Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Гирдбодҳо дар Вирҷиния

Се гирдбод ба садҳо бино дар аёлати ҷанубу шарқии Вирҷинияи ИМА исобат кардаанд. Тибқи омори расмӣ наздик ба 200 нафар маҷрӯҳ шудааст. Маркази гирдбодҳо дар атрофи шаҳри Суффлоки Вирҷиния дар 300 километрии шаҳри Вашингтон қарор доштааст. Ҳангоми тӯфон жола ва борони сахт низ боридааст. Рӯзи душанбе волии Вирҷиния Тим Кейн эъломияи фоҷеа ба табъ расонд.

Куштори 28 ҷангҷӯй дар Ироқ

Низомиёни Амрико мегӯянд, аснои бархӯрди сарбозони ин кишвар бо ҷангҷӯён дар шаҳраки Садри Бағдод 28 ҷангҷӯй кушта шуданд. Ҷангҷӯёни вафодор ба рӯҳонии шиамазҳаб Муқтадо Ас-Садр иддао доранд, ки сар аз рӯзи якшанбе бар зидди сарбозони амрикоӣ қиём кардаанд.
Низомиёни ИМА мегӯянд, ки дар давоми ду рӯз, яъне якшанбеву душанбе дар атрофи шаҳраки Садр 45 ҷангҷӯй ба ҳалокат расиданд. Рӯзи душанбе бар асари оташи мушак ва ё гулӯла чор сарбози амрикоӣ низ ба қатл расиданд.

Аҳмадинажод ба Ҳиндустон рафт

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҳадафи арзёбии ҳамкориҳои Теҳрон бо Ҳиндустон ба Деҳлии Нав рафт. Тахмин мешавад, ки Аҳмадинажод бо сарвазири ҳинд Манмоҳан Сингҳ бунёди лӯлаи Эрон-Покистон-Ҳиндустон ва лоиҳаи тавлиди гази табии моеъро баҳс мекунад. Қабл аз сафари Ҳиндустон раҳбари Эрон аз Покистону Шриланка боздид намуд.

Гурҷистонро бо тарҳрезии ҳамла муттаҳам мекунанд

Русия Гурҷистонро бо тарҳрезии ҳамла болои Абхозистон муттаҳам кард. Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, Гурҷистон 1500 афсару сарбози нерӯҳои мусаллаҳ ва полисашро дар болои водии Кодорӣ ҷамъ кардааст. Ин минтақа зери назорати Гурҷистон аст. Муовини вазири мудофиаи Гурҷистон Бату Кутелия ин айбномаро рад кард. Вале дар ин байн вазорати мудофиаи Русия бо ишора ба афзоиши ташаннуҷ иброз дошт, ки маҷбур аст, нерӯҳои русии ҳомии сулҳ дар Абхозистону Осетияи Ҷанубиро таҳким бахшад.

Тавқифи таҳрими Узбакистон идома меёбад

Имрӯз Иттиҳодияи Аврупо эълон кард, ки тавқифи таҳрими Узбакистонро барои шаш моҳи дигар тамдид мекунад. Рӯзи душанбе ҳамзамон бо эъломи ин хабар вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо изҳори ташвиш намуданд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад ва агар тағйире ба амал наояд, таҳрим аз сар ҷорӣ мешавад. Иттиҳодияи Аврупо хушҳол аст, ки дар Узбакистон ҳукми эъдом лағв гардида, баъзе ҳомиёни ҳуқуқи башар аз зиндон раҳо шудаанд.

Таҳкими равобити Бруселу Белград

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки рӯзи душанбе паймоне дар мавриди поягузории равобити қавитаре бо Сербияро имзо мекунад. Сухангӯи даврии Иттиҳодияи Аврупо иброз дошт, ки мувофиқати вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв баъди қабули баъзе шартҳо ба даст омад.
То ҳол дар бораи ин шартҳо чизе маълум нашудааст. Ҳолланд ва Белгия мухолифи таҳқими равобит буданд ва мегуфтанд, ки ибтидо Белград афроди муттаҳам бо ҷиноятҳои ҳарбиро ба додгоҳи байналмилалӣ таслим кунад.

Амалиёти васеъмиқёси Нато дар ҷануби Афғонистон

Нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони Нато дар Афғонистон мегӯянд, садҳо сарбози Британия ва ИМА дар вилояти ҷанубии Ҳилманд, ки истеҳкоми ҷумбиши ифротгарои исломӣ ба шумор меравад, амалиёти васеъмиқёс раҳандозӣ кардаанд.
Амалиёт дар як минтақае ҷараён дорад, ки пойгоҳи Толибон ва маркази тавлиди афюн аст. Нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) изҳор намудааст, ки амалиёт рӯзи душанбе аз самтҳои мухталиф шурӯъ шуд. Номи амалиёт Озода воса, яъне ба забони пушту "Озод бош" аст.
Ба қавли нерӯҳои зери раҳбари Нато ҳадаф таҳкими амният дар ноҳияи Гармсер аст. Ҳамчунон нерӯҳо мехоҳанд бо раҳбарони Ҳилманд эҳтиёҷоти онҳо ба хотири таъмини амниятро баҳс кунанд.
Расонаҳо аз сарбозони амрикоӣ иқтибос овардаанд, ки Толибон мунтазири ҳамла буданд ва шояд минтақаро минагузорӣ карда бошанд.

СММ бо болоравии нархи озуқа талош меварзад

СММ тасмим гирифтааст ниҳоди махсусеро барои мубориза бо болоравии нархи маводи ғизоӣ таъсис диҳад.
Дар ин бора дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун баъди мулоқот бо раҳбарони ниҳодҳои СММ дар шаҳри Берни Швейтсария иттилоъ дод. Ӯ гуфт:
"Мо мувофиқат кардем гурӯҳи хоси СММ-ро барои мубориза бо бӯҳрони саросарии озуқаворӣ ташкил диҳем ва ман ҳамроҳ бо раҳбарони ниҳодҳои вижа ва Бонки Ҷаҳониву Сандуқи байналмилалии пул фаъолияти ин ниҳодро муассир ва ҳамоҳанг хоҳам кард."
Бан афзуд, муассисаҳои СММ як идда чораҳои миёна ва дарозмуддат қабул хоҳанд кард. Қабл аз ҳама ин гурӯҳ саъй мекунад, камбуди 755 миллион доллари Барномаи ҷаҳонии озуқаро рафъ намояд.
Дабири кулли СММ илова кард, ки Созмони озуқа ва кишоварзии СММ нақша дорад ба маблағи 1,7 миллиард доллар ба кишоварзони мамолики қашшоқтарини дунё тухмӣ фиристад.

Халилзод Эрону Сурияро дар ноамнии Ироқ айбдор кард

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милал, Залмай Халилзод бо иттиҳомоти тозае Эрон ва Сурияро дар ташаннуҷҳои Ироқ айбдор кард. Вай ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт, дар моҳҳои охир гурӯҳҳое, ки аз тарафи Эрон пуштибонӣ мешаванд, чандин бор ба мардуми осоишта, нерӯҳои Ироқ ва қувваҳои таҳти сарварии Амрико ҳамла карданд. Вай афзуд даргириҳои ахири "аносири ҷиноии ситезаҷӯ" бо нерӯҳои давлатии Ироқ дар Бағдод ва Басра таъсир ва аъмоли ташаннуҷофари Эронро нишон медиҳанд. Хализод ҳамчунин Сурияро ба он айбдор кард, ки аз вуруди размандагони хориҷӣ ба Ироқ пешгирӣ намекунад. Эрон ва Сурия борҳо ҳама гуна саҳми худро дар хушунатҳои Ироқ рад кардаанд.

Кӯмакҳои нави Ҷопон ба Тоҷикистон

Имрӯз дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлони Тоҷикистон мактаби миёнаи рақами яки ин ноҳия пас аз бозсохти куллӣ дубора боз мешавад. Ин мактаб бо кӯмаки бебозгашти ҳукумати Ҷопон дар ҳаҷми зиёда аз 84 000 доллар бозсозӣ ва муҷаҳҳаз шудааст. Дирӯз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба Кумитаи вазъи изтирории Тоҷикистон дармонгоҳеро тақдим кард, ки наздик ба 90 000 доллар қимат дорад. Сар аз соли 1996 ҳукумати Ҷопон ба ҳайси кӯмак дар барномаҳои хурд 13 миллиону 690 ҳазор доллар мадад расондааст.

Баррасии бӯҳрони ҷаҳонии ғизо дар СММ

Раҳбарони Созмони Милал дар нишасте дар Швейтсария ё Суисс роҳҳои бархӯрд бо бӯҳрони ҷаҳонии хӯроквориро баррасӣ карданд. Ин ҷаласа бо даъвати Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун баргузор шудааст, ки мехоҳад роҳҳои паст кардани нархи маводи ғизо ва пешгирии камбуди онро пайдо кунад. Созмони Милал мегӯяд, нархи озуқа дар ҷаҳон дар як соли гузашта 60% боло рафт ва сабаби эътирозу ошӯбҳои Африқо, Осиё ва Амрикои Ҷанубӣ гашт. Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқ ба ғизо, Жан Зилгер ба қатъи тавлиди сӯхти биологӣ аз ғалла даъват кард: "Сӯхти биологӣ, ба шакли имрӯзаи тавлидаш ҷинояте зидди бахши аъзами башарият аст. Ин ҷинояти ғайриқобили таҳаммул аст ва ман аз Маҷмаъи Умумии Созмони Милал дар Ню Йорк ва дар гузориши ахирам ба Шӯрои ҳуқуқи башар дархост кардам, як таҳрим ё манъи пурраи панҷсолаи чунин тавлид ҷорӣ шавад." Коршиносон мегӯянд, бар замми тавлиди сӯхти биологӣ, хушксоли Австралиё, нархи баланди нафт ва гаронфурӯшӣ дар бозори ҷаҳонии коло низ сабаби бӯҳрони маводи ғизиӣ шудааст.

FH: Гузориши нави озодии матбуот дар ҷаҳон

Созмони Freedom House(FH) ё Хонаи Озодӣ дар гузориши солонааш, ки соате пеш нашр шуд, вазъи озодии матбуотро дар 195 кишвар ва минтақаи ҷаҳон баррасӣ кардааст ва мегӯяд, 72 кишвар ё 37 дарсади мамолики ҷаҳон озод, 59 кишвар ё 30 дарсад қисман озод ва 64 кишвар ё 33 дарсади давлатҳои олам ноозоданд. Бадтар шудани вазъи озодии матбуот махсусан дар кишварҳои шӯравии собиқ, Осиё ва Шимоли Африқо ба вуқӯъ пайвастааст. Бирма, Куба, Либӣ, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Беларус ва Узбакистон бадтарин поймолкунандагони озодии матбуот, Тоҷикистон кишвари ноозод унвон шудаанд.

Сафари Буш ба Исроил, Миср ва Арабистони Саъудӣ

Кохи Сафед гуфтааст, президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш моҳи оянда ба Исроил, Миср ва Арабистони Саъудӣ сафар мекунад. Аммо ӯ нақша надорад, мулоқоти сеҷонибае бо сарони Исроилу Фаластинро созмон диҳад. Буш дар 60-солагии таъсиси Исроил ширкат карда, дар Миср бо раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқот хоҳад кард. Дар ин байн, Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун ҳалокати як модар ва чаҳор кӯлаки ӯро бар асари ҳамлаи исроилиҳо дар Навори Ғазза маҳкум кард ва аз исроилиҳо хост, дар амалиёти ҳарбии худ аз эҳтиёти комил кор бигиранд. Бан ҳамчунин мушакандозии фаластиниҳоро ба шаҳрҳои Исроил маҳкум кард.

Оғози муҳокимаи Тариқ Азиз дар Бағдод

Имрӯз дар Трибунали Олии Ироқ дар Бағдод муҳокимаи Тариқ Азиз оғоз меёбад, ки дар ҳукумати диктатори Ироқ Саддом Ҳусейн вазири умури хориҷӣ ва ноиби сарвазир буд. Дар ҳоли исботи ҷурмаш барои дастур додан ба қатли 42 тоҷир дар соли 1992, ки аз иҷрои фармони ӯ саркашӣ кардаанд, то дар давраи зери таҳримҳои Созмони Милал будани Ироқ қиматҳоро боло набардоранд, ба Азиз ҳукми қатл таҳдид мекунад. Дар ин парванда ҳамчунин писарамаки Саддом Ватбан Иброҳим ал-Ҳасан ва чанд нафари дигар айбдор мешаванд.

Аҳолии Русия ҳамоно рӯ ба коҳиш аст

Ба гузориши Созмони Милал ҳукумати Русия барои ҷилавгирӣ аз коҳиши ҷиддии аҳолияш кори каме анҷом медиҳад. Дар ин гузориш гуфта мешавад, аҳолии Русия дар 40-50 соли оянда аз 142 миллион то 100 миллион нафар коҳиш хоҳад ёфт. Ҳукумати президент Путин гуфтааст, барои пешгирӣ аз коҳиши аҳолии Русия барномаи вижа қабул кардааст ва ин раванд бояд то соли 2015 қатъ гашта, то соли 2025 аҳолии Русия ба 145 миллион нафар расад. Созмони Милал афзоиши зоиш ва коҳиши сатҳи маргумирро як дастовард номидааст, вале мегӯяд, раванди коҳиши аҳолӣ ҳамоно идома дорад.

Киберҳамлаҳо алайҳи Радиои Озодӣ

8 саҳифаи интернетии Радиои Озодӣ ҳадафи ҳамлаҳои, ба гуфтаи масъулини ин радио, "аз лиҳози мизон ва шиддат бесобиқа"-и интернетӣ қарор гирифтанд.

Ин ҳамлаҳо рӯзи 26 апрел оғоз ёфта, ба саҳифаҳои интернетии бахшҳои русӣ, форсӣ, беларусӣ, озарӣ, югославӣ ва ҳам ба сайти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ асобат кардааст.

Фаъолияти аксари ин сомонаҳо, аз ҷумла саҳифаи бахши тоҷикӣ дар интернет (www.ozodi.org) барқарор карда шуд, вале масъулини Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳамла алайҳи бахши беларусӣ ҳамоно дар ҳоли густариш будааст.

Президенти Радиои Озодӣ Ҷеф Гедмин бо изҳори нигаронии амиқ дар бораи ин ҳамлаҳои интернетӣ гуфт, диктаторҳо дар амри гирифтани пеши роҳи ҳаракати ахбори ростин ба сӯи мардуми худ комёб нахоҳанд шуд.

Вошингтон сӯъиқасд алайҳи Карзайро маҳкум кард

Кохи Сафед гуфт, ҳамлаи рӯзи якшанбе алайҳи паради низомӣ бо ҳузури раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар Кобул ба зарурати дар меҳвари таваҷҷӯҳи Амрико ва муттаҳидинаш боқӣ мондани ҷанги Афғонистон таъкид мекунад.

Дар посух ба ин суол, ки оё ин ҳамла тавонмандиҳои давлати Ҳомиди Карзай ҷиҳати таъмини назму тартиботро зери суол намебарад, Дана Перино, сухангӯи маъмурияти президенти Амрико гуфт, онҳо талош доранд роҳҳои хубтари пешгирӣ аз эҳтимоли такрори айни ҳаводисро пайдо кунанд. Дар асари ҳамлаи рӯзи якшанбе дар Кобул, ки масъулияташро Толибон бар ӯҳда гирифтанд, 3 нафар кушта ва 10 тани дигар захмӣ шуданд, вале худи Ҳомиди Карзай аз ин ҳамла ҷони солим ба дар овард.

Машъали олимпӣ акнун ба Ветнам меравад

Машъали олимпӣ имрӯз барои нахустин бор аз кӯчаҳои Пхенян, пойтахти Куриёи Шимолӣ, гузашт. Ҳаракати машъали олимпиро дар Пхенян дар ҳамаи 20 километр тӯли ҳаракаташ даҳҳо ҳазор тамошобин, ки аксаран дар даст парчами бозиҳои олимпии Пекинро доштанд, тамошо мекарданд.

Маросими машъалбардорӣ дар Куриёи Шимолӣ, ки аз муттаҳидини наздики Чин, мизбони бозиҳои имсолаи олимпист, ба оромӣ ва бидуни намоишҳои эътирозӣ сипарӣ шуд. Дар бисёр кишварҳои Аврупову Амрико масири ҳаракати машъали олимпиро намоишҳои эътирозии зиддичиноӣ ҳамроҳӣ мекард.

Машъали олимпӣ акнун ба Ветнам меравад.

Баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон дар Теҳрон

Намояндагони Эрону Русия дар Теҳрон тарҳи пешниҳодҳоеро, ки бояд нигарониҳои байналмилалӣ дар бораи табиъати низомӣ доштан ва ё надоштани барномаҳои ҳастаии Эронро рафъ кунад, баррасӣ кардаанд. Саид Ҷалилӣ, раҳбари ҳайъати Эрон дар музокироти ҳастаӣ, дар пайи мулоқоташ бо Валентин Соболев, кафили дабири Шӯрои Амнияти Миллии Русия, бидуни овардани ҷузъиёт гуфт, Теҳрон ба зудӣ ин пешниҳодҳои худро эълом хоҳад кард.

Русия як муттаҳиди калидии Эрон дар баҳси ҳастаии он кишвар бо Ғарб аст, вале бо ин вуҷуд, дар Шӯрои Амнияти СММ ба эъмоли таҳримоти шадидтар алайҳи Эрон ба далели даст набардоштанаш аз идомаи ғанисозии ураниум райъ дода буд.

Имрӯз Оллӣ Ҳейнонен, муовини раиси Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ низ ба хотири баррасии барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон вориди Теҳрон шудааст. Дидори Ҳейнонен аз Теҳрон дар арафаи нишасти 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ бо ҷамъи Олмон сурат мегирад, ки қарор аст, рӯзи ҷумъа дар Лондон мавзӯъи эъмоли таҳримоти бештар алайҳи Эронро баҳс кунад.

Нашрияи ислоҳталаби "Ҳамбастагӣ" баста шуд

Бино ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон, ИСНО, нашрияи ислоҳтаолаби “Ҳамбастагӣ” ба иллати таъхир дар амри муаррифии исми сардабири ҷадидаш баста шудааст. Кумиссиюни назорат бар матбуоти Эрон гуфт, “Ҳамбастагӣ” мебоист дар зарфи 3 моҳ аз замони истеъфо ва ё фавти сардабири пешинаш исми раҳбари нави худро эълом мекард, вале дар ин амр таъхир кардааст. Теъдоди нашри “Ҳамбастагӣ” камтар аз 10 000 нусха будааст.

Таъсиси нашрияи нав барои муҳоҷирони тоҷик

Дар Маскав барои муҳоҷирони тоҷик нашрияи тозае бо номи “Минбари тоҷикистониҳо” таъсис ёфтааст. Муассиси ин нашрия Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия буда, раиси ин созмон Абдуллоҳ Давлатов ба Радиои Озодӣ гуфт, шумораи аввали “Минбари тоҷикистониҳо” алакай дар дасти чоп буда, қарор аст, то 1 май ба дасти хонандагон бирасад.

Дар Русия, ба ҳисобҳои мухталиф, аз 400 000 то 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Дар ин кишвар 2 нашрияи дигари тоҷикии “Чароғи рӯз” ва “Тоҷикони Русия” низ вуҷуд доранд, вале ҳарду ба иллати мушкилоти молӣ ба сурати гоҳ-гоҳ нашр мешаванд.

Дар Суғд аз қочоқи 30 т фулузот пешгирӣ кардаанд

Идораи гумруки вилояти Суғд мегӯяд, тайи 3 моҳи аввали сол аз талоши қочоқи 30 тонна фулузоти сиёҳу ранга ҷилавгирӣ кардааст. Инъом Очилов, намояндаи ин идора гуфт, беш аз 20 тонна аз фулузоти рангаи кашфшуда аз як мошин ҳангоми талоши қочоқи он ба қаламрави вилояти Бодканди Қирғизистон мусодира шудааст.

Мақомоти гумрукии Суғд мегӯянд, тайи соли гузашта танҳо дар марз бо вилояти Бодканд аз талоши қочоқи тақрибан 100 тонна фулузоти ранга ҷилавгирӣ кардаанд.

Модари ноком худро ба Сирдарё андохт

Бино ба иттилоъи хабарнигори радиои Озодӣ дар вилояти Суғд, имрӯз, 28 апрел, дар шаҳри Хуҷанд як зан бар асари муноқишаи хонаводагӣ худро ба дарё андохта ғарқ кардааст. Гуфта мешавад, духтари 10-солаи ин зан низ ҳини талош барои наҷоти модараш дар дарё ғарқ шудааст. Мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ шахсияти зани ғарқшударо муайян кардаанд. Номи ӯ Умеда Бобоҷонова буда сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Дар робита ба ин ҳодиса додситонӣ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ намудааст. Бино ба омори расмӣ, танҳо тайи 3 моҳи ахир дар вилояти Суғд беш аз 40 нафар даст ба худкушӣ задаанд. Гуфта мешавад, дар давоми 5 соли ахир беш аз 30 нафар худро ба Сирдарё андохта ғарқ кардаанд.

Як ҳиндӣ як ҳафта бетанаффус суруд хондааст

Вираҷ Ванхеде, як шаҳрванди 34-солаи Ҳинд ба хотири роҳ ёфтан ба Китоби рекордҳои Гиннес як ҳафта бидуни танаффус суруд хондааст. Дастоварди Ванхеде, дар сурати эътироф шуданаш, ду маротиба бештар аз рекорди кунунист, ки ба 75 соат баробар будааст.

Ванхеде тайи ин як ҳафта луқмае ҳам ба даҳон набурда ва лаҳзае ҳам барои хоб мижа таҳ накарда, беш аз 1 500 таронаи овозхонҳои маъруфи ҳиндиро иҷро кардааст.

Овозхон тайи як ҳафтаи фатҳи рекорди нав карданаш танҳо ғизои моеъ менӯшид. Ба вазъи сиҳҳати ӯ тайи ин муддат 3 табиби хос назорат мекарданд.

Суқути боз як чархболи Украина дар Баҳри Сиёҳ

Бино ба хабарҳо, имрӯз дар натиҷаи суқути чархболи марбут ба ширкати “Нафтогаз”-и Украина дар Баҳри Сиёҳ 20 нафар ҳалок шудаанд. Валентин Землянский, сухангӯи ширкати “Нафтогаз” гуфт, ки чархболи МИ-8 ҳангоми нишастан суқут кардааст.

Бино ба хабарҳо, аксари сарнишинони ин чархбол кормандони ширкати “Нафтогаз” будаанд.

Моҳи гузашта дар асари суқути чархболи нирӯҳои марзбонии Украина дар Баҳри Сиёҳ 12 нафар ҳалок шуда буд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG