Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ӯзбакистон интиқоли гази табииро аз қаламраваш манъ кард

Ӯзбакистон интиқоли гази табииро аз тариқи қаламраваш манъ кард. Ҳукумат ин тасмимро бо талоши дифоъ аз амнияти давлатӣ ва олуда насохтани муҳити зист марбут намуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, тасмими Тошканд қабл аз ҳама ба Тоҷикистон дахл дорад – 31 декабри соли 2012 Ӯзбакистон интиқоли газ ба ин кишвари ҳамсояро қатъ кард, зеро ҳайатҳои ду давлат то охири сол дар мавриди нархи газ ба созиш нарасиданд.

Ӯзбакистон ягона содиркунандаи газ ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва пайваста бо баҳонаҳои гуногун интиқоли ин маводи сӯхт ба кишвари ҳамсояро мутаваққиф мекунад.

Дар Истамбул генерал Қарадоӣ боздошт шуд

Генерал Исмоил Ҳаккӣ Қарадоӣ
Дар Истамбул раиси пешини Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Туркия генерал Исмоил Ҳаккӣ Қарадоӣ боздошт шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, генерал ба Анқара интиқол ёфт ва мавриди бозпурсии мақомоти тафтишотӣ қарор мегирад.

Гуфта мешавад, ки ҳабси генерал Қарадоӣ бо талоши мушаххас кардани нақши низомиён дар сарнагунсозии ҳукумати нахуствазир Наҷмиддин Эрбакон дар соли 1997 робита дорад. Эрбакон бо иттиҳоми талоши боло бурдани нуфузи дини ислом дар сиёсати Туркия дар як инқилоби махмалин аз мақом барканор шуд.

Низомиёни Туркия маъмулан худро кафилони дунявӣ боқӣ мондани кишвар мехонанд.

Ба таҷовузгарон ҳукми эъдом таҳдид мекунад

Дар Деҳлӣ ба панҷ марди муттаҳам дар таҷовузи дастаҷамъӣ ва куштори як донишҷӯдухтар иттиҳоми расмӣ эълон шуд. Ба ҳамаи онҳо ҳукми эъдом таҳдид мекунад. Ба иттилои полиси маҳаллӣ, худи боздоштшудагон дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат надоштанд. Муттаҳами шашум баъд аз муқаррар шудани синну солаш ба маҳкама кашида мешавад.

Боздоштшудагон аз рӯи ҳафт банди кодекси ҷимноӣ, аз ҷумла, куштор, одамрабоӣ, ғоратгарӣ ва таҷовуз ба номус айбдор дониста шуданд.

Рӯзи 16 декабр ин гурӯҳ дар автобус як донишҷӯдухтарро таҷовуз кард. Ин духтар чанд рӯз баъд дар бемористоне дар Сингапур аз олан даргузашт. Пизишкон гуфтанд, ки наҷоти духтар ғайримумкин буд, зеро ӯ ҷароҳатҳои маргбор бардоштааст.

Баъд аз ин ҳамла ва таҷовуз дар саросари Ҳиндустон тазоҳуроти мардум баргузор шуд ва онҳо ҳимояти занонро тақозо карданд.

Хабарнигори Озодӣ аз чеҳраҳои муҳими соли 2012 дониста шуд

Абдуқаюми Қаюмзод
Ҳафтаномаи мустақили "Нигоҳ" дар шумораи солинавии худ Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори Радиои Озодиро дар қатори чеҳраҳои мардумӣ дар соли 2012 ҷо додааст. Ба навиштаи нашрия, Қаюмзод бештар бо мусоҳибаҳои худ, ки дар торнамои Радиои Озодӣ чоп шуда, аз сӯи нашрияҳои даврӣ бознашр гардиданд, маъруфият касб кардааст.

"Нигоҳ" мегӯяд, мусоҳибонаш Абдуқаюми Қаюмзодро аз "классикон"-и жанри мусоҳиба дар Тоҷикистон унвон кардаанд, ки ба истилоҳ, "мурда"-ро ба гап медарорад. Ин дувумин нашрияи мустақили Тоҷикистон аст, ки дар охири соли 2012 хабарнигори Радиои Озодӣ, Абдуқаюми Қаюмзодро дар қатори афроди муҳими соли 2012 ҷо медиҳад. Қаблан, нашрияи "Фараж" ӯро журналисти соли 2012 эълон карда буд.

“Ал-Ҷазира” Current TV-ро харидорӣ кард

Ширкати телевизионии “Ал-Ҷазира” шабакаи кабелии амрикоии Current TV-ро харидорӣ кард, ки яке аз муассисонаш Алберт Гор, собиқ нойиби раисиҷумҳури ИМА аст.

Шартҳои созиш махфӣ нигаҳ дошта мешаванд. Алберт Гор ва шарикаш Ҷоэл Ҳайат дар як баёния гуфтанд, “ҳам дар “Ал-Ҷазира ва ҳам дар Current TV бовар доранд, ки ҳақиқат ва далел боиси дарки беҳтари ҳаводиси гирду атроф мешаванд”.

Қарор аст ба ҷойи Current TV, ки онро ҳоло сокинони 60 миллион манзил дар ИМА тамошо мекунанд, канали нави телевизионии “Ал-Ҷазира-Амрико” таъсис шавад, ки дар он ба ахбори маҳалливу байнулмилалӣ барои амрикоиҳо бартарӣ дода хоҳад шуд.

СММ рӯйхати қурбониёни низои Сурияро нашр кард

Бар асари низоъ дар Сурия тақрибан 60 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Ин нукта дар гузориши нави Идораи ҳуқуқи башари СММ таъкид шудааст. Ин гузориш тайи панҷ моҳ таҳия гардид. Ба гуфтаи раиси Идораи ҳуқуқи башари СММ Нэвӣ Пиллай, дар гузориш рӯйхати кушташудагон аз 15 марти соли 2011 то 30 ноябри соли 2012 оварда шудааст.

Рӯзи чаҳоршанбе бар асари зарбаи ҳавопаймои ҷангии ҳукуматӣ ба як бунгоҳи фурӯши бензин дар шаҳри Малиҳа, воқеъ дар ҷанубу шарқи Димишқ, аз 30 то 50 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Хабаргузориҳо ҳамчунин дар бораи рӯзи 22 ноябр дар вилояти Идлиб нопадид гаштани хабарнигори амрикоӣ Ҷеймс Фолӣ огаҳ шуданд. Ӯ бо хабаргузории Франс-пресс ҳамкорӣ мекунад. Фолӣ аз ин пеш дар дигар манотиқи доғ – Афғонистон, Ироқ ва Либия ҳам кор карда буд.

Жерар Депардие шаҳрвандии Русияро дарёфт кард

Жерар Депардие ва Владимир Путин
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи панҷшанбе ба ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ Жерар Депардие шаҳрвандии Русияро эҳто кард. Тавре аз фармони ӯ бармеояд, раисиҷумҳур дархости дарёфти шаҳрвандӣ аз сӯи Жерар Ксавие Депардиеро, ки соли 1948 дар Фаронса ба дунё омадааст, пазируфтааст.

Моҳи гузашта Депардие гуфта буд, ки мехоҳад шаҳрвандии Белгияро дарёфт кунад. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ӯ ба хотири фирор аз андозҳои баланд дар Фаронса ба манзили наваш дар шаҳраки Нешени Белгия, воқеъ дар наздикиҳои марз бо Фаронса, кӯчидааст. Аз ин пеш Депардие аз шаҳрвандии Фаронса даст кашид ва эълом дошт, ки мехоҳад шиносномаи фаронсавии худро супорад. Дар ин бора ҳунарманди маъруф баъд аз он тасмим гирифт, ки нахуствазири Фаронса Жан-Марк Эйро аз кӯчидани ӯ ба Белгия интиқод кард.

Владимир Путин дар нишасти хабарии рӯзи 20 декабр ваъда дода буд, ки ба ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ барои дарёфти шаҳрвандии Русия кӯмак хоҳад кард.

Дар Покистон Мулло Назир кушта шуд

Pakistan -- Maulvi Nazir, one of Pakistani most influential militant leaders, speaks during a news conference in Wana, the main town of the South Waziristan region, 20Apr2007
Бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ Мулло Назир, яке аз раҳбарони аршади ифротгароҳои покистонӣ, кушта шуд. Ба иттилои хадамоти кашфи маҳаллӣ, шоми чаҳоршанбе ба мавқеи ҷангиён дар маҳаллаи Ангур Аддаи Вазиристони ҷанубӣ мушак андохта шуд. Ба ҷуз Мулло Назир боз 9 ҷангии дигар, аз ҷумла, ёвари ӯ, ба ҳалокат расиданд.

Мулло Назир масъули ҳамлаҳои тарҳрезишуда ба низомиёни Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон маҳсуб мешавад. Бар пояи хабарҳо, моҳи ноябр ӯ бар асари ҳамлаи як маргталаб маҷрӯҳ шуда буд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки Мулло Назир бо Толибони Покистон дар мавзӯи ҳамла ба низомиёни маҳаллӣ вориди ихтилоф буд – ӯ бо мақомоти расмӣ ҳамкорӣ мекард, то аз ҳамла ба сарбозони покистонӣ ҷилавгирӣ шавад.

"Мақомот ба пешниҳоди ҲУСДТ вокунише нишон надодааст"

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотиал - демократи Тоҷикистон, мегӯяд мақомоти тоҷик ба пешниҳодаш оиди таъсиси комиссияи вижа барои таҳқиқи вазъи зиндонҳо то ҳол вокунише нишон надодааст.

Раҳматулло Зоиров рӯзи панҷшанбе, 3-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол ба пешниҳодашон оиди таъсиси комиссия аз Кумитаи амниятии миллӣ, Омбудсмен ва Маҷлиси намояндагон ҷавобе нагирифтааст. Зоиров рӯзи 19-уми декабр ба «Озодӣ» гуфта буд, ки ба унвони раиси Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон ва парлумон нома ирсол карда, аз вазъи маҳбусони Хуҷанд, ки латту кӯб ва шиканҷа шудаанд, гузориш додааст. Барои таҳқиқи қазия ӯ таъсиси комиссияи вижаро пешниҳод кардааст.

Зоиров мегӯяд, ки ахиран мақомоти ислоҳии маҳбасҳо гуруҳи ҳуқуқшиносонро ба маҳбаси ноболиғон роҳ дод, аммо вакилону намояндагони аҳзоб даъват нашудаанд.

Ҷаноби Зоиров меафзояд, ки дар соли 2004 вақте, ки вай мушовири президент оид ба масоили ҳуқуқӣ буд, Раёсати ислоҳии маҳбасҳо аз тобеияти Вазорати умури дохилӣ ба ихтиёри Вазорати адлия гузашт. Вале ба қавли Зоиров ин тағйироти зоҳирӣ буд на тағйиротӣ бунёдӣ: «Ҳайати масъулон ва кормандони маҳбасҳо иваз нагардид. Раёсат бо кормандаи пешинаш ба ихтиёри вазорати адлия дода шуд.»

Зоиров мегӯяд ҳадафи ба ихтиёри Вазорати адлия додани Раёсати ислоҳии маҳбасҳо, шаҳрвандӣ кардани ин низом буд, ки то ҳол пурра иҷро нагардидааст.

Боздошти афсари Кумитаи амният бо 22 кило ҳашиш

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд як афсари нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии кишварро бо 22 кило маводи нашъадор боздошт кардаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангуи Вазорати умури дохилӣ, рузи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд, Ихтиёр Некқадамов, афсари калони Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии кишвар боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилӣ Ихтиёр Некқадамов, афсари калони қисми ҳарбии №2199 - и Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ ҳангоми тафтиш ва кофтуков аз Ихтиёр Некқадамов ба миқдори 22 килою 738-грамм маводи мухаддири навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Имрӯз дар Деҳлӣ ҳукми 6 нафарро эълон мекунанд

Имрӯз ҳукми додгоҳ барои 6 нафаре, ки дар Деҳлӣ ба номуси ҷавонзани 23 сола дар дохили автобус дастаҷамъона таҷовуз карда буданд, ба таври расмӣ эълон мешавад.
Интизор меравад, ки 5 нафари онҳо барои таҷовуз, куштор ва одамрубоӣ мутаҳам эълон шаванд. Барои ин иттиҳомот ҳукми қатл пешбинӣ шудааст.

Додситонҳо дастур додаанд, ки барои таъйини синну сол аз ин 6 нафар санҷиши тиббӣ гирифта шавад, зеро иддаое вуҷуд дорад, ки ин афрод ҳоло наврас ва поинтар аз сини 18 мебошанд.

16 декабр ҷавонзани 23 сола мавриди таҷовузи ҷинсии ин шаш нафар қарор гирифт. Ин ҷавонон дар даст пораҳои оҳан доштанд.

Ҷавонзанро барои муолиҷа ба Сингапур бурданд, вале табибон натавонистанд вайро аз марг наҷот диҳанд. Дар саросари Ҳиндустон ин амал тазоҳуроти эътирозӣ ба бор овард.

Дар Покистон афроди номаълум 7 сарбозро рабуданд

Мақомоти низомии Покистон мегӯянд, афроди мусаллаҳ 7 сарбози нируҳои ҳукуматиро рабудаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин сарбозон дар минтақаи Ҷанд аз дохили автобусе рабуда шудаанд. Ҷанд шаҳраки хурде дар аёлати Панҷоб аст.

Сарбозон бо автобус аз ситоди артиш дар Равалпиндӣ ба ҷои хидмати худ ба Хайбари аёлати Паштунхво бармегаштанд.

Ҳафтаи гузашта одамрубоён 23 нафар афроди амниятии қабоилро низ рабуда буданд. Баъдтар Толибон гуфтанд, ки тундравҳо 21 нафари онҳоро ба қатл расондаанд. Як сарбоз бо ҷароҳат ва сарбози дигар бидуни осеб аз гаравгонӣ фирор карданд.

Фурӯ рехтани сақфи истгоҳи нави метрои Маскав

Дар истгоҳи нави метрои Маскав як қисми сақфи истгоҳ фурӯ рехтааст. Ин истгоҳи нав, ки 28 декабр боз шудааст, ба хати Арбатско-Покровский тааллуқ дорад.

Сақф дар минтақаи кассаҳо фурӯ афтодааст ва ин минтақа, яъне кассаҳо ҳанӯз боз нашуда ва муваққатан баста буд. Касе дар он ҷо набуд ва касе ҳам осеб надидааст.

Вазир мушовири ҳамкорӣ бо созмонҳои мазҳабиро таъин кард

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мушовири худ дар умури ҳамкорӣ бо созмонҳои динӣ ва ғайридиниро таъйин кард.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 2-юми январ ба «Озодӣ» гуфт, ки Ҷумъаназар Раҳматов, мушовири вазири корҳои дохилӣ доир ба ҳамкорӣ бо аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ғайридинӣ таъйин карда шуд.

Ин манбаъ афзуд, ки фармони таъйини Ҷумъаназар Раҳматов аз ҷониби Рамазон Раҳимов рӯзи 1-уми январи соли равон содир шудааст. Ҷумъаназар Раҳматов то кунун вазифаи раиси Бахши вилоятии мубориза бо фасод дар вилояти Суғдро бар уҳда дошт.

Моҷаро дар дохили ҳавопаймои парвози Маскав-Хуҷанд

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар дохили ҳавопаймои парвози Маскав-Хуҷанд моҷаро ва занозанӣ кардааст. Ҳавопаймои "Airbus A320" аз ширкати ҳавоии "Сибир" аз фуродгоҳи Додмодедово ба ҳаво ба самти Хуҷанд бархостааст, вале дар болои вилояти Самараи Русия дар дохили ҳавопаймо моҷаро шурӯъ шудааст ва мусофири ҷангҷӯ хостааст ба ҳуҷраи халабонон ҳамла барад.

Халабонон тасмим гирифтаанд, ки ба ақиб баргарданд ва аз моҷароҷӯ халос шаванд.

Ҳавопаймо бо 160 нафар мусофир ба Домодедово баргаштааст ва моҷароҷӯро пулис аз ҳавопаймо фуровардааст. Ҳавопаймо дубора ба Хуҷанд парвоз кардааст.

Ҳалокати се нафар дар таркиши балони газ дар Зафаробод

Рӯзи чаҳоршанбе дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз таркиши балони газ дар хонаи хусусӣ як зан ва ду кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.

Бино ба хабари вазорат, балони 5 килограммӣ ба сабабҳои номаълум таркидааст ва дар ин таркиш зан ва ду набераи хурдсолаш кушта шудаанд. Ду нафари дигар, яъне марди солманд ва падари кӯдаконро бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Баъд аз таркиши балон сӯхтор ба вуҷуд омадааст ва ду мошини оташнишон ба кӯмак расидаанд. Ҳангоми фурӯ нишондани оташ се корманди муассисаи оташнишонӣ низ осеб дидаанд. Онҳо ҳам дар бемористон муолиҷа мегиранд.

Покистон ба сармоягузорони хориҷӣ бима пешниҳод кард

Ҳукумати Покистон ба соҳибкорони хориҷӣ ҳақи бима пешниҳод кардааст ва аз ин роҳ мехоҳад сармояҳои хориҷиро ҷалб кунад. Ин кишвар гаҳ-гоҳе дастхуши хушунатҳои тундгароён қарор мегирад.

Рӯзи чаҳоршанбе Абдулкабир Қозӣ-сухангӯи вазорати тиҷорат гуфт, ки Покистон тоҷирону сармоядорони хориҷиро даъват мекунад ва барои онҳо аз ҳоло ҳақи бима омода месозад.

Ба гуфтаи вай, ин бимаҳоро Ширкати Миллии Бимаи Покистон таҳия хоҳад кард ва намояндагиҳои дипломатии Покистон дар кишварҳои хориҷӣ ба зудӣ дар бораи ин барнома хабарҳоро нашр хоҳанд кард.

Ахиран кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ва Британия ба шаҳрвандони худ машварат доданд, ки бидуни зарурат ба Покистон сафар накунанд.

Маҷаллаи ҳаҷвии фаронсаӣ тасвирҳои Муҳаммадро чоп кард

Маҷаллаи фаронсавӣ, ки тасвирҳои танзомези Муҳаммадро чоп кардааст
Маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo дар 64 сафҳа шумораи вижаи худро ба нашр расонд, ки дар он тасвирҳои танзомези Муҳаммад-паёмбари ислом чоп шудааст.

Стефан Шарбонер-сардабири ин маҷалла ҳафтаи гузашта гуфт, “агар мардум бихоҳанд ҳайратзада шаванд, ҳайратзада хоҳанд шуд”. Вале вай иддао дорад, ки дар тасвирҳои танзомез зери унвони “Зиндагии Муҳммад” ягон падидаи таҳрикомез дида намешавад. Ба гуфтаи вай, ин тасвирҳо бозтоби навиштаҳое аз зиндагии Муҳаммад аст, ки дар китобҳо овардаанд.

Соли гузашта чопи тасвирҳои танзомез дар бораи Муҳаммад дар маҷаллаи Charlie Hebdo сабаби муваққатан бастани намояндагиҳои дипломатӣ ва марказҳои фарҳангии Фаронса дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин шуд, зеро бими он мерафт, ки имкон дорад тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шавад.

Дар даргириҳои Сурия 60 000 нафар кушта шудаанд

Фаъолони Сурия мегӯянд, рӯзи чаҳоршанбе дар як ҳамлаи ҳавоӣ ба маркази газгирӣ дар наздикии шаҳри Димишқ даҳҳо нафар кушта шудаанд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, онҳо дидаанд, ки чӣ тавр ҷасадҳо месӯхтанд ва баъд аз ҳамла дар шаҳраки Малиҳа манзараи ваҳшатнок ба вуҷуд омада буд.

Ҳамзамон дар гузориши нави СММ омадааст, ки дар нооромиҳои Сурия аз оғоз то ҳол 60 000 нафар кушта шудаанд. Ба гузориши қаблӣ талафоти ҷонии 5 моҳи ахирро илова кардаанд.

Дар Покистон 7 ходими хайрияро ба хок супурданд

Рӯзи чоршанбе садҳо нафар дар маросими дафни ҳафт ходими созмонҳои хайрияи покистонӣ, ки аз дасти ифротгароҳо ба қатл расидаанд, иштирок карданд. Рӯзи сешанбе дар минтақаи Свабӣ, воқеъ дар 75 километрии шимолу ғарби Исломобод, ифротгароҳо шаш зани ходими созмони хайрия ва як табиби мардро ба қатл расонданд. Тахмин мешавад, ки ин куштор бо маъракаи ҳамла ба масъулони эмгузарони зидди полио иртибот дорад.

Ошӯбгарони Сурия болои пойгоҳи Идлиб ҳамла карданд

Фаъолони ҳууқуқи башари Сурия мегӯянд, ошӯбгарони мухолифи президенти ин кишвар Башор ал-Асад болои пойгоҳи ҳавоии Идлиб, воқеъ дар шимолу ғарби Сурия ҳамла кардаанд. Ба қавли фаъолон ҳамла болои пойгоҳи Тафтаназ субҳи чоршанбе оғоз ёфт.
Ошӯбгарон пойгоҳҳои ҳавоии ҳукуматро таҳдиди бузургтарин арзёбӣ намуда, аз ин рӯ, болои пойгоҳҳои ҳавоӣ ба ба хусус поҳгоҳҳои шимоли ин кишвар, тавсеа бахшидаанд. Аз замони оғози эътирозҳои зиддиҳукуматии Сурия дар моҳи марти соли 2011-ум то имрӯз дар ин кишвар тахминан 45 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин муддат эътирозҳо тадриҷан ба ошӯби мусаллаҳона табдил ёфтаанд.

Ҷумъаназар Раҳматов мушовири Рамазон Раҳимов шуд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мушовири худ дар умури ҳамкорӣ бо созмонҳои динӣ ва ғайридиниро таъйин кард. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 2-юми январ ба «Озодӣ» гуфт, ки Ҷумъаназар Раҳматов, мушовири вазири корҳои дохилӣ доир ба ҳамкорӣ бо аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ғайридинӣ таъйин карда шуд. Ин манбаъ афзуд, ки фармони таъйини Ҷумъаназар Раҳматов аз ҷониби Рамазон Раҳимов рӯзи 1-уми январи соли равон содир шудааст. Ҷумъаназар Раҳматов то кунун вазифаи раиси Бахши вилоятии мубориза бо фасод дар вилояти Суғдро бар уҳда дошт.

Русия ба Тоҷикистон орду нахуд медиҳад

Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия мегӯяд рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 2 ҳазор тонна орди серғизо (витаминдор) ва нахудро ҳамчун кӯмаки башардӯстона равона хоҳад кард.

Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба расонаҳои ин кишвар рӯзи 2-юми январ иттилоъ додааст. Вазорати ҳолатҳои изтирории ин кишвар афзудааст, ки бар иловаи 1 ҳазору 916 тонна орди гандумӣ боз 135 тон нахуди зард ба Тоҷикистон фиристода хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон соли гузашта ба ин кишвар ҳудуди 40 кишвари дунё кӯмаки башардӯстона расондаанд. Ба сифати кӯмаки башардӯстона Тоҷикистон аз ҳама зиёд дорувориро гирифтааст. Сахитарин шарики Тоҷикистон, Амрико арзёбӣ мешавад, ки беш аз нисфи кӯмакҳои гирифтаи Тоҷикистон ба ин кишвар рост меоянд.

Коҳиши мусофирони қатора дар хатсайри Хуҷанд- Маскав

Хаттисайрҳои иловагии қатораҳо дар самти Хуҷанд-Маскав ба хотири муроҷиати ками мусофирон боздошта шудааст. Дафтари матбуоти Идораи Роҳи оҳани Душанбе рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми январ ба "Озодӣ" гуфт, ки дар фасли сармо мусофирон хоҳиши андаки бо қатора ба Маскав рафтанро доранд аз ин рӯ он хатсайрҳое, ки тобистон илова шуда буд, бекор карда шуданд. Дар ҳоли ҳозир ҳаракат рӯи хатсайри Хуҷанд- Маскав дар ҳафта як маротиба ва он ҳам рӯзҳои чаҳоршанбе сурат хоҳад гирифт.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Идораи Роҳи оҳани Душанбе, ин иқдоми мувақатӣ аст ва дар баҳор талабот афзуда бо хоҳиши мусофирон хатҳои сайри иловагӣ барқарор карда хоҳанд шуд. Бино ба иттилои ин манбаъ, аз ҷониби Русия низ мусофирон хоҳиши бо қатора сафар карданро тақрибан надоранд. Дар ҳоли ҳозир ҳаракат дар хатсайри Хуҷанд- Саратов низ боздошта шудаанд. Танҳо дар охири ҳамин ҳафта, яъне рӯзи шанбе охирин рейси қатораи Душанбе Саратов ҳаракат хоҳад кард.

6 таҷовузгари ҳиндӣ бо куштор муттаҳам мешаванд

Эътироз бар зидди поймолшавии ҳуқуқи занон дар Деҳлии Нав
Аз эҳтимол дур нест, ки шаш марди муттаҳам бо таҷовузи дастаҷамъии хонуми 23-сола рӯзи панҷшанбе расман айбдор эълон шаванд. Тахмин мешавад, ки панҷ нафари онҳо бо таҷовуз ба номус, куштор ва одамрабоӣ расман муттаҳам шуда, дар ҳоли собит шудани ҷурм ба марг маҳкум гарданд. Додситонӣ дастур додааст, ки устухони нафари шашум мавриди таҳқиқи табибон қарор гирад, то синну соли воқеии ӯ маълум шавад. Гуфта мешавад, ки ӯ аз 18-сола ҷавонтар, яъне ноболиғ аст. 16-уми декабр гурӯҳи мазкур хонуми 23-соларо дар дохили як автобус ба таври дастаҷамъӣ тавоҷуз намуда, ҳангоми ҳаракати автобус ӯро ба роҳ ҳаво додаанд. Бар илова ронандаи автобус кӯшиш кардааст, бо автобус аз болои ӯ гузарад. Рӯзи шанбе хонуми таҷовузшуда дар Сингапур ҳалок шуд. Бо эълони марги ӯ дар саросари Ҳиндустон ва ба вижа шаҳри Деҳлии Нав, эътирозҳо бар зидди поймолшавии ҳуқуқи занон дар Ҳиндустон доир шудаанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Зани тоҷик аз ширкати эронӣ нафақаи шавҳари фавтидаашро талаб дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
XS
SM
MD
LG