Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Барфи зиёд ва барканории раиси фурудгоҳ

Вазорати нақлиёти Ирон хабар додааст, ки Ғулом Ҳусейн Боқириён-раиси кулли фурудгоҳи байналмиллалии Теҳрон аз мақоми худ барканор шудааст. Боқириён дар рузҳои бориши барфи зиёд натавонистааст вазифаи худро ба хубӣ иҷро кунад. Вазорат гуфтааст, сабаби барканории вай набуди толорҳо барои мусофирон ва созмондиҳии бади парвоз ва фуруди ҳавопаймоҳо будааст, ки дар натиҷа бисёре аз мусофирон 72 соъат мунтазири парвоз дар фурудгоҳ мондаанд.

Эҳтимоли зинда набудани 23 нафари дигар дар кон

Вазорати умури изтирории Қазоқистон гуфтааст, 23 нафар коргарони як кони ангишт, ки дар натиҷаи инфиҷори рузи ҷумъа бедарак шуданд, ба эҳтимоли зиёд дигар зинда нестанд. Вазорат дар эъломияи имрузи худ гуфтааст, ҳарорати баланд дар дохили кон дар зери замин ва ҷамъ шудани гози карбон имкони зинда мондани маъдангаронро истисно мекунад. Қаблан эълон шуда буд, ки билофосила баъд аз инфиҷор дар кон 7 нафар кушта шудаанд. Ин инфиҷор дар кони Абай рух додааст ва он ба бузургтарин ширкати фелезии ҷаҳон ба Арселор Метал таъаллуқ дорад. Ширкат гуфтааст, ба хонаводаҳое, ки назиконашонро дар ин ҳодиса аз даст додаанд, дастмузди панҷсолаи онҳоро ба унвони ҷуброн пардохт хоҳад кард.

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Гурҷистон эълон шуд

Имруз Кумиссюни Марказии Интихоботии Гурҷистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи 5-уми январи раёсати ҷумҳуриро эълон кард. Тибқи ин натиҷаҳо Михоил Саакашвилӣ бори дигар ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ баргузида шудааст ва дар интихобот 53-у ним дарсад рай ба даст овардааст. Рақиби аслии вай Леван Гачечиладзе-намояндаи мухолифон дар мақоми дуввум ва 25, 69 дарсади ороро аз они худ кардааст. Ин натиҷаҳо соъате қабл аз оғози тазоҳуроти эътирозии мухолифон дар Тифлис эълон шуд. Даҳҳо ҳазор нафар аз ҷонибдорони мухолифон дар Тифлис бар зидди натиҷаҳои интихобот даст ба тазоҳуроти эътирозӣ задаанд. Онҳо мехоҳанд моҳи ҷорӣ даври дуввуми интихобот баргузор шавад.

Оғози сохтмони зербинои неругоҳи Сантуда-2

Тибқи иттилоъи вазорати энержӣ ва саноъати Тоҷикистон, сохтмони зербинои неругоҳи барқи обии «Сантуда-2» оғоз шудааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ширкати «Сангоб»-и эронӣ, ки сохтмони ин неругоҳро бар уҳда дорад, дар ҳоли ҳозир майдони сохтмониро омода месозад ва аллакай корхонаи тавлиди бетон барои неругоҳ эҳдос шудааст.

Неругоҳи барқи обии «Сангтуда-2» дар 120-километрии ҷануби Душанбе бо тавононии 930 миллион киловатт соат бо кумаки ҷониби Эрон сохта хоҳад шуд. Барои сохтмони ин неругоҳ тарафи Эрон 180 миллион доллар ва ҷониби Тоҷикистон 40 миллион доллар ихтисос додааст. Пас аз бунёди неругоҳ тайи 12,5 сол он ба Эрон тааллуқ хоҳад дошт ва баъд аз он ба Тоҷикистон супурда хоҳад шуд.

Мушарраф расидагии СММ-ро намехоҳад

Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури Покистон намехоҳад СММ ба куштори Беназир Бҳутто-раҳбари пешини мухолифони ин кишвар расидагии мустақилона анҷом диҳад. Вай дар мусоҳибае бо рузномаи фаронсавии "Фигаро" гуфтааст, худи Покистон бо кумаки бозрасони Бритонё ба ин куштор расидагӣ анҷом медиҳанд. Қаблан хешовандон ва ҳизби Беназир Бҳутто аз СММ дархост карданд, ки ба имкони даст доштани мақомоти покистонӣ дар ин куштор расидагӣ шавад.

Фавти кудаки навзод аз бебарқӣ дар зоишгоҳ

Ба сабаби набуди барқ дар зоишгоҳи шумораи 3-и шаҳри Душанбе кудаке ҳангоми ба дунё омадан ҷон додааст. Бино ба гуфтаи падари ин навзод, кудакаш баъд аз таваллуд ба дастгоҳи танаффуси маснуъӣ эҳтиёҷ доштааст. Вале набуди барқ падару модари ҷавонро аз навзодашон маҳрум кардааст.

Агрегати якуми Сангтуда озмоишӣ гардон мешавад

13-уми январ агрегати якуми ниругоҳи барқи обии Сангтуда -1 ба таври озмоишӣ ва бидуни тавлиди нируи барқ гардон мешавад. Коршиносон бо чунин кор омода будани ҳамаи дастгоҳҳои тавлиди барқ дар ниругоҳро имтиҳон мекунанд. Ин кор ду руз давом мекунад ва баъд аз 3 рузи дигар, яъне 18-уми январ ин ниругоҳ ба фаъолият ва ба тавлиди нируи барқ оғоз мекунад.

Аъзои собиқи БААС метавонанд дархости кор кунанд

Порламони Ироқ қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он акнун собиқ аъзои ҳизби БААС-и Саддом Ҳусейн метавонанд дар корҳои ҷамъиятӣ шикат кунанд. Амрико аз Ироқ хоста буд, барои таъмини мусолиҳаи миллӣ бояд чунин кор анҷом бигарад. Баъд аз суқути режими Саддом Ҳусейн ҳазорон нафар кормандони ин режим аз шуғли худ барканор шуданд ва чунин кор оташи мухолифат миёни сунниҳо ва шиъаро дар ҷомеъа доман мезад. Ҳоло аъзои собиқи ҳизби БААС метавонанд дар идораҳои ғайринизомӣ ва воҳидҳои низомӣ дархости кор кунанд.

Раиси ҳастаии СММ дар Эрон

Муҳаммад Ал-Бародеъӣ-раиси Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ дар Теҳрон бо раҳбарони Эрон мулоқот мекунад. Вай аз мақомоти Эрон хоҳад хост, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба барномаҳои ҳастаиаш ҳамкориашро бо ин ниҳоди байналмиллалӣ густариш диҳад. Кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки Эрон ҷангафзорҳои ҳастаӣ иҷод мекунад, вале Эрон ин гуфтаҳоро қабул надорад. Бародеъӣ бо Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳурӣ дидор ва гуфтугу дошт. Мулоқоти вай бо оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ-раҳбари руҳонии Эрон дар назар дошта шудааст.

Нируҳои Амрико дар Ироқ коҳиш меёбад

Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, кишвараш омода аст, хуруҷи 20 000 сарбози худ аз Ироқро то нимаи соли ҷорӣ ба поён расонад. Ба гуфтаи вай, коҳиши баъдии нируҳои амрикоӣ дар Ироқ ба пешниҳоди фармондеҳони низомӣ иртибот дорад. Вай ин нуктаро баъд аз мулоқот бо генерал Дэвид Петреус-фармондеҳи аршади нируҳои Амрико дар Ироқ ва Раян Крока-сафири Амрико дар Бағдод дар пойгоҳи низомии Амрико дар Кувайт изҳор дошт. Ҷорҷ Буш рузи ҷумъа баъд аз боздидаш аз Исроил ва Навори Ғазза вориди Кувайт шуд. Ҳадафи боздии оқои Буш аз Ховари Миёна ташвиқи Исроил ва фаластиниҳо ба имзои қарордоди сулҳи ҷонибҳост. Буш мехоҳад, ин қарордод то поёни давраи раёсати ҷумҳурии вай, яъне то моҳи январи соли 2009 имзо шавад.

Кохи Сафед аз иқдоми Жопун истиқбол кард

Кохи Сафед иқдоми Жопунро барои зинда кардани фаъолияти имдодии нирӯҳои дарёии ин кишвар дар Афғонистон истиқбол кард. Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико нирӯҳои дарёии мустақар дар уқёнуси Ҳиндро чун саҳми муҳим дар муқобила бо терроризм арзёбӣ кард. Имрӯз Маҷлиси поёнии парлумони Жопун қонунеро қабул кард, ки тибқи он фаъолияти ҳайати низомии ин кишвар ба унвони нирӯҳои кӯмакрасони Иёлоти Муттаҳида дар муқобила бо терроризм дар уқёнуси Ҳинд дубора барқарор мешавад.

Аврупо боздоштҳои Беларусро маҳкум кард

Раиси Камиссиюни равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо боздошти 27 ширкаткунандаи тазоҳуроти осоиштаи Минскро аз ҷониби мақомоти Беларус ба шиддат маҳкум кард. Дар изҳороте, ки имрӯз дар Бруссел нашр шуд, хонум Бенита Ферреро Валднер гуфт, ки ин дастгиршавии тазоҳургарон тозатарин мавридест дар мавҷи боздоштҳои аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ангезаҳои сиёсӣ дорад ва бо шартҳои пешниҳоди ҳамкориҳои комили Иттиҳодияи Аврупо бо Беларус, ки ноябри соли 2006 карда шудааст, муғойират дорад.

Интихоботи президентии Лубнон боз мутаваққиф шуд

Баргузории иҷлосияи парлумонии Лубнон, ки мебояд раиси ҷумҳурии ин кишварро интихоб кунад, аз таърихи барномарезишудаи 12 январ - ба 21 январ вогузор шуд ва ин 12-умин мавриди мутаваққиф шудани рӯзи интихоботи президентии ин кишвар мебошад. Изҳороти мазкур имрӯз аз ҷониби раиси парлумон Наби Беррӣ садо дод. Алорағми талошҳои байналмилалӣ барои ба ҳам овардани аҳзоби рақиб, шурӯъ аз 23 ноябр Лубнон бидуни раҳбари давлат ба сар мебарад.

Ҷорҷ Буш вориди Кувайт шуд

Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш вориди Кувайт шуд. Вай баъди боздид аз Исроил ва Каронаи Ғарбӣ роҳии Кувайт шуд. Зимни маросими худоҳофизӣ дар фурудгоҳи Телавив вай гуфт, ки даъвати Исроилро барои ширкат дар 60-умин солгарди таъсиси ин кишвар дар моҳи майи имсол пазируфтааст. Субҳи имрӯз Ҷорҷ Буш аз лавҳаи ёдбуди қурбониҳои Ҳолокост дар маҳалли бо исми Ёд Вашими Байтулмуқаддас дидан кард. Ҳадафи Буш аз сафари минтақа талош барои дастёбӣ ба созишномаи сулҳ то охири мӯҳлати раёсатҷумҳуриаш дар моҳи январи соли оянда мебошад. Дар пайи Кувайт Буш инчунин аз Баҳрайн, Арабистони Саъудӣ ва Миср дидан мекунад ва қарор аст, масоили марбут ба Эронро ҳам дар ин сафар матраҳ кунад.

Рекорди нави Чин аз тиҷорати изофагӣ

Хабаргузории расмии Синҳуа мегӯяд, ки мизони даромад аз тиҷорати изофагӣ соли гузашта дар Чин беш аз 262 миллиард долларро ташкил додааст, ки ин қариб 48 фоиз бештар назар ба соли 2006 будааст. Дар маҷмӯъ, мизони тиҷорати хориҷии ин кишвар ба рекорди нав, яъне беш аз 2 триллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Тиҷорати изофагии Чин, ки мояи ҷиддии нигаронии ИМА ва дигар шарикони иқтисодии Чин мебошад, соли 2006 дар ҳаҷми беш аз 177 миллиард доллар қарор доштааст.

Кофӣ Аннон раиси ҳайати музокиротии Кения шуд

Собиқ дабири кулли СММ Кофӣ Аннон розӣ шуд, ки дар садри музокироти марбут ба бӯҳрони сиёсии Кения дар пайи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар қарор гирад. Аммо бо ин вуҷуд, дафтари Аннон гуфт, ки сафари ӯ ба Найробӣ баъд аз рӯзи сешанбе дар назар гирифта шудааст. Интихоботи раёсатҷумҳурии Кения дар таърихи 27 декабр бо пирӯзии дубораи президенти амалкунанда Мваи Кибакӣ анҷом шуд, ки бояд мӯҳлати дигари панҷсоларо дар ин мақом сипарӣ кунад. Мақоми дуюмро дар ин сабқат бо тафовути андак намояндаи мухолифин Райла Одинга соҳиб шуд. Аммо аз нигоҳи нозирони хориҷӣ интихоботи мазкур бо тақаллубкориҳои фаровон ҳамгом будааст. Дар натиҷаи ошӯбҳову бенизомиҳои хушунатомезе, ки дар пайи интихобот сар зад, беш аз 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

СММ парвандаҳои марбут ба фасодро таҳқиқ мекунад

Як бахши вижаи СММ дар умури таҳқиқи мавридҳои фасод мегӯяд, ки миқдори махсусан зиёди ҳодисаҳои ришвату фасодро дар ин созмони бонуфуз ошкор кардааст. Ин созмон феълан машғули таҳқиқи 250 қазияи марбут ба фасод ва бадрафториҳои ҷинсиву молии кормандон мебошад. Инга Бритт Аҳлеиус, раиси дафтари иштибоҳҳои дохилии СММ мегӯяд, ки аз се ду ҳиссаи парвандаҳо марбут ба нирӯҳои посдори сулҳи ин созмон мебошад. Тақрибан 80 парванда роҷеъ ба каҷраҳториҳои ҷинсӣ баҳс мекунад. Вай гуфт, ки муҳаққиқон аллакай таъйид кардаанд, ки барномаҳои ба қимати 600 миллион доллар олудаи фасод будааст.

7 қурбонии таркиши метан дар Қазоқистон

Мақомоти минтақаи марказии Қароғандаи Қазоқистон гуфтанд, ки дар натиҷаи таркиши гази метан дар як кон дасти кам 7 нафар ба ҳалокат расида 23 нафар нопадид шуданд. Беморхонаи ноҳиявӣ гуфт, ки дар пайи таркиши кони Абай 5 конкан бо ҷароҳатҳои мухталиф, се нафари онҳо бо вазъи бӯҳронӣ, бистарӣ шудаанд. Кони Абай яке аз ҳашт кони бузургтарини ҷаҳонии воқеъ дар Қазоқистон аст, ки аз ҷониби ширкати ArcelorMittal-и Люксембург харида шуда бо тавлиди фӯлод машғул мебошад. Соли 2006 таркише дар кони дигари ангишти марбут ба ширкати Mittal 41 нафарро кушта ба ҷо гузошт.

Фотеҳи Эверест даргузашт

Сэр Эдмунд Ҳиллари, нахустин шахсе, ки баландтарин қуллаи ҷаҳон - Эверестро фатҳ кардааст, имрӯз дар синни 88-солагӣ даргузашт. Ҳиллари ҳамроҳ бо раҳнамои худ Тенсинг Норгей 29 майи соли 1953 ба қуллаи Эверест расида буд. Майи соли 2003 дар Канманду, Эдмунд Ҳилларӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории Ройтерс гуфта буд:

"Мо ин корро як бор анҷом додем, мо аввалин будем, мо исбот кардем, ки ин кори амалишаванда аст. Алорағми ҳушдорҳои равоншиносон, ки мегуфтанд, ин корро ҳатто бо оксиген карда намешавад ва мо метавонед афтода бимирем, мо ин корро кардем. Аз ин рӯ, мо мебоист ин саддҳои равониро убур мекардем. Ва баъди гузаштан аз ин саддҳо мо воқеан ҳам ин кори сахтро сабуктар убур кардем".

Баъдан вай чандин бор раҳбарии ҳайати кӯҳнавардонро дар Қутби Ҷанубӣ ба ӯҳда дошта, бахши аъзами ҳаёти худро барои кӯмак ба мардуми Непал, ватани Тенсинг бахшидааст. Зимни изҳори тасаллият аз даргузашти донишманд, ҷаҳонгард ва кӯҳнаварди маъруф нахуствазири Зеландияи Нав Ҳелен Кларк аз Эдмунд Ҳиллари ба унвони як қаҳрамон ёд кард. Нахуствазири Бритониё Гордон Браун ҳам ӯро як қаҳрамони воқеӣ ном бурд.

Хонаводаи Караҷич аз ҳақи сафар маҳрум шуд

Фиристодаи баландпояи байналмилалии Босния амр дод, ки санадҳои мусофиратии аъзои хонаводаи Радован Караҷич мусодира шавад, то ки аз талошҳои кӯмак ба фирори ин гумонбари ҷиноёти ҷангӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд. Мирослав Лайчак зимни пахши изҳороте гуфт, ки чунин амр бо дархости Трибунали низомии байналмилалӣ барои Югославияи собиқ ва дар мувофиқа бо сохторҳои ҳифзи тартиботи Босния содир шудааст. Амри мазкур мусодираи санадҳои мусофиратии ҳамсар, писар, духтар ва домоди Караҷичро дар назар мегирад.

Буш роҳии Кувайт шуд

Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш бо қасди Кувайт Исроилро тарк кард. Баъди боздид аз Исроил ва Каронаи Ғарбӣ раиси ҷумҳурии Амрико ошнойиро бо кишварҳои Ховари Миёна идома медиҳад. Зимни маросими худоҳофизӣ дар фурудгоҳи Телавив вай гуфт, ки даъвати Исроилро барои ширкат дар 60-умин солгарди таъсиси ин кишвар дар моҳи майи имсол пазируфтааст. Субҳи имрӯз Ҷорҷ Буш аз лавҳаи ёдбуди қурбониҳои Ҳолокост дар маҳалли бо исми Ёд Вашими Байтулмуқаддас дидан кард. Ҳадафи Буш аз сафари минтақа талош барои дастёбӣ ба созишномаи сулҳ то охири мӯҳлати раёсатҷумҳуриаш дар моҳи январи соли оянда мебошад.

Маблағҳои нав барои мубориза бо мухаддирот

Созмони милал барои идомаи маблағгузории Оҷонси мубориза алайҳи мухаддироти Тоҷикистон тасмим гирифтааст. Як мақоми масъули намояндагии Идораи СММ оид ба мухадирот ва ҷиноят дар Тоҷикистон гуфтааст, ин тасмим бо назардошти натоиҷи мусбати фаъолияти Оҷонси тоҷикӣ қабул шудааст. Ба ҳамин гуна, СММ барои Оҷонсии мубориза алайҳи маводи мухаддироти Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010 беш аз 3,6 миллион доллар тахсис додааст. Танҳо маблағгузори тарҳҳои марбут ба қилавгирӣ аз хатароти ношӣ аз мухаддирот дар Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳида будааст.

Миёнҷигарӣ бенатиҷа поён ёфт

Миёнҷигарии Иттиҳодияи Африқо дар музокироти миёни ҳукумати Кения ва мухолифин бенатиҷа поён ёфт. Дар ин бора Ҷон Кофуор, раиси Иттиҳодияи Африқо ва раисиҷумҳурии Гана хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо фақат ба хатми хушунат ва идомаи музокирот бо миёнҷигарии афроди маъруфи қора таҳти сарварии собиқ Дабири куллии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннон розӣ шуданду халос.

Тайи ду ҳафтаи баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Кения бар асари бенизомиҳо дар ин кишвар беш аз 500 нафар ба ҳалокат расиданд. Мухолифин пирӯзии Мваи Кибакӣ дар интихоботи президентиро эътироф намекунанд.

Эътирози Вошингтон алайҳи таҳдиди маллоҳони эронӣ

Иёлоти Муттаҳида дар робита ба таҳдиди маллоҳони эронӣ ба киштиҳои амрикоӣ дар тангои Ҳурмуз ба Теҳрон расман эътироз баён кард. Том Кейсӣ, наимояндаи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки нотаи эътирозӣ ба мақомоти Эрон тавассути миёнарав – сафири Швейсария дар Теҳрон супурда шуд. Равобити дипломатии миёни Вошингтону Теҳрон баъд аз инқилобӣ исломӣ дар Эрон гусаста шудааст.

Ричардсон аз сабқат канор рафт

Волии аёлати Ню Мексико Билл Ричардсон аз идомаи сабқат барои дарёфти курсии раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида чун номзад аз Ҳизби демократ даст кашид. Дар интихоботи дохилиҳизбӣ дар аёлати Ню Ҳампшир, Ричардсон ҳамагӣ 5 дар сади раӣъҳоро соҳиб шуду халос. Интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳида моҳи ноябри соли равон доир мешавад.

Ёфтҳои бештар

Чаро нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Чаро нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон шуд?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

90 соли парвози «Уқоб»-и санъати тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00
XS
SM
MD
LG