Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

То поёни интихоботи Гурҷистон 2 соат мондааст

Дар Гурҷистон интихоботи парлумонӣ идома дорад.

Ҳудуди 3,5 миллион мардуми воҷиди шароити раъй имрӯз 150 вакили парлумони кишварро интихоб хоҳанд кард.

Дар интихобот 12 ҳизбу эътилоф ширкат мекунанд, вале бар асоси назарсанҷиҳо, аксарияти курсиҳоро ғолибан ҳизби президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили хоҳад бурд.

Аммо аҳзоби мухолиф мақомоти Гурҷистонро дар қасди тақаллуби интихобот айбдор карда, изҳор доштанд, ки дар чунин сурат даст ба эътироз хоҳанд зад.

Кристиан Строҳал, мудири дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА имрӯз дар як ҳавзаи раъйдиҳӣ дар Тифлис гуфт: “Ба фикри ман, мардуми гурҷӣ чандин бор тааҳҳуди худ ба интихоботи демократиро рӯшан намоиш доданд. Ман мӯътақидам, ки ин ба ҳамин минвол идома хоҳад ёфт.”

Интихоботи парлумонӣ дар Гурҷистон дар пасманзари танишҳои шадиди байни Тифлису Маскав бар сари пуштибонии Русия аз минтақаҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубӣ доир мешаванд.

Дар рӯзи интихобот дар марзи маъмурӣ бо Абхозистон байни нирӯҳои гурҷӣ ва ҷудоиталабони абхоз як даргирии сангин рух дод. Гурҷистон мегӯяд, нирӯҳои абхоз алайҳи сокинони гурҷии дараи Галӣ, ки ба хотири раъйдиҳӣ дар интихобот аз марз убур мекарданд, оташ кушодаанд. Тифлис мегӯяд, дасти кам 2 нафар захмӣ шуда ва ду автобусе, ки бояд мардумро ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ мерасонданд, тахриб шудаанд.

Дабири кулли СММ ба Мянмар рафт

Дабири кулли СММ Бан Ки Мун имрӯз ба хотири ба роҳандозии амалиёти фарогири имдодӣ мутақоид сохтани раҳбарони хунтаи низомии Мянмар ба он кишвар рафт.

Бан Ки Мун, қабл аз роҳии Мянмар шуданаш дар Бангкок, пойтахти ҳамсоякишвари Таиланд гуфт: “Мо бояд тамоми кореро, ки аз дастамон меояд, барои мардуми Мянмар анҷом диҳем. Ман ҳоло ҳамон чиро, ки пештар ҳам гуфта будам, боз мегӯям. Масоили ёриҳо ва кӯмакҳоро набояд сиёсӣ кард. Тамаркузи мо дар ҳоли ҳозир рӯи ҳифзи ҳаёти мардум аст.”

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ то рӯзи панҷшанбе дар Мянмар ба сар хоҳад бурд.

Тӯфони Наргис, ки дар таърихи 2 май ба Мянмар фурӯ рехт, дасти кам 78 000 нафарро кушта барҷой гузошт. 50 000 нафари дигар ҳамоно беномунишон боқӣ монда, дар асари тӯфон, садҳо ҳазор тан аз сарпаноҳ маҳрум шудаанд. Аммо хунтаи ҳоким дар Мянмар таҳвили кӯмакҳои байналмилалӣ ба осебдидагонро маҳдуд кардааст.

Интиқоди демократҳои Искандаров аз давлат

Бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон, ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров (ҲДТ-МИ) дар вилояти Суғд бо пахши як изҳорот гуфт, давлати Тоҷикистон бидуни ислоҳи парлумон ва иттихози як сиёсати дурусти кадрӣ ба рафъи мушкилоте, чун фақру нодорӣ ва бекорӣ даст ёфта ва шукуфоии кишварро таъмин карда наметавонад. Файзуллоҳ Файзиев, раҳбари бахши вилоятии ин ҷиноҳи демократҳо гуфт, бояд парлумони кунунӣ мунҳал ва инти хоботи нав бо ширкати баробари тамоми гурӯҳҳои фаъоли сисё доир карда шавад.

ҲДТ дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2006 ба 2 ҷиноҳ тақсим шуд. Ҷиноҳи аввал аз раҳбари зиндонии ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳимоят мекард ва мухолифи муомила ва созиш бо давлат буд. Ҷиноҳи дуввум ба раҳбарии Масъуд Собиров аз сӯи вазорати адлияи Тоҷикистон расман эътироф шуда, ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии ду соли пешро ба даст овард, вале натавонист шумори имзоҳои лозим барои сабти номзадашро ҷамъоварӣ кунад.

Даргирӣ дар рӯзи интихоботи Гурҷистон

Дар рӯзи интихоботи парлумонии Гурҷистон дар марзи маъмурии ин кишвар бо ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон байни нирӯҳои гурҷӣ ва ҷудоиталабони абхоз як даргирии сангин рух додааст. Гурҷистон мегӯяд, нирӯҳои абхоз алайҳи сокинони гурҷии дараи Галӣ, ки ба хотири раъйдиҳӣ дар интихобот аз марз убур мекарданд, оташ кушодаанд.

Як мақоми вазорати дохилаи Гурҷиситон гуфт, дасти кам 2 тан аз интихобкунандагон захмӣ ва ду автобусе, ки бояд мардумро ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ мерасонд, тахриб шудаанд.

Аммо мақомоти Абхозистон ҳар навъ даст доштани худ дар ин ҳодисаро радд кардаанд.

Нархи нафт аз 130$ гузашт

Нархи бушкаи нафт дар бозорҳои байналмилалӣ барои нахустин бор аз марзи 130 доллар убур кард. Рӯзи чоршанбе дар бозори Ню-Йорк як бушкаи нафти хом, тибқи қарордодҳо барои моҳи июл, бо қимати 130 долару 47 сент ба фурӯш рафтааст.

Таҳлилгарон заъфи доллари амрикоӣ ва нигарониҳо аз эҳтимоли ба талаботи босуръат афзоянда баробар наомадани мизони тавлидотро аз далоили аслии афзоиши нархи нафт медонанд. Омили дигар ҳаннотӣ ҳаст ҳаст, чунки сармоядорон мехоҳанд ба хотири ҳифзи сармояи худ аз таваррум ва заъфи доллар маҳсулоти пурфурӯше, чун нафтро, амбор кунанд.

Дар Пхенян осмонбӯс хоҳанд сохт

Хабаргузориҳо мегӯянд, дар Пхенян, пойтахти Кореяи шимолӣ эҳдоси як меҳмонсарои мӯҳташами 105-қабатиро, ки сохтмонаш тақрибан 20 сол пеш мутаваққиф шуда буд, аз сар гирифтаанд.

Ин меҳмонсаро аз 3 000 ҳуҷра иборат буда, ба бовари созандагонаш, бояд баландтарин сохтмони ҷаҳон мешуд.

Кореяи шимолӣ ба бунёди ин меҳмонсаро соли 1987 оғоз кард, вале соли 1989 ба иллати камбуди маблағ ва нуқсон доштани тарҳ эҳдоси он мутаваққиф шуд. Матбуоти Кореяи ҷанубӣ менависад, бюунёди ин меҳмонсаро акнун бо ҳамдастии ширкати мисрии Ораском аз сар гирифта шудааст.

"МЮ" ё "Челси"? Баъди чанд соат дар Маскав

Шоми имрӯз, соати 22-45 ба вақти Маскав, дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Маскав ду тими инглисии “Манчестед Юнайтед” ва “Челси” дар бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Аврупо ба дидори ҳам хоҳанд рафт.

Мақомоти Русия дар арафаи ин бозӣ раводиди сафар ба ин кишвар барои мухлисони бритониёиеро, ки чиптаи ин бозиро дар даст доранд, бекор карданд ва, бино ба хабарҳо, тақрибан 50 000 мухлис худро аз Бритониё ба Маскав расондаанд.

Бозии ниҳоӣ дар Маскав дар солгарди 50-уми суқути ҳавопаймои ҳомили футболбозони вақти тими “Манчестер Юнайтед” дар осмони Мюнхени Олмон доир мешавад. Дар он сониҳа ин тим тақрибан ҳамаи бозигаронашро аз даст дода буд.

Музокироти ғайримустақими сулҳ байни Исроилу Сурия

Исроил ва Сурия бо миёнҷигии Туркия ба музокироти ғайримустақим оғоз кардаанд. Ҳарду ҷониб имрӯз гуфтанд, ки ҳадафи онҳо доир кардани як музокироти ҳасана ва ҷиддист.

Охирин музокироти сулҳ байни Исроилу Сурия соли 2000 барпо шуд, вале ду ҷониб пиромуни сарнавишти теппаҳои Ҷӯлон ба тавофуқ расида натавонистанд. Исроил ин қаламрави Сурияро ҳанӯз дар ҷараёни ҷанги соли 1967 ишғол кардааст.

Амрико мегӯяд, қасди ҳамла ба Эронро надорад

Амрико гузориши рӯзномаи исроилии “Йерусалим Пост”—ро, ки мегуфт, президент Ҷорҷ Буш қасд дорад ҳанӯз то поёни замони раёсатҷумҳуриаш ба Эрон ҳамла кунад, радд кард.

Сухангӯи Кохи Сафед Дана Перино ин гузоришро “беарзиш” хонд ва гуфт, Амрикову муттаҳидинаш ба талошҳои Эрон ҷиҳати даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ мухолиф боқӣ мемонанд, вале ҳамчунон умедвори бо роҳҳои мусолиматомези дипломатӣ ҳалл шудани ин қазия ҳастанд.

Гузориши “Йерусалим Пост” бидуни ифшои исми манобеъ дар пайи дидори як ҳафта пеши Буш аз Исроил нашр шуд.

Ҷилавгирӣ аз ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи пойгоҳи НАТО

Вазорати дифоъи Олмон гуфт, мақомоти Афғонистон дар ҳафтаи гузашта аз талоши ҳамлаи эҳтимолан интиҳорӣ дар ҳошияи пойгоҳи паймони низомии НАТО ҷилавгирӣ кардаанд.

Сухангӯи вазорат гуфт, мақомоти маҳаллӣ ду марди савори мошини ҳомили 300 кило маводи мунфаҷираро дар наздикии пойгоҳи НАТО дар Мазори Шариф боздошт кардаанд. Аксари сарбозони мустақар дар ин пойгоҳ аз Олмонанд.

Амрико Покистонро аз муомила бо ҷангиён ҳушдор дод

Амрико мақомоти Покистонро аз ҳар навъ имкони музокирот ва муомила бо ҷангиёни марбут ба шабакаҳои Ал-Қоида ва Толибон дар сарзаминҳои қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон ҳушдор дод.

Ҷон Негропонте, муовини вазири хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон умедвор аст, ки давлати Покистон чунин сурати ҳолро, ки ифротгароён минтақаҳои қабиланишини Покистонро барои худ амн дарёфта, ҷиҳати анҷоми ҳамалот дар Покистону Афғонистону Амрико ва қисматҳои дигари дунё ба ҳайси пойгоҳ истифода кунанд, қабул нахоҳад кард.

Комёбии "Хушбахтӣ" дар "Парвози эҷодӣ"

Филми “Хушбахтӣ”-и коргардони тоҷик Алишер Хушбахтов дар ҷашнвораи севвуми “Парвози эҷодӣ” "Беҳтарин филми донишҷӯӣ" эътироф шудааст. Тоҷикистонро дар ин ҷашнвораи филмҳои ҷавонони Осиёи Марказӣ, ба ҷуз аз “Хушбахтӣ”, филми Наво”-и коргардон Наргис Мамадбекова ва “Гул”-и Зулфия Содиқова намояндагӣ мекарданд.

Ин ҷашнвора аз 12 то 18 май дар шаҳрҳои Тошканду Бухорои Узбакистон доир шуд. Соли гузашта шоҳҷоизаи ҷашнвораи “Парвози эҷодӣ”-иро филми “Овора”-и коргардони тоҷик Далер Раҳматов ба даст оварда буд.

Аслов хостори пешгирӣ аз фалокати саросарӣ шуд

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов бӯҳрони ҷаҳонии ғизо хостори иттихози тамоми тадобири мумкин ба хотири пайдо кардани роҳҳои рафъи бӯҳрони ҷаҳонии ғизо ва пешгирӣ аз фалокати саросарӣ шудааст.

Оқои Аслов гуфтааст, тағйири ҷаҳонии иқлим, коҳиши майдонҳои кишт, афзоиши нархи энержӣ ва нуриҳо, ва низоми ноодилонаи тиҷорати байналмилалии маҳсулоти ғизоӣ бисёре аз кишварҳо ва минтақаҳоро дар рӯбарӯи нафақат таҳдид, балки алакай дар баробари воқеъияти гуруснагӣ мегузорад.

Сафири Тоҷикистон, ки дар нишасти ЭКОСОС ба намояндагӣ аз 4 кишвари собиқи шӯравӣ сухан меронд, аз эҷоди маҳдудияти дар роҳи воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва ироаи ёронаҳо ба кишоварзон манъ кардани кишварҳои пешрафтаро пешниҳод карда ва ҳамзамон хостори ҳифзи чунин ҳаққ барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ шудааст.

Чин аз фасодкорӣ дар маҳалли офат ҳушдор додааст

Чин мегӯяд, шумори таъйидшудаи ҳалокшудагон дар асари заминларзаи пурқурбонии рӯзи 12 май дар вилояти Сичуан болиғ аз 41 000 нафар шудааст. Сухангӯи давлати Чин гуфт, беш аз 32 600 тани дигар ҳамчунон беномунишон боқӣ мемонанд.

Зилзила бо шиддати 7,9 дараҷа, тибқи ҷадвали Рихтер, дар Сичуан зиёда аз 5 миллион нафарро бесарпаноҳ барҷой гузошт.

Хисороти танҳо корхонаву ширкатҳои давлатӣ дар асари ин заминларза 4,3 миллиард доллар баровард шудааст.

Давлати Чин имрӯз ҳушдор дод, ки ҳар навъ қасди фасодкорӣ дар иртибот ба умури имдодӣ дар маҳалли офатро ба сурати фаврӣ муҷозот хоҳад кард.

Бӯҳрони сиёсӣ дар Лубнон ба поён мерасад

Намояндагони давлати рӯ ба Ғарби Лубнон ва мухолифини таҳти раҳбарии Ҳизбуллоҳ дар Доҳа, пойтахти Қатар, тавофуқи худ ҷиҳати хатми бӯҳрони сиёсӣ дар ин кишвари Ховари Миёнаро, ки якуним сол боз идома дошт, эълон карданд.

Бар асоси ин тавофуқ, қарор аст, раисиҷумҳури ҷадиди Лубнон дар зарфи 24 соати оянда интихоб шавад.

Ихтилофи байни давлат ва Ҳизбуллоҳ Лубнонро тайи 6 моҳи ахир бидуни президент боқӣ гузошта, дар авоили моҳи равон мунҷар ба задухӯрдҳои пурқурбонӣ низ шуд.

Музокироти байни гурӯҳҳои лубнонӣ дар Доҳа бо миёнҷигии Лигаи давлатҳои арабӣ доир шуд.

Обама мегӯяд, ба пирӯзӣ наздик шудааст

Барак Обама, довталаб аз ҳизби демократи Амрико, гуфт, ки ӯ ба бурдани ҳаққи номзадии ин ҳизб ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ наздик шудааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбе, 20 май дар раъйгириҳои муқаддамотии тарафдорони ҳизби демократ дар аёлати Кентакки рақиби Обама –Ҳиллари Клинтон – 65 дарсади ороро ба даст оварда, баранда шуд. Барак Обама ба навбаи худ бо касби 58 дарсади оро дар аёлати Орегон ғалаба кардааст.

Барак Обама, ки дар як гирдиҳамоӣ дар аёлати Айова суханронӣ мекард, гуфт, мутмаин аст, ки дар маҷмӯъ орои аксари вакилонро соҳиб шудааст ва ин имкон медиҳад, ки дар анҷумани ҳизби демократ дар моҳи август пирӯз шавад: “Мо ба Айова дар даст аксарияти орои вакилони аз сӯи мардуми Амрико интихобшуда баргаштем. Ва шумо моро ба касби мақоми номзади демократҳо ба симати раисиҷумури Иёлоти Муттаҳида наздик мекунед.”

Барак Обама, довталаб аз ҳизби демократ ба мақоми номзадӣ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико.

Номзади ниҳоии ҳизби демократ, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр бо номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон МакКейн вориди рақобат хоҳад шуд, моҳи август дар анҷумани ҳизби демократ интихоб мешавад.

Интихоботи парлумони Гурҷистон идома дорад

Дар Гурҷистон интихоботи парлумонӣ ҷараён дорад.

Ҳудуди 3,5 миллион мардуми воҷиди шароити раъй имрӯз 150 вакили парлумони кишварро интихоб хоҳанд кард. Бар асоси назарсанҷиҳои қаблӣ, аксарияти курсиҳоро ғолибан Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ, ҳизби президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили, хоҳад бурд. Аммо аҳзоби мухолиф мақомоти Гурҷистонро дар қасди тақаллуби интихобот айбдор карда, изҳор доштанд, ки дар чунин сурат даст ба эътироз хоҳанд зад.

Интихоботи парлумонӣ дар Гурҷистон дар пасманзари танишҳои шадиди байни Тифлису Маскав бар сари пуштибонии Русия аз минтақаҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубӣ доир мешаванд. Саакашвили дар остонаи интихобот мардумашро ба ваҳдати миллӣ даъват кардааст.

Гурӯҳҳои лубнонӣ ба тавофуқ расидаанд

Интизор меравад, имрӯз раҳбарони гурӯҳҳои сиёсии Лубнон бо имзои як созишнома ба бӯҳрони сиёсие, ки 18 моҳ боз ин кишварро фаро гирифтааст, хотима бубахшанд.

Ин созиш байни давлати рӯ ба Ғарби Лубнон ва мухолифини таҳти раҳбарии Ҳизбуллоҳ чанд рӯз баъд аз музокироте, ки бо миёнҷигии Лигаи давлатҳои араб дар Доҳа, пойтахти Қатар доир шуд, ба даст омадааст.

Бино ба хабарҳо, созиш тавофуқ дар мавриди интихоби раисиҷумҳури ҷадиди Лубнон ва таҳияи қонуни ҷадиди интихоботро дар бар мегирад. Даргириҳои ахир дар Лубнон байни тарафдорони давлат ва ҷангиёни Ҳизбуллоҳ хунинтарин хадухӯрдҳо дар ин кишвари Ховари Миёна аз замони ҷанги шаҳрвандиии солҳои 1975-1990 дониста мешавад.

Райдиҳӣ дар интихоботи Гурҷистон шуруъ мешавад

Дар ин соъатҳо райдиҳӣ дар интихоботи порламонии Гурҷистон шуруъ мешавад. Назархоҳиҳо нишон медиҳад, ки Ҳизби Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллии Гурҷистон ба раҳбарии Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳур зоҳиран бештар аз нисфи 150 курсии порламонро ишғол хоҳанд кард. Аз ҳоло ҳизбҳои мухолифон идаъо мекунанд, ки мақомоти расмӣ ба нақша гирифтаанд, то дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ диҳанд. Онҳо таҳдид кардаанд, ки даст ба тазоҳурот мезананд. Чанд соъат қабл аз оғози райдиҳӣ Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар зимни паёми телвизюнии худ ба мардуми кишвараш аз онҳо хост, то ваҳдати миллиро нигаҳ доранд. Вай гуфт, Руссия талош дорад баъд аз интихобот барои заъиф сохтани Гурҷистон нооромиҳо созмон диҳад.

Нархи нафт дар Амрико болотар рафт

Дар Нию Йорк нархи як бушка нафт ба болотарин сатҳ расидааст ва тақрибан 130 долларро ташкил додааст. Нархи нафт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар боло рафтааст. Арзиши нафт дар ҷаҳон якмаром дар ҳоли боло рафтан аст, зеро нигарониҳо дар бораи истихроҷи он бештар шудааст ва талабот ба он низ меафзояд. Гузашта аз ин, арзиши доллар поин рафтааст.

Зилзилаи дигаре дар Сичуaн пешгуӣ шудааст

Бино ба маълумоти расмӣ, шумораи қурбониёни зилизилаи ҳафтаи гузаштаи аёлати Сичуони Чин ба 40 ҳазор нафар расидааст. Бино ба маълумоти мақомоти Чин шумораи қурбониён дар ҳоли афзоиш аст ва онҳо талош доранд барои 5-милён нафар, ки хонавайрон шудаанд, сарпаноҳ пайдо кунанд. Сокинони минтақаи зилзила дируз аз хонаҳои худ берун рафтанд, зеро зилзилаи дигаре дар ин минтақа пешгуӣ шудааст. Аз 12 май то ҳол дар ин минтақа 20 дафъа заминларза рух додааст.

Пулиси Русия дафтари БП-ро дар Маскав тафтиш кард

Пулиси Русия дар Маскав дар дафтари ширкати Бритиш Петролиюм расидагӣ анҷом додааст. Сухангуи ин ширкати нафтии Бритониё расидагиро таъйид кардааст, вале дар бораи ҷузъиёти он тавзеҳот надодааст. Ин ширкат як ҷо бо Русия соҳиби ширкати ТНК-БП аст, ки аз ҷумлаи се ширкати бузурги тавлидкунандаи нафт дар Руссия ба шумор мераванд. Моҳи марти соли ҷорӣ низ кормадони хадамоти амниятии Русия дар ин дафтар амалиёт анҷом дода буданд ва як корманди онро, ки ҳамзамон шаҳрванди Бритониё ва Русия буд, дар ҷосусӣ муттаҳам карданд.

Амрико навиштаи рузномаи исроилиро рад кард

Амрико гузориши рузномаи "Ҷерусалем Пост"- чопи Исроилро такзиб кардааст. Ин рузнома нвиштааст, гуё Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дар ҷараёни боздидаш аз Исроил гуфтааст, ки Амрико қабл аз моҳи январи соли 2009, яъне қабл аз хатми муҳлати раёсати ҷумҳурии вай ба Ирон ҳамла хоҳад кард. Хонум Дана Перино-сухангуи Кохи Сафед барои ин мақола аз рузномаи "Ҷерусалем Пост" интиқод кардааст ва гуфтааст, ки он арзише барои навиштан надошт. Дана Перино гуфтааст, Амрико ва муттаҳидонаш ба барномаҳои ҳастаии Ирон мухолифанд ва ҳамчунон умедворанд, ки ин масъала аз роҳҳои дипломатӣ ҳал мешавад. Рузномаи Исроил ин нуктаро баъд аз боздиди Буш аз Исроил дар мақолаи худ аз номи шахси номаълум нақли қавл кардааст.

Обама умед дорад, ки қадаме дигар ба пирузӣ наздик аст

Борак Обама-мудаъии номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби Демократи Амрико умедвор аст, ки дар интихоботи аёлатҳои Кентакӣ ва Оригон қадами дигаре ба номзадӣ наздиктар хоҳад шуд. Рақиби вай хонум Ҳилларӣ Клинтон тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ дар аёлати Кентакӣ пирузӣ ба даст овардааст. Вале Борак Обама пешгуӣ мекунад, ки вай дар аёлати Орегон бештари ороро соҳиб хоҳад шуд. Бо вуҷуди бохт дар Кентакӣ Борак Обама ҳамчунон дар сафи пеши мубориза барои номзадӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ мебошад

Саакашвилӣ хостори ваҳдати миллии мардумаш шуд

Чанд соъат қабл аз оғози райдиҳӣ дар интихоботи порлмонии Гурҷистон Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар зимни паёми телвизюнии худ ба мардуми кишвараш аз онҳо хост, то ваҳдати миллиро нигаҳ доранд, зеро Руссия мехоҳад баъд аз интихобот барои заъиф сохтани Гурҷистон нооромиҳо созмон диҳад. Оқои Саакашвилӣ гуфт, интихобот навъе имтиҳон барои демкратияи Гурҷистон аст. Вай гуфт, "танҳо ваҳдат моро наҷот медиҳад". Ин суханони Саакашвилӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки муносиботи Гурҷистону Руссия мутташаниҷ шудааст ва сабабаш ин аст, ки Руссия аз манотиқи ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ ҷонибдорӣ мекунад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG