Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

"Густав" мардумро аз манзил берун кард

Тақрибан 2 миллион сокинони аёлати Луизианаи ИМА қабл аз расидани тӯфони мавсум ба "Густав" соҳилҳои халиҷи Мексикро тарк карданд. Интиқоли ин теъдоди мардум бузургтарин дар таърихи аёлат маҳсуб мешавад. Тибқи пешгӯиҳо, тӯфони "Густав" соати 5-и баъд аз зӯҳр ба вақти Гринвич ва тақрибан нимарӯзӣ ба вақти Луизиана ба ин минтақа мерасад. Ҳавошиносон аз Маркази назорати тӯфонҳои Иёлоти Муттаҳида ҳушдор додаанд, ки шояд баланди амвоҷ дар соҳилҳои халиҷи Мекскик назар ба меъёр 4 метр болотар равад.

Эътирози сокинони Тифлис алайҳи амалкарди Русия

Имрӯз даҳҳо ҳазор сокинони Тифлис дар як гирдиҳамоӣ хостори вокуниши шадиди Иттиҳодияи Аврупо ба ҷанги Русия алайҳи Гурҷистон шуданд. Эътирозгарон, ба истилоҳ занҷираи зинда сохтаанд, ки аз майдони марказии шаҳр шурӯъ шуда, тули хиёбони асосии Тифлис – хиёбони ба номи Шота Руставелӣ идома меёфт.

Бегаҳи дирӯз раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ аз мардуми кишвар даъват карда буд, ки рӯзи 1 сентябр дар Тифлис ва дигар шаҳрҳо дар намоишҳои оммавии ваҳдати миллӣ ширкат кунанд.

Тифлис истифодаи бомбҳои хушаиро иқрор кард

Гурҷистон истифодаи бомбҳои хушаӣ дар ҷараёни ҳамла ба Осетияи ҷанубиро иқрор кард. Дар ин бора созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch бо ишора ба як номаи расмии вазорати дифоъи Гурҷистон хабар дод. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳадс мезананд, ки низомиёни Русия низ бомбҳои хушаиро истифода кардаанд ва аммо Маскав инро рад мекунад.

Моҳи майи соли равон 11 кишвари олам бо имзо зери як созиш аз истифодаи бомбҳои хушаӣ даст кашиданд. Ва аммо Русия ва Гурҷистон ин санадро имзо накардаанд.

ИА нозиронашро ба Гурҷистон мефиристад

Иттиҳодияи Аврупо (ИА) барои ба Гурҷистон фиристодани ҳайати нозирони мулкӣ омода аст. Ҳовиер Солана, раҳбари бахши сиёсати хориҷии ИА гуфт, ки ин мавзӯъ рӯзи ҷумъа дар нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодия баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, нозирон раванди иҷрои оташбас аз сӯи Русия ва Гурҷистонро назорат хоҳанд кард. Ҳовиер Солана афзуд, ки "мо аллакай тақрибан 40 нафарро ба Гурҷистон фиристодем. Мо мехоҳем, ки ин ҳайати мо ҳарчӣ зудтар фиристода шавад. Корҳои зиёде дар пешанд. Дар ин ҷо то ҳол артиши Русия ҳузур дорад ва аз ин рӯ хуб аст агар бубинем, ки ҷонибҳо созишро чӣ гуна иҷро мекунанд".

Дар ҳамин ҳол имрӯз дар Брюссел нишасти оҷили сарони кишварҳои узви ИА ифтитоҳ шуд, ки дар он вазъ дар Гурҷистон баррасӣ мешавад. Интизор меравад, ки дар поёни нишаст раҳбарони кишварҳои аврпуоӣ дар як қатънома аз якпорчагии Гурҷистон ҳимоят карда хостори хуруҷи нерӯҳои Русия аз, ба истилоҳ “минтақаҳои амниятӣ” шаванд.

Дар арафаи нишаст Русия даъват кард, ки то тағйири ҳукумат дар Гурҷистон фурӯши силоҳ ба ин кишвар мамнӯъ эълон шавад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия зимни суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии равобити байнулмилалии Маскав кишварҳои Ғарбро ҳушдор дод, ки аз пуштибонии, ба гуфтаи ӯ, режими Саакашвилӣ парҳез кунанд.

Мухолифин хостори тафтиши куштори Евлоев шуданд

Аҳзоби мухолифи Ингушетия дар як гирдиҳамоӣ дар Назран хостори тафтиши воқеъбинонаи ҳалокати Муҳаммад Евлоев шуданд. Имрӯз дар маросими ҷанозаи соҳиби сомонаи интернетии “Ингушетия.ру” дар шаҳри Малгобек садҳо нафар ширкат карданд. Муҳаммад Евлоев, ки рӯзи якшанбе дар фурудгоҳи "Магас"-и Ингушетия боздошт шуда буд, бар асари ҷароҳати дар мошини милиса бардошта ба ҳалокат расид. Мақомоти ҳифзи тартибот аз рӯи банди “куштор бар асари беэҳтиётӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ва аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ҳамсафони Муҳаммад Евлоев марги ӯро “куштори сиёсӣ” мехонанд.

Кормандони сомонаи интернетии “Ингушетия.ру” мегӯянд, ки ҳатто баъд аз ин куштор ҳам корро қатъ нахоҳанд кард. Додситонии Ингушетия ин сомонаро дар пахши матолиби ифротгароёна муттаҳам мекунад. Сардабири “Ингушетия.ру” Роза Малсагова бар асари таъқибу фишор маҷбур шуд, ки Русияро тарк карда хостори паноҳгоҳи сиёсӣ дар Фаронса шавад.

Ироқиҳо назорати Анборро бар дӯш гирифтанд

Имрӯз низомиёни ИМА дар Ироқ назорат аз болои вилояти Анборро дар ихтиёри нерӯҳои маҳаллӣ вогузоштанд. Маросими таҳвили назорат дар шаҳри Ромадӣ баргузор шуд. Акнун низомиёни амрикоӣ пойгоҳҳои худро аз ин вилоят берун кашида дар амалиёти низомӣ фақат бо хоҳиши мақомоти маҳаллӣ ширкат хоҳанд кард.

Қаблан вилояти Анбор пойгоҳи муқовимати мардуми суннимазҳаби Ироқ алайҳи ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар кишвар маҳсуб мешуд. Гуфта мешавад, вазъ дар ин минтақа баъд аз он рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, ки сунниҳо дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои амрикоӣ алайҳи мусаллаҳони “Ал-Қоида” бархостанд ва дар Анбор дастаҳои полиси маҳаллиро ташкил карданд.

Айни ҳол нерӯҳои амниятии Ироқ назорати 11 вилоятро бар ӯҳда доранд.

Эътироз алайҳи куштори мардуми осоишта дар Кобул

Имрӯз садҳо сокинони Кобул ба хиёбонҳо рехта алайҳи ҳалокати мардуми осоишта дар амалиёти кофтукоби ошубгарон аз сӯи нерӯҳои байнулмилалӣ эътироз карданд. Ба гуфтаи онҳо, ахиран дар ҳамин гуна амалиёт дар пойтахт як сокини маҳаллӣ ва ду фарзандаш кушта шуданд. Ҳайати фармондеҳии Эътилофи байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон ҳанӯз ин хабарро тайид накардааст.

Моҳи гузашта мақомоти Афғонистон изҳор карданд, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои низомии амрикоӣ дар вилояти Ҳирот тақрибан 90 тан аз мардуми осоишта ба ҳалокат расиданд.

Лавров: "Фурӯши силоҳ ба Гурҷистон манъ шавад"

Русия даъват кард, ки то тағйири ҳукумат дар Гурҷистон фурӯши силоҳ ба ин кишвар мамнӯъ эълон шавад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия зимни суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии равобити байнулмилалии Маскав кишварҳои Ғарбро ҳушдор дод, ки аз пуштибонии, ба гуфтаи ӯ, режими Саакашвилӣ парҳез кунанд.

Дар ҳамин ҳол қарор аст имрӯз сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар як нишаст дар Брюссел мавзӯъи бӯҳрон дар Қафқозро баррасӣ кунанд. Интизор меравад, ки раҳбарони кишварҳои аврупоӣ дар як қатънома аз якпорчагии Гурҷистон ҳимоят карда, хостори хуруҷи нерӯҳои Русия аз, ба истилоҳ “минтақаҳои амниятӣ” шаванд.

Бегаҳи дирӯз раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ аз мардуми кишвар даъват кард, ки рӯзи 1 сентябр дар намоишҳои оммавии ваҳдати миллӣ ширкат кунанд.

Таҳқиқи куштори соҳиби сомонаи ингушӣ оғоз ёфт

Идораи додситонии Русия мегӯяд, ки таҳқиқи ибтидоии ҳодисаи куштори соҳиби сомонаи интернетӣ дар боздоштгоҳи полисро оғоз намудааст.
Муҳаммад Евлоев соҳиб ва коргардони саҳифаи интернетии ingushetiya.ru, ки бо танқиди ҳукумати маҳаллӣ маъруф буд, тибқи гузоришҳои расида рӯзи якшанбе дар фурӯдгоҳи Назран ба ҳабс гирифта шуд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва аз ҷумла бахши русии созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч таҳқиқи ҳаматарафаи куштори Евлоев, яке аз симоҳои асосии мухолифини ҷумҳурии Ингушистони Русияро тақозо кардаанд.
Сухангӯи идораи додситонии кулли Русия Владимир Маркин мегӯяд, муфаттишон бояд муайян кунанд, ки оё сабаби куштори Евлоев фаромӯшкорӣ будааст ва ё чизи дигаре?
Ба гуфти Маркин полис саъй дошт, Евлоевро ба бозпурсӣ ҳозир намояд, вале дар ин байн тасодуфе ба вуқӯъ пайваста, номбурда тир хӯрдааст. Назар ба гузоришҳо Евлоев ҳангоми вуруд ба фурӯдгоҳ дастгир шудааст. Ҳамроҳ бо ӯ дар ҳамон ҳавопаймо раисҷумҳури рӯ ба Маскави Ингушистон Мурод Зязиков ба Назран баргашта будааст.
Дар гузашта Зязиков сомонаи интернетии ingushetiya.ru-ро танқид намуда, кӯшиш карда буд, онро бубандад.

Баҳрайн ба Ироқ сафир мефиристад

Кишвари Баҳрайн аввалин сафираш дар Бағдод аз замони оғози амалиёти байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Ироқро эълон кард. Ба қавли хабаргузориҳои баҳрайнӣ шоҳ Ҳамад дипломати касбӣ Салоҳ Ал-Маликиро сафири Баҳрайн ар Ироқ таъйин кардааст. Қаблан ӯ дар сафорати Баҳрайн дар СММ ифои вазифа кардааст. ИМА кишварҳои исломии суннимазҳабро ба бахшидани қарзҳои дар давраи Саддом Ҳусайн гирифташуда ва кумак ба ҳукумати зери назорати мусулмонони шиамазҳаби Ироқ ташвиқ мекунад.

Моҳи Рамазон шурӯъ шуд

Дар аксари кишварҳои исломӣ моҳи шарифи Рамазон оғоз ёфт. Дар Яман, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Тоҷикистон, манотиқи таҳти назорати фаластиниҳо Сурия, Қатар, Кувайт ва чандин мамлакати дигар имрӯз рӯзи аввали Рамазон аст, вале рӯзномаҳои Эрон навиштаанд, ки дар ин кишвар Рамазон рӯзи сешанбе оғоз меёбад. Баъзе мусулмонони шиамазҳаби Ироқ низ тасмим гирифтаанд ба Эрон пайравӣ намуда, сар аз фардо рӯза гиранд, вале мусулмонони суннии Ироқ сар аз имрӯз рӯза гирифтаанд.

Иттиҳодияи Аврупо бӯҳрони Гурҷистонро баҳс мекунад

Имрӯз раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брусели Белгия аксуламали муштарак ба амалиёти низомии Русия дар хоки Гурҷистонро арзёбӣ мекунанд.
Мулоқоти изтирории раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро раҳбари даврии ин созмон президенти Фаронса Николас Саркозӣ даъват кардааст.
Аз эҳтимол дур нест, ки кишварҳои аврупоӣ аз Гурҷистон пуштибонӣ намуда, аз Русия тақозо кунанд, ки посгоҳҳояш дар хоки Гурҷистонро аз байн барад ва бар пояи барномаи оташбаси Саркозӣ ба мавқеъҳои то оғози бӯҳрон дар Осетияи Ҷанубӣ ишғол намудааш баргардад. Моҳи гузашта бо миёнаравии Саркозӣ Русияву Гурҷистон ба оташбас ризоят доданд.
Рӯзи якшанбе президенти Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки кишвараш омода аст ба таҳрими Иттиҳодияи Аврупо посух диҳад.
Ӯ ҳамчунон илова кард, ки Русия аз роҳи пеш гирифтааш дар мавриди эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон намегардад.
Назар ба гузоришҳои расида дирӯз Медведев ва Саркозӣ дар як сӯҳбати телефонӣ амнияти Осетияи Ҷанубиву Абхозистон ва имкони ирсоли нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба минтақаро баррасӣ кардаанд.
Дар мусоҳибааш ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс сарвазири Гурҷистон Ладо Гургенидзе аз Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА даъват кардааст бар зидди ҳар ширкат ва ё фарде, ки бидуни иҷозати Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубиву Абхозистон сармоягузорӣ мекунанд, таҳрим ҷорӣ намоянд.

Таҳмина Ниёзова дар озмуни Русия пирӯз шуд

Сарояндаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар озмуни овозхонҳои ҷавони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, ки дар шаҳри Сочии Русия баргузор гашт, сазовори ҷоизаи аввал: Гран-при шудааст. Бо пирӯзии Ниёзова Тоҷикистон соли оянда ҳаққи мизбонии ин озмунро касб кард. Дар озмуни "Панҷ ситора. Интервидение" овозхони ғолиб бар асоси смс-ҳои тамошобинони саросари Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ муайян мешавад.

Тӯфони Густав ба соҳили амрикоӣ наздик мешавад

Бо наздикшавии тӯфони Густав ба соҳилҳои амрикоӣ истихроҷи нафт дар Халиҷи Мексико тақрибан қатъ гардидааст. Пешбинӣ мешавад, ки тӯфон имрӯз ба Амрико мерасад.
Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз такрори фоҷеаи се соли пеш 1 миллион сокини Ню Орлеанз ва дигар шаҳрҳои соҳили Халиҷи Мексико ба ҷойҳои амн интиқол ёфтаанд.
Эҳтимоли хасорот аз ин тӯфон боис гардид, ки ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА барномаи анҷуманашро мухтасар кунад. Анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳ имрӯз дар минтақаи Сант Паули аёлати Миннесота ифтитоҳ меёбад. Се сол пеш тӯфони Катрина шаҳри Ню Орлеанзро тахриб намуда буд.

Президенти ИМА ба анҷумани ҷумҳурихоҳон намеравад

Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ва ноиби ӯ Дик Чейнӣ нақшаи ширкат дар анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳ ва муроҷиат ба вакилони онро лағв намуданд.
Довталаби курсии президентии ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн мегӯяд, бо наздикшавии тундбоди Густав ба соҳилҳои Амрико барномаи анҷумани ҳизб тағйир ёфт.
Дар ин анҷуман Маккейн расман номзади ин гурӯҳи сиёсӣ барои сабқати раёсатҷумҳурии ИМА эълон хоҳад шуд.
Сухангӯи Қасри Сафед хонум Дана Перино гуфт, ки бо наздикшавии тундбоди Густав ба шаҳри Ню Орлеанз барномаи раисҷумҳури ИМА тағйир ёфт.

Дар Афғонистон як сарбози романӣ кушта шуд

Дар Афғонистон як сарбози романӣ кушта ва чор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Гуфта мешавад, танки Романия рӯи мина ҳаракат кардааст. Вазорати мудофиаи Романия иттилоъ медиҳад, ки корвони низомии иборат аз чор василаи нақлиётӣ 20 километри шоҳроҳи шаҳри Қалатро дар самти ғарби ин кишвар назорат мекард ва дар ин ҷараён танки романӣ болои минаи худсохт ҳаракат кард. Ба қавли вазорат дар натиҷаи таркиши ба амал омада як сарбоз кушта ва чор нафар ҷароҳат бардоштанд.
Дар Афғонистон 500 низомии Романия мустақар мебошанд. Аксари онҳо дар сафҳои сарбозони нерӯи байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) ифои вазифа мекунанд.

Амалиёти артиши Покистон мутаваққиф мешавад

Рӯзи якшанбе мақомоти Покистон изҳор намуданд, ки бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон амалиёти низомӣ дар минтақаи қабилаҳо мутаваққиф мешавад. Сухангӯи Толибон аз таваққуфи амалиёт дар минтақаи Баҷури ҳаммарз бо Афғонистон хуш пазироӣ намуд.
Дар айни замон мансабдорону фармондеҳони покистонӣ ҳушдор додаанд, ки ҳар гуна иғвои ошӯбгарон бо ҷавоби фаврӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. ИМА аз Покистон тақозо кардааст, ки ҷангҷӯёни мустақар дар минтақаи қабилаҳо мавриди таъқиб қарор гиранд, зеро Толибон аз ин минтақа ҳамчун паноҳгоҳ истифода мебаранд.

Соҳиби як сомонаи мухолиф дар Ингушетиё кушта шуд

Имруз дар Ингушетиёи Руссия соҳиби як сомонаи интернетии мухолифони давлат ҳангоми боздошти пулис аз сараш тир хурд ва кушта шуд. Сомонаи вай навиштааст, Евлоев Муҳаммад баъд аз бозгашт аз Руссия дар фурудгоҳи Ингушетиё боздошт шудааст ва дар гирудоре бо пулис тир хурдааст. Вай дар сомонаи худ бо номи Ingushetiya.ru ба таври ошкоро аз сиёсатҳои ру ба Кремлини Маскав интиқод мекард.

Мумкин аст Ҷорҷ Буш ба ҳамоиши ҳизби худ наравад

Кохи Сафеди Амрико мегуяд, мумкин аст рузи душанбе Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дар ҳамоиши миллии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ширкат накунад. Бино ба иттилоъи сухангуи Кохи Сафед, рузи душанбе тундбоди вайронгари "Густав" ба шаҳри ҷанубии Нию Орлини Амрико мерасад ва ба назар намерасад, ки дар чунин шароит раиси ҷумҳур барои ширкат дар ҳамоиши ҳизбӣ ба Минессота биравад. Се соли пеш ҳукумати Амрико барои вокуниши кунд ба тундбод ва паймадҳои он дар Нию Орлин мавриди интиқод қарор гирифта буд.

Трансденестри ҷудоихоҳ ҷудоихоҳони Қафқозро шинохт

Минатақаи ҷудоихоҳи Трансденестр ё Каронаи Денестри Молдова истиқлоли Абхозистон ва Осетиёи Ҷанубиро ба расмият шинохт. Ҳукумати худсохти Трансденестрро дар арсаи байналмиллалӣ кишваре ба расмият намешиносад. Ин минтақаи ҷудоихоҳ аввали солҳои 1990-ум эълон кард, ки ба Молдова итоъат намекунад. Дар минтақа задухурдҳо шуруъ шуд ва баъд аз таҷовузи русҳо сулҳи зиддунақиз ба даст омад.

Гурҷистон бар зидди Руссия ваҳдати Аврупоро мехоҳад

Хонум Эка Ткешелашвилӣ-вазири хориҷаи Гурҷистон имруз аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки дар баробари Руссия мавзеъгирии яксон дошта бошанд, зеро ба қавли вай, Руссия қисмате аз кишвари вайро ишғол кардааст. Хонум Эка Ткешелашвилӣ ин нуктаро дар Истамбул баъд аз дидораш бо Алӣ Бобоҷон-вазири хориҷаи Туркия изҳор дошт. Вай афзуд, Аврупо дар баробари сиёсатҳои "гарон"-и Маскав наметавонад амн бимонад. Алӣ Бобоҷон дар посух гуфт, Туркия "аз тамомияти арзии Гурҷистон комилан ҳимоят мекунад".

Дар Тоҷикистон 3830 мактаб дари худро боз мекунанд

Субҳи рузи душанбе дар Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз меёбад ва 3 ҳазору 830 мактаб дари худро бар руи шогирдон боз хоҳанд кард. Вазорати маъориф ба матбуъот гуфтааст, соли ҷорӣ дар макотиби Тоҷикистон 6 ҳазору 800 муъаллим намерасад. Ба ин далел имкон дорад фориғ-ут-таҳсилини факултаҳои омузгорӣ барои таълими шогирдон ба макотиб фиристода шаванд. Ба гуфтаи вазорат, чунин таҷруба соли дуввум идома дорад. Аз аввали соли нави таҳсил дастмузди омузгорони макотиб 27 дарсад боло хоҳад рафт.

Музокироти сулҳи Исроилу Фаластин анҷом гирифт

Имруз Эҳуд Олмерт-нахуствазири Исроил бо Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин дидор ва гуфтугу кард. Эҳуд Олмерт дар ин дидор ҷадвали замонии тавофуқоти сулҳи ҷонибҳоро матраҳ кард, ки қарор аст моҳи оянда дар Вошингтон ба Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико ва Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико пешниҳод шавад.

Толибони Покистон оташбаси рамазонро напазируфтанд

Толибони Покистон эъломи ҳукумати ин кишварро дар бораи муттаваққиф сохтани амалиёти низомӣ дар моҳи шарифи рамазон дар шимоли ғарби Покистон рад кардаанд. Муслимхон-сухангуи Толибон ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, пешниҳоди ҳукумати Покистон "шухӣ"-ст ва Толибон даргириҳоро то замоне имдома медиҳанд, ки дар минтақа шариъатро барқарор кунанд. Рузи шанбе низомиёни Покистон эълон карданд, ки ҳавопаймоҳо мавозеъи Толибонро дар шимоли ғарб бомборон кардаанд ва дар ин амалиёт 40 тундрави Толибон ба қатл расидаанд.

Бритониё: Муносибот бо Руссия бознигарӣ мехоҳад

Гордон Браун-нахуствазири Бритониё дар мусоҳибае бо шумораи рузи якшанбеи рузномаи "Обзервер" гуфтааст, Ғарб аз лиҳози сухт пойбанди Руссия нахоҳад монд ва муносиботашро бо ин кишвар бознигарӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Браун, Аврупо бояд манобеъи алтернативи нафт ва гоз пайдо кунад, то пойбанди Руссия намонад. Вай гуфтааст, рузи душанбе дар Бруксел дар мулоқоти раҳбарони Аврупо ин масъаларо матраҳ хоҳад кард, ки Руссия бояд тамомияти арзии Гурҷистонро бишносад ва нируҳои худро ба мавозеъе баргардонад, ки қабл аз ишғоли Осетиёи Ҷанубӣ қарор доштанд

Ёфтҳои бештар

Чаро нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Чаро нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон шуд?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

90 соли парвози «Уқоб»-и санъати тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00
XS
SM
MD
LG