Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Гаравгонгирии мактаббачаҳо дар Покистон

Дар шимолу ғарби Покистон гурӯҳи ифротгароҳои исломӣ вориди мактаб шуда, тахминан 250 кӯдакро ба гарав гирифт.
Баъди рабудани як мансабдори соҳаи беҳдошт ифротгароҳо дар мактаб ҷамъ шуданд. Дар ҷараёни бархӯрди мусаллаҳона як ҷангҷӯй ба қатл расида, чанд афсари амниятӣ захм бардоштанд.
Ба қавли полис баъди музокироти чандсоата ҷангҷӯён аксари гаравгонҳоро раҳо намуданд, вале 25 хонанда ва муаллимон дар асорати онҳо боқӣ монданд. Ҷангҷӯён талаб доранд, ки ба онҳо имкони беруншавии бо амният ба минтақаи ноороми қабилаҳо таъмин шавад.

Мушарраф бо Браун вомехӯрад

Имрӯз президенти Покистон Парвез Мушарраф дар бахши ниҳоии зиёрат аз мамолики ғарбӣ бо сарвазири Британия Гордон Браун мулоқот мекунад. Дар сӯҳбати ду раҳбар вазъи Покистон дар арафаи интихоботи парламентии моҳи оянда мақоми асосӣ хоҳад дошт.
Аснои сафари кунунӣ президент Мушарраф саъй намуд аз дастовардҳои демократии кишвараш дифоъ кунад. Ӯ хилофи раҳбарони мухолифини ҳукумати Покистон ба раҳбарони кишварҳои ғарбӣ изҳор намуд, ки интихоботи парламентии 18-уми феврал озоду одилона хоҳад буд.

Баҳси созиш бо Белград дар Иттиҳодияи Аврупо

Комиссари тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо изҳор намуд, ки Иттиҳодия бояд ба зудтарин фурсат бо Сербия созиши тиҷорат имзо кунад, вале дар айни замон имкон диҳад, ки кишварҳои алоҳида то замони танзими ҳамкории комили Белград бо Додгоҳи ҷиноятҳои низомии СММ тасвиби ин санад дар парламентҳояшонро ба таъхир гузоранд.
Ин суханонро Олӣ Рейн дар Брусел пеш аз оғози мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо иброз доштааст.
Дар ин мулоқот сарнавишти созиши ҳамкориву беҳбуди равобит бо Сербия арзёбӣ мешавад.
Ҳолланд таъкид мекунад, ки созишро баъди таслими муттаҳамҳои калидии ҷиноятҳои ҳарбӣ имзо хоҳад кард.
Рейн бар ин назар аст, ки созиш бояд то 3-уми феврал имзо шавад.
Рӯзи якшанбе дар даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Сербия Борис Тадичи ғарбгаро бо сиёсатмадори муҳофизакори миллатгаро Томислав Николич рӯ ба рӯ мешавад.

Аҳмадинажод ба Ироқ сафар мекунад

Вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод тасмим гирифтааст, дар давоми ду моҳи оянда ба Ироқ сафар кунад. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Манучеҳри Муттакӣ иброз дошт, ки нақшаи сафари Аҳмадинажод қотеъ мебошад. Ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Эрон даъватномаи зиёрат аз Ироқро пазируфт, вале мӯҳлати сафарашро дақиқ накард. Эрону Ироқ дар солҳои 1980-1988 ҷанги хунинеро пушти сар карданд. Вале баъди фурӯпошии режими Саддом Ҳусайн дар соли 2003-ум ва сари қудрат омадани ҳукумати зери назорати гурӯҳҳои шиамазҳаб равобити миёни ду кишвар беҳбуд ёфтааст.

Хитоби солонаи президенти ИМА

Имрӯз президенти ИМА Ҷорҷ Буш охирин дафъа бо паёми солона ба Конгресс ва мардумиАмрико муроҷиат хоҳад кард. То анҷоми даври дуюм ва ниҳоии раёсатҷумҳурии Ҷорҷ Буш камтар аз як сол вақт мондааст. Пешбинӣ намешавад, ки ӯ ягон ташаббуси бузурге матраҳ намояд. Шореҳон тахмин мекунанд, ки президенти ИМА ду баробар афзоиш додани сармоягузории мубориза бо бемории Спид ва ё Эйдсро пешниҳод намуда, ҳамчунон дар бораи дастовардҳои нерӯҳои ИМА дар Ироқ иттилоъ медиҳад. Шояд Ҷорҷ Буш аз вакилони Конгресс дархост намояд, ки бастаи ангезаҳои иқтисодиро дастгирӣ кунанд.

Шӯрои Амният тавсеаи таҳрими Эронро баҳс мекунад

Имрӯз 15 кишвари узви Шӯрои Амнияти СММ бастаи сеюми таҳрими Эронро баҳс хоҳанд кард, зеро Ҷумҳурии исломӣ то ҳанӯз аз ғанигардонии уран даст накашидааст.
Ҳафтаи гузашта панҷ узви доимии Шӯроии Амният: Британия, Чин, Фаронса, Русия ва ИМА ҷамъи Олмон ба тавсеаи таҳрим мувофиқат карда буданд.
Эрон таъкид мекунад, ки барномаи ҳаставии ин кишвар ҳадафҳои комилан осоишта дорад. Ҳамчунин мақомоти Теҳрон исрор меварзанд, ки ба ғанигардонии уран ҳақ доранд. Урани ғанигардонидашуда метавонад дар тавлиди силоҳи ҳаставӣ низ истифода шавад.

Русия ба Эрон 82 тонна уран фиристод

Русия интиқоли уран барои аввалин нерӯгоҳи ҳаставии Эронро такмил намуд. Хабаргузории расмии Ирнои Эрон навиштааст, ки сар аз 17 декабр то кунун Русия ба Ҷумҳурии исломӣ 82 тонна маводи сӯхт содир кард.
Вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ мегӯяд, реактори шаҳри бандарии Бушаҳр тобистони соли равон фаъол мешавад. Ӯ меафзояд, ки дар ибтидо реактори қодир ба тавлиди 1000 мегаватт нерӯи барқ ба нисфи тавоноияш истифода хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол муҳандисони русии нерӯгоҳ мегӯянд, ки то ҳанӯз мӯҳлати оғози кори нерӯгоҳ ташхис нашудааст.

Даъват барои тафтиши ҷиноёти Суҳарто

Ҳуман Райтс Вотч, Созмони Дидбони ҳуқуқи башар аз мақомоти Индонезӣ даъват кард, ки ҷиноёти режими мустабиди собиқ Суҳарторо тафтиш кунад. Суҳарто, собиқ раисиҷумҳурии Индонезӣ дирӯз дар синни 86 солагӣ аз дунё даргузашт. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки мустабиди собиқ дар куштори мардум айбдор аст ва то ҳанӯз теъдоди зиёди ҳампаймонҳои ӯ барои ҷиноёти марбут ба поймолсозии ҳуқуқи башар муҷозот нашудаанд.

Интиқоли гази Эрон ба Туркия аз сар гирифта шуд

Эрон интиқоли газ ба Туркияро баъд аз танаффуси бистрӯза аз сар гирифт. Ба иттилоъи мақомоти ширкати миллии гази Эрон, содироти ин маводи сӯхт ба кишвари ҳамсоя рӯзи якшанбе бо миқдори се миллион метри мукааб дар як шабонарӯз шурӯъ шуд. Интизор меравад, ки интиқоли газ ботадриҷ афзоиш ёбад.

Теҳрон содироти газ ба Туркияро аввалҳои ҳамин моҳ қатъ карда ва далел пеш оварда буд, ки аз як сӯ, бар асари сармои бесобиқа истифодаи дохилии ин маводи сӯхт афзудааст ва аз сӯи дигар, Туркманистон аз идомаи содироти газ ба Эрон сарпечӣ намудааст.

Нақб таҳти назорати артиш қарор гирифт

Артиши Покистон як нақб ё туннели нақлиётӣ дар вилояти марзии Шимолу ғарбиро таҳти назорат қарор дод. Ба иттилоъи вазорати дифоъи кишвар, дар задухурдҳо барои ин нақб 24 тан аз ошубгарон кушта шудаанд. Қаблан манбаъҳои ин гурӯҳҳои ошубгар хабар дода буданд, ки ин қитъаи муҳими шоҳроҳро таҳти назорат доранд. Ин нақби нақлиётӣ манотиқи шимолу ҷанубии Покистонро бо ҳам мепайвандад.

Ҳушдори нави Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки дар сурати пирӯзии Толибон кишвари ӯ ва Покистонро фардои торик ва бенизомии кулл интизор хоҳад буд. Дар як мусоҳиба бо рӯзномаи “Вошингтон пост” Карзай аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки дар шикасти мусаллаҳони Толибон ширкат кунанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон ҳадс задааст, ки Толибон дар хориҷи кишвар пуштибонҳои қавӣ доранд, дар акси ҳол, ба гуфтаи ӯ, онҳо ин қадар неруманд намебуданд. Ва аммо дар мавриди он ки, аз нигоҳи ӯ, кадом кишварҳо ё кадом неруҳо аз Толибон пуштибонӣ ва онҳоро сармоягузорӣ мекунанд, Ҳомид Карзай чизе нагуфтааст. Раҳбари Афғонистон ҳамчунин аз Иёлоти Муттаҳида ситоиш кардааст, ки бо вуҷуди душманӣ бо Теҳрон дар мавриди ҳамкориҳои миёни Афғонистону Эрон аз хирад кор мегирад.

Дар Лубнон мотами миллӣ эълон шуд

Сарвазири Лубнон Фаёд Синиора дар робита ба ҳалокати ҳашт нафар дар задухурди миёни пулис ва эътирозгарон дар кишвар мотами миллӣ эълон кард. Дирӯз ин задухурд дар Бейрут ҳамчунин дасти кам 30 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Намоиши эътирозӣ дар робита ба интиқоли номунтазами неруи барқ ташкил шуда буд. Задухурд баъд аз он шурӯъ шуд, ки ҳангоми пароканда кардани гирдиҳамоӣ яке аз фаъолони ҳизби мухолифи “Амал” кушта шуд. Ва аммо низомиён гуфтанд, ки онҳо фақат сӯи ҳаво оташ кушодаанд.

Касянов ҳанӯз шонси ширкат дар интихоботро дорад

Виктор Чуров, раиси Комиссиюни Марказии интихоботии Русия изҳор намуд, ки номзади мухолифин ва собиқ сарвазири кишвар Михаил Касянов метавонад дар интихоботи раёсати ҷумҳур ширкат кунад ва аммо ба шарте, ки дар ин бора Додгоҳи Олии кишвар тасмим бигирад. Дар сӯҳбат бо яке аз шабакаҳои телевизионии кишвар Чуров афзуд, Михаил Касянов ҳақ дорад, ки тайи даҳ рӯзи оянда аз болои қарори Комиссиюни Марказии интихобот дар бораи рад шудани сабти номи номзадияш ба мақоми раиси ҷумҳур ба Додгоҳи Олии кишвар шикоят барад.

Ёдовар мешавем, дирӯз Комиссиюни Марказии интихоботи Русия бо далели он ки тақрибан 15 дар сади имзоҳои ба ҷонибдории Касянов пешниҳодшуда тақаллубиянд, аз сабти номи ӯ дар сабқат ба мақоми раисиҷумҳури Русия сарпечӣ кард. Ва аммо худи Касянов мутмаин аст, ки тасмими Комиссиюни Марказии интихобот ангезаи сиёсӣ дорад.

Дар интихоботи рӯзи 2 март барои дарёфти мақоми олии Русия чаҳор номзад – Дмитрий Медведев, Геннадий Зюганов, Владимир Жириновский ва Андрей Богданов талош хоҳанд кард.

Боздошти ду хабарнигор дар Ингушистон

Полиси Русия, тибқи гузоришҳо, ду хабарнигореро, ки ҷараёни тазоҳуроти эътирозии Ингушистонро пӯшиши хабарӣ медоданд, боздошт ва лату кӯб карданд. Хабаргузории Ройтерс дар нақли қавл аз Мустафо Киркиев, хабарнигори нашрияи "Жизн", чопи Маскав гуфт, ки сухан дар бораи ӯ ва аксбардор Сайидҳусайн Тсарнаев меравад, ки рӯзи шанбе дар маҳалли тазоҳурот дар Назран аз ҷониби полис боздошт ва лату кӯб шудаанд. Вай гуфт, ки чунон сахт лат хӯрдааст, ки ба кӯмаки вай хадамоти ёрии таъҷилиро ҷалб карданд. Киркиев гуфт, ки бо хабарнигори Ройтерс телефонӣ аз қароргоҳи полис, маҳалли боздошташ сӯҳбат мекард.

Як марди испанӣ 76 миллион евроро дар лотерея бурд

Марде аз шаҳраки испании Монтефрио дар бозии лотерея 76 миллион доллар - миқдори рекордии маблағро дар таърихи Испания бурд. Вай барои харидани билети лотерея ҳамагӣ чаҳор евро масраф кардааст. Барандаи ин миқдор маблағ баъди шунидани хабари хуш худро аз хабарнигорон пинҳон кард. Танҳо як сокини дигари ин шаҳрак гуфт, "ҳамин ки касе савори мошини нав ба ин ҷо ояд, мо мефаҳмем, ки барандаи ин лотерея кӣ будааст". Ин шахс ба бозии Лоттерея "Евромиллион" бозӣ кардааст, ки дар аксар кишварҳои аврупойӣ амал мекунад.

"Ал-Қоида аз кӯдакон истифода мекунад"

Низомиёни амрикойӣ мегӯянд, ки Ал-Қоида дар амалиёти интиҳории маргталабонааш аз нирӯи кӯдакон истифода мекунад. Дасти кам ду ҳодисаи таркиши интиҳорӣ дар ҳафтаи гузашта аз ҷониби наврасони 15-сола анҷом шуд. Адмирали мустаъфӣ Грегори Смит дар нишасти матбуотии Бағдод гуфт, ки яке аз ҳамлаҳо дар як маросими дафн дар Тиқрит ва дигаре дар мактабе воқеъ дар шаҳри шимолии Мосул рух дод. Ин низомии амрикойӣ гуфт, ки Ал-Қоида талош дорад, мағзи сари атфолро "дар рӯҳияи бадбиниву марг шустушӯ кунад".

Ҳалокати шаш ҷавони украинӣ дар роҳи оҳан

Шаби гузашта дар Украина шаш ҷавон замоне, ки аз роҳи оҳан убур мекарданд, ба ҳалокат расиданд. Ин ҷавонҳо, ки синнашон аз 17 то 20-сола гуфта мешавад, аз як клуби шабона бармегаштанд. Вазорати умури изтирорӣ мегӯяд, ки қатор бо суръати 90 километр дар як соат ҳаракат мекард ва аммо вақте ронанда ҷавонҳоро дар роҳи оҳан дид, фурсати пешгирӣ аз ин фоҷеа аз даст рафта буд.

Дар Чин боришоти шадид роҳҳоро масдуд кардааст

Боришоти шадиди барф дар ҷануби Чин боиси масдуд шудани ҷоддаҳои мошингард, роҳҳои оҳан ва фурудгоҳҳо шудааст. Эҳтимол дорад, ҳавои номусоид барномаҳои сокинони маҳаллиро барои таҷлили ҷашни миллии Соли Нави Қамарӣ ба ҳам занад. Боришоти шадид дар ҳашт минтақаи Чин мушоҳида мешавад: ба ин маҳалҳо намешавад бо роҳи оҳан роҳ ёфт ва ҳазорҳо мошинҳо дар умқи барфҳои шадид мондааст. Соли нави қамарии Чин яке аз муҳимтарин ҷашнҳои сол маҳсуб меёбад, ки маъмулан чун рамзи ҳамоиши оилавӣ шинохта мешавад.

Муассиси Ҷабҳаи озодихоҳи Фаластин даргузашт

Ҷорҷ Ҳабаш, муассиси ҷабҳаи тундрави Озодихоҳи Фаластин имрӯз дар Урдун дар синни 81-солагӣ даргузашт. Ин ташаккул таҳти раҳбарии Ҳабаш чандин бор ҳавопаймоҳоро ба самти Урдун рабуда ҳамчунин ба барканоршавии шоҳигарии Урдун дар солҳои 1970 даъватҳо кардааст. Баъди ин артиши кишвар Ҷабҳаи Озодихоҳи Фаластинро аз қаламраваш ронд. Ҳабаш соли 1926 дар шаҳри фаластинии Лидда дар хонаводаи юнониҳои масеҳӣ ба дунё омадааст.

Миср назорати марзро ба роҳ хоҳад монд

Сухангӯи вазорати хориҷаи Миср Аҳмад Абулғайт имрӯз гуфт, ки Миср дар фурсати наздик назоратро бар манотиқи марзии Каронаи Ғарбӣ ба даст мегирад. Тайи чанд рӯзи гузашта, садҳо ҳазор фаластиниҳо аз ин марз убур карда, ба Миср барои харидории ғизову ашё омаданд. Ҷангиёни Ҳамос, ки контроли Ғаззаро дар дасти худ нигаҳ медоранд, деворҳои марзиро хароб карда, мардумро иҷоза доданд, дар тарафи муқобили сарҳад харид кунанд.

Талошҳо барои пайдо кардани зани рабудашуда

Нирӯҳои афғонӣ машғули ҷустуҷӯи як зани амрикоии корманди созмони хайрия ҳастанд, ки ахиран дар Қандаҳор аз ҷониби афроди силоҳбадаст рабуда шудааст. То ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти рабоиши ин зани 49-соларо, ки дар тан бурқа дошту ҳамроҳ бо ронандааш рӯзи шанбе рабуда шуд, ба гардан нагирифтааст. Дар баробари Толибон дар Афғонистон гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноии дигар машғули одамрабоӣ мебошанд.

Эшдаун номзадии худро бозхонд

Сиёсатмадори бритониёйӣ Педди Эшдаун исми худро аз миёни номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми фиристодаи нави СММ дар Афғонистон бардошт. Эшдаун, ки аллакай ин тасмими худро ба таври хаттӣ ба дабири кулли СММ ирсол кардааст, гуфт, ки аз ҳоло маълум аст, ки вай дар Афғонистон пуштибонии кофӣ надорад, то ки вазифаи худро ба таври муассир иҷро кунад. Рӯзи шанбе сафири Афғонистон дар СММ гуфт, ки Кобул мехоҳад фармондеҳи НАТО генерал Ҷон Макколлро чун фиристодаи кишвар дар Милали Муттаҳид бубинад. Эшдаун дар гузашта ба ҳайси намояндаи баландмақоми СММ ва фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Босния фаъолият карда, чун номзади аслии мақоми сафири СММ арзёбӣ мешуд.

Даргузашти Суҳарто

Раисиҷумҳурии пешини Индонезия Суҳарто, ки тӯли 32 сол бо мушти оҳаниаш ин кишварро раҳбарӣ кардааст, дар яке аз шифохонаҳои Ҷакарта бар асари заъфияти шадиди ҷисмаш ҷон дод. Суҳарто 86 сол дошт ва аз таърихи 4 январ ба ин тараф дар шифохона буд. Ӯ аз норасоии қалбӣ, дарди узвҳои нафас ва гурда ранҷ мекашид. Суҳарто дар таърихи қарни 20-уми Осиё чун раҳбаре мемонад, ки сиёсати бераҳм ва шадидлаҳнро дунбол кардааст. Вай соли 1998 дар пайи тазоҳуроти демократӣ ба истеъфо рафт. Ҳанӯз ҳам мавқеи афкори умум дар Индонезия нисбати Суҳарто ягона нест: аз сӯе вайро дар қатлҳои зиёд ва нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мекунанд ва аз ҷониби дигар мегӯянд, ки дар аҳди вай нишондодҳои иқтисодӣ дар кишвар баланд будааст.

50 қурбонии нави хушунатҳои Кения

Дар пайи хушунатҳои тоза дар Кения беш аз 50 нафар ба ҳалокат расиданд. Маркази даргириҳои ахир шаҳри Накуру, 150-километрии Найробӣ будааст. Дар ҳоле, ки кушторҳо идома доранд, собиқ Дабири кулли СММ Кофӣ Аннон талошҳои миёнҷигии худро дар ин моҷаро идома дода имрӯз бо намояндаҳои ҳукумат ва мухолифин мулоқотҳо дойир мекунад. То ҳол, дар Кения, дар пайи интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ дар моҳи декабр, 700 нафар ба ҳалокат расида, 250 ҳазор бехонумон шуданд.

М. Касянов аз идомаи мубориза мунҳариф шуд

Михаил Касянов, яке аз мухолифони аслии ҳукумати феълии Русия, аз ҳаққи иштирок дар интихоботи раисҷумҳурии Русия аз тарафи КМИР-и Федеросюни Русия расман маҳрум гардид.
Натоиҷи санҷишҳои Кумиссиюни марказии интихоботи Русия ҳокӣ аз фоизи беш аз ҳадди имзоҳои қалбакӣ ба тарафдории номзадии Михаил Касянов будааст.
Дар ҳамин ҳол Касянов сабаби чунин тасмимгирии кумисюни интихоботро ангезаи сиёсӣ меҳисобад.
Ба иттилоъи Кумиссиюни марказии интихоботи Русия, 13,36 дарсад аз зиёда аз 2 миллион имзоҳои ба тарафдории Касянов гирдоварӣ шуда тақаллубӣ будааст, дар ҳоле ки тибқи қонун он набояд аз 5 дарсад бошад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Аз мадрасаҳои Бангладеш наврасони тоҷикро баргардонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00
XS
SM
MD
LG