Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Мусавӣ:"Эрон дар вартаи бӯҳрони ҷиддӣ қарор дорад"

Раҳбари калидии мухолифони ҳукумати Ҷумҳурии исломӣ Мирҳусейн Мусавӣ мегӯяд, Эрон дар вартаи "бӯҳрони ҷиддӣ" қарор дорад. Мусавӣ даъват кардааст, ҳамаи тарафдорони ӯ, ки баъди интихоботи моҳи июни соли гузашта боздошт шудаанд, фавран раҳо гарданд.

Дар изҳороте, ки сомонаи Мусавӣ ба табъ расондааст, гуфта мешавад, "тафсирҳои шадид-ул-лаҳн"-и ҳукумат кишварро бо хатари "ошӯби дохилӣ" мувоҷеҳ мекунанд.

Изҳороти Мусавӣ баъди суханронии яке аз намояндагони раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманайӣ нашр шуд, ки раҳбарони мухолифонро "душманони худо " номида, афзуд, ки онҳо сазовори эъдом ҳастанд. Мусавӣ ҳамчунон навиштааст, ки аз шаҳодат дар роҳи ҳифзи манофеи мардумӣ хавф надорад, вале ҳабс ё куштори Мусавӣ ва ё раҳбари дигари мухолифон Меҳдии Карубӣ вазъро ором нахоҳад кард.

Куштори ду тоҷик дар Маскав дар шаби соли нав

Рӯзномаи Московский Комсомолетс чопи Маскав навиштааст, ки шаби соли нав дар пойтахти Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ба қатл расиданд. Ба навиштаи ин рӯзнома милисаи Маскав бо иттиҳоми даст доштан дар ин ду куштор чанд тан аз шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт намудааст. Ҳамин манбаъ меафзояд, ки чанд лаҳза пас аз зарби соат ва фарорасии соли нав дар майдони Манежний воқеъ дар назди истгоҳи метро бо номи Охотний Ряд, яъне канори Кремл задухӯрде ба вуқӯъ пайваст, ки дар он аз корд истифода бурдаанд. Ба навиштаи Московский Комсомолетс шаҳрванди дигари Тоҷикистон тахминан соати сеи шаб дар минтақаи Лефортовои Маскав кушта шудааст.

Яман аз ИМА кумаки низомӣ дарёфт намуд

Ҳукумати Яман эътироф намуд, ки дар мубориза бо шабакаи террористии Ал-Қоида дар ҷануби ин кишвар ба ҳайси кумак аз ИМА таҷҳизоти низомӣ дастрас кардааст. Рӯзи ҷумъа сухангӯи ҳукумати Яман Ториқ аш-Шомӣ гуфт:

"ИМА ба Яман дар тамрини воҳидҳои зиддитерроризм ва ҳифзи соҳилҳо кумак мерасонад. Ҳамчунон ин кишвар Яманро бо баъзе навъҳои таҷҳизоти низомӣ ва маълумот дар бораи ин созмони террористӣ таъмин менамояд."

Дар гузашта ҳукумати Яман фақат дарёфти кумаки фаннӣ ва иттилоот дар бораи шабакаи террористии Ал-Қоидаро эътироф мекард.

Додгустар иттиҳоми афроди Blackwater-ро рад кард

Додгустарии федералии ИМА айбномаи панҷ нафар аз собиқ ходимони амниятии ширкати амрикоии Блеквотер (Blackwater)-ро, ки бо куштори 14 ироқии осоишта дар соли 2007-ум муттаҳам мешуданд, беасос номид. Додгустар ҳукм баровард, ки ҳукумати ИМА ҳуқуқи конститутсионии муттаҳамҳоро поймол кардааст, зеро аснои таҳқиқи қазия мақомот аз матни бозпурсии муҳофизон дар Департаменти давлатӣ истифода бурдааст. Ба қавли додгустар ин бозпурсӣ зери таҳдиди аз кор маҳрум шудан сурат гирифта буд ва аз ин рӯ, қобили қабул нест. 16-уми сентябри соли 2007-ум ҳангоми ҳаракати корвони мошинҳои департаменти давлатии ИМА дар шаҳри Бағдод дар канори роҳ мошини саршор аз маводи тарканда мунфаҷир шуда, дар майдони серодам табодули оташ ба амал омад. Дар ҳамин ҳол ҳукумати Ироқ тасмим гирифтааст аз ИМА муҳокимаи ин қазия дар додгоҳи истиънофӣ ё худ аппелятсиониро талаб намояд.

Пхенян ҷонибдори беҳбуди равобит бо Вашингтон аст

Дар паёми солинавӣ, ки телевизион ва расонаҳои Кореяи Шимолӣ нашр намудаанд, мақомоти Пхенян ба қатъи равобити душманона бо ИМА даъват намуда, таъкид кардаанд, ки Кореяи Шимолӣ ҷонибдори холӣ аз силоҳи ҳастаӣ эълон шудани нимҷазираи Корея мебошад. Паём замоне пахш шудааст, ки музокироти байналмилалии халъи силоҳи Кореяи Шимолӣ бо бунбаст мувоҷеҳ гаштааст. Соли гузашта дар паи танқиди озмоиши мушакҳои Кореяи Шимолӣ, ки боиси тавсеаи таҳрими ин кишвар аз ҷониби СММ гардид, Пхенян аз идомаи ширкат дар музокирот даст кашид.

Путин Тоҷикистонро бо соли нав табрик кард

Дар арафаи соли нав сарвазири Русия Владимир Путин унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири кишвар Оқил Оқилов барқияи табрикӣ фиристода, такмили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сантӯда-1 ва ифтитоҳи шӯъбаи Донишгоҳи ба номи Ломоносови Маскав дар шаҳри Душанберо ба ҳайси дастоварди ҳамкориҳои миёни ду кишвар ёдовар шуда, изҳори умед кардааст, ки рушди равобит, ки ҷавобгӯи анъанаҳои дӯстиву эҳтироми байниҳамдигарии миёни Русияву Тоҷикистон аст, идома меёбад.

Куштори пешвои қабилаи мухолифи Толибони покистонӣ

Дар вилояти Баҷаври Покистон бар асари таркиши канори роҳ панҷ нафар ва аз ҷумла пешвои қабилавии мухолифи Толибон ба ҳалокат расиданд. Намояндаи ҳукумати маҳаллӣ Зокир Ҳусайн Афридӣ иттилоъ медиҳад, ки инфиҷор дар наздикиҳои деҳаи Салакзай аснои ҳаракати мошини Гулшалихон-раҳбари қабилаи ҷонибдори ҳукумат ва чор ҳамроҳи ӯ ба амал омад. Ҳукумати Покистон аз моҳи август ба ин тараф дар вилояти Баҷавр бар зидди Толибон амалиёти низомӣ роҳандозӣ кардааст. Дар ҷавоб Толибон ба раҳбарони қабилаҳое ҳамла мекунанд, ки аз ҳукумат ҷонибдорӣ менамоянд.

Дар Русия водкаи арзонтарин 89 рубл хоҳад буд

Сар аз имрӯз дар Русия нархи поинтарини ним литр водка 89 рубли русӣ ё худ се доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Ҳадаф аз ин тасмими Русия мубориза бо алкоҳолизм, яъне майзадагӣ ва танзими фурӯши водка мебошад. Аз ин ба баъд дар охири ҳар сол як ниҳоди хоси ҳукуматӣ нархи водка барои соли ояндаро муайян хоҳад кард.

Қазоқистон сарварии даврии САҲА-ро бар дӯш гирифт

Сар аз имрӯз Қазоқистон сарварии солонаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ( САҲА)-ро бар дӯш гирифт. Ин аввалин ҷумҳурии собиқ шӯравист, ки ба чунин мақом комёб шудааст. САҲА бузургтарин созмони амниятии рӯи олам буда, дар он 56 кишвар аз Ванкувери Канада то Владивостоки Русия узвият доранд. САҲА назорати силоҳ, ҳифзи ҳуқуқи башар, озодии матбуот ва интихоботи одилонаро аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.

CIA қотилони 7 афсарашро ба ҷавобгарӣ кашиданист

Хадамоти кашфи ИМА (CIA) мегӯяд, масъулони куштори ҳафт афсарашро, ки бар асари як бомбгузории маргталабона ҳалок шудаанд, ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид. Ҳамла дар вилояти Хусти Афғонистон ба вуқӯъ пайваста, дар он ҳамчунон як афғон кушта ва шаш афсари дигари хадамоти кашфи ИМА маҷрӯҳ шуданд. Вазорати Мудофиаи Афғонистон иддаои Толибонро, ки маргталаб ҳампаймони онҳо дар сафи артиши афғон будааст, рад намуда, меафзояд, ки дар пойгоҳи Хуст афсарони амниятии афғон ифои вазифа намекунанд. Дар ҳамин ҳол сухангӯи паймони НАТО тасдиқ кард, ки дар пойгоҳи Хуст афсарони амниятии афғон ҳузур доштанд. Дар робита бо куштори афсарони хадамоти кашф президенти ИМА Барак Обама таъзия баён намуд.

Тими миллӣ аз Яман шикаст хӯрд

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин ва охирин бозии худ дар соли 2009 дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин бозии дӯстона бо даъвати Федеросюни футболи Яман сурат гирифта буд. Голи ягонаи тоҷиконро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 35-ум аз беруни ҷаримагоҳи рақиб задааст. Сипас, мизбонон дар дақиқаи 71-ум ва 85-ум ба дарвозаи тоҷикон ду гол зада, бозиро бурдаанд. Рӯзи дуюми январ ҳар ду ин мунтахаб боз дар Санъо бозӣ хоҳанд кард.

Дар Покистон мушаки амрикоӣ се касро аз байн бурд

Афсарони иктишофии Покистон изҳор намудаанд, ки дар наздикиҳои марзи ин кишвар бо Афғонистон мушаки амрикоӣ се нафарро ба ҳалокат расонд. Мансабдорон мегӯянд, рӯзи ҷумъа дар канори шаҳри Миралӣ-маркази вилояти Вазиристони Шимолӣ мушак ба мошине исобат намуд, ки се нафари ёдшуда савори он буданд. Дар давоми 12 соат дар ин минтақа ду ҳамлаи мушакӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳамин гуна шоми панҷшанбе мушаки амрикоӣ се каси дигарро ба қатл расонда буд. Рӯзи панҷшанбе бо ишора ба нооромии вазъ СММ изҳор намуд, ки ҳадди ақалл чоряки намояндагонашро аз Покистон берун хоҳад кард.

Мусавӣ: Ба шаҳодат ба хотири ҳуқуқи мардум омодаам

Раҳбари калидии мухолифони ҳукумати Эрон Мирҳусейн Мусавӣ мегӯяд, агар зарур шавад, ҳозир аст дар муборизаҳои баъдиинтихоботӣ ҷони худро дареғ надорад. Сомонаҳои интернетии ҷумбишҳои мухолифи ҳукумати Эрон аз нақли Мусавӣ иқтибос овардаанд:"Ман ҳозирам ба хотири иҷрои ҳуқуқи диниву миллии мардум шаҳид шавам." Ҳамчунон Мусавӣ хушунати полис ва хадамоти амниятӣ дар муқобили эътирозгаронро, ки рӯзи якшанбе ҳаёти камаш 8 эътирозгарро аз байн бурд, маҳкум кардааст. Ин аввалин изҳороти МУсавӣ дар паи бархӯрдҳои ахир мебошад. Аз замони интихоботи президентии мои июн дар Эрон муқовимат идома дорад. Мухолифон мегӯянд, ки пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин овоздиҳӣ ба воситаи тақаллуб ба даст омадааст.

Аҳли олам соли навро бо тантана пешвоз гирифт

Аҳли олам фарорасии соли нави 2010-умро бо тантана таҷлил намуд. Дар Тайм Сквер (Time Square) майдони марказии шаҳри Ню Йорк садҳо ҳазор нафар курраи булуриро фурӯзон намуданд. Дар пойтахти Фаронса бошад, ҷашнкунандагон дар канори бурҷи Эйфел ҷамъ шуда буданд. Пеш аз он дар Майдони сурхи Маскав тахминан 120 ҳазор кас ба паёми солинавии президенти Русия Дмитрий Медведев гӯш доданд. Медведев ба аҳли кишвараш ба хотири муқовимат ба бӯҳрони иқтисодӣ ибрози сипос намуд. Дар паёми солинавии худ президенти Украина Виктор Юшенко ба ҳамватанонаш ваъда дод, ки Украина узви Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО хоҳад шуд.

Литва шаби Соли нав нирӯгоҳи ҳастаияшро мебандад

Литва дар шаби Соли нав нирӯгоҳи ҳастаии Игналинаро, ки ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ бунёд шуда буд, мебандад. Бастани ин нирӯгоҳ ва дигар нирӯгоҳҳои ҳастаии шабеҳи Чернобил як шарти ба узвияти ИА пазируфтани Литва буд. Сарвазири Литва Андриус Кубилис гуфт, баста шудани нирӯгоҳ кадом фалокате дар пай нахоҳад овард. Ин дар ҳолест, ки давлат эълон кардааст, ки соли оянда қимати нирӯи барқро барои аҳолӣ беш аз 30 дарсад боло хоҳад бурд.
То кунун беш аз 70 дарсади ниёзмандии Литва ба нирӯи барқ аз барқи ҳастаии нирӯгоҳи Игналина таъмин мешуд ва Литва аз нигоҳи вазни барқи ҳастаӣ дар таъминоти кишвар дар ҷаҳон баъд аз Фаронса дар мақоми дуввум қарор дошт.
Литва гуфтааст, то 10 соли дигар як нирӯгоҳи ҷадиди ҳастаӣ бунёд хоҳад кард.

Путин умедвори рушди равобит бо Амрикост

Сарвазири Русия Владимир Путин изҳори умедворӣ кард, ки равобити кишвараш бо Амрико дар соли 2010 беҳтар шавад. Путин дар табрикоти солинавиаш аз талошҳои раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҷиҳати беҳбуди равобит истиқбол кард. Путин ахиран аз Амрико интиқод карда буд, ки дар бораи барномаҳои сипари зиддимушакиаш маълумоти кофиеро дар ихтиёри Маскав намегузорад. Путин дар суханрониаш дар Владивосток барномаи сохтани ин сипарро як мушкил дар роҳи ахзи тавофуқ бар сари паймони нави коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ номида, гуфта буд, Русия мукаллаф аст, ба хотири ҳифзи тавозун миёни қудратҳои низомӣ роҳи рушди таслиҳоти ҷадидро пеш бигирад.

Азсаргирии парвозҳо аз Гурҷистон ба Русия

Вазорати нақлиёти Русия гуфт, парвозҳои чартерии ширкати ҳавопаймоии Гурҷистон дар масири Тифлис –Маскав аз 8 январ ва дар хатти ҳавоии Тифлис –Санкт-Петербург шурӯъ аз 9 ва 10 январ аз сар гирифта хоҳанд шуд. Ин вазорат мегӯяд, музокирот пиромуни азсаргирии парвозҳои доимӣ миёни Гурҷистону Русия ҳанӯз идома дорад. Парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар аз замони ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли 2008 миёни Русияву Гурҷистон қатъ шуда буд.

Ҷасади марди тирандоз дар Финландия ёфт шуд

Пулиси Финландия ҷасади марди мусаллаҳеро, ки дар як фурӯшгоҳ дар шаҳри Эспоо 4 нафарро ба ҳалокат расонд, пайдо кардааст. Шоҳидон мегӯянд, аз мусалсал ба тирандозӣ шурӯъ кардани ин мард боиси эҷоди ваҳм дар байни издиҳоми харидорон дар маркази тиҷоратии Селло шуд. Пулис мушаххас кардааст, ки тирандоз Иброҳим Шукполӣ, як зодаи 43-солаи Косово будааст. Ҷасади ҳамсари собиқи ӯро баъдтар аз манзили дигаре дар шаҳри Эспоо кашф кардаанд. Дар Эспоо амалиёти густардаи пулис идома дошта, аксари мардум баъди ин ҳодисаи хунин дар манзилҳои худ пинҳон шудаанд.

Ҳушдори Эҷеӣ ба раҳбарони мухолифини Эрон

Раҳбари қувваи қазоияи Эрон Ғуломҳусейн Эҷеӣ раҳбарони мухолифинро ҳушдор дод, ки дар ғайри сурати маҳкум кардани эътирозҳои ахири зиддидавлатӣ ба масъулият кашонида хоҳанд шуд. Эҷеӣ гуфт, раҳбароне, чун Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ метавонанд ба пуштибонӣ аз афроде, ки Худовандро инкор мекунанд, айбдор карда шаванд. Ин ҳушдор дар ҳоле садо медиҳад, ки эътирозҳои 8 кушта баҷогузоштаи рӯзи 27 декабр дар Теҳрон нигаронии мақомоти Эрон дар мавриди мушкилтар шудани таҳти назорат нигоҳ доштани вазъро бештар кардааст.
Эътирози ба рӯзи панҷшанбе барномарезишудаи мухолифин дар Теҳрон ба далели эъзоми зиреҳпӯшҳо ва нирӯҳои давлатӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз таҷаммӯъи мардум баргузор нашуд.

Дар Кобул "Скейтистон" боз шуд

Дар арафаи соли нави мелодӣ дар Кобул, пойтахти Афғонистон, нахустин майдон ва мактаби скейтбордсаворӣ боз шуд. “Скейтистон” барои кӯдакони Кобули ҷангзада бо ибтикори ду австралиёӣ бунёд шуд. Кумитаи миллии олимпии Афғонистон барои ин мактаб замин ҷудо карда, масъулияти таъмини амният ва обу барқи “Скейтистон”-ро бар ӯҳда гирифтааст.
Раиси ин ниҳод Муҳаммадзоҳир Акбар гуфт, дар рӯзи аввал аз ин мактаби варзишӣ ҳудуди 200 кӯдаки хиёбонӣ дидан кардаанд. Ӯ афзуд, “Скейтистон” фақат макони тафреҳ нест, балки ба атфол умед ба як ояндаи оддиро медиҳад.

"Гардиан" Сипоҳи Эронро ба одамрабоӣ айбдор кард

Рӯзномаи “Гардиан”, чопи Бритониё, мегӯяд, рабудани 5 бритониёӣ дар Ироқ дар соли 2007-ро Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон раҳбарӣ мекард ва онҳоро дар зарфи ҳамагӣ як рӯзи баъд аз рабудан ба Эрон расонд.
Як мақоми собиқи ин Сипоҳ, ки номаш гуфта намешавад, ба “Гардиан” гуфтааст, коршиноси масоили компутарӣ Питер Мур ва 4 муҳофизи ӯ тавассути гурӯҳи Ал-Қудси Сипоҳи посдорон дастгир ва ба умқи қаламрави Эрон бурда шуданд.
Питер Мур рӯзи чоршанбе бидуни осеб аз асорат раҳо ёфт, вале ҳалокати 3 муҳофизи ӯ тасдиқ шудааст. Гумон меравад, гурӯҳе, ки ӯву муҳофизонашро асир гирифт, бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон робита дорад.

Ҳушдори сафорати Амрико дар бораи ҳамла дар Болӣ

Сафорати Амрико дар Индонезия рӯзи 31 декабр дар бораи имкони ҳамлаи террористӣ дар остонаи Соли нав дар ҷазираи Болӣ ҳушдор дод. Баёнияи нашршуда дар сомонаи интернетии сафорат мегӯяд, волии Болӣ Мангку Пастика сафорати Амрикоро аз эҳтимоли чунин ҳамла дар рӯзи таҷлили Соли нав хабардор кардааст. Болӣ маҳалли чанд ҳамла алайҳи сайёҳони хориҷӣ буда, дар моҳи октябри соли 2002 бар асари як бомбгузорӣ дар ин ҷазираи индонезӣ 202 нафар, ағлаб сайёҳон, кушта шуданд.

Масъулияти ҳамлаи Хустро Толибон ба дӯш гирифт

Ду сухангӯи гуногуни Толибон иддао кардаанд, ки ин гурӯҳ масъулияти ҳарду бомбгузории рӯзи 30 декабр дар Афғонистонро бар дӯш мегирад.
Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, бомбгузорӣ дар пойгоҳи низомии Хустро, ки мунҷар ба ҳалокати 8 амрикоии ғайринизомӣ шуд, як толиби маргталаб либоси низомии урдуи давлатӣ дар тан анҷом додааст. Хабаргузориҳо кушташудаҳоро кормандони CIA, Идораи марказии истихбороти Амрико меноманд, вале Амрико ин гуфтаро ҳанӯз ташреҳ накардааст.

Дар бозори Ҳелсинкӣ дастикам 4 кас кушта шуд

Телевизиони Финландия дар бораи марди мусаллаҳе гузориш медиҳад, ки дар як растаи тиҷоратӣ дар Ҳелсинкӣ, пойтахти ин кишвар ба тирандозӣ шурӯъ кардааст. Бар асари ин тирандозӣ, бино ба хабарҳо, дастикам 4 нафар кушта шудаанд.
Бино ба гузоришҳо, теъдоди зиёди мошинҳои “ёрии таъҷилӣ” ба маҳалли ҳодиса расидаанд. Пулиси Финландия мегӯяд, марди тирандоз зодаи соли 1966 будааст. Аммо дар бораи боздошт шудани ӯ ҳанӯз хабаре нашр нашудааст.

Табрикоти солинавии раҳбарони хориҷӣ

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо ирсоли як барқияи шодбошӣ ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик гуфтааст.
Медведев дар ин барқия гуфтааст, сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия, ки дар моҳи октябр анҷом шуд, имкон дод, роҳҳалҳои муносиб дар чаҳорчӯби равобити фарогири дуҷониба пайдо шаванд.
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай низ ба ҳамтои тоҷикаш ба муносибати расидани Соли нав барқияи табрикӣ фиристода, дар он аз номи мардуми афғон ба мардуми Тоҷикистон дар соли нав рушду шукуфоӣ орзу кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли нав ҳамчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркиява ҳамин тавр, як силсила масоили байналмилалиро дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раиси он ҷумҳурӣ Абдуллоҳ Гул баррасӣ кардааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Нигоҳе ба рӯзи дуввуми эътирозҳо ба афзоиши қимати нафт дар Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG