Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Теъдоде аз Толибони афғонро раҳо карданд

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, 80 зиндониеро озод карданд, ки ҳангоми амалиётҳо алайҳи Толибон ва дигар гурӯҳҳо боздошт шуда буданд. Ҷалолуддин Деҳотӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, зиндониёнро аз маҳбаси низомии Багром, воқеъ дар шимоли Кобул ва дигар зиндонҳои кишвар озод кардаанд. Мақомот умедворанд, ки раҳоии ин афрод барои расидан ба сулҳу оштӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард. Ба гуфтаи Ҷалолуддин Деҳотӣ, дар ҳафтаҳои оянда 1200 зиндонии дигар озод карда хоҳанд шуд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ дар зиндони Багром тақрибан 3 ҳазор ҷангҷӯи дигари Толиб ва аъзои гурӯҳҳои террористӣ нигаҳ дошта мешаванд.

Таҷлили 48-солагии Фатҳ дар пеши чашми Ҳамос

Созмони Фатҳ ба раҳбарии Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Ташкилоти Худгардони Фаластин, 48-солагии таъсиси ин созмонро дар Навори Ғазза таҷлил мекунад, ки таҳти назорати Ҳамос, ҷиноҳи рақибаш қарор дорад. Даҳҳо ҳазор нафар аз тарафдорони Фатҳ, дар шаҳри Ғазза гирд омада ва бо парчамафшонӣ 48 солагии созмонро ҷашн гирифтанд. Аз соли 2007 то кунун бори аввал аст, ки Ҳамос баргузории чунин ҷашнеро ба тарафдорони Фатҳ иҷоза медиҳад. Чанде аз раҳбарони созмони Фатҳ барои таҷлил дар ин маросим аз Канораи Ғарб ба Навори Ғазза рафтаанд. Ҷиноҳи низомии созмони Фатҳ моҳи январи соли 1965 алайҳи Исроил бори аввал амалиёти низомӣ анҷом додааст ва он замонро рӯзи таъсиси расмии Фатҳ интихоб кардаанд. Созмонҳои рақиби Фатҳу Ҳамос соли 2011 бо ҳам созишномаи оштӣ имзо карданд, вале то кунун он амалӣ нашудааст.

Малола Юсуфзайро аз шифохона ҷавоб доданд

Малола Юсуфзай, як духтараки 15-солаи покистониро, ки Толибон барои ташвиқи духтарон ба таҳсил ӯро захмӣ карданд, аз бемористон ҷавоб додаанд. Бемористони Бирмингем дар Ландан видеои ҷавоб шудани Малола Юсуфзайро нашр кард, ки дасти як парасторро гирифта аз шифохона берун меояд. Муолиҷаи Малола Юсуфзай дар манзили муваққатии хонаводаи онҳо дар Бритониё идома мекунад. Табибонаш гуфтанд, ки косахонаи сари Малола Юсуфзайро, ки аз зарби тир осеб дидааст охири ҳамин моҳ ё аввали моҳи феврал ҷарроҳӣ мекунанд. Ҷангҷӯёни Толиб моҳи октябр Малола Юсуфзайро ҳангоми аз мактаб баргаштанаш бо зарби тири туфанг маҷрӯҳ карданд. Ӯ дар соли 2009 баъди он маъруф шуд, аз хонаашон дар дараи ноороми Своти Покистон, бо интишори блог дар Би Би Си ҷиноятҳои Толибонро тасвир мекард. Ҳукумати Покистон ба падари ӯ дар Бритониё мақоми дипломатӣ додааст.

Дарёфти ҷасади шахси номаълум дар Чимтеппа

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд дар деҳаи Гулбуттаи ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ ҷасади шахси номаълум дарёфт гардидааст.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки кормандони умури дохилии ноҳияи Рудакӣ дар лаби ҷуйбори деҳаи Гулбуттаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ин ноҳия дар канори чапи шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа ҷасади марди тақрибан 45 соларо ёфтаанд, ки шахсияташ то ҳол маълум нашудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ меафзояд, ки ин шахс ҳамроҳ ҳеҷ ҳуҷҷате надоштааст. Ба иттилои ин манбаъ танҳо дар ангушти дуюми дасти чапаш нишонаи ашгуштарин бо хатҳои кабуд кашида, дар рӯи дасташ ҳарфи «Ш» ва дар ангушти калони дасти росташ нишонаи нотаи мусиқӣ «ДО» нақшбандӣ шудааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд феълан нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, мавриди тафтишот қарор дорад.

Тоҷикистон 120 ҳазор ҷойҳои нави корӣ офаридааст

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон соли 2012 андаке бештар аз 130 ҳазор ҷойҳои нави корӣ офаридаанд. Оҷонси давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар як баёния дар торнамои худ гуфтааст, агарчӣ Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таъсиси беш аз 121 ҳазор ҷойҳои нави кориро дар соли гузашта пешбинӣ мекард, аммо дар ин муддат муассисаҳои давлативу хусусӣ ҷойҳои бештари корӣ офаридаанд. Агар ин омор воқеъият дошта бошад, пас танҳо дар вилояти Хатлон соли гузашта бештар аз 42 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд. Бар тибқи ин баёния, дар соли 2012 асосан бахши хусусӣ дар Тоҷикистон мардумро бо ҷойи кор таъмин кардааст ва бештар аз 75 ҳазор нафарро. Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон то моҳи ноябр 55 ҳазор нафар бекор будаанд, ки 2,5 дар сади аҳолии қобили корро ташкил медиҳад. Вале муҳоҷирати афзояндаи тоҷикон ба Русияро намоёнгари бекории густурда дар Тоҷикистон медонанд.

Қадимтарин бонки Швейтсария баста хоҳад шуд

Қадимтарин бонки Швейтсария, ки ба кӯмак дар сарпечӣ аз пардохти молиёт ба афроди сарватманди Амрико гунаҳкор дониста шуд, эълом кард, ки бо пардохти ҷаримаву ҷуброн ба кори худ хотима хоҳад дод. Масъулони бонки Wegelin & Co рӯзи панҷшанбе дар додгоҳи шаҳри Ню Йорк эътироф карданд, ки ба 100 мизоҷи сарватманди худ аз Амрико тайи як даҳсола кӯмак кардаанд, ки аз 1 миллиарду 200 миллион доллар даромади хеш молиёт напардозанд. Бонки Wegelin & Co гуфтааст, ки барои ин кораш ба ҳукумати Амрико 58 миллион доллар ҷуброну ҷарима мепардозад. Бонки мазкур, ки аз соли 1741 кор мекард, дар як шаҳри хурди Сайнт Галлени Швейтсария қароргоҳ дорад ва баъди 250 сол дарҳояшро хоҳад баст.

Қатли як марзбони тоҷик аз сӯи қочоқбарони афғон

Як сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи қочоқчиёни афғон кушта шудааст.
Сиёвуш Саидов, сокини ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, шимоли Тоҷикистон рӯзи 4-уми январ дар тамоси телефонӣ ба "Озодӣ" гуфт, ки имрӯз ҷасади сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон, сокини деҳаи Оббурдон Фазлиддин Қозиевро ба хок супурданд. Фазлиддин Қозиев хатмкардаи мактаби рақами 17 ҷамоати Обурдан буда ва соли гузашта ба сафи артиш даъват шуда буд. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки Фазлиддин Қозиев сарбози қатории ҷузъутоми марзбонии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон буд, ки аз зарби силоҳи кушта шудааст. Бино ба иттилои мақомоти марзбонии Тоҷикистон, Фазлиддин Қозиев дар натиҷаи як бархӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон дар ин минтақаи марзӣ кушта шудааст.

Ҳукумати Амрико мухолифи сафари мудири Гугл аст

Вазорати умури хориҷии Амрико аз қасди Эрик Шмидт, мудири иҷроияи Гугл, интиқод кард, ки мехоҳад, ба Куриёи Шимолӣ сафар кунад. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорат, рӯзи панҷшанбе гуфт, замоне, ки Эрик Шмидт барои сафар ба Пхенян интихоб кардааст, “замони мусоиде” нест ва мудири Гугл медонад, ки ҳукумати Амрико мухолифи ин сафари ӯст. Виктория Нуланд афзуд, мудири ширкати Гугл ва Билл Ричардсон, губернатори собиқи аёлати Мехико ба Куриёи Шимолӣ сафари хусусӣ мекунанд ва ҳеҷ паёме аз ҳукумати Амрико барои ҳукумати Пхенян намебаранд. Куриёи Шимолӣ, ба хотири барномаҳои атомӣ ва озмоишҳои мушакиаш таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор дорад.

Бомбгузорӣ дар Димишқ 9 нафарро кушт

Фаъолони мухолифони давлат дар Сурия мегӯянд, бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар як бензинфурӯшӣ дар шаҳри Димишқ дасти кам 9 нафар кушта шуданд. Дар ин бора Маркази Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия хабар додааст. Хабаргузориҳои расмии Сурия низ дар бораи таркиш хабар доданд, вале доир ба талафот чизе нагуфтанд. Ҳадафи ҳамла мошинҳое будаанд, ки барои гирифтани сӯхт навбат мепоиданд. Ба гуфтаи Созмони Милал, аз замони шурӯъи қиёмҳои мардумӣ алайҳи раиси ҷумҳур Башор Асад дар моҳи марти соли 2011, то кунун дар Сурия 60 нафар кушта шудаанд. Бисёриҳо муноқиша дар Сурияро ҷанги шаҳрвандӣ медонанд.

Чавес ба сахтӣ нафас мекашидааст

Ҳукумати Венесуэла мегӯяд, Ҳуго Чавес, раиси ҷумҳури ин кишвар, ки дар Куба барои бемории саратонаш муолиҷа мешавад, аз бемории шадиди сироятии роҳҳои нафас ранҷ мекашад.

Эрнесто Виллегас, вазири иттилоъоти Венесуэла рӯзи панҷшанбе гуфт, Чавеси 58-сола ба “сахтӣ нафас” мекашад, зеро шушҳояш башиддат сироят ёфтаанд.

Эрнесто Виллегас, аз ин бештар дар бораи вазъи сиҳатии раиси ҷумҳури кишвараш чизе нагуфт, вале афзуд, ки расонаҳои байналмилалӣ, бо “ҷанги равонӣ” дар бораи вазъи сиҳатии Ҳуго Чавес, мехоҳанд, вазъи Венесуэларо ноором кунанд. Вале ӯ ҳеҷ намунае дар ин замина наовард.

Баъди ҷарроҳии варами саратонаш дар Куба дар рӯзи 11 декабр Ҳуго Чавес дигар дар мазҳари ом дида нашудааст. Қарор буд, ӯ рӯзи 10 январ бо адои расмии савганд даври нави раёсати ҷумҳуриаш дапр Венесуэларо шурӯъ кунад, аммо маълум нест, ки то он замон шифо хоҳад ёфт ё на.

Клинтон ҳафтаи оянда ба кор бармегардад

Ҳилларӣ Клинтон баъди рухсат шуданаш аз бемористон пресветериании Ню-Йорк
Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, вазири хориҷа Ҳилларӣ Клинтон умедвор аст, ки баъди табобати лахтии хунаш ҳафтаи оянда ба кор баргардад. Сухангӯи вазорат Виктория Нуланд гуфт, Клинтон феълан дар хонааш дам мегирад, вале бо кормандони аршадаш дар тамос ҳаст.
Клинтони 65-сола рӯзи якшанбе дар пайи ташхиси лахти хун дар байни мағз ва косахонаи сараш ба бемористон уфтод. Клинтон моҳи декабр ногаҳон уфтода, аз ноҳияи сараш осеб дида буд. Ӯро рӯзи чоршанбе аз бемористон ҷавоб доданд.

19 кушта дар як таркиш дар шаҳри Мусаййиби Ироқ

Таркиши мошини бомбгузоришуда дар байни издиҳоми зоирони шиъа дар шаҳри умдатан шиъанишини Мусаййиб дар ҷануби Бағдод дастикам 19 кушта ва беш аз 40 захмӣ ба ҷо гузошт. Қурбониён зоироне буданд, ки баъди ширкат дар маросими Арбоъин аз шаҳри барои шиъаҳо муқаддаси Карбало бармегаштанд. Арбоъин рӯзи чилуми Ошӯрост. Ройтерс мегӯяд, бомбро як маргталаб таркондааст. Касе масъулиятро ба дӯш нагирифтааст, вале дар Ироқ гурӯҳҳои тундрави суннӣ алайҳи зоирони шиъа зиёд ҳамла мекунанд. Рӯзи 31 декабр дар Мусаййиб бар асари инфиҷори 3 манзил 7 тан аз шиъаҳо кушта шуданд.

Эълони 5 айбнома бо иттиҳоми таҷовуз дар Ҳинд

Пулиси Ҳинд алайҳи 5 мард дар иртикоби таҷовуз ба номус ва марги донишҷӯдухтари 23-сола айбномаи расмӣ эълон кард. Гумонбари шашум, ки бовар меравад, синнаш камтар аз 18 аст, интизор меравад, ба таври алоҳида дар додгоҳи ноболиғон муҳокима шавад. Донишҷӯи риштаи физиотерапия ва як марди ҳамроҳи ӯ рӯзи 16 декабр дар як автобуси хусусӣ дар Деҳлии нав ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Ин духтар баъди ду ҳафта дар бемористоне дар Сингапур даргузашт. Ин қазия мояи эътирозҳои хашмолуд ва гоҳо пурхушунат алайҳи давлат дар саросари Ҳинд шудааст. Ба бовари бисёриҳо, давлат барои пешгирӣ аз хушунат алайҳи занон кори чандоне намекунад.

Солгарди 90-уми "Номаи Ленин ба анҷуман"

Пайкараи Ленин дар Донетск
Имрӯз, 4 январ раҳбари ҳайъати Эрон дар музокироти ҳастаӣ Саид Ҷалилӣ дар Деҳлии нав нишасти хабарӣ медиҳад. Имрӯз дар Тифлис бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ тазоҳурот хоҳанд кард. Фардо дар пойтахти Гурҷистон баргузории тазоҳурот ба тарафдорӣ аз Саакашвилӣ пешбинӣ шудааст.
4 январи соли 1923 асосгузори давлати шӯравӣ Владимир Ленин дар номааш ба анҷумани ҳизби коммунист Иосиф Сталинро номзади нолоиқ ба мақоми дабири кулли ҳизб номид ва хостори барканории ӯ аз ин мақом шуд. Номаи Ленин баъдан барои даҳсолаҳо махфӣ карда шуд.

Ҳаво имрӯз умдатан соф хоҳад омад

Имрӯз, 4 январ дар Душанбе ва ҷануби Тоҷикистон ҳавои умдатан соф дар назар дошта шудааст. Вале ҳаво дар вилояти Суғд ва кӯҳистони кишвар абрӣ хоҳад омад. Ҳарорати ҳаво аз 2 дараҷа гармӣ дар Душанбе то 2 дараҷа сардӣ дар Ғарму Хоруғ фарқ карда, ба гуфтаи ҳавошиносон, ҳаво имрӯз дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа баробари сифр хоҳад шуд.

Бритониё Обид Носирро ба Амрико супурд

Бритониё як марди покистониро, ки ба ҳамкорӣ бо Ал-Қоида айбдор мешуд, ба Амрико истирдод кард. Обид Носири 26-сола дар байни 12 тане буд, ки моҳи апрели соли 2009 бо гумони қасди куштори оммавӣ тавассути бомбгузорӣ дар маркази шаҳри Манчестер дар шимоли Бритониё боздошт шуданд. Бар илова, ӯ бахши як шӯъбаи фаротари Ал-Қоида шумурда мешавад, ки нақшаи ҳамлаҳо дар Амрикову Норвегияро дар сар дошт. Амрико Носирро ба далели нақши эҳтимолиаш дар қасди ҳамлаҳо ба метрои Ню-Йорк дар соли 2009 таҳти пайгард қарор додааст.
Дар сурати собит шудани ин иттиҳом ӯ метавонад дар Амрико то ба ҳабси умрбод маҳкум шавад.

Ҳалокати як зан дар Истаравшан аз дуди ангишт

Шаби 2 январ дар вилояти Суғд зану шавҳари ҷавон дар манзили худ аз танаффуси дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Дар пулиси вилоят ба хабаргузории TJinform гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса сокини 20-солаи ҷамоати Гули сурхи ноҳияи Истаравшан Юлдуз Бафоева ҳалок шуда, шавҳари ӯ Мардон Бафоевро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористон бурдаанд. Ҳафтае пеш дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа ҷасади шахшудаи занеро ёфта буданд, ки зоҳиран ба иллати сармо мурда буд. Рӯзи 1 январ бар асари таркиши балони газ дар Зафаробод як зан бо ду фарзандаш ҷон бохтанд.

Ҳамсари Ким Чен Ун зоҳиран таваллуд кардааст

Рӣ Сол Ҷу ва ҳамсараш Ким Чен Ун
Матбуоти Кореяи ҷанубӣ ҳадс мезанад, ки Рӣ Сол Ҷу - ҳамсари раҳбари Кореяи шимолӣ Ким Чен Ун – шояд таваллуд карда бошад. Хабаргузории Ёнҳап аз қавли як мақоми Кореяи ҷанубӣ навишт, Рӣ Сол Ҷу “зоҳиран алакай таваллуд кардааст.” Ин манбаъ гуфтааст, ки ин хабар бо такя ба таҳлили наворҳои телевизионист. Телевизиони Кореяи шимолӣ як моҳ қабл ӯро дар расми ёдбуди раҳбари қаблии ин кишвар Ким Чен Ир бо либоси чунон кушоде, ки шиками дамидаашро мепӯшонд, намоиш дода буд. Тасвирҳои нашршуда аз ҳузури Рӣ дар ҷашни Соли нав ӯро алакай бо либоси танг намоиш медод ва дигар кадом аломате аз бордориаш дида намешуд. Дар ин замина ягон шарҳи расмӣ аз ҷониби мақомоти Кореяи шимолӣ нарасидааст. Матбуоти Кореяи ҷанубӣ мегӯяд, ин ҷуфт соли 2009 издивоҷ карда, алакай як фарзанд доранд.

Интихоби дубораи Ҷон Боенер ба раёсати Маҷлис

Ҷон Боенер
Ҷон Боенери ҷумҳурихоҳ аз аёлати Оҳайо дубора раиси Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико интихоб шуд. Конгресс давраи нави корашро рӯзи панҷшанбе бо адои савганди 12 сенатори ҷадид ва 82 узви нави Конгресс оғоз кард. Дар интихоботи моҳи ноябр раисиҷумҳури демократ Барак Обама курсиашро ҳифз кард ва демократҳо аксарияти доштаашон дар Сенатро тақвият доданд, вале Маҷлиси намояндагон таҳти назорати ҷумҳурихоҳон боқӣ монд. Дар ҳафтаҳои оянда, вакилони Конгресс роҳҳои тавофуқ ба хотири пешгирӣ аз афзоиши автоматии молиёт ва коҳиши низ автоматии хароҷотро ҷуста, ва ҳам қонунеро баҳс хоҳанд кард, ки тавсиаи имконоти маҳдуди маъмурияти Амрикоро ба ҳадаф дорад.

Таҷаммӯъи издиҳоми бузург дар дафни Мулло Назир

Мулло Назир
Бино ба хабарҳо, дар маросими дафни ҷанозаи Мулло Назир, аз фармондеҳони аршади ҷангиёни исломӣ дар устони Вазиристони ҷанубии Покистон издиҳоми бузурге гирди ҳам омад. Мулло Назир ва дастикам 9 тан аз ёронаш, бо шумули ноиби аршади ӯ, бино ба хабарҳо, шоми чоршанбе ё субҳи панҷшанбе бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шуданд. Радиои Машъал хабар дод, ки намози ҷанозаи ӯ дар минтақаи Аъзам Варсак доир шудааст. Мақомот Мулло Назирро масъули ҳамоҳангсозии ҳамлаҳо алайҳи нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистони ҳамсоя медонистанд. Гуфта мешуд, ки ӯ бо низомиҳои Покистон муомилаи оташбас ҳам доштааст. Мулло Назир дар як бомбгузориии моҳи ноябр маҷрӯҳ шуда буд.

Ӯзбакистон интиқоли гази табииро аз қаламраваш манъ кард

Ӯзбакистон интиқоли гази табииро аз тариқи қаламраваш манъ кард. Ҳукумат ин тасмимро бо талоши дифоъ аз амнияти давлатӣ ва олуда насохтани муҳити зист марбут намуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, тасмими Тошканд қабл аз ҳама ба Тоҷикистон дахл дорад – 31 декабри соли 2012 Ӯзбакистон интиқоли газ ба ин кишвари ҳамсояро қатъ кард, зеро ҳайатҳои ду давлат то охири сол дар мавриди нархи газ ба созиш нарасиданд.

Ӯзбакистон ягона содиркунандаи газ ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва пайваста бо баҳонаҳои гуногун интиқоли ин маводи сӯхт ба кишвари ҳамсояро мутаваққиф мекунад.

Дар Истамбул генерал Қарадоӣ боздошт шуд

Генерал Исмоил Ҳаккӣ Қарадоӣ
Дар Истамбул раиси пешини Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Туркия генерал Исмоил Ҳаккӣ Қарадоӣ боздошт шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, генерал ба Анқара интиқол ёфт ва мавриди бозпурсии мақомоти тафтишотӣ қарор мегирад.

Гуфта мешавад, ки ҳабси генерал Қарадоӣ бо талоши мушаххас кардани нақши низомиён дар сарнагунсозии ҳукумати нахуствазир Наҷмиддин Эрбакон дар соли 1997 робита дорад. Эрбакон бо иттиҳоми талоши боло бурдани нуфузи дини ислом дар сиёсати Туркия дар як инқилоби махмалин аз мақом барканор шуд.

Низомиёни Туркия маъмулан худро кафилони дунявӣ боқӣ мондани кишвар мехонанд.

Ба таҷовузгарон ҳукми эъдом таҳдид мекунад

Дар Деҳлӣ ба панҷ марди муттаҳам дар таҷовузи дастаҷамъӣ ва куштори як донишҷӯдухтар иттиҳоми расмӣ эълон шуд. Ба ҳамаи онҳо ҳукми эъдом таҳдид мекунад. Ба иттилои полиси маҳаллӣ, худи боздоштшудагон дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат надоштанд. Муттаҳами шашум баъд аз муқаррар шудани синну солаш ба маҳкама кашида мешавад.

Боздоштшудагон аз рӯи ҳафт банди кодекси ҷимноӣ, аз ҷумла, куштор, одамрабоӣ, ғоратгарӣ ва таҷовуз ба номус айбдор дониста шуданд.

Рӯзи 16 декабр ин гурӯҳ дар автобус як донишҷӯдухтарро таҷовуз кард. Ин духтар чанд рӯз баъд дар бемористоне дар Сингапур аз олан даргузашт. Пизишкон гуфтанд, ки наҷоти духтар ғайримумкин буд, зеро ӯ ҷароҳатҳои маргбор бардоштааст.

Баъд аз ин ҳамла ва таҷовуз дар саросари Ҳиндустон тазоҳуроти мардум баргузор шуд ва онҳо ҳимояти занонро тақозо карданд.

Хабарнигори Озодӣ аз чеҳраҳои муҳими соли 2012 дониста шуд

Абдуқаюми Қаюмзод
Ҳафтаномаи мустақили "Нигоҳ" дар шумораи солинавии худ Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори Радиои Озодиро дар қатори чеҳраҳои мардумӣ дар соли 2012 ҷо додааст. Ба навиштаи нашрия, Қаюмзод бештар бо мусоҳибаҳои худ, ки дар торнамои Радиои Озодӣ чоп шуда, аз сӯи нашрияҳои даврӣ бознашр гардиданд, маъруфият касб кардааст.

"Нигоҳ" мегӯяд, мусоҳибонаш Абдуқаюми Қаюмзодро аз "классикон"-и жанри мусоҳиба дар Тоҷикистон унвон кардаанд, ки ба истилоҳ, "мурда"-ро ба гап медарорад. Ин дувумин нашрияи мустақили Тоҷикистон аст, ки дар охири соли 2012 хабарнигори Радиои Озодӣ, Абдуқаюми Қаюмзодро дар қатори афроди муҳими соли 2012 ҷо медиҳад. Қаблан, нашрияи "Фараж" ӯро журналисти соли 2012 эълон карда буд.

“Ал-Ҷазира” Current TV-ро харидорӣ кард

Ширкати телевизионии “Ал-Ҷазира” шабакаи кабелии амрикоии Current TV-ро харидорӣ кард, ки яке аз муассисонаш Алберт Гор, собиқ нойиби раисиҷумҳури ИМА аст.

Шартҳои созиш махфӣ нигаҳ дошта мешаванд. Алберт Гор ва шарикаш Ҷоэл Ҳайат дар як баёния гуфтанд, “ҳам дар “Ал-Ҷазира ва ҳам дар Current TV бовар доранд, ки ҳақиқат ва далел боиси дарки беҳтари ҳаводиси гирду атроф мешаванд”.

Қарор аст ба ҷойи Current TV, ки онро ҳоло сокинони 60 миллион манзил дар ИМА тамошо мекунанд, канали нави телевизионии “Ал-Ҷазира-Амрико” таъсис шавад, ки дар он ба ахбори маҳалливу байнулмилалӣ барои амрикоиҳо бартарӣ дода хоҳад шуд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Зани тоҷик аз ширкати эронӣ нафақаи шавҳари фавтидаашро талаб дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
XS
SM
MD
LG