Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Обама дар 12 моҳ 34 ҳазор нируи Амрикоро ба Ватан бармегардонад

Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар паёми давлатии худ эълон мекунад, ки вай дар давоми 12 моҳи оянда 34 ҳазор нафар низомиёни Амрикоро аз Афғонистон ба Амрико бармегардонад.

Дар гузоришҳо аз номи сарчашмае нақли қавл шудааст, ки бо гузориши раиси ҷумҳур ошност, вале аз вай ном бурда намешавад. Ҳоло дар Афғонистон 66 ҳазор низомии Амрико мустақар аст ва то поёни соли 2014 ҳамаи онҳо ба ватан бармегарданд.

Обама паёми давлатии худро дар иҷлоси муштараки ҳар ду маҷлиси Конгресси Амрико баён хоҳад кард.

Дар Озарбойҷон нависандаи машҳурро таҳқир мекунанд

Акрам Ойлислӣ
Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch мегӯяд, ҳукумати Озарбойҷон талошҳои тарсондани нависандаи машҳурро барои як достони зиддунақизаш “раҳбарӣ кардааст”.

Ин созмон рӯзи сешанбе дар Нию Йорк гуфт, ки ҳукумати Боку бар зидди Акрам Ойлислӣ маъракаи сиёҳкоририро оғоз кардааст. Рӯзи душанбе як ҳизби ҷонибдори давлат эълон кард, ки барои буридани як гӯши ин нависандаи машҳур 12 700 доллар ҷоиза медиҳад.

Ҳафтаи гузашта Ойлислӣ ба таври расмӣ аз унвони нависандаи мардумии Озарбойҷон ва аз нафақаи ба истилоҳ президентӣ маҳрум шуд.

Вайро ҳамчунин аз узвияти Иттиҳодияи Нависандагони кишвараш хориҷ карданд. Зану фарзандашро маҷбур карданд, ки аз кори худ даст кашанд.

Ҳамаи ин муҷозот барои он будааст, ки Ойлислӣ новеллаи “Орзуҳои сангин”-ро ба чоп расондааст. Ин новелла дар бораи ҷангҳои миёни озарбойҷониҳо ва арманиҳои Қарабоғи Кӯҳистонӣ ҳикоят мекунад.

Гуштигирӣ аз бозиҳои олимпии соли 2020 ҳазф мешавад?

Кумитаи Байналмиллалии Олимпӣ тасмим гирифтааст, ки гуштигириро аз Бозиҳои Олимпии соли 2020 хориҷ кунад. Ин тасмимро рӯзи сешанбе Кумитаи иҷроии олимпӣ дар Лозанне қабул кард.

Гуштигирӣ аз соли 1986 дар бозиҳои олимпӣ мавҷуд аст ва ба он тарзи озоди юнонӣ-румӣ низ дохил мешавад. Дар ин навъҳо варзишгарон барои 18 медал мубориза мекунанд. Дар бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон барандагон 18 медал ба даст оварда буданд.

Моҳи май кумитаи олимпӣ дар Русия мулоқот ва тасмими ниҳоиро дар ин бора қабул мекунад. Дар он сурат маълум хоҳад шуд, ки дар бозиҳои соли 2020 гуштигирӣ боқӣ хоҳад монд ё хайр.

Дар Душанбе пулиси қотил 2 сол маҳкум ба зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Душанбе Абдураҳмон Додов-бозрасони пулисро 2 сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ мегӯяд, дар натиҷаи азияту озор ва шиканҷа Баҳромилддин Шодиев-як нафар аз гумонбарон дар зиндон ҷон додааст.

Вай соли 2011 барои дуздӣ боздошт шуда буд. Пас аз як рӯзи боздошт вай дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон интиқол дода шуд ва баъд аз 10 рӯз дар бемористон даргузашт.

Қабл аз даргузашт Шодиев боре ба ҳуш омад ва ба хешовандонаш гуфт, ки вайро кормандони пулис лату кӯб кардаанд, то вай гуноҳи набударо эътироф кунад.

Ҳоло Гулчеҳра Холматова-вакили мудофеи Шодиев мегӯяд, ки ҳукми Додов-корманди пулис барои ин куштор хеле сабук аст.

Қурмонбек Боқиев ба 24 соли ҳабс маҳкум шуд

Қурмонбек Боқиев
Додгоҳи низомии Бишкек рӯзи сешанбе Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури пешини ин кишварро дар ғайбаш ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Ҷаниш Боқиев-бародари вай ҳабси абад гирифт.

Додгоҳ Боқиевро дар ғиёбаш барои нақш доштан дар суиқасдҳои сисёсии пурсару садо маҳкум намуд. Моҳи марти соли 2009 ҷасади Медет Содирқулов яке аз сиёсатмадорони мухолифон ва ду нафар аз ҳамроҳонашро дар дохили мошини оташзада пайдо карданд. Сипас ин куштор натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ эълон шуд.

Вале баъд аз фирори Қурмонбек Боқиев дар моҳи апрели соли 2010 баъд аз сарнагуниаш аз қудрат барои расидагӣ ба ин куштор парванда боз ва ба он расидагӣ сурат гирифт. Дар натиҷа моҳи ноябри соли 2012 5 нафар афсарони пешини амният барои даст доштанашон дар ин куштор ба мӯҳлатҳои гуногун ба зиндон маҳкум шуданд.

Ҳоло Қурмонбек Боқиев дар Беларус ба сар мебарад. Бародараш Ҷаниш ҳам дар он ҷо ба сар мебурд, вале вақтҳои охир маҳали иқоматаш маълум нест.

Муҳоҷирони корӣ баъд аз тазоҳурот комёб шуданд

Дар шаҳри Санкт Петербург баъд аз тазоҳуроти эътирозии кормандони бахши коммуналӣ, яъне муҳоҷирони корӣ кордиҳанда дастмузди онҳоро пардохт кардааст. Муҳоҷирони корӣ дар назди дафтари ин муассиса дар хиёбони Полюстровский чанд бор ба эътироз баромада буданд.

Бори ахир муҳоҷирон 1 феврал дар ноҳияи Фрунзе тазоҳурот барпо ва номаеро ба додситонӣ фиристода буданд. Дар ин бора матбуоти Русия хабар додааст.

Дар сурате, ки кордиҳандагон дастмузди муҳоҷиронро пардохт намекунанд, онҳо маҷбур мешаванд эътироз кунанд ва ба додситониву созмонҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд ва аз ин роҳ ба дифои ҳуқуқи худ бархезанд.

Дар Новосибирск гурӯҳи ҷинояткор ошкор шуд

Дар Новосибирск-маркази Сибир як гурӯҳи миллии ҷинояткор ифшо шуд. Ин гурӯҳ ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла ҳамлаҳои мусаллаҳона анҷом додааст.

Бино ба хабари раёсати корҳои дохилаи Новосибирск, ин гурӯҳ дар интернет-кафеҳову тарабхонаҳо пайдо мешуд ва бо ҷавонон моҷаро барангехта, пулу дороии онҳоро ғасб мекард.

Дар яке аз чунин ҳамлаҳо як қурбонии чунин моҷаро аз сандуқи синааш корд хӯрдааст. Баъд аз ин моҷаро раҳбари гурӯҳ талош кард дар зодгоҳаш дар Озарбойҷон паноҳ ёбад. Вале вайро дар қатор дар Барабинск боздошт карданд. Се узви дигари ин гурӯҳ низ боздошт шуданд.

Аз онҳо ниқобу автомати пневматикии навъи Калашников, корд ва либосҳое мусодира шуд, ки ин гурӯҳ бо онҳо амалиёти ҷинояткоронаи худро анҷом медод.

Оташсӯзии кӯчак дар бозори "Корвон"

Дар бозори “Корвон»-и пойтахт сӯхтори кӯчак сар задааст. Ин сӯхтор соати 13:35-и рӯзи сешанбе рух дода ва яке аз дӯконҳои супермаркети «Элегант» ба коми оташ рафтааст. Марҳабат Давлатова, як соҳибкорзани бозори "Корвон" рӯзи сешанбе ба "Озодӣ" гуфт, вақте дуд аз яке аз дуконҳо баланд шуд, соҳибони мағоза зуд ва ба таври дастҷамъӣ ва бо кӯмаки кормандони оташнишонии бозор аз забона гирифтани оташ ҷилавгирӣ карданд. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки агар ба таври дастиҷамъӣ пеши доман задани сӯхтор гирифта намешуд, дӯконҳои фурӯши либосворӣ зуд оташ мегирифт ва ба дӯконҳои дигар забона мезад. Ин аввалин оташсӯзӣ дар ин бозори калонтарини пойтахти Тоҷикистон нест. Дар моҳи сентябри соли гузашта дар бахши яклухтфурӯшии ин бозор сӯхтор сар зад, ки дар натиҷа садҳо дӯкон ба коми оташ рафтанд.

Ҷаҳон озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолиро маҳкум мекунад

Кореяи Шимолӣ мегӯяд, ки севвумин озмоиши ҳастаии зерзаминии худро бо муваффақият анҷом дродааст. Ожонси марказии хабари ин кишвар гуфт, дар озмоиши рӯзи сешанбе дастгоҳи хурд, вале барои партоб қаввитар нисбат ба дастгоҳҳои пешин истифода шудааст.

Бо вуҷуди мухолифати Шӯрои Амнияти СММ, ин озмоиш анҷом гирифтааст. СММ аз ин кишвар хостааст, ки густариши аслиҳаи ҳастаии худро боздорад.

Амрикову Русия, Британия ва Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ин озмоишро маҳкум карданд. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико даъват кард, ки “маҳофили байналмиллалӣ ба ин озмоиш вокуниши фаврӣ ва муносиб нишон диҳанд”.

Чун Ёнг Ву-дабири аршади раёсати ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар умури амнияти миллӣ дар Сеул дар бораи ин озмоиш гуфт:

“Ин нақзи ошкорои қатъномаҳои 1718, 1874 ва 2087 Шӯрои Амнияти СММ барои Кореяи Шимолӣ дар бораи озмоишҳои ҳастаӣ мебошад, ки баъд аз партоби мушаки дурбурдаш анҷом мегирад”.

Шӯрои Амнияти СММ рӯзи сешанбе дар як иҷлоси фавқулоддаи худ ин масъаларо баррасӣ хоҳад кард.

Баъд аз озмоиши мушаки болдори Кореяи Шимолӣ дар моҳи декабри соли гузашта таҳримҳои СММ бар зидди ин кишвар ташдид ёфта буд.
Кореяи Шимолӣ озмоишҳои қаблии худро дар солҳои 2006 ва 2009 анҷом додааст.

Ваъдаи кӯмаки яҳудиёни Санкт-Петербург ба муҳоҷири тоҷик

Марк Грубарг, сарвари ҷамъияти яҳудиёни Санкт Петербург, гуфтааст, ки дар сурати зарурат ҷамъият омода аст ба шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳангоми тоза кардани барфи боми Синагог (ибодатгоҳи яҳудиён) аз баландии 20 метр сарозер шуда осеби ҷиддӣ дидааст, кумак расонад. Ба иттилои хабаргузориҳои Русия, Марк Грубарг гуфт, «ҳарчанд бар асоси қарордоде, ки ҷамъияти яҳудиён барои тоза кардани барфи боми Синагог бо як ширкати пудратчӣ дорад ва масъулияти таъмини бехатарӣ бар души ин ширкат аст, вале, мутаасифона, ин ҳодиса дар бинои Синагог рух дод ва ҷавони тоҷик сахт маҷрӯҳ шуд ва мо омодаем ба ин ҷавон кумак кунем.»

Ба гуфти расонаҳо, ҷавони 25-солаи тоҷик рӯзи якшанбеи 10 феврал ҳангоми тоза кардани боми Синагог дар хиёбони Лермонтови шаҳри Санкт-Петербург аз баландии 20 метр ба замин афтид ва шадидан маҷруҳ шуд. Феълан ӯ дар беморхонаи шаҳр бистарӣ буда, ба иттилои дафтари матбуоти бахши корҳои дохилии Санкт-Петербург, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Баррасии равобити Тоҷикистон дар Исломобод

Шукурҷон Зуҳуров ва Фаҳмида Мирзо
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ дар шаҳри Исломобод бо раиси Ассамблеяи миллии Покистон Фаҳмида Мирзо дидору мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн баррасӣ шуданд.Шукурҷон Зуҳуров густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишварро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон унвон кард ва изҳори умед намуд, ки созишномаи қаблан имзошуда дар мавриди бунёди корхонаи муштараки тавлиди семент дар шимоли кишвар бо маблағи 123 миллион доллар сармояи ҷониби Покистон муваффақона амалӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Исломобод бо раиси Маҷлиси бузурги миллии (парлумон)-и Туркия Ҷемил Чичек ва раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон доктор Алии Лориҷонӣ низ дидору мулоқот дошт, ки дар ҷараёни он масоили равобити Тоҷикистон бо ин кишварҳо баррасӣ шуд.

Тазоҳуроти Миср ба бархӯрд бо пулис печид

Дар Миср, тазоҳуроти мардум дар рӯзи дуввумин солгарди суқути раиси ҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак ба бархӯрд бо маъмурони пулис печид. Баъди сангандозии тазоҳургарон ба сӯи афсарон дар назди кохи раиси ҷумҳур дар шаҳри Қоҳира, маъмурони пулис барои муқобила бо онҳо аз мошинҳои обпош истифода карданд. Садҳо нафари дигар ба сӯи Майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира раҳпаймоӣ карданд, ки маҳз қиёмҳои мардумии 18-рӯза дар инҷо ба ҳукумати тӯлонии Ҳуснӣ Муборак хотима дод. Тазоҳургарон аз Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср талаб мекарданд, ки ҳадафҳои ин қиёмҳоро, ки ӯро ба қудрат расонд, амалӣ кунад. Мухолифони Мурсӣ мегӯянд, ки ӯ ба аҳдҳояш вафо накарда ва саъй дорад, бо ҳаракати исломиаш, Ихвон-ул-Муслимин қудрати ҳарчӣ зиёдтарро ба даст бигирад. Аммо Ихвон-ул-Муслимин мегӯяд, ки мухолифон мехоҳанд, дар кори нахустин раиси ҷумҳури интихобии Миср халал эҷод кунанд.

Бомбгузоре 8 нафарро дар Ироқ кушт

Бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Мосули Ироқ дасти кам 8 нафар кушта шудаанд. Маъмурони пулис ва табибони ироқӣ гуфтанд, ки як маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба посгоҳи низомиён равон кардааст, ки дар натиҷа аз 8 нафари дигар ва аксаран сарбозон маҷрӯҳ шудаанд. Рӯзе пештар аз ин, афроди мусаллаҳ дар Мосул дар ҳамлаҳои ҷудогона чаҳор нафар аз ҷумла ду маъмури пулис ва як сарбозро куштанд. Мосул воқеъ дар 390 километрии шимоли Бағдод шаҳри сермиллат ва хонаи арабу курд ва туркманҳо аст.

Ҷузъиёти таркиши маргбор дар марзи Туркия

Бар асари таркиши як мусофирбари хурди Сурия дар гузаргоҳи марзӣ бо Туркия дасти кам 13 нафар аз ҷумла шаҳрвандони Туркия кушта шудаанд. Дар ин ҳодиса дар гузаргоҳи Ҷилвагозу ҳамчунин даҳҳо нафари дигар захм бардоштаанд. Булент Оринч, муовини нахуствазири Туркия, гуфт, ки тамоми фарзияҳои таркиш, аз ҷумла бомбгузории интиҳорӣ баррасӣ мешавад. Ҷилвагозу гузаргоҳи марзие аст, ки паноҳҷӯёни Сурия аз тарси ҷанги ду сола дар ин кишвар, аз тариқи он ба Туркия фирор мекунанд. Туркия як пуштибони аслии шӯришиён дар Сурия буда ва ҳазорон нафар паноҳандаи аз ин кишварро мизбонӣ мекунад.

Духтарони Мӯсавиро раҳо кардаанд

Мирҳусейн Мӯсавӣ
Мақомоти Эрон ҳарду духтари раҳбари мухолифин Мирҳусейни Мӯсавиро баъди бозпурсӣ раҳо кардаанд. Қаблан сухангӯи Мӯсавӣ дар Порис Ардашер Амирарҷманд ба Озодӣ гуфт, мақомот Наргис ва Заҳро Мӯсавиро субҳи душанбе бо худ бурдаанд. Мақомот ба матбуоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки духтарони Мӯсавиро барои “бархе ташреҳот” бозҷӯӣ кардаанд. Наргису Заҳро бо талаби раҳоии Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Заҳро Раҳнавард, ки аз феврали соли 2011 дар ҳабси хонагӣ қарор доранд, мубориза мебурданд.
Мӯсавӣ ва Меҳдии Каррубӣ ду рақиби умдаи РҶ Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи соли 2009 буданд ва ҳарду иддао доштанд, ки пирӯзии Аҳмадинажод дар натиҷаи тақаллуб муяссар шудааст. Вақте онҳо дар авоили соли 2011 тарафдорони худро ба эътирозҳои назири Баҳори Араб даъват карданд, мақомот ҳардуро ба ҳабси хонагӣ андохтанд.

Абдуллоҷоновро ба Киев оварданд

Сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро аз Бориспол ба боздоштгоҳи Киев – пойтахти Украина – интиқол додаанд. Абдуллоҷоновро рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи Бориспол дастгир карданд. Маълум шуд, ки ӯ аз соли 1997 дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор доштааст. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба ҷиноёти сангине, чун терроризму бандитизм, талоши ғасби қудрат ва ҷиноёти иқтисодӣ айбдор мекунанд. Додгоҳи Бориспол рӯзи 7 феврал Абдуллоҷоновро барои 40 рӯз ба ҳабс гирифт. Дар ин муддат бояд парвандаи истирдоди ӯ баррасӣ шавад.
Абдумалик Абдуллоҷонови 64-сола дар оғози солҳои 90 сарвазири Тоҷикистон ва баъдан сафир дар Маскав буд, вале баъди рақобаташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 1994 тарки кишвар кард.

Инфиҷоре дар марзи Туркияву Сурия 5 нафарро кушт

Бар асари таркиши як мошини бомбгузоришуда дар гузаргоҳи марзие дар байни Туркия ва Сурия дасти кам 5 нафар кушта шудаанд. Расонаҳои туркӣ мегӯянд, ки дар ин бомбгузорӣ, ки дар наздикии шаҳри марзии Райҳонлии Туркия рӯзи душанбе ба вуқӯъ пайваст чандин нафари дигар захм бардоштаанд. Мири шаҳри Райҳонли ба телевизиони CNN Turk TV гуфтааст, ки чаҳор нафар аз қурбониён шаҳрвандони Туркия ҳастанд ва мошини бомбгузоришуда, шумораҳои Сурияро доштааст. Даҳҳо мошини дигар бар асари инфиҷор хароб шудаанд. Ин минтақаи марзӣ, як саҳнаи набардҳои шадид миёни нерӯҳои давлатии Сурия ва шӯришиёне аст, ки мухолифи ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад меҷанганд. Туркия аз ҳомиёни қавии шӯришиён дар Сурия буда ва ҳазорон нафар паноҳандаи аз ин кишварро мизбонӣ мекунад.

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия

Маъмурони амниятии Русия 271 нафарро барои таҳқиқи аснод ва эҳтимоли даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ ба боздоштгоҳи шаҳри Санкт Петербург овардаанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд. Кумитаи таҳқиқотии Русия рӯзи душанбе дар як баёнияи расмӣ дар торнамои худ гуфтааст, дар миёни ин 271 нафар сокинони ҷумҳуриҳои Қафқози Русия, шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистону Озарбойҷон ва Мисру Афғонистон даҳ нафари онҳо санадҳои зоҳиран тақаллубӣ доштаанд, 20 нафарашон аслан бе санад будаанд ва 6 нафарашон бар асоси ҳукми додгоҳ бояд аз Русия ихроҷ шаванд. Маълум нест, чанд нафаре аз онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, вале хабаргузории Итар Тасс мегӯяд, 6 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Санкт Петербург ихроҷ кардаанд. Кумитаи таҳқиқотии Русия дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, ин афрод ба хотири идомаи таҳқиқи як парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми “даъвати оммавӣ ба терроризм”, “барангехтани адоват” боздошт шудаанд. Муфаттишони рус аз ҷумла Мурат Сарбошев, сокини қафқозтабори Русияро ба паҳн кардани адабиёти дорои ақоиди ифротӣ ва наворҳои амалҳои террористӣ боздошт кардаанд.

Ваъдаи ҷоиза барои буридани гӯши адиб

"Хобҳои сангин"-и Ойлислӣ
Ҳафиз Ҳоҷиев, раиси Муосир Мусовот - як ҳизби ҳукуматгарои Озарбойҷон гуфт, ҳизбаш барои ҳар касе ки гӯши адиби баҳсбарангези озарӣ Акрам Ойлисро бибурад, 10 000 манат (12 700 доллар) ҷоиза хоҳад дод. Баъди нашри қиссаи «Хобҳои сангин» Ойлислиро аз унвони Адиби мардумӣ ва нафақаи президентӣ маҳрум ва аз узвияти Иттиҳодияи адибони Озарбойҷон хориҷ карданд. Ӯ дар ин китоб ба равобити ҳассоси Озарбойҷону Арманистон бар сари Қаробоғ, вилояти умдатан арманинишине, ки дар оғози солҳои 90 худро аз Озарбойҷон ҷудо эълон кард, даст задааст. Эътирозгарон дирӯз дар шаҳри Ганҷа китобҳои Ойлислиро оташ зада, ӯро «хоин» хонданд. Рӯзи шанбе садҳо эътирозгар дар зодгоҳи адиб – рустои Ойлис – низ ӯву китобашро маҳкум карданд.

Боздошти ду духтари Мӯсавӣ дар Теҳрон

Мирҳусейни Мӯсавӣ
Мақомоти Эрон ду духтари раҳбари мухолифин Мирҳусейни Мӯсавиро дастгир кардаанд. Ардашер Амирарҷманд - сухангӯи номзади собиқ ба раёсатҷумҳурии Эрон дар Порис ба Озодӣ гуфт, нирӯҳои амниятӣ субҳи душанбе дар як амалиёт ба манзилҳои Наргис ва Заҳро дар Теҳрон ҳардуро боздошт карданд ва маълум нест, ки ҳоло онҳо куҷоянд.
Мӯсавӣ ва Меҳдии Каррубӣ ду рақиби умдаи раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи соли 2009 буданд ва ҳарду иддао доштанд, ки пирӯзии Аҳмадинажод дар натиҷаи тақаллуб муяссар шудааст. Вақте онҳо дар авоили соли 2011 тарафдорони худро ба эътирозҳои назири Баҳори Араб даъват карданд, мақомоти Эрон ҳардуро ба ҳабси хонагӣ андохтанд.

Суқути як чархболи Озарбойҷон дар баҳри Хазар

Бар асари суқути чархболи низомии МИ-8 дар баҳри Хазар дастикам 3 сарнишинаш ҳалок шудаанд. Ин сониҳа рӯзи душанбе дар наздикии Боку – пойтахти Озарбойҷон – рух додааст. Ҷузъиёти бештари ҳодиса ҳанӯз дастрас нест.

Ҳайрикиён аз талаби таъхири интихобот даст кашид

Паруйр Ҳайрикиён
Паруйр Ҳайрикиён, яке аз номзадҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон, аз дархости ба таъхир андохтани интихоботи рӯзи 18 феврал даст кашид. Ҳайрикиёни 63-сола рӯзи 31 январ дар як ҳамла дар Ереван аз китфаш тир хӯрд. Ҳафтаи пеш пулис ду гумонбар дар ин ҳамларо дастгир кард, вале ҳадаф аз ин сӯиқасд норӯшан боқӣ мемонад. Ҳайрикиён дирӯз аз Додгоҳи Қонуни асосӣ хост, то ба далели вазъи сиҳҳати ӯ интихоботро ду ҳафта ақиб андозанд. Қонуни асосӣ дар сурати нотавонии номзадҳо таъхири раъйгириро иҷозат медиҳад.Аммо раҳбари ҳизби худшиносии миллӣ, ки рақиби билқуввае дар муқобили раисиҷумҳури кунунии Арманистон Серж Саркисиён дониста намешавад, имрӯз тақозояшро пас кашид.

Кобул: Шиканҷа ҳаст, вале на ба сурати мунтазам

Гурӯҳи таҳқиқотии давлати Афғонистон пайдо кардани шавоҳиди шиканҷаи боздоштшудагонро таъйид кард, вале гуфт, ин бадрафториҳо сурати мунтазам надоранд. Ин гурӯҳ моҳе пеш аз сӯи раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай ба хотири таҳқиқи иддаои СММ дар бораи шиканҷа ва бадрафториҳои ҷинсӣ нисбат ба маҳбусон дар зиндонҳои Афғонистон созмон дода шуд. Муҳаққиқон мегӯянд, қариб нисфи маҳбусони пурсидашуда иддао кардаанд, ки таҳти шиканҷа қарор доранд. 66 фоизи зиндониҳо гуфтаанд, ба хадамоти ҳуқуқӣ дастрасӣ надоранд. Ин таҳқиқ бар пояи пурсиши тақрибан 140 маҳбус дар зиндонҳои Кобулу Қандаҳор ва Ҳирот анҷом шудааст. Дафтари кумакҳои СММ дар Афғонистон дар гузориши моҳи январаш гуфт, “шиканҷа як мояи нигаронии ҷиддӣ дар чандин зиндон дар саросари Афғонистон боқӣ мемонад.”

Китобҳои Акрам Ойлисро дар Ганҷа оташ заданд

Акрам Ойлислӣ
Эътирозгарон дирӯз дар шаҳри Ганҷа, дар ғарби Озарбойҷон китобҳои адиби маъруф Акрам Ойлислиро оташ зада, худи ӯро «хоин» номидаанд. Ҳафтаи гузашта Ойлислиро расман аз унвони Адиби мардумии Озарбойҷон ва нафақаи президентӣ маҳрум карданд. Ин иттифоқот дар пайи нашри қиссаи «Хобҳои сангин»-и Акрам Ойлислист, ки соли гузашта дар як маҷаллаи Русия чоп шуд. Ойлислӣ дар ин қисса ба равобити ҳассоси Озарбойҷону Арманистон пардохта, рӯи Қаробоғ, вилояти умдатан арманинишине, ки дар оғози солҳои 90 худро аз Озарбойҷон ҷудо шуд, тамаркуз кардааст. Иттиҳодияи адибони Озарбойҷон рӯзи шанбе эълон кард, ки Ойлисро аз узвияташ хориҷ кардааст. Рӯзи шанбе садҳо эътирозгар дар зодгоҳи адиб – рустои Ойлис – низ ӯву китобашро маҳкум карданд.

Попи Рум ба иллати "нотавонӣ" канор меравад

Бенедикти 16 дар соли 1977
Ватикан ғайриинтизор эълон кард, ки Бенедикти 16 рӯзи 28 феврал аз мақоми попи Рум истеъфо хоҳад дод. Дар 600 соли охир ӯ нахустин раҳбари рӯҳонии калисои католикии дунё хоҳад шуд, ки истеъфо медиҳад. Бино бар баёнияи рӯзи душанбе нашршуда, Бенедикти 85-сола гуфтааст, ӯ дигар тавон надорад, зеро нирӯяш “дар моҳҳои охир бад шудааст.” Бенедикти 16 рӯзи душанбе ба Шӯрои калисо гуфт, ӯ бояд “нотавонӣ”-ашро эътироф мекард. Бино ба гузоришҳо, ин қарор роҳро барои интихоботи попи нав то поёни моҳи март боз мекунад. Кардинали собиқи олмонӣ Йозеф Ратзингер соли 2005, дар пайи даргузашти Иоан Повелли 2 попи Рум интихоб шуд. То ӯ ягон нафар дар чунин синни баланди 78 ба ин мақом нарасида буд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG