Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Ҳайкали Ниёзовро аз маркази Ашқобод берун мекашанд

Мақомоти Туркманистон ҳайкали тиллоии собиқ президент Сапармурод Ниёзовро аз маркази пойтахти ин кишвар берун мекашанд.
Рӯзномаи "Нейтралний Туркменистан" имрӯз аз нақли президент Қурбонқулӣ Бердиҳуҳаммадов овардааст, ки ҳайкали Ниёзов бояд аз марказ ба як гӯшаи пойтахт интиқол дода шавад.

Ангезаи кӯдаккуш ба Чин сироят кардааст

Вазорати беҳдошти Чин дар саросари ин кишвар бонги изтироб задааст, то сирояти ангеза ё худ вируси кӯдаккуш мутаваққиф гардонида шавад. То кунун 22 кӯдаки мубталои ин вирус ҳаёташонро аз даст додаанд.
Бо фармони мақомоти Чин дар гӯшаҳои мухталифи ин кишвар назорати вируси EV-71 ташкил шудааст. Ин ангеза боиси бемории дасту по ва даҳони кӯдакон мегардад. Сирояти вируси мазкур дар вилояти Фуянг ба қайд гирифта шудааст. Вируси EV-71 ҳангоми тамос бо оби даҳон ва мадфуи инсон ё ҳайвон ва иртибот бо фарди бемор сироят мекунад ва одатан кӯдакони хурдсол аз он азият мекашанд.

Ҷашни Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар Тоҷикистон

3-уми май дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии озодии матбуот ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат дар Иттиҳоди Журналистони Тоҷикистон сӯҳбати сари мизи мудаввар бахшида ба " Озодии сухан ва амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон" баргузор гашт, ки дар он раҳбарони як идда нашрияҳои ҷумҳурӣ ва намояндагони созмонҳои байналмиалии мустақар дар Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Дар ҷараёни баҳс Роза Мавҷудова ҳуқуқшиноси созмони ғайридавлатии "Хома" иброз дошт, ки Кумитаи давлатии Телевизиону Радиои Тоҷикистон ба расонаҳои мустақили электронӣ бо сабабҳои номаълум иҷозати фаъолият намедиҳад.
Ҳамчунон ба муносибати Рӯзи байналмилалии озодии матбуот 9 рӯзноманигори собиқадори Тоҷикистон ба ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ ноил гаштанд.

Э.Қосимов ва А.Саидов сафирони нави Тоҷикистон

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Эркин Қосимов сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин шудааст. То ин замон ӯ вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро бар дӯш дошт.
Ҳамчунон бо фармони президенти Тоҷикистон Асомуддин Саидов сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон таъйин шудааст. То ин замон Саидов раёсати кумитаи равобити байналмилалии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.
Хабаргузориҳо аз Тоҷикистон навиштаанд, ки муовини сарвари раёсати кадрҳо ва иттилои махсуси вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифов ба вазифаи консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия пешбарӣ шудааст.

Ронандаи масти украинӣ 6 касро ба ҳалокат расонд

Полиси шаҳри шарқии Харкови Украина мегӯяд, як ронандаи махмур мошини варзишиашро рӯи мардуми мунтазир дар истгоҳи трамвай равона карда, 6 касро ба ҳалокат расонд. Дар ин ҳодиса ду кӯдак: як писари 12-сола ва духтари 5-сола ҳаёташонро аз даст доданд ва камаш 3 нафари дигар захм бардоштаанд. Ронанда осебе надид. Шоҳидони тасодум ронандаро боздошт намуда, сипас ба полис супурдаанд.

Мулоқоти мақомоти Чин бо фиристодаҳои Далай Лама

Ҳукумати Тибет дар ғурбат мегӯяд, рӯзи якшанбе дар шаҳри Шенҷени Чин мулоқоти мақомоти Чин бо фиристодаҳои Далай Лама оғоз меёбад. Моҳи гузашта Чин изҳор намуд, ки муколама бо Далай Ламаро аз сар мегирад. Ин иқдом ҳамчун натиҷаи фишори байналмилалӣ рӯи Чин арзёбӣ мешавад, ки нооромиҳои Тибетро бо панҷаи пӯлодӣ пахш намудааст.
Дар айни замон мақомоти Чин ҳамлаҳояшон болои раҳбари рӯҳонии Тибет Далай Ламаро идома медиҳанд.
Имрӯз расонаҳои давлатии Чин дар бораи мулоқот бо фиристодаҳои Далай Ламай чизе нанавишта раҳбари рӯҳонии Тибетро бо кӯшиши тахриби бозиҳои олимпии Пекин муттаҳам намуданд.

Тавсеаи эҳтимолии нақши нерӯҳои ИМА дар Афғонистон

Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки Вашингтон фармондеҳии нерӯҳои паймони Нато дар ҷануби Афғонистонро таҳти назорати худ қарор диҳад. Баъзе кишварҳои узви Нато аз ирсоли воҳидҳои ҷангӣ ба ин гӯшаи Афғонистон худдорӣ мекунанд.
Вазири мудофиаи ИМА афзуд, ки қабл аз қабули тасмиме дар ин маврид Вашингтон бо муттафиқонаш машварат хоҳад кард.
Ин шарҳи Гейтс рӯзи шанбе баъди нашри шумораи рӯзномаи New York Times интишор гашт. Рӯзномаи амрикоӣ гузориш медиҳад, ки ИМА ирсоли 7000 афсару сарбози тозанафас ба Афғонистон дар давоми соли ояндаро баррасӣ мекунад.
Дар ҷануби Афғонистон хушунати Толибон авҷ гирифтааст. Феълан дар ин минтақа нерӯҳои Британия, Ҳолланд ва Австралия мустақар буда, ҳамаи онҳо зери фармондеҳии Нато мебошанд.

Равобити қавии раҳбари қабилаи афғонӣ бо Толибон

Мансабдорони федералии ИМА дар шаҳри Ню Йорк изҳор намуданд, ки раҳбари қабилаи афғонӣ, ки бо қочоқӣ ҳероин муттаҳам мешавад, бо ҷумбиши Толибон равобити қавӣ доштааст. Тибқи асноди додгоҳ Башир Нурзай ҳамкорӣ бо мақомоти ИМА-ро арзёбӣ намуда, пешниҳод кардааст, ки дар бораи равобиташ бо раҳбари Толибон Мулло Муҳаммад Умар маълумот диҳад. Нурзай моҳи апрели соли 2005-ум дар ИМА ба ҳабс гирифта шуд. Мақомоти амрикоӣ ӯро бо ваъдаи худдорӣ аз боздошт ба ИМА оварда буданд.

Конфронси мубориза бо Спид дар Маскав

Имрӯз дар Маскав зери сарпарастии СММ конфронси мубориза бо Спид (AIDS) дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд.
Мансабдорони СММ мегӯянд, дар ин минтақа наздик ба 1,6 миллион нафар мубталои вирус ва ё ангезаи HIV мебошанд. Ин вирус фарди олударо гирифтори Спид мекунад.
Ба иттилои ҳамин манбаъ дар баъзе кишварҳои минтақа шумораи гирифторон рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Питер Пайот мудири иҷроияи Бунёди мубориза бо Спиди СММ (UNAIDS) бар ин назар аст, ки минтақа дорои захираи кофии зеҳнӣ ва имконоти зербиноӣ буда, метавонад мизони гирифтории мардуми он бо Спидро коҳиш диҳад. Конфронси Маскав рӯзи душанбе хотима меёбад.

Пешниҳоди нави гурӯҳи 5+Олмон ба Эрон

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, кишварҳои абарқудрат ба Эрон даври нави музокироти барномаи ҳаставии ин кишварро пешниҳод кардаанд. Ба қавли Лавров дар замони музокирот Теҳрон бояд ғанигардонии уранро мутаваққиф кунад.
Ин суханонро вазири корҳои хориҷии Русия дар Лондон баъди нишасти гурӯҳи панҷ ҷамъи як, яъне аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ: ИМА, Британия, Фаронса, Русия, Чин ва ҳамчунон Олмон иброз доштааст.
Шоми ҷумъа дар поёни нишасти Лондон вазири корҳои хориҷии Британия Дейвид Милибанд гуфт, шаш кишвар мувофиқат кардаанд, ки барои ташвиқи Эрон ба қатъи барномаи ғанигардонии уран чанд имтиёзе матраҳ намоянд. Милибанд тафсилот надод, ки ин имтиёзҳо аз чӣ иборатанд.
ИМА ва мамолики ғарбӣ хавф доранд, ки ҳадафи пинҳонии барномаи ҳаставии Эрон тавлиди силоҳи куштори ҷамъӣ мебошад, вале Теҳрон ин айбномаро рад мекунад.
Моҳи июни соли 2006-ум Эрон пешниҳоди ҳамкории ҳаставӣ ва имтиёзҳои тиҷорӣ дар муқобили қатъи ғанигардонии уранро рад карда буд.

Қавли Навоз Шариф ба додрасҳои Покистон

Як сиёсатмадори олирутбаи Покистон имрӯз гуфт, тамоми додрасҳои додгоҳи олиро, ки раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф соли гузашта аз мақомашон барканор кард, дигарбора ба мансабҳояшон бармегардад. Ин ваъдаи Навоз Шариф нахуствазири собиқи Покистон ва раҳбари дуввумин ҳизби бузург дар ҳукумати эътилофии порлумон имрӯз дар Лоҳур садо дод. Моҳи ноябри соли гузашта Парвиз Мушарраф бо зикри афзоиши тундгароӣ дар Покистон ва дахолати додрасҳо ба фаъолияти ҳукумат, дар ин кишвар вазъи фавқуллода эълом кард. Он замон бояд девони олии Покистон ҳукм мебаровард, ки то куҷо интихоби дигарбораи Парвиз Мушарраф ба мақоми раиси ҷумҳур қонунист.

Иқдоми дигари Амрико барои наҷоти иқтисод

Бонки Маркази Амрико эълом кард, ки ҷиҳати фурӯ нишондани бӯҳрони қарзиву молӣ дар ин кишвар чораҳои наверо амалӣ мекунад. Бонки мазкур мегӯяд, қарзҳои давлатии бо баҳраи кам барои бонкҳои тиҷоратро аз 25 то 75 миллиард доллар афзоиш медиҳад. Бонки марказии Амрико ҳамчунин захираҳои доллареро, ки ба Бонки Марказии Аврупо ва Бонки Миллии Швейтсария медиҳад, афзоиш додааст. Бонкҳои тиҷоратӣ аз тарси идомаи таъсири манфии зиёнҳои молии бонкҳои ипотекии Амрико, дар ин чанд моҳи аз қарз додан ба ҳам худдорӣ мекунанд.

Баёнияи "Талко" доир ба 100 мил.доллар

Ширкати "Талко"- и Тоҷикистон гузоришҳо доир ба 100 миллион доллар ҳаққи хидмат барои ширкати ҳуқуқии "Ҳерберт Смиф"- и Бритониёро таъйид накард. Аммо дар посухи расмие, ки "Ҳерберт Смиф" аз тарафи мизоҷаш, яъне "Талко" ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ фиристод, гуфта мешавад. “Талко чунин мешуморад, ки масорифи ҳуқуқӣ ва дигар хароҷоти марбута аҳамияти эҳёи саноати тавлиди алюминийи Тоҷикистонро инъикос мекунад ва ин як нархест, ки бояд барои эҳёи саноати муваффақи арзиз дар Тоҷикистон пардохта мешуд. “
Ба гуфтаи ширкати Талко ҳаққулзаҳмате, ки дар маврид дода мешавад, ҳаққи заҳмати мутахассисони зиёде мебошад, ки дар ин парванда саҳм гирифтаанд. Аз ҷумла мутахассисони мустақил дар умури қонунҳои Тоҷикистон, қавонини Русия, қонунҳои Швейтсария ва ҳамчунин муҳосибон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи саноат. Ин ҳаққулзаҳматҳо бар тибқи дақиқтарин ҳисобҳо дар ҷараёни такмили ин парванда, ки ҳамчунин муҳокимаи 14 ҳафтаинаро бо ширкати тахминан 11 додрас дар бар мегирад, таъйин шудаанд.


Чанде пештар расонаҳои ғарбӣ гузориш доданд, ки ширкати ҳуқуқии "Ҳерберт Смиф", ки дар баҳси додгоҳии ширкати "Талко" бо Аваз Назаров аз манофеъи ҳукумати Тоҷикистон ҳимоят мекунад, тақрибан 120 миллион доллар ҳаққи хидмат хостааст. Ширкати "Талко" мегӯяд, ки раиси ширкати "Ансол" мутаалиқ ба Аваз Назаров шаҳрванди Тоҷикистон, вале сабти ном шуда дар ҷазираҳои Нормандия бо роҳи фиреб, қариб 500 миллион доллари Талкоро аз худ кардааст. Акнун Талко, ки аз тарафи ҳукумат идора мешавад, мехоҳад, ки ин пулро таввасути додгоҳ ба кисаи ширкат баргардонад. Ширкати "Ҳерберт Смиф" се сол боз аз дар баҳсҳои додгоҳӣ дар Ландан аз манофеъи ширкати "Талко" ҳимоят мекунад.

Интиқоди Миклош Ҳарастӣ аз Тоҷикистон

Миклош Ҳарастӣ- намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот имрӯз аз кишварҳои узви ин созмон хост, ҷиҳати таъмини озодии баён кӯшиши бештар кунанд. Миклош Ҳарастӣ дар остонаи рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот гуфт, соли гузашта вазъи озодии баён аз ду ҷиҳат бад шудааст, аввал ин ки зӯроварӣ ба хабарнигон дар кишварҳои узв афзудааст ва дуввум мақомот бо ҳар гуна қонун, барои афкори танқидӣ ҷазо муқаррар кардаанд. Миклош Ҳарастӣ аз ҷумла Тоҷикистонро низ мисол овардааст, ки соли гузашта барои тавҳину бӯҳтон ва паст задани шаъни инсон дар навиштаҳои Интернетӣ то ду соли зиндон ҷазо муқаррар кард. Миклош Ҳарастӣ аз кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хост, аз ҳар гуна қонуне, ки озодии баёнро маҳдуд мекунад, даст кашанд.

Ваъдаи Русия барои ҳамкорӣ бо нозирон

Вазорати дифоъи Русия мегӯяд, ки бо нозирони Созмони Милал дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистони Гурҷистон ҳамкории наздик хоҳад кард. Пештар аз ин ва дар рӯзи панҷшанбе вазорати дифоъи Русия гуфт, нерӯҳои изофии посдорони сулҳи худро ба Абхозистон мефиристад. Раиси ҷумҳури Гурҷистон Михайил Саакашвилӣ ин амалкардро “ниҳоят хатарнок” номид ва ҷомеаи байналмилалӣ тақозо кард, то Русияро маҷбур кунад, ки аз ин иқдомаш даст кашад:

“Мо воқеан умедворем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, Иттиҳодияи Аврупо ва дигарон як талоши мутамарказ хоҳанд кард ва ба Маскав хоҳанд гуфт, ки аз иқдомҳои ниҳоят ва ниҳоят хатарноки чанде пешаш даст кашад. “

Русия мегӯяд, барои он ба ин минтақаҳои ҷудоихоҳ нерӯҳои изофии посдори сулҳ мефиристад, ки Гурҷистон теъдоди сарбозонашаро дар наздикиҳои ин ҷумҳурӣ ва ҳамчунин Осетияи Ҷанубӣ бештар кардааст.

Даъвати чаҳоргона аз давлати Исроил

Музокиракунандагони гурӯҳи мавсум ба "Чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна" аз ҳукумати Исроил хостанд, то шаҳраксозӣ дар Канораи Ғарбро муттавақиф кунад. Ин баёнияи дабири кулли Созмони Милал Бан Ги Мун, баъд аз мулоқоти гурӯҳи чаҳоргона дар шаҳри Ландан содир шуд, ки ба ин гурӯҳ Созмони Милал, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Русия шомиланд. Бан Ги Мун ҳамчунин аз кишварҳои арабӣ хост, ваъдаҳои додаи худ барои кӯмаки молӣ ба Ташкилоти Худгардони Фаластинро иҷро кунанд. Интизор меравад, ки имрӯз Кондолиза Райс вазири умури хориҷаи Амрико бо мақомоти Фаластинӣ ва Исроил мулоқоти сеҷониба анҷом диҳад. Ӯ ҳамчунин доир ба бӯҳронии ҳастаии Эрон мулоқотҳои алоҳида хоҳад дошт.

Амрико дар андешаи посух ба Белорус

Ҳукумати Амрико мегӯяд, дар ҷавоб ба ронда шудани 10 дипломаташ аз Ҷумҳурии Белорус иқдомотеро алайҳи ин кишвар баррасӣ мекунад. Манобеъе дар ҳукумат гуфтаанд, ки Иёлоти Муттаҳида масъалаи рондани тамоми дипломатҳои Белорус аз қаламравашро баррасӣ кардааст. Аммо Том Кейсӣ сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, дар посух ба амалкарди ғайриқонунии Ҷумҳурии Белорус интихобҳои зиёде аст, ки баррасӣ мешавад. Амрико бо зикри вазъи бади ҳуқуқи инсон дар Белорус ба зидди ин кишвар таҳримот эъмол кард ва баъди ин ҳукумати Лукашенко чандин дипломати Амрикоро аз қаламраваш ронд.

Фоҷиа дар Балад Рузи Ироқ

Низомиёни Амрико созмони Ал-қоидаро масъули бомбгузориҳои интиҳории маргбор дар шимолушарқи шаҳри Бағдод номиданд, ки дар ин ҳамлаҳо 35 нафар кушта ва 65 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин бомбгузорӣ дар ҷараёни як ҷашни арӯсӣ шоми панҷшанбе дар шаҳри умдатан шиъанишини Балад Руз сурат гирифт. Дар баёнияи имрӯзаи низомиёни Амрико гуфта мешавад, "созмони терористии Ал-қоида усулҳои ҷангии манфури худ ба зидди мардуми Ироқро идома медиҳад."

Ваъдаи ҳукумати Эрон ба Ироқ

Ҳукумати Эрон мегӯяд, дар бораи кӯмак барои хотима додан ба ҷангҳо дар Ироқ бо ҳайъати ироқие, ки дар Теҳрон қарор дорад, гуфтугӯ хоҳад кард. Ба иттилоъи "ИРНА," хабаргузории расмии Эрон, нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ ин ҳайъатро барои он фиристодааст, то ба мақомотии расмии Эрон бигӯянд, ки дигар аз гурӯҳҳои мусаллаҳи шиъамазҳабро ҳимоят накунад. Ҳайъати ҳизби ҳоким, Эътилофи Якпорчаи Ироқ рӯзи чаҳоршанбе вориди Теҳрон шуд. Пештар аз ин Амрико иддаъо кард, ки дар Ироқ силоҳҳои нави тавлиди Эронро пайдо кардааст. Ба қавли Муҳаммадалии Ҳусайнӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, “гуфтӯгуҳо кӯмак хоҳад кард, то ихтилофоти назар ва низоъҳо дар Ироқ рафъ шавад”.

Маҳви яке аз сарварони «ал-Қоъида» дар Сомалӣ

Низомиёни арикоӣ таъйид намуданд, маҳз онҳо ба хонае, ки дар он лидери гурӯҳи исломии «аш-Шаҳоб» Аденом Ҳашӣ Айро ба сар мебурд, зарбаи рокетӣ ворид карданд.

Як намояндаи нерӯҳои мусаллаҳи Амрико таъйид кард, ки ҳамроҳи Айро ҳадди ақалл 10 нафари дигар ба ҳалокат расидаанд.

Гурӯҳи мусаллаҳи «аш-Шаҳоб» як зумра навоҳии Сомалиро дар марказу ҷануби мамлакат идора мекунанд, бо ҳукумати ин кишвар ва артиши онро кумаккунандаи эфиопӣ муборизаи мусаллаҳона мебарад.

Имруз дар Лондон барномаҳои Иронро баррасӣ мекунанд

Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико мегуяд, кишвараш ба ташвиқоти иқтисодӣ ва сиёсие, ки Иронро аз барномаҳои зиддунақизи ҳастаиаш боздорад, мухолиф нест. Вале вай гуфт, ки имкони камтаре вуҷуд дорад, ки Ирон пешниҳодоти байналмиллалиро, ҳар пешниҳоде, ки бошад, бипазирад. Имруз Кондолизза Райс дар Лондон бо намояндагони кишварҳои дорои ҳақи ветои Шурои Амнияти СММ мулоқот мекунад. Онҳо тадбирҳои баъдӣ дар бораи барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Иронро барррасӣ мекунанд.

Нируҳои Руссия вориди Абхозистон мешаванд

Бо вуҷуди нигарониҳои маҳофили байалмиллалӣ нируҳои изофии Руссия вориди Абхозистон-ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистон мешаванд. Руссия мегуяд, ки ин нируҳо аз ҷумлаи 3-ҳазор нируест, ки соли 1994 баъд аз имзои қарордоди оташбас роҷеъ ба он тавофуқ ба даст омада буд. СММ ҳангоми имзои ин қарордод миёнҷигарӣ карда буд. Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО як ҷо бо Гурҷистон афзоиши шумораи нируҳои Руссия дар Абхозистонро маҳкум кардаанд.

"Зенит" метавонад ҷоми УЕФА-ро бибарад?

Дастаи футболи "Зенит"-и шаҳри Санкт Петербурги Руссия ба даври ниҳои бозиҳои ҷоми УЕФА роҳ ёфт. Ин даста дар майдони худ дар даври ниманиҳоӣ дастаи футболи "Байерн"-и Мунихи Олмонро бо ҳисоби 4 бар сифр мағлуб кард. Акнун "Зенит" дар даври ниҳоӣ бо дастаи "Ренҷерз"-и Скотланд бозӣ мекунад. Бозӣ 14-уми май дар майдони шаҳри Манчестери Бритониё баргузор мешавад.

Филми наве бо номи "Иштибоҳ" ба бозор омад

Дар Тоҷикистон филми нави ҳунарӣ бо номи «Иштибоҳ» рӯи пардаи синамо омад. Ин филм бо кумаки молии телвизюни "Симои Мустақили Тоҷикистон" наворбардорӣ шудааст. Ин дуввумин филмест, ки телвизюни мазкур руи навор овардааст. Масъулини ин шабакаи телвизюнӣ бовар доранд, ки чунин корро идома медиҳанд ва дар Тоҷикистон филмсозӣ ва бозори фурӯши филмҳоро дубора эҳё мекунанд.

Бозори давлатии мардикорон дар Хатлон: Ҳадаф чист?

Хадамоти шуғли аҳолии вилояти Хатлон тасмим гирифтаанд, ки дар шаҳри Қурғонтеппа ва маркази ноҳияҳои дигари вилоят бозори мардикоронро ташкил кунанд, дар ҳоле, ки чунин бозорҳо дар ҳар минтақаи Тоҷикистон вуҷуд дорад. Шояд ин хадамот мехоҳанд мардкорон зери назари онҳо ба мардкории касе ё корхонае ҷалб шаванд. Бозори мардикорон аз гузаштаҳо дар ҳамаи шаҳрҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дошт ва ин як ҷунбиши худҷуши эҳтиёҷмандон аст, ки аз ночорӣ шуморе аз табақаи нодор ру ба мардикорӣ меоранд ва дар чунин бозорҳо ба истилоҳ нируи кории худро ба корфармоён мефурушанд ва василаи рузгузаронии худро таъмин мекунанд. Ҳоло миёни мардикору корфармо ниҳоди дигаре мехоҳад ворид шавад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG