Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

30 ҳушдори Эрон ба киштиву ҳавопаймоҳои хориҷӣ

Мақомоти Эрон мегӯянд, ҳавопаймоҳо ва киштиҳҳои хориҷиро даҳҳо бор аз вуруд ба қаламрави атрофи гулӯгоҳи стротегии Ҳурмуз – маҳалли баргузории машқҳои панҷрӯзаи низомии Эрон - ҳушдор додаанд. Дарёбон Амир Растагорӣ – сухангӯи нирӯҳои баҳрии Эрон – гуфт, ҳавопаймоҳову киштиҳои ҷангии хориҷӣ дар 30 маврид баъд аз вуруд ба маҳалли машқ ҳушдор гирифтаанд. Растагорӣ «нирӯҳои хориҷӣ»-ро ба ҷамъоварии маълумот дар бораи тавонмандиҳои артиш ва нирӯҳои баҳрии Эрон айбдор кард. Машқи панҷрӯзае, ки Эрон ҳар сол доир мекунад, рӯзи чоршанбе ба поён мерасад. Мақомоти Эрон таҳдид кардаанд, ки дар сурати ҳамла ба ин кишвар гулӯгоҳи Ҳурмуз – масири муҳими содироти ҷаҳонии нафтро хоҳанд баст.

Истиқболи Кобул аз раҳоии 8 толиб дар Покистон

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон аз раҳоии 8 маҳбуси толиб аз зиндонҳои Покистон истиқбол кард. Исмоил Қосимёр, мушовири бахши равобити байналмилалии ин Шӯро раҳоии ин афродро “гоми амалӣ дар роҳи дуруст” номид. Яке аз 8 нафаре, ки Исломобод рӯзи 31 декабр бо дархости Кобул раҳо кард, вазири собиқи адлияи Толибон Нуриддин Тӯробист. Мақомоти Кобул умедворанд, ки толибҳои раҳошуда барои овардани ҷангиён ба пушти мизи музокирот кумак хоҳанд кард.

Ҷаҳон вориди соли нави 2013 шуд

Ҷаҳон бо оташбозиву ҷашнгирӣ дар кӯчаву хиёбонҳо вориди соли нави мелодии 2013 шуд. Дар Ню-Йорк оташбозӣ дар Тайм-Скверро ҳазорон сокини шаҳр ва сайёҳон тамошо карданд. Лаҳзаи таҳвили сол дар соати бурҷи Биг Бен дар Лондон ва ҷашни солинавӣ дар майдони Сурхи Маскав низ издиҳомҳои бузургро гирди ҳам овард. Таркиши оташакҳои солинавӣ дар байни издиҳоми бузург дар Филлиппин як кӯдаки чорсоларо кушта ва беш аз 400 танро захмӣ ба ҷо гузошт.

Қатли 7 корманди имдодӣ дар Покистон

Афроди мусаллаҳ дар як шабехун дар ноҳияи Свабии вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон 6 корманди имдодии зан ва як табиби мардро куштаанд. Пулис мегӯяд, мошини онҳо дар роҳи бозгашт аз як маркази кӯдакони таҳти идораи созмони хайрияи покистонии “Уҷала” ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Ронандаи мошин ҳам дар ин ҳамла сахт захмӣ шудааст. Ҳадафи ҳамлаи Свабӣ, воқеъ дар ҳудуди 75-километрии шимолуғарби пойтахт Исломобод рӯшан нест. Моҳи гузашта силоҳбадастон дар силсилаи ҳамлаҳо 9 корманди тиббиро, ки дар маъракаи миллии эмкунӣ аз фалаҷи кӯдак кор мекарданд, куштанд.

Сурхакон иллати марги 306 тифли покистонӣ шудааст

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, бемории сурхакон дар соли 2012 дар Покистон иллати марги 306 кӯдак шуд. Сухангӯи ин созмон Марям Юнус дар Карочӣ гуфт, ин дар муқоиса бо 64 тифле, ки дар соли қаблӣ аз ин маризӣ фавтиданд, ба маротиб бештар аст. Созмони ҷаҳонии беҳдошт иллати афзоиши бакарати мавридҳои ҳалокати атфол аз сурхаконро нагуфтааст, вале як мақоми маҳаллӣ гуфт, иллат ин аст, ки хонаводаҳои фақир кӯдакони худро эм намекунанд. Бисёри покистониҳо, бахусус дар манотиқи рустоӣ маъракаҳои эмкуниро тавтиъаи Ғарб ба хотири безурёт кардани мусалмонон мегуморанд. Моҳи декабр 9 ходими тиббӣ, ки покистониҳоро аз бемории фалаҷи кӯдак эм мекарданд, аз сӯи ҷангиёни мухолифи ин маърака кушта шуданд.

Овечкин бо Кириленко издивоҷ хоҳад кард

Александр Овечкин
Ситораи маъруфи НХЛ Александр Овечкин ва теннисбози маъруфи рус Мария Кириленко мехоҳанд бо ҳам издивоҷ кунанд. Овечкин ин хабарро рӯзи 31 декабр дар Твиттер ҳамроҳ бо як акси муштараки яхбозии ин ҷуфт нашр кардааст. Овечкини 27-сола бозигари “Washington Capitols” аст, вале феълан ба далели корпартоӣ дар НХЛ дар “Динамо”-и Маскав бозӣ мекунад. Кириленкои 25-сола дар раддабандии тенниси занонаи дунё дар мақоми 12-ум қарор дорад.

Даъвати Ким Чен Ун ба рафъи ихтилофот бо Сеул

Кин Чен Ун
Раҳбари Кореяи шимолӣ Кин Чен Ун дар паёми солинавиаш хостори “аз байн бурдани мухолифатҳо байни Кояҳои шимоливу ҷанубӣ” шуд. Аммо ӯ дар паёмаш дар бораи рушди силоҳҳои муосиртар низ сӯҳбат кардааст. Охирин мушаки Кореяи шимолӣ моҳи декабр партоб шуд. Пхенян мегӯяд, партоби ин мушак сирф ба хотири ба мадор баровардани моҳворааш буд. Аммо Сеулу Вошингтон ва пойтахтҳои дигар онро озмоиши мушакҳои раҳбурдии ин кишвари коммунистӣ мешуморанд. Партоби мушак танишҳо дар нимқораи Кореяро афзоиш дод. Ким Чен Ун дар паёмаш ба “инқилоб”-и илмиву фанноварӣ ва бунёди боғҳои фароғатии бештар ҳам даъват кардааст. Ин нахустин паёми солинавии раҳбари Кореяи шимолӣ дар 19 соли охир буд.

Домоди Чавес мегӯяд, вазъи ӯ "собит" аст

Ҳуго Чавес
Домоди раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес гуфт, вазъи ӯ дар бемористони Куба мӯътадил аст. Хорхе Арреаза, ки бо духтари Чавес Роза Виргиния издивоҷ кардааст, аз мардум хост, ба “овозаҳои бадниятон” бовар накунанд. Арреаза аз Куба дар Твиттер навишт, ки Чавес дирӯз бо духтаронаш рӯзи ороме дошт. Ноиби раисиҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро рӯзи якшанбе гуфт, Чавес баъд аз ҷарроҳии рӯзи 11 декабри саратонаш ба “мушкилоти нав” печидааст. Ин ҷарроҳии чоруми саратони Чавес дар 18 моҳи охир буд. Чавес аз замони ин ҷарроҳии охиринаш дар Куба дар мазҳари ом зоҳир нашудааст ва ин мояи нигарониҳое шуда, ки ӯ шояд рӯзи 10 январ дар расми адои савганди давраи нави шашсолаи раёсатҷумҳуриаш ширкат карда натавонад.

Президенти Радиои Озодӣ ба истеъфо меравад

Стивен Корн, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ баъди камтар аз ду соли раҳбарӣ бар ин муассиса эълон кард, ки аз 25 январ ба истеъфо меравад. Корн, ки дар талошҳои ислоҳоти сохтории радио ба бархе мухолифатҳо дучор шуд, масоили хонаводагиро далели асосии рафтанаш аз мақом номидааст. Стивен Корн дар номаи истеъфояш бо тавсиф аз кори хабарнигорони Радиои Озодӣ ба идомаи навсозии он ба манзури расидагӣ ба чолишҳои бозори дар ҳоли тағйири матбуоти ҷаҳонӣ даъват кардааст. Корн аз тобистони соли 2011 раҳбарии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ба дӯш дошт. Ҷойгузини ӯ ҳанӯз эълон нашудааст. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ муассисаи ғайритиҷориест, ки аз сӯи Амрико таъмини молӣ мешавад ва ба 28 забон, аз ҷумла ба тоҷикӣ, барнома пахш мекунад.

Даъвати Обама аз Маҷлиси намояндагон

Раисиҷумҳури Амрико аз Маҷлиси намояндагони Конгресс даъват кард, то дар пайи Сенат тавофуқ дар масъалаи “шикофи молиётӣ”-ро тасвиб кунад. Обама гуфт, “ҳарчанд на демократҳо ва на ҷумҳурихоҳон ҳамаи он чиро ки мехостанд, ноил нашуданд, ин тавофуқ барои кишвари мо як чизи дурустест.” Сенати Амрико қонунеро, ки пешгирӣ аз авоқиби афзоиши молиёт ва коҳиши масрафот дар сурати пеш омадани “шикофи молиётӣ”-ро ба ҳадаф дорад, шаби Соли нав тасвиб кард. Аз ин тарҳ дар райъгирии шаби Соли нав 89 вакил ҳимоят карда, танҳо 8 сенатор ба он райъи мухолиф додаанд. Раъйгирии вакилони Маҷлиси намояндагони Конгресс дар ин масъала, қарор аст, рӯзи чоршанбе доир шавад. Дирӯз Кохи Сафед бо вакилони ҷумҳурихоҳи Конгресс тавофуқ карданд, ки замони барномаи коҳиши молиёти бозмонда аз замони Ҷорҷ Буши хурдӣ барои хонаводаҳои даромадашон камтар аз 450 000 долларро тамдид карда, тарҳи коҳиши хароҷоти низомӣ ва барномаҳои дохилӣ ба маблағи 24 миллиард долларро то ду моҳи дигар ақиб андозанд. Ин муомила ба ҳарду ҷониб то оғози даври нави баҳсҳо рӯи роҳҳои коҳиши хароҷот ва афзоиши даромади давлат ба манзури рафъи касри будҷа имкони танаффус медиҳад.

Қонуни зидди "шикофи молиёт" тасвиб шуд

Сенати Амрико қонунеро тасвиб кард, ки пешгирӣ аз авоқиби афзоиши молиёт ва коҳиши масрафот дар сурати пеш омадани “шикофи молиётӣ”-ро ба ҳадаф дорад. Аз ин тарҳ дар райъгирии шаби Соли нав 89 вакил ҳимоят карда, танҳо 8 сенатор ба он райъи мухолиф додаанд. Раъйгирии вакилони Маҷлиси намояндагони Конгресс дар ин масъала, қарор аст, рӯзи чоршанбе доир шавад. Дирӯз Кохи Сафед бо вакилони ҷумҳурихоҳи Конгресс тавофуқ карданд, ки замони барномаи коҳиши молиёти бозмонда аз замони Ҷорҷ Буши хурдӣ барои хонаводаҳои даромадашон камтар аз 450 000 долларро тамдид карда, тарҳи коҳиши хароҷоти низомӣ ва барномаҳои дохилӣ ба маблағи 24 миллиард долларро то ду моҳи дигар ақиб андозанд. Ин муомила ба ҳарду ҷониб то оғози даври нави баҳсҳо рӯи роҳҳои коҳиши хароҷот ва афзоиши даромади давлат ба манзури рафъи касри будҷа имкони танаффус медиҳад.

Тошканд интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ кардааст

Узбакистон аз соати 6 шоми 31 декабр интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кардааст. Намояндаи ширкати «Узтрансгаз» бидуни бурдани ном гуфтааст, интиқоли газ ба кишвари ҳамсоя ҳанӯз 12 соат қабл аз поёни қарордод қатъ карда шуд. Аммо ӯ эътироф кардааст, ки Тоҷикистон дар соли 2012 ба ҷои 155 миллион метри мукааби тавофуқшуда аз Узбакистон ҳамагӣ 132 миллион метри мукааб газ гирифтааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, феълан музокироти қарордоди нав байни Душанбеву Тошканд идома дорад, вале ҳанӯз дар сатҳи танҳо мукотиба. Қаблан вазири энержии Тоҷикистон Шералӣ Гул гуфта буд, ки Тошканд интиқоли газашро алакай аз 26 декабр қатъ хоҳад кард. Тоҷикистон гази Узбакистонро асосан барои таъмини фаъолияти ду корхонаи саноатиаш – ТАЛКО ва «Тоҷиксемент» масраф мекунад.

Нерӯҳои афғон ба қабули масъулиятҳои нав омода мешаванд

Ҳукумати Афғонистон мегуяд, марҳилаи ояндаи ба ихтиёри нерӯҳои афғон супурдани масъулияти таъмини амният то ду моҳи дигар шурӯъ хоҳад шуд. Баъди аз нерӯҳои НАТО гирифтани ин масъулиятҳо, нерӯҳои Афғонистон 87 дар сади масъулиятҳои таъмини амнияти кишварро бар ӯҳда хоҳанд дошт. Бо тарки тадриҷии нерӯҳои хориҷӣ ба раҳбарии НАТО аз Афғонистон, артиши 330 ҳазор нафарии ин кишвар масъулиятҳои бештари амниятӣ, аз ҷумла амалиётҳои ҷангиро бар ӯҳда мегирад. Дар марҳилаи нави таҳвили масъулиятҳо, нерӯҳои афғон, назорати 12 вилоят, бахусус дар марказ ва шимоли Афғонистон ва аз ҷумла вилояти ноороми Ҳилмандро бар дӯш хоҳанд гирифт.

Талоши вакилони амрикоӣ барои раҳоӣ аз "вартаи молӣ"

Вакилони мардумӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико камтар аз 18 соат фурсат доранд, то монеъи афтидани ин кишвар ба “вартаи молӣ” шаванд. Дар сурати ҳосил нашудани созиши нав дар мавриди буҷаи соли оянда ва ҳаҷми нави молиёт дар Амрико, ҳукумати Амрико бояд сар аз якуми январ аз ҳисоби афзоиши молиёт ва сарфаҷӯӣ, хароҷоти буҷаро 600 миллиард доллар кам кунад, ки ин ба гуфтаи иқтисоддонон, сабаби рукуди иқтисод хоҳад шуд. Пешбинӣ мешавад, ки афзоиши молиёти мардуми Амрико, қудрати харидории онҳоро кам мекунад ва ба иқтисоди кишвар осеб мерасонад. Раҳбарони сенат ва конгресс палатаҳои болоӣ ва поёнии порлумони Амрико рӯзи якшанбе сари ин масъала гуфтӯгу доштанд ва имрӯз дигарбора барои рафъи ихтилофи назарҳояшон ҷамъ меоянд. Сенатор аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Митч Макконел рӯзи якшанбе гуфт, ки музокирот дар бораи созиши нав хуб пеш намеравад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор додааст, ки ҳосил нашудани созиш метавонад, оқибатҳои манфӣ барои иқтисоди кишвараш дошта бошад.

Кашфи 3.5 тонна сиккаҳои қадимӣ дар Чин

Бостоншиносони Чин дар Минтақаи Худмухтори Муғулистони Дохилӣ дар ин кишвар севвуним тонна сиккаҳои даврони қадимро пайдо кардаанд. Лиан Ҷилин аз Пажӯҳишгоҳи Бостоншиносӣ ва Осори Фарҳангии Чин рӯзи якшанбе гуфт, сиккаҳои аҳди Сулолаҳи Ҳан дар солҳои 202 пеш аз милод ва соли 220 Милодиро дар маҳалли шаҳри бостонии Ҳуолучайденг пайдо кардаанд. Тангаҳои мазкур “ҳуокуан” ном дошта ва пули ҳамон замон будаанд. Шаҳри Ҳуолучейденг воқеъ дар шимоли Чин яке аз шаҳрҳои бузург дар аҳди сулолаи Ҳан будааст.

Cоли нав дар чанд гӯшаи ҷаҳон фаро расид

Соли нави 2013 дар чанде аз кишварҳои дунё фаро расид. Сокинони Кирибати, Ҷазираи Кристмас ва Самоа ҳоло ин ҷашнро таҷлил мекунанд. Соли нав дар инҷо соати 2 ба вақти Душанбе фаро расид. Мардуми дигар гӯшаҳои ҷаҳон барои таҷлил аз соли нави милодӣ омода мешаванд. Дар шаҳри Сиднейи Австралия, сокинони ин шаҳр ва саёҳон барои тамошои бузургтарин оташбозӣ ( фейерверк) дар ҷаҳон аз ҳоло ҷой мегиранд. Аммо имсол дар шаҳри Пекин, Дубай, Маскав ва Рио де Жанейро, Ню Йорк ва дигар шаҳрҳои бузург низ чунин оташбозӣ ва консертҳои бузург пешбинӣ шудааст. Аммо ба мардуми Мянмар, ки даҳсолаҳо аз таҷлили соли нав дар пойтахт шаҳри Рангун маҳрум буданд, имсол муяссар хоҳад шуд, ки ба ин шаҳр биёянд ва ин ҷашнро таҷлил кунанд. Мақомоти расмӣ ваъда додаанд, ки дар Рангун маросими идона ва оташбозиҳо баргузор мекунанд. Дар Душанбе дар майдони дӯстӣ маросими идона соати 8 шурӯъ шуда ва то соати 10 идома мекунад. Дар ин консерти идона, 30 сарояндаи шинохтаи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Оташбозии панҷдақиқаӣ ҳам хоҳад буд.

Дар бомбгузориҳои Ироқ 10 нафар кушта шуданд

Дар ҳамлаву бомбгузориҳо дар гӯшаҳои мухталифи Ироқ дасти кам 10 нафар кушта шуданд. Аз ҷумла 7 аъзои як хонавода дар шаҳри Мусаяб воқеъ дар ҷануби Бағдод бар асари таркиши бомбе ҷон доданд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Ироқ зоҳиран ин хонаводаро ба хотири шиъа буданашон куштаанд. Бомбгузориҳои маргбор дар шаҳрҳои Ҳилла ва Киркук низ ба вуқӯъ пайваст. То кунун касе масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш нагирифтааст.

Талафоти яксола ва азими артиши Афғонистон

Мақомоти расмӣ мегӯянд, соли 2012 артиши Афғонистон бештар аз 1000 сарбози худро талаф додааст, ки аз соли 2001, аз замони оғози амалиёти Амрико дар он кишвар мушоҳида нашуда буд. Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон, гуфт, ки тақрибан 75 дар сади сарбозони талафшуда ба мина ва ё бомбҳои канори роҳ бархӯрда ҷон додаанд. Қарор аст, то охири соли 2014 нерӯҳои НАТО аз Афғонистон хориҷ шаванд ва тамоми масъулиятҳои таъмини амниятро ба дӯши маъмурони амниятии афғон бигзоранд. Айни замон ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, артиши миллӣ 75 дар сади масъулиятҳои таъмини амниятро бар дӯши худ дорад ва нерӯҳои НАТО соли 2013 масъулиятҳои боқимондаро ба дӯши онҳо бисупоранд.

Ҷопон аз нерӯгоҳҳои атомӣ даст намекашад

Ду рӯз баъд аз боздид аз маҳалли фалокат дар нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима, Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон гуфт, ки иҷоза хоҳад дод, дар кишвараш нерӯгоҳҳои атомии нав бисозанд. Шинзо Абе гуфт, қарори ҳукумати пешинаи Ҷопонро беэътибор хоҳад кард, ки қасд дошт, пойбандии ин кишвар ба нерӯгоҳҳои барқи атомиро коҳиш дода ва аз ҷумла 50 реактори атомиро хомӯш кунад. Ҳукумати пешинаи Ҷопон баъди он чунин қарор қабул кард, ки заминларзаи сахт ва сунамии вайронгар, сабаби таркиш дар нерӯгоҳи атомии Фукушима шуд ва ихроҷи маводи атомӣ аз он манотиқи атрофро олуда кард. Ҳоло дар ин маҳалҳо касе зиндагӣ намекунад. Шинзо Абе гуфт, реакторҳои нав “комилан дигар хоҳанд буд” ва бо ризоияти мардуми Ҷопон сохта хоҳанд шуд.

Ҳилларӣ Клинтонро дигарбора ба шифохона бурданд

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрикоро, ки чанде пеш бемор шуда буд, дигарбора барои муолиҷа ба бемористон бурдаанд. Ба гуфтаи табибон, баъди муоинаи хонум Клинтон, нишонаҳои лахтшавии хун дар баданаш ошкор шудааст ва Ҳилларӣ Клинтон бояд барои 48 соати дигар дар шифохона бимонад. Баъди ин табибон хоҳанд гуфт, ӯ ба муолиҷаи иловагӣ ниёз дорад ё не? Ҳилларӣ Клинтон аввали ҳамин моҳ баъди бемории меъдаву рӯда аз ҳуш рафт ва зимни афтидан сараш осеб дид. Филип Рейнз, сухангӯи хонум Клинтон гуфт, ки вазири 65-солаи умури хориҷии Амрико доруҳои зидди лахтшавии хун мегирад.

Амрико ба "вартаи молӣ" наздиктар мешавад

Вакилони мардумӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико камтар аз 24 соат фурсат доранд, то монеъи афтидани ин кишвар ба “вартаи молӣ” шаванд. Дар сурати ҳосил нашудани созиш дар мавриди буҷаи соли оянда ва ҳаҷми нави молиёт, ҳукумати Амрико сар аз якуми январ бояд аз ҳисоби афзоиши молиёт ва сарфаҷӯӣ, хароҷоти буҷаро 600 миллиард доллар кам кунад, ки ин ба гуфтаи иқтисоддонон, сабаби рукуди иқтисод хоҳад шуд. Раҳбарони сенат ва конгресс палатаҳои болоӣ ва поёнии порлумони Амрико имрӯз дигарбора ҷамъ омада ва барои рафъи ихтилофоти назар суҳбат хоҳанд кард. Мӯҳлати эътибори як санад аз аҳди Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури пешини Амрико, ки молиёт аз даромадро кам карда буд, ҳамин сол ба поён мерасад ва агар вакилони амрикоӣ дар бораи сарфаҷӯии тадриҷӣ аз буҷаи давлатӣ ба мувофиқа нарасанд, молиёт дигарбора боло меравад ва сарфаҷӯӣ ҳам бояд аз соли оянда шурӯъ шавад.

Омодагии мардуми ҷаҳон барои таҷлили соли нав

Мардуми саросари ҷаҳон барои таҷлил аз соли нави милодӣ омода мешаванд. Соли 2013 нахуст дар ҷазираҳои Кирибати, Самоа ва Австралия фаро мерасад ва соати 2 ба вақти Душанбе. Дар шаҳри Сидней, сокинони ин шаҳр ва сайёҳон барои тамошои бузургтарин оташбозӣ (фейерверк) дар ҷаҳон аз ҳоло ҷой мегиранд. Аммо имсол дар шаҳри Пекин, Дубай, Маскав ва Рио де Жаней ва дигар шаҳрҳои бузург низ чунин оташбозӣ ва консертҳои бузург пешбинӣ шудааст. Аммо ба мардуми Мянмар, ки даҳсолаҳо аз таҷлили соли нав дар пойтахт шаҳри Рангун маҳрум буданд, имсол муяссар хоҳад шуд, ки ба ин шаҳр биёянд ва ин ҷашнро таҷлил кунанд. Мақомоти расмӣ ваъда додаанд, ки дар Рангун маросими идона ва оташбозиҳо баргузор мекунанд. Дар Душанбе дар майдони дӯстӣ маросими идона соати 8 шурӯъ шуда ва то соати 10 идома мекунад. Дар ин консерти идона, 30 сарояндаи шинохтаи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Оташбозии панҷдақиқаӣ ҳам хоҳад буд.

Рақиби Меркел аз бартарии сиёсии вай шикоят кард

Пиер Штанбрук
Пиер Штанбрук-сиёсатмадори олмонӣ ва номзад ба мақоми нахуствазирии Олмон дар интихоботи ояндаи ин кишвар аз Ҳизби Сотсиал-Демократ изҳор дошт, ки рақиби вай Ангела Меркел ба хотири он ки зан аст, фоидаи сиёсӣ мебинад.

Штанбрук мегӯяд, Меркел бартарӣ дорад ва медонад, ки ба ҳимояти интихобкунандагони зан умед мебандад. Штанбрук дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Франкфуртер Алгемайне Цайтунг» гуфтааст, ки занон Меркелро шахси қотеъ мепиндоранд. Ғайр аз ин Штанбрук дар ин мусоҳиба шикоят кардааст, ки кори нахуствазирӣ хуб пардохт намешавад.

Ҳоло дастмузди якмоҳаи Меркел 24 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Аммо Штанбрук мегӯяд, ки вай дар давоми се соли ахир барои суханрониҳояш 600 000 доллар даромад ба даст овардааст.

Як нафари дигар баъд аз ҳодисаи Внуковои Маскав ҷон дод

Фоҷеаи ҳавопаймо дар Внуково
Татяна Пенкина-яке дигар аз хадамаи ҳавопаймое, ки дар фурудгоҳи Внуково ба фоҷеа дучор шуд, аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористони Маскав даргузашт. То ҳол 4 нафар дар ин ҳодиса ба ҳалокат расида буданд.

3 нафари дигар аз сарнишинони ин ҳавропаймо дар бемористон дар ҳолати вазнин зери назари табибон қарор доранд.

Кормандони ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд тормузҳои ҳавопаймо хуб кор накардааст ва халабонон натавонистаанд, онро дар масофаи зарурии хати нишст нигоҳ доранд.

Аз сӯи дигар, мақомоти расмии ширкати ҳавоии Русия сабтҳои парвози ҷаъбаи сисёҳи ҳавопаймои Туполев ТУ 204-ро таҳқиқ мекунанд. Ин ҳавопаймо рӯзи шанбе ҳангоми фуруд дар фурудгоҳи Внуково ба фоҷеа дучор шуд.

Дархости Ахзар Иброҳимӣ дар бораи наҷоти Сурия

Ахзар Иброҳимӣ
Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи вижаи кишварҳои Ҷомеаи Араб ва СММ барои Сурия аз маҳофили байналмиллалӣ хост, ки пешниҳодҳоро дар бораи хатми даргириҳои 21 моҳа дар Сурия қабул кунанд.

Иброҳимӣ мегӯяд, ин пешниҳодҳо бар асоси ибтикороти сулҳ таҳия шудааст ва моҳи июл дар Женева ба тасвиб расида буд, вале комёб нашуд.

Дар пешниҳодҳои нав оташбас, ташкили ҳукумати давраи гузор, ки сарнавишти Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурияро рӯшан накардааст оварда мешавад. Вале нуктаи ахирро мухолифони давлати Сурия қабул надоранд.

Бо вуҷуди ин Русия мегӯяд, ки “роҳи дигаре” вуҷуд надорад ва Башор Асад бояд истеъфо диҳад.

Иброҳимӣ рӯзи шанбе вазъ дар Сурияро хеле сангин арзёбӣ кард. То ҳол дар даргириҳои ин кишвар 44 000 нафар кушта шудаанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG