Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Таҳқиқи осеб аз амалиёти низомӣ дар шаҳри Кӯлоб

Бо таъсиси як ҳайати вижа дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мақомоти расмии Тоҷикистон дар пайи таъини осеб аз амалиёти низомӣ бар зидди Сӯҳроб Лангариев мебошанд. Ҳукумат тасмим гирифтааст, хисороти ворида аз ин амалиётро ҷуброн кунад. Узви ҳайати таҳқиқи осеб, Имомназар Мадисоев мегӯяд, ҳоло ҳаҷми умумии зиён маълум нест, вале чандин бино тахриб шудааст. Вай афзуд, кулли зарар дар рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд. Нозирони дигар тахмин мезананд, ки он мумкин аст ба 1 миллион сомонӣ расад. Амалиёти нерӯҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Кӯлоб барои боздошти Сӯҳроб Лангариев, ки дар ташкили шабакаи қочоқбар ва нигаҳдошти аслиҳа айбдор мешавад, рӯзи сешанбеи 27-уми май ҳашт соат идома кард.

Кӯмаки ҳукумати Швейтсария ба Тоҷикистон

Ҳукумати Швейтсария бо назардошти бӯҳрони шадиди энержӣ дар Тоҷикистон дар зимистони гузашта тасмим гирифт, ба ҳукумати Тоҷикистон баробари 1 миллион доллар кӯмак расонад. Бахши умдаи ин сармоя ба тармиму бозсозии иншооти энержӣ, ниҳодҳои зидди офатҳои табиӣ ва бемористону дармонгоҳҳо равона хоҳад шуд.

Рабоиши соҳибкори фаронсавӣ дар Афғонистон

Тибқи хабарҳо, як соҳибкори фаронсавӣ бо ду шарики маҳаллӣ ва ронандааш дар Афғонистон рабуда шудаанд. Сомонаи интернетии рӯзномаи фаронсавии "Фигаро" менависад, соҳибкори 37-солаи фаронсавй, Ҷоан Фрекҳаус, раиси ширкати тиҷоратӣ дар Кобул ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Муқур-Ғазнӣ субҳи панҷшанбе рабуда шудааст.

Бозгашти қазияи ҳавопаймои гурҷӣ ба ҷаласаи Шӯрои Амният

Бо дархости Гурҷистон имрӯз Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид суқут дода шудани ҳавопаймои бехалабони гурҷиро дар минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон, ки аз тарафи Русия ҳимоят мешавад, дар ҷаласаи паси дарҳои баста баррасӣ мекунад. Нозирони Созмони Милал даъвои Тифлисро, ки ин ҳавопаймо аз тарафи ҷангандаи русӣ сарнагун шудааст, тасдиқ карданд. Русия ин иддаъоро рад мекунад. Сафири рус дар Созмони Милал, Виталий Чуркин гуфт, Маскав дилсард аст, ки тарафи ҷудоихоҳони абхоз имкон надоранд дар баҳси Шӯрои Амният саҳм бигиранд.

Боздиди Э. Раҳмон аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бинокорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун даъват кард, суръати бунёди ин иншооти энержиро афзоиш диҳанд. Дар дидоре бо бинокорон дар маҳалли сохтмон, Раҳмон гуфт, сармоягузорӣ ба тарҳи нерӯгоҳро дар соли оянда ба 100 миллион доллар зиёд хоҳад кард. Раҳмон Роғунро гарави амнияти энержии Тоҷикистон номид. Идомаи сохтмон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ қатъ гашта буд ва талошҳои Тоҷикистон ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар ин барнома натиҷа надодаанд. Кишвар эълон кардааст, ки худ бунёди нерӯгоҳи Роғунро ба анҷом хоҳад расонд. Аммо сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, чунин сохтмони бузург танҳо бо ширкати Русия поёнпазир аст.

Президенти Покистон овозаҳои истеъфояшро рад кард

Президенти Покистон, Парвиз Мушарраф, овозаҳои эҳтимоли истеъфои худро рад кард. Вай аз тариқи расонаҳои таҳти назорати давлат овозапароканӣ ва ба гуфтаи ӯ, "бадандешиҳо"-ро, интиқод намуд. Овозаҳои истеъфои наздики Мушарраф сабаби поин афтодани нархи саҳҳом дар бозори бурси Покистон шудаанд. Мушарраф аз табаддулоти бехун дар соли 1999 ба ин сӯ раҳбарии Покистонро дар даст дорад.

Қоидаи нави FIFA барои футболи ҷаҳон

Федерасиюни байнулмилалии футбол бо иттифоқи оро аз қоидаи нав пуштибонӣ кард, ки сар аз соли 2012 дастаҳои миллӣ бояд на камтар аз шаш бозигари худӣ ва на бештар аз 5 бозигари хориҷӣ дошта бошанд. Раиси FIFA, Ҷозеф Блаттер, гуфт, умедвор аст, қоидаи нав зина ба зина амалӣ хоҳад гашт. Аз соли 2010 дастаҳои миллӣ бояд на камтар аз чаҳор футболбози худӣ ва на бештар аз 7 бозигари беруна дошта бошанд. Ҳамин тарз таносуб тадриҷан иваз хоҳад гашт. Қарори навро анҷумани ФИФА дар Сиднейи Австралия ба тасвиб расонд.

Толибон як ноҳия дар Ғазниро ишғол карданд

Тибқи хабарҳои расида, толибони афғон маркази маъмурии як ноҳия дар вилояти Ғазниро таҳти тасарруф даровардаанд. Раиси полиси ин вилоят Хонмуҳаммад Муҷоҳид тасдиқ кард, ки толибҳо шаби гузашта ҳокимияти ноҳияи Рашидонро ба даст овардаанд. Сухангӯи Толибон, Забеҳулло Муҷоҳид мегӯяд, мусаллаҳон се корманди полисро кушта, бинои ҳокимияти маҳаллиро оташ заданд. Вай афзуд, толибҳо ҳамчунин раиси ноҳия ва ҳашт корманди полисро асир гирифтаанд.

Баррасии тарҳи лӯлаи гази Туркманистон--Ҳинд дар Ишқобод

Вазирони инержии Туркманистон, Афғонистон ва Покистон имрӯз дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон, масъалаҳои марбут ба тарҳи лӯлаи гази Туркманистон ба Покистону Ҳиндро баррасӣ карданд. Дар ин нишаст намояндагони ширкати ҳиндии ГЕЙЛ ва Бонки Осиёии Рушд низ ширкат доштанд ва ба иттилоъи матбуоти Туркманистон, муҳимтарин баҳс дар таъини нархи газ ба миён афтод.

Раиси САҲА аз Осиёи Марказӣ боздид мекунад

Интизор меравад, ки Александр Стубб-раиси Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва вазири хориҷаи Финлонд аз 2 то 5-уми июн аз Тоҷикистону Узбакистон ва Туркманистон боздид кунад. Вай бо руасои ҷамоҳири мазкур, вазирони хориҷа, руасои порламонҳо ва намояндагони созмонҳои иҷтимоъӣ дидор ва гуфтугу мекунад. Дар ин дидорҳо ҳамкориҳои муштарак, амнияти Афғонистон, масоили зистмуҳитӣ ва ҳуқуқи башар баррасӣ мешаванд.

Байни Аврупо ва Русия тавофуқ ба даст меояд

Фаронса умед дорад, ки то поёни соли 2008 дар бораи ҳамкориҳои нави стротегӣ бо Русия тавофуқ ба даст меояд. Аз якуми июн Фаронса раёсати давраии шашмоҳаи Иттиҳоди Аврупоро бар уҳда мегирад. Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ кишварҳои узв ба тавофуқ расиданд, ки дар бораи мувофиқатномаи ҳамкорӣ бо Русия музокирот шуруъ шавад. Ин мувофиқатнома ҳамкориҳои энержӣ ва равобити сиёсиро дар бар мегирад. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки боздиди Владимир Путин-нахуствазири Русия аз Фаронса идома дорад.

Аҳдномаи манъи тавлиди бомбҳои хушаӣ ба тасвиб мерасад

Интизор меравад, ки имруз намояндагони бештар аз 111 кишвар дар Дублини Ирлонд дар мулоқоте пешнависи аҳдномаи манъи тавлид ва истифодаи бамҳои хушаиро ба таври расмӣ ба тасвиб расонанд. Ин тавофуқот баъд аз даҳ рузи музокирот ба даст омад. Вале дар музокироти Дублин кишварҳои аслии тавлидкунандаи бамҳои хушаӣ, аз ҷумла Амрико, Русия ва Чин ширкат надоштанд.

1 миллиарду 200 миллион барои мубориза бо бӯҳрони ғизо

Бонки Ҷаҳонӣ иҷрои барномаеро ба маблағи 1 миллиарду 200 миллион доллар барои кумак ба кишварҳое, ки аз камбуди хурокӣ ранҷ мебаранд, оғоз кард. Роберт Зеллик-раиси Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, 200 милён доллари ин барнома билофосила барои кишварҳое, ки аз болоравии нархи хурокӣ зарар дидаанд, ихтисос дода мешавад. Зеллик гуфт, вай мехоҳад, ки дар мулоқоти 3, 4-уми СММ дар Рум барои мубориза бо бӯҳрони хурокӣ барномае ба тасвиб расад ва кишварҳои осебпазир ҳар чӣ зудтар кумакҳои фаврӣ дарёфт кунанд.

Моликӣ аз ҷаҳониён хост қарзи Ироқро бибахшанд

Конфронси СММ роҷеъ ба Ироқ дар Истокҳолми Суед ба поён расид. Ширкаткунандагон дар поёни он эъломияе ба тасвиб расонданд. Дар конфронс масъалаҳои бозсозии Ироқ баррасӣ шуд. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ, ки дар ин конфронс ширкат дошт, гуфт, аз таъаҳҳудоти ширкаткунандагон дар мавриди Ироқ дилгарм шудааст. Дар ин конфронс Нурӣ Ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ аз кишварҳои ҷаҳон хост 67 милярд доллар қарзи хориҷии Ироқро бибахшанд.

Давраи чиптаи коғазии ҳавопаймоҳо ба охир мерасад

Билет ё чиптаҳои коғазии ҳавопаймоҳо мисли ин ки рузи якшанбе амалан ба поёни ҳаёти худ мерасад. Иттиҳоди Байналмиллалии Нақлиёти Ҳавоӣ, ки ба он 240 ширкати ҳавоии ҷаҳон дохил мешаванд, рузи якшанбеи 1-уми июн ба истифодаи чиптаҳои электронӣ мегузаранд. Ин 240 ширкат 94 дарсади парвозҳоро дар ҷаҳон анҷом медиҳанд ва то ҳол бисёре аз онҳо аз истифодаи билетҳои коғазӣ даст кашидаанд. Чиптиаҳои электрониро акнун тавассути интернет фармоиш медиҳанд. Бино ба ҳисоби Иттиҳоди Байналмиллалии Нақлиёти Ҳавоӣ аз ин кор 3 милярд доллар дар сол сарфаҷуӣ хоҳад шуд ва он метавонад то андозае боло рафтани нархи сухтро пушонад.

Дилшод Қурбонов ба Тошканд истирдод намешавад

Додгоҳи Олии Русия тасмим дар бораи истирдоди паноҳандаи узбак Дилшод Қурбонов ба Тошкандро лағв кард. Моҳи гузашта Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башар дар Страсбург аз Маскав даъват карда буд, ки аз истирдоди Қурбонов худдорӣ кунад, зеро ӯ шояд дар зодгоҳаш мавриди шиканҷа қарор гирад.

Шаҳрванди Узбакистон Дилшод Қурбонов, ки аз сӯи Тошканд дар ифротгароӣ айбдор мешавад, моҳи майи соли гузашта дар устони Тулаи Русия боздошт шуда буд. Ба думболи ин Додситонии Русия дар бораи истирдоди ӯ ба Узбакистон тасмим гирифт.

Туркия Айтматовро сазовори ҷоизаи Нобел мехонад

Ертуғрул Гунаӣ, вазири фарҳанг ва ҷаҳонгардии Туркия имрӯз эълом дошт, ки вазоратҳои фарҳанги чанд кишвари туркзабон ва Тоҷикистон адиби қирғиз Чингиз Айтматовро барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт пешбарӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ки Анқара дар ин бора бо вазоратҳои фарҳанги Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва ҳамчунин ҷумҳуриҳои Тотористон ва Бошқирдистони Федератсиони Русия мувофиқат кардааст. Аз пешбарии Чингиз Айтматов барои дарёфти ҷоизаи Нобел ахиран раисиҷумҳури Туркия Абдулло Гул низ пуштибонӣ кард.

Айни ҳол адиби бузурги қирғиз Чингиз Айтматов дар як бемористони Олмон таҳти назорати табибон қарор дорад.

Қимати маводи озуқа боло хоҳад рафт

Қимати маводи ғазоӣ дар ҷаҳон моҳҳои наздик каме пойин хоҳад рафт ва аммо дар тули даҳ соли оянда қиматҳо дар сатҳи баланд боқӣ мемонанд. Дар ин бора Созмони озуқаву кишварзии Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд. Мутахассисони ин ниҳод ҳадс мезананд, ки дар даҳ соли оянда қимати гандум аз 40 то 60 дар сад ва қимати биринҷ тақрибан 50 дар сад боло хоҳад рафт.

Тибқи гузориши ахири Созмони озуқаву кишварзии Созмони Милали Муттаҳид, дар даҳсолаи оянда миллион одамон ба мушкили дарфёти маводи озуқа мувоҷеҳ мешаванд. Ин созмон тавсия кардааст, ки дар кишварҳои олам кишти зироатҳои генетикӣ афзоиш дода шавад.

Афсарони рус ҳарчӣ бештар худкушӣ мекунанд

Теъдоди худкушӣ дар артиши Русия афзоиш ёфта, айни ҳол 50 дар сади талафоти бидуни ҷангиро ташкил медиҳад. Додситони низомии Русия Сергей Фридинский имрӯз дар нишасти Коллегияи Додситонии низомии кишвар гуфт, ки соли гузашта бар асари худкӯшӣ 341 афсару сарбоз аз олам даргузаштаанд, ки тақрибан ба талафоти як баталён баробар аст. Нисфи афроди даст ба худкушӣ зада афсарон ва низомиёни қарордодиянд. Сабаби худкушии низомиёни қаторӣ дар артиши Русия – "дедовшина" ё меҳтарсолорӣ ва сабабҳои худкушии афсарон – набудани манзили зист, моҷаро дар оила ва асабоният баъд аз сафари хидматӣ ба Қафқози Шимолӣ арзёбӣ мешаванд.

Ҳамлаи нав ба пойгоҳҳои ҷудоихоҳони курд

Ҳавопаймоҳои низомии Туркия пойгоҳҳои низомии ҷудоихоҳони курд дар шимоли Ироқро мавриди ҳамлаи нав қарор доданд. Ба иттилоъи низомиёни турк, 16 пойгоҳ дар минтақаи наздимарзии Ҳакурк бомборон шуданд. Дар бораи қурбониёни ин ҳамла ҳанӯз иттилоъе зери даст нест. Ошубгарон аз Ҳизби Коргарони Курдистон хабари ҳамларо таъийд ё рад накардаанд.

Соли равон ҳавопаймоҳои низомии Туркия пойгоҳҳои Ҳизби Коргарони Курдистон дар қаламрави Ироқро чандин бор бомборон карданд.

Ҳамлаи маргталабона дар Мосул

Имрӯз бар асари як ҳамлаи маргталабона дар шимоли Ироқ дасти кам 16 кас кушта ва 30 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи полис, ин ҳодиса дар шаҳри Синҷар, воқеъ дар ғарби Мосул, дар маркази қабули ихтиёриён барои кор дар полис рух додааст. Миёни қурбониён чанд корманди полис низ ҳастанд.
Шурӯъ аз миёнаҳои ҳамин моҳ нерӯҳои амниятии Ироқ бо пуштибонии низомиёни Иёлоти Муттаҳида дар Мосул ва атрофи он амалиёти густарда алайҳи ошубгаронро идома медиҳанд. Низомиёни ироқӣ Мосулро охирин пойгоҳи “Ал-Қоида” дар кишвар мехонанд.

Ал-Моликӣ боз ҳам хостори лағви қарзи Ироқ мешавад

Имрӯз дар Стокҳолм конфаронс оид ба мавзӯъи эҳёи Ироқ шурӯъ шуд, ки таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид мегузарад. Ҳайатҳои тақрибан 100 кишвар мавзӯъи татбиқи нақшаи панҷсолаи кумак ба Ироқро, ки соли гузашта дар конфаронси Миср қабул шуда буд, баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки Нурӣ Ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ дар ин нишаст хостори лағви 67 миллиард доллар қарзи хориҷии замони қудрати Саддом Ҳусейн хоҳад шуд. Ироқ асосан аз Арабистони Саъудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қатар қарздор аст.

Бомбҳои хушаӣ мамнӯъ эълон мешаванд

Намояндагони беш аз 100 кишвари олам дар як конфаронс дар Дублин матни конвенсия барои манъи истифодаи бомбҳои хушаиро пазируфтанд. Раиси Ҷунбиш барои манъи майнҳои зиддиафрод Саймон Конуэй гуфт, ки “ин марҳалаи муҳим аст, зеро гап сари наҷоти зиндагӣ ва сиҳати даҳҳо ҳазор одамон меравад”.

Қарор аст, ки ин санад фардо дар конфаронс қабул шавад. Ва аммо пазируфта шудани конвенсия маънои манъи сартосарии бомбҳои хушаиро надорад, зеро ҳайатҳои бузургтарин кишварҳои тавлидкунандаи ин бомбҳо – Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Чин дар конфаронси Дублин ширкат надоранд.

Бомбҳои хушаӣ барои мардуми осоишта хатари бузург дорад, зеро баъд аз истифодаи онҳо пораҳои зиёди инфиҷорнашуда боқӣ мемонанд.

Парлумони Қирғизистон раиси нав интихоб кард

Айтибой Тағоев раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд. Номзадии ӯро ба ин мақом раисиҷумҳур ва раиси ҳизби "Оқ Жол" Қурмонбек Боқиев пешбарӣ кард.

Қабл аз ин Жогорку Кенеш истеъфои раиси пешини парлумон Адахон Мадумаровро пазируфт. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Мадумаров мавриди интиқоди ҳизби ҳукмрони "Оқ Жол" қарор гирифта буд, ҳизбе, ки ӯро соли гузашта ба мақоми раиси парлумон пешбарӣ карда буд. Вакилон аз ин ҳизб аз баъзе изҳороту ҳамлаҳои лафзии раиси парлумон нороҳат буданд. Гуфта мешавад, ки ба вакилони парлумон нақшаи Мадумаров барои таъмири гаронбаҳои бинои Жогорку Кенеш низ хуш наомадааст. Дар интихоботи ахири парлумонии Қирғизистон ҳизби тозатаъсиси раисиҷумҳур "Оқ Жол" бештари курсиҳои ин ургони қонунбарори кишварро соҳиб шуда буд.

Дар Суед роҷеъ ба Ироқ конфронс баргузор мешавад

Хонум Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико аз маҳофили байналмиллалӣ хост, ки дар бозсозии Ироқ кумак кунанд. Хонум Райс ин нуктаро дар остонаи конфронси байналмиллалии Истокҳолм изҳор дошт, ки қарор аст имруз роҷеъ ба рушди Ироқ дар Суед баргузор шавад. Интизор меравад, ки имруз дар кори ин конфронс ҳудуди 600 намояндаи расмӣ аз сад кишвар ва созмонҳои мухталиф ширкат кунанд. Бино ба гузоришҳо, мумкин аст Нурӣ Ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ аз кишварҳои арабӣ барои бозсозии Ироқ кумаки молӣ бихоҳад

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG