Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Президенти Чех дар даври дуюм муайян мешавад

Милош Земан-собиқ сарвазири Ҷумҳурии Чех ва Карел Шватсенберг-вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чех, ба даври дуюми аввалин интихоботи умумимардумии президенти Ҷумҳурии Чех роҳ ёфтанд. Дар интихоботи президентии Чехия нуҳ нафар талош доштанд. Дар даври аввал Земан бо тахминан 25% овозҳо дар ҷои аввал ва Карел Швартсенберг бо тахминан 22% овозҳо дар ҷои дуюм қарор гирифтаанд. Баъди ду ҳафта дар даври ниҳоии овоздиҳӣ яке аз онҳо президенти Чехия интихоб хоҳад шуд. Хабаргузориҳои чехӣ иттилоъ медиҳанд, ки аз байни тахминан 8 миллион шаҳрванди дорои ҳаққи овоздиҳӣ беш аз се ду ҳиссаи раъйдиҳандагон дар аввалин интихоботи умумимардумии президенти кишвар овоз доданд. Президенти кунунии Чехия Ватслав Клаус ду давра раисҷумҳури интихоб шуда, тибқи қонун дигар наметавонад барои курсии раёсатҷумҳурӣ талош варзад.

Даври аввали интихоботи президенти Чех хотима ёфт

Навбат дар яке аз ҳавзаҳои интихобии Чехия
Дар Ҷумҳурии Чех авалин даври интихоботи президентӣ ба поён расид. Хабаргузориҳои чехӣ иттилоъ медиҳанд, ки аз байни тахминан 8 миллион шаҳрванди дорои ҳаққи овоздиҳӣ беш аз се ду ҳиссаи раъйдиҳандагон дар аввалин интихоботи умумимардумии президенти кишвар овоз доданд. Президенти кунунии Чехия Ватслав Клаус ду давра раисҷумҳури интихоб шуда, тибқи қонун дигар наметавонад барои курсии раёсатҷумҳурӣ талош варзад. Дар арафаи интихобот пешбинӣ мешуд, ки дар даври аввал Ян Фишер ва Милош Земан дастболо хоҳанд шуда, ба даври ниҳоии овоздиҳӣ роҳ меёбанд.

Дар Малӣ низомии Фаронса кушта шуд

Жан-Ив Ле Дриан-вазири мудофиаи Фаронса
Вазири мудофиаи Фаронса Жан-Ив Ле Дриан мегӯяд, аснои бархӯрд бо ҷангҷӯёни исломӣ дар кишвари африқоии Малӣ як пилоти чархболи низомии Фаронса ба қатл расид. Ӯ тафсилоти бештар надод. Ба қавли Ле Дриан ҳавопаймоҳои Фаронса ҳамлаҳои ҳавоӣ болои мавқеъҳои нерӯҳои исломиён дар атрофи шаҳри Бамако-пойтахти Малиро идома медиҳанд. Ҳукумати Малӣ дар ин кишвар вазъи фавқулода эълон кардааст ва нерӯҳои ҳукумат бо садҳо сарбози фаронсавӣ бар зидди нерӯҳои исломии мустақар дар шимоли Малӣ қиём кардаанд. Тибқи гузоришҳои расида, исломиҳоро аз шаҳри Конна берун кардаанд.

Фаронса: Амалиёти раҳоии гаравгон ноком шуд

Вазорати мудофиаи Фаронса мегӯяд, дар як амалиёти нокоми низомӣ дар кишвари африқоии Сомалӣ ду сарбоз ва як гаравгони фаронсавӣ кушта шуданд. Амалиёти раҳоии гаравгон бо пуштибонии чархболҳо шаби шанбе ба якшанбе дар шаҳри Було Мерер аз ҳамла болои пойгоҳи ҷунбиши исломии Шабоб оғоз ёфт. Зоҳиран ҳадафи амалиёт раҳоии мушовири амниятии Фаронса Денис Алекс буд, ки соли 2009-ум дар Сомалӣ б асорат гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол гурӯҳи Шабоб куштори Алексро тасдиқ накарда, иброз доштааст, ки ӯ “зинда аст ва дар ҷои бархӯрд ҳузур надошт”. Ба қавли вазорати мудофиаи Фаронса дара малиёт 17 ҷангҷӯй кушта шудаанд.

Ҷавони тоҷик ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳояш тир хӯрд

Полиси Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо истифода аз силоҳи оташфишон маҷрӯҳ намуда, 4 тоҷики дигарро боздошт намудааст.
Хабаргузории Интерфакс бо такя ба иттилоъ аз сарраёсати полиси вилояти Маскав гузориш медиҳад, ки ҳангоми боздошти ронандаи як мошин сабукрав афсарони полис аз силоҳи оташфишон истифода бурда, як нафарро бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол додаанд.
Ба навиштаи ҳамин хабаргузорӣ субҳи барвақти 12-уми январ дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав мошини ВАЗ 21093 мошини полисро дида, кӯшиш кард аз он фирор намояд. Вале афсарони полис онро дарёб намуда, пеши роҳашро гирифтанд.
Ба қавли сарраёсати полиси вилояти Маскав дар дохили мошини сабукрав панҷ шаҳрванди Тоҷикистон будаанд, ки дар солҳои аз 1989 то соли 1994 ба дунё омадаанд. Афсарони полис иддао доранд, ки ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо яке аз боздоштшудагон бо корд ба онҳо муқовимат намуд ва афсарон ибтидо ба ҳаво тир холӣ намуда, сипас ӯро ҳадаф қарор додаанд. Ҳоло ин фарди маҷрӯҳ дар шифохона ва 4 шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар боздошт мебошанд. Полис таҳқиқи зарурати истифодаи силоҳ аз ҷониби афсари полисро оғоз намудааст.

Ҳомиди Карзай соли оянда ба истеъфо меравад

Ҳомиди Карзай ва Барак Обама дар нишасти матбуотии 11-уми январи соли 2013 (Вашингтон)
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай изҳор намуд, ки соли 2014-ум дар поёни давраи дуюми раёсатҷумҳуриаш ба истеъфо рафта, имкон медиҳад, дар Афғонистон президенти нав интихоб шавад. Рӯзи ҷумъа дар нишасти матбуотии муштарак бо президенти ИМА Барак Обама дар шаҳри Вашингтон Ҳомиди Карзай гуфт, бузургтарин дастоварди ӯ ташкили интихоботи хубу бидуни дахолат хоҳад буд, ки дар он мардуми афғон президенти нави ин кишварро интихоб кунанд. Ҳомиди Карзай дар соли 2002-ум баъди фурӯпошии ҳукумати Толибон сари қудрат омада, беш аз даҳ сол инҷониб бо пуштибонии ИМА Афғонистонро сарварӣ мекунад. Ӯ дар интихоботи президентии соли 2004-ум ва 2009-ум дастболо шудааст. Дар интихоботи соли 2009-ум айбномаҳои тақаллуб хеле зиёд буд.

ИМА хунрезӣ дар Покистонро маҳкум мекунад

ИМА хунрезиҳои мазҳабиву ҷудоиталабонаи Покистонро, ки рӯзи панҷшанбе ҳаёти беш аз 120 касро аз байн бурдаанд, маҳкум мекунад.
Дар шаҳри ҷанубу ғарбии Кветта бар асари таркиши ду бомба беш аз 90 кас аксаран мусулмонони шиамазҳаб ҳалок шуданд. Масъулияти ин таркишҳоро ҷангҷӯёни суннимазҳаб бар дӯш гирифтаанд.
Ду рӯз инҷониб 50 ҷасади шиаҳои кушташуда дар маркази шаҳри Кветта мебошанд ва наздикони онҳо бо тақозои таъмини амният аз дафни ин ҷасадҳо худдорӣ мекунанд. Ба қавли онҳо ҳукумати маҳаллӣ бояд ба истеъфо рафта, қудратро ба артиш супорад.
Сухангӯи департаменти давлатии ИМА Виктория Нуланд мегӯяд:
011210
Мо ба таври возеҳ ҳамроҳ бо мардуми Покистон ин амалҳои беэҳсосу ғайриинсониро шадидан маҳкум мекунем. Зиёда аз он мо аз хушунати тундгароён дар Покистон нигарон буда, содиқона бо ҳукумати Покистон дар муқобили террор ҳамкорӣ хоҳем кард. “
Рӯзи паншанбе дар таркиши дигар беш аз 30 нафар кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо ҷудоихоҳони балуҷ бар ӯҳда гирифтаанд.

Малӣ бар зидди исломиҳо амалиёт пеш мебарад

Дар шаҳри қадимии Тимбуктуи Малӣ исломиҳои ҳампаймони ал-Қоида мақбараҳои пирони тасаввуфро вайрон карданд.
Ҳукумати Малӣ, ки бо гурӯҳҳои исломии мустақар дар шимоли ин кишвар даст ба гиребон аст, дар саросари Малӣ вазъи фавқулода эълон кард. Дар ҳоле, ки ҳавопаймоҳои фаронсавӣ бомбаборони пойгоҳҳои исломиҳоро шурӯъ кардаанд, ҳукумати Фаронса ширкаташ дар ин амалиётро тасдиқ кард.
Тибқи гузоришҳо нерӯҳои Малӣ ва Фаронса муваффақ шудаанд, ки гурӯҳҳои исломии ҳампаймони созмони террористии ал-Қоидаро аз шаҳри марказии Конна дур кунанд.
Президенти муваққати Малӣ Дионкоунда Траоре тавассути телевизион гуфт, ошӯбгарон мехоҳанд як диктатураи асримиёнагӣ ҷорӣ кунанд. Ӯ афзуд:
Ҳукумати Малӣ дар саросари кишвар вазъи фавқулода ҷорӣ кард. Ҳар шаҳрванди Малӣ-зану мард, бояд худро сарбози ватан ҳисоб карда, мутобиқ ба он амал кунад.”
Дар моҳи марти соли 2012-ум қабилаҳои дунявии барбарӣ шимоли Малиро таҳти тасаррруф қарор доданд. Исломиҳо аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ташуббусро ба дасти худ гирифтанд. Ҳафтаи равон исломиҳо шаҳри Коннаро ишғол намуда буданд.

Амалиёти сарбозони Фаронса дар Сомалӣ

Назар ба гузориши афсарони амниятии Сомалӣ ва ошӯбгарони исломӣ нерӯҳои таъйиноти хоси Фаронса болои пойгоҳи ифротгароҳои исломӣ дар шаҳри Було Марери ин кишвар бо мақсади раҳоии як гаравгони хориҷӣ ҳамла карданд. Аҳмад Умар Муҳаммад муовини раиси минтақаи Шабел гуфт, ки субҳи шанбе чархболҳо пойгоҳи гурӯҳи исломии Шабобро мавриди оташ қарор доданд. Ба қавли Муҳаммад дар ин амалиёт ду фарди осоишта ҳалок шудаанд. Сухангӯи гурӯҳи исломии Шабоб Абдулазиз Абу Музаб иброз доштааст, ки дар ин амалиёт як сарбози фаронсавӣ кушта шуд, вале фаронсавиҳо натавонистанд, гаравгонро раҳо кунанд. То ҳол Фаронса дар бораи ин ҳодиса маълумот надодааст. Соли 2009-ум гурӯҳи исломии Шабоб як мушовири низомии Фаронсаро ба гарав гирифтааст.

Намоиши филмҳои Қирғизистон дар "Зебуннисо"

Аз 15 то 17 январ дар толори синамои “Зебуннисо”-и пойтахти Тоҷикистон Рӯзҳои филми Қирғизистон баргузор мешавад. Дар ин маърака, ки ба навиштаи хабаргузориии Tjinform, ба солгарди 20-уми истиқрори равобити дипломатӣ байни Душанбеву Бишкек бахшида шудааст, филмҳое, чун “Муаллими аввал”, “Бешкампир” ва “Кӯҳҳои сафед”, намоиш дода хоҳанд шуд. Рӯзи 17 январ бо консерти устодони саҳнаи тоҷику қирғиз дар толори театри операи Бишкек Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон оғоз хоҳанд ёфт.

Эътирози шиъаҳо дар Квейтаи Покистон

Шиъаҳо дар шаҳри Квейта дар ҷанубуғарби Покистон ба нишони эътироз аз дафни қурбониёни бомбгузориҳои 10 январ даст кашидаанд. Дар ду таркиш дар як толори билярдбозӣ дар маркази вилояти Балуҷистон беш аз 80 кас кушта шуд. Гурӯҳи ҷангии суннӣ – Лашкари ҷангӣ – масъулияти ҳамлаҳо алайҳи ақалияти шиъаро ба дӯш гирифт. Шиъаҳои Квейта рӯзи ҷумъа дастикам 30 ҷанозаи кафану тобутшударо дар кӯчаҳо гузоштанд ва гуфтанд, то замони ки давлат амниятро дар ин минтақа таҳким надиҳад, ин ҷанозаҳоро ба хок нахоҳанд супурд. Дар як ҳамлаи дигари рӯзи панҷшанбе алайҳи нирӯҳои амниятӣ дастикам 11 кас ҷон бохт. Масъулияти ин таркишро як гурӯҳи ҷудоиталаб ба ӯҳда гирифт. Дар Балуҷистон ба ёди қурбониҳо се рӯзи мотам эълон кардаанд.

Даъвати вазорати беҳдошт ба худдорӣ аз риштарошӣ

Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон аз сартарошҳо хостаанд, то ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши ВИЧ, вируси бемории қаттоли СПИД, аз тарошидани риши мизоҷон дигар даст бикашанд. Вазири беҳдошти Тоҷикистон Нуриддин Салимов гуфтааст, дар аксари сартарошхонаҳо теғҳои ришгириро ба таври бояд дезинфексия намекунанд. Ин даъват дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон гоҳу ногоҳ мардуми ришдор, бахусус ҷавонони ришгузоштаро таъқиб мекунанд. Шумори гирифторони ВИЧ дар Тоҷикистон беш аз 3500 нафар гуфта мешавад.

Оғози амалиёти нирӯҳои Фаронса дар Малӣ

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд
Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд гуфт, нирӯҳои Фаронса ба амалиётҳои низомӣ алайҳи исломиҳо дар шимоли кишвари африқоии Малӣ шурӯъ кардаанд. Ҳолланд рӯзи ҷумъа дар Порис гуфт, амалиёти муштарак “то замони лозим” давом хоҳад кард. Фаронса раҳбари талоши дипломатӣ ба хотири иқдоми байналмилалӣ дар Малӣ зидди тундравони исломиест, ки бархеаш ба Ал-Қоида рабт мегиранд. Ҷангиён соли 2012 аз се ду ҳиссаи Малиро ишғол карданд. Шӯрои Амнияти СММ моҳи декабр ба истиқрори нирӯҳои африқоӣ таҳти ҳимояти кишварҳои Аврупо дар Малӣ иҷозат дод. Давлати Малӣ дар ин ҳафта дар пайи пешрафти ҷангиён ба ҷануби кишвар аз Фаронса кумаки низомӣ хост.

Дидори Обама бо Карзай дар Кохи Сафед

Барак Обама ва Ҳомиди Карзай
Раисиҷумҳурони Амрикову Афғонистон Барак Обама ва Ҳомиди Карзай гуфтанд, маъмурияти низомии Амрико дар афғонистон эҳтимолан аз баҳори соли 2013, яъне чанд моҳ қабл аз замоне ки интизор мерафт, нақши кумак ба нирӯҳои афғонро мегирад. Ин нукта дар изҳороти муштараки Обамаву Карзай дар пайи мулоқоти рӯзи ҷумъаи онҳо дар Кохи Сафед эълон шуд. Қаблан интизор мерафт, ки нирӯҳои Амрико аз тобистон ба қатъи амалиёти ҷангӣ шурӯъ кунанд. Ин иқдом дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои ҷангии хориҷӣ аз Афғонистон аст, ки бояд то поёни соли 2014 ба поён бирасад. Обама дар ин бора ки оё баъди хуруҷи эътилоф чӣ миқдор аз нирӯҳои Амрико дар Афғонистон хоҳанд монд, чизе нагуфт. Вале гуфт, дар музокироти рӯзи ҷумъаи ӯ бо Карзай мавзӯъи ҳузури “мумкин”-и Амрико дар он кишвар баъд аз соли 2014 ҳам дар миён гузошта шуд.

150 сомонӣ бурди як сокини Восеъ дар лотерея

Абдулҳамиди Юсуф, сокини 19-солаи ноҳияи Восеъ дар як бозии лотерея 150 000 сомонӣ бурдааст. Хабаргузориии TJinform аз қаавли Хуршед Азизов – масъули як лотеререяи маҳаллӣ мегӯяд, ин бузургтарин бурд дар лотерея дар Тоҷикистон дар соли ҷорист. Ба гуфтаи ин манбаъ, ғолиби лотерея муҳоҷири корист ва ин бурд ба беҳбуди зиндагиаш ҳатман кумак хоҳад расонд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 6 нафар дар лотерея 150 000 сомонӣ бурда буданд.

Баҳси тағйирот ба қонуни интихоботи президент

Имрӯз, 12 январ, дар як мизигирд дар меҳмонсарои “Азия-Гранд”- Душанбе тағйирот ба қонуни интихоботи президенти Тоҷикистонро баҳс хоҳанд кард. Имрӯз муовини вазири хориҷаи Покистон Оламгир Бабр ба Душанбе хоҳад омад. Имрӯз дар Либия нишасти сарони Либияву Тунис ва Алҷазоир доир мешавад. Имрӯз дар Милан Ҳафтаи мӯд бо намоиши либосҳои мардонаи мӯди тирамоҳу баҳор оғоз шуда, то 16 январ давом хоҳад кард. Имрӯз солгарди 12-уми заминларзаи Ҳаитист, ки ин ҷазираи ҳавзаи Карибро тахриб кард.

Нигаронии Афви байналмилалӣ аз сарнавишти Қувватов

Умаралӣ Қувватов
Созмони Афви байналмилалӣ рӯзи 11 январ дар як изҳорот аз сарнавишти Умаралӣ Қувватов, ва раҳбари созмони мухолифин Гурӯҳи 24 изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ӯ дар сурати истирдодаш аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ба хатари шиканҷа ё шаклҳои дигари бадрафторӣ дучор хоҳад шуд.
Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи яке аз домодҳои президенти Тоҷикистон, ки соли гузашта кишварро тарк кард ва дар Маскав гурӯҳи 24-ро таъсис дод, рӯзи 23 декабр дар роҳи сафар ба Брюссел дар Дубай боздошт шуд. Гурӯҳи 24 алайҳи ширкати Эмомалӣ Рпаҳмон дар интихоботи имсолаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мубориза мебарад ва ҳомиёни ҳуқуқ ва пайвандони Қувватов мӯътақиданд, ки дархости боздошт ва истирдоди ӯ талоши интиқомгирии мақомоти Тоҷикистон аз фаъолиятҳои сиёсиаш мебошад. Ба бовари Афви байналмилалӣ, Қувватов дар сурати бурда шуданаш ба Душанбе ба хатари ҷиддии нақзи ҳуқуқҳои инсонии ӯ, аз ҷумла ҳабси махфӣ, шиканҷаву бадрафториҳои дигар ва ҳам додгоҳи ноодилона рӯбарӯ хоҳад шуд. Афви байналмилалӣ гуфтааст, “дар суратиистирдоди Қувватов, мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ӯҳдадориҳои худ ҷиҳати манъи мутлақи шиканҷаву бадрафториҳои дигар тибқи қонуни байналмилалиро поймол хоҳанд кард.”
Ин созмони мақараш дар Лондон аз ҳамагон даъват кардааст, зери як номаи муштарак, ки бо изҳори нигаронӣ аз сарнавишти сиёсатмадори мухолифи тоҷик мақомоти Иморотро ба худдорӣ аз истирдоди ӯ ба Душанбе даъват мекунад, имзо гузоранд.
Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода рӯзи 10 январ тасдиқ кард, ки мақомоти тоҷик ахиран аз Иморот расман истирдоди Қувватовро дархост кардаанд.

Нишасти бенатиҷаи Женева дар масъалаи Сурия

Ахзар Иброҳимӣ
Фиристодаи байналмилалӣ Ахзар Иброҳимӣ ва дипломатҳои аршади Амрикову Русия ба ҳалли оҷил ба хотири хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия даъват карданд, вале дар музокироти онҳо дар Женева пешрафте ҳосил нашудааст. Иброҳимӣ дар изҳороте ки баъди мулоқоташ бо муовинони вазирони хориҷаи Амрикову Русия Виллям Бёрнс ва Михаил Богданов қироат кард, гуфт: “Мо азоби алими мардуми Сурияро, ки ин қадар тӯл мекашад, хеле ва хеле хуб дарк мекунем. Ва мо ҳама ба зарурати хатми зудтари хунрезиву харобкорӣ ва тамоми навъҳои хушунат дар Сурия таъкид мекунем.” Аммо Вошингтону Маскав дар масъалаи буҳрони Сурия ихтилофи амиқи назар доранд. Амрико аз мухолифин пуштибонӣ мекунад ва талаб дорад, ки Башор Асад аз мақоми раисиҷумҳур биравад. Вале Маскав аз Асад ҳимоят мекунад. Бо ин ҳол, чирикиҳои Сурия, бино ба хабарҳо, баъди чанд рӯзи набард пойгоҳи ҳавоии Тафтанозро дар шимоли кишвар ба даст овардаанд.

Имрӯз дар Душанбе барф хоҳад зад

Ҳавошиносон имрӯз, 12 январ дар Тоҷикистон ҳавои умдатан абриро пешбинӣ мекунанд. Интизор меравад, дар пойтахт, Душанбе, ва дар кӯҳистон барф ҳам биборад. Ҳарорат имрӯз аз 2 дараҷаи зери сифр дар Ғарм то 5 дараҷа гармӣ дар Қӯрғонтеппа фарқ хоҳад кард. Ба гуфтаи ҳавошиносон, имрӯз ҳаво дар Хоруғу Кӯлоб 1 дараҷаи зери сифр ва дар Хуҷанду Душанбе то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Окруашвилӣ бо пардохти гаравпулӣ аз ҳабс раҳо шуд

Ираклий Окруашвилӣ
Рӯзи ҷумъа додгоҳи шаҳри Тифлис Ираклий Окруашвилӣ, собиқ вазири дифои Гурҷистонро бо пардохти гаравпулӣ аз ҳабс раҳо кард. Акнун дар мавриди вазири собиқ фақат як иттиҳом – ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ боқӣ мондааст.
Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин иттиҳом ду сол пеш боз шуда буд. Мурофиаи додгоҳӣ дар робита ба ин иттиҳом рӯзи 14 январ идома хоҳад кард.

Парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Окруашвилӣ баъди он баста шуданд, ки шоҳидон аз баёноти қаблии худ даст кашида ва гуфтанд, ки зери фишор алайҳи вазири собиқ баёнот додаанд.

Ираклий Окруашвилӣ солҳои 2005-2006-ум вазири дифои Гурҷистон буд. Ӯ моҳи сентябри соли 2007 ҳизби мухолифи “Барои Гурҷистони воҳид”-ро таъсис кард ва алайҳи раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ садо баланд намуд. Баъд аз чанд рӯз вазири собиқ боздошт шуд. Окруашвилӣ тавонист, ки аз Гурҷистон фирор кунад ва тирамоҳи соли гузашта баъд аз шикасти ҳизби Михаил Саакашвилӣ дар интихоботи парлумонӣ ба кишвар баргашт.

Балуҷистон дар сӯги қурбониёни таркиш дар Квейта менишинад

Баъд аз таркиш дар Квейта
Дар вилояти Балуҷистони Покистон ба ёди қурбониёни ҳамлаи террористии рӯзи 10 январ се рӯз мотам эълон шуд. Шоми панҷшанбе дар инфиҷори ду бомб дар назди як клуби биллиардбозӣ дар Квейта, маркази вилояти Балуҷистон, дасти кам 96 нафар кушта ва бештар аз 200 тани дигар захмӣ шуданд.

Таркиш дар канори шаҳри Мингора, бузургтарин шаҳри водии Свот, бошад дасти кам 21 кушта бар ҷой гузошт. Беш аз 80 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Расонаҳои покистонӣ хабар медиҳанд, ки масъулияти таркишҳо дар Квейтаро гурӯҳи “Лашкари ҷангвӣ” бар дӯш гирифтааст. Дар таркишҳо асосан шиамазҳабҳо ба ҳалокат расидаанд.

Дар Русия қонуни "зидди Познер" таҳия мешавад

Владимир Познер
Думаи давлатии Русия то охири ин ҳафта тарҳи қонунеро таҳия мекунад, ки дар пояи он шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳаққи кор дар расонаҳои хабарии давлатӣ маҳрум хоҳанд шуд. Вакили парлумон Михаил Старшинов рӯзи ҷумъа, 11 январ, ба хабарнигорон гуфт, ки ҳадаф аз қабули ин қонун ҷилавгирӣ аз бадномсозии Русия аз сӯи шаҳрвандони хориҷист.

Моҳи гузашта гурӯҳи вакилони Думаи давлатӣ як изҳороти хабарнигори маъруф Владимир Познер дар робита ба қонуни манъи фарзандхонии кудакони рус аз сӯи шаҳрвандони Амрикоро шадидан интиқод кард. Познер ин қонунро поймолсозии ҳазорон кӯдакони ятими рус мехонад, ки дар вазъи сангин ба сар мебаранд. Гуфта мешавад, ки қабули қонун посух ба Амрико барои қонуни муҷозоти афродест, ки дар марги ҳуқуқдон Сергей Магнитский дар як маҳбаси Русия даст доранд.

Қонун дар бораи манъи фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар расонаҳои давлатии Русия аллакай дар матбуот “қонуни зидди Познер” номгузорӣ шудааст. Владимир Познер шаҳрванди Русия, Амрико ва Фаронса аст.

Сердюков аз мақоли "даҳони пӯшида сад тилло" истифода кард

Анатолий Сердюков, собиқ вазири дифои Русия, рӯзи ҷумъа дар Кумитаи тафтишоти кишвар аз додани баёнот сарпечӣ кард. Вазири пешинро дар робита ба яғмои моликият дар ширкати “Оборонсервис” даъват карда буданд.

Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки Сердюков сарпечияш аз посух додан ба суолҳои муфаттишон бо банди 51-уми Қонуни асосии кишвар рабт додааст. Ба гуфтаи Маркин, вазири собиқ ҳақ дорад, ки алайҳи худ баёнот надиҳад, вале аз ин гуна мавзеъгирии ӯ масъулини тафтишот ба тааҷҷуб афтодаанд.

Генрих Падва, вакили дифои Сердюков мегӯяд, ки вазири собиқ аз посух ба чанд суол сарпечӣ кардаасту халос.

Бори аввал Анатолий Сердюков 28 декабри соли гузашта ба Кумитаи тафтишот даъват шуда буд. Он вақт ҳам ӯ аз посух ба суолҳо сарпечӣ кард ва далел овард, ки вакили дифояш бар асари маризӣ натавонистааст ӯро ҳамроҳӣ кунад.

Ширкати “Оборонсервис” даҳҳо биноҳову муассисаҳои вазорати дифои Русияро аз роҳи тақаллуб бо нархи хело пойин фурӯхта, ба давлат миллиардҳо доллар зиён расонидааст.

Раҳмонов: 40 корманди садову симо бознишаста шуданд

Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои наздик барои ишғоли ҷойҳои холикардаи афроди бознишаста озмун эълон мекунад.

Асадулло Раҳмонов, раиси ин кумита, рӯзи 11 январ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, бар пояи дастури дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон 40 нафар аз кормандони кумита, ки ба синни нафақа расида буданд, аз мақомҳояшон барканор шуданд. Ӯ афзуд, ки ҳамаи онҳоро ботанатана ва супурдани тӯҳфаҳо ба нафақа гулел намуданд.

Асадулло Раҳмонов хабар дод, ки кумитаи телевизион ва радио барои 80 мутахассиси нав ҷойи кор муҳайё намудааст. Ба гуфтаи ӯ, кумита ба продюсерҳо, дизайнерҳо, наттоқон ва шореҳон ниёз дорад.

Малӣ хостори ёрии оҷили Фаронса ва СММ шуд

Мардуми Малӣ аз манотиқи шимол фирор мекунанд
Ҳукумати Малӣ, кишвари воқеъ дар ғарби Африқо, аз Фаронса ва Созмони Милали Муттаҳид хостори ёрии оҷил дар муқобила бо гурӯҳҳои ифротгаро шуд.

Рӯзи панҷшанбе дар нишасти изтирории Шӯрои амнияти СММ изҳороте пазируфта шуд, ки дар он аз муташанниҷ шудани авзоъ дар Малӣ, мустамликаи пешини Фаронса, изҳори нигаронӣ шудааст. Дар изҳорот омадааст, ки баъд аз забти шаҳри Конна аз сӯи ифротгароҳо, ба кишвар хатари ноамниву бесуботӣ таҳдид мекунад.

Моҳи декабри соли гузашта Шӯрои амнияти СММ ба мустақаршавии ҳайати байнулмилалии низомии африқоӣ ба хотири берун кардани ошӯбгарон ва исломгароҳо аз мавзеъҳои ишғолкардаашон дар шимоли Малӣ иҷоза дода буд.

Ошӯбгарон баъд аз кудатои низомӣ дар моҳи марти соли гузашта бахши аъзами вилоёти шимолии Малиро таҳти назорати худ қарор доданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Аз мадрасаҳои Бангладеш наврасони тоҷикро баргардонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00
XS
SM
MD
LG