Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Исроил хостори идомаи гуфтушунид бо Сурия аст

Сарвазири Исроил Йеҳуд Олмурт имрӯз гуфт, музкикроти ғайримустақими кишвараш бо Сурия давом хоҳад кард. Вай афзуд, "мо ҳадаф надорем, ин гуфтушунидро аз тариқи матбуот ё баёнияҳои ҳаррӯза ва шиъорҳо ба амал бароварем." Гуфтушуниди махфии Исроилу Сурия, бино ба хабарҳои матбуот як сол пеш бо миёнравии Туркия оғоз ёфтааст.

Коҳиши деринтизори хушунат дар Ироқ

Ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, хушунат дар Ироқ ба поинтарин сатҳ дар чор соли охир фуруд омадааст. Онҳо ин коҳишро ба афзоиши коршоямии нерӯҳои амниятии Ироқ ва нақши фаъоли онҳо дар амалиёти зидди ошӯб бастагӣ медиҳанд. Изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки нерӯҳои ироқӣ аз поксозии комили шаҳри Мавсил дар шимоли Ироқ аз аносири ошӯбгар ва марбут ба Ал Қоъида хабар додаанд.

Эрон Сурияро шарики стратегӣ мешуморад

Вазири дифоъи Эрон, Мустафо Муҳаммад Наҷҷор имрӯз гуфт, Сурия коршарики дарозмуддати Эрон аст. Вай ба ҳамтои сурёнии худ, Ҳасан Туркманӣ гуфт, "ин иттиҳод бар пояи манофеъи муштараки миллӣ ва ҷаҳони исломӣ мустақар аст." Изҳороти Наҷҷор дар ҳоле садо медиҳад, ки Исроил ахиран аз Димишқ хостааст, барои идомаи музокироти махфии Исроилу Сурия бо миёнаравии Туркия, худро аз Теҳрон ба дур бигирад.

Индонезӣ ба камбизоатҳо пул тақсим мекунад

Ҳукумати Индонезӣ қарор кард, барои кӯмак ба сокинони камбизоат дар шароити афзоиши нархи маводи сӯхт, ба онҳо пул тақсим кунад. Ин тасмим баъд аз тазоҳуроти густарда, ки ҳафтаҳо идома дорад, гирифта шуд. Садҳо ҳазор нафар эътироз доранд, ки ҳукумат мехоҳад, нархи фуровардаҳои нафтиро то 30 дарсад боло барад.

Порлумони Афғонистон вакилони ғоибро ҷазо медиҳад

Порлумони Афғонистон қарор кард, номи вакилонеро нашр кунад, ки дар ҷаласаҳо ширкат намеварзанд. Дабири маҷлис Муҳаммадсолеҳи Салҷуқӣ мегӯяд, "мо тасмим гирифтем, ҳамчун як муҷозоти маънавӣ номи чунин вакилонро ба мардум хабар диҳем." Палатаи поёнии порлумони Афғонистон рӯзи шанбе қарор кард, аз дастмузди вакилоне, ки дар ҷаласаҳо ширкат намекунанд, бибурад. Дар ҳар ҷаласа аз 80 то 100 вакил ҳузур надоранд ва ин ба кори маҷлис халал ворид мекунад.

Салоҳиятҳои президент Мушарраф маҳдуд мешаванд

Эътилофи ҳокими Покистон имрӯз маҷмӯъи тағйиру иловаҳо ба қонуни асосиро пешниҳод кард, ки қабули онҳо салоҳиятҳои президент Парвиз Мушаррафро маҳдуд мекунад. Раҳбари Ҳизби мардуми Покистон Осафалӣ Зардорӣ мегӯяд, пешниҳодҳо нақши порлумонро тақвият дода, президентро аз ҳаққи барканор кардани ҳукумати маҳрум мекунанд. Зардорӣ гуфт, маҷмӯъи пешниҳодҳо рӯзҳои наздик барои тасвиб ба порлумон фиристода мешаванд.

Мадонна низоъи арабу исроилиҳоро ба навор мегирад

Ду ҳафтаи "бозёфтҳои коргардонӣ" дар ҷашнвораи синамои Канн бо тақдими панҷ ҷоиза ба поён расид. Ҷоизаи "Нигоҳи нав" барои ҷасорат ба коргардони бразилӣ Тиао барои филми "Девор" ва ҷоизаи "Дидгоҳи ҷавонон" ба Бели Ланнер аз Белгия барои филми "Элдорадо" супурда шуд. Ҳамин филм инчунин ҷоизаи Беҳтарин филми Аврупоро гирифт. Филми овозхони машҳур Мадонна "Ман бо шумо зиндаам" дар бораи кӯдакони Малавӣ низ муваффақ гардид. Мадонна гуфт, акнун филми дигари мустанад месозад, ки низоъи Исроил ва фаластиниҳоро аз нигоҳи кӯдакон ба тасвир мегирад.

Кушнер гуфтушунид бо Толибонро нобаҳангом медонад

Вазири умури хориҷии Фаронса мегӯяд, ҳукумати Афғонистон, ки таҳти ҳимояи Амрикост, ба хотири оштии миллӣ як рӯз вориди гуфтушунид бо Толибон хоҳад шуд, аммо ҳоло фурсат муносиб нест. Бернор Кушнер, гуфт, ин дар ихтиёри ҳукумати президент Карзай аст, ки бо рақибони худ гуфтугӯ кунад ё на, аммо бо сабаби ноамнӣ дар Афғонистон феълан чунин гуфтушунид нобаҳангом аст. Вай афзуд, бузургтарин хатар ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида ва нерӯҳои таҳти сарварии НАТО, ки ба хотири эътидолу субот бо ошӯбгарони толиб дар ҷанганд, дар чашми афғонҳо ишғолгар намудор хоҳанд шуд.

Тағйири иқлим дар мулоқоти вазирони ҳаштгона

Вазири ҳифзи муҳити зисти ҳашт кишвари сарватманд ва пешрафтаи ҷаҳон имрӯз масъалаҳои марбут ба тағйири иқлимро баррасӣ мекунанд. Дар мулоқот ҳамчунин намояндагони кишварҳое монанди Бразил, Чин, Ҳиндустон, Индунезӣ, Мексик, Австралиё, Кореяи Ҷанубӣ ва Африқои Ҷанубӣ ширкат доранд. Дар се рӯзи гуфтугӯҳо Ҷопон умедвор аст, роҳкорҳои ягонаи бархӯрд бо тағйири иқлимро дар ростои мулоқоти сарони ҳаштгона дар моҳи июл дар Ҷопон ташаккул диҳад.

Тарҳи Маркази байнулмилалии марзбонӣ дар Тоҷикистон

Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Марк Перрин де Бричамбаут, дар дидор бо мақомоти аршади Иёлоти Муттаҳида, пешниҳод кард, ҳукумати президент Буш дар таҳкими назорат ба марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон кӯмак кунад. Вай ин марзро "комилан боз" номид ва гуфт, барои таҳкими он беш аз 20 миллион доллар зарур аст. Созмони амният ва ҳамкории Аврупо нақша дорад, дар моҳҳои оянда дар Душанбе як маркази омӯзониши марзбонӣ, хадамоти гумрукӣ ва полиси зиддиқочоқро барои Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис диҳад.

Даргириҳои нав дар Ҳилманди Афғонистон

Бар асари даргириҳо дар вилояти Ҳилманди Афғонистон чандин ситезаҷӯ кушта шуда, шаш нафари онҳо ба асорати нерӯҳои байнулмилалӣ афтодаанд. Дар изҳороти Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон гуфта мешавад, даргириҳо дар Ҳилманд аз рӯзи ҷумъа ба ин сӯ идома доранд. Ин ҳам дар ҳоле ки охири моҳи гузашта амалиёти густардаи нерӯҳои дарёии Амрико дар ин минтақа шурӯъ шудааст. Аз аввали сол то ҳоло бар асари даргирӣ бо ошӯбгарон 1 200 нафар ва асосан ситезаҷӯён кушта шудаанд.

Пешниҳоди мӯҳлати 7-солаи президентӣ дар Туркманистон

Сухангӯйи порлумони Туркманистон ба ҳафтсола кардани мӯҳлати перзидентӣ даъват намуд. Акҷа Нурбердиева гуфт, ин имкон медиҳад, сардори давлат ба татбиқи сиёсатҳои дарозмуддат муваффақ шавад. Нурбердиева ин пешниҳодро дар ҳузури президенти Туркманистон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласае ба миён гузошт, ки ба тағйири қонуни асосӣ бахшида шуд. Худи Бердимуҳаммадов пешниҳод кард, порлумон ҳаққи қонунгузориро аз шӯрои машварати халқ бигирад ва ба худ ихтисос диҳад.

Вен гуфт, зиёда аз 60 000 нафар кушта шудааст

Сарвазири Чин, Вен Ҷябао мегӯяд, шумораи кушташудагони зилзилаи Сичуан аз 60 000 нафар гузашт ва мумкин аст, ба 80 000 нафар расад. Ададҳои эъломдоштаи Вен шумораи қурбониёнро, ки ҳукумат то рӯзи шанбе 55 000 нафар меномид, ҷиддан зиёд кард. Изҳороти Вен дар ҳоле садо дод, ки вай ҳамроҳ бо Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, Бан Ги-мун аз шаҳри Йингксю дидан мекард. Ин шаҳр дар маркази заминҷунбии 12-уми май буд ва комилан аз байн рафт.

Мухолифони Гурҷистон порлумонро таҳрим мекунанд

Эътилофи асосии мухолифони давлати Гурҷистон мегӯяд, ба нишони эътироз аз пирӯзии ҳизби президент Михеил Саакашвилӣ кори порлумонро таҳрим хоҳад кард. Рабҳари иттиҳоди мухолифон, Левон Гачечиладзе ҳамчунин эълом дошт, ки рӯзи душанбе, дар Рӯзи истиқлолияти Гурҷистон мухолифон даст ба тазоҳуроти густарда хоҳанд зад. Онҳо ҳукуматро дар тақаллуби натиҷаҳои интихобот айбдор мекунанд. Нозирон аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гуфтаанд, овоздиҳӣ гирифтори чандин мушкил буд, аз ҷумла тарсондани интихобкунандагон.

Исломобод музокирот бо ошубгаронро идома медиҳад

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки онҳо фақат бо мусаллаҳони аз хушунат дастбардошта музокирот анҷом медиҳанд. Шоҳ Маҳмуд Курайшӣ, вазири хориҷаи Покистон имрӯз гуфт, ҳукумат метавонад дар сурати зарурат аз неру кор бигирад ва аммо, афзуд ӯ, қазияи ошубгарони мустақар дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистонро фақат бо зӯри силоҳ ҳал кардан ғайримумкин аст.

Ҳукумати Покистон, ки баъди пирӯзӣ дар интихоботи порлумонии моҳи феврал сари қудрат омад, музокирот бо мусаллаҳони “Толибон” ва “Ал-Қоида”-ро шурӯъ кардааст. Иёлоти Муттаҳида изҳор намуд, ки аз тасмим сахт нигарон аст.

КМИ ҳизби Саакашвилиро пирӯз эълон кард

Комиссиюни Марказии Интихоботии Гурҷистон эълом дошт, ки тибқи натоиҷи муқаддамотӣ, дар интихоботи порлумонии кишвар Ҷунбиши ваҳдати миллӣ, ниҳоди пуштибон аз раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ бо дарёфти 59 дар сади раъӣҳо пирӯз шудааст. Аз Иттиҳоди неруҳои мухолифини Гурҷистон 17,5 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъӣ ҷонибдорӣ кардаанд. Ҳамчунин ду ҳизби дигар низ садди 5 дар садии вуруд ба порлумонро паси сар кардаанд. Ҷунбиши Насронӣ-демократӣ, ки моҳи феврал аз Иттиҳоди неруҳои мухолифин ҷудо шуда дар интихобот мустақилона ширкат дошт, 8,5 дар сади раъҳои мардумро соҳиб шудааст. Аз Ҳизби Кор 7-у ним дар сади афроди соҳиб ҳаққи раъӣ пуштибонӣ кардаанд.

Ва аммо бахши аъзами 12 ҳизбу ҷунбишҳои сиёсии Гурҷистон арқоми эълонкардаи Комиссиюни Марказии Интихоботро зери шубҳа бурда, бархе аз онҳо ба нишони эътироз ҷонибдоронашро ба майдон хонданиянд ва чанд ҳизби дигар эълом доштанд, ки дар кори порлумони нав ширкат нахоҳанд кард.

Киев Маскавро дар тавтеъаи енерҷӣ айбдор кард

Виктор Юшенко, раисиҷумҳури Укроин Русияро дар шантаж ё тавтеъаи энерҷӣ муттаҳам кард. Зимни суханронӣ дар саммити энерҷӣ дар Киев ӯ ба зарурати коҳиши вобастагӣ аз нафту гази Русия ишора намуд. Ба ин мақсад шурӯъи интиқоли нафт аз тариқи лулаи Одесса-Броди дар назар аст, ки нафти баҳри Хазарро бидуни убур аз қаламрави Русия ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мебарад.

Дар нишасти Киев раҳбарони 7 кишвар – Озарбойҷон, Гурҷистон, Латвия, Литва, Полша, Укроин ва Эстония ширкат доштанд.

Сафири Сербистон Прагаро тарк мегӯяд

Сербистон сафири худро аз Чехия бозхонд. Рӯзи гузашта ҳукумати Чехия истиқлоли Косоворо эътироф кард ва хостори равобити дипломатӣ бо Приштина шуд. Чехия 20-умин кишвари узви Иттиҳодия Аврупост, ки истиқлоли Косово аз Сербистонро расман эътироф кардааст. То ҳанӯз 7 кишвари узви Иттиҳодия, аз ҷумла, Испания, Руминия ва Словакия Косоворо як бахши Сербистон мехонанд.

Боздиди Медведев аз Чин идома дорад

Маскав ва Пекин дар мавриди бунёди корхонаи тавлиди маводи сӯхти ҳастаӣ дар Чин ба созиш расиданд. Санад дар ин бора имрӯз дар ҷараёни сафари Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия ба Чин имзо шуд. Қаблан раиси ширкати “Росатом” Сергей Кириенко эълом дошт, ки ин созишнома 1 миллиард доллар арзиш дорад. Имрӯз Дмитрий Медведев ва Ҳу Ҷин Тао, раиси ҷумҳури Чин дар Пекин музокирот анҷом доданд. Дар як изҳороти муштарак сарони Русия ва Чин бунёди сипари мушакии Амрико дар Аврупоро маҳкум карданд, зеро он "ба талошҳои байнулмилалӣ дар роҳи халъи силоҳ латма мезанад".

Дирӯз Дмитрий Медведев нахустин сафари хориҷии худ дар симати раисиҷумҳури Русияро аз боздиди Қазоқистон ва музокирот бо мақомоти ин кишвар шурӯъ карда буд.

Медведев вориди Пекин шуд

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия гуфт, ки кишвараш барои кумак ба Чин дар рафъи паёмадҳои заминларзаи шадид омода аст. Сарвари Русия, ки имрӯз вориди Пекин шуд, дар мулоқот бо Ҳу Ҷин Тао, раисиҷумҳури Чин бори дигар дар баробари ин офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ кард. Бар асари заминларзаи шадид дар вилояти Сичуани Чин беш аз 55 ҳазор нафар ба ҳалокат расида тақрибан 25 ҳазор нафари дигар то ҳол беному нишонанд.

Дар ҷараёни сафари дурӯзаи Медведев ба Пекин ҳайатҳои Русия ва Чин асосан мавзӯъи ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки аз ҷумла, мавзӯъи бунёди корхонаи ғанисозии ураниум дар Чин мавриди баррасӣ қарор хоҳад дошт.

Дирӯз Дмитрий Медведев нахустин сафари хориҷии худ дар симати раисиҷумҳури Русияро аз боздиди Қазоқистон ва музокирот бо мақомоти ин кишвар шурӯъ карда буд.

Сарвазирҳои ҶДМ дар Минск ҷамъ омаданд

Имрӯз сарвазирони кишварҳои узви Ҷомеъаи Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ҶДМ) дар як нишаст дар Минск тарҳи "Роҳкорҳои рушди иқтисодӣ то соли 2020"-ро баррасӣ мекунанд. Дар ин нишаст Владимир Путин барои нахустин бор ба ҳайси сарвазири Русия ширкат мекунад.

Гуфта мешавад, ки раисони ҳукуматҳои Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ ҳамчунин мавзӯъи амнияти озуқа, тарҳи Қатъномаи ҳамкориҳои марзӣ ва дурнамои аз байн бурдани монеъаҳо зимни интиқоли молу коло бо мошинҳоро низ баррасӣ хоҳанд кард. Дар нишасти Минск сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов низ ширкат дорад.

Инфиҷор дар пурхатартарин кони ангишти Укроин

Инфиҷор дар кони ангишти “Краснолиманская”-и Укроин мунҷар ба ҳалокати 4 нафар шуд. Се ангишткан маҷрӯҳ шуданд, сарнавишти 7 нафари дигар то ҳол маълум нест. Дар ҷойи ҳодиса амалиёти наҷотбахшӣ идома дорад.

Гуфта мешавад, ки “Краснолиманская” яке аз пурхатартарин конҳои ангишти Укроин маҳсуб мешавад - дар ин ҷо партоби ғайриинтизори газ рух медиҳад, ки аксар вақт бо инфиҷор меанҷомад.

Ҳамла ба корвони низомӣ дар Хуст

Дар вилояти Хуст, воқеъ дар шарқи Афғонистон як маргталаб ба корвони мошинҳои низомӣ ҳамла кард. Бар асари инфиҷор чаҳор сарбози афғон ва як тифл ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи расмӣ, дар чаҳор моҳи соли равон бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Афғонистон тақрибан 300 нафар кушта шудаанд.

Мухолифин ба порлумони нав ворид шуданӣ нестанд

Комиссиюни Марказии интихоботии Гурҷистон хабар дод, ки то ин лаҳза беш 90 дар сади баргаҳои раъӣ дар интихоботи порлумонӣ баршумурда шуданд. Дар сабқати миёни аҳзоби сиёсӣ Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ, ниҳоди пуштибон аз раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ бо дарёфти каме бештар аз 59 дар сади раъӣҳо пешсаф аст. Аз иттиҳоди мухолифини Гурҷистон тақрибан 17,5 дар сади интихобкунанагон ҷонибдорӣ кардаанд. Ҳизби кор ва Ҷунбиши насронӣ-демократӣ низ аз садди панҷ дар садӣ убур намуданд.

Мухолифини ҳукумат мегӯянд, ки онҳо натоиҷи интихоботро қабул надоранд ва дар кори порлумони нав ширкат нахоҳанд кард. Яке аз раҳбарони Иттиҳоди мухолифин Давид Гамкрелидзе ва раҳбари Ҳизби кор Шалва Нателашвилӣ изҳор карданд, ки дар интихоботи порлумонии ахир “тақаллуби сартосарӣ” аз сӯи мақомот сурат гирифтааст.

Хунта ба вуруди хориҷиён ба Мянмар розӣ шуд

Мақомоти низомии Мянмар ба вуруди ҳама кормандони созмонҳои хайрия иҷоза доданд. Дар ин бора Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид баъд аз анҷоми музокирот бо генерал Тхан Шве, сарвари хунтаи низомии Мянмар хабар дод.

Мақомоти Мянмар кумаки башарии кишварҳои хориҷӣ ва ҳамчунин вуруди наҷотбахшону табибон аз дигар давлатҳо ба манотиқи аз тӯфони “Наргис” осебдидаро маҳдуд карда буданд. Бар асари ин офати табиӣ беш аз 130 ҳазор нафар ба ҳалокат расида ваё беному нишон ғайб задаанд. Гуфта мешавад, ки айни ҳол тақрибан дуву ним миллион сокинони Мянмар ба сарпаноҳи муваққатӣ, маводи ғизо, оби пок ва дорувор ниёз доранд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG