Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Мулоқоти вазирони дифои Фаронса ва Тоҷикистон дар Душанбе

Вазири дифои Фаронса Жирар Лонге дар дидор бо ҳамтои тоҷики худ Шералӣ Хайруллоев дар Душанбе гуфт, кишвараш ҳамкориҳои худро бо Афғонистон ва Тоҷикистон пас аз хуруҷ аз Афғонистон дар соли 2014 низ идома хоҳад дод. Вай афзуд, бо вуҷуди он ки як теъдод ҳарбиёни фаронсавӣ дар Афғонистон боқӣ мемонанд, ҳамкориҳои Порис ва Кобул на низомӣ, балки бештар иқтисодӣ ва фарҳангӣ хоҳанд шуд. Лонге ҳамчунин ба ояндаи ҳамкориҳои ҳарбии кишвараш бо Тоҷикистон ишора кард. Дар ҳоли ҳозир солона 5 афсари тоҷик дар Фаронса таълими ҳарбӣ мегиранд ва Порис дар бозсозии фурудгоҳи Душанбе 20 миллион евро кӯмак кардааст.

Кореяи Шимолӣ садоқат ба раҳбари навро меозмояд

Режими коммунисти Кореяи Шимолӣ дар хитоби солинавӣ аз мардуми ин кишвар хост, раҳбари нав Ким Ҷонг Унро “бо баҳои ҷон” ҳифз кунанд. Паём дар ҳоле садо медиҳад, ки артиш ва ҳизби ҳоким гуфтаанд, мардум ба ҳайси “сипари зинда” аз раҳбари худ ҳимоят хоҳад кард. Дар он ҳамчунин гуфта мешавад, бояд ба тахрибкории душманон хотима дод ва кишварро ба сӯи шукуфоӣ пеш бурд. Кими ҷавон баъд аз марги падараш дар 17-уми декабри соли гузашта раҳбарии Ҳизби коммунист, сарфармондеҳии артиш ва раҳбарии ҳукуматро бар дӯш гирифт. Артиши Кореяи Шимолӣ 1 миллиону 200 ҳазор сарбозу афсар дорад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав ба қатл расид

Дар шаҳри Маскав боз як муҳоҷири кории тоҷик кушта шудааст. Хабаргузории “Интерфакс” ба нақл аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав навишт, ки ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон бо гардани бурида субҳи 1-уми январ дар ҳавлии бинои шумораи 19-и кӯчаи Красноказарменная пайдо шудааст. Ҳувияти ӯ муайян гашта, тибқи аснодаш вай шаҳрванди Тоҷикистон буда, ба таври қонунӣ дар Маскав зиндагӣ ва дар яке аз хадамоти коммуналӣ ба ҳайси кӯчарӯб кор мекардааст. Ин нахустин ҳодисаи қатли тоҷик дар Русия дар соли 2012 аст. Дар соли 2011 аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади 818 шаҳрванди Тоҷикистон интиқол дода шуд, ки бахше аз онҳо аз дасти гурӯҳҳои нажодпарасти рус кушта шудаанд.

Ҷаҳон соли 2012-ро бо умед ва ҳарос пешвоз гирифт

Мардум дар саросари ҷаҳон аз соли нави 2012 бо оташбозӣ, намоишҳои идона, рақсу суруд ва садои зангӯлаҳо истиқбол карданд. Дар шаҳри Ню Йорк садҳо ҳазор нафар дар Тайм Сквер ҷамъ омаданд, то фуруди тӯби булӯриро дар нимашаб тамошо кунанд. Овозхони машҳур Леди Гага дар паҳлуи шаҳрдори Ню Йорк Майкл Блумберг низ дар сафи ҷамъомадагон буд.

Баъд аз соли заминларзаи харобиовар ва тснумаӣ дар Ҷопон, тӯфони иқтисодӣ дар Аврупо ва ҷойҳои дигар, нооромиҳои “Баҳори араб” ва авҷи тазоҳуроту ҳақталошиҳо дар аввалин сонияҳои соли нав сарони ҷаҳон аз умед ва ҳамзамон ошуфтагӣ паём доданд

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама гуфт, 2011 соли мушкилоти бузург ва пешрафти бузург барои Амрико буд. Вай афзуд, умедвор аст, ки иқтисодиёти Иёлоти Муттаҳида дар соли 2012 рӯ ба рушд хоҳад дошт, вале ҳушдор дод, ки мушкилот дар дохили Амнрико ва саҳнаи ҷаҳонӣ афзоиш меёбад. Сарони Аврупо дар паёмҳои солинавии хеш огоҳ карданд, ки бӯҳрони молиявӣ ҳанӯз ба поён нарасидааст ва 2012 мумкин аст, аз соли гузашта ҳам сангинтар шавад.

Раисиҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ гуфт, Аврупо дар авҷи бӯҳроне, ки аз замони Ҷанги Ҷаҳонии дувум дида нашудааст, дар байни хатар ва имкониятҳо хоҳад калавид.

“Мо бояд ҷасур ва рӯшандил бошем. Соли 2012 як соли пур аз хатар, аммо ҳамчунон пур аз имконият хоҳад буд. Пур аз умед, агар тавонем ба мушкилот расидагӣ кунем. Пур аз хатар, агар ором нишинем.”

Сарони кишварҳои дигари Аврупо низ эътироф карданд, ки соли сахтеро дар пеши рӯ доранд. Раҳбари калисои румии католик Поп Бенедикт гуфт, башарро дар соли нав идроки тарс, вале инчунин умеди ояндаи беҳтар интизор аст.

Дабир кулли Созмони Милал Бан Ки-мун, ки давраи дувум ва ниҳоии корашро шурӯъ мекунад, гуфт, умедвора аст, ҷаҳонро ба сӯи демкоратия ва адолат раҳнамоӣ хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими истиқлолияти кишвараш, солорӣ ва шукрона даъват намуд.

Эрон таҳримҳои нави Амрикоро беаҳамият номид

Раиси Утоқи Тиҷорати Эрон имрӯз таҳримҳои нави Иёлоти Муттаҳидаро зидди Теҳрон беаҳамият унвон кард. Матбуоти Эрон ба нақл аз Муҳаммади Наҳовандиён таҳримҳои нави иқтисодии зидди Эронро “бесамар ва беадолатона” номид. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама қонуни наверо ба имзо расонд, ки банки марказӣ ва бахши молиявии Эронро ҳадафи таҳрим қарор медиҳад. Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар пайванд бо барномаи ҳастаии Эрон чаҳор бастаи таҳримҳоро ҷорӣ карда, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо низ таҳримҳои худро эълом доштаанд.

Таҳримҳои нави Иёлоти Муттаҳида зидди Эрон

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама қонуни наверо ба имзо расонд, ки банки марказӣ ва бахши молиявии Эронро ҳадафи таҳрим қарор медиҳад. Мақсад муҷозоти Теҳрон барои барномаи баҳсбарангези ҳастаии он аст, ки 662 миллиард доллар харҷи буҷаро дар назар дорад. Таҳримҳо аз ширкатҳои хориҷӣ талаб мекунанд, миёни ҳамкорӣ бо бахшҳои нафт ва молияи Эрон ва бахши молияи Иёлоти Муттаҳида якеро интихоб кунанд. Банкҳои марказии хориҷӣ, ки бо бахши нафт ва бонки марказии Эрон додугирифт мекунанд, низ ҳадафи таҳри қарор хоҳанд ёфт. Дар изҳороти Обама гуфта мешавад, қонун ҳамчунин метавонад, муносибати Амрико бо ҳукуматҳои хориҷиро дар ин замина низ маҳдуд намояд.

Эрон дар наздикии Ҳурмуз мушаки нави худро озмоиш кард

Эрон мегӯяд, дар ҷараёни машқҳои ҳарбӣ дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз мушаки миёнабурди замин-ба-ҳавои худро комёбона озмоиш кардааст. Хабаргузории расмии ИРНА ба нақл аз сухангӯи тамринҳо Маҳмуди Мӯсавӣ гуфтааст, Эрон нахустин бор мушакеро озмуд, ки ба таври комил дар худи кишвар тарроҳӣ ва сохта шудааст. Озмуни мушак ва машқҳои ҳарбӣ дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки қудратҳои Ғарб фишор ба Эронро дар робита ба барномаи ҳастаияш афзоиш медиҳанд. Мақомоти Эрон борҳо таҳдид кардаанд, ки дар ҳоли эълони таҳримҳои нав гузаргоҳи муҳими нафтро хоҳанд баст.

Заминларзаи сахт Ҷопонро такон дод

Заминларзаи сахт субҳи имрӯз ҷазираи ҷанубушарқии Ҷопонро такон дод. Марказҳои ҷаҳонии зилзилашиносӣ нерӯи онро наздики 7 дараҷаи ҷадвали Рихтер медонанд. Аз вайронӣ ва талафот хабар нарасидааст. Бунгоҳи ҳавошиносии Ҷопон мегӯяд, зилзила сабаби тсунамӣ низ нашудааст. Бар асари заминларзаи моҳи марти соли гузашта дар шимолушарқи Ҷопон наздик ба 20 000 нафар кушта ва бенишон шудаанд.

Дар қисматҳое аз Нигерия вазъи фавқулода эълон шуд

Раисиҷумҳури Нигерия Гудлак Ҷонатан дар бахше аз кишвари худ пас аз силсилаи бомбгузориҳо вазъи фавқулода эълон кард. Гурӯҳи исломии “Боко Ҳаром” масъули ин таркишҳо дониста мешавад. Ҷонатан дастур дод, марзҳои байнулмилалии минтақаи мазкур баста шавад. Вазъи изтирорӣ ҳамчунин вилояти Борноро дар бар мегирад, ки аз марказҳои исмогароёни тундрав ба шумор меравад. Дар бомбгузориҳои рӯзи мавлуди Масеҳ дар назди калисоҳо зиёда аз 40 нафар кушта шуданд ва гурӯҳи “Боко Ҳаром” масъулияти таркишҳоро ба зимма гирифт.

Путин: Тазоҳурот як пардохти ҳатмии демократия аст

Сарвазири Русия, Владимир Путин гуфт, тазоҳуроти зидди ҳокимияти ӯ дар кишвараш аҷобате надорад. Дар паёми телевизионияш дар остонаи соли нав Путин ин намоишҳоро “нархи гурезнопазири демократия” номид. Қаблан, сарвазири Русия, ки дар соли нав қарор аст, аз нав ба курсии президентии ин кишвар биншинад, тазоҳургаронро ба боди тамасхур мегирифт ва мегуфт, онҳо пешво ва барномаи мушаххасе надоранд. Норозиён гуфтаанд, намоишҳои эътирозии худро дар моли оянда идома хоҳанд дод. Онҳо мегӯянд, дар интихоботи порлумонӣ тақаллуб ва хилофкорӣ рӯй додааст.

Бан Ки-мун "нақшаи панҷсолааш"-ро эълом дошт

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун мегӯяд, дар давраи дувуми панҷсолаи ӯ дар ин мақом талош хоҳад кард, ба пойдории ҷунбиши “Баҳори араб” ва барои ҷавонону занон дар саросари ҷаҳон кӯмак кунад. Вай, ки даври дувум ва ниҳоии кораш рӯзи 1-уми январ оғоз меёбад, гуфт, ҳамчунин мехоҳад ба навмедии фарқи афзояндаи байни бойҳо ва камбағалҳо, ки дар ҷунбиши “Ишғол” расидагӣ намояд. “Ин пайте барои тағйирҳои таърихист, ки мо бояд бипазирем ва кӯмак кунем,” гуфт ӯ дар Ню Йорк. Бан дар маҷмаи умумии СМ дар моҳи июн якдилона Дабири кулли ин созмон интихоб шудааст.

Иттиҳоди Аврупо омодаи гуфтушуниди бе пешшарт бо Теҳрон шуд

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, агар пешшарте нагузорад, омодааст, гуфтушуниди пурмӯҳтавоеро бо Теҳрон шурӯъ кунад. Сухангӯи сиёсати хориҷии иттиҳод Майкл Манн ин нуктаро дар посух ба изҳороти мақомоти Эрон баён дошт. Хабаргузории нимарасмии “Меҳр” ба нақл аз як намояндаи аршади Эрон навишт, музокиракунандаи умури ҳастаии Эрон Саиди Ҷалилӣ ба зудӣ бо номае ба Иттиҳоди Аврупо муроҷиат хоҳад кард, ки аз омодагии Теҳрон ба гуфтушунид бо қудратҳои ҷаҳонӣ паём хоҳад дод. Ин гуфтушунид дар авҷи ташаннуҷ байни Эрон ва Ғарб сари барномаи ҳастаии Теҳрон қатъ шудааст. Қудратҳои ғарбӣ Эронро ба кӯшиши сохтани силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд ва Теҳрон ин иттиҳомро рад менамояд.

Ёрии СММ дар таҳкими марзи Узбакистон ва Афғонистон

Раёсати СММ дар мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ба хадамоти гумрукӣ ва марзбонии Узбакистон дар вилояти Сурхондарё ба маблағи қариб 2 миллион доллар таҷҳизот тақдим кард. Дар расми тақдими ин таҷҳизот намояндаи раёсати СММ дар минтақа Осиф Маҷид ва сафири ИМА дар Узбакистон Ҷорҷ Кролл ширкат карданд. Зиёда аз 1,2 миллион доллари ин ёриро Иёлоти Муттаҳида пардохта, Созмони Милал мегӯяд, ҳадаф таҳкими марзи Узбакистон бо Афғонистон аст.

Наздик ба 5400 номзади интихоботи порлумонии Эрон

Вазорати кишвари Эрон мегӯяд, ҷамъан 5 395, аз ҷумла 428 зан ба ҳайси номзади интихоботи порлумонии 2-юми март номнавис шудаанд. Аммо барои сабти номи расмӣ онҳо нахуст бояд ризоияти Шӯрои нигаҳбон, ниҳоди иборат аз рӯҳониён ва ҳуқуқшиносонро ба даст оранд. Интихоботи моҳи март нахустин раъйдиҳӣ пас аз интихоботи баҳсбарангези перзидентии соли 2009 хоҳад шуд, ки дар он раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз эълон гашт ва шикояту эътирози ҳазорон нафар аз тақаллуб бераҳмона саркӯб гардид.

Бемори зукоми мурғ дар Чин даргузашт

Чин аз нахустин мавриди марги инсон аз сирояти зукоми мурғ дар 18 моҳи охир хабар дод. Пизишкон мегӯянд, як ронандаи автобус дар вилояти сераҳолии ҷанубии Шенжен аз ангал (вирус)-и H5N1 ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Ҳонг Конг, ки бо Шенжен ҳаммарз аст, охиран судури мурғи зиндаро аз бахши асосии Чин пас аз кашфи се мурғи сироятдида манъ кардааст. Зукоми мурғ аз инсон ба инсон ба осонӣ намегузарад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштӣ мегӯяд, аз оғози пайдоиши ин беморӣ дар соли 2003 ангали гузаранда аз инсон ба инсонро ба қайд нагирифтааст.

Вазири дифои Фаронса аз Тоҷикистон дидан мекунад

Вазири дифои Фаронса Жирар Лонге дар нахустин рӯзи соли 2012 ба Тоҷикистон як сафари кӯтоҳ анҷом хоҳад дод. Қарор аст, вай дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар фурудгоҳи Душанбе бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дидор ва гуфтушунид хоҳад кард. Лонге ҳамчунин бо сарбозу афсарони фаронсавӣ дар фурудгоҳи Душанбе, ки аз 300 нафар иборатанд, мулоқот хоҳад кард.

Таассуфи Туркия аз ҳалокати 35 шаҳрванди курди худ

Сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз ҳалокати 35 курдтабори кишвараш дар як ҳамлаи ҳавоӣ изҳори таассуф кард: “Сию панҷ шаҳрванд кушта шуд, як нафар захмӣ гашт. Мо воқеан мутаассифем. Таҳқиқи зарурӣ ҷараён дорад. Вазъ пас аз анҷоми таҳқиқ рӯшан хоҳад шуд.”

Эрдуғон зимни суханони худ ба рӯзноманигорон дар Истамбул ба аъзои хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки ҳазорон нафар дар расм дафни кушташудаҳо дар ҷанубу шарқи Туркия гирд омада буданд. Мақомоти расмӣ эътироф карданд, ки ин куштор иштибоҳан замоне рух додааст, ки низомиёни Туркия ба гуфтаи худ, рӯзи 29-уми декабр қочоқчиёни Ҳизби Коргари Курдистонро дар марз ба мушҳоида гирифтаанд.

Сафари солинавии вазири дифои Фаронса ба Афғонистон

Вазири дифои Фаронса Жирар Лонкйе вориди Афғонистон шуд, то ба сарбозони кишвараш дар таҷлил аз соли нави милодӣ кӯмак кунад. Ин сафар дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ду сарбози фаронсавӣ рӯзи панҷшанбе дар вилояти шарқии Каписо аз тарафи марде, ки либоси артиши Афғонистонро дошт, кушта шуданд. Аз оғози ирсоли нерӯҳои Фаронса ба Афғонистон дар соли 2001 78 сарбози ин кишвар ба ҳалокат расидаанд. Дар ҷараёни сафараш вазири дифои Фаронса қарор аст, бо мақомоти баландпояи Афғонистон ва эътилофи байнулмилалӣ мулоқот кунад.

Меркел: 2012 барои евро соли сангинтаре хоҳад шуд

Дар паёми солинавияш нахуствазири Олмон, Ангела Меркел аз пули евро дифоъ кард, вале гуфт, давлатҳои Аврупо бояд ҳамкориро ба хотири муваффақияти евро таҳким диҳанд. Меркел гуфт, дар 10 соли мавҷудияташ евро ба муштариён осонӣ ва ба иқтисодиёти Олмон нерӯ бахшид. Аммо бо ишора ба бӯҳрони қарз дар байни 17 кишвари минтақаи евро, Меркел афзуд, мумкин аст, соли 2012 назар ба соли 2011 сахту мушкилтар шавад.

Тантовӣ: Ҳамла ба фаъолон қатъ мешавад

Намояндагони Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, мақомоти Миср ризоият доданд, ки ҳамла ба гурӯҳҳои ғайридавлатии демократихоҳро қатъ кунанд. Ин созиш дар гуфтугӯи вазири дифои Амрико Леон Панетта, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Миср Анн Патерсон ва раҳбари Шӯрои низомии Миср, фелдмаршал Ҳусейн Тантовӣ ба даст омадааст. Гуфтугӯ баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки полиси Миср ба дафтари чанд созмони ғайриҳукуматӣ, аз ҷумла онҳое, ки аз Амрико таъмини молӣ мешаванд, ҳамла кард. Ҳукумати Миср солона аз Иёлоти Муттаҳида зиёда аз 1 миллиард доллар кӯмак ба даст меорад.

Дар соли 2011 зиёда аз 100 журналист кушта шудаанд

Федерасюни Байнулмилалии Журналистон мегӯяд, дар соли 2011 зиёда аз 100 журналист ва корманди расонаҳои ҳамагонӣ кушта шудаанд, ки назар ба соли 2010 бештар аст. Ба иттилои ин гурӯҳ бештарин мавриди хушунати зидди хабарнигорон дар Покистон, Ироқ ва Мексик рӯй додааст. Танҳо 20 нафар бар асари тасодуф ё офатҳои табиӣ ба ҳалокат расидаанд. Федерасюни Байнулмилалии Журналистон мегӯяд, аз 600 ҳазор корманди васоити ахбори умум дар 100 давлат намояндагӣ мекунад.

Мавриди нави сирояти зукоми мурғ ба инсон дар Чин

Чин аз нахустин мавриди сирояти зукоми мурғ ба инсон дар 18 моҳи охир хабар дод. Пизишкон мегӯянд, як ронандаи автобус дар вилояти сераҳолии ҷанубии Шенжен аз ангал (вирус)-и H5N1 ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Ҳонг Конг, ки бо Шенжен ҳаммарз аст, охиран судури мурғи зиндаро аз бахши асосии Чин манъ кардааст. Зукоми мурғ аз инсон ба инсон ба осонӣ намегузарад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштӣ мегӯяд, аз оғози пайдоиши ин беморӣ дар соли 2003 ангали гузаранда аз инсон ба инсонро ба қайд нагирифтааст.

Эрон дар Ҳурмуз мушаки дурбурдро озмоиш медиҳад

Нируҳои дарёии Эрон мегӯянд, ки рӯзи шанбе дар гулӯгоҳи Ҳурмуз мушакҳои дурпарвози худро озмоиш медиҳанд. Хабаргузории ISNA-и Эрон аз қавли Маҳмуд Мусавӣ-сухангӯи нируҳои дарёӣ гуфтааст, “мушакҳои дурбурду кӯтоҳбурд, мушакҳои замин ба об, замин ба замин ва замин ба ҳаво озмоиш дода мешаванд”. Нируҳои дарёии Эрон аз оғози ҳафтаи ҷорӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз машқҳои низомии худро идома медиҳанд.

Дар инфиҷори бами роҳ 4 афғон кушта шуд

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи инфиҷори бами сари роҳ дар вилояти Урузгон 4 нафар кушта шудаанд. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли Гулобхон-раиси бахши таҳқиқи ҷиноятҳо дар ин вилоят мегӯяд, ин ҷиноят кори дасти Толибон аст. Ба гуфтаи Гулобхон, дар ин инфиҷор як нафари дигар сахт ҷароҳат бардоштааст. Ҳамчунин нируҳои НАТО мегӯянд, як нафар аз нируҳои эътилофи байналмиллалии кӯмаки амниятӣ низ дар инфиҷори дигаре ба қатл расидааст.

Моҷарои Андаракро ҷавонони сархуш оғоз кардаанд

Дар деҳаи Андараки ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон задурхӯрде миёни қирғизону тоҷикони ин деҳа рух додааст. Рустам як сокини маҳаллии Андарак ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт:

“Се нафар бачаҳои ҷавон дар ҳолати мастӣ аз ду тараф бо якдигар “ҷанг” мекунанд. Баъд аз ин, ҷониби қирғиз тарафдорони хуудашонро даъват мекунанд. Сипас тоҷикон ҷамъ мешаванд ва ҳамин хел дутарафа одам бисёр ҷамъ шуд ва ба моҷарои калон омада расид”.

Мақомот таҳқиқи қазияро оғоз намуданд. Бино ба хабари баъзе манобеъ тахминан як ҳазор тоҷик ва 500 қирғизи маҳаллӣ ҳангоми моҷаро ҷамъ шудаанд. Дар натиҷа ду манзил сӯхта, ду дукон, як мошин, як нонвойхона ва ду амбор осеб дидааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG