Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Хабарнигорони Ал-Ҷазираро аз нав муҳокима мекунанд

Додгоҳи олии Миср рӯзи 1 январ баъди ҳамагӣ чанд дақиқаи шунидани тарафҳо ҷиҳати оғози мурофиаи нави парвандаи 3 журналисти шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира амр кард. Петер Грест аз Австралия ва Муҳаммад Фаҳмӣ ва Боҳир Муҳаммад – ҳарду аз Мирс- зоҳиран то оғози мурофиаи нав дар боздошт хоҳанд монд. Онҳо қаблан бо ҷурми кӯмак ба созмони дар Миср манъшудаи Ихвонулмуслимин ва пахши “ахбори бардурӯғ” дар бораи Миср ба мӯҳлати аз 7 то 10 сол маҳкум шуданд. Мақомоти Миср Ал-Ҷазираро айбдор мекунанд, ки ҳамчун баландгӯи Ихвонулмуслимин фаъолият дорад. Шабака ин иттиҳомро рад мекунад.

Вакили мудофеи хабарнигорон гуфт, мурофиаи нав шояд то як моҳи дигар оғоз шавад. Раисиҷумҳури кунунии Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ ҳаққи афв ё ихроҷи хориҷиёнро дорад, вале ӯ гуфтааст, танҳо дар сурати “ҷавобгӯи амнияти миллии Миср буданаш” даст ба ин кор хоҳад зад.

Эътироз ба ҳалокати 20 меҳмони тӯй дар Ҳилманд

Баъди ҳалокати дастикам 20 нафар ва захмӣ шудани беш аз 50 тани дигар бар асари зарбаи як мушак дар як тӯйи арӯсӣ дар вилояти Ҳилманд даҳҳо нафар ба нишони эътироз ба кӯчаҳои маркази ин вилоят рехтанд. Аксари қурбониҳои ҳамлаи рӯзи 31 декабр дар вулусволии Сангин занону кӯдакон будаанд. Мақомот чигуна аз посгоҳи урдуи давлатии Афғонистон, ки дар наздикии тӯйхона воқеъ буд, ба сӯи издиҳом партоб шудани ин мушакро таҳқиқ мекунад. Таҳқиқот бояд аз ҷумла маълум кунад, ки мушак дар посух ба оташи ҷангиёни Толибон андохта шуда ваё худсарона? Вулусволии Сангин дар водии Ҳилманд- яке аз маконҳои асосии кишти кӯкнор – ҷойгир шуда, тайи 6 моҳи охир як ҷабҳаи ҷанги толибҳо бо нирӯҳои давлатист.

Фаронса ба Русия: Аввал Украина, баъд - "Mistral”

Фаронса гуфт, ду киштии чархболбари “Mistral”-ро танҳо дар сурати риояи оташбас дар Украина ва ба иҷро даромадани “роҳкори сиёсӣ”-и сулҳ ба Русия хоҳад дод. Вазиир дифои Фаронса Жан-Ив Ле Дриан рӯзи 1 январ ба радиои Europe 1 гуфт, то кунун талошҳои анҷомшуда барои ҳалли низоъ дар Украина “эҳсосшаванда ва қобили эътимод набуд.” Русия барои ин ду киштӣ ба Фаронса 1,2 миллиард доллар додааст. Вале Порис таҳвили онҳоро ба далели бӯҳрони Украина ба таъхир гузошт. Ле Дриан моҳи гузашта Маскавро ҳушдор дода буд, ки Фаронса метавонад ин киштиҳоро “ҳеҷ гоҳ” ба Русия ҳатто надиҳад.

Намояндаи Русия дар НАТО Александр Грушко ҳафтае пеш гуфт, иҷро нашудани ин қарордод боварии Маскав ба таъминкунандаҳои хориҷиро ба замин зада, “боз як сабаби коҳиш додани вобастагиаш аз таҷҳизоти хориҷӣ хоҳад шуд.” Муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин тасмими Порисро “танҳо намоиши заъфи геополитикии Фаронса” номида буд.

Сербистон раиси САҲА шуд

Сербистон, ки аз 1 январ раҳбарии давраии САҲА-ро бар ӯҳда гирифт, гуфт, ҳалли бӯҳрони Украина дар авлавияти кораш дар ин мақом қарор мегирад. Сербистон гуфтааст, барномаи кораш ба ҳайси раиси давраии ин созмонро рӯзи 15 январ дар Вена муаррифӣ мекунад.

Ивитса Дачич, вазири хориҷаи Сербистон рӯзи 31 декабр ба Озодӣ гуфт, бовар дорад, ки Белград бо истифода аз равобити хубаш ҳам бо Киев ва ҳам бо Маскав ба САҲА кумак хоҳад кард, то ҳамчун “миёнарави одил ва беғараз” амал кунад. САҲА ҳамроҳ бо Русияву Украина гурӯҳи тамос барои музокирот бо ҷудоихоҳони шарқи Украинаро таъсис додаанд. САҲА ҳамчунин ба Украина, ба истиснои вилояти аз сӯи Русия тасарруфшудаи Қрим, ҳайати нозиронашро фиристодааст.

Иттиҳоди АвроОсиё расман фаъол шуд

Рӯзи 1 январ созишнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё расман ба иҷро даромад. Тибқи ин созишнома, аз имрӯз Русияву Беларус ва Қазоқистон иқтисодҳои худро ба ҳам оварда, бозори умумие хоҳанд сохт, ки дар он ҳаракати молҳо, хадамот, сармоя ва нирӯи кор бояд озодона сурат бигирад. Аъзои Иттиҳод бояд дар риштаи иқтисодӣ сиёсати воҳидро пеш баранд. Барои ба меъёрҳои ин созмон мутобиқ кардани қонунгузории кишварҳои узв 10 сол мӯҳлат пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, дар соли 2013 аъзои Иттиҳоди АвроОсиё бозори умумии дорувор, соли 2019 бозори умумии нирӯи барқ ва то соли 2025 бозори умумии маҳсулоти нафту газро ташкил диҳанд.

Ин созмони нави зери назари Маскав дар заминаи Иттиҳоди гумрукии ЕвразЭС таъсис ёфта, созишномаи ниҳоияш 29 майи соли 2014 ба имзо расид. Арманистону Қирғизистон низ барои пайвастан ба Иттиҳоди АвроОсиё дархост додаанд.

Литва ҳам ба евро гузашт

Литва аз 1 январ ба минтақаи евро ҳамроҳ шуд. Литва аз миёни се кишвари пасошӯравии соҳили Балтик танҳо кишваре буд, ки то ҳол пули миллиаш – литро ҳифз карда буд. Эстония ҳанӯз дар соли 2011 ва Латвия як сол пеш крона ва лат – пулҳои миллии худро канор гузошта, ба евро гузашта буданд. Лива бо 3,5 миллион аҳолиаш умедвор аст, ки бо вуҷуди тарси таваррум пайвастан ба евро суботи иқтисодиву молиро дар ин кишвар таҳким хоҳад бахшид. Мардуми Литва алакай баъди соати 12-и шаб метавонистанд аз банкоматҳо евро бигиранд. Раиси ин ҷумҳурӣ Далия Грибаускайте рӯзи 31 декабр дар паёмаш гуфт, пайвастан ба минтақаи евро як қадами муҳими Вилнюс дар роҳи “ҳамоиши амиқтари иқтисодиву сиёсӣ бо Ғарб аст.” Литва 19-умин кишвари Аврупост, ки евроро мепазирад.

Амрико қатли Абдишакурро тасдиқ кард

Низомиҳои Амрико бар асари ҳамлаи ҳавоӣ ҳалок шудани раҳбари бахши иктишофии Ал-Шубоб, як созмони ҷангии наздик ба шабакаи Ал-Қоида дар кишвари африқоии Сомалиро тасдиқ карданд. Пентагон – вазорати дифои Амрико – рӯзи 31 декабр дар як баёния гуфт, Таҳлил Абдишакур рӯзи 29 декабр кушта шуд ва ҳалокати ӯ ба тавоноиҳои АВл-Шубобо барои анҷоми ҳамлаҳо алайҳи давлату мардуми Сомали ва ба муттаҳидон ва манфиатҳои Амрико дар минтақа “таъсири қобили мулоҳиза хоҳад дошт.” Пентагон гуфт, Абдишакур дар наздикии Сааков тавассути “ҳавопаймои бесарнишин” мавриди зарба қарор гирифтааст. Ал-Шубоб як гурӯҳи тундрави исломист, ки мехоҳад дар Сомали меъёрҳои шадиди Шариатро ҷорӣ кунад. Амрико дар моҳҳои охир раҳбарони дигари ин гурӯҳро низ ҳадаф қарор дода буд.

Ситоиши Путин аз тасарруфи Қрим

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар паёми солинавиаш аз тасарруфи нимҷазираи Қирмми Украина аз сӯи Русия ситоиш кард. Путин гуфт, бозгардондани Қрим “як нуқтаи атфи муҳим дар таърихи мо боқӣ хоҳад монд.” Путин ҳамчунин аз мардумаш барои “омодагии бидуни чуну чаро барои ҳимоят аз манфиатҳои Русия” ташаккур кард. Русия дар ҳоле роҳии соли нави 2015 шуд, ки ба далели таҳримоти Ғарб ва уфти нархи нафту қурби рублаш ба мушкилоти ҷидди иқтисодӣ рӯбарӯ шудааст.

Мурофиаи раҳбари салафиҳои Босния

Билол Боснич

Додгоҳи Босния як рӯҳонии мусалмонро дар ҷалби афрод барои ҷанг дар Сурияву Ироқ дар сафи нирӯҳои созмони тундрави “Давлати исломӣ” муҷрим шинохт. Додгоҳи давлатӣ дар ҳукмаш аз 31 декабр гуфт, Билол Боснич “дар тӯли солҳои 2013 ва 2014 дар маҳзари ом дигаронро дониста ва бо истифода аз мақоми диниаш барои пайвастан ба сафи созмонҳои террористӣ” даъват мекард. Боснич ба ташкили гурӯҳи террористӣ низ айбдор дониста шуд. Билол Боснич, ки моҳи сентябр дастгир шуд, раҳбари ғайрирасмии ҳаракати хеле муҳофизакори Салафия дар Босния шинохта мешуд. Ӯ нахустин нафарест, ки бар асоси қонуни моҳи апрел тасвибшуда муҷрим шинохта шуд. Ин қонун барои таъмини молии фаъолиятҳои террористӣ ва ҷалби афрод ба ҷангу ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Бовар меравад, ки то 150 нафар аз Босния дар Сурия меҷанганд.

Ниёз Муҳаммадро ба дор кашиданд

Мақомоти Покистон рӯзи 31 декабр боз як нафари муҷрим дар талоши нокоми сӯиқасд ба ҳокими низомии собиқи ин кишвар Парвиз Мушаррафро ба дор кашиданд. Аз замони лағви мораторий ба иҷрои ҳукми қатл дар Покистон ин алакай ҳафтумин мавриди иҷрои ҳукми эъдом дар ин кишвар аст. Покистон дар моҳи декабр баъди ҳамлаи ҷангиён ба як мактаб, ки беш аз 150 кушта ба ҷо гузошт, мораторий ба иҷрои ҳукми эъдомро бекор кард. Як мақоми зиндони марказии Пешовар гуфт, Ниёз Муҳаммади 40-соларо ба дор кашиданд ва ҷасадашро баъдан ба хешовандонаш доданд. Муҳаммад ба он айбдор мешуд, ки дар роҳи убури корвони мошинҳои Мушарраф дар купруки шаҳри Равилпинди бомб гузоштааст. Дар он талоши сӯиқасд касе осеб надида буд, вале аз 7 нафари дар зарфи камтар аз як моҳ эъдомшуда дар Покистон 6 танаш ба даст доштан дар сӯиқасд ба ҷони Мушарраф айбдор мешуданд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, Покистон қасд дорад бо лағви мораторий ҳукми тақрибан 500 нафари ба қатл маҳкумшударо иҷро кунад. Покистон аз соли 2008 ба иҷрои ҳукми қатл мораторий гузошта буд.

Кушта шудани 20 меҳмони як тӯй дар Ҳилманд

Мушаке, ки дар ҷараёни набарди байни ҷангиёни Толибон ва нирӯҳои Афғонистон партоб шуда буд, дастикам 20 нафар аз аҳли як тӯйи арӯсӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилмандро куштааст. Сухангӯи пулис Фарид Аҳмад Убайд гуфт, дастикам 45 тани дигар дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳодиса рӯзи 31 декабр дар вулусволии Сангин, яке аз пойгоҳҳои Толибон рух додааст. Баъди хуруҷи нирӯҳои Амрико аз ин минтақа дар 6 моҳи пеш, нирӯҳои афғон дар Сангин бо чирикиҳои Толибон дар набарданд. Нирӯҳои мусаллаҳи 350 000-нафарии Афғонистон аз 1 январ, бо анҷоми хуруҷи нирӯҳои НАТО, масъулияти комили таъмини амният дар ин кишвари ҷангзадаро баъди 13 сол бар ӯҳдаи худ гирифтанд.

Лукашенка: Русия дӯсти мост, вале...

Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка рӯзи 30 декабр дар мулоқот бо сарвазири ҷадидаш Андрей Кабякав гуфт, коҳиш додани вобастагии иқтисодии кишвараш аз Русия ва густариши самтҳои содироти маҳсулот аз ҳадафҳои асосии Минск дар соли 2015 хоҳад шуд. Ин изҳорот ҳамагӣ 2 рӯз пеш аз расман ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё табдил ёфтани Иттиҳоди гумрукии Беларусу Русия ва Қазоқистон садо дод. Лукашенка ба сарвазираш гуфт, “бале, Русия бародари мост, дӯсти мост. Вале шумо дидед, ки онҳо дар ин авохир чӣ рафтор карданд. Мо наметавонем вобастаи танҳо як ё якуним бозор бошем.” Лукашенка гуфт, сӯҳбати охиринаш бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хеле шадид буд, вале ба таъбири ӯ, “ин ба маъное нест, ки инҷо хусумате бошад. Мо дӯстоне ҳастем, ки мояи нигарониамонро ба ҳамдигар ошкор мегӯем.” Лукашенка ахиран дар пайи уфти қурби рубли русӣ ба ҳукуматаш амр дод, то тиҷорат бо Русияро бо доллари амрикоӣ ба роҳ андозанд.

Паёми солинавии В.Путин ба Э.Раҳмон

Акс аз бойгонӣ

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар паёми табрикие ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро бо фаро расидани соли нави 2015 табрик гуфта, аз таҳкими минбаъдаи равобити дӯстонаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардааст. Путин гуфтааст, дар ин як соли охир чанде аз тавофуқоти муҳими дуҷониба дар соҳоти низомӣ ва муҳоҷират ба иҷро расид. Ӯ ҳамчунин ба аҳамияти ҳамкории Душанбеву Маскав дар чорчӯби созмонҳое, чун СНГ, СПАД, СҲШ ва амсоли ин таъкид карда, изҳори умед кардааст, ки мушорикати стратегӣ ва иттиҳоди Русияву Тоҷикистон дар соли оянда боз ҳам таҳким хоҳанд ёфт.

Шикояти Навалний аз ҳабси хонагӣ

Раҳпаймоии тарафдорони Навалний дар Маскав

Мунтақиди Кремл Алексей Навалний аз ҳукми ҳабси хонагиаш шикоят бурдааст. Вадим Кобзев, вакили Навалний гуфт, онҳо ҳабси хонагии ин сиёсатмадор то анҷом мӯҳлати ҳукми шартиашро “беасос ва ғайриқонунӣ” мешуморанд ва ин далел аз он шикоят бурданд. Навалний моҳи феврал дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Рӯзи 30 декабр додгоҳи Маскав Алексей Навалний ва бародари ӯ Олегро 3-солӣ ҳукми зиндон дод, вале барои Алексей Навалний 6 моҳ мӯҳлати шартӣ таъин кард. Додгоҳ ҳукми ҳабси хонагии ин сиёсатмадорро низ ба қуввааш боқӣ гузошт.

Шоми 30 декабр ба тарафдорӣ аз Навалний дар Маскав раҳпаймоии эътирозӣ дори шуд. Пулис гирдиҳамоиро пароканда ва беш аз 250 нафарро дастгир кард. Худи Навалний низ дар роҳ ба ин гирдиҳамоӣ боздошт ва ба манзилаш пас оварда шуд.

Марги мудҳиши 9 нафар дар Канада

Як мард дар ҳолати афсурдаҳолӣ дар шаҳри Эдмонтони Канада 6 нафари калонсол ва ду кӯдакро кушта, сипас худкушӣ кардааст. Ин марди бахашм ин афродро рӯзҳои 29 ва 30 декабр дар ду минтақаи шаҳр кушта, сипас фирор мекунад ва дар тарабхонае берун аз шаҳр даст ба ҷони худ мезанад. Кӯдакони қурбонӣ камтар аз 10 сол доштаанд. Раҳбари пулиси Эдмонтон ин куштори бадтарин дар таърихи ин шаҳрро “куштори дастаҷамъии бемаъно” номидааст.

3 кушта дар Нангарҳор ва сеи дигар - дар Урузгон

Мақомоти афғон мегӯянд, силоҳбадастон савори мошинҳои пур аз маводи тарканда рӯзи 31 декабр як маъмури пулис ва ду нафари мулкиро дар роҳе дар вилояти шарқии Нангарҳор куштаанд. Раҳбари ипулиси вилоят гуфт, ин афрод қаасди ҳамла ба идораҳои давлатӣ дар вулусволии Батикот дар наздикии марз бо Покистонро доштанд. Сухангӯи пулис гуфт, 6 силоҳбадаст вақте оташ кушоданд, ки пулис мошинҳоро барои тафтиш манъ кард. Дар ин ҳамла 7 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Пулис чанде аз ҳамлагаронро кушта як мошин ва як мотосикли онҳоро мусодира кардааст.

Бино ба хабари дигар, рӯзи 30 декабр дар вилояти Урузгони Афғонистон, як ходими пулис ҳангоми хӯроки шом болои афсарони аз ӯ баландтар тир кушодааст. Дар ин ҳамла 3 тан кушта ва 5 каси дигар захмӣ шудаанд. Сухангӯи пулис гуфт, ҳамлагар аз ҷои ҳодиса фирор кардааст ва ангезаи ҳамлаи ӯ ба ҳамкоронаш маълум нест.

Урузгон ва Нангарҳор аз ҷабҳаҳои умдаи ҷанги чирикиҳо ба шумор мераванд.

Ин ду ҳамлаи ахир дар ҳоле сурат гирифт, ки нирӯҳои НАТО рӯзи 28 декабр маъмурияти 13-солаи худ дар Афғонистонро ба поён оварданд.

Қатли 33 нафар дар мавлуди Паёмбар

Дар як ҳамлаи маргталабона ба маросими таҷлили мавлуди паёмбари Ислом Муҳаммад(с) дар Яман даҳҳо нафар кушта шуданд. Хабаргузории Ройтерс аз қавли сокинон ва манобеи тиббӣ навишт, дар ҳамлаи рӯзи 31 декабр дар шаҳри Ибб дастикам 33 кас ҷон бозтаанд. Бино ба хабарҳо, бомбгузор зудро дар миёни издиҳоми чирикиҳои шиа аз гурӯҳи Ҳусиён ваё тарафдорони онҳо таркондааст ва дар байни қурбониҳо занону кӯдакон ҳам ҳастанд.

Исми Ҳусиюн дар моҳи сентябр баъди тасарруфи бахши аъзами Санъо, пойтахти Яман вирди забонҳо шуд ва ин гурӯҳ ҳадафи ҳамлаҳои шабакаи Ал-Қоида қарор гирифт. Аксари аҳолии шаҳри Ибб суннимазҳабанд, вале ин минтақа таҳти назорати ҳусиюн қарор дорад.

Яман аз соли 2011, дар пайи эътирозҳо ва барканории раисиҷумҳур Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба вартаи беназмиҳои сиёсиву низомӣ фурӯ рафтааст.

Интиқод ва истиқболи Русия аз НАТО

Маскав мегӯяд, нирӯҳои НАТО тайи 13 соли маъмурияташон натавонистанд вазъ дар Афғонистонро ба низом бидароранд, вале Русия бо ин вуҷуд аз маъмурияти баъдии ин паймони низомӣ дар он кишвари ҷангзада пуштибонӣ мекунад. НАТО, ки маъмурияти низомиаш бар асоси мандати СММ дар Афғонистонро рӯзи 28 декабр анҷом дод, ҳоло як барномаи хеле маҳдудтари бештар имдодӣ барои нирӯҳои афғонро рӯи даст дорад. Вазорти хориҷаи Русия дар изҳороти рӯзи 31 декабраш аз ҳамин барнома ба ҳайси “вориси мустақими ISAF” ҳимоят кардааст. Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон рӯзи 29 декабр ба Интерфакс низ аз нокомиҳои НАТО дар он кишвар сахт интиқод кард, вале дар ниҳоят бо ҳимоят аз он гуфт, “ба ҳар ҳол, ин аз ҳеҷ чиз дида беҳтар аст.”

Нигаронии узви Конгресс аз ҳамла ба Озодӣ

Эллиот Энҷел, як вакили аршади демократ дар кумитаи равобити байналмилалии Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико аз амалиёти рӯзи 26 декабр ба дафтари Радиои Озодӣ дар Боку ва бозпурсии ходимони он “изҳори нороҳатии амиқ” кард. Ин вакили Ню-Йорк нҷел рӯзи 30 декабр дар баёнияаш аз раҳбарони Озарбойҷон даъват кард, то “ба Радиои Озодӣ имкони фаъолият дода, табъизи кормандони онро бас кунанд.” Мақомоти додситонии Озарбойҷон рӯзи 26 декабр дафтари Радиои Озодӣ дар Бокуро кофтукоб ва асноду таҷҳизот ва хотираи компутарҳояшро мусодира карданд. Тайи 2 рӯзи баъдиаш 12 корманди Озодӣ аз сӯи мақомот мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд. Даъват ва боҷпурсии кормандони куннуӣ ва собиқи Озодӣ аз сӯи мақомоти озарӣ то ҳол идома дорад. Ин иқдомот ба мавҷи интиқодҳои шадиди созмонҳои маҳалливу байналмилалии ҳомии озодии баён рӯбарӯ шудааст.

Ирсоли 5 маҳбуси Гуантанамо ба Қазоқистон

Амрико 3 марди яманӣ ва ду тунисиро, ки ҳанӯз беш аз 10 сол қабл дар Покистон бо гумони иртибот бо шабакаи террористии Ал-Қоида дастгир шуда буданд, аз зиндони Гуантанамо озод карда, ба Қазоқистон фиристодааст.

Пентагон – вазорати дифои Амрико - дар изҳороташ аз 30 декабр гуфт, ин 5 нафар “пурра сафед шуда” ва баъди бозрасии парвандаҳояшон аз сӯи чандин ниҳоди давлатии Амрико ба Қазоқистон интиқол дода мешаванд.

Ин 5 нафар аз ҷумлаи он даҳҳо маҳбуси боздоштгоҳи амниятии Гуантанамо дар Кубаанд, ки иттиҳомоти алйҳашон эълоншуда лағв шудааст, вале Амрико аз фиристодани онҳо ба кишварҳои зодгоҳашон ба далелҳои амниятӣ то ҳол истиҳола мекард.

Мақомоти Қазоқистон тасдиқ карданд, ки ин 5 маҳбуси Гуантанамо, ки дар ин кишвар паноҳандагӣ меҷӯянд, рӯзи 31 декабр ба Қазоқистон расиданд. Вазорати умури хориҷии Қазоқистон гуфт, ба онҳо мақоми паноҳҷӯ додаанд. Остона гуфт, ин 5 нафарро ҳанӯз расман паноҳанда эътироф накардаанд ва парвандаҳои ҳар яки онҳо аз сӯи вазорати дохила бар асоси қонун баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин вазорат, хароҷоти будубоши ин 5 маҳбуси собиқи Гуантанаморо созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ бар дӯш гирифтаанд.

Бо раҳоии ин 5 нафар дар Гуантанамо 127 маҳбуси дигар боқӣ мемонанд.

Тақвияти ҳимояти марз бо Афғонистон

Як манбаи наздик ба мақомоти амниятии Тоҷикистон рӯзи 31 декабр ба Озодӣ гуфт, нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба далели хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистони ҳамсоя тақвияти 1370 километр марзи муштарак бо ин кишварро тақвият додаанд. Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, “ба хотири ҷилавгирӣ аз убури марз аз сӯи гурӯҳҳои ҷангҷӯ аз 28 декабр тамоми воҳидҳои марзбонӣ дар тӯли марз ба ҳолати омодабош оварда шуда, шумори ҳайатҳои дидбонӣ, барои мисол, дукаратӣ афзоиш дода шудаанд.” Худи дидбониҳо низ бакарат бештар карда шудаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки низоми наву бамаротиб шадидтари ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон то кай давом хоҳад кард. Як манбаи хабаргузории Интерфакс дар мақомоти амниятии Тоҷикистон гуфтааст, “мо вазъиятро хоҳем дид, вале дар ҳафтаҳои наздик суст кардани мизони ҳифозати марз чандон мувофиқи мақсад ба назар намерасад.”

Тоҷикистон аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бузургтарин марз бо Афғонистонро дорад, ки асосан бар фарози рӯди Омӯ кашида шуда, бахши аъзамаш аз манотиқи кӯҳистонӣ мегузарад ва ба ин далел, ҳифозаташ хеле мушкил аст.

Ҳалокати ду маллоҳи албанӣ дар амалиёти наҷоти Norman Atlantic

Ҳангоми амалиёти наҷотбахшӣ дар киштии Norman Atlantic дар баҳри Адриатика ду маллоҳи албанӣ ба ҳалокат расиданд. Хабаргузории Reuters аз қавли масъулони бандари Влёраи Албания навиштааст, фоҷиа бар асари кандани танобе рӯй дод, ки бояд онро ба киштии ғарқшудавасл мекарданд.

Бар асари сӯхтор дар киштии мусофирбари итолёвии Norman Atlantic дар баҳри Адриатика дасти кам даҳ нафар ба ҳалокат расида, тақрибан чиҳил каси дигар ба рӯйхати ғайбзадагон шомиланд. Миёни ғайбзадагон рӯҳонии шинохтаи гурҷӣ Илия Картозия низ ҳаст. Сӯхтор рӯзи 28 декабр дар наздикиҳои ҷазираи Корфу дар киштии итолиёвие сар зад, ки аз бандари Патраси Юнон сӯи шаҳри Анкона ҳаракат мекард.

Ба гуфтаи вазири нақлиёти Италия Мауритсио Лупӣ, 427 нафар тавассути чархболҳо ба ҷойи амн интиқол ёфтанд. Бар пояи иттилои ахир, дар киштӣ 422 мусофир ва 56 узви экипаж ҳузур доштанд.

Амалиёти наҷотбахширо вазъи номусоиди ҳаво ба мушкил мувоҷеҳ карда буд. Norman Atlantic ҳоло дар соҳилҳои Албания қарор дорад.

"Ҳамоишҳои мардумӣ" бо пуштибонӣ аз Навалнийҳо дар Русия

Дар чанд шаҳри Русия шоми 30 декабр «ҳамоишҳои мардумӣ» бо пуштибонӣ аз сиёсатмадори мухолифи Кремл Алексей Навалний ва бародари ӯ Олег баргузор шуданд.

Рӯзи сешанбе як додгоҳи шаҳри Маскав Алексей Навалний ва Олег Навалнийро дар яғмои 30 миллион рубл аз ширкати «Ив Роше» айбдор кард. Алексей Навалний ба севуним соли шартии маҳрумият аз озодӣ ва бародараш Олег ба севу ним соли маҳбас маҳкум шуданд.

Ҳукми додгоҳ дар баробари бародарон Навалнийҳо дар ҳамоишҳои мардумӣ дар Маскав, Санкт-Петербург, Вологда, Воронеж, Архангелск, Саратов ва Самара баррасӣ гардид. шавад. Шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки дар Маскаву Санкт-Петербург дар ҷойҳои баргузории ҳамоишҳо монеъаҳо гузошта шуда, мошинҳои зиёди полис ҷамъ омадаанд.

Коммунистҳои Суғд раҳбари нав интихоб карданд

Коммунистҳои Суғд котиби якуми ҳизбии худ дар вилоятро пас аз анҷумани ҷанҷолии Душанбе интихоб карданд ва муовини дуввуми котиби ҳизби вилоят Мубинҷон Маҳмудов ба ҷои Ҷаббор Ахмедов ҳамчун раиси бахши вилоятии ҳизб интихоб шуд. Исмоил Талбаков, муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раиси пешини ҳизб Ҷаббор Ахмедов худсарона худро дар ҷои котиби ҳизбии пешин Абдуалӣ Маҳкамов ҳамчун раис эълон карда, вале тайи ин чанд муддат ҳеҷ кори назаррасе барои ҳизб накардааст. Ба гуфтаи оқои Талбаков, ба ҳамин далел, ӯ аз ин масъулият барканор карда шуд ва ба ҷояш Мубинҷон Маҳмудов раис бахши вилоятии ҳизб интихоб карда шуд. Мубинҷон Маҳмудов собиқадори ҳизб буда, дар руйхати ҳизбӣ низ ба интихоботи Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудааст. Вай то ин муддат котиби дуввуми бахши вилоятии коммунистҳо буд. Ҷаббор Аҳмадов, раиси бахши ҲКТ дар вилояти Суғд рӯзи 27 декабр дар анҷумани ҳизб зимни пешбарии номзадҳо аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ, ба номзадии Исмоил Талбаков дар мақоми дувуми феҳрист эътироз кард ва пешниҳод намуд, ки дар ҷойи дуввум фаъоли ҳизбӣ аз вилояти Суғд Қурбонҷон Мирзоева қарор бигирад, зеро ба гуфтаи ӯ, ҲКТ дар Суғд зиёда аз 17 ҳазор узв дорад ва дар се интихоботи ахир ғолиб омадаанд. Аммо ин пешшниҳод аз тарафи раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов радд шуд ва Исмоил Талбаков ҳамчун чеҳраи фаъол ва номзади шоиста дар мақоми дуввуми феҳрасти ҳизбӣ қарор гирифт.

Муҳоҷирон аз русӣ дар вилоятҳо имтиҳон месупоранд

Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои бештар намудани теъдоди нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ барои забони русӣ ва дарёфти сертификат дар Тоҷикистон бо мақомоти Русия музокираро шурӯъ кардааст. Дафтари матбуоти вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 30 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки музокирот бо мақомоти Русия аз ҷумла бо ниҳодҳои марбутаи Санкт-Петербург ва Пенза идома дорад, ки ҳадафи он, дарёфти сертификати забони русӣ қабл аз сафар ба Русия мебошад. Вай мегӯяд, феълан дар дохили Тоҷикистон шаҳрвандон танҳо дар филилиали МГУ ва Донишгоҳи технологӣ ҳаққи супоридани имтиҳони забони русиро доранд ва қимати сертификат ҳам аз 3 то 5 зҳазор рубл аст.

Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, феълан ба ин натиҷа расидаанд, ки дар Маркази калонсолон дар Душанбе ва дар Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ ва дар Хуҷанд марказҳои дарёфти сертификати забони русӣ бо қимати арзонтар, марказҳо таъсис диҳанд. Ин ниҳоди масъули Тоҷикистон мегӯяд, ки сокинони барои дарёфти сертификат аз навоҳии дурдаст бо харҷи зиёд меоянд ва агар натавонанд имтиҳони забони русиро супоранд, боз овора шуда ба минтақаҳои худ бармегарданд. Аз ин рӯ, ба хотири ҷилавгирӣ аз сарфу харҷҳои барзиёд, тасмим гирифта шуд, ки нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ бештар карда шавад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
XS
SM
MD
LG