Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дастёри Обама раиси дастгоҳи ҳукумати Амрико шуд

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, Денис Макдона, яке аз дастёрони деринааш дар сиёсати умури хориҷиро, раиси ояндаи дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ таъйин кард. Барак Обама дар ин бора рӯзи ҷумъа дар Кохи Сафед эълом дод. Денис Макдона дар ин мақоми калидӣ дар ҳукумати Амрико ҷойгузини Ҷек Лю мешавад, ки Барак Обама ӯро ба мақоми вазири хазонадорӣ ва ё молияи Амрико пешбарӣ кардааст. Денис Макдонаи 43-сола дар мушовири Обама дар маъракаи интихоботии соли 2008 буд ва тайи ду соли гузашта мақоми дуввум дар Шӯрои Амнияти Миллии Амрикоро дошт. Ба гуфтаи як мақоми расмӣ, Денис Макдона дар қабули ҳар қарор дар мавриди масъалаи муҳими амнияти миллии Амрико нақши калидӣ доштааст.

Қонуни зидди ҳамҷинсбозон дар Русия тасвиб шуд

Думаи давлатии Русия дар қироати аввал қонунеро тасвиб кард, ки барои таблиғи ҳамҷинсгароӣ муҷозот таъйин мекунад. 388 нафар ба ин қонун раъйи мувофиқ дода, танҳо як вакил аз додани раъй худдорӣ кардааст. Ин қонун раҳпаймоии ҳамҷинсбозонро манъ ва барои афрод то 5000 рубл, муодили 165 доллар, ҷарима муқаррар мекунад. Ширкатҳо бо чунин ҷурм метавонанд то 500 000 рубл муҷозот шаванд. Имрӯз дастикам 20 нафаре, ки ба ҳимоят аз ҳаққи ҳамҷинсбозон дар назди парлумон тазоҳурот мекарданд, боздошт шуданд. Ин қонун бояд акнун дар Шӯрои федеролӣ ҳам баррасӣ шуда, сипас барои имзои ниҳоӣ ба раисиҷумҳур Владимир Путин ироа мешавад.

Раҳпаймоиҳо дар солгарди дувуми эътирозҳои Миср

Тазоҳурот дар майдони Таҳрир
Рӯзи ҷумъа мухолифон ва тарафдорони давлати Миср ба хотири таҷлили солгарди дувуми эътирозҳое, ки мунҷар ба суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврали соли 2011 шуд, дар саросари ин кишвари арабӣ тазоҳурот карданд. Сиёсатмадори мухолиф Муҳаммад Бародаӣ аз мардум даъват кард, дар ин рӯз “дар ҳар куҷои Миср гирди ҳам омада, нишон диҳанд, ки инқилоб бояд такмил шавад.” Ҳазорон тарафдори мухолифин дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъ шудаанд. Ҷонибдорони раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ низ ба хиёбонҳо рехтаанд ва дар бораи даргириҳои пароканда хабар мерасад.Мурсӣ рӯзе пеш аз тарафдоронаш даъват кард, ин солгардро “ба таври маданиву осоишта” таҷлил кунанд.

Оғози раъйгирӣ дар Ҷумҳурии Чех

Земан ва Швартсенберг дар баҳси рӯбарӯи телевизионӣ
Дар Ҷумҳурии Чех даври дувум ва ниҳоии интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ оғоз ёфт. Интихобот 2 рӯз давом мекунад ва интизор меравад, барандааш шоми шанбе эълон шавад. Барои курсии раёсатҷумҳурии Чехия, ки нисбат ба сарвазир салоҳияти камтар дорад, ду номзад - сарвазири собиқ ва раҳбари ҳизби сотсиал-демократ Милош Земан ва вазири хориҷа Карел Швартсенберг – мубориза мебаранд. Ҷумҳурии Чех бори аввал интихоботи раёсатҷумҳуриашро мустақим доир мекунад. То кунун раиси ин ҷумҳурӣ дар парлумон интихоб мешуд. Раисиҷумҳури кунунӣ Васлав Клаус дар пайи адои ду давраи панҷсолаи раёсат дигар ҳаққи ширкат дар интихоботро надошт.

5 кушта дар ҳамлаи маргталабона дар Каписо

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар таркиши интиҳории мошини бомбгузоришуда дар вилояти шарқии Каписо 5 мулкӣ кушта ва дастикам 15 тани дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамла субҳи ҷумъа дар бозори улусволии Такоб рух додааст. Пулис мегӯяд, маргталаб корвони мошинҳои НАТО-ро ба ҳадаф дошт, вале муваффақ нашуд. Бар асари таркиш деворҳои як манзил фурӯ рафта, мардуми дохилаш кушта шуданд. Сухангӯи нирӯҳои НАТО гуфт, кассе аз эътилоф кушта ё захмӣ нашудааст. Масъулияти ҳамларо Толибон ба ӯҳда гирифт.

Ҳалокати 3 эътирозгари суннӣ дар Фаллуҷа

Дар задухӯрд бо сарбозон дар шаҳри Фаллуҷаи Ироқ дастикам 3 эътирозгари суннӣ кушта шуданд. Шоҳидон мегӯянд, сарбозон зимни пароканда сохтани эътирозгарони зиддидавлатӣ, ки алайҳи онҳо санг меандохтанд, тир кушодаанд. Манобеъи тиббӣ мегӯянд, аҷсоди қурбониёнро бо захми тир ба бемористон овардаанд. Аз моҳи декабр ҳазорон суннӣ дар саросари Ироқ алайҳи давлати сарвазири шиъа Нурӣ Моликӣ эътироз доранд. Онҳо давлатро ба қасди аз саҳна канор задан ва таъқиби сунниҳо айбдор мекунанд. 65 дарсади ҷамъияти Ироқро шиъаҳо ташкил медиҳанд.

Нахустин кумакҳо ба Сӯху Шоҳимардон ва Барақ

Рӯзи ҷумъа нахустин корвонҳои ёриҳои башарӣ ба ҷазирақаламравҳои Сӯху Шоҳимардони Узбакистон ва Барақи Қирғизистон ворид шуд. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, танҳо ба минтақаи тоҷикнишини Сӯх имрӯз тавассути қаламрави Қирғизистон 31 мошин рафтааст. Мақомоти Қирғизистон, ҳамин тавр, убури 17 мошини ҳомили ғизову дорувор, маводи сӯхт ва маҳсулоти дигари мавриди ниёзи аввалияро ба Шоҳимардон иҷозат доданд ва Узбакистон ба навбати худ, марзҳояшро бароиинтиқоли кумакҳо ба рустои қирғизии Барақ боз кардааст.
Равуо бо ин ҷазирақаламравҳо дар пайи даргирии сокинони Сӯх бо марзбонони қирғиз дар рӯзҳои 5-6 январ қатъ шудааст.

Қарзи Тоҷикистон 2,169 миллиард доллар шудааст

Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта 118 миллион доллар афзуда, ба 2 миллиарду 169,4 миллион доллар расидааст. Вазорати молия мегӯяд, ин нишондиҳанда баробари 28,5 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст.
Соли гузашта аз ҳисоби будҷа барои хидматрасонии қарзҳои хориҷӣ 109 миллион доллар масраф шуд. Ин рақам имсол тақрибан 133 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

«Нодорӣ занони тоҷикро ба ҷиноят водор кардааст»

Раиси Кумитаи занони Тоҷикистон мегӯяд соли гузашта сатҳи ҷинояткорӣ миёни занони тоҷик афзоиш ёфтааст. Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи занони Тоҷикистон, рӯзи 25 –уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бо вуҷуди талошҳо дар соли 2012 мизони ҷинояткорӣ миёни занон афзоиш ёфтааст. Ба иттилои Тағоева соли 2012 занони тоҷик беш аз 864 адад ҷиноят содир кардаанд, ки нисбати соли пешӣ 172 ҳолат зиёдтар аст. Ӯ илова кард, ки занон дар Тоҷикистон асосан даст ба ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз қабили дуздӣ ва қаллобӣ мезананд, ки сабабаш вазъи бади иҷтимоӣ ва нодорӣ мебошад.

Даври дувуми интихобот дар Ҷумҳурии Чех

Земан ва Швартсенберг
Имрӯз дар Ҷумҳурии Чех даври дувум ва ниҳоии интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ шурӯъ мешавад. Дар ин раъйгирӣ, ки ду рӯз давом хоҳад кард, интихобкунандагон бояд аз байни сарвазири собиқ ва раҳбари ҳизби сотсиал-демократ Милош Земан ва вазири хориҷа Карел Швартсенберг раҳбари ояндаи кишварро интихоб кунанд. Ҷумҳурии Чех барои нахуст интихоботи раёсатҷумҳуриашро мустақим доир мекунад. То кунун раиси ин ҷумҳурӣ дар парлумон интихоб мешуд. Раисиҷумҳури кунунӣ Васлав Клаус дар пайи адои ду давраи панҷсолаи раёсат дигар ҳаққи ширкат дар интихоботро надошт.

Нисфи пули саҳмияҳои Роғун харҷ шудааст

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, беш аз нисфи 804 миллион сомонии ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои Роғун алакай сарф шудааст ва дар хазинаи ин вазорат танҳо 390 миллион сомонӣ боқӣ мемонад. Вазири молия Сфаралӣ Наҷмиддинов гуфт, 414 миллион сомонӣ аз ин маблағ барои харидани таҷҳизоти лозим барои нирӯгоҳи Роғун харҷ шудааст. Се сол пеш мақомоти Тоҷикистон бо ҳадафи оғози мустақилонаи сохтмони нирӯгоҳи Роғун маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои ин нирӯгоҳро ба роҳ андохтанд. Вале тарҳи Роғун ба мухолифати шадиди Узбакистон дучор шуд ва Душанбе соли гузашта бо дархости Бонки ҷаҳонӣ, ки масъулияти анҷоми ташхиси тарҳи Роғунро ба дӯш гирифтааст, корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти барои Тоҷикистон ҳаётан муҳимро мутаваққиф кард.

Ширкати афғонии "КомЭйр" дар рӯйхати сиёҳи Амрико

Низомиҳои Амрико “Ком Эй”- бузургтарин ширкати хусусии ҳавопаймоии Афғонистонро ба рӯйхати сиёҳ даровардаанд. Ин ширкат ба ҳамлу нақли миқдори зиёди маводи мухаддир тавассути парвозҳои мулкӣ ба Тоҷикистон айбдор мешавад. Мақомҳои низомии Амрико ба “Wall Street Journal” гуфтаанд, дар моҳи равон генерали нирӯҳои баҳрӣ Ҷеймс Маттис - фармондеҳи ситоди умумии артиши Амрико – “Ком Эйр”-ро аз рӯйхати ҳамкорони низомиён берун кашид. Генерали артиши Амрико Ричард Лонго, ки раҳбарии гурӯҳи Task Force 2010- эътилофи мубориза бо фасодро бар дӯш дорад, мегӯяд, “Амрико аз ҳамкорӣ бо онҳое, ки фаъолиятҳои ғайриқонуниро сармоягузориву пуштибонӣ мекунанд, худдорӣ менамояд.”
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1400 километр марзи мустақим дорад, яке аз масирҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба ҳисоб меравад. Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 6 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 515 кило ҳероин мусодира шудааст.

Ҳушдори тунди Кореяи шимолӣ ба Сеул

Кореяи шимолӣ имрӯз Кореяи ҷанубиро ҳушдор дод, ки барои ҳимояташ аз таҳримоти дар оғози ҳафта тасвибкардаи СММ «чораҳои ҷавобии ҷисмонӣ» хоҳад гирифт. Сеул низ узви Шӯрои Амният аст, ки ахиран Пхенянро барои озмоиши мушакии рӯзи 12 декабраш муҷозот кард. Пхенян рӯзи панҷшанбе аз омодагиаш ба озмоиши севуми таслиҳоти ҳастаӣ ва партоби мушакҳои бештар хабар дод, ки «душмани қасамхӯрдаи мо –Амрикоро ба ҳадаф дорад.» Рӯзномаи давлатии Чин рӯзи ҷумъа гуфт, агар Кореяи шимолӣ даст ба озмоиши нави ҳастаӣ бизанад, Пекин кумакҳояш ба ин кишвари ҳамсояро коҳиш хоҳад дод. Вазорати хориҷаи Чин дирӯз ҳамаи ҷонибҳоро ба хештандорӣ хонда, хостори билофосила аз сар гирифтани музокироти панҷгонаи Чину Русияву Амрико ва ҳарду Корея шуд.

Боздошти 49 муҳоҷири тоҷик дар канори Маскав

Хадамоти муҳоҷирати Русия 49 шаҳрванди Тоҷикистонро дар рустои Крекшинои минтақаи Новомосковское дастгир кардаанд. Залина Корнилова, сухангӯи ин ниҳод гуфт, ин муҳоҷирони тоҷик сабти ном доштанд, вале бидуни муҷаввиз дар яке аз амборҳои ин рустои воқеъ дар канори Маскав ба сифати ҳаммолу фаррош кор мекарданд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, шаҳрвандони тоҷик зоҳиран бо «ҷарима» халос» хоҳанд шуд. Ҳамасола беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия меравад. Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик ба ватан 3,6 миллиард доллар пул фиристодаанд.

Даъвати нави Раҳмон ба бозгардони толибилмон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дар ҷаласаи Шӯрои амният бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши фаъолияти созмонҳои террористиву тундрави мазҳабӣ гуфтааст, бояд боқӣ толибилмони тоҷикро, ки дар мадрасаҳои мазҳабии хориҷии аксаран ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, низ баргардонд. Оқои Раҳмон гуфтааст, дар Тоҷикистон тамоми шароит барои таълими ҳам улуми динявӣ ва ҳам динӣ вуҷуд дорад. Ӯ гуфтааст, дар 6 соли охир дар Тоҷикистон 600 узви созмонҳои мамнӯъе, чун Ҳизби Таҳрир, Ҷамоати Таблиғ ва Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шудаанд, ки як бахши онҳо маҳз дар мадрасаҳои мазҳабии хориҷӣ таълим гирифта буданд. Дар соли 2010 дар пайи чунин даъвати Раҳмон мақомоти тоҷик беш аз 2000 толибилми тоҷикро аз мадориси кишварҳои исломӣ ба ватан баргардонданд.

Талоши давлат барои ҳимояи саҳҳомони «Агроинвестбонк»

Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд баъди рекапитилизатсияи «Агроинвестбонк», ки дар ҳолати ногувор қарор дошт, давлат 51 дарсади саҳмияҳои ин бонкро соҳиб гардид.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе, рекапитализатсияи «Агроинвестбонк» - ро як падидаи маъмулии низоми бонкӣ хонд, ки дар замони буҳронӣ татбиқ мешавад. Ба иттилои вазир дар натиҷаи аудити «Агроинвестбонк» маълум шуд, ки 37 адад қарзи гирифта аз ин бонк баргардонда нашудаанд ва вазъияташ ногувор аст: «Ширкатҳое, ки аз Аргоинвестбонк қарз гирифтаанд, ҳоло ҳам фаъоланд, вале тавони бозпас додани маблағҳоро надоранд. Мо барои рӯйпӯш кардани кардани ин қарзҳо барои 8 сол дар ҳаҷми 500 миллион сомонӣ қоғазҳои қимматнок нашр кардем. Ҳамчунин 200 миллион сомонӣ, чун муассиси ин бонк сармоягузорӣ намудем ва акнун саҳми ҳукумат дар ин бонк 51 фойизро ташкил мекунад.»

Вазири молия мақсад аз ин иқдомро ҳимояи саҳҳомони бонк гуфт, ки теъдодашон бештар аз 20 ҳазор нафарро ташкил меиҳанд. Ӯ изҳор дошт, ки давлат аз ин кор манфиатдор нест ва ҳар чӣ зудтар масъулини Агроинвестбонк маблағҳои буҷаро гардонанд, ҳамон қадар метавонанд саҳмияҳои худро бозпас гиранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини «Агроинвестбонк» дар суҳбат бо хабаргузориҳо вазъи ногувори бонкро ба он рабт доданд, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон қарзҳои дарозмуддат додаанд ва то ҳол бозпас нагирифтаанд.

Дэвид Ҳедлӣ барои 35 сол равонаи зиндон шуд

Авзоъ дар Мумбай чанд рӯз ноором буд
Як шаҳрванди покистонитабори амрикоӣ барои кӯмак ба ҷангҷӯён дар ҳамла ба шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дар соли 2008 ба 35 соли зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи шаҳри Чикагои ИМА Дэвид Коулман Ҳедлиро дар ҷамъ овардани иттилоъ барои ҷангҷӯён муттаҳам кард. Моҳи марти соли 2010 Ҳедлӣ ба гуноҳи худ иқрор шуда буд.

Моҳи ноябри соли 2008 бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба шаҳри Мумбай беш аз 160 нафар ба ҳалокат арсиданд. Мақомоти Ҳиндустон изҳор намуданд, ки ҷангҷӯён дар Покистони ҳамсоя тамрин дидаанд.

Муҳаммад Аҷмал Қассоб, шаҳрванди Покистон ва ягона ҷангҷӯе, ки дар ҷараёни ҳамла ба Мумбай дастгир шуда буд, моҳи ноябри соли гузашта дар як маҳбаси Ҳиндустон эъдом шуд.

Ҳалокати чаҳор нафар дар таркишҳо дар Қарочӣ

Таркиши ду бомб дар шаҳри Қарочии Покистон мунҷар ба ҳалокати чаҳор нафар ва ҷароҳат бардоштани нӯҳ каси дигар гардид. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ ин ҳодиса дар як партовгоҳи Шерпао, минтақаи фақири шаҳр, рӯй дод. Ҳошим Ризо Зайдӣ, як тан аз мансабдорони шаҳр, гуфтааст, ки дар таркишҳо се корманди полис ҳам ҷон бохтаанд.

Соли гузашта бар асари таркишу ҳамлаҳои интиҳорӣ дар шаҳри Қарочии Покистон тақрибан 2 ҳазор нафар кушта шудаанд. Дар ин шаҳр, ки маркази тиҷоратии Покистон маҳсуб мешавад, низоъҳои сиёсиву қавмӣ зиёд рӯй медиҳанд.

СММ ба таҳқиқи ҳавопаймоҳои бесарнишин пардохт

СММ далелҳои ҳалокати мардуми осоишта бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дар чанд кишварро тафтиш мекунад.

Ҳуқуқдони бритониёвӣ ва гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башар ва муқовимат бо терроризм Бен Эмирсон, ки сарварии гурӯҳи тафтишотиро бар ӯҳда дорад, рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, дар меҳвари тафтиш, аз ҷумла, ҳодисаҳои зарбаҳои маргбор дар Покистон, Афғонистон, Фаластин ва Сомаливу Яман хоҳад буд. Қарор аст рӯи 25 зарбаи мушакӣ аз ҳавопаймоҳои бесарнишин тамаркуз шавад, ки яке аз онҳо дар соли 2011 мунҷар ба ҳалокати тақрибан 40 сокини осоиштаи Покистон шуда буд. Бар пояи хабарҳо, шурӯъ аз соли 2004 ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қаламрави Покистон беш аз 400 бор мушак андохтаанд.

Бен Эмирсон мегӯяд, ки онҳо мавзӯи то куҷо дар чаҳорчӯби қонун будани истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва зарурати масъулияту пардохти ҷубронпулӣ дар сурати истифодаи ғайриқонунии ин ҳавопаймоҳоро ҳам тафтиш хоҳад кард. Ӯ хабар дод, ки мақомоти Бритониё барои ҳамкорӣ дар тафтишот розӣ шудаанд ва умедвор аст, ки дар Вошингтон ба онҳо пайравӣ мекунанд.

Қарор аст, ки натиҷаҳои тафтишот моҳи октябри соли равон дар ихтиёри Маҷмааи умумии СММ гузошта шавад.

Сенати ИМА номзадии Ҷон Керриро баррасӣ мекунад

Ҷон Керрӣ
Дар кумитаи равобити байнулмилалии Сенати ИМА номзадии Ҷон Керрӣ ба мақоми вазири умури хориҷии кишвар баррасӣ мешавад. Интизор меравад, ки номзадии Керрии 69-сола, сенатор аз аёлати Массачусетс пазируфта шавад - чаҳор соли ахир ӯ раҳбарии маҳз ҳамин кумитаи Сенатро бар ӯҳда дошт. Номзадии Керрӣ аз сӯи раисиҷумҳур Барак Обама пешниҳод шудааст.

Дар суханронии муқаддимотӣ Ҷон Керрӣ гуфт, ки Амрико барои таҳкими нақшаш дар олам бояд қабл аз ҳама мушкилоти молиявии худро ҳаллу фасл кунад. Ӯ дар робита ба қазияи Эрон гуфт, ИМА бояд ба қатъи коркарди барномаи ҳастаӣ аз сӯи Теҳрон муваффақ шавад. Ҷон Керрӣ иброз дошт, ки барои робитаҳои беҳтари ИМА бо Русия талош хоҳад кард.

Ҷон Керрӣ дар мақоми вазири умури хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтонро иваз мекунад.

Нигарониҳои бархе кишварҳо аз вазъи Бенғозӣ

Мақомоти Бритониё, Олмон ва Ҳуланд аз шаҳрвандонашон, ки дар шаҳри Бенғозӣ кор мекунанд, хостори ҳарчӣ зудтар тарк намудани ин шаҳри воқеъ дар шарқи Либия шуданд. Ин дархост бо таҳдиди эҳтимолӣ ба амнияти шаҳрвандони хориҷӣ бастагӣ дода шудааст. Вазирони умури хориҷии се кишвар рӯзи панҷшанбе дар ин маврид изҳорот нашр карданд ва аммо то ҳол рӯшан нест, ки гап сари кадом таҳдиди амниятӣ меравад.

Аз ин қабл ҳам чанд кишвар ба шаҳрвандонашон ҳушдор дода буданд, ки сафар ба шаҳри Бенғозӣ бехатар нест. Нигарониҳо аз амнияти шаҳрвандони хориҷӣ баъд аз ҳамла ба консулгарии ИМА дар шаҳри Бенғозӣ дар рӯзи 11 сентябри соли гузашта афзоиш ёфт. Дар он ҳамла чаҳор амрикоӣ, аз ҷумла, сафири ИМА дар Либия Крис Стивенс ба ҳалокат расиданд.

Дар Чеченистон 11 шӯриширо куштаанд

Рамзан Қодиров бо шайх Муҳаммад Хазраҷ
Бино ба гузоришҳо, 11 нафар тундрави эҳтимолӣ дар Чеченистон кушта шудаанд. Рӯзи панҷшанбе Рамзан Қодиров-раиси ҷумҳури ин ҷумҳурии мухтори Русия гуфт, ки ду раҳбари гурӯҳи шӯришгар бародарон Муслим ва Ҳусейн Тсакаевҳо дар миёни кушташудагон будаанд. Онҳоро мақомоти интизомии Чеченистон аз муддатҳо ҷустуҷӯ мекарданд. Қодиров гуфт:

“Мо ин гурӯҳро аз байн бурдем. Он аз 12 нафар иборат буд, Як нафараш таслим шуд ва ҳама хабарҳоро ба мо расонд. Бо вуҷуди ин амалиёти мо ба поён нарасидааст”.

Ба гуфтаи Қодиров, дар ин ҷумҳурӣ аз рӯзи чаҳоршанбе ба ин сӯ амалёти вижа идома дорад. Қаблан Рамзан Қодиров барои маълумот дар бораи маҳали дақиқи буду боши бародарон Тсакаевҳо 330 900 доллар ҷоиза эълон карда буд.
.

Русияву Тоҷикистон қарордоди муҳоҷиронро имзо мекунанд

Президент Владимир Путин ба Хадмоти федеролии муҳоҷирати Русияро дастур додааст, ки ба созишномаи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия имзо кунанд.

Дафтари матбуотии Хадамоти муҳоҷрати Тоҷикистон бо такя ба хабари Портали расмии итилоъоти ҳуқуқӣ, ки 21 январ амри президенти Путинро нашр кардааст мегуяд, ки ҷонибҳо яъне Хадамоти муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон омодаанд зери ин созмошнома имзо гузоранд.

Абдулло Қодирӣ-сухангуи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, интизор меравад, ки дар рузҳои наздик ҳайате аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон барои имзои ин санад ба Маскав сафар кунад.

Тибқи ин созишнома ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза дода мешавад, ки дар қаламрави Русия бидуни сабти иқомат 15 руз бимонанд.

Пулис эътирозгаронро дар Озарбойҷон пароканда кард

Пулиси Озарбойҷон дар шаҳраки Исмоиллӣ бар зидди эътирозгарон гази ашковар ва мошинҳои обпошро истифода бурд, то онҳоро пароканда кунад.

Эътирозкунандагон бори дигар дар рӯзи панҷшанбе дар атрофи ин шаҳрак воқеъ дар 150 километрии Боку гирдиҳам омаданд, вале пулис онҳоро пароканда кард.
Шоми чаҳоршанбе дар Исмоиллӣ нооромӣ рух додааст.

Тазоҳуркунандагон истеъфои Низомӣ Алекберов-ҳокими маҳаллиро талаб кардаанд. Ин нооромӣ аз он сарчашма гирифтааст, ки як ҳодисаи нақлиётӣ рух додааст ва дар он мошини соҳиби меҳмонсарои “Чироғ” осеб дидааст. Сокинон аз мақомоти маҳаллӣ тақозо кардаанд, ки ин меҳмонсароро бибанданд, зеро он гӯё ба “фоҳишахона” табдил ёфтааст.

Вале мақомот ин дархостҳоро нодида гирифтаанд. Бино ба хабарҳои ахир, тазоҳуркунандагон ин меҳмонсароро оташ задаанд.

Бародари Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон мешавад?

Маҳмуд Карзай-бародари Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки вай шаҳрвандии Амрикоро супурдаст, то ба фаъолиятҳои сисёсӣ дар Афғонистон оғоз кунад.

Вале вай дар сӯҳбати рӯзи панҷшанбеи худ таъйид накардааст, ки оё дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2014 худро номзад хоҳад кард ё хайр. Маҳмуд Карзай 57 сол дорад ва аз соҳибкорони сарватманд ба шумор меравад. Вай дар бахшҳои бонкдориву маодан ва моликияти ғайриманқул бо соҳибкорӣ машғул аст.

Вай солҳост дар Амрико ба сар мебурд ва соҳиби тарабхонаҳо дар шаҳрҳои Сан Франсиско, Бостон ва Балтимор мебошад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ оғоз ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
XS
SM
MD
LG