Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Модари ноком худро ба Сирдарё андохт

Бино ба иттилоъи хабарнигори радиои Озодӣ дар вилояти Суғд, имрӯз, 28 апрел, дар шаҳри Хуҷанд як зан бар асари муноқишаи хонаводагӣ худро ба дарё андохта ғарқ кардааст. Гуфта мешавад, духтари 10-солаи ин зан низ ҳини талош барои наҷоти модараш дар дарё ғарқ шудааст. Мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ шахсияти зани ғарқшударо муайян кардаанд. Номи ӯ Умеда Бобоҷонова буда сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Дар робита ба ин ҳодиса додситонӣ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ намудааст. Бино ба омори расмӣ, танҳо тайи 3 моҳи ахир дар вилояти Суғд беш аз 40 нафар даст ба худкушӣ задаанд. Гуфта мешавад, дар давоми 5 соли ахир беш аз 30 нафар худро ба Сирдарё андохта ғарқ кардаанд.

Як ҳиндӣ як ҳафта бетанаффус суруд хондааст

Вираҷ Ванхеде, як шаҳрванди 34-солаи Ҳинд ба хотири роҳ ёфтан ба Китоби рекордҳои Гиннес як ҳафта бидуни танаффус суруд хондааст. Дастоварди Ванхеде, дар сурати эътироф шуданаш, ду маротиба бештар аз рекорди кунунист, ки ба 75 соат баробар будааст.

Ванхеде тайи ин як ҳафта луқмае ҳам ба даҳон набурда ва лаҳзае ҳам барои хоб мижа таҳ накарда, беш аз 1 500 таронаи овозхонҳои маъруфи ҳиндиро иҷро кардааст.

Овозхон тайи як ҳафтаи фатҳи рекорди нав карданаш танҳо ғизои моеъ менӯшид. Ба вазъи сиҳҳати ӯ тайи ин муддат 3 табиби хос назорат мекарданд.

Суқути боз як чархболи Украина дар Баҳри Сиёҳ

Бино ба хабарҳо, имрӯз дар натиҷаи суқути чархболи марбут ба ширкати “Нафтогаз”-и Украина дар Баҳри Сиёҳ 20 нафар ҳалок шудаанд. Валентин Землянский, сухангӯи ширкати “Нафтогаз” гуфт, ки чархболи МИ-8 ҳангоми нишастан суқут кардааст.

Бино ба хабарҳо, аксари сарнишинони ин чархбол кормандони ширкати “Нафтогаз” будаанд.

Моҳи гузашта дар асари суқути чархболи нирӯҳои марзбонии Украина дар Баҳри Сиёҳ 12 нафар ҳалок шуда буд.

Шумори қурбониҳои сониҳаи қатор ба 70 расид

Ба ҳам бархӯрдани ду қатори роҳи оҳан дар шарқи Чин дасти кам 70 нафарро кушта ва беш аз 400 тани дигарро захмӣ барҷой гузошт. Хабаргузории давлатии Чин, Синхуа, менависад, қатори баландсуръати мусофиркаше, ки аз Пекин, пойтахти Чин, ба Қингдао мерафт, дар вилояти Шангдунг аз роҳи оҳан берун шуда, ба як қатори дигар бархӯрдааст.

Аксҳои расида аз маҳалли сониҳа ҳокист, ки қатори мусофирбар дар пайи сониҳа ба варта сарозер шудааст.

Аҳмадинажод бо Мушарраф мулоқот кард

Имрӯз дар Исломобод, пойтахти Покистон, дар мулоқоти раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҳамтои покистониаш Парвиз Мушарраф тарҳи эҳдоси лӯлаи ҳафтуниммиллиарддолларии газе, ки бояд ба Покистону Ҳинд кашида шавад, баҳс шудааст. Хабаргузориҳо аз қавли вазири хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ овардаанд, ки мегӯяд, ҳарду раҳбар “пиромуни дарёфти роҳи ҳалли куллия мушкилоти мавҷуда дар роҳи расидан ба қарордоди ниҳоӣ дар ин масъала изҳори қаноатмандӣ кардаанд”.

Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз силсиласафараш ба кишварҳои Осиёи ҷанубиро бо дидори Шри Ланка идома дода, рӯзи сешанбе аз Ҳиндустон дидан мекунад.

Сафари ҳайъати IAEA ба Эрон

Як ҳайъати Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ ба хотири музокирот бо намояндагони Созмони нирӯи ҳастаии Эрон дар Теҳрон ба сар мебарад.

Валентин Соболев, кафили дабири Шӯрои Амнияти Миллии Русия, алакай бо Саид Ҷалилӣ, раҳбари ҳайъати Эрон дар музокироти ҳастаӣ, мулоқот кардааст.

Сафари ин ҳайъат ба Эрон дар остонаи нишасти навбатии намояндагони 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ бо ҷамъи Олмон сурат мегирад. Ин нишаст, қарор аст, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи ҷорӣ дар Лондон мавзӯъи эъмоли таҳримоти бештар алайҳи Эрон ба далели даст набардоштанаш аз идомаи ғанисозии ураниумро баҳс кунад.

Идомаи хушунатҳо дар Афғонистон

Нирӯҳои Амрико дар бораи ҳалокати 12 ҷангӣ ва ҷароҳат бардоштани 12 ҷангии дигар дар шарқи Афғонистон хабар медиҳанд. Ба гуфтаи нирӯҳои Амрико, задухӯрдҳо рӯзи якшанбе дар пайи ҳамалоти тарҳшудаи ҷангиён ба 5 посгоҳи дидбонии нирӯҳои Амрикову Афғонистон дар дараи Коренгали вилояти Кунар иттифоқ уфтодаанд.

Дирӯз дар як даргирии дигар дар ҷануби Афғонистон як сарбози НАТО низ кушта шуд.

Имзои қарордодҳои ҳамкорӣ байни Кобулу Ишқобод

Имрӯз дар Кобул байни Афғонистону Туркманистон қарордодҳои ҳамкорӣ дар соҳоти энержӣ, нақлиёт ва фарҳанг ба имзо расид. Руъасои ҳарду ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар маросими имзои ин қарордодҳо ҳузур доштанд, ҳамчунин ба созишномаи густардае, ки заминаи ҳуқуқии равобити дуҷониба байни Кобулу Ишқободро фароҳам мекунад, имзо гузоштанд.

Як мавзӯъи аслии дидори раҳбарони Афғонистону Туркманистон дар Кобул, ба гуфтаи мақомот, тарҳи эҳдоси лӯлаи газе будааст, ки чоҳҳои нафти Туркманистонро тавассути Афғонистон бо Ҳинду Покистон хоҳад пайваст.

ИА мавзӯъи Узбакистонро баҳс мекунад

Интизор меравад, ки рӯзи сешанбе, 29 апрел, нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Люксембург замони эътибори тасмими тавқифи манъи ироаи раводиди сафар барои чанд тан аз мақомоти Узбакистонро то 6 моҳи дигар тамдид кунад. Манъи ироаи раводиди сафар ҳамроҳ бо манъи фурӯши таслиҳот ба Тошканд ва тавқифи барномаҳои имдодии ИА аз ҷумлаи таҳримоте буд, ки Бруксел ҳанӯз моҳи октябри соли 2005 дар пайи рӯйдодҳои хунини Андиҷон алайҳи Узбакистон ҷорӣ кард.

Дар моҳи майи соли гузашта исми 4 мансабдори узбак аз феҳрасти манъи раводиди сафар ба Аврупо хориҷ карда шуд.

Дар моҳи октябри гузашта ин таҳрим барои 6 моҳ ба ҳоли таълиқ дароварда шуд.

Гузашти оромонаи машъали олимпӣ аз кӯчаҳои Пхенян

Машъали олимпӣ имрӯз барои нахустин бор аз кӯчаҳои Пхенян, пойтахти Куриёи Шимолӣ, гузашт. Ба фарқ аз Ҷопону Куроиёи Ҷанубӣ, маросими машъалбардорӣ дар Куриёи Шимолӣ, ки аз муттаҳидини наздики Чин, мизбони бозиҳои имсолаи олимпист, ба оромӣ сипарӣ шуд.

Дар Ҷопону Куриёи Шимолӣ ва ҳамин тавр, дар кишварҳои Аврупову Амрико масири ҳаракати машъали олимпиро намоишҳои эътирозии зиддичиноӣ ҳамроҳӣ мекард.

Тазоҳургарон бо эътироз ба сиёсати Чин дар қиболи Тибет ва ҳам вазъи ҳуқуқи башар дар он кишвар ба таҳрими бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин даъват мекарданд.

Ин бозиҳо моҳи август оғоз меёбанд.

Бердимуҳаммадов - дар Кобул

Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов имрӯз вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд. Сиёмак Ҳиравӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, 2 раҳбар зимни дидори худ ба 4 қарордоди ҳамкорӣ дар соҳоти нафту газ, нирӯи барқ, нақлиёт ва кишоварзӣ имзо хоҳанд кард.

Ҳиравӣ гуфт, қарордоди ҳафтаи гузашта имзошуда дар Исломобод роҳро барои баррасии тарҳи эҳдоси лӯлаи газе, ки чоҳҳои нафти Туркманистонро тавассути Афғонистон бо Ҳинду Покистон мепайвандад, боз мекунад.

Нархи нафт ба 120$ наздик шуд

Қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ боз як қуллаи дар гузашта бесобиқаро фатҳ кард. Субҳи имрӯз арзиши як бушкаи нафти хом дар бозори Ню-Йорк ба 120 доллар наздик шуд. Имрӯз дар бозори Ню-Йорк як бушка нафт барои қарордодҳои моҳи июн бо қимати 119,93 доллар фурӯхта мешуд.
Эътисоби коргарони корхонаҳои марбут ба лӯлаи нафти Баҳри Шимолӣ, ки тавлиди тақрибан сеяки маҳсулотит нафтии Бритониёро таъмин мекард, як иллати аслии афзоиши нави нархи нафт номида мешавад.

Иллати дигари афзоиши қиматҳо ихлоли воридшуда бар ҷараёни ҳамлу нақли нафт аз Найҷерия, бузургтарин тавлидкунандаи нафти хом дар қораи Африқо, будааст.

Дар Ғаза 6 фаластинӣ кушта шудаанд

Бино ба хабарҳо, имрӯз дар ҷараёни амалиёти низомии Исроил дар шимоли навори Ғаза, 6 фаластинӣ кушта шудаанд. Мақомоти тиббии фаластинӣ мегӯянд, талоши бо нирӯи танк тахриб кардани як манзил дар Байт Ҳонун мунҷар ба ҳалокати як зан ва 4 кӯдаки ӯ шудааст. Як марди мусаллаҳи дигар ҳангоми задухӯрд бо нирӯҳои исроилӣ ба ҳалокат расидааст.

Байт Ҳонун минтақаест, ки ҷангиёни фаластинӣ аз он ба хотири анҷоми ҳамалоти мушакӣ алайҳи Исроил зиёд истифода мекунанд. Мақомҳои низомии Исроил хабари роҳандозии амалиёти низомӣ дар борикаи Ғаза, аз ҷумла истифода аз ҳамалоти ҳавоиро таъйид кардаанд.

Сониҳаи пурқурбонии қатори роҳи оҳан дар Чин

Сониҳаи қатори роҳи оҳан дар шарқи Чин мунҷар ба ҳалокати дасти кам 66 нафар ва ҷароҳат бардоштани наздики 250 тани дигар шудааст.

Хабаргузории давлатии Чин, Синхуа, менависад, ин сониҳаи пурқурбонӣ дар вилояти Шангдонг рух додааст.

Бино ба хабарҳо, қатори мусофиркаше, ки аз Пекин, пойтахти Чин, роҳии Қингдао будааст, аз роҳи оҳан берун шуда, ва ба як қатори дигар бармехӯрад.

Задухӯрди хунин дар шимолу шарқи Бағдод

Нирӯҳои Амрико мегӯянд, ахиран дар амалиётҳои муштарак бо нирӯҳои ироқӣ дар Бағдод 38 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд.

Нирӯҳои Амрико мегӯянд, аз ҷумла, 22 ҷангӣ шаби душанбе ба ҳангоми хунсо кардани ҳамлаи гурӯҳи бузурги ҷангиён ба як посгоҳи нирӯҳои ироқӣ дар шимолу шарқи Бағдод кушта шуданд.

Маҳалли мушаххаси ин задухӯрд оварда нашудааст, вале дар шимолу шарқи Бағдод минтақаҳои шиъанишине чун минтақаи ошӯбзадаи Садр воқеъ мебошанд.
16 ҷангии дигар дар задухӯрдҳои мухталифе, ки тайи ҳафтаҳои гузашта дар Бағдод сурат гирифтанд, кушта шудаанд.

Дидори чорсоатаи Аҳмадинажод аз Исломобод

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз, 28 апрел, дар роҳ ба сӯи Шри Ланка барои 4 соат дар Исломобод, пойтахти Покистон, таваққуф мекунад. Қарор аст, Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҳамтои покистониаш Парвиз Мушарраф ва сарвазири он кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ мулоқот кунад.

Як мавзӯъи умдаи матрӯҳа дар ин дидорҳо тарҳи эҳдоси лӯлаи ҳафтуниммиллиарддолларии газест, ки бояд аз Эрон ба Покистону Ҳинд кашида шавад.

Рӯзи ҷумъа, 25 апрел, Деҳливу Исломобод пиромуни усули эҳдоси ин лӯлаи газ, ки қарор аст, сохтмони он соли ояндаи 2009 шурӯъ шавад, тавофуқ карданд.

Ҳалокати сарбози НАТО дар ҷануби Афғонистон

Рӯзи якшанбе дар асари як задухӯрд бо чирикиҳо дар ҷануби Афғонистон як сарбози НАТО кушта ва чаҳор сарбози дигар захмӣ шудаанд. Нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон ё худ АЙСАФ, ки таҳти фармони паймони низомии НАТО амал мекунанд, мегӯяд, сарбозони АЙСАФ ҳангоми дидбонии минтақа ба як гурӯҳи ҷангиён рӯбарӯ шудаанд.

АЙСАФ дар баёнияаш маҳалли задухӯрд ва ҳуввияти сарбозони куштаву захмишударо мушаххас накардааст.

Чавез ва Аҳмадинажод ҳамдигарро пазмон шудаанд

Президентҳои Венесуэла ва Эрон тасмим гирифтанд, ба зудӣ бо мақсади таҳкими равобити ду кишвар мулоқот кунанд. Вазорати умури хориҷии Венесуэла хабар дод, ки ин тавофуқ дар як гуфтугӯи телефонӣ ба даст омад ва тарафҳо мехоҳанд, ба зудӣ мулоқот карда, талошҳои рушди ҳамкориҳои саноъатӣ, илмӣ ва табодули фанновариҳоро идома диҳанд. Ҳуго Чавез ва Маҳмуди Аҳмадинажод ҳарду ба сиёсатҳои ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мухолифанд ва моҳи ноябри соли гузашта дар Теҳрон мулоқот кардаанд. Венесуэла ва Эрон аъзои Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт ё ОПЕК мебошанд.

Тоҷикистон -- яке аз кишварҳои хилофи моликияти маънавӣ

Иёлоти Муттаҳида дар гузорише марбут ба моликияти маънавӣ Чин ва Русияро аз бадтарин муҳофизони ҳуқуқ ба чунин моликият номиданд. Ба гузориши Дафтари тиҷорати Амрико, ин кишварҳо ба патент ва ҳуқуқи муаллиф арҷ намегузоранд ва бозори ҷаҳонро аз моли қалбакии монанди Дивидиҳо, сарулибос, дорувор ва нармафзорҳои компютерӣ пур кардаанд. Чаҳор кишвар -- Миср, Лубнон, Туркия ва Укроин бо талошҳои ислоҳи вазъ аз номгӯи мамолики таҳти назар хориҷ шуданд. Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ҳамоно дар ин номгӯй қарор доранд.

Сулҳомӯзии ироқиҳо дар Финлонд

Намояндагони гурӯҳҳои асосии қавмии Ироқ тайи се рӯз дар Финлонд таҷрибаи оштии миллӣ дар Ирлонди Шимолӣ ва Африқои Ҷанубиро омӯхтанд. Дар ин ҷаласа маҷмӯъаи усули барномаи оштии миллӣ ва шабакаи аҳкоми иҷрои ин усул барои ваҳдати пойдори Ироқ тарҳрезӣ шуд. Тарафҳо муколамаро беҳтарин роҳи ҳалли баҳсҳои сиёсӣ донистанд. Онҳо қарор карданд, мулоқоти навбатиро дар се моҳи оянда дар Бағдод барпо кунанд.

Машъали олимпӣ аз ду Корея гузашт

Машъали олимпӣ ба Пхенян, пойтахти Кореяи Шимолӣ расид. Масъулони ин кишвар мегӯянд, садҳо ҳазор нафар дар масири 20-километрии ҳаракати он ҷамъ омаданд, то ба эътирозҳои зиддичиноии тарафдорони Тибет эътироз кунанд. Ҳукумати коммунисти Кореяи Шимолӣ аз тазоҳуроти зиддичиноӣ дар кишварҳои дигар интиқод кард. Пештар, дар Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ тарафдорони Чин майдони марказии шаҳрро ба дарёи парчамҳои сурхи Чин табдил доданд.

Масеҳиёни православи Тоҷикистон Пасхаро ид карданд

Масеҳиёни православи Тоҷикистон аз бузургтарин иди худ, Пасха ё эҳёи Исои Масеҳ дар калисои ҷомеаъи Свято-Никлоски Душанбе таҷлил карданд. Ин идест дар поёни давраи рӯзадории онҳо, ки дар ҳузури ҷамъ бо кулчаҳои идона ва тухмҳои рангшуда таҷлил мешавад. Тибқи ривояти китобҳои муқаддаси насоро, дар савумин рӯзи чормех шуданаш дар чалипо Исои Масеҳ эҳё гардид ва ин рамзи пирӯзӣ бар гуноҳ ва марг буда, подоши ранҷу машаққат шумурда мешавад. Масеҳиён дар ин рӯз бо нидоҳои "Исо зинда шуд!" ҳамдигарро шодбош мегӯянд.

Кашфи 50 ҷасад дар Бақубаи Ироқ

Полиси Ироқ мегӯяд, дар яке аз минтақаҳои шимолушарқи Бағдод зиёда аз 50 ҷасади порашударо дарёфт кардааст. Ҷасадҳо дар боғе дар наздикии Бақуба, 60-километрии Бағдод, кашф шудаанд. Сокинони маҳал гуфтаанд, ин минтақа яке аз пойгоҳҳои афроди марбут ба ал-Қоъида будааст. Низомиёни амрикоӣ дар шимоли Ироқ гуфтаанд, гузориши кашфи аҷсодро тасдиқ карда наметавонанд.

Норозигии Эрон аз Озарбойҷон

Эрон дар пайванд бо тирандозии марзбонони Озарбойҷон, ки ду эрониро ба ҳалокат расонд, изҳори хашм кард. Сухангӯи Вазорати умури берунаи Эрон, Муҳаммадалӣ Ҳусайнӣ "бархӯрди нерӯҳои озариро ба ду эронии ҷавон ғайриқобили қабул" номид. Ин эрониён ғайриқонунӣ марзро убур кардаву акнун ба Эрон бармегаштанд. Ҷониби Озарбойҷон қазияро шарҳ надодааст. Теҳрон ҳамчунин аз Боку талаб кардааст, таҷҳизоти ҳастаии Русияро, ки ба нерӯгоҳи Бушери Эрон фиристода шудаасту беш аз ду ҳафта дар боздошти гумрукиёни Озарбойҷон аст, раҳо кунад.

Боздошти марде барои ҳамзистии 24-сола бо духтараш

Полиси Австрия марди 73-солаеро ба ҳабс гирифт ва ӯро айбдор мекунад, ки 24 сол духтари худро дар таҳхона зиндонӣ карда, аз ӯ ҳафт фарзанд ба дунё овардааст. Қазия замоне рӯи об баромадааст, ки духтари 19-солаи онҳо аввали ин моҳ бемор шуда, ба шифохона муроҷиат кард. Модари ӯ, Элизабет Фритзл падари хешро дар ҷиноятҳои сангин айбдор мекунад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG