Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Идомаи ҳамлаҳои Исроил болои Ғазза

Рӯзи панҷшанбе ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои биноҳои зери тасаррруфи созмони Ҳамос дар минтақаи Ғазза идома доштанд. Тибқи гузоришҳои бинои Маҷлиси қонунгузори фаластиниҳо низ осеб дидааст. Ҳамлаи Исроил рӯзи шанбе оғоз ёфта буд.

То кунун тибқи гузоришҳои расида ҳамлаҳои Исроил боиси марги наздик ба 400 фаластинӣ гашта, мушакҳои фаластиниҳо ҳаёти 4 исроилиро аз байн бурдаанд.

Шаби чоршанбе Шӯрои Амнияти СММ ҷаласаи изтирорӣ баргузор намуда, аз Исроил ва Ҳамос даъват намуд, ки оташбас эълон кунанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Амният ИМА лоиҳаи аз тарафи кишварҳои араб пешниҳод шударо рад кард, зеро дар он Исроил бо истифода аз ҳад зиёди нерӯ муттаҳам мешуд.

Сафири ИМА дар СММ Залмай Халилзод дар ин бора гуфт:

"Мо ҷонибдори оташбаси давомдорем, ки аз ҳар ду ҷониб эҳтиром шавад. Ба вижа Ҳамос бояд мушакпаррониро хотима бахшад. Бидуни чунин иқдом ва ё қатъи қочоқи силоҳ ба Ғазза оташбаси воқеӣ ҷой нахоҳад дошт."

Пеш аз он дар як паёми телевизионӣ сарвазири Ҳамос Исмоил Ҳания изҳор намуд, ки қабл аз арзёбии оташбас Исроил бояд ҳамлаҳояшро мутаваққиф кунад.

Маскаву Киевро ба ҳалли баҳси газ ташвиқ мекунанд

Рӯзи панҷшанбе Иттиҳодияи Аврупо аз Русияву Украина даъват кард, ки музокиротро идома дода, ҳалли баҳс рӯи нархи гази табииро пайдо намоянд.

Якуми январ Русия интиқоли гази табиӣ ба Украинаро мутаваққиф кард, зеро ду ҷониб дар мавриди нархи гази табиӣ дар соли 2009-ум ба мувофиқат нарасиданд.

Дар изҳороти муштараки Иттиҳодияи Аврупо ва Комиссияи Аврупоӣ: ниҳоди иҷроияи ин созмон дархост шудааст, ки Маскаву Киев ба зудтарин фурсат созише ҳосил намоянд, то содироти гази Русия ба Аврупо, ки тавассути Украина сурат мегирад, таъсири манфӣ набинад. Бо ишора ба баҳсҳои солҳои гузашта Иттиҳодияи Аврупо тақозо кардааст, ки ҷонибҳо ӯҳдадориҳои марбут бо транзити газро эҳтиром кунанд.

Солгарди таъсиси равобити дипломатии Чину ИМА

Рӯзи 1-уми январ президенти Чин Ҳу Ҷинтао 30-умин солгарди таъсиси равобити дипломатӣ миёни Чину ИМА-ро ёд намуда, аз таҳкими ҳамкориҳои миёни ду кишвар пуштибонӣ кард. Дар паёми ба президенти ИМА Ҷорҷ Буш Ҳу гуфтааст, ки равобити миёни Чину ИМА дар беҳбуди некӯаҳволии ҳар ду кишвар, сулҳу суботи ҷаҳонӣ ва рушди ҷаҳон саҳм гузошт. Ба қавли раисҷумҳури Чин ин кишвар мехоҳад равобиташ бо ИМА-ро дар тамоми самтҳо тақвият бахшад.

Куштори сарбози Британия дар Афғонистон

Вазорати мудофиаи Британия мегӯяд, ки рӯзи чоршанбе аснои гашт дар минтақаи Сангини вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон як сарбози ин кишвар ба қатл расид. Ҳилманд бузургтарин минтақаи истеҳсолкунандаи маводи мухаддир ва макони таҷаммуи Толибон дар Афғонистон аст.

Сар аз соли 2001-ум тақрибан 8000 сарбози Британия дар Афғонистон бар зидди Толибон амалиёт пеш мебаранд. Дар ин байн 137 низомии Британия дар Афғонистон ба қатл расидааст.

Ҷумҳурии Чех-раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо

Сар аз рӯзи панҷшанбеи 1-уми январ раҳбарии даврии Иттиҳодияи Аврупо ба дасти Ҷумҳурии Чех гузашт.

Ҷумҳурии Чех, ки 20 сол пеш аз ҳукми комммунистон раҳо шудааст, бо 10 миллион аҳолиаш дар моҳи маи соли 2004-ум ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо пазируфта шуд.

Яке аз вазифаҳои муҳими раҳбарии нимсолаи Чехия танзими посухи муштараки Аврупо бо бӯҳрони саросарии молӣ мебошад.

Ҷумҳурии Чех тасмим гирифтааст дар фасли баҳор барномаи ҳамкории шарқии Иттиҳодияи Аврупоро роҳандозӣ хоҳад кард, ки Украина, Молдова, Беларус, Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон шомили он хоҳанд буд.

Ҳамчунон Ҷумҳурии Чех масъулияти ташкили мулоқоти Иттиҳодияи Аврупо бо президенти ояндаи ИМА Барак Обама, раҳбарони Русия ва Чинро бар дӯш хоҳад дошт.

Дар рӯзномаи кории Чехия ҳамчунон ба хотири баҳси раванди сулҳи Ховари Миёна тарҳрезии мулоқоти Иттиҳодияи Аврупо бо Исроил сабт шудааст.

Созиши амнияти ИМА ва Ироқ ба ҳукми иҷро даромад

Сар аз 1-уми январ бар пояи мувофиқати дуҷониба низомиёни амрикоии мустақар дар Ироқ зери назари ҳукумати ин кишвар қарор гирифтанд.

Соли 2003-ум сарбозони ИМА бо ваколати СММ ба хоки ироқ ворид шуда буданд. Ваколатнома 31-уми декабр хотима ёфт.

Рӯзи панҷшанбе дар як маросими хос ҳукумати Ироқ минтақаи сабзи маркази Бағдодро расман ба тасарруфи худ гирифт. Низомиёни ИМА ҳамчунон аз Қасри ҳукуматии даврони Саддом Ҳусайн, ки соли 2003-ум ишғол карда буданд, берун шуданд.

Акнун қабл аз боздошти ироқиҳо сарбозони амрикоӣ бояд иҷозатномаи ҳукуматро дастрас намоянд. Амрикоиҳое, ки тибқи шартнома дар Ироқ кор мекунанд, зери ҳукми қонунҳои Ироқ қарор мегиранд.

Бар пояи созиш сарбозони амрикоӣ, ки кафили таҳкими амният ва соҳибистиқлолии Ироқ ба шумор мераванд, бояд дар давоми се соли оянда аз хоки ин кишвар хориҷ шаванд.

Аҳли олам соли нави 2009-умро пешвоз гирифт

Аҳли олам ба соли пурталотуми 2008-ум видоъ намуда, соли 2009-умро пешвоз гирифт. Таҷлил аз Австралия оғоз ёфта, то Амрико тӯл кашид.

Дар майдони Тайм Сквери шаҳри Ню Йорк собиқ президенти ИМА Билл Клинтон ва ҳамсараш Ҳилларӣ Клинтон, ки дар маъмурияти президенти мунтахаби ИМА Барак Обама вазифаи котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷиро бар ӯҳда хоҳад дошт, бо фишори тугма курраи бузурги булуринро рӯшан карданд.

Ҷашнгирии соли нав дар яке аз тарабхонаҳои пойтахти Таиланд шаҳри Бангкок бо фоҷеа ба анҷом расид. Аснои сӯхтор дар ин тарабхона камаш 60 кас ҳалок шуданд.

Дар Ҳиндустон ҷашнгирандагони соли нав орзу карданд, ки ҳодисаҳои қабили ҳамлаи даҳшатафканон болои Мумбай дигар такрор нашаванд.

Моҳи ноябр террористон ин шаҳри бузургтарини Ҳиндустонро мавриди ҳамла қарор дода, беш аз 160 нафарро ба қатл расонданд.

Кишварҳои арабӣ ва аз ҷумла Миср, Урдун ва Сурия аз таҷлили соли нав худдорӣ карданд. Ба ин восита онҳо мехостанд ҳамдилиашон бо фаластиниҳои минтақаи Ғаззаро, ки бо ҳамлаҳои артиши Исроил бар муқобили Ҳамос рӯ ба рӯ шудаанд, намоиш диҳанд.

Дар кишвари Исландия садҳо эътирозгар, ки аз муфлисшавии низомии бонкии кишварашон ба ғазаб омада буданд, ҷашни соли нав дар як меҳмонсароро халалдор карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо дар меҳмонсаро ҷашни соли нав бо иштироки пешвоёни сисёсии Исландия сурат мегирифт, ки онро тариқи телевизион намоиш медоданд.

Ҳушдори Путин ба Украина

Владимир Путин, сарвазири Русия ба Украина ҳушдор дод, ки дар сурати халалдор кардани интиқоли гази Русия ба Аврупо Киевро паёмадҳои сангин интизор хоҳад буд. Ин изҳорот баъди он пахш шуд, ки мақомоти Украина таҳдид карданд, дар посух ба қатъи интиқоли газ ба кишвар аз сӯи “Газпром” содироти гази Русия ба кишварҳои аврупоиро мутаваққиф хоҳанд кард.

Дирӯз Юлия Тимошенко, сарвазири Украина сафари худ ба Маскав барои музокирот бо мақомоти Русия оид ба мушкили газро лағв кард. Аз ин пеш Киев изҳор намуд, ки якуним миллиард доллар қарз барои истифодаи гази Русия дар ду моҳи ахирро пардохт кардааст.Ва аммо мақомоти Русия ин иттилоъро расман тайид накардаанд. Ширкати "Газпром"-и Русия ҳушдор додааст, ки дар сурати напардохтани қарз аз сӯи Украина шурӯъ аз якуми январ интиқоли газ ба ин кишварро қатъ мекунад.

Дар шарқи сайёра Соли навро таҷлил карданд

Соли навро, таври маъмул, аввалин шуда сокинони шаҳри Сиднеи Австралия таҷлил карданд - дар бандари ин шаҳр ва дар канори бинои Опера якуним миллион нафар ҷамъ омаданд ва аз фейерверк ё оташбозии бесобиқа зебо завқ бурданд. Ду соат баъд аз ин сокинони Зеландияи нав аз соли 2009 ум истиқбол карданд. Ва ба думболи он Соли нав ба Осиё ва Аврупо қадам ранҷа кард.Соли навро аз ҳама охир сокинони Амрико ва ҷазираҳои уқёнуси Ором таҷлил мекунанд. Дар бархе аз кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, Миср, Урдун ва Сурия ба нишони ҳамрайъӣ бо мардуми навори Ғаза ҷашнҳои имсолаи солинавӣ лағв карда шуданд.

Қиммати барқ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад

Ҳукумати Тоҷикистон эълом дошт, ки шурӯъ аз якуми январи соли 2009 қимати нерӯи барқ дар кишвар 25 дар сад афзоиш хоҳад ёфт. Ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат, қимати газ фақат барои ширкати ТАЛКО ё Корхонаи алюминии Тоҷикистон боло нахоҳад рафт ва ин корхона чун пештара барои ҳар киловат-соат нерӯи барқ каме бештар аз 5 дирам пардохт хоҳад кард. Корхонаҳои саноатӣ аз ин ба баъд барои ҳар киловат-соат барқ тақрибан 14 дирам ва идораву муассисаҳои буҷавӣ панҷу ним дирам мепардозанд. Сокинони Тоҷикистон аз ин баъд ҳар киловатт-соат барқро бо 6 дирам харидорӣ хоҳанд кард.

Мақомоти Эрон "Коргузорон"-ро бастанд

Мақомоти Эрон яке аз рӯзномаҳои маъруфи ислоҳотхоҳонро барои нашри як матлаб бо интиқод аз мусаллаҳони фаластинӣ бастанд. Раҳбарони рӯзномаи “Коргузорон” хабар доданд, ки матни изҳороти донишҷӯёни ислоҳотхоҳ тасодуфан чоп шудааст. Рӯзномаи "Коргузорон" аз сӯи ҳизби наздик ба раисиҷумҳури пешини Эрон Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ нашр мешавад.

Тимошенко аз музокирот бо Маскав рӯ тофт

Юлия Тимошенко, сарвазири Украина сафари худ ба Маскав барои музокирот бо мақомоти Русия оид ба мушкили газро лағв кард. Аз ин пеш Киев изҳор намуд, ки якуним миллиард доллар қарз барои истифодаи гази Русия дар ду моҳи ахирро пардохт кардааст. Ва аммо мақомоти Русия ин иттилоъро расман тайид накардаанд. Ширкати "Газпром"-и Русия ҳушдор додааст, ки дар сурати напардохтани қарз аз сӯи Украина шурӯъ аз якуми январ интиқоли газ ба ин кишварро қатъ мекунад. Раиси ширкат Алексей Миллер гуфт, ки аз соли нав қимати газ барои Украина 418 доллар барои ҳазор метри мукааб муқаррар шудааст.

Шурӯъи мурофиаи "шир бо меламин" дар Чин

Дар Чин мурофиаи додгоҳии раиси ширкате шурӯъ шуд, ки аз шири хушки тавлиди он садҳо ҳазор кудакон заҳролуд шудаанд. Агар гуноҳи Тян Венхуа собит шавад, ба ӯ ҳукми эъдом таҳдид мекунад. Гуфта мешавад, ширкати таҳти раҳбарии Тян Венхуа ба шири хушки атфол “меламин” ҳамроҳ мекард, ки онро асосан дар истеҳсоли пластик истифода мебаранд. Бар асари заҳролудшавӣ аз ин шир 6 тифли навзод аз олам даргузашта, тақрибан 300 ҳазор тифли дигар ба бемористон афтоданд. Бисёр кишварҳои олам воридоти шири хушки тавлиди Чинро манъ карданд.

Ҳамоиши ҳамдилӣ бо Фаластин дар Душанбе

Имрӯз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҳамдилӣ бо мардуми Фаластинро доир кард. Раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ҳаводиси ахир дар навори Ғазаро “басо дардноку риққатовар” номид ва бо таассуф гуфт, ки то ҳол ҷомеъаи ҷаҳонӣ, ба вижа, созмонҳои байнулмилалӣ барои хатми хушунат дар ин минтақа тадбир наандешидаанд.
Аҳли нишаст дар як қатънома талаб карданд, ки “амалиёти низомии Исроил қатъ гардад ва ҳарчӣ зудтар бо миёнҷигарии СММ ва дигар созмонҳои минтақаиву байнулмилалӣ оташбаси сартосарӣ эълон шавад”. Дар ин санад ҳамчнин аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо шудааст, ки бетафовут набошад ва ҳамдилии худро ба миллати ҷафокашидаи Фаластин эълон намояд. Аҳли нишаст ҳамчунин аз ҳукумат хостаанд, ки дар сурати идомаи бомборони навори Ғаза шароитро барои баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ фароҳам созад.

ИМА ва САҲА аз тасмими Боку интиқод карданд

Иёлоти Муттаҳида ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз тасмими мақомоти Озарбойҷон барои қатъи пахши барномаҳои радиоҳои хориҷӣ дар ин кишвари қафқозӣ интиқод карданд. Дирӯз Шӯрои миллии Озарбойҷон оид ба радио ва телевизион дар мавриди қатъи пахши барномаҳои радиоҳои хориҷӣ дар кишвар шурӯъ аз якуми январи соли 2009 тасмим гирифт. Дар сурати татбиқи ин қарор, аз соли нав пахши барномаҳои Би-Би-Си, “Садои Амрико” ва бахши озарии Радиои Озодӣ дар қаламрави Озарбойҷон қатъ хоҳад шуд.

Дар изҳороти вазорати умури хориҷаи ИМА гуфта шудааст, ки татбиқи ин тасмим маънии ба таври ҷиддӣ пойин рафтани озодии баён ва ислоҳоти демократӣ дар Озарбойҷонро хоҳад дошт. Дар ин санад гуфта шудааст, ки Би-Би-Си, “Садои Амрико” ва Радиои Озодӣ дар таъмини баёни озодонаи ақидаву ғояҳо ва ташаккули ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Озарбойҷон нақши калидӣ доштанд.

Украина як бахши қарзи "Газпром"-ро пардохт кард

Юлия Тимошенко, сарвазири Украина имрӯз барои музокирот бо мақомоти Русия оид ба мушкили газ вориди Маскав хоҳад шуд. Ба иттилоъи сафорати Украина дар Русия, сарвазирро дар ин сафар вазири маводи сӯхт ва энерҷии кишвар Юрий Продан ҳамроҳӣ хоҳад кард. Бегаҳи дирӯз Киев изҳор намуд, ки якуним миллиард доллар қарз барои истифодаи гази Русия дар ду моҳи ахирро пардохт кардааст. Ва аммо мақомоти Русия ин иттилоъро расман тайид накардаанд.

Дирӯз ширкати "Газпром"-и Русия ҳушдор дода буд, ки дар сурати напардохтани қарз аз сӯи Украина шурӯъ аз якуми январ интиқоли газ ба ин кишварро қатъ мекунад. Раиси ширкат Алексей Миллер гуфт, ки аз соли нав қимати газ барои Украина 418 доллар барои ҳазор метри мукааб муқаррар шудааст. Имрӯз Киев гази Русияро бо қимати тақрибан ду баробар арзонтар харидорӣ мекунад. Ба иттилоъи "Газпром", айни ҳол Украина аз ин ширкат беш аз 2 миллиард доллар қарздор аст.

Исроил оташбаси муваққатро "ғайривоқеӣ" хонд

Исроил пешниҳод дар бораи оташбаси душабонарӯзӣ дар навори Ғазаро “ғайривоқеӣ” хонд. Йигал Палмор, намояндаи вазорати умури хориҷаи Исроил изҳор намуд, ки дар пешниҳоди Фаронса барои оташбаси муваққат кафолати қатъи мушакборони Исроил аз сӯи мусаллаҳони фаластинӣ мавҷуд нест. Бо вуҷуди ин, афзуд Палмор, мақомоти Исроил мавзӯъи мусолиҳаро баррасӣ мекунанд.
Ба иттилоъи вазорати ҳифзи сиҳати Фаластин, шурӯъ аз рӯзи шанбе бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии Исроил беш аз 370 фаластинӣ кушта шуда, беш аз 1700 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамзамон мушакборони қаламрави Исроил аз сӯи гурӯҳи ҲАМОС низ идома дорад.

Дар Теҳрон тазоҳуроти зидди Бритониё баргузор шуд

Бино ба гузоришҳо, даҳҳо нафар ирониён иқоматгоҳи дипломатҳои бритониёӣ дар Теҳронро ба муҳосира гирифтаанд. Онҳо бад-ин тариқ бар зидди ҳамлаи нируҳои ҳавоии Исроил ба Ҳамос мухолифат нишон додаанд. Тазоҳуркунандагон, ки хабаргузории ИРНО аз онҳо донишҷуёни исломӣ ном бурдааст, шишаи тирезаҳоро шикаста вориди иқоматгоҳ шудаанд. Онҳо парчами Бритониёро берун кашида оташ задаанд ва парчами Фаластинро ба эҳтизоз даровардаанд. Бино ба гузоришҳо, баъдтар пулис тазоҳуркунандагонро парокада кардааст. Гузориш мешавад, ки тазоҳуркунандагон Бритониёро муттаҳам кардаанд, ки аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил бар зидди Ҳамос ҳимоят мекунад. Ҳукумати Бритониё даъват кардааст, ки миёни Исроил ва Ҳамос оташбаси фаврӣ барқарор шавад.

Исроил пешниҳоди оташбасро баррасӣ мекунад

Эҳуд Борак-вазири дифоъи Исроил пешниҳодҳоро дар бораи ҷорӣ кардани оташбаси 48 соъата ё ду шабонарузӣ баррасӣ мекунад. Моше Роҳен-сухангуи вай тавзеҳ додааст, ки вазири дифоъ оташбаси 48 соъатаеро дар назар дорад, ки Фаронса онро чун "ҳадафҳои башарӣ" пешниҳод кардааст. Рузи сешанбе Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки барои хотима додан ба хушунат дар Борикаи Ғазаи Фаластин оташбаси доимӣ эълон шавад. Пизишкони Фаластин мегуянд, дар ин даргириҳо 373 фаластинӣ кушта шудаанд, ки 39 нафари онҳо кудакон будаанд. 1700 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар Исроил мушакҳое, ки тундравҳои Ҳамос аз Ғаза партоб кардаанд се шаҳрванди Исроилро кушта даҳҳо нафари дигарро захмӣ кардааст.

Амрико ва САҲА аз Озарбойҷон интиқод карданд

Вазорати хориҷаи Амрико ва САҲА аз тасмими ҳукумати Озарбойҷон, ки муҷаввизи пахши барномаҳои радиоҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла барномаҳои радиои Озодиро тамдид намекунад, интиқод кардааст. Манъи пахши ин барномаҳо аз 1-уми январ эътибор пайдо мекунад ва пахши барномаҳои Би Би Си, Садои Амрико ва барномаҳои бахши озарии радиои Озодӣ аз мавҷҳои маҳаллӣ бардошта мешавад. Вазорати хориҷаи Амрико чунин иқдоми ҳукумати Озарбойҷонро намунаи ақибнишинии ҷиддӣ аз озодии баён ва канораҷуӣ аз ислоҳоти демократӣ арзёбӣ кардааст. Вазорат гуфтааст, Амрико бо ҳукумати Озарбойҷон корро идома медиҳад, то роҳҳои муносиби идомаи пахши барномаҳои радиоӣ ва телвизюниро пайдо кунад. Миклош Ҳарастӣ-намояндаи САҲА дар умури озодии матбуъот ин иқдоми мақомоти Озарбойҷонро, ки узви ин созмон аст, қадами ҷиддӣ ба ақиб номидааст.

Амрико протоколи бозрасиҳои ҳастаиро имзо кард

Ҷорҷ Буш-Раиси ҷумҳури Амрико протоколе имзо кард, ки он тадобиреро барои тавсеъаи назорати байналмиллалӣ бар фаъолиятҳои ҳастаӣ иҷоза медиҳад. Дар эъломияи Кохи Сафед омадааст, Буш "василаи тасвиби протоколи изофиро ба мувофиқатномаи миёни Амрико ва Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ" имзо кардааст, то чунин назоратҳои ҳастаӣ анҷом бигирад. То ҳол 118 кишвар ин протоколи иловагиро имзо кардаанд ва ин протокол дар 89 кишвар ба тасвиб расидааст. Ин протокол ба Ожонси Байналмиллалии Ҳастаӣ иҷоза медиҳад, ки дар муассисоти ҳастаӣ бозрасӣ анҷом диҳанд.

Тавофуқи Ироқу Бритониё дар бораи ҳузури нируҳо

Ироқ бо Бритониё ва Остролиё мувофиқатномае имзо кард, ки ҳузури нируҳои ин кишварҳоро дар Ироқ дар соли 2009 иҷоза медиҳад. Муҳлати эътибори қатъномаи СММ дар бораи ҳузури ин нируҳо имруз ба поён мерасад. Муҳаммад ал Аскарӣ-сухангуи вазорати дифоъи Ироқ гуфт, ин мувофиқатнома аз рузи панҷшанбе эътибор пайдо кардааст ва тибқи он муҳлати ҳузури нируҳои ин ду кишвар дар охири моҳи июл поён меёбад.

Яке аз раҳбарони собиқи ЮКОС аз зиндон раҳо шуд

Василий Алексаниён -собиқ мақоми иҷроии ширкати ЮКОС, ки ҳоло дар зиндон бо бемории ЭЙДз ё СПИД даст ба гиребон аст, баъд аз маъракаҳои тулонӣ барои озодии вай, дируз аз зиндон раҳо шуд. Хабаргузориҳои Руссия аз қавли Елена Лвова-вакили мудофеъи вай гуфтаанд, барои озодии Алексаниён як милиёну 800 ҳазор доллар васиқа пардохт шудааст. Алексаниён дар донишгоҳи Ҳорворд давраҳои омузишии вакили мудофеъро сипарӣ кардааст. Вай моҳи апрели соли 2006 барои тахаллуфоти молӣ, аз ҷумла пардохт накардани молиёт ҳангоми фаъолияташ дар ширкати ЮКОС муттаҳам дониста шуд.

Нафтогаз ва Газпром ба тавофуқ наздиканд

Ширкати Нафтогази Укроин гуфтааст, 2 милиярд доллар қарзи Руссияро барои гоз пардохт хоҳад кард. Хабаргузории Интерфакси Руссия аз қавли Валинтин Землянский-сухангуи ширкати Нафтогаз гуфтааст, ки ширкати мазкур барои пардохти қарзҳояш аз ду бонки Укроин қарз хоҳад гирифт. Ин эъломияи Нафтогаз дар ҳоле нашр шуд, ки ширкати Газпроми Руссия таҳдид кард, агар қарзҳои Укроин пардохт нашаванд, интиқоли гозро ба ин кишвар қатъ мекунад. Бино ба гузоришҳо, Нафтогази Укроин ва Газпроми Руссия музокироти худро дар Маскав идома медиҳанд.

Ироқ ҳамоно хатарбор барои хабарнигорист

Созмони байнулмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” хабар дод, ки соли 2008-ум дар кишварҳои гуногун 62 тан аз расонаҳои хабарӣ зимни ифои вазифа ба ҳалокат расиданд., Гуфта мешавад, ки теъдоди қатлу куштори хабарнигорон назар ба як соли пеш коҳиш ёфтааст. Ва аммо, ба навиштаи “Гузоришгарони бидуни марз”, коҳиши ҳалокати хабарнигорон бо он омил бастагӣ дорад, ки бар асари таъқибу фишор теъдоди бузурги кормандони расонаҳои хабарӣ тарки касб кардаанд. Дар гузориши ахири худ ин созмон се кишвар – Ироқ, Покистон ва Филиппинро барои фаъолияти хабарнигорӣ хатарбор арзёбӣ кардааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Нигоҳе ба рӯзи дуввуми эътирозҳо ба афзоиши қимати нафт дар Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG