Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Шоҳид: Тимошенко барои куштор 3 миллион доллар дод

Гирдиҳамоии эътирозии тарафдорони Тимошенко дар назди бинои додгоҳи минтақаи Печераи Киев
Як шоҳид дар муҳокимаи додгоҳи шаҳри Киев гуфтааст, ки собиқ сарвазири Украина Юлия Тимошенко 16 сол пеш ба хотири куштани як вакили мардумии ин кишвар 3 миллион доллар ҳаққи заҳмат пардохт намудааст. Як рӯз пеш аз он шоҳиди дигаре гуфта буд, ки Тимошенко куштори вакили мардумӣ Евҳений Шербанро фармоиш дода буд. Тимошенко бо ҷурми сӯистифода аз қудрат ба муддати ҳафт сол зиндонӣ шудааст. Ӯ шахсан дар муҳокимаи рӯзи ҷумъа ширкат наварзидааст. Рӯзи чоршанбе додгоҳи минтақаи Печераи Киев Тимошенкоро барои саркашӣ аз ширкат дар муҳокимаи парвандааш ба маблағи муодили ду ҳазор доллари Амрико муҷозот кард. Тимошенко, ки дар як муассисаи тибии шаҳри Харкив табобат мегирад, мегӯяд, ки аз ширкат дар муҳокима сарпечӣ накардааст. Ӯ исрор меварзад, ки тамоми айбномааш ҷилои сиёсӣ дорад.

Туркия ҳам Сурияро оташборон кард

Баъди гулӯлаборони хоки Туркия аз тарафи Сурия тӯпхонаи Туркия ба тарафи Сурия оташи ҷавобӣ кушодааст. Хабаргузориҳои Туркия навиштаанд, ки рӯзи ҷумъа оташи тӯпхонаи Сурия дар қаламрави вилояти Ҳатайи Туркия дар масофаи тахминан як километри ҷануби пойгоҳи низомӣ дар як дарахтзор ба замин бархӯрд. Таркиши тир талафоте ба бор наовардаст. Равобити Туркияву Сурия хеле сард мебошанд, зеро Анкара ҳамроҳ бо як идда кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ бо ишора ба ошӯби 23 моҳаи мардумӣ дар Сурия талаб дорад, ки президенти ин кишвар Башор ал-Асад ба истеъфо равад. Моҳи декабри гузашта дар посух ба тақозои таҳкими мудофиаи зиддиҳавоии Туркия паймони НАТО дар марзҳои ин кишвар бо Сурия мушакҳои Патриотро ҷойгир намудааст.

Таъхири тасдиқи номзадии Чак Ҳейгел дар Сенати ИМА

Чак Ҳейгел
Аъзои ҷумҳурихоҳи Сенати ИМА муваққатан тасдиқи Чак Ҳейгел ба вазифаи вазири мудофиаи ИМА-ро ба таъхир гузоштанд. Рӯзи панҷшанбе барои оғози маъракаи овоздиҳӣ ду раъй нарасид. Собиқ сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Небраска Ҳейгелро сенаторони ҳизби ҷумҳурихоҳ дастгирӣ накардаанд. Баъзе сенаторон шубҳа доранд, ки ӯ воқеан аз Исроил пуштибонӣ хоҳад кард ва ҳамчунон ба таваққуфи барномаи ҳастаии Эрон муваффақ хоҳад шуд. Акнун пешбинӣ мешавад, ки маъракаи арзёбии номзадии Ҳейгел 26-уми феврал доир хоҳад шуд. Шореҳон тахмин мекунанд, ки номзадии Ҳейгел тасдиқ мешавад, зеро дар Сенат 55 курсӣ аз они ҳизби демократ буда, барои тасвиби номзадии Ҳейгел пуштибонии 51 сенатор кифоят мекунад.

Сомонаи «СентрАзия» дар Тоҷикистон дастрас шуд

Масъулони шабакаи таҳлилию маълумотии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 15 феврал ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки хонандагону истифодабарандагони сомонаи «СентрАзия» дар қаламрави кишвар имкони дастрасӣ ба онро пайдо карданд. Ба таъкиди онҳо, шабакаи таҳлилию маълумотии хадамот мехоҳад, то дигар масдудият дар боз кардани сомонаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ барои хонандагони Тоҷикистон вуҷуд надошта бошад. Ду баёнияи ахири Хадамоти алоқа низ, ки расонаҳои интернетӣ барои ҳамкорӣ даъват шудаанд, ба хотири таъмини дастрасии истифодабарандагон ба сомонаҳо ва густариши озодии баён дар кишвар будааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз истифодабарандагони сомонаҳо дар Тоҷикистон низ дастрасӣ ба торнамои «СентрАзия»-ро тасдиқ карданд. Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж», гуфт, ки аз рӯзи гузашта ба ин сӯ вуруд ба сомонаи «СентрАзия» тариқи ширкати интернетии Вавилон ба роҳатӣ сурат мегирад. Масъулони Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет низ мегӯянд, ба сомонаи «СентрАзия» аз тариқи ҳама провайдерҳо ворид шудан мумкин аст.

Мавориди басташаваии баъзе аз сомонаҳо муддати се соли ахир бештар ба чашм мерасад ва ахиран масъулони Хадамоти алоқа ин гуна масдудкуниро бар пояи қонун арзёбӣ карданд. Дар ин муддат, бо он ки сомонаҳои дохилӣ барои муддате баста ва баъдан боз мешаванд, аммо бо гузашти ҳудуди се сол ҳамакнун торнамои «CентрАзия» барои хонандагонаш дар Тоҷикистон дастрас гардид.

Варзишгари қаҳрамон бо куштор муттаҳам шуд

Оскар Писториус ва дӯст-духатараш Рива Стинкамп (7-уми феврали соли 2013)
Додгоҳ варзишгари Африқои Ҷанубӣ Оскар Писториусро, ки дорандаи чандин медали бозиҳои паралимпӣ мебошад, бо куштори дӯст-духтараш муттаҳам кард. Рӯзи ҷумъа додгоҳи шаҳри Претория Писториусро, ки ҳар ду пояш аз зону поин сунъӣ мебошанд, расман бо куштори дӯст-духтараш Рива Стинкампи 30-сола муттаҳам номид.
Ҷасади ин хонум рӯзи панҷшанбе дар хонаи Пистроиус ёфт шуда буд. Ба қавли полис Стинкамп чор тир хӯрдааст. Дар Африқои Ҷанубӣ Писториусро қаҳрамон мешуморанд.
Писториус сарфи назар аз пойҳои сунъияш дар бозиҳои олимпии тобистони гузашта дар шаҳри Лондон ҳамчун варзишгари солим сабқат кардааст.

Дар бархӯрд бо мошини дипломат 1 нафар ҳалок шуд

Исломобод
Сафорати ИМА дар Исломобод мегӯяд, бар асари як тасодуми мошин, ки дар он дипломати амрикоӣ низ ширкат кардааст, ки як марди покистонӣ ба ҳалокат расид. Дар изҳороти сафорати Амрико гуфта мешавад, ки ҳодиса шоми панҷшанбе дар шаҳри Исломобод ба вуқӯъ пайвастааст. Ба қавли сафорати ИМА ходими сафорат бо мошинаш ба як мотосикл бархӯрда, ду сарнишини онро маҷрӯҳ намудааст. Яке аз мусофирони мотосикл вафот намуда, дуюмаш табобат мегирад. Сафорати ИМА ба хешовандони мусофири фавтида таъзия баён намуда, таъкид кардааст, ки дар таҳқиқи қазия бо мақомоти покистонӣ ҳамкорӣ хоҳад кард.

Куштори сарбози покистонӣ дар Кашмир

Хатти марзи миёни Покистону Ҳиндустон дар Кашмир
Ҳиндустон мегӯяд, сарбозони ҳиндӣ дар минтақаи Кашмир як сарбози покистониро, ки ба хоки Ҳиндустон убур карда буд, ба қатл расондааст. Ҳиндустону Покистон рӯи Кашмир баҳси тӯлонӣ доранд. Сухангӯи артиши Ҳиндустон изҳор намудааст, ки сарбозони ҳиндӣ ҳаракати фарди шубҳаоварро кашф намуда, ба тарафи ӯ оташ кушоданд. Ба қавли ҳамин манбаъ дар бархӯрд сарбози покистонӣ ҳалок шудааст. Тибқи гузоришҳои расида дар ин бархӯрд як сарбози ҳиндӣ ҳам ҷароҳат бардоштааст. Манбаъҳои покистонӣ ба хабаргузории Франс пресс гуфтаанд, ки Покистон аз Ҳиндустон дархост намудааст, ки ҷасади сарбозро баргардонанд. Моҳи январ дар натиҷаи якчанд бархӯрд миёни сарбозони покистониву ҳиндӣ дар хатти марз, ки Кашмирро ба ду тақсим мекунад, се сарбози покистонӣ ва ду низомии ҳиндӣ ба қатл расида буданд. Ҳар яке аз Покистону Ҳиндустон худро соҳиби аслии минтақаи Кашмир мешуморанд. Дар давоми беш шаст соли ахир талош барои назорати ягонаи ин минтақаи кӯҳӣ Покистону Ҳиндустонро борҳо ба низоъ расондааст.

Санги осмонӣ ба Челябинск афтидааст

Тирезаҳои шикастаи бинои сетабақаи биное дар шаҳри Копейски вилояти Челябинск
Расонаҳои хабарии Русия навиштаанд, ки ҳадди ақалл як шиҳоб ё худ санги осмонӣ ба вилояти Челябински ин кишвар, воқеъ дар 1500 километрии шарқи шаҳри Маскав афтидааст. Ҳангоми бархӯрди шиҳоб ба замин тирезаҳои хонаҳои шикаста, мардумро ба ҳаяҷон овардааст.
Вазорати умури дохилии Русия гузориш медиҳад, ки шишапораҳо тахминан 400 нафарро маҷрӯҳ намудаанд. Ҳамчунон бахше аз боми як корхонаи маҳаллӣ тахриб шудааст.
Хабаргузории Рейтерс иброз доштааст, ки изи шиҳоб дар 200 километрии Челябинск дар шаҳри Екатеринбург ҳам мушоҳида шудааст.

Аз Душанбе бештар аз 100 кило ҳашиш ёфтаанд

Маъмурони амниятии Тоҷикистон мегӯянд, тайи се амалиёт дар қаламрави кишвар бештар аз 136 кило маводи мухаддирро кашфу забт кардаанд. Дафтари матбуоти Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон гуфт, дар ду амалиёти алоҳида дар маркази шаҳри Душанбе аз қочоқбарон бештар аз 110 кило ҳашиш гирифта ва чаҳор нафарро боздошт карданд, ки се нафари онҳо сокинони ноҳияи марзии Шуробод ҳастанд. Маъмурони амниятӣ дар пайи яке дигар аз муттаҳамон ба қочоқи бештар аз 50 кило ҳашиш будаанд, ки дар мошине дар шаҳри Душанбе кашф шуд. Дар баёнияи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ омадааст, ки рӯзи 9 феврал маъмурони амниятӣ ва марзбонон дар ноҳияи Фархор дар марз бо Афғонистон бо гурӯҳе аз қочоқбарони афғон даргир шуда ва яке аз онҳоро захмӣ карданд. Ҳамаи аъзои гурӯҳ ба қаламрави кишвари ҳамсоя фирор кардаанд. Дар ҷойи ҳодиса 16 кило бангдона ва бештар аз 5 кило афюн пайдо кардаанд.

Идомаи ҷанҷоли фурӯши гӯшти асп дар Аврупо

Ҳукумати Фаронса мегӯяд, иҷозанома барои тиҷорати ширкатеро бозмедорад, дар моҷарои фурӯши гӯшти асп омехта шудааст. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ширкати Спангҳеро шояд дониста гӯшти аспро аз Руминия харида ва бо роҳи фиреб ҳамчун гӯшти гов ба як ширкати дигари фаронсавӣ барои таҳияи хӯроки яхзада мефурухт. Спангҳеро гуфтааст, хабар надошт, ки гӯшти воридотиаш гӯшти асп будааст. Аммо Бено Ҳамон, вазири умури муштариён дар Фаронса гуфт, дар бастаҳои гӯшти воридотӣ аз Руминия возеҳ гӯшти асп навишта шудааст. Дар даҳҳо кишвари Аврупо гӯшти аспро, ки арзон аст, бо қимати баландтар ва ҳамчун гушти гов фурӯхтаанд. Дар Бритониё, се нафарро барои ҳамин кор дастгир кардаанд. Мақомоти Бритониё гуфтанд, ки дар қисме аз гӯшти аспе, ки дар ин кишвар фурӯхтаанд, олудагиҳои доруеро ёфтаанд, ки барои табобати аспҳои бемор истифода мешавад.

Баррасии шеваҳои маҳви терроризм дар Покистон

Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва мазҳабии Покистон дар нишасте дар шаҳри Исломобод сари як стротежии муштараки мубориза бо терроризм тавофуқ карданд. Исфандиёр Валӣ Хон, раиси Ҳизби Миллии Авом, эъломияи муштаракеро қироат кард, ки дар он гуфта шудааст, ҳозирони нишаст ба ин назаранд, ки “расидан ба сулҳ аз роҳи муколама” бояд дар авлавият бошад. Айни замон ба гуфтаи ӯ, ҳозирони ҳамоиш мувофиқат карданд, ки бархӯрд ба таҳдидҳои терроризм, бояд бар асоси “Қонуни Асосӣ, қонун, амният ва истиқлоли кишвар” сурат бигирад. Пеш аз ин ҳамоиш, Толибони Покистон гуфтанд, ки омодаанд, дар сурати пазируфтани шартҳояшон бо ҳукумат музокирот кунанд. Ҳизби Миллии Авоми Покистон мухолифи гурӯҳҳои тундрави исломист.

Воррен Баффет Ҳейнзро мехарад

Воррен Баффет, миллиардери амрикоӣ ширкати азими Ҳейнзро бо арзиши 28 миллиард доллар мехарад, ки ин ширкат бо кетчупҳои худ дар ҷаҳон маъруф аст. Чунин муомила дар саноати хӯрокворӣ дар ҷаҳон то кунун дида нашудааст. Воррен Баффет рӯзи панҷшанбе гуфт, ки то 13 миллиард доллари маблағро ширкати сармоягузориаш Беркшир Ҳесвей мепардозад ва бақияро ҳамкори онҳо ширкати хусусии сармоягузории 3G Capital. Бино ба гузоришҳо, моликияти Воррен Баффет бештар аз 50 миллиард долларро ташкил мекунад. Ҳейнз як ширкати қадимаи тавлиди маводи ғизоӣ дар Амрико аст.

Пулиси Баҳрайн як тазоҳургари ноболиғро куштааст

Дар ҷараёни тазоҳуроте дар Баҳрайн, нерӯҳои амниятӣ як писари ноболиғро куштаанд. Бино ба гузоришҳо, дар ин тазоҳуроти бахшида ба дуввумин солгарди қиёмҳои мардумӣ дар ин кишвари арабӣ, тазоҳургарони шиъамазҳаб роҳҳо ба самти Манома, пойтахти Баҳрайнро баста ва ба сӯи маъмурони пулис санг ва зарфҳои шишагии оташгиранда партоб кардаанд. Пулис барои муқобила бо онҳо аз туфанги сочмаӣ ва гази ашковар истифода бурдааст. Баъди тазоҳуроти оммавии соли 2011, ки бо ҳидояти шиъамазҳабон сурат гирифт, Баҳрайн ҳамчунон гирифтори бӯҳрони сиёсист. Шиъамазҳабон, ки аксариятро дар ин кишвар ташкил медиҳанд, аз шоҳи суннимазҳаби ҳоким бар Баҳрайн мехоҳанд, аз қудрат биравад.

Дар бомбгузориҳои Покистон 18 нафар ҷон доданд

Бар асари се бомбгузорӣ дар Покистон, рӯзи панҷшанбе дасти кам 18 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин рӯз як бомбгузори маргталаб дар ноҳияи Ҳангу дар вилояти Хайбар Пахтунхва 6 нафарро кушт ва ҳашти каси дигарро маҷрӯҳ кард. Ҳашт нафар аз шибҳанизомиёни тарафдори ҳукумат бар асари бархӯрди мошинашон ба бомби канори роҳ дар минтақаи қабоилнишини Оракзай ҷон доданд. Дар ноҳияи Банну, панҷ маргталаб бо ҳамла ба посгоҳи пулис як нафари онҳоро захмӣ кардаанд. Се маргталаб бар асари инфиҷори камарбандҳои таркандаашон кушта шудаанд, ду нафари дигари онҳоро маъмурони пулис аз пой даровардаанд.Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.

Занозании вакилони порламон дар барномаи телевизионӣ

Як мунозираи телевизионии намояндагони рақиби порламони Гурҷистон аз телевизион бо занозанӣ ба поён расид. Ин вакилони рақиб, ки аз яу тараф аз президент Саакашвилӣ ва тарафи дигар аз нахуствазири нав Иванишвилӣ ҷонибдорӣ мекарданд, шоми чаҳоршанбе дар як барномаи телевизионӣ ба баҳс нишаста буданд.

Коба Давиташвилӣ аз эътилофи “Орзуи гурҷиҳо”-и нахуствазир ва Серго Ратианӣ аз ҷонибдорони Саакашвилӣ ба ҳамдигар дашном доданд ва якдигарро шаппотӣ заданд. Кормандони телевизион онҳоро аз ҳам ҷудо карданд.

Ҳоло дар Гурҷистон мухолифати Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазир ва Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳур шиддат ёфтааст. Ҷонибдорони Саакашвилӣ интихоботи порламониро ба Иванишвилӣ бохтанд ва ҳоло дар порламон чун нируи мухолифон шинохта шудаанд.

Русия вакили порламони Гурҷистонро муттаҳам кард

Гивӣ Таргамадзе
Кумитаи бозрасии Русия мегӯяд, Гивӣ Таргамадзе-узви порламони Гурҷистон барои ташкили беназмиҳо дар Русия дар ғиёбаш маҳкум шудааст. Рӯзи панҷшанбе сухангӯи ин кумита гуфт, номи Таргамадзе ба феҳристи одамоне дохил карда мешавад, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ин эъломия дар Русия дар ҳоле пахш шудааст, ки Русия аз Гурҷистон номае дарёфт кардааст ва дар он гуфта мешавад, ки Таргамадзе аз масъунияти узвият дар порламон бархӯрдор нахоҳад буд.

Моҳи октябр яке аз шабакаҳои телевизионии ҷонибдори Кремл филми мустанадеро ба намоиш гузошт. Дар он Гивӣ Таргамадзе бо Сергей Удалтсов ва ду нафари дигар аз раҳбарони мухолифони сиёсии Русия мулоқот ва дар мулоқот гӯё онҳо нақшаи ташкили беназмӣ дар Русияро баррасӣ кардаанд.
Таргамадзе ин иттиҳомотро қабул надорад.

Карзай фармондеҳи НАТО-ро ба ҳузури худ эҳзор кард

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон генерал Ҷозеф Данмонд-фармондеҳи нируҳои НАТО дар Афғонистонро ба ҳузури худ даъват кард ва дар бораи ҳамлаи ҳавоие бо вай сӯҳбат кард, ки ба гуфтаи афғонон, дар ин ҳамла 10 шаҳрванди Афғонистон кушта шудаанд.

Дар ин ҳамла, ки рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти Кунар анҷом гирифтааст, чанд нафар аз афроди Толибон низ ба ҳалокат расидаанд.

Дар эъломияе, ки дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон нашр кард, гуфта мешавад, ки дар оянда бояд нируҳои НАТО ба чунин ҳодисаҳо ҷиддан роҳ надиҳанд.

Генерал Ҷозеф Данмонд-фармондеҳи нируҳои НАТО дар Афғонистон аз ин ҳодиса изҳори таассуф кардааст.

Гаравгонони украинӣ таҳти назорати вазорати дохилаи Тоҷикистонанд

Шоҳҳусайн Коров-муовини сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 14 феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрвандони украинӣ таҳти назорати онҳо қарор доранд.

Вазъи саломатии онҳо хуб аст ва тамоми санадҳое, ки барои онҳо зарур аст барқарор карда шудааст. Вай афзуд, ки дар рӯзҳои наздик пурсиши ин гаравгонон пурра ба анҷом мерасад.

Ба қавли Шоҳусайн Коров, амалиёти боздошти се нафар гаравгонони уркоинӣ дар шаҳри душанбе анҷом гирифтааст. То кунун дар мавриди ҷои амалиёт иттилоъ дода нашуда буд.

Дар ҳамин ҳол Виктор Никитюк-сафири Украина дар Тоҷикистон дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳар рӯз бо шаҳрвандони Украина тамос мегирад ва аз аҳволи онҳо ҳамеша бохабар аст. Вай гуфт, баъзе масъалаҳое дар ҳодисаи гаравгонгириӣ ҷой дорад, ки бояд кормандони вазорати корҳои дохилӣ дар суҳбат бо онҳо рушан кунанд.

Дар Украина ташкили Интерполи Иқтисодиро баррасӣ мекунанд

Раҳбарони ниҳодҳои андози кишварҳои муштаракулманофеъ дар Украина имкони ташкили Интерполи Иқтисодиро баррасӣ мекунанд. Дар он намояндагони Русияву Украина, Қазоқистону Беларус, Озарбойҷону Арманистон, Тоҷикистону Қирғизистон ва Молдова ширкат мекунанд.

Андрей Головач-раиси Хадамоти давлатии андози Украина гуфт, ҳоло кишварҳо дар танҳоӣ наметавонанд бар зидди ҷиноятҳои моливу иқтисодӣ муборизаи самарбахш баранд. Барои ҳамин бояд як ниҳоди байналмиллалӣ ташкил шавад.

Украина пешниҳод кардааст, ки бо назардошти чунин вазъ Маҷмаи ниҳодҳои расидагии молӣ ва андоз ташкил кунанд. Украина мегӯяд, ин кор имкон медиҳад, ки барои мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи иқтисодӣ барномаи муштарак таҳия ва иҷро шавад.

4 корманди пулиси Доғистон дар ҳамлаи маргталабона кушта шуданд

Мақомоти расмии ҷумҳурии Доғистон мегӯянд, ки баъд аз ҳамлаи интиҳорӣ дастикам 4 корманди пулис кушта, 6 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба гуфтаи ин сарчашма, субҳи рӯзи панҷшанбе ин бамгузори маргталаб маводи мунфаҷираи худро замоне тарконд, ки мошине дар назди посгоҳи пулис дар наздикии шаҳри Хасавюрт таваққуф кард.

Доғистон яке аз ҷумҳуриҳои Русия аст, ки дар он ҳамлаҳои хушунатомези тундравҳои исломӣ ба мақомоти расмӣ, аз ҷумла ба низомиён ва пулис мунтазам мушоҳида мешавад.

Ҳизбҳои Покистон музокироти сулҳ бо Толибонро баррасӣ мекунанд

Дар Исломобод намояндагони аҳзоби сиёсиву мазҳабии Покистон гирдиҳам омадаанд, то пешниҳоди Толибони Покистонро дар бораи музокироти сулҳ баррасӣ кунанд. Дар ин ҳамоиш, ки бо номи Конфронси ҳамаи ҳизбҳо баргузор мешавад, 26 ҳизби сиёсиву мазҳабӣ ширкат доранд.

Ҳамоиш рӯзи панҷшанбе оғоз шуд. Аммо Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ва Таҳрики Инсоф, ки аз Толибон ҷонибдорӣ мекунанд, дар он ширкат надоранд.

Миён Ифтихор Ҳусейн-вазири иттилооти аёлати Хайбар Паштунхвоҳ ба радиои Озодӣ гуфт, ки пешниҳодҳои ин конфронс ба раиси ҷумҳур ва раҳбарони низомии кишвар фиристода мешавад.

Дар аввалҳои моҳи ҷорӣ Толибони Покистон дар бораи баргузории музокироти сулҳ ба ҳукумат пешниҳод дода буданд.

Сӯхтор боиси марги кӯдаки чорсола шуд

Аз раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 14 феврал ба радиои «Озодӣ» хабар доданд, ки рӯзи сешанбе дар натиҷаи оташбозии кӯдаки шашсола коҳдони сокини деҳаи Ишколаи ноҳияи Зафаробод дар шимоли Тоҷикистон ба коми оташ рафта ва бар асари сӯхтор Даврон Абдураҳмонови 4-сола ба ҳалокат расидааст. Ба гуфти манбаъ, ҳангоми сар задани сӯхтор мардум ба таҳлука омада, аз паи хомӯш кардани он мешаванд ва ин кӯдаки чорсола аз сабаби бехабарии волидонаш дар дохили хона мемонад ва бар асари дуди зиёд нафасгир шуда ҷон медиҳад.

Фаъолияти полиси Тоҷикистон мониторинг мешавад

«Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон» мониторинги фаъолияти мақомоти полисро роҳандозӣ кардааст. Сергей Романов, раҳбари ин марказ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар доираи ин иқдом ҷанбаҳои мухталифи фаъолити мақомоти полис, бахусус дастрасии сокинон ба мақомоти корҳои дохилӣ, фаъолияти хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва кори «телефонҳои боварӣ»-и полис мавриди омӯзиш қарор мегирад. Ба таъкиди Романов, мониторинг ҳудуди ду ҳафта, яъне то 24 феврал, идома пайдо хоҳад кард. Ин барои нахустин бор аст, ки як созмони иҷтимоӣ фаъолияти полиси Тоҷикистонро мониторинг мекунад. «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон» созмони ҳомии ҳуқуқ буда, гуруҳе аз адвокатҳо ё вакилони дифоъро гирди ҳам овардааст.

ВКД: Латукӯби духтари даҳсола дар ноҳияи Рӯдакӣ

Муборак Урмонов - сокини деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ 13 феврал ба шуъбаи корҳои дохилии ҳамин ноҳия бо ариза муроҷиат кардааст, ки дар аввали ҳафта шахси ниқобпӯше бо зурӣ ба манзили вай дохил шуда аз ӯ маблағ талаб кардааст. Бо шунидани ҷавоби рад аз ҷониби шаҳрванд, шахси ниқобпӯш барои водор кардани соҳиби манзил ба додани дороияш духтари 10-солаи ӯ Ниноҷонро зери латукӯб мегирад. Пас аз баланд шудани фарёду фиғони духтару падар шахси ниқобпӯш аз бими дарак ёфтани ҳамсояҳо манзили Муборак Урмоновро тарк мекунад. Бар асари латукӯби шахси ниқобпӯш духтари Муборак Урмонов ҷароҳатҳои сангин бардоштааст. Дар ин бора аз дафтари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба радиои «Озодӣ» хабар доданд.
Бино ба гуфти манбаъ, кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ пас аз таҳқиқи ҳодиса ҳамчун гумонбар дар ҳодиса шаҳрванд Қурбонов Муҳаммадҷон - сокини ҳамин ноҳияро дастгир кардаанд ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Русия ба муҳоҷирони корӣ ниёзи бештар пайдо кардааст

Кумитаи равобит бо кишварҳои ҳамсуд як ҷо бо кумитаи амнияти Думаи Давлатии Русия сиёсати ин кишвар роҷеъ ба муҳоҷиратро баррасӣ мекунанд.

Леонид Слутский-намояндаи Думаи Давлатӣ гуфт, дар ояндаи наздик Харитаи роҳ ё барномаҳои Русия роҷеъ ба масоили муҳоҷирати корӣ таҳия хоҳад шуд.

Константин Ромодановский-раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфт, ҳоло дар Русия бештар аз 10 миллион нафар муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи вай, шумораи бештари ин муҳоҷирон аз Узбакистону Украина ва Тоҷикистон омадаанд. Вай таъкид кард, ки равандҳои ғайриқаноатбахши демографӣ дар Русия водор мекунад, ки кишвараш муҳоҷирати кориро барои пур кардани ҷойҳои холии корӣ истифода барад.

Вай афзуд барои ин кор ду роҳ вуҷуд дорад. Яке муҳоҷирати муваққатии корӣ ва роҳи дигар даъват кардани баъзе шаҳрвандони хориҷӣ барои кору зисти доимӣ ба Русия. Дар Харитаи роҳ барои роҳи дуввум, албатта, шаҳрвандони хориҷии дорои ихтисос ва савияи баландро дар назар доранд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 19-уми ноябри соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG