Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Афзоиши вуруди гази узбакӣ ба Тоҷикистон

Ба гуфтаи раиси ширкати «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов, ҳаҷми гази воридотӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон 25 дарсад афзоиш дода шудааст ва акнун дар як соат 80 ҳазор метри кубиро ташкил медиҳад. Ба қавли ӯ, тавофуқ дар бораи афзоиши ҳаҷми гази воридшаванда аз Узбакистон баъди ба пуррагӣ пардохт намудани 7 миллион доллари қарз ба кишвар ҳосил шудааст.

Бино ба мувофиқатнома байни ду кишвар, дар соли 2008 дар назар аст, ки Узбакистон ба Тоҷикистон 650 миллион метри кубӣ бо нархи 145 доллар барои ҳар як ҳазор метри кубии он фурушад.

Ҳабси сарвари марбут ба Ал Қоъида дар Қирғизистон

Мақомоти интизомии Қирғизистон мегӯянд, як узви эҳтимолии гурӯҳи исломиеро боздошт карданд, ки ба шабакаи Ал Қоъида марбут дониста мешавад. Ин шахс бо номи Абулхайр Юлдошев рӯзи чаҳоршанбе дар Узгени ҷануби Қирғизистон боздошт шудааст. Гуфта мешавад, Юлдошев раҳбари гурӯҳест, ки Ҳаракати Исломии Узбакистон онро таъсис дода, ин гурӯҳ дар ҳамла ба посгоҳи марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон масъул будааст.

Ҳушдори Конодо ба Вошингтон ва НАТО

Сарвазири Конодо, Стефан Ҳарпер, ба президенти Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, агар НАТО ба Афғонистон неруи бештар нафиристад, Конодо омодааст, ҳузури худро дар Афғонистон поён диҳад. Сухангӯи Кохи Сафед, Тонӣ Фратто мегӯяд, Буш ба сарвари Конодо гуфтааст, Амрико ба Афғонистон 3 200 сарбози иловагӣ хоҳад фиристод. Як кумисюни мустақили Конодо ахиран ба зарурати афзоиши неруи НАТО дар Афғонистон таъкид кард. Дар ҳол ҳозир Конодо дар Афғонистон дуним ҳазор сарбоз дорад.

Низоъ дар Кениё моҳияти қавмӣ касб кард

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар изҳороте хушунатҳои баъдазинтихоботии Кениёро шадидан танқид карда, аз талошҳои миёнаравии собиқ Дабири кулли Созмони Милал, Кофӣ Анон пуштибонӣ кард. Пештар фиристодаи аршади Иёлоти Муттаҳида дар Африқо, Ҷиндайӣ Фрейзар гуфт, низоъи Кениё акнун ба "поккориҳои қавмӣ" гароидааст. Тибқи хабарҳо сар аз интихоботи 27-уми декабри соли гузашта, ки президент Мвайӣ Кибакиро ба сари қудрат бозгардонд, зиёда аз 800 нафар дар хушунатҳо кушта шуданд. Мухолифон президентро ба дуздидани натиҷаҳои интихобот айбдор мекунанд ва нозирони байнулмилалӣ гуфтаанд, интихобот бо хилофкориҳо ҷараён гирифт.

Фавти ду кӯдак ва ҷавонмард аз гази сӯхта дар Суғд

Ду кӯдак дар пайи заҳролудшавӣ аз гази сӯхта дар шимоли кишвар ба ҳалокат расиданд.
Ба иттилоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, фоҷиъа шаби 30-вуми январ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рух дод.
Дар хонае, ки бино бар набyдани барқ барои гарм кардани он аз сандалӣ, оташдони миллӣ, истифода мешуд, дар оилаи Мунавваровҳо Парвизи 4-сола ва хоҳари ӯ Муслимаи 3-сола аз гази сӯхта ё моноксиди карбон сахт заҳролуд шуда, ҷон доданд. Ба ҳамин иллат инчунин сокини дигари ин ноҳия Ҷамшед Турсунов ба ҳалокат расид, ки акнун 24-сола шуда буд.
Ба сабаби камбуди барқ ва суқути шабакаҳои марказии гармидиҳӣ дар маҳалҳо сокинони Тоҷикистон бештар аз бухориҳои пастсифат ва сандалиҳо истифода мекунанд, ки дар натиҷа шумори заҳролудшудагон рӯ ба афзоиш аст.
Чунин ҳодиса, вале бидуни натиҷаи марг дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ рух додааст. Се кӯдаки навраси аз 10- то 13-сола ҳангоми истифодаи баллони гази табиъӣ барои гармкунии манзили зист аз бӯи гази он заҳролуд шуданд. Хушбахтона, дар натиҷаи сари вақт расонидани ёрии тиббӣ ҳаёти бачаҳо аз марги эҳтимолӣ раҳо карда шуд.

Ширкати "Волво" гунаҳкори садама дониста шуд

Додгоҳи Фаронса ширкати автомобилбарории "Волво"-и Шведро дар ҳалокати одамон айбдор ва ба пардохти 300 ҳазор доллар товон маҳкум кард. Додситонҳо нуқси фишангҳои исти ин автомобилро сабаби ғайримустақим, вале асосии садамаи соли 1999 дар шарқи Фаронса донистанд, ки бар асари он ду кӯдак кушта шуд. Ронандаи мошини "Волво", ки ду мактаббачаро зер карда буд, ба шаш моҳи маҳбас ва 300 евро ҷарима маҳкум гашта буд.

Афзоиши хушунат дар Афғонистон

Бомбгузори маргталаб дар масҷиди шаҳраки Лашкаргоҳи вилояти Ҳилманди Афғонистон худро мунфаҷир кард ва шаш нафарро кушта, чандин тани дигарро захмӣ намуд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар ин таркиш ноиби волии Ҳилманд, Пирмуҳаммад низ ба ҳалокат расидааст. Нимаи аввали имрӯз аз инфиҷори мошини бамгузоришуда дар Кобул, пойтахти Афғонистон, як нафар кушта ва чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Тибқи хабарҳо, дар ҳарду таркиш толибони афғон айбдор мешаванд.

Ба НАТО - баъд аз назарпурсӣ

Юлия Тимошенко, сарвазири Укроин гуфт, ки вуруди кишвараш ба Паймони НАТО фақат дар сурати пазируфта шудани ин иқдом дар референдум ё назарпурсии мардум имконпазир хоҳад шуд. Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Euronews раиси кобинаи вазирони Укроин ҳамчунин иброз дошт, ки ҳамоиш бо сохторҳои аврупоӣ аз авлавиятҳои сиёсати берунаи Киев боқӣ мемонад.

Шикасти ҷиддии ҳукумати Исроил

Амалиёти низомии Исроил алайҳи мусаллаҳони Ҳизбуллоҳ дар Лубнон дар соли 2006 ум, аз сӯи комиссиюни давлатӣ чун “шикасти ҷиддии ҳукумати Исроил” арзёбӣ гардид. Ин комиссиюн тайи чанд моҳ амалҳои артиши Исроил дар ҷараёни ин ҷангро пажуҳиш кард ва ба натиҷае расид, ки тасмим дар бораи шурӯъи амалиёти низомӣ бидуни омодагии ҷиддӣ гирифта шуда ва амалиёти низомӣ ба ҳадафи аслии худ нарасидааст. Еҳуд Олмерт, сарвазири Исроил гуфт, ки бо вуҷуди хулосаҳои комиссиюн, ба истеъфо рафтанӣ нест.

Қатли чаҳор гаравгон дар Нуристон

Афроди мусаллаҳи ношинос дар вилояти Нуристон, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон чаҳор гаравгонро ба қатл расониданд. Ба иттилоъи вазорати умури дохила, гаравгонҳо дар бунёди роҳ фаъолият мекарданд ва як ҳафта пеш рабуда шудаанд. Мақомоти Афғонистон дар ин ҳодиса Толибонро айбдор мекунанд.

Дар вилояти Қандаҳор бошад, дирӯз бар асари инфиҷори майни канори роҳ ду сокини осошта кушта ва чаҳор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Коштунитса аз Тадич рӯ гардонд

Воислав Коштунитса, сарвазири Сербия изҳор кард, ки дар даври дуввуми интихоботи президентӣ, ки рӯзи якшанбе доир мешавад, аз номзадии раисиҷумҳури феълӣ Борис Тадич пуштибонӣ нахоҳад кард. Борис Тадич як илова ба созиш оид ба эътилофи ҳукуматиро рад кард, ки тибқи он дар сурати аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо эътироф шудани истиқлоли Косово, Сербия бояд ҳама созишҳо бо ин Иттиҳодияро лағв кунад. Воислав Коштунитса ҳампаймони Борис Тадич дар эътилофи ҳукуматӣ буд.

Ёдовар мешавем, дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурии Сербия номзади миллатгароҳо Томислав Николич назар ба раисиҷумҳури феълӣ Борис Тадич андаке бештар раӣъҳоро соҳиб шуда буд.

САҲА дар мавриди фиристодани нозирон дудила аст

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) шояд аз фиристодани нозирони худ барои назорати интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия худдорӣ кунад. Як намояндаи Бюрои САҲА оид ба сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ахиран изҳор кард, ки шартҳои пеш гузоштаи мақомоти Русия барои назорати комили ин маъракаи сиёсӣ имкон намедиҳад. Аз нигоҳи масъулини ин созмони бонуфузи байнулмилалӣ, теъдоди нозирони ба интихоботи президентии Русия даъватшуда хело кам ва мӯҳлати будубоши онҳо дар кишвар маҳдуд аст.

Комиссиюни Марказии интихоботии Русия барои назорати ин маъракаи сиёсӣ дар маҷмӯъ 400 нозири байнулмилалӣ, аз ҷумла, 70 нозир аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро даъват кардааст.

Ҷулианӣ ва Эдвардс аз сабқат даст кашиданд

Руди Ҷулианӣ, мири собиқи Ню-Йорк аз сабқат барои дарёфти мақоми раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида даст кашид. Ҷулианӣ, яке аз довталабони ин мақом аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон, бегаҳи чаҳоршанбе изҳор намуд, ки ӯ аз дигар номзади ҳизб - сенатор Ҷон Маккейн пуштибонӣ хоҳад кард.

Қаблан Ҷон Эдвардс, довталаби курсии раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби демократ низ гуфта буд, ки аз идомаи мубориза даст мекашад. Баъд аз канор рафтани Ҷон Эдвардс аз сабқат акнун мубориза барои номзади Ҳизби демократ шудан миёни Ҳилларӣ Клинтон ва Барак Обама сурат мегирад

Бруcсел ба Белград дӯстӣ пешниҳод мекунад

Сарвазири Дания Андерс Фог Расмуссен мегӯяд, Иттиҳодияи Аврупо ба Сербия дӯстӣ пешниҳод кардааст ва акнун мақомоти Белград бояд ба он посух диҳанд. Расмуссен дар арафаи даври ниҳоии интихоботи президентии Сербия сухан гуфтааст. Ба қавли ӯ натиҷаи интихоботи рӯзи якшанбе ба ҳамоиши минбаъдаи ин кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо таъсир хоҳад гузошт. Ба гуфти сарвазири Дания ҳамоиши Сербия бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин ба ҳамкории мақомоти Белград бо додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҳарбӣ вобаста хоҳад буд.Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодия Аврупо лоиҳаи созиши ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ миёни Иттиҳодияи ва Сербияро матраҳ намудаанд. Эҳтимол ин санад 7-уми феврал ба имзо расад.

Хунрезӣ дар Кения идома дорад

Ёвари муовини котиби давлатии ИМА хонум Ҷендайӣ Фрейзер мегӯяд, афзоиши хушунат дар Кения, ки баъди эълони натиҷаи интихоботи президентии моҳи гузашта мушоҳида мешавад, "шаҳодати возеҳи поксозиҳои қавмӣ" дар ин кишвар мебошад.
Ин изҳоротро Фрейзер дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Африқо дар Эфиопия пахш намуд. Дар Кения бошад, собиқ дабири кулли СММ Кофӣ Аннан кӯшишҳои хатми хунрезиро идома медиҳад.
Полиси Кения гузориш додааст, ки шаби гузашта бар асари бархӯрдҳои вазнин боз 22 каси дигар кушта шуданд. Аз замони оғози нооромиҳо дар ин кишвари африқоӣ тахминан 1000 нафар ба қатл расида, беш аз 250 ҳазор кас макони зисташонро тарк кардаанд.

Сенати Афғонистон эъдоми донишҷӯро тасдиқ кард

Раиси Мешрано Ҷирга ё худ Маҷлиси Болоии Парламенти Афғонистон Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ ҳукми эъдоми донишҷӯи муттаҳам бо куфрро тасдиқ кард. Ҳафтаи гузашта як донишҷӯи афғон бо куфр ба эъдом маҳкум шуд.
Муҷаддадӣ санади пуштибонии ҳукмро имзо кард.
Дар изҳороти Муҷаддадӣ баъзе созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ, ки аз тағйир ҳукм пуштибонӣ мекунанд, мавриди танқид карор гирифтаанд.
Дар паи тавзеи мақола пиромуни тафсири Ислом ва шарҳи барғалати Қуръон донишҷӯи 23 солаи афғон Парвиз Комбахш гунаҳгор дониста шуд.
Мақолаи мазкурро як нашрияи эронӣ дар Аврупои ғарбӣ ба табъ расонд.
Қабл аз татбиқи ҳукми эъдом зарур аст, ки онро президент Карзай имзо кунад.

Эрон эъдом дар мазҳари омро мутаваққиф мекунад

Раиси додгоҳи Эрон ҳукм баровард, ки эъдомҳо дар мазҳари ом мутаваққиф гарданд. Ба қавли оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимӣ-Шаҳрудӣ ин навъи эъдом бояд фақат баъди тасдиқи ӯ амалӣ гардад.
Дар Эрон масъулони ҷиноятҳои вазнин аз қабили куштор, қочоқи маводи мухаддир ва таҷовуз ба номус ҳанӯз ҳам метавонанд дар паси девори зиндон эъдом шаванд.
Шореҳон тахмин мекунанд, ки ҳадаф аз ин иқдоми Ҳошимӣ-Шаҳрудӣ поин бурдани намои эъдом дар Ҷумҳурии исломӣ мебошад.
Кишварҳои аврупоӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башари мамолики ғарбӣ Эронро барои боло бурдани мизони эъдом танқид мекунанд. Аз моҳи июли гузашта ба ин тараф, яъне аз замоне, ки ҳукумати Эрон мубориза бо бадахлоқиро оғоз намудааст, дар ин кишвар мизони эъдом ба вижа эъдом дар мазҳари ом афзоиш ёфтааст.
Дар ин байн хабаргузории Форс иттилоъ додааст, ки имрӯз дар зиндони Эвини Теҳрон 5 шахси муҷрим эъдом шуданд.

Эдвардс аз сабқати раёсатҷумҳурии ИМА даст мекашад

Назар ба гузоришҳои расида номзад ба курсии президентии ИМА сенатор Ҷон Эдвардси демократ тасмим гирифтааст аз сабқати раёсатҷумҳурӣ даст кашад. Эдвардс ёваронашро аз ин тасмим огаҳ намуда, шояд соатҳои наздик дар ин бора изҳороте ба табъ расонад. Иқдоми Эдвардс дар арафаи интихоботи дохилиҳизбии беш аз 20 аёлати ИМА ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Ҳамин тариқ рӯзи сешанбеи оянда дар интихоботи дохилиҳизбӣ Ҳилларӣ Клинтон ва Барак Обама барои номзадӣ аз гурӯҳи сиёсӣ сабқат хоҳанд кард.

Марги се нафар ҳангоми таҳияи бомба

Полиси Покистон мегӯяд, се шахси муттаҳам бо ифротгароӣ зоҳиран ҳангоми таҳияи бомба ҳалок шуданд.
Ба қавли таркиш дар як хонае воқеъ дар канори шаҳри Пешавар: пойтахти вилояти Шимолу Ғарбии Покистон, ба вуқӯъ пайваст. Ҳамин манбаъ меафзояд, эҳтимол ин афрод маводи таркандаро барои бомбгузории маргталабона нигаҳдорӣ мекарданд.
Тафсилоте дар бораи ҳадафи бомбгузорон ва номи онҳо дастрас нашудааст.

Кумаки миллиондолларии Русия ба Тоҷикистон

Бино бар иттилоъи Ожонси иттилоъотии русии «Интерфакс»,

Федеросюни Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 3 миллион доллари амрикоӣ кумаки башарӣ пешкаш намудааст.

Дар тафсираи Департаменти иттилоъот ва матбуъоти Вазорати умури хориҷаи Русия аз ҷумла чунин омадааст: «Кумаки башарӣ ба Тоҷикистон бар асоси ёддошти тафоҳуми байни ҳукумати Русия, дар симои вазорати ҳолатҳои изтирории кишвар, ва Барномаи озуқаи СММ, ки ҳанӯз дар моҳи августи соли 2007 имзо шуда буд, ироъа гардидааст».

Марги узви ҲНИТ дар маҳбас

Шамсиддин Шамсиддинов, муовини собиқи раиси ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 30-вуми январ, бар асари бемори силли устухон дар маҳбаси ислоҳотӣ-тиббии воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, даргузашт.
Масъулони раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон ҷасади Ш. Шамсиддиновро ба М. Кабирӣ, раиси ҲНИТ, таслим намуданд.

Эътиқод Бушро аз шаробхорагӣ наҷот додааст

Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки эътиқоди мазҳабӣ ба ӯ барои рӯ тофтан аз шаробхорагӣ кумак кардааст. Ахиран ӯ дар шаҳри Балтимор аз созмоне дидан кард, ки бо кумаки калисо афроди мубтало ба шаробхорагӣ ва дигар мушкилотро табобат мекунад ва онҳоро ба ҳаёти солим бармегардонад. Ҷорҷ Буш гуфт, ки ниёиши ӯ ба Худованд барои аз шаробхорагӣ раҳо шуданаш мусоидат кардааст. Ӯ афзуд, ки 21 сол пеш, рӯзе, ки 40 солагияшро таҷлил мекард, бо шароб падруд гуфтааст.

Касянов ба Додгоҳи Олӣ шикоят мебарад

Михаил Касянов, сарвазири пешини Русия изҳор кард, аз болои тасмими Комиссиюни Марказии интихобот, ки ӯро аз ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳур маҳрум кардааст, ба Додгоҳи Олии кишвар шикоят мебарад. Ӯ бори дигар такрор кард, ки тасмим Комиссиюн ангезаи сиёсӣ дорад.

Рӯзи якшанбе Комиссиюни Марказии интихоботи Русия бо далели он ки 13 дар сади имзоҳои ба ҷонибдории Касянов ҷамъоварда тақаллубянд, аз сабти номи ӯ барои шикрат дар сабқати президентӣ сарпечӣ кард. Гуфта мешавад, ки рӯзи 2 март барои мақоми олии Русия чаҳор номзад – Дмитрий Медведев, Владимир Жириновский, Геннадий Зюганов ва Андрей Богданов талош хоҳанд кард.

Нигаронии Аврупо аз бӯҳрони иқтисоди Амрико

Раҳбарони 5 кишвари аврупоӣ дар Лондон бӯҳрони бозори саҳҳом ва вазъи иқтисоди ҷаҳонро баррасӣ карданд. Сарвазири Бритониё Гордон Браун раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ, нахуствазири Олмон Ангела Меркел, сарвазири муваққати Италия Романо Продӣ ва раиси Комиссиюни Аврупо Хосе Мануэл Баррозоро ба ҳузур пазируфт. Баррозо зимни суханронӣ гуфт, ки дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо пойинравии иқтисод мушоҳида нашудааст ва аммо таъсири бӯҳрони иқтисодии Амрико ба Аврупо каму беш ба назар мерасад

Ҳалокати як ошубгар дар Қарочӣ

Мақомоти Покистон дар бораи кушта шудани ошубгар Қосим Турӣ хабар доданд. Турӣ дар робита ба даст доштанаш дар ду инфиҷор ва қаробаташ бо созмони "Ал- Қоида" мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт. Бар асари як амалиёти вижа дар шаҳри Қарочӣ алайҳи ошубгарон ҳамчунин дасти кам ду корманди пулис ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои расмӣ, ошубгарон узви гурӯҳи ифротгарои "Ҷундуллоҳ" буданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG