Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Ҳалокати як сокини Хатлон дар муноқиша миёни ҷавонон

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар пайи муноқишаи гурӯҳи ҷавонон дар ноҳияи Ҷайҳун, як ҷавони 31-сола ҷон бохтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса шаби 31-уми декабр дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Дӯстӣ -- маркази ноҳияи Ҷайҳун рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, се ҷавони деҳаи Истиқлоли ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун ба панҷ ҷавони дигар, ки яке аз онҳо бошандаи ҳамон ноҳия ва дигарон аз Қӯрғонтеппаву Душанбе ва Вахш буданд, вориди муноқиша шуда, онҳоро латукӯб карданд. Ба гуфтаи манбаъ, сокини 31-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милиса ин се сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳунро боздошт карда, дар нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ кардаанд ва таҳқиқот идома дорад.

Мақомоти Эрон: Эътирозгарон баҳои корашонро хоҳанд пардохт

Мақомоти Эрон ба эътирозгарон ҳушдор додааст, ки баҳои кори, ба қавли онҳо, ғайриқонуниашонро хоҳанд пардохт. Садҳо нафар бо норизоӣ аз боло рафтани нархи маводи ғизоӣ, аз ҷумла то чиҳил дарсад афзудани нархи тухми мурғ, ба хиёбонҳои чанд шаҳри Эрон баромаданд.

Ин ҳушдори ҳукумат рӯзи 31-уми декабр, пас аз он садо дод, ки дар ҷараёни эътирозҳо дар маркази вилояти Луристон ду нафар кушта шуданд.

Гуфта шуда буд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи якшанбе хитоб ба мардум суханронӣ хоҳад кард. Аммо як хабарнигори рӯзномаи давлатии Эрон дар Твиттер навиштааст, ки ҳанӯз рӯшан нест, Рӯҳонӣ суханронӣ хоҳад кард, ё на.

Расонаҳои давлатии Эрон аз Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири умури дохилӣ, нақл карданд, ки рӯзи якшанбе гуфтааст, ҳар касе ба моликияти ҷамъиятӣ хисорот ворид кард, қонунро нақз ва низомро барҳам зад, баҳои корашро хоҳад дод.

Хабаргузории “Меҳр” аз Ҳабибуллоҳ Хуҷастапур, муовини раиси вилояти Луристон, гуфт, ки дар ҷараёни эътирозҳо, ба қавли ӯ, ғайриқонунӣ ду нафар кушта шудаанд.

Эрдуғон бо раиси ҷумҳури Фаронса дар бораи чӣ мегӯяд?

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия

Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – гуфт, ки ҳафтаи оянда барои баҳси равобити кишвараш бо Фаронса ба Порис хоҳад рафт. Оқои Эрдуғон дар ин бора рӯзи 30-юми декабр дар нишасти ҳизби ҳокими Туркия хабар дод.

Як манбаъ дар раёсати ҷумҳури Фаронса гуфтааст, ки ҷанги дохилии Сурия ва тасмими Амрико барои ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба ҳайси пойтахти Исроил дар рӯзномаи мулоқоти раҳбарони Туркияву Фаронса қарор хоҳад дошт.

Дидори Эрдуғон аз Фаронса дар замоне сурат мегирад, ки танишҳо миёни Туркия ва Иттиҳоди Аврупо афзоиш ёфтааст.

Гуфтугӯҳо дар мавриди узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо пас аз он мутаваққиф шуд, ки Ғарб аз Анкара ба хотири саркӯби мухолифини дохилиаш ба дунболи табаддулоти нофарҷоми соли 2016 ба шиддат интиқод кард.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон ахиран ибрози умед кард, ки равобити Туркия бо Иттиҳоди Аврупо беҳбуд хоҳад ёфт. Вай рӯзи 28-уми декабр ба хабарнигрони Туркия гуфта буд, ки “бояд теъдоди душманонро коҳиш бидиҳем ва теъдоди дӯстонро бештар созем.”

Сафорати Русия ба як сенатори амрикоӣ виза надод

Бинои сафорати Русия дар Амрико

Мақомоти сафорати Русия дар Вашингтон рӯзи 30-юми декабр гуфтанд, ки судури виза ба як сенатори амрикоро рад кардаанд. Зеро, ба гуфтаи мақомоти сафорат, номи Ҷин Шоҳин дар феҳристи таҳримҳои Русия ворид аст.

Ин иқдоми Русия бар зидди сенатори демократ сабаб шуд, ки ки Рон Ҷонсон ва Ҷон Баррассо – ду сенатори ҷумҳурихоҳ – сафарашонро ба Русия лағв карданд. Қарор буд, ки ин се сенатор дар моҳи январ аз Русия дидан кунанд.

Ҷонсон, раиси Кумитаи амнияти дохилии Сенати Амрико ин иқдоми Русияро дар ростои беҳбуд ёфтани равобити ду кишвар ғайримуассир хондааст.

Ҷин Шоҳин як мунтақиди умдаи Русия аст ва хостори иқдомоти шадидтар барои ҷилавгирӣ аз ҳар навъ мудохилаи Кремлин дар интихоботи ояндаи Амрико шуда буд.

Эрон гуфт, дар мубориза бо террористҳо дар паҳлӯи Тоҷикистон аст

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе, гуфт, ки кишвараш дар мубориза алайҳи терроризм дар канори Тоҷикистон хоҳад истод. Оқои Фағонӣ ин ҳарфҳоро дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 26-уми декабр баён доштааст.

Хабари мулоқотро вебсайти сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми декабр нашр кард. Бино ба ин манбаъ, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ “дар бораи шикасти гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқу Сурия” ва, ҳамин тавр, “тағйири ҷуғрофиёи фаъолияти террористҳо, аз ҷумла таҳдиди эҳтимолӣ алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ” изҳори назар кардааст.

Дар ин суҳбат инчунин вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикистону Эрон ва роҳҳои густариши ҳамкориҳо баррасӣ шудааст. “Фазои муносиботи Эрону Тоҷикистон дар ҳоли тақвият аст”, - афзудааст сафир.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Бино ба хабари вебсайти сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров аз ҳимоятҳои Теҳрон дар барқарории сулҳи тоҷикон дар солҳои навадум қадрдонӣ кардааст.

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли ахир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.

Эрон ин иттиҳомро бепоя хонд ва гуфт, риштаи дӯстӣ бо Саудӣ, аз рақибони аслии Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна, Душанберо аз Теҳрон дур мекунад.

Навалний: “Интихоботи бидуни рақобатро намепазирем”

Алексей Навалний

Алексей Навалний, мухолифи Кремлин, дар посух ба ҳукми Додгоҳи олии Русия гуфт, ки ӯ хостори таҳрим ё бойкоти интихоботи президентист. Вай рӯзи 30-юми декабр дар саҳифааш дар Твиттер навишт, “интихоботи бидуни рақобатро намепазирем”.

Додгоҳи олии Русия рӯзи шанбе шикояти Навалний аз рӯи Кумисюни марказии интихоботи ин кишварро рад кард.

Мақомоти Кумисюни марказии интихоботи Русия мегӯянд, ки Алексей Навалний ба иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ муттаҳам аст ва ҳаққи иштирок дар интихоботро надорад. Аммо Навалний ин иттиҳомро рад карда гуфтааст, ки ангезаи сиёсӣ дорад.

Интизор меравад, Владимир Путин, раиси ҷумҳури кунунии Русия дар интихоботи моҳи марти соли 2018 ба осонӣ баранда шавад. Худи ӯ қаблан дар нишасти матбуотӣ гуфт, рақиби сазоворе надорад.

Путин: Гуфтугӯи Русияву Амрико барои суботи ҷаҳон зарурист

Владимир Путин ва Доналд Трамп

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар як паёми солинавӣ ба Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – гуфтааст, ки муколамаи созанда миёни ду кишвар барои суботи ҷаҳон зарурист.

Мақомоти Кремлин рӯзи 30-юми декабр гуфтанд, ки Путин таъкид кардааст, Русия ва Амрико метавонанд барои асоси баробарӣ ва эҳтироми мутақобил ҳамкории амалиро тавсеа бахшанд.

Путин гуфтааст, инкишофи муколамаи созанда миёни Русияву Амрико бахусус барои дарёфти посухҳои муносиб ба таҳдиду чолишҳои ҷаҳон муҳим аст.

Равобит миёни Маскаву Вашингтон пас аз он муташанниҷ шуд, ки Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ҷузъи қаламраваш кард.

Иддао дар мавриди дахолати Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико низ болои муносибатҳои ду кишвар соя афканд.

ДИИШ масъулияти ҳамла дар Петербургро бар дӯш гирифт

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамла ба як фурӯшгоҳ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русияро бар уҳда гирифт.

Дар ҳамлаи рӯзи 27-уми декабр беш аз даҳ нафар захмӣ шуд.

Хабаргузории “Аъмоқ”-и мутааллиқ ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” гуфт, ин ҳамларо ҷангҷӯёни ДИИШ анҷом додаанд. Аммо дар мавриди ин иддаояш ҳеч далеле ироа накард.

Владмир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 28-уми декабр бомбгузорӣ дар як фурӯшгоҳи Санкт-Петербургро амали террористӣ номида буд.

Омурбек Бабанов комилан аз сиёсат канор рафт

Омурбек Бабанов

Омурбек Бабанов, яке аз номзадҳо ба мақоми президенти Қирғизистон дар интихоботи моҳи октябри имсол, комилан аз сиёсат канор рафт. Вай рӯзи 30-юми декабр дар як изҳорот гуфт, дар ин бора пеш аз интихоботи президентӣ қавл дода буд.

Матни изҳорот аз тарафи мушовири ӯ Мирсулҷон Намозалиев ба дасти расонаҳо расид. Омурбек Бабанов гуфтааст, “шаҳрвандони азизи Қирғизистон, изҳор медорам, ки аз сиёсат пурра берун рафтам. Аз ҷумла, аз кори ҳизбӣ низ. Ин тасмими содда ва осон набуд. Аммо ин ягона тасмими дуруст дар ин шароити мушкил аст.”

Бабанов, инчунин, аз ҳамаи онҳое, ки аз ӯ умед доштанд, узр пурсида, аз мақомот хостааст, ки тарафдорон ва ҳайати тими интихоботиашро таъқиб накунанд. Ӯ гуфтааст, “агар ҳар хатои сиёсӣ ҳам буд, пас, масъулияташ ба дӯши шахсан ман аст”.

Омурбек Бабанов номзади қавии мухолифон дар баробари Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури кунунии Қирғизистон, дар интихоботи моҳи октябри имсол буд. Вай гуфтааст, аз ин ба баъд нирӯяшро барои кумак ба мардуми худ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, хайрия ва маориф сарф хоҳад кард.

Бабанов баъди интихоботи моҳи октябр аз Қирғизистон берун рафтааст. Додситонии кулли Қирғизистон нисбат ба ӯ парванда боз кард.

Қаблан ин сиёсатмадор гуфта буд, ки дар хориҷа табобат мегирад, аммо аз кишвари хосе ном набурда буд.

Пулиси Эрон аз норозиён хост, ки ба эътирозҳо хотима диҳанд

Пулиси Эрон баъди боздошти даҳҳо нафар дар Теҳрон ва шаҳри ғарбии Кирмоншоҳ ба эътирозгарон ҳушдор дод ва хостори қатъи эътирозҳо шуд. Ин дар ҳолест, ки Амрико боздошти даҳҳо нафари норозӣ дар Эронро шадидан маҳкум кард.

Шуморе аз шаҳрҳои Эрон тайи ду рӯзи ахир шоҳиди эътирозҳои мардум алайҳи ҳукумат ва шароити иқтисодӣ буданд. Ин тазоҳурот рӯзи 28-уми декабр дар пайи нигарониҳо аз гароншавии нархи маводи ғизоӣ, аз ҷумла то чиҳил дарсад афзудани нархи тухми мурғ дар шаҳри Машҳаду Нишопур шурӯъ шуда, рӯзи 29-уми декабр дар Теҳрону Аҳвоз ва Қуму Кирмоншоҳ идома кард. Дар ин эътирозҳо мардум алайҳи ҳукумати Эрон шиор доданд.

Расонаҳои давлатии Эрон аз Муҳсини Ҳамадонӣ, муовини раиси Теҳрон, нақл карданд, ки гуфтааст, ҳеч иҷозае барои роҳандозии чунин эътирозҳо вуҷуд надорад.

Ҳусайн Ҳайдарӣ, раиси маҳкамаи инқилоби Машҳад, дар як изҳороти бесобиқа гуфт, “тазоҳурот ҳаққи мардум аст, аммо баъзеҳо мехоҳанд аз эҳсосоти мардум суистифода карда, ин мавҷро домана бизнанад.”

Пештар рӯҳониёни эронӣ ин эътирозҳоро зидди ислом хонда, маҳкум карданд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 30-юми декабр роҳпаймоҳои саросарии солона ба ҳимоят аз ҳукумати Эрон баргузор шудааст. Бар асоси гузориши телевизионҳои давлатии Эрон дар шаҳри Машҳад иштирокдорони роҳпаймоӣ ба тарафдорӣ аз Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, шиор додаанд.

Раҳбари Пентагон: Нақши ИМА дар Украина тағйир намекунад

Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико

Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико, гуфт, ки нақши Иёлоти Муттаҳида дар Украина тағйир нахоҳад кард.

Маттис рӯзи 29-уми декабр гуфт, Русия далел надорад, то дар хусуси тасмими Амрико, ки ҳафтаи гузашта дар робита ба фароҳам кардани силоҳҳои нав ба Укриана гирифт, нигарон бошад.

Вазири дифои Амрико афзуд, то замоне ки касе нахоҳад бар Украина таҷовуз кунад, ин кадом таъсири бузург нахоҳад дошт. Ба қавли Маттис, инҳо силоҳҳои дифоианд.

Русия иқдоми Амрико барои боло бурдани қобилиятҳои дифоии Украинаро маҳкум кард. Мақомоти Русия гуфтанд, ки ин кор хатти қирмиз ё сурхро убур карда, Украинаро ба самти хунрезии нав мебарад.

Ҳамла ба калисои масеҳӣ дар Миср 10 кушта боқӣ гузошт

Саҳнаи ҳамла ба калисои насрониҳо дар Миср.29 декабри соли 2017

Вазорати тандурустии Миср мегӯяд, ки ҳамлаи мусаллаҳона ба калисои месеҳиёни ортодокс дар канораҳои Қоҳира, 10 нафарро бо шумули худи ҳамлагар ба ҳалокат расонд.

Ҳамлагарро ходими амниятӣ рӯзи 29 декабр дар ҳоле ҳадаф қарор дод, ки ӯ панҷ муҳофизро захмӣ кард ва мехост ба калисои Марминаи воқеъ дар шаҳри Ҳелван ворид шавад.

Ба гуфтаи телевизиони давлатии Миср, ҳамлагари дуюм тавонист аз ҷойи ҳодиса фирор кунад, аммо баъдан боздошт шуд.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо соли гузашта гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" борҳо масеҳиёнро ҳадаф қарор дод.

Моҳи декабри соли 2016 ДИИШ ҳамлаи интиҳорӣ ба ин калисо ва моҳи апрел бомбагузорӣ дар ду дайри воқеъ дар шимоли Қоҳираро бар дӯш гирифт.

Моҳи март ҷангиёни ДИИШ 30 месеҳиро, ки роҳии дайр буданд, дар ҷануби Қоҳира куштанд.

Масеҳиён 10 дар сади аҳолии 93 миллион нафарии Мисрро ташкил мекунанд ва аз бузургтарин ақалиятҳои мазҳбии минтақа ба шумор меоянд.

Нозирон: соли 2017 дар Сурия 39 000 нафар кушта шуд

Кормандони Салиби Сурх ба як кӯдаки суриягӣ ёрӣ мерасонанд.26 декабри соли 2017

Дар ҷараёни даргириҳои соли 2017 дар Сурия дастикам 39 ҳазор инсон кушта шуд, ки беш аз 10 ҳазори онҳо мардуми мулкӣ буданд. Дар ин бора гурӯҳи нозири ҳуқуқи башари Сурия гузориш дод. Ба маълумоти ин созмон то 28 декабри соли равон, 2019 кӯдак ва 1492 зан аз даргириҳо ҷон бохтанд.

Ин гурӯҳи наздик ба мухолифони ҳукумати Сурия, ки теъдоди қурбонии тарафҳои низоъро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, ки дар ҷараёни ҷангҳо 2923 сарбози ҳукумати Сурия ва 7494 ҷангӣ, асосан аъзои гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" кушта шуданд. Ба гуфтаи ин гурӯҳ, теъдоди қурбониҳои соли 2017 дар муқобили 49 742 куштаи соли 2016 коҳиш ёфт.

Аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ҳудуди 400 ҳазор нафар ба ҳалокат расид. Дагириҳо нисфи аҳолии 22 миллион нафарии Сурияро ба фирор аз маҳалли иқомати онҳо маҷбур кард ва аз замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ вахимтарин бӯҳрони паноҳандагонро ба миён овард. Наздики 5 миллион аҳолии Сурия аз ин кишвар фирор кард.

Дар низои Сурия, Русияву Эрон аз ҳукумати Башор Асад ва ИМА бо Туркия аз гурӯҳҳои мухталифи шӯришгар пуштибонӣ мекунанд.

Туркия 29 ҷангии эҳтимолии ДИИШ-ро боздошт кард

Тонкҳои Туркия дар марз бо Сурия

Пулиси Туркия мегӯяд, ки даҳҳо узви эҳтимолии гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ"- ро рӯзи 29 декабр дар Анкара боздошт кард, ки баъзеи онҳо ҳамла дар ҷараёни ҷашнҳои солинавиро тарҳрезӣ мекарданд.

Хабаргузории давлатии Анадолу мегӯяд, ба рейди ҳамзамони боздошти ҷангиёни эҳтимолии ДИИШ ҳудуди 500 ходими пулис ҷалб шуд.

Биноба гузоришҳо аксари боздоштшудаҳо шаҳрвандони кишварҳои дигар буданд.

Боздошти ахир як рӯз баъди рейди саросарӣ дар Туркия сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ҳудудан 120 ҷангии эҳтимолии ДИИШ ба даст афтод.

Як сол пеш дар шаби соли нав як шаҳрванди Узбакистон дар ҳамла ба клуби шабонаи Истамбул 39 нафар, бо шумули шаҳрвандони Туркия, давлатҳои Аарабӣ, Ҳиндустон ва Канадаро қурбон кард. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт.

Пулиси Туркия тасмим гирифтааст, ки барои таъмини амнияти ҷашнҳои солинавӣ 37 ҳазор сарбози пулисро дар Истамбул мустақар кунад, ки ин ду баробар бештар аз навбатдории маъмулии кормандони ин ниҳод аст.

Садҳо сокини Эрон алайҳи нархҳои баланд даст ба эътироз заданд

Саҳнаи эътирозҳои рӯзи 28 декабр дар Машҳад.

Садҳо сокини Эрон алайҳи нархҳои баланди озуқа ва маводи аввалияи дигар дар шаҳри шимолушарқии Машҳад даст ба эътироз заданд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки теъдоди номуаяни эътирозгарон боздошт шуданд.

Биноба гузоришҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар эътирози рӯзи 28 декабр дар Машҳад- дуюмин шаҳри бузурги Эрон, якчанд ҳазор нафар иштирок карданд ва алайҳи президент Ҳасан Рӯҳонӣ шиор доданд.

Дар навори видеоии интернетӣ тӯдаи мардум дар эътирози Машҳад "марг ба диктатор" ва "марг ба Рӯҳонӣ" мегуфтанд. Пулис алайҳи эътрозгарон аз лӯлаҳои об истифода кард.

Хабаргузории давлатии ИРНА аз қавли волии Машҳад Муҳаммад Раҳим Наврӯзиён гузориш дод, ки ҷамъомади "На ба қимматҳои баланд" дар шаҳр ба таври ғайриқонунӣ баргузор шуд.

Пулис дар баробари эътирози "ғариқонунӣ" аз "таҳаммул" кор гирифт, гуфт Наврузиён ва афзӯд, ки мақомот як теъдодро, ки мехостанд моликияти ҷамъиятиро хароб кунанд, боздошт кард.

Қиммати маводи аввалия, бо шумули тухм дар чанд рӯзи ахир то 40 дар сад боло рафт. Кишоварзон сабаби афзоиши нархҳоро ба гаронии хуроки воридотии парранда ва ҳайвонҳои хонагӣ марбут медонанд.

Генерали Узбакистон аз президент дархости истеъфо кард

Ботир Парпиев - раҳбари кумитаи молиёти Узбакистон

Ботур Парпиев, раиси 71-солаи Кумитаи давлатии молиёт ва яке аз генералҳои соҳибнуфузи Узбакистон аз президент дархости истеъфо кард. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати Узбакистон хабар дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, генерал-лейтенант Ботур Парпиев аризаи истеъфояшро ба номи президент Шавкат Мирзиёев ду моҳ пеш навиштааст.

"Вай сабаби истеъфо хостанашро ба вазъи саломатиаш рабт медиҳад. Вақтҳои охир аз дарди по шикоят мекунад", - афзуд манбаъ.

Иттилоъ дар бораи аризаи истеъфои раиси Кумитаи андоз дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки дар кумитаи мазкур "поксозии саросарӣ"-и кормандон оғоз шудааст. Ихтисори кормандон дар кумитаи андоз бо фармони президент Шавкат Мирзиёев сурат мегирад.

Пештар Мирзиёев аз мақомоти андоз ба хотири дахолат дар умури соҳибкорон ва баргузории тафтишҳои беасос танқид карда буд. Он замон Мирзиёев гуфта буд, ки дар ояндаи наздик дар ин мақомот тағйири куллӣ ҷараён хоҳад гирифт.

Ботур Парпиев аз соли 2004 ба ин сӯ ба кумитаи андози Узбакистон роҳбарӣ мекунад.

Сухтор дар бинои истиқоматии Ню Йорк 12 нафарро қурбон кард

Сухтор дар Ню Йорк

Дар пайи оташ гирифтани бинои панҷошёна дар ноҳияи Бронкси Ню Йорк дастикам 12 нафар, бо шумули як кӯдак ба ҳалокат расид. Ба гуфтаи мири шаҳр Билл Блазио чаҳор нафари дигар захмҳои вазинин бардоштанд. Мақомот мегӯянд, ки эҳтимолан теъдоди қурбониҳо бештар шавад.

Сухтор рӯзи 28 декабр дар ошёнаи дуюм сар зад ва дар як муддати кӯтоҳ биноро фаро гирифт. Сабаби оташсӯзӣ маълум нест. Хабаргузории Associated Press мегӯяд, ки хадамоти зидди сухтор баъди се дақиқаи дарёфти зинги телефонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуд. Беш аз 160 корманди ин хадамот ба хомуш кардани оташ ҷалб шуданд.

Рӯзи гузашта мақомоти Ню Йорк шарвандонро аз башиддат поён рафтани ҳарорати ҳаво (8 дараҷа) ҳушдор доданд ва даъват карданд, ки сандалиҳои барқиро беназорат нагузоранд. Соли 2007 дар натиҷаи сухтор аз сандалиҳои барқӣ дар Бронкс 10 нафар ҳалок шуд.

Ситораи футбол президенти Либерия интихоб шуд

Тарафдорони Веа аз иштироки ӯ дар интихобот хушҳолӣ мекунанд.

Ҷорҷ Веа, ситораи пешини футбол раиси ҷумҳури Либерия интихоб шуд.

Рӯзи 28 декабр, беш аз 60 дар сади райдиҳандаҳо дар даври дуввуми интихоботи президентӣ аз Ҷорҷ Веа тарафдорӣ карданд. Дар даҳсолаҳои ахир ин нахустин интихоботи демократӣ дар Либерия аст.

Ҷорҷ Веа солҳои 90 то 2000-ум дар клубҳои машҳури Аврпуо бозӣ мекард. Ӯ дорандаи "туби тиллоӣ" буда, аз рӯи фарзияи FIFA беҳтарин футболбози ҷаҳон эълон шудааст. Ҷорҷ Веа баъди хориҷ шудан аз футбол рӯ ба сиёсат овард.

Клуби пешини Веа - "Пари-Сан-Жермен" интихоби ӯро ба мақоми президенти Либерия ба воситаи твиттер табрик кард.

Ҷуэл Ҳовард-Тэйлор - ҳамсари Чарлз Тейлор- диктарори пешини Либерия, якҷо бо Веа ноиби президент интихоб шуд. Чарлз Тейлор ҳоло ҳукми 50 соли зиндонро дар маҳбаси Британия сипарӣ мекунад.

Гумонбари ҳамдастӣ дар куштори сафири Русия боздошт шуд

Сафири Русия дар Туркия Андрей Калов чанд лаҳза пеш аз суиқасд. 19 декабри соли 2016

Додгоҳи Туркия рӯзи 28 декабр барномарези намоишгоҳи аксҳои "Русия - аз Каленинград то Камчатка аз нигоҳи сайёҳ",- Мустафо Темур Озканро бо гумони ҳамдастиаш дар куштори сафири Русия Андрей Карлов боздошт кард. Карлов 19 декабри соли 2016 ҳангоми сӯҳбат дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ дар Анқара ҳадафи тири корманди пулиси Туркия Мавлуд Олтинтош қарор гирифт.

Додситони Туркия гуфт, ки муфаттишҳо тамоми маълумотро аз телефони Мавлуд Олтинтош дарёфт карданд.

Аз рӯи қазияи куштори сафири Русия якчанд нафар боздошт, ки се тани онҳо ходимони пешини пулиси Туркия буданд.

Ҳамлагари 22 сола Мавлуд Олтинтош дар ҷойи ҳодиса кушта шуд. Мақомоти Туркия баъдан ӯро аз пайравони рӯҳонии муқими ИМА Фатҳуллоҳ Гулен эълон карданд. Туркия Гуленро тарҳрези кӯшиши табаддулоти давлатии соли 2016 унвон кардааст.

Боздошти занон барои нақзи либоси исломӣ дар Теҳрон манъ шуд

Пулиси шаҳри Теҳрон аз ин ба баъд занҳоро барои нақзи қоидаи пӯшидани либоси исломӣ боздошт намекунад. Акнун занҳоеро, ки қоидаи пӯшиши исломиро вайрон кардаанд, барои омӯзиш ба марказҳои машваратӣ мефиристанд.

Нашрияи "Теҳрон таймс" рӯзи 28 декабр суханони генерал Ҳусейн Раҳимиро иқтибос овард, ки мегӯяд, занонро барои нақзи қоидаҳои пӯшидани либоси исломӣ дигар ба ҳабс намегиранд ва алайҳи онҳо парванда низ намешавад.

Ба иттилои хабаргузории "Тасним"-и Эрон, дар иваз занҳо ба дарсҳои махсусе, ки кормандони пулис мегузаронанд, ҷалб хоҳанд шуд. Дар сурати такрори қоидавайронкунӣ онҳо бо баҳсҳои додгоҳӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Хабаргузорӣ мегӯяд, қоидаи нав танҳо дар Теҳрон амалӣ мешавад.

Раҳимӣ гуфт, дар робита ба иҷрои талаботи либоси исломӣ дар ҳудуди Теҳрон беш аз 100 маркази машваратӣ фаъолият мекунад. Аз соли 1979, баъди инқилоб дар Эрон қоидаҳои либос ҷорӣ шуд, ки гаштугузори занонро бидуни ҳиҷоб ва либоси исломӣ манъ мекунад.

Мудири хонаи кӯдакон барои ташкили фоҳишахона боздошт шуд

Акс аз Умеда Ахмедова

Мақомоти Узбакистон бар зидди раҳбарияти Хонаи кӯдакони рақами 1-и шаҳри Марғелони вилояти Фарғона бо ҷурми озору азияти ҷинсии тарбиятгирандагон ва дуздии пулҳои буҷаи давлату созмонҳои байналмилалӣ парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Мудири ятимхона Қаҳрамон Орифов ва муҳофизи ин муассиса боздошт шудаанд. Ду муовини Орифов, сармуҳосиб ва даҳҳо мураббии марказ аз мақомҳои худ барканор ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба гуфтаи манобеъ, Орифов дӯстону хешовандони худро ба кор қабул карда, даҳҳо миллион сӯмеро, ки давлат ва созмонҳои байналмилалӣ барои ятимон ҷудо кардаанд, аз худ кард. Муфаттишон ҳамчунин фарзияеро, ки гӯё тарбиятгирандагони марказ дар Марғелон ба танфурӯшӣ ҷалб мешудаанд, тафтиш доранд.

"Мудир ятимхонаро ба фоҳишахона табдил додааст. Ба ҷуз ин, ӯ миллионҳо сӯмеро дуздидааст, ки барои ятимон ҷудо шуда буд. Додситонӣ қазияро тафтиш дорад. Муҳофизи марказро низ ҳабс карданд. Ӯ бо дастури мудир шахсони бегонаро роҳ медодааст", - гуфт як корманди ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Фарғона.

Бинобар хабарҳое, ки моҳҳои ахир пахш шуданд, як қатор муҳофизони боғчаҳоро дар Узбакистон бо ҷурми шабона ба фоҳишахона табдил додани муассисаҳои то мактабӣ боздошт кардаанд.

Ҳамоиши ҷонибдорӣ аз кулоҳи миллии қирғизӣ дар Бишкек

Кулоҳи миллии қирғизӣ дар сари саг

Дар Қирғизистон фаъолони маданӣ ба ҷонибдорӣ аз кулоҳи сафеди миллӣ рӯзи гузашта дар назди фурӯшгоҳи "Бишкек-парк"-и пойтахти ин кишвар ҳамоиши осоишта баргузор карданд. Эътирозгарон аз ин нороҳат шудаанд, ки кулоҳи миллии қирғизиро дар намоише ба сари саг гузоштанд.

Созмондиҳандагони ҳамоиш мегӯянд, онҳо боэътрози худ мехоҳанд ба ҷомеа паём диҳанд, ки кулоҳи миллӣ дастоварди фарҳангии мардуми қирғиз аст. Ҳамчунин фаъолон талаб доранд, ки дастандаркорони қазияи кулоҳи миллӣ пӯшидани саг муҷозот шаванд.

Ҳафтаи гузашта дар Интернет акси сагеро нашр карданд, ки дар сар кулоҳи сафеди миллии қирғизӣ дошт. Дертар маълум шуд, ки ин акс дар намоишгоҳи муди либоси сагҳо ( Dog’s Fashion Show-2018) дар шаҳри Бишкек бардошта шуд.

Бархе аз ҳунармандони машҳур, аз ҷумла филмсоз Ирисбек Ҷобиров ва вакилони порлумони Қирғизистон низ ба ҳимояи кулоҳи сафед бархостанд. Намояндаи президенти ин кишвар дар порлумон Молдакун Абдилдаев гуфт, дастгоҳи раисҷумҳур ба ин ҳодиса ба зудӣ баҳо хоҳад дод.

Ҷаримаи кошонаҳои ҳусн дар ВМКБ барои истифодаи маҳсулоти пастсифат

Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, дар вилояти Бадахшон кошонаҳои ҳуснро барои барои пешниҳоди маҳсулоти пастсифати ороишӣ ба мизоҷон ҷарима бастаанд. Ба иттилои Зӯҳро Олимшоева, роҳбари Хадамоти назорати фармасевтӣ дар ВМКБ, санҷиши маводҳои ороишӣ дар кошонаҳои ҳусн ва ҳам якчанд мағоза нишон дод, ки онҳо ба муштариён маводҳои пастсифат пешниҳод кардаанд.

Аз ҷумла ба қавли хонум Олимшоева, масъулини ин ниҳод 8 номгӯи маводҳои ороишиеро, ки ба талаботи меъёрҳои фармасевтӣ ҷавобгӯ набуданд, ошкор карда, соҳибони кошонаҳои ҳуснро 13 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд. Ин масъули Вазорати тандурустӣ дар Бадахшон мегӯяд, ҳамчунин давоми як ҳафтаи ахир наздики ҳазор дорувориро бо сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудан аз фурӯш бардоштанд.

Ба қавли хонум Олимшоева, бештари ин доруҳо барои кӯдакони бемор тавсия дода мешаванд. Ин доруҳо дар ҳоле мусодира шуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахираш ба Маҷлиси Олӣ гуфт, аксари доруҳои аз хориҷа воридшуда ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Таъсиси чаҳор ниҳоди нав дар Тоҷикистон

Имрӯз, 29-уми декабр охирин маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаи таъсиси чаҳор ниҳоди нав баррасӣ шудааст. Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, дар ин маҷлис, ки зери раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, дар нисбати таъсиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, қарор қабул карда шуд.

Ҳамчунин дар заминаи Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт, Раёсати назорат ва танзим дар нақлиёти ҳавоии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Корхонаи Воҳиди Давлатии Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт, Оҷонсии авиатсияи гражданӣ таъсис шудааст.

Дар ин нишасти ҳамзамон дар робита ба таъсиси Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар заминаи киностудияи “Тоҷикфилм” ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино”-и Кумитаи телевизион ва радио, қарорҳо қабул шудаанд.

Ҳадаф аз таъсиси ин ниҳодҳои нав ҳимояти ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, ҳифзи сиҳатии омма, назорати аз рӯи воридоти маҳсулоти хӯрокаи пастсифату ба саломатии инсон зараровар, маводи доруворӣ ва беҳдошти фаъолияти озмоишгоҳҳо гуфта шудааст.

Гурӯҳи дигари "парвандаи Нардарон" ба зиндон рафт

Баррасии "парвандаи Нардарон" дар додгоҳи Боку. 25 декбари соли 2017

Додгоҳи Боку гурӯҳи иборат аз 12 нафарро дар заминаи як парвандаи пурсару садо, ки бо номи "парвандаи Нардарон" машҳур аст, ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард. Ин гурӯҳ дар фаъолиятҳои террористӣ, даъвати оммавии сарнагун кардани ҳукумат, барангехтани адовати мазҳабӣ ва иҷтимоӣ муҷрим эълон шуд.

Додгоҳи шаҳри Боку оиди ҷиноятҳои вазинин рӯзи 28 декабр охирин гурӯҳи "парвандаи Нардарон"-ро ба мӯҳлати аз 12 то 15 сол зиндонӣ кард. Вакилони мудофеъ ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ унвон карданд ва гуфтанд, ки онро дар додгоҳи болотар ба чолиш мекашанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Озарбойҷон ин қазияро, ки дар чаҳорчӯби он 87 нафар боздошт шудааст, дорои ангезаи сиёсӣ ва саркубии дигарандешон эълон кардаанд.

Гурӯҳи аввали ин парванда соли 2016 ва ду гурӯҳи дигар моҳи январ ва авоили декабр зиндонӣ шуданд.

Ин нафарон моҳҳои ноябр, декабри соли 2015 ба думболи силсилаи рейдҳои пулис дар Нардарон, деҳае дар канораҳои Боку, бо иттиҳоми тундгароии мазҳабӣ боздошт шуданд. Дар ҷараёни рейдҳо ҳафт нафар, бо шумули ду ходими пулис кушта шуд.

Фуад Қаҳрамонӣ, ноиби раиси ҳизби Ҷабҳаи Мардумӣ, Толеъ Боқизода, раҳбари Ҷумбиши Ягонаии Муаслмонон ва Аббос Ҳусейнов, ноиби Боқизода аз боздоштшудаҳои "парвандаи Нардарон" буданд.

Мунақидон мегӯянд, ки ҳукумати президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барои хомуш кардани садои мухолифин аз қазияҳои сохта истифода мекунад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Нигоҳе ба рӯзи дуввуми эътирозҳо ба афзоиши қимати нафт дар Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG