Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Фритсл як моҳи дигар дар боздоштгоҳ мемонад

Марди австриягӣ, ки барои зиндонӣ кардани духтараш дар муддати 24 соли гузашта ва ҳамзистиву таваллуди 7 тифл бо вай муттаҳам мешавад, бо қарори полис барои як моҳи дигар дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ хоҳад шуд. Ҷозеф Фритсл рӯзи ҷумъа барои эълони ин тасмим барои кӯтоҳмуддат дар додгоҳ ҳозир шуд, аммо чизе нагуфт. Мақомот пештар аз ин гуфтанд, ки Фритсл эътироф кардааст, ки духтараш Элизабетро дар таҳхонаи бедару тирезааш нигаҳдорӣ карда, дар натиҷаи ҳамзистӣ бо вай соҳиби 7 фарзанд шудааст.

Раҳбари Ал-Қоида дар Ироқ кушта нашудааст

Низомиёни амрикойӣ гуфтанд, ки рабҳари Ал-Қоида дар Ироқ Абу Аюб Ал-Масрӣ боздошт нашудааст. Сухангӯи низомӣ Пегги Кагелейри гуфт, ки на нирӯҳои эътилофӣ ва на нирӯҳои амниятии ироқӣ Ал-Масриро дастгир ва ё нобуд накардаад. Субҳи имрӯз мақомоти ироқӣ гуфтанд, ки Ал-Масрӣ дар ҷараёни як амалиёти полис дар шаҳри шимолии Мосул боздошт шудааст. Онҳо гуфтанд, ки як шарики боздоштшудаи Ал-Масрӣ нирӯҳои амниятиро ба маҳалли пинҳонгоҳи вай раҳнамойӣ кардааст. Мақомоти амрикойӣ ҷангиёни Ал-Қоидаро дар аксар ҳодисаҳои таркиши бомба муттаҳам карда, барои сари Ал-Масрӣ 5 миллион доллар подош ваъда кардаанд.

Се қурбонии таркиши мина дар Туркия

Расонаҳои Туркия гуфтанд, ки таркиши минаи сарироҳӣ дар қисмати ҷанубии ин кишвар се нафарро кушта ва се тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Хабаргузории давлатии Анатолия гузориш медиҳад, ки таркиш дар наздикии минибусе рух дод, ки дар дохили он сокинони деҳаи Сосони вилояти Батман нишаста буданд. Таркиши минаҳои сарироҳӣ дар ҷануби Туркия зиёд мушоҳида мешавад. Масъулияти ин гуна амалҳо маъмулан ба дӯши курдони шӯришӣ вогузор мешавад, ки ҳадафи аслиашон низомиёни туркӣ мебошанд. Шурӯъ аз соли 1984 ҷангиёни Ҳизби Коргарони Курдистон дар манотиқи ҷанубии Туркия барои истиқлолияти худ мубориза мебаранд. Дар ин муддат даҳҳо ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Вазирони аврупоӣ Гурҷистон мераванд

Гурӯҳи вазирони корҳои хориҷаи бархе аз давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо ният доранд, ҳафтаи оянда барои баррасии танишҳои афзояндаи миёни Гурҷистону Русия бар сари масъалаи Абхозистон ба Тифлис сафар кунанд. Иттиҳодияи Аврупо ва паймони низомии НАТО ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки Русия бо ирсоли нирӯҳои бештар ба Абхозистон, ки аз миёнаҳои солҳои 1990-ум ба ин тараф аз ҳайати Гурҷистон ҷудо шудан мехоҳад, ба оташи сӯзон равғани бештар андохтааст. Маскав гуфт, ки бо сабаби таҳдиди афзояндаи ҳамлаи Гурҷистон ба Абхозистон, воҳидҳои бештари низомиро ба ҳайати нирӯҳои посдори сулҳи кишвараш дар Абхозистон илова мекунад. Дафтари вазири хориҷаи Шветсия Карл Билдт гуфтааст, ки ҳадафи асосӣ омӯзиши вазъи воқейӣ дар минтақа мебошад. Қарор аст, вазирони хориҷа рӯзи душанбе вориди Тифлис шаванд.

Амрикоиҳо 14 ҷангиро дар Ироқ нобуд карданд

Низомиёни амрикойӣ рӯзи ҷумъа гуфтанд, ки нирӯҳои онҳо 14 ҷангиро дар шаҳраки Садри канори Бағдод ба ҳалокат расониданд. Ин минтақа таҳти нуфузи рӯҳонии шиамазҳаби зиддиамрикойӣ Муқтадо Садр қарор дорад. Дар як изҳороти низомиён омадааст, ки ин афрод рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни чандин амалиёт ба ҳалокат расиданд. Амрикоиҳо мегӯянд, ки барои маҳви ҷангиён аз нирӯҳои ҳавойӣ ва тонкҳо истифода шудааст, ҷангиён дар навбати худ ба ҳадафҳои амрикоиҳо мушак партоб кардаанд. Шурӯъ аз моҳи март инҷониб вазъи минтақаи Садр ноором аст. Гурӯҳҳои имдодрасон мегӯянд, ки беш аз 2 миллион аҳолии шаҳраки Садр бо бӯҳрони башарӣ рӯбарӯ шудаанд.

Ҳизбуллоҳ Бейрути ғарбиро таҳти контрол гирифт

Дар паи се рӯзи даргириҳо дар минтақаи ғарби Бейрут, ҷангиёни Ҳизбуллоҳ назоратро бар ин минтақа ба дасти худ дароварданд. Дар пайи даргириҳои гурӯҳҳои вафодор ба Ҳизбуллоҳ ва ҳукумат, дасти кам 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҷангҳо дар пайи амалиёти нируҳои ҳукуматӣ шурӯъ шуд, ки ҳадафашон муқобила бо нуфузи афзояндаи гурӯҳи тундрави исломии Ҳизбуллоҳ мебошад. Ин гурӯҳ аз ҷониби ҳукуматҳои Эрон ва Сурия пуштибонӣ мешавад. Раҳбари он Ҳасан Насруллоҳ амалкарди артишро чун "эълони ҷанг" қаламдод кардааст.

СММ: Ҳукумати Миянмар кӯмакҳоро мусодира кард

СММ гуфт, ки режими низомии Миянмар ҳамаи кӯмакҳои башариро, ки барои мусоидат ба зарардидаҳои тӯфони маргбори ахир вориди ин кишвар шудааст, мусодира кардааст. Сухангӯи Барномаи ғизои СММ (WFP) Пол Рислӣ гуфт, ҳамаи "кӯмакҳои ғизоӣ ва таҷҳизоти дигареро, ки мо тавонистем вориди ин кишвар кунем, мусодира карданд". Як бахше аз ин кӯмакҳо, яъне 38 тоннаашро бисквити серғизо ташкил медиҳад. Рислӣ гуфт, ки Барномаи ғизои СММ чорае ҷуз мутаваққиф кардани ҷараёни интиқоли кӯмакҳоро ба ин кишвар то замони ҳал шудани ҳама масъалаҳо надорад. Чанде пеш аз ин, рӯзи ҷумъа ҳукумати низомии Миянмарро танқид кард, ки нагузошт ҳайатҳои имдодрасони хориҷӣ барои расидагӣ ба қурбониён ва зарардидаҳои тӯфони маргбори "Наргис" вориди кишвар шаванд. Мақомоти СММ гуфтанд, ки дархости ҳеҷ як аз кормандони созмонҳои имдодрасони башарӣ барои гирифтани визаи кишвари Миянмар қонеъ нашудааст. Муовини Дабири кулли СММ Ҷон Ҳолмс аз ҳукумати Миянмар даъват кард, ки муносибати худро тағйир диҳанд:

"Мо фақат мехоҳем, ки ба мардум кӯмак кунем. Ин ҷо ҳеҷ ғарази сиёсӣ нест, аз ҳамин хотир, ман боисрор аз ҳукумати Миянмар тақозо мекунам, ки ҳам талошҳои кӯмакрасонӣ ба мардуми офатдидаро суръат бахшида ҳам рафтори худро нисбати тадбирҳое, ки мо ба хотири расонидани ин кӯмакҳо ба роҳ мондаем, дигар кунанд".

Тӯфоне, ки рӯзи шанбе ба Миянмар ҳамла кард, дар таърихи ин кишвар бесобиқа мебошад. То имрӯз беш аз 1 миллион нафар бехонумон шудаву бидуни ғизо ва маводи дорувор ба сар мебаранд. Хабаргузориҳои расмии ин кишвар мегӯянд, ки 23 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 42 ҳазор тани дигар беному нишон шудаанд.

Ҳизбаллоҳи Лубнон ба мусолиҳа бовар надорад

Бино ба гузоришҳо, Ҳизбаллоҳ-нируи мухолифони давлат мусолиҳа бо ҳукумати ҷонибдори Амрикои Лубнонро рад кардааст. Задухурди миёни ҷонибдорони Ҳизбаллоҳ ва ҳукумат дар Бейрут 10 нафар кушта ва 20 маҷруҳ бар ҷой гузоштааст. Ин задухурдҳо замоне шуруъ шуд, ки рузи чаҳоршанбе ҳукумат шабакаи мухобиротии Ҳизбаллоҳро ғайриқонунӣ эълон кард. Ҳасан Насруллоҳ-раиси Ҳизбаллоҳ ин иқдоми ҳукуматро навъе "эъломияи ҷанг" номидааст. Шурои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибҳоро ба оромӣ даъват кард ва аз онҳо хост, ки барои ҳали ихтилофот ба музокироти сулҳомез баргарданд. Кохи Сафеди Амрико аз Ҳизбаллоҳ даъват кард, ки ба харобкорӣ хотима диҳад. Дар натиҷаи мубориза барои ҳокимият Лубнон панҷ моҳ раиси ҷумҳур надошт.

Нақби Майхура фатҳ шуд, вале сохтмон идома дорад

Корҳои муққадамотӣ дар нақб ё туннели Майхура ба поён расидааст. Ин нақб дар роҳи автомобилрави Душанбе Хуҷанд қарор дорад. Дарозии нақб 3 метр кам 900 метр аст. 30 метри нақб бетонрезӣ шудааст. Моҳи август ин нақб ба истифода медарояд.

Интиқоли гоз аз Узбакистон ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

Бори дигар Узбакистон интиқоли гоз ба Тоҷикистонро маҳдуд кард. Ширкати "Тоҷикгоз" гуфтааст, ду ҳафта пеш Тоҷикистон аз Узбакистон соъате 30 ҳазор метри муккааб гоз мегирифт. Ҳоло он ба 28 ҳазор метри муккааб расидааст. Тоҷикистон аз Узбакистон барои гоз 8 милён доллар қарздор аст.

Мегуянд, раҳбари Ал-Қоъида дар Ироқ кушта шудааст

Мақомоти расмии Ироқ мегуянд, ки Абуаюб ал-Насрӣ-раҳбари Ал-Қоъида дар Ироқ дар шаҳри шимолии Мосул боздошт шудааст. Сухангуи вазорати дифоъи Ироқ гуфтааст, фармондеҳи нируҳои Ироқ дар Мосул дар бораи боздошти Абуаюб ал-Насрӣ хабар додааст. Вай дар ҷараёни як амалиёт ба даст афтодааст, вале дар бораи ҷузъиёти амалиёт гузориш дода намешавад. Низомиёни Амрико дар Ироқ дурустии гузоришҳоро дар бораи ин боздошт таҳқиқ мекунанд. Баъд аз қатли Абу Мусаб Ал-Зарқавӣ дар амалиёти нируҳои амрикоӣ дар соли 2006 раҳбарии Ал-Қоъида дар Ироқро Насрӣ бар уҳда гирифт.

Саакашвилӣ:Эҳтимоли ҷанг бо Руссия зиёд аст

Хабаргузориҳои Руссия аз қавли Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон гуфтаанд, хатари ҷанг бо Руссия хеле зиёд аст. Маскав таҳдид кард, ки ба минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон нируҳои бештар мефиристад, агар Гурҷистон шумораи нируҳояшро дар ин минтақа афзоиш диҳад. Хабаргузориҳои Руссия ҳамчунин навиштаанд, ки Абхозистон боз як ҳавопаймои ҷосуси бесарнишини Гурҷистонро дар ҳарими ҳавоии худ задааст.

Волии Толибон дар вилояти Ғур кушта шуд

Вазорати дохилаи Афғонистон мегуяд, нируҳояш бо гуруҳе аз шуришиён дар вилояти Ғур вориди даргирӣ шудаанд. Дар ин даргирӣ шаш нафар аз Толибон кушта шудаанд. Ба гуфтаи вазорати дохилаи Афғонистон, яке аз кушташудагон волии Толибон дар ин вилоят будааст.

Нахустин кумакҳо ба Мианмар ворид шуд

Пас аз шаш рузи туфони фоҷеъабори "Наргис" дар Мианмар кумакҳои нахусти СММ ба ин кишвар ворид шудааст. Режими низомии Мианмар аз дарёфти кумакҳои башардустонаи Амрико сарпечӣ кардааст. Мақомоти расмии Мианмар мегуянд, дар ин туфон 23 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва 42 ҳазор нафари дигар бедарак шудаанд. Аммо мақомоти байналмиллалӣ мегуянд, шумораи кушташудагон ба сад ҳазор нафар мерасад.

Имруз дар Тоҷикистон Рузи Ғалабаро ҷанш мегиранд

Имруз дар кишварҳои Шуравии собиқ аз рузи Ғалаба, 9-уми май таҷлил мекунанд. Бисёре аз кишварҳои Аврупоӣ ин санаро 8-уми май ҷашн мегиранд, зеро шабонгоҳ замоне, ки санади хатми ҷанг ба имзо расид, соъат дар Аврупо ҳануз руи ақрабаки 12-и шаб наомада буд. Аз Тоҷикистон низ дар ин ҷанг 290 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Ҳоло 4 ҳазор нафари онҳо дар Тоҷикистон ба сар мебаранд. Сол то сол аз шумораи онҳо даҳҳо нафар камтар мешавад. Солмандӣ ва буҳрони иқтисодии Тоҷикистон зиндагии онҳоро ба душворӣ ру ба ру кардааст. Иштирокчиёни ҷанг мегуянд, нафақаи онҳо барои зиндагиашон кифоят намекунад ва онҳо соле дар ҳамин руз як дафъа аз давлат кумаки ночиз дарёфт мекунанд.

Путин дар курсии нахуствазирии Руссия нишаст

Номзадии Влодимир Путин-раиси ҷумҳури пешини Руссия дар мақоми нахуствазирии ин кишвар дар Думои Давлатӣ ба тасвиб расид. Ба ҷонибдорӣ аз вай 392 намоянда рай доранд. 56 нафар райи мухолиф доданд, ки ҳамаи онҳо намояндагон аз Ҳизби Кумунист мебошанд. Путин ба таври расмӣ аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ канор рафт ва ба ин мақом вориси вай Дмитрий Медведев омад.

Аврупои Шарқӣ ва ИМА Рӯзи Ғалабаро таҷлил карданд

8 май дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Иёлоти Муттаҳида Рӯзи Ғалаба аз болои Олмони нозӣ дар ҷанги дуввуми ҷаҳон таҷлил шуд. Иди Ғалаба дар ин мамолик расман Рӯзи ёдбуд ва оштӣ номгузорӣ шудааст. Имрӯз дар аксари ин кишварҳо маросимҳои ботантана бо ширкати сарони давлатҳо ва собиқадорони ҷанг баргузор шуданд. Дар кишварҳои собиқ шӯравӣ Иди Ғалаба аз болои фашизми Олмон ҳамасола рӯзи 9 май таҷлил мешавад.

Ихроҷи ду дипломати амрикоӣ аз Маскав

Департаменти Давлатии Иёлоти Муттаҳида хабар дод, ки Русия барои ихроҷи ду атташеи низомӣ аз сафорати Амрико дар Маскав тасмим гирифтааст. Вазорати хориҷаи ИМА гуфтааст, ки бо ин тасмим мувофиқ нест ва аммо онро қабул мекунад. Ба иттилоъи масъулини Департаменти давлатӣ, ин низоъ бо ихроҷи ду дипломати рус аз Вошингтон рабт надорад. Вазорати хориҷаи Русия аз ташреҳи ин хабар сарпечӣ кард.
Равобити Иёлоти Муттаҳида ва Русия баъд аз интиқоди Вошингтон аз вазъи ҳуқуқи башар дар Русия замони қудрати Владимир Путин сард шудааст.

Ҳалокати "волии Ғӯр" дар як даргирӣ бо полис

Дар вилояти Ғӯр, воқеъ дар ғарби Афғонистон дар як задухурд бо кормандони полис ду фармондеҳи Толибон кушта шудаанд, ки якеи онҳо худро "волии Ғӯр" эълон карда буд. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин даргирӣ дар маҷмӯъ 6 тан аз мусаллаҳони Толибон ба ҳалокат расида, ду корманди полис ва як сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.

Интиқоли газ аз Узбакистон коҳиш ёфт

Узбакистон ҳаҷми интиқоли газ ба Тоҷикистонро коҳиш дод. Ширкати "Тоҷикгаз" ба хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ додааст, ки айни ҳол ба кишвар дар як соат 28 ҳазор мукааб гази Узбакистон ворид мешавад ва аммо ду ҳафта пеш Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя дар як соат 30 ҳазор мукааб газ мегирифт. Масъулини "Тоҷикгаз" гуфтаанд, ки коҳиши интиқоли газ бо афзоиши қарзи Тоҷикистон аз Узбакистон марбут аст, ки айни ҳол 8 миллион долларро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки аксар корхонаҳои бузурги Тоҷикистон солҳо боз қарзи худ дар назди ширкати "Тоҷикгаз"-ро напардохтаанд ва, аз ҷумла, қарзи ширкати “Барқи тоҷик” барои истифодаи газ ҳоло ба 24 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 7 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Маскав ба таҳримҳо алайҳи Эрон ҳамроҳ шуд

Русия ба таҳримҳои иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон ҳамроҳ шуд. Ин таҳримҳо аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони Милал 3 марти соли равон дар посух ба сарпечии Эрон аз қатъи ғанисозии ураниум эълон шуда буданд. Ба иттилоъи Кремл, қарор дар бораи пайвастан ба таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Теҳронро Владимир Путин қабл аз тарки маснади раиси ҷумҳури Русия имзо карда буд. Тибқи ин таҳримҳо сафари масъулин ба Эрон маҳдуд шуда, имзои қарордодҳои молӣ бо бархе аз афрод ва ширкатҳои эронӣ мамнӯъ аст.

Фиристодаи нави НАТО дар Афғонистон таъин шуд

Имрӯз НАТО эълом дошт, ки дипломати италиёвӣ Фернандо Ҷентилинӣ намояндаи нави мулкии Паймон дар Афғонистон таъин шудааст. Ӯ дар ин маснад Даан Евертси ҳуландиро иваз хоҳад кард. Дар изҳороти НАТО омадааст, ки Ҷентилинӣ дар ҳамкорӣ бо Неруҳои байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон, дафтари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байнулмилалии мустақар дар Кобул фаъолият ва ба ҳукумати Афғонистон дар таъмини амнияти кишвар ва ба роҳ мондани меъёрҳои ҳуқуқӣ кумак хоҳад кард. Фернандо Ҷентилинӣ қаблан намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Косово буд.

Бахши аввали кумаки СММ ба Мянмар расид

Нахустин ҳавопаймои Созмони Милали Муттаҳид бо кумаки башарӣ барои мардуми офатзадаи Мянмар дар Ёнгон фуруд омад. Парвози ду ҳавопаймои дигари СММ то ҳол зери суол қарор дорад – мақомоти низомии Мянмар то ҳанӯз барои вориди кишвар шудани онҳо иҷоза надодаанд.

Ба иттилоъи расмӣ, бар асари тӯфони “Наргис” дар Мянмар 23 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 42 ҳазор нафари дигар беному нишон ғаӣб задаанд. Намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ҳадс мезананд, ки шояд теъдоди қурбониёни офати табиӣ афзоиш ёбад. Айни ҳол ҳудуди як миллион сокинони Мянмар бесарпаноҳ мондаанд. Тақрибан 5 ҳазор километри мураббаъ қаламрави кишвар зери об мондааст.

Путин сарвазири Русия интихоб шуд

Думаи давлатии Русия дар нишасти оҷили худ Владимир Путинро дар маснади сарвазири кишвар пазируфт. Раъӣдиҳӣ ба таври рушод сурат гирифт. Аз номзадии Путин 392 тан аз вакилони палатаи поёнии порлумони Русия пуштибонӣ карданд. 56 вакил – намояндагони Ҳизби коммунист муқобили номзадии ӯ раъӣ доданд. Қабл аз раъӣдиҳӣ вакилон Путинро суолборон карданд ва ҳамчунин раҳбарони фраксияҳои Думаи давлатӣ назари худро ба пешниҳоди раисиҷумҳур иброз доштанд. Баъд аз анҷоми раъӣдиҳӣ Владимир Путин аз ҳозирин изҳори сипос кард.

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия зимни суханронӣ гуфт, ки худи ҳамин рӯз дар бораи раиси ҳукумат таъин кардани Владимир Путин фармон имзо мекунад. Ёдовар мешавем, номзадии Путин ба мақоми сарвазир дирӯз аз сӯи Дмитрий Медведев пешбарӣ шуда буд.

Медведев аз Остона ва Пекин дидан мекунад

Нахустин сафарҳои хориҷии раиси ҷумҳури нави Русия ҳамин моҳ ба Қазоқистон ва Чин сурат мегирад. Ба иттилоъи дафтари матбуоти Кремл, Дмитрий Медведев рӯзи 22 май ба Остона сафар ва бо раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот хоҳад кард. Аз Остона ӯ ба Пекин парвоз хоҳад кард. Сафари расмии сарвари нави Русия дар ҳарду кишвар дурӯзӣ идома мекунад.

Дмитрий Медведев рӯзи 7 май ба ҳайси раиси ҷумҳури Русия ба фаъолият шурӯъ кард.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG