад. Мақомоти расмии Покистон гуфтаанд, ки ба эҳтимоли ғолиб интихоботро ба таъхир хоҳад афтод, зеро шароит барои баргузории он мусоид нест. Ду ҳизби асосии мухолифи давлати Покистон дирӯз гуфтанд, ки дар интихоботи порлумонии рӯзи 8 январ ширкат хоҳанд кард, ҳарчанд ин кишвар баъди қатли раиси Ҳизби Мардуми Покистон Беназир Бҳутто гирифтори бебанбдубориҳо шудааст. Осиф Алӣ Зардонӣ шавҳари Беназир Бҳутто, ки ҳамраиси ҳизби мазкур интихоб шуд, гуфт, хонум Беназир мехост Ҳизби Мардуми Покистон дар интихобот ширкат кунад ва тасмими ҳизб низ ба ҳамин хотир аст. Пештар аз ин писари 19 солаи Беназир Бҳутто Биловал раиси Ҳизби Мардуми Покистон интихоб шуд. Навоз Шариф – раиси ҳизби дигари мухолиф низ гуфт, аз таҳрими интихобот даст кашида ва дар ин корзор ширкат хоҳад варзид.

Генерал Смиф: "Вазъи Ироқ ниҳоят осебпазир аст"

Низомиёни Амрикоӣ мегӯянд, ки бо вуҷуди коҳиши чашмгири мизони хушунат дар саросари Ироқ, амният дар ин кишвар "ниҳоят осебпазир" боқӣ мемонад. Адмирал Грегорӣ Смиф ба хабарнигорон гуфт, ҳузури Ал-қоида дар Ироқ ҳанӯз “бисёр ҷиддӣ аст”. Вай афзуд, ки иддаои Усома Бен Лодан дар навори видеоии тоза, ки созмони Ал-қоида мардуми ғайринизомиро намекушад дурӯғ аст ва амалкардҳои созмон баръакси ин гуфтаҳо мебошад. Ба гуфтаи Грегорӣ Смиф, акнун раҳбарони қабилаҳои ироқӣ, ки шӯроҳои бедорӣ ташкил мекунанд, дар ҳоли хунсо кардани созмони Ал-қоида дар Ироқ мебошанд.

Иқдоми нави баҳсбарангези Аҳмадинажод

Раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод маркази муколамаи таммадунҳоро, ки аз сӯи раиси ҷумҳури ислоҳталаби собиқ Муҳаммади Хотамӣ таъсис шуда буд, ба як созмони давлатӣ тобеъ кардааст, ки зарбаи тозае ба Хотамӣ маҳсуб мешавад. Маркази муколамаи таммандунҳо, ки аз тарафи Хотамӣ раҳбарӣ мешуд, ҳадафаш таҳкими равобит миёни фарҳангҳои мухталиф буд. Аммо акнун ба навиштаи хабаргузории "Франс Пресс" ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод Марказии Миллии Пажӯҳиши Ҷаҳонишавиро таъсис додааст, ки онро Исфандиёр Раҳим Машойӣ муовини раиси ҷумҳур ва як сиёсатмадори вафодор ба Аҳмадинажод раҳбарӣ мекунад.

Туркия амалиётҳои низомиро идома медиҳад

Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон мегӯяд, кишвараш ба амалиётҳои фаромарзӣ бар зидди ҷудоихоҳони курди паноҳёфта дар хоки Ироқро идома хоҳад дод. Дар як суханронии телевизионӣ оқои Эрдуғон гуфт, ҳукумати вай “василаҳои иқтисодӣ, низомӣ, иҷтимоӣ ва сиёисиро” қотеъона барои мубориза бо ҷудоихоҳони Ҳизби Коргарони Курдистони Туркия истифода хоҳад кард. Вай афзуд, Туркия ба тамомияти арзии Ироқ эҳтиром мегузорад, вале бояд мардуми худро низ ҳимоят кунад. Артиши Туркия аз 16 декабр инҷониб чандин маротиба ба мавзеъҳои ҷудоихоҳони Ҳизби Коргарони Курдистони Туркия дар шимоли Ироқ ҳамлаҳои ҳавоиву заминӣ анҷом дод.

Асари танқиди САҲА ба Гурҷистон

Баъди танқиди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз корзори интихоботӣ дар Гурҷистон иҷрокунандаи мақоми раиси ҷумҳури ин кишвар Нино Бурҷанадзе қавл дод, ки кишвараш интихоботи шаффофу демократӣ баргузор хоҳад кард. Дар гуфтугӯе бо хабарнигорони хориҷӣ Нино Бурҷанадзе иброз доштааст, "баргузории интихоботи шаффофу одилона" муҳимтарин ҳадафи ӯ мебошад. Пеш аз ин Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, фазои корзори интихоботии Гурҷистон бо гузоришҳо доир ба истифодаи буҷаи давлатӣ барои тарғиби раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ, шароити нобаробари тарғибот, таҳдид ва харидани раъйҳо тира шудааст.

Ҳизби Бҳутто дар интихобот ширкат хоҳад кард

Ҳизби мардумии Покистон, ки сарварии онро Беназир Бҳутто бар ӯҳда дошт, дар интихоботи порлумонии рӯзи 8 январи соли 2008-ум ширкат хоҳад кард. Дар ин бора Осиф Алӣ Зардарӣ, шавҳари хонум Бҳутто, ки имрӯз ҳамраиси ҳизб таъин шуд, ба хабарнигорон иттилоъ дод. Дар нишасти имрӯзаи раёсати ҳизб Дилавал, писари Беназир Бҳутто раиси нави Ҳизби мардумии Покистон таъин гардид.

Ҳизби дигар аз сарвазири пешини Покистон Навоз Шариф баъди куштори хонум Беназир Бҳутто дар бораи таҳрими интихобот тасмим гирифтааст. Ва аммо намояндагони ҳизб гуфтаанд, ки дар сурати ширкати Ҳизби мардумии Покистон дар ин маърака онҳо тасмими қаблии худро таҷдиди назар хоҳанд кард.

Иддае аз ироқиҳо аз Саддом Ҳусейн ёд оварданд

Дар Ироқ, дар солгарди эҳдоми раҳбари пешини кишвар Саддом Ҳусейн чораҳои шадиди амниятӣ андешида шуданд. Мақомот ҳаракати нақлиёт дар пойтахт ва атрофи онро маҳдуд карданд. Саддом Ҳусейн як сол пеш бо ҳукми додгоҳ, ки ӯро дар куштори тақрибан 150 сокини деҳаи Дуҷайл дар соли 1982 муттаҳам кард, дар маҳбас ба дор овехта шуд.

Имрӯз даҳҳо одамон дар канори қабри Саддом Ҳусейн дар шаҳри Ауҷа, воқеъ дар канори Тиқрит ҷамъ омаданд. Дирӯз дар шаҳри Уммон, пойтахти Урдун дар як гирдиҳамоии ёдбуди раҳбари пешини Ироқ ҳудуди 2 ҳазор нафар ширкат доштанд.

Фаронса равобиташ бо Сурияро қатъ кард

Фаронса эълом дошт, ки ҳама равобиташ бо Сурияро қатъ мекунад. Ба гуфтаи Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, ин равобит фақат замоне дубора ба роҳ монда хоҳад шуд, ки Сурия ба ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар Лубнон мусоидат намояд ва, аз ҷумла, дар роҳи интихоби раиси ҷумҳури Лубнон монеъа эҷод накунад.

Интихоби раиси ҷумҳури Лубнон аз сабаби ихтилофи назари ду ҷиноҳ – эътилофи ҳукмрони пуштибон аз Ғарб ва мухолифини онҳо, ки аз сӯи Димишқ пуштибонӣ меёбанд, 11 бор ба таъхир уфтодааст.

Писари Бҳутто раҳбари Ҳизби мардумӣ таъин шуд

Билавал, писари 19 солаи Беназир Бҳутто раиси ҳизби мардумии Покистон таъин гардид. Осиф Али Зардарӣ - шавҳари хонум Бҳутто дар мақоми ҳамраиси ҳизб пазируфта шуд.

Мавзӯъи интихоби раҳбарони нави ҳизб баъд аз ҳалокати сарвари пешини он хонум Беназир Бҳууто дар нишасти раёсати Ҳизби мардумии Покистон дар манзили хонум Бҳутто дар шаҳри Навдеро доир гардид. Дар бораи тасмими ҳизб оид ба ширкаташ дар интихоботи порлумонии моҳи январ ҳанӯз иттилоъ нарасидааст. Ёдовар мешавем, ҳизби дигар аз сарвазири пешини Покистон Навоз Шариф баъди куштори хонум Беназир Бҳутто дар бораи таҳрими интихобот тасмим гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол намояндагони Лигаи мусалмонҳои Покистон – ҳизби пуштибон аз раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф имкони то се моҳи дигар ба таъхир уфтодани интихоботро баъйид намедонанд.

Маргталабҳо ноком шуданд

Пулиси Покистон дар бораи як сӯиқасди ноком ба ҷони собиқ вазири масоили дин хабар дод. Субҳи имрӯз дар шаҳри Ҳорунобод вилояти Панҷоб ду маргталаб бар асари пеш аз вақт инфиҷор кардани маводи таркандае, ки бо худ доштанд, ба ҳалокат расиданд. Кормандони пулис ҳадс мезананд, ки маргталабҳо ҳадаф доштанд бамро дар канори собиқ вазири масоили дин Муҳаммад Эъҷоз ал-Ҳақ инфиҷор кунанд.

Таркиш дар шаҳри Ҳорунобод дар ҳоле ба вуқуъ пайваст, ки дар кишвар бенизомиҳо баъд аз куштори сарвазири пешин ва яке аз арҳбарони мухолифин Беназир Бҳутто идома доранд ва то имрӯз ба асари онҳо дасти кам 44 нафар кушта шудаанд.

Дирӯз Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури Покистон дар як мулоқоти оҷил бо раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ амр кард, ки алайҳи созмондиҳандагони бенизомиҳо дар кишвар аз чораҳои қатъӣ кор гирифта шавад.

Ҳизби мардумӣ вориси Беназирро меҷӯяд

Раёсати Ҳизби мардумии Покистон, ки онро хонум Беназир Бҳутто сарварӣ мекард, имрӯз мавзӯъи интихоби раҳбари нави ҳизб ва ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи январро баррасӣ мекунад. Ҷаласаи раёсат дар манзили хонум Бҳутто дар шаҳри Навдеро мегузарад ва интизор меравад, ки дар он васияти сиёсии Беназир Бҳутто қироат шавад. Ба иттилоъи дафтари ҳизб, хонум Бҳутто дар васияти худ номи раҳбари ояндаи Ҳизби мардумиро зикр кардааст. Гуфта мешавад, ки номзадҳои эҳтимолӣ ба ин мақом ду нафаранд – шаҳвари Бҳутто Осиф Алӣ Зардарӣ ва ёвари раиси ҳизб Махдум Амин Фаҳим.

Раҳбарияти ҳизб ҳамчунин мавзӯъи ширкат кардан ё накардан дар интихоботи порлумонии моҳи январро баррасӣ мекунад. Ва ин дар ҳолест, ки ҳизби дигар аз сарвазири пешини Покистон Навоз Шариф баъди куштори хонум Беназир Бҳутто дар бораи таҳрими интихобот тасмим гирифтааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Таҷлил аз солрӯзи Раҳим Масов, нигорандаи "Таърихи табартақсим"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
XS
SM
MD
LG