Пулиси Юнон дар яке аз ҷазираҳои кишвар ҳудуди сад тан аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Афғонистон ва раҳбалади турки онҳоро боздошт кард. Гуфта мешавад, ки моҳҳои ахир теъдоди паноҳандагоне, ки мехоҳанд тавассути Юнон вориди Аврупо шаванд, ба карат афзоиш ёфтааст. Мақомоти кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо даъват карданд, ки дар ҳифзи соҳилҳои кишвар кумак кунад.
Аҳзоби мухолифи ҳукумати Қирғизистон барканории Раисии Додгоҳи Олии ин кишвар Қурмонбек Осмоновро маҳкум карданд.Ба гуфтаи собиқ вазири хориҷаи Қирғизистон Роза Отунбоева ин тасмими раисиҷумҳур ва порлумон ангезаи сиёсӣ дорад. Худи Осмонов изҳор дошт, ки ӯро барои мустақил буданаш "муҷозот" кардаанд.
Дирӯз порлумони Қирғизистон пешниҳоди раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев дар бораи барканории Раиси Додгоҳи Олии кишварро пазируфт ва ин дар ҳоле, ки ваколати ӯ бояд баъд аз 7 сол поён меёфт. Ба гуфтаи намояндаи раисиҷумҳур, 50 тан аз додрасҳои маҳаллӣ аз болои раиси Додгоҳи Олӣ шикоят кардаанд.
Бар асари як инфиҷор дар шаҳри Пешовари Покистон дасти кам 5 кас кушта ва тақрибан 20 нафар маҷрӯҳ шуданд.Ба гуфтаи кормандони пулис, як маргталаб бомбро дар даромадгоҳи як масҷиди шиамаҳзабҳо инфиҷор кардааст. Инфиҷор дар арафаи Ошуро – маросими ёдбуди имом Ҳусайн аз сӯи аҳли ташаннуъ ба вуқуъ пайвастааст. Солҳои пеш низ суннимазҳабҳои Покистон дар роҳи баргузории ин маросим монеъа эҷод мекарданд.
Роберт Гейтс, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида иттилоъ дар бораи сардшавии муносибати миёни Вошингтон ва ҳампаймонҳояш аз дигар кишварҳои узви НАТО-ро рад кард. Дар як нишасти хабарӣ дар Пентагон Роберт Гейтс шуҷоати неруҳои НАТО дар мубориза алайҳи Толибони Афғонистонро ситоиш кард. Ӯ гуфт, ки низомиёни Бритониё, Канада, Ҳуланд, Австралия, Дания ва дигар кишварҳо дар эҳёи Афғонистон ва мубориза бо мухолифини ин давлат саҳми бузург мегиранд.
Ёдовар мешавем, дирӯз Яаап Де Ҳуп Схефер – Дабири Кулли НАТО интиқоди вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар бораи омодагии нокофии низомиёни кишварҳои Аврупо зимни амалиёти зиддитеррор дар Афғонистонро рад карда буд. Ба гуфтаи Схеффер, ҳама низомиёни кишварҳои аврупоӣ аз иҷрои вазоифи бар дӯшашон гузошта ба хубӣ мебароянд. Вазорати дифоъи Ҳуланд ҳам аз Вошингтон хостори ташреҳи изҳороти Роберт Гейтс шуда буд.
Маскав фақат аз роҳи дипломатии ҳалли қазияи барномаи ҳастаии Эрон пуштибонӣ хоҳад кард. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар музокирот бо Ципи Ливнӣ, вазири хориҷаи Исроил ба ин нукта таъкид кард. Ӯ афзуд, ки барои фаъолияти Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ дар Эрон бояд шароитҳои мусоидтар муҳайё сохт.
Ципи Ливнӣ дар навбати худ изҳор дошт, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд аз соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудани Эрон ҷилавгирӣ кунад. Ва дар ин самт бояд ҳама кишварҳо дар паҳлӯи Амрико ва Исроил бошанд.
Тундравони фаластинӣ имрӯз аз Навори Ғаззаи таҳти контроли созмони Ҳамос ба ҷануби Исроил мушак андохтанд ва нерӯҳои исроилӣ низ бо ҳамлаҳои ҳавоиву заминӣ аз онҳо ниқор гирифтаанд.
Дар оташандозии нерӯҳои исроилӣ дасти кам ду фаластинӣ кушта шудаанд ва як исроилӣ низ аз тири нишонгири фаластинӣ ба ҳалокат расидааст. Ин даргириҳо ба музокироти сулҳи Исроилу Фаластиниён соя афканд. Бо авҷ гирифтани хушунатҳо аз аввали ин ҳафта, ҳудуди 25 фаластинӣ аксаран тундравон кушта шудаанд.