Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Нақшаҳои сиёсии домоди гурезаи Назарбоев

Роҳат Алиев
Роҳат Алиев-домоди пешини Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон даъват кардааст, ки “Кумитаи зидди режими Назарбоев” ташкил шавад. Вай ин даъвати худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расондааст. Ин даъват дар Facebook баҳсҳои тундеро ба бор овардааст.

Роҳат Алиев, ки ҳоло дар хориҷа ба сар мебарад, дар бораи ташкили кумитаи омодагӣ ба таъсиси “Ҳукумати озоди Қазоқистон” хабар додааст. Вай аз баъзе шаҳрвандони кишвараш хостааст, ки ба ин кумита дароянд ва фаъолияти нируҳои мухолифонро ҳам дар хориҷ ва ҳам дар кишвар барои баргузории баъзе тадобири зидди режими Назарбоев ҳамоҳанг кунанд. Вай гуфтааст, ки ҳадафи дигари кумита ёрӣ ба осебдидагони режими сисёсӣ, ба мардум баргардонидани дороии онҳо ва ворид кардани тағирот дар Қонуни Асосӣ, яъне рӯи кор овардани низоми порламонӣ мебошад.

Навори шаҳвонии муфтӣ дар интернет

Раҳматулло Эгамбердиев
Дар интернет навори видеоии дорои вижагии шаҳвонӣ бо ширкати Раҳматулло Эгамбердиев-муфтии Қирғизистон пайдо шудааст. Дар ин навор, ки ба таври махфӣ бардошта шудааст, лаҳзаи наздикии Эгамбердиев ба як зани ҷавон дида мешавад. Дар бораи ин навор худи муфтӣ тавзеҳоте надодааст ва нагуфтааст, ки он зан кист, вале дар ҷомеа ин навори моҷаробарангез сару садоҳои гуногун ба роҳ андохтааст.

Эгамбердиев, ки бештар аз як сол пеш муфтии Қирғизистон интихоб шуд, гуфта буд, ки аз ҷониби мақомоти расмӣ ва хадамоти махсус зери фишор қарор дорад. Вале мақомот ин иддаоро рад мекунанд.

Латвия ба минтақаи евро даромад

Нишасти хабарии Валдис Домбровскис
Дар оғози соли нави 2014 Латвия ба қаламрави истифодаи пули евро даромад. Акнун Латвия 18-умин кишварест, ки аз воҳиди пулии евро истифода хоҳад кард. Валдис Домбровскис-нахуствазири Латвия гуфт, ки пули Аврупо “имкони бузурге барои рушди иқтисоди Латвия аст”.

Евро акнун ҷои пули миллии ин кишварро мегирад, ки “лат” ном дорад. То 14 рӯзи дигар лат дар ин кишвар дар муомилот хоҳад монд, то давраи гузор тай шавад.

Аҳолии Латвия дар бори ҷорӣ шудани евро эҳсосоти яксон надоранд. Назархоҳии ахир нишон дод, ки аз чаҳор як ҳиссаи мардум аз ҷорӣ шудани евро хушҳоланд. Нигаронии аслӣ ин аст, ки мумкин аст нархҳо боло равад.

Боздошти раҳбари Ал-Қоида дар Бейрут

Кормандони кашфи Лубнон раҳбари яке аз гурӯҳҳоеро, ки бо Ал Қоида иртибот дорад, боздошт кардаанд. Фаёз Ғусн-вазири дифои Лубнон рӯзи чаҳоршанбе ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, нируҳои кашф Маҷил ал Маҷид-амири гурӯҳи Абдулло Аъзамро дар Бейрут боздошт кардаанд. Вазир гуфт, ки Маҷидро ба таври махфӣ бозпурсӣ мекунанд.

Маҷидро Арабистони Саудӣ ва Амрико барои аъмоли террористӣ ҷустуҷӯ мекунанд ва гуфта мешавад, ки вай дар бамгузории сафоратхонаи Эрон дар ҷануби Бейрут даст дорад. Ин бамгузорӣ 19 ноябр рух дода буд. Он вақт гурӯҳи Абдулло Аъзам масъулияти ин бамгузориро бар уҳда гирифта буд ва гуфт, ҳадафи онҳо фишор ба Ҳизбуллоҳ буд, то размандагони худро аз Сурия берун бибарад. Аз Ҳизбуллоҳ Эрон дифоъ мекунад. Абдулло Аъзам номи яке аз ҳампаймонҳо ва устоди Усома Бен Лоден ва яке аз поягузорони шабакаи ал Қоида мебошад.

Қарордоди Русияву Тоҷикистон ба Дума рафт

Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия қарореро дар бораи тасвиби қарордод бо Тоҷикистон имзо кардааст ва онро барои тасвиби баъдӣ ба Думаи Давлатии Русия фиристодааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ҳукумати ин кишвар ба Интерфакс хабар додааст.

Дар бастаи қарордодҳои ду кишвар ҳамчунин шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, қарордод дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҳамлу нақли маводи нафтӣ ба Тоҷикистон дохил мешавад.

Бар асоси қарордод Русия боҷи содиротии як миллион тон маводи нафтии худ ба Тоҷикистонро бекор мекунад ва Тоҷикистон ҳақ надорад ин маводро дубора ба кишвари дигаре содир кунад.

Янукович 2014-ро соли душвор хонд

Виктор Янукович
Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина дар соли 2014 мардуми кишварашро ба ваҳдати миллӣ даъват кард ва гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд он “мушкилтарин сол” дар таърихи истиқлолияти Украина хоҳад буд. Вай ин суханонро дар паёми солинавии худ ба забон овард.

Аз охири моҳи ноябр, яъне аз замоне, ки Янукович нахост дар мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Аврупо имзо гузорад, ҳазорон нафар мардуми кишвараш ба кӯчаву хиёбонҳои Киев рехтанд ва истеъфои Янукович ва ҳукумати вайро тақозо мекунанд.

Вай дар паёми худ гуфт, ки Киев бо Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва Чин ҳамкориҳои худро густариш хоҳад дод ва таъкид кард, ки манофеи Украина зарар нахоҳад дид.

Баъд аз чанд соати ин паём тақрибан 100 000 нафар дар майдони аслии шаҳри Киев ба нишонаи ҳамгароӣ бо Аврупо суруди миллии Украинаро хонданд.

Владимир Путин аз Волгоград боздид мекунад

Владимир Путин
Субҳи 1 январ Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия барои боздид вориди шаҳри Волгоград шуд, шаҳре, ки дар он дар ду бамгузории ҳафтаи ҷорӣ 34 нафар кушта шуданд. Вай аз маҳале, ки 30 декабр троллейбусро тарконданд боздид кард ва дар ҷои ҳодиса гул гузошт.

Путин ҳамчунин ба бемористон ба аёдати ононе рафт, ки дар ин бамгузориҳо ҷароҳат бардоштаанд. Путин зимни суханони худ дар Волгоград бамгузориҳои ин шаҳрро амали зишту палид номид.

Пештар дар остонаи вуруди Соли Нав дар шаҳри Хабаровск Путин дар паёми солинавии худ гуфт, ки “то замони аз байн бурдани террористҳо бояд мубориза идома ёбад”. Вай ҳамлаҳои шаҳри Волгоград ва обхезиҳои шарқи Русияро ду мушкили бузурги соли гузашта ном бурд.

Владимир Путин аз Хабаровск ба Волгоград омад.

Муҷассамаи Сталинро дар Телавӣ бардоштанд

Муҷассамаи Иосиф Сталин-диктатори Шӯравӣ дар шаҳри Телавии Гурҷистон бардошта шуд. Ин муҷассамаро рӯзи сешанбе дар ҳузузри пулиси маҳаллӣ бардоштанд.

Мақомоти Телавӣ мегӯянд, ин муҷассама бидуни иҷозаи расмӣ дар назди ёдгории Ҷанги дуввуми Ҷаҳонӣ гузошта шуда буд. Аз якуми сентябр то ҳол, яъне аз замоне, ки ин муҷассама гузошта шуд, чанд бор онро хароб карданд.

Муҷассамаро бо пули гирдовардаи ҷамъияти “Сталинист”-ҳо ва собиқадорони комсомоли Гурҷистон сохта буданд. Телавӣ дар 110 километрии Горӣ-зодгоҳи Сталин қарор дорад.

Ҷасади қурбониёнро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд

Вокзали роҳи оҳани Волгоград
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав Ҳукмиддин Раҳмонов-корманди масъули консулгарии худро 1 январи соли 2014 ба Волгоград мефиристад, то ҷасади Раҳмоналӣ Ғозиев ва Тошпулод Назаров-қурбониёни бамгузории шаҳри Волгоградро бо хешовандонашон ба Маскав ва аз он ҷо бо ҳавопаймо ба Душанбе интиқол диҳанд.

Муҳаммади Эгамзод-намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин корманди масъули консулгарӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои лозима ба хешовандони қурбониён кӯмаки ҳуқуқӣ хоҳад расонд.
Оқои Эгамзод гуфт, сафорати Тоҷикистон масъалаи кӯмак ба хешовандони қурбониён ва интиқоли ҷасади онҳо ба Ватанро зери назорат дорад.

Қарор аст ҳукумати Русия ба хонаводаи ҳар шаҳрванди қурбоншуда як миллион рубли Русия ва раҳбарияти вилояти Волгоград низ аз ҷониби худ як миллион рубли дигар кӯмак кунанд. Ба афроде, ки дар ду бамгузории Волгоград осеб дидаанд, 200 ҳазор рублӣ кӯмак мекунанд.

Тошпӯлод Назаров ва Раҳмоналӣ Ғозиев дар бамгузории 29 декабр дар вокзали роҳи оҳан кушта шуданд. Тошпӯлод дар маҳали ҳодиса ҷон дод ва Раҳмоналӣ шаби 30 ба 31 декабр аз ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон даргузашт.

Тоҷикистон ва Уммон роҳҳои сармоягузориро баррасӣ карданд

Зубайдулло Зубайдов ва Халил бин Абдулло ал Хунҷӣ
Дар Масқат-пойтахти Уммон Халил бин Абдуллоҳ ал Хунҷӣ-раиси Утоқи тиҷоратӣ ва саноати Уммон ва Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон роҳҳои ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузории Уммон дар Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳамкории ширкатҳои хусусии миёни ду кишварро баррасӣ карданд.

Ҷониби Уммон аҳамияти имзои ёддошти тафоҳум бо Утоқи тиҷоратии Тоҷикистонро таъкид кард ва гуфт, ки чунин ёддошт пешрафти тиҷорат ва сармоягузорӣ ва табодули иттилоъотро танзим хоҳад кард. Ҷонибҳо пешниҳод карданд, ки дар нимаи дуввуми соли 2014 як ҳамоиш барои баррасии роҳҳои сармоягузорӣ ва имконоти он баргузор шавад.

Сафири Тоҷикистон аз соҳибкорон ва тоҷирони Уммон даъват кард, ки дар бахшҳои энерживу кишоварзӣ сармоягузорӣ кунанд. Дар қонунҳои Тоҷикистон чунин сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст.

Дар Боку фаъолонро ба зиндон фиристоданд

Чанд нафар аз фаъолони Озарбойҷон барои талоши раҳпаймоӣ дар Боку чандрӯзӣ маҳкум ба ҳабс шудаанд. Онҳо мехостанд ба ҷонибдорӣ аз ветерани ҷанг раҳпаймоӣ анҷом диҳанд, ветеране, ки худро оташ зада буд ва дар бемористон ҷон дод.

Яке аз фаъолон 15 рӯз, 5 нафари дигар аз 15 то 18 рӯзӣ барои нақзи қонун дар бораи ҳамоишҳои иҷтимоӣ зиндонӣ шуданд. 16 нафари дигарро аз 445 то 637 доллар ҷарима карданд.

Талоши баргузории раҳпаймоӣ баъд аз маросими дафни Заур Ҳасанови 42 сола сурат гирифт. Вай дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумат дар Боку ба нишонаи эътироз худро оташ зад.

Ҳасанов ветерани ҷанги солҳои 1990-ӯми Қарабоғи Кӯҳистонӣ буд ва бар зидди беадолатиҳои як нафар мақоми баландпояи ҳукумати Озарбойҷон нисбат ба худ даст ба чунин кор зад.

Аббос Арақчӣ: Музокироти ҳастаӣ "пешрафтҳои хуб" доштааст

Аббос Арақчӣ
Аббос Арақчӣ-раҳбари ҳайати музокироти ҳастаии Эрон гуфт, ки музокироти Женев “пешрафтҳои хуб” доштааст. Вай дар як мусоҳибаи телевизионӣ, ки рӯзи сешанбе пахш шуд, изҳор дошт, ки музокироти рӯзи душанбе бо намояндагони Амрикову Британия, Фаронсаву Русия ва Чину Олмон то соати 4:30 дақиқаи бомдоди сешанбе идома доштааст. Арақчӣ гуфтааст, ки шоми рӯзи сешанбе як мулоқоти дигар дар назар гирифта шудааст.

Баъд аз як ҳафтаи танаффус музокироти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ рӯзи душанбе аз сар гирифта шуд, то роҳҳои иҷрои тавофуқоти моҳи гузашта роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эронро баррасӣ кунанд.

Аз 24 ноябр то ҳол ду даври музокирот анҷом гирифтааст ва Эрон розӣ шудааст, ки бар ивази коҳиши таҳримҳо бахше аз барномаҳои ҳастаии худро барои шаш моҳ боздорад, то мувофиқатнома барои муддати тӯлонӣ таҳия шавад.

Шумораи қурбониёни ду бамгузории Волгоград афзудааст

Мақомоти расмии Русия мегӯянд, ки баъд аз ду бамгузории маргталабона дар шаҳри Волгоград шумораи қурбониён ба 34 нафар расидааст. Вазорати тандурустии Русия хабар додааст, ки рӯзи сешанбе 3 нафари дигар аз афроди ҷароҳатбардоштаи ин бамгузориҳо ҷон додаанд ва ба ин тартиб шумораи қурбониёни бамгузории вокзал ба 18 нафар ва шумораи қурбониёни таркиш дар троллейбус ба 16 нафар расидааст.

Нахустин маросими дафни қурбониён рӯзи сешанбе баргузор шуд. Дар посух ба ин ҳамлаҳо Амрико “ҳамкории наздик”-и худро ба Русия барои омодагиҳои амниятӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочӣ пешниҳод кардааст.

То оғози ин бозиҳо камтар аз 6 ҳафтаи дигар вақт мондааст. Вазорати корҳои хориҷаи Русия тундравҳои исломии Қафқози Шимолиро дар ин бамгузориҳо гунаҳгор медонад.

Санади ҳамкориҳои Қирғизистону Чин баъд аз тасвиб имзо шуд

Алмазбек Атамбоев
Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон мувофиқатномаи миёни Қирғизистон ва Чинро дар бораи сохтмони лулаи газ дар Қирғизистон имзо карданд. Интизор меравад, ки ин лула гази Туркманистонро ба бозорҳои Чин интиқол диҳад.

Рӯзи сешанбе дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Қирғизистон эълон кард, ки ин мувофиқатномаро порламони ин кишвар ба тасвиб расондааст. Дар ибтидо ин мувофиқатнома дар ҷараёни боздиди раиси ҷумҳури Чин аз Бишкек 11 сентябри соли 2013 имзо шуда буд.

Дар санадҳое, ки он вақт ду раҳбар ба имзо расонданд, ҳамчунин ҳамкориҳо дар бахши беҳдошт, таъмири маркази гармидиҳӣ дар Бишкек, сохтмони роҳи нав, ки шимолу ҷануби Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад ва дар ихтиёри Қирғизистон гузоштани 10 миллион қарз дар назар гирифта шуда буд.

Бар асоси ин санадҳои ҳамкорӣ сармоягузории Чин дар Қирғизистон 3 миллиард долларро ташкил хоҳад кард.

Таҷлили Соли нав дар Хуҷанд бо арчаи 17-метра

Таҷлил аз ҷашни Соли нави 2014 шоми имрӯз, 31-уми декабр дар маркази шаҳри Хуҷанд бо баргузории барномаҳои идона ва консерту ҳунарнамоиҳо сурат мегирад. Арчаи 17 метраи баландтарин дар Суғд ва саҳнаи идона дар «Майдони ситораҳои Хуҷанд» ороста шуда, ҳамчунин дар дигар ноҳияҳои шаҳр ҳудуди 10 арчаи ҷашнӣ гузошта шудааст. Гусели соли кӯҳан ва истиқбол аз соли нав дар маркази вилояи Суғд аз 15 - уми декабр оғоз гардида, ҳаррӯза дар саҳнаи «Майдони ситораҳо» донишҷӯёни макотиби олии Хуҷанд барномаҳои тафреҳиву консертии таҳиякардаи худро барои сокинон тақдим мекарданд. Дар шоми рӯзи охири соли гузарон ин саҳна ҷавлонгаҳи ситораҳои ҳунари Суғд хоҳад буд.

Қатъи ҳаракати нақлиёт барои консерти солинавӣ

Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи марказии пойтахт, атрофии майдони «Дӯстӣ» аз соати 17-00 қатъ мегардад. Аз мақомоти шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми декабр хабар доданд, ки вобаста ба барномаҳои солинавӣ, ки дар майдони "Дӯстӣ" баргузор мешавад ҳаракати нақлиёт қатъ мегардад. Гуфта мешавад шоми рӯзи 31-уми декабр аз соати 19 то 21 дар майдони «Дӯстӣ» консерти солинавӣ бо иштироки сарояндагони эстрада баргузор мешавад.

Омодагиҳо барои баргузории консерт дар майдони «Дӯстӣ» чанд рӯз боз идома дошт ва калонтарин арчаи солинавӣ дар ин майдон гузошта шудааст.

Кобул пешгӯиҳои Амрикоро "бепоя" медонад

Мақомоти Афғонистон пешгӯиҳои маъмурони иттилоотии Иёлоти Муттаҳидаро беасос хонд, ки гуфтаанд, дастовардҳои низомии се соли пеш мумкин аст, то соли 2017 аз даст раванд. Эмал Файзӣ, сухангӯи Ҳомиди Карзай дар сӯҳбат бо хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки ин пешгӯиҳо “асос надоранд.” Ӯ афзудааст, гузоришҳои хадамоти иттилоотии Амрико дар гузашта дуруст набуданд, вале ин гуфтаашро тавзеҳ надодааст. Бар тибқи пешбинии маъмурони иттилоотии Амрико, агар баъзе аз сарбозони Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон бимонанд ҳам, пешрафтҳои то кунун ба даст омада, то соли 2017 аз даст мераванд ва агар Афғонистону Амрико созишномаи амниятиро имзо накунанд ва нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон намонанд, ин кишвар ба ҳарҷу марҷ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, агар ин созишнома имзо нашавад ва Амрико 8 ҳазор сарбозашро дар Афғонистон нигаҳ надорад, Толибон метавонанд ба саҳна баргарданд ва ба Ал-Қоида паноҳгоҳи амне барои худ пайдо кунад.

Дар Русия тадобири амниятиро тақвият доданд

Ба думболи ду ҳамлаи хунин дар Русия, раиси ҷумҳур Владимир Путин, амр додааст, ки тадобири амниятӣ дар саросари кишвар тақвият бахшида шавад. Дар ду ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Волгоград дар рӯзҳои якшанбе ва душанбе 31 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Вазорати умури дохилии Русия гуфт, аз ин баъд тафтиши мошинҳоро бештар мекунанд ва ба маконҳои пуродам ва истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ “таваҷҷӯҳи хос“ дода мешавад. Рӯзи душанбе бар асари таркиш дар дохили як троллейбус дар Волгоград 14 нафар кушта шуданд ва як рӯз пеш аз ин дар ҳамлаи маргталабона дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳр 17 нафар аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон ҷон доданд. Кумитаи Тафтишотии Русия мегӯяд, ки шеваи ҳамла баёнгари он аст, ки ҳарду ҳамла якҷоя тарҳрезӣ шудаааст. Касе масъулияти ҳамлаҳоро бар ӯҳда нагирифтааст, ки аммо муфаттишон мегӯянд, зоҳиран ҳамла кори дасти тундравони исломӣ аз Қафқози Шимолӣ аст.

Дархости вакили дифои Тоҷиев рад шуд

Додгоҳи Хуҷанд ба дархости вакилони мудофеъи Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд дар боздошт ба сар мебарад, ҷавоби рад додаст. Вакили дифои Умедҷон Тоҷиев барои дар беморхона бистарӣ кардани зерҳимояи худ аз додгоҳи Хуҷанд дархост карда буд, вале бо рад карди ин дархост додгоҳ дар ташхиси тиббӣ тавсия додааст, ки метавонад дар СИЗО бимонад. Юсуф Дониёров, вакили мудофеъи Умед Тоҷиев рӯзи 30-юми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи шаҳри Хуҷанд пас анҷоми ташхиси тиббӣ хулосаи худро содир кард ва зарурати дар беморхона ба табобат фаро гирифтани зерҳимояашро рад кард. Ба нақли вакили мудофеъ барои табобати пойҳои шикастаи зерҳимояаш тақрибан як моҳ қабл ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва ҳам ба додгоҳи вилояти Суғд дархостнома ирсол дошта зарурати табобати зерҳимояаш дар беморхонаро хоҳиш карда будааст. Аммо пизишкони СИЗО-и Хуҷанд Умедҷон Тоҷиевро ташхиси тиббӣ намуда, ҷавоб гардонданд, ки метавонад бидуни бистарӣ дар беморхона таҳти назари пизишкони СИЗО табобат шавад. Аммо вакили дифоъ аз хулосаи тиббӣ розӣ нест ва мегӯяд боздоштгоҳ шароити хуби табобатӣ нгадорад.

Умедҷон Тоҷиев, сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони ШКД Исфар расо ду моҳ қабл 30-юми октябри соли равон дар бозори деҳаи Ворух боздошт карда, ба шаҳри Исфара оварданд ва ҳамон рӯз бо иттиҳоми "итоат накардан ба амри милиса" ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд. Вале баъдан вайро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнуъ айбдор карданд.

Даври саввуми музокирот бо Эрон шурӯъ шуд

Даври саввуми музокироти коршиносони ҳастаии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ имрӯз дар шаҳри Женева оғоз мешавад. Тарафҳо дар музокирот, масъалаи таъйини чаҳорчӯби иҷрои созишномаи муҳими ҳастаиро, ки моҳи гузашта миёни ду тараф ба даст омад, баррасӣ мекунанд. Рӯзи 24 ноябр, Эрон ризоият дод, ки дар ивази сабуктар кардани таҳримоти иқтисодӣ барои ним сол баъзе аз фаъолиятҳои атомиашро бозмедорад ва дар ин фурсат бояд созишномаи дарозмуддат барои рафъи бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон таҳия шавад. Аббос Арақчӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон ба хабаргузории “Меҳр” гуфтааст, умедвор аст, ки иҷрои созишнома то як моҳи дигар оғоз мешавад. Айни замон ба гуфтаи Аббос Арақчӣ, “гуфтугӯҳо ба кундӣ пеш мераванд, зеро дар шарҳи баъзе аз бандҳои созишнома, нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд.“ Ду даври дигари музокирот ҳам дар Женева сурат гирифт.

Исроил 26 зиндонии фаластиниро озод мекунад

Исроил дар чаҳорчӯби музокироти сулҳ бо фаластиниён, ки бо мусоидати Амрико сурат мегирад, барои раҳо кардани 26 фаластинӣ аз зиндон омодагӣ мегирад. Аз ҳисоби 104 фаластиние, ки солҳои тӯлонӣ дар зиндонҳои Исроил ҳукми худро адо мекунанд ва бояд озод шаванд, мақомоти Тел Авив дар ду марҳила дар моҳҳои август ва октябр қисме аз онҳоро раҳо карданд. Тамоми ин фаластиниён бо гуноҳи даст доштан дар қатли исроилиҳо аз 19 то ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. Дар ивази раҳоии зиндониён, интизор меравад, ки Исроил аз бунёди 1400 бинои истиқоматии дигар барои яҳудиён дар сарзаминҳои ишғолӣ дар Канораи Ғарб ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ хабар диҳад, ки ин хашми фаластиёниёнро бармеангезад. Интизор меравад, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, охири ҳамин ҳафта ба минтақа сафар карда ва аз Исроилу Фаластиниён бихоҳад, ки сари чаҳорчӯби иҷрои созиши муваққатӣ ба мувофиқа бирасанд.

Ҷасади муҳоҷири тоҷик ҳанӯз дар Волгоград аст

Саидаҳмад Маҳмадов, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Волгоград, мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ки дар миёни қурбониёни таркиши нав дар ин шаҳр, муҳоҷирони тоҷик ҳастанд, ё не. Ӯ рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз миёни 14 қурбонии таркиш, ки мусофирони троллейбус буданд, ҳуввияти 8 нафар шиносоӣ шудааст ва ному насаби онҳо ҳамаи онҳо русист. Саидаҳмад Маҳмадов ҳамчунин гуфт, ки ҷасади Тошпӯлод Назаров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳамлаи маргталабона дар истгоҳи роҳи оҳани Волгоград кушта шуд, ҳанӯз ба зодгоҳаш шаҳри Турсунзода фиристода нашудааст, зеро мақомоти Русия ба далели тафтишоти бомбгузорӣ иҷозаи бурдани ҷасадро надодаанд. Тошпӯлод Назаров рӯзи 29 декабр ҳамроҳи 16 нафари дигар дар ҳамлаи хунин ҷон дод. Дар ин ҳодиса Раҳмоналӣ Ғозиеви 42-сола як шаҳрванди дигари Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд ва ба гуфтаи Саидаҳмад Маҳмадов, раиси ҷамъияти тоҷикони Волгоград, вазъи сиҳатии ӯ бад аст ва ҳанӯз ба ҳуш наомадааст.

Дар таркиши Волгоград 14 нафар кушта шудаанд

Мақомоти Русия мегӯянд, дар таркише дар шаҳри Волгоград, 14 мусофири як троллейбус кушта ва 23 тани дигар, аз ҷумла як кӯдаки яксола маҷрӯҳ шуданд. Дар аввал гуфта мешуд, ки ҳамла кори дасти бомбгузори маргталаб будааст, аммо Кумитаи Миллии Зиддитеррористии Русия гуфт, ки мошини бомбгузоришуда ғолибан назди дар истгоҳи троллейбус таркидааст. Инфиҷор як рӯз баъд аз рух дод, ки бомбгузори маргталабе худро дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Волгоград тарконд ва 17 нафарро кушт. Масъулияти ҳамлаи рӯзи якшанберо касе ба дӯш нагирифтааст, аммо ба тахмини муфаттишон ҳамла кори дасти тундгароёни исломӣ аз Қафқоз аст. Ҳамлаҳо дар Волгоград, дар остонаи бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочӣ сурат гирифт, ки қарор аст, моҳи феврал баргузор шавад.

Вазъи сиҳатии Шумахер бад боқӣ мемонад

Табибони бемористони Гренобл дар Фаронса мегӯянд, вазъи Михаил Шумахер, қаҳрамони мусобиқоти Формула 1 фавқуллода бад аст ва ӯ баъди тасодуф дар лижаронӣ ҳанӯз ба ҳуш наомадааст. Шифохонаи шаҳри Гренобл бо нашри як баёнияи катбӣ гуфт, ки “барои дармони ҷароҳатҳои Михаил Шумахер, амалиёти фаврии ҷарроҳӣ анҷом доданд.” Бино ба гузоришҳо, қаҳрамони маъруфи сабқати мошинронӣ рӯзи якшанбе ҳангоми лижаронӣ дар кӯҳҳои Алп дар Фаронса афтода ва сараш ба санг бархӯрдааст. Михаил Шумахери 44-сола, ки шаҳрванди Олмон аст, ҳангоми лижаронӣ, кулоҳи муҳофизатӣ доштааст. Ӯ дар мусобиқоти ҷаҳонии мошинронии Бенетон ду маротиба ва дар мусобиқоти Феррарӣ пайиҳам 5 маротиба пирӯз шудааст. Ӯ, ки дар ронандагӣ 91 рекорд гузоштааст, муввафақтарин ронандаи Формула як дар ҷаҳон аст.

Дар рӯзҳои Соли Нав лимити барқ аз байн бурда мешавад

Дар рӯзи таҷлили Соли Нав лимити интиқоли барқ дар саросари кишвар аз байн бардошта мешавад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 30-юми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз соати 6-и субҳи 31-уми декабр то 23-00-и 1 -уми январ ба сокинони кишвар бе маҳдуд барқ дода мешавад.

Гуфта мешавад шуруъ аз 2 январ интиқоли барқ дар минтақаҳо аз рӯи реҷаи қаблии сурат хоҳад гирифт.

Ҳарчанд масъулони "Барқи тоҷик" мегӯянд, интиқоли нерӯи барқ дар пойтахт ва шаҳрҳо бе маҳдудият таъмин буда, дар минтақаҳои кишвар аз рӯи реҷаи муайян барқ дода мешавад, вале сокинон аз риоя нашудани интиқоли неруи барқ шикоят мекунанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Нигоҳе ба рӯзи дуввуми эътирозҳо ба афзоиши қимати нафт дар Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG