Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Муаллимон ва табибони Русия аз қонуни манъи ҳадя муоф мешаванд

Акси тасвирӣ

Маҳдудияти ҳадя барои кормандони буҷавӣ, ки Русия мехоҳад дар сатҳи қонун ҷорӣ кунад, ба муаллимон ва табибон пахш намешавад. Дар ин бора РИА Новости рӯзи 11 январ бо такя ба муовини раҳбари дастгоҳи ҳукумати Русия Андрей Логинов хабар дод. "Иддаои ғайри ин гапи беҳуда аст",- гуфт Логинов.

Ба гуфтаи намояндаи ҳукумат, маҳдудиятҳо танҳо ба мансабдорон дахл дорад. "Аммо азбаскӣ чунин тафсирҳо пайдо шудаанд, ҳукумат пешниҳод мекунад, ки тарҳи қонун ба хотири ҷилавгирӣ аз ин духурагӣ ислоҳ шавад.

Гап дар бораи иловаҳо ба қонуни зидди фасод аст, ки ҳукумати Русия як моҳ пеш ба порлумон фиристод. Тарҳи қонун навъҳои ҳадяро, ки хизматчиҳои давлатӣ ва ширкату идораҳои буҷавӣ мегиранд, маҳдуд мекунад. Ҳамагуна ҳадя, ба ҷуз гул ва китобу қаламу дафтар, манъ мешавад. Вазорати меҳнат гуфта буд, ки ин дигаргунӣ ба муаллимон ва духтурҳо низ дахл дорад.

Ҳоло тақдими ҳадяи гаронтар аз 3 ҳазор рубл ба муаллимон ва духтурон дар Русия мамнуъ аст.

Эътилофи таҳти назари ИМА мегӯяд, хуруҷи нерӯҳо аз Сурия оғоз шуд

Низомиёни ИМА бо сарбозони Курд

Сухангӯи низомии Амрико Шон Раян гуфт, ки эътилофи таҳти назари ИМА ба хуруҷи нерӯҳо аз Сурияро оғоз кард. Раян дар изҳороти рӯзи 11 январ гуфт, ки "раванди ҳисобшудаи берун бурдани нерӯҳо аз Сурия оғоз шуд", аммо ҷузъиёти бештар надод.

"Бо назардошти масоили амниятӣ мо замони хуруҷ, макон ва ҳаракати нерӯҳоро эълон намекунем",- гуфт Шон Раян.

Созмони нозири ҳуқуқи башар, мақараш дар Британия мегӯяд, ки эътилофи байналмилалӣ бо сарварии ИМА ҳузурашро дар пойгоҳи ҳавоии Рмейлан, воқеъ дар қисмати шимолу шарқи вилояти Ҳасаке коҳиш медиҳад.

Ин созмон мегӯяд, хуруҷи нерӯҳо рӯзи 10 январ оғоз шуд ва аз замони эълони қарори президент Трамп дар таърихи 19 декабр, ки 2,000 сарбози Амрикоро аз Сурия берун мебарад, "ин аввалин ҳаракат буд".

Президент қарори худро баъди сӯҳбати телефонӣ бо раҳбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълон кард ва шариконашро ба ҳайрат овард. Ин қарор дар дохили маъмурияти Кохи сафед низ танқид шуд.

Коршиносон: акси китоб ва парчами Туркманистон дар кайҳон воқеӣ нест

Кайҳоннаварди зодаи Туркманистон дар истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ

Ба иттилои хабаргузории давлатии Туркманистон кайҳоннаварди рус Олег Кононенко мардум ва президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо Соли нав табрик кардааст.

Дар аксе, ки телевизион ҳамроҳ бо хабари мазкур нашр кард, кайҳоннавард бо парчам ва акси китобе инъикос шудааст, ки онро Бердимуҳаммадов навиштааст. Аммо мутахассисон мегӯянд, ин акси дасткоришуда ё фотошоп аст.

Хабари табрикоти Олег Кононенковро шабакаҳои телевизионии Туркманистон 31 декабр нашр карданд.

"Бо табрики пешвои миллии мо ва халқи туркман кайҳоннавард гуфт, барояш ифтихори бузург аст, ки парчам ва китоби Бердимуҳаммадовро аз кайҳон намоиш диҳад", - хабар доданд телевизионҳои Туркманистон.

Мутахассисон гуфтанд акси кайҳоннавард тавассути барномаи Adobe Photoshop CS6 дасткорӣ шудааст.

fotoforensics.com мегӯяд асолати акс ва китоби туркманӣ дар дасти кайҳонаварди руси зодаи Туркманистон машкук менамояд.
fotoforensics.com мегӯяд асолати акс ва китоби туркманӣ дар дасти кайҳонаварди руси зодаи Туркманистон машкук менамояд.

Телевизиони "Мир 24" навори табрикоти солинавии кайҳоннавард Олег Кононенковро ба мардуми дунё, нишон дод. Вале дар ин навор табрикоти кайҳонавард ба мардум ва президенти Туркманистон садо намедиҳад.

Вакили пешини Трамп дар ҷаласаи бози Конгресс суханронӣ мекунад

Майкл Коҳен

Вакили пешини президенти ИМА Доналд Трамп дар ҷаласаи бози Конгресс суханронӣ мекунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN рӯзи 10 январ хабар дод.

Моҳи декабри соли 2018, Майкл Коҳен, ки дар тӯли даҳсолаи ахир аз шахсони мавриди эътимоди Трамп буд, ба муддати се сол зиндонӣ шуд. Коҳен эътироф кард, ки дар робита ба тарҳҳои сохтмонии Трамп дар Маскав ба Конгресс маълумоти бардуӯғ дод. Баъдтар, дар аввалин мусоҳибаи баъди эълони ҳукм, Коҳен дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии ABC иддао кард, ки қонунро бо дастури мустақими Трамп нақз кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки амалкардҳояш бояд дар пинҳон кардани "корҳои ғалат"-и номзад ба мақоми раёсати ҷумҳур кӯмак мекарданд. Сухан дар навбати аввал аз пул додан ба занҳоест, ки ба иддаои онҳо бо Трамп робитаи маҳрамона доштанд. Коҳен мегӯяд, аз Трамп дастур гирифт, ки ба ин занҳо пул диҳад, то шонси интихоби ӯ аз даст наравад.

Дар изҳороти рӯзи гузашта Коҳен гуфт, ки омодааст дар ҷаласаи Конгресс дар ин бора маълумоти дақиқ ва пурра диҳад.

Трамп борҳо вакили пешинашро шахси ғайри қобили эътимод номидааст.

Дар ИМА бозҷӯии эҳтимоли дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016 ҷараён дорад, ки онро прокурори вежа Роберт Мюллер пеш мебарад. Мюллер бояд муайян кунад, ки оё Трамп ва Кремлин барои беобрӯ кардани номзади Ҳизби Демократ Ҳиллари Клинтон бо ҳам дар созиш буданд ё не.

Русия дахолат ба умури интихоботи ИМА ва давлатҳои дигарро рад мекунад.

Гумонбари таҷовузи як кӯдак дар Қазоқистон 7 сол ҳукм гирифт

Додгоҳи Туркистон

Додгоҳи шаҳри Туркистони Қазоқистон наврасеро, ки дар "амалҳои зуроварии ҷинсӣ нисбати як писарбача аз деҳаи Абай" гумонбар буд, ба муддати 7 сол зиндонӣ кард. Баррасии ин парванда пушти дарҳои баста сурат гирифт.

Соли таваллуди гумонбар 2002 аст ва ному насабаш ифшо намешавад. Наздикони айбдоршаванда рӯзи 10 январ гуфтанд, ки ҳукми 7 соли зиндонро додситонӣ талаб кард. Додгоҳ наврасро бар пояи банди "Амалҳои зуроварии ҷинсӣ нисбати ноболиғ" айбдор донист.

Парвандаи ҷиноӣ зидди се гумонбари дигар ба далели поин будани синнашон қатъ шуд. Бар асоси қонунҳои Қазоқистон, ҷавонони аз 14-сола поён ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд.

Дар бораи эҳтимоли таҷовуз шудани писарбачаи ноболиғ дар Абай миёнаҳои моҳи март хабар пахш шуд. Сокини 60-солаи маҳаллӣ Шарифа Ботирбекова гуфт, аз моҳи августи соли гузашта ба ин сӯ, набераи ӯро борҳо латтукӯб ва таҷовуз карданд. Вале кормандони пулис танҳо аризаи севуми ӯ ро қабул карданд.

Ин ҳодиса баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи Қазоқистон ба бор овард ва ба барканории чанд мансабдор сабаб шуд. Аз ҷумла, президенти Қазоқистон моҳи июни соли 2018 ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон Загипа Балиеваро аз мақом барканор кард.

Дипломати қазоқ аз сафараш ба урдугоҳҳои Шинҷон нақл кард

Донишҷӯёни Донишгоҳи Исломии Шинҷон

Донишҷӯёни "урдугоҳҳои бозомӯзии сиёсӣ""-и Шинҷони Чин дар суҳбат бо мушовири сафири Қазоқистон дар Чин Манарбек Кабазиев шароити ин марказҳоро таъриф карданд.

"Шароитеро ки ҳукумати Чин барои донишҷӯён муҳайё кардааст, аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳукумати Чин ҷиддан дар ғами шаҳрвандонаш аст. Маҳз ҳукумати Чин, ҳукумати Шинҷон ба шаҳрвандон имконият фароҳам овардаанд, ки онҳо касби нав омӯзанд", - гуфт Кабазиев дар суҳбат бо расонаҳо баъди боздид аз Шинҷон. Ин боздид рӯзҳои 28-30 декабри соли 2018 сурат гирифтааст.

Муҳаммад Хосни Шахиран Исмоил, намояндаи сафорати Малайзия дар Чин гуфт, "пештар бо хондани расонаҳо дар бораи муассисаҳои Шинҷон фикри дигар дошт". "Ҳоло зиндагии воқеии марказро мушоҳида кардам", - гуфт вай.

Хабаргузории Reuters менависад, сафирони 12 давлат дар Шинҷон аз бозорҳо, масҷидҳо ва муассисаҳои таълимӣ дидан кардаанд.

Чин дипломатҳои кишварҳои Ғарб ва намояндагони созмонҳои байналхалқиро дар ин сафар ҳамроҳ накард.

Созмони байналхалқии Human Rights Watch баъди сафари дипломатҳо ба Шинҷон изҳорот нашр кард.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки сафари дипломатҳо аз сӯи мақомоти Чин шадидан назорат шуд.

Мнучин тасдиқ кард, ки таҳрими ширкатҳои Дерипаска лағв мешаванд

Стивен Мнучин

Вашингтон тасмим дорад, ширкатҳои En+, "Русал" ва "Евросибэнерго"-и тоҷир Олег Дерипаскаро аз рӯйхати таҳримро берун орад.

Дар ин бора вазири молияи ИМА Стивен Мнучин рӯзи гузашта қабл аз ҷаласаи пушида бо намояндагони Конгресс хабар дод.

Ӯ гуфт, вазорати молияи Амрико иҷрои уҳдадориҳои ширкатҳои Русияро ҷиддан назорат мекунад. Агар онҳо шартҳоро иҷро накунанд, пас нисбаташон дубора таҳрим ҷорӣ мешавад.

Мнучин ҳамчунин шарҳ дод, ки таҳримҳои зидди худи Дерипаска бекор намешаванд.

ИМА нисбати Дерипаска ва ширкатҳояш моҳи апрели соли гузашта таҳрим ҷорӣ кард. Қонунгузорони Амрико гуфтанд, ин тоҷир бо Кремл иртибот дорад. Баъдтар дар Вашингтон гуфтанд, ки омодаанд лағви таҳримҳоро баррасӣ кунанд.

Намояндагони ҳафт кумитаи Конгресси ИМА рӯзи 9 январ даъват карданд, ки лағҳи таҳримҳо мутавақиф ва шартҳои таҳрим бозбинӣ шаванд.

Узбекистон ба бесарпаноҳон шиносномаи ройгон ва роҳкиро медиҳанд

Марди бесарпаноҳе дар Узбекистон

Ҳукумати Узбекистон чораҳои ҳимоят аз шаҳрвандонеро тасдиқ кард, ки макони зисти муайян надоранд.

Бино ба иттилои Podrobno.uz, аз ин ба баъд, ҳангоми муроҷиати шахсони бесарпаноҳ ба шуъбаи муҳоҷират, маълумот дар бораи замону макони таваллуд, маҳалли зист, волидон, ҳамсар ва хешовандони наздики дигари онҳо муайян карда хоҳад шуд.

Дар сурати муайян нашудани шаҳрвандии шахси бесарпаноҳ, Хадамоти муҳоҷирати Узбекистон ба ӯ санади муваққатии тасдиқкунандаи шахсият хоҳад дод. Ҳамчунин дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ шахси ниёзманди кӯмакро дар маконе сабти ном ва будубошашро қонунӣ мекунанд.

Агар шаҳрвандони бидуни макони зисти муайян шиноснома ё сабти номи доимӣ надошта бошанд, ба онҳо дар асоси қайди муваққатии ҷои зист ҳуҷҷат медиҳанд. Ин қишр барои гум кардани ҳуҷҷат ҷарима нахоҳанд шуд.

Шаҳрвандони бесарпаноҳ ҳамчунин аз пардохти боҷи давлатӣ барои шиноснома озод хоҳанд буд. Тамоми харҷҳо аз ҳисоби буҷаи мақомоти маҳаллӣ пардохт мешавад.

Ба афроди бесарпаноҳ, ки ҳоло дар марказҳои барқарорсозӣ ё мутобиқгардонӣ қарор доранд, роҳкиро ба маҳалли зисти доимиашон пардохт мешавад.

Шӯҳрат Улфатов 11 рӯз баъд ба ҳуш омад

Шӯҳрат Улфатов, муҳоҷири тоҷике, ки 11-рӯз пеш аз зери харобаҳои як хонаи фурӯрафта дар Магнитогорски Русия зинда берун оварда шуда буд, баъди чанд рӯзи нигаҳдорӣ дар комаи сунъӣ, ба ҳуш омадааст. Дар ҳодисаи фурӯ рафтани ин бино дар субҳи 31-уми декабр, ҳамсар ва се кӯдаки Шӯҳрат Улфатов ҷон бохта буданд.

Бахтиёр Султонов, тағои Шӯҳрат имрӯз, ҷумъаи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта Шӯҳрат Улфатов ба намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва масъулини консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург дар як беморхонаи Челябинск сӯҳбати кӯтоҳе доштааст ва аз сарнавишти ҳамсару фарзандонаш пурсидааст.

Бахтиёр Султонов афзуд, ба Шӯҳрат гуфтаанд, ки вазъи ҳамсар ва фарзандонаш хуб мебошад. Ба гуфтаи Бахтиёр Султонов, ҳоло ҳамагӣ дар фикри он ҳастанд, ки кай ва чигуна хабари марги ҳамсар ва фарзандонро ба Шӯҳрат бирасонанд.

Рӯзи 31-уми декабри соли гузашта бар асари таркиши газ дар даромадгоҳи як бинои 10-ошёна дар Магнитогорски Русия ҳудуди 40 нафар ҷон бохтанд, ки чаҳор нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон -- ҳамсар ва се фарзанди Шӯҳрат Улфатов буданд.

Ҷасадҳои ин шаҳрвандони Тоҷикистон чанд рӯз баъд аз зери харобаҳои ин бино берун овард шуда, рӯзи шаби 6-уми январ ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд ва рӯзи 7-уми январ дар оромгоҳи деҳаи Малик Гиёеви ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониён ба хок супурда шуданд.

Помпео дар Миср дар пасманзари барномаи хуруҷи ИМА аз Сурия

Миср - Майк Помпео бо Абдул Фаттоҳ ал-Сисӣ. 10 январи 2019

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар охирин истгоҳи сафараш ба нуҳ кишвари Ховари Миёна ба Миср расид, то шарикони Арабро мутақоид кунад, ки Вашингтон аз минтақа берун рафтанӣ нест.

Помпео рӯзи 10 январ баъди боздид аз Урдун ва Ироқ ба Миср омад. Ӯ талош кард раҳбаронро мутақоид кунад, ки хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурия ба маънои даст кашидан аз мубориза бо гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ва ё сабук кардани фишор ба Эрон нест.

Сафари Помпео ба минтақа дар пасманзари номуайянӣ оиди барономаи маъмурияти Трамп, ки гуфтааст нерӯҳои ИМА аз Сурия хориҷ мешаванд, ҷараён гирифт.

Баъди гуфтугӯ бо Сисӣ Котиби давлатии ИМА дар твиттер навишт, ки мулоқот "созанда" буд. "ИМА аз Миср дар баробари тааҳудаш оиди озодиҳои мазҳабӣ ва мубоиза бо терроризм, ки ба ҳамаи дӯстони мо дар Ховари Миёна таҳдид мекунад, қотеона пуштибонӣ хоҳад кард",- навишт Помпео.

Помпео дар нишасти матбуотии ягҷоя бо вазири хориҷии Миср Самеъ Шукрӣ ба суоли хабарнигорон оиди барномаи берун рафтани нерӯҳои ИМА аз Сурия гуфт, ки Вашингтон нерӯҳоро аз Сурия хориҷ мекунад, аммо мубориза бо гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ"-ро то охир мерасонад.

Пешниҳоди ҳазорҳо доллар барои лонаи хаффош дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Лонаи куршапарак

Фаъолони муҳити зисти Узбекистон мегӯянд, музоядаеро, ки ҳаннотон барои фурӯши лонаи хаффош ё куршапарак дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил кардаанд, хаффошҳоро аз макони зист маҳрум мекунад.

Дар бахшҳои узбекии шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло баҳсҳое идома доранд, ки гӯиё бо дарёфти лонаи хаффош метавон даромади ҳангуфте ба даст овард ва бархеҳо як лонаро аз 5 то 10 ҳазор доллар мехаранд.

Баъзеҳо ба ин гуфтаҳо бовар карда, ба ҷӯстуҷӯи лонаи кӯршапарак пардохтаанд. Онҳое, ки пайдо кардаанд, лонаҳоро аксу навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд.

Фаъоли ташкилоти ҳомии ҳайвонҳо - "Сайёраи зинда" дар шаҳри Тошканд Анастасия Ташилова аз маҳви лонаҳои кӯршапаракҳо ташвиш дорад. "Одамон ба ин гуфтаҳои беасос бовар карда, лонаҳои кӯршапаракҳоро вайрон мекунанд. Ба онҳо бовар накунед. Ин идеяи ҳаннотон ва фиребгарон аст", - мегӯяд Ташилова.

Бархе аз корбарони узбек мегӯянд, аз лонаи кӯршапарак барои табобати бемории саратон дору истеҳсол мешавад. Ҳарчанд дар ин бора иттилои қобили эътимод дастрас нест.

Дар ҳамлаи Толибон дастикам 15 сарбози пулис кушта шуд

Ҷангиёни Толибон

Дар пайи ҳамлаи Толибон ба қаламрави ду вилояти Афғонистон дастикам 15 афсари пулис кушта ва 19 нафари дигар захмӣ шуд. Ин ҳамлаҳо рӯзи 10 январ ҷараён гирифтанд.

Камаш 8 сарбози пулис дар вилояти шимолии Тахор замоне кушта шуд, ки ҷангиёни Толибон ба постгоҳи онҳо ҳамла карданд,- гуфт узви Шӯрои вилоят Мавлавӣ Кароматулло. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамла дар Хоҷа Ғор сурат гирифт ва 14 нафари дигрро захмӣ кард.

Ҳафт афсари дигар дар ҷараёни ҳамла ба постгоҳе дар Бағлон ба ҳалокат расид ва панҷ нафар захмӣ шуд,- гуфт Зариф Зариф узви Шӯрои вилоят.

Толибон то ҳол ин ду ҳамларо шарҳ надодаанд.

Дар пасманзари афзоиши амалиёти нерӯҳои Афғонистон ва ИМА бар зидди фармондеҳони Толибон, ин гурӯҳи мусаллаҳ дар чанд моҳи ахир ҳамлаҳоро ба муассисаҳои давлатӣ афзоиш додааст.

Домоди Отамбоев аз мақоми президентии Федератсияи футбол истеъфо дод

Семетей Султонов

Федератсияи футболи Қирғизистон хабари истеъфои Семетей Султонов, домоди президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро нашр кард.

"Имрӯз, дар марҳилае, ки тими мунтахаби мо барои дарёфти Ҷоми Осиё талош мекунад, ман тасмим гирифтам. Тасмим хеле муҳим ва масъулиятнок аст дар навбати аввал барои худи ман - ман тасмим гирифтам, ки пеш аз муҳлат курсии президентии Федератсияи футболи Қирғизистонро тарк кунам. Ин тасмим аз қабл омода шуд, ман бо омодагӣ ба ин тасмим расидам, касе маро водор ё фишор наовардааст, ки чунин тасмим гирам", - гуфтааст Султонов.

Семетей Султонов соли 2012 ба мақоми раҳбарии Федератсияи футболи Қирғизистон интихоб шуд. Соли 2016 ӯро дубора ба ин мақом интихоб карданд ва мебоист, то соли 2020 ба федератсия роҳбарӣ кунад. Дар давраи роҳбарии Султонов мунтахаби миллии Қирғизистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеашро беҳтар кард. Ба ҷуз ин, мунтахаби Қирғизистон бори аввал ба Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфт.

Семетей Султонов шавҳари яке аз духтарони Алмосбек Отамбоев аст.

Моҳвораи зиддимушакии Русия дар фазо оташ гирифт

Моҳвораи низомии Русия

Моҳвораи "Космос-2430"-и Русия, ки бахши сохтори огоҳисозии ҳамлаи мушакии "Око" буд, дар фазо оташ гирифт. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 9 январ бо такя ба Фармондеҳии мудофиавии фазоии Амрикои Шимолӣ (NORAD) иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои NORAD, моҳвора аз мадор берун шуда, "маҳв гардидааст". Қисматҳои оташнагирифтаи он мумкин аст, рӯзи 5 январ дар минтақаи ҷанубии уқёнуси Ором афтанд.

Рӯзи якшанбеи 6 январ Radio New Zealand дар сомонааш навишт, ки дар фазои ҷазираи Шимолии Зеландияи Нав тӯли чанд сухтани маводеро мушоҳида шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои оташсӯзиро дар интернет нашр карданд.

"Космос - 2430" рӯзи 23 октябри соли 2007 ба мадор расид. Ин моҳвора то соли 2012 дар хизмат буд.

Ҳоло Русия низоми нави мудофиаи кайҳониро роҳандозӣ мекунад. Ин моҳвораи "Тундра" аст, ки нахустин намунааш соли 2015 ба мадори замин бароварда шуд.

Донишмандон сарчашмаи мавҷҳои номаълумро меҷӯянд

Акс аз бойгонӣ.

Мунаҷҷимон дар Канада туғёни мавҷҳои асроромези радиоеро ташхис кардаанд, ки хориҷ аз манзумаи офтобӣ омадаанд. Онҳо дар ин бора бо нашри ду таҳқиқе дар маҷаллаи мӯътабари илмии “Nature” рӯзи 9-уми январ хабар доданд.

Дар таҳқиқ омадааст, ки маълум нест, сарчашмаи туғёни мавҷҳои қавӣ аз куҷост ва чӣ онҳоро ба вуҷуд меорад. Панҷоҳ мунаҷҷим аз 5 муассисаи таҳқиқотӣ ин мавҷҳоро таҳқиқ кардаанд.

Туғёни такрории мавҷҳои баландсуръати радиоро, ки як сония ҳам давом намекунанд, соли гузашта ҳангоми озмоиши телескопи бузурги CHIME ошкор кардаанд. Радиотелескопи қавитарини ҷаҳон, ки баробар ба як майдони футбол аст, ба таҳқиқи мавҷҳои нав машғул мешавад.

Муҳаққиқон ҳадс мезананд, ки туғёни мавҷҳои номаълум мумкин аст, дар натиҷаи гардиши сахти ситораҳои нейтронӣ, ба ҳам омехта шудани ду ситораи нейтронӣ ва ё ҳатто мавҷи киштии кайҳонии махлуқони осмонӣ бошад.

Бердимуҳаммадов ба нашри зарбулмасалҳои кишоварзӣ дастур дод

Бердимуҳаммадов дар иҳотаи варзишгарон - 18 август, 2017

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дастур дод, ки "суханҳои пурҳикмати гузаштагон, ки миёни мардум маҳфуз мондаанд", ҷамъоварӣ ва дар шакли маҷмуа нашр шавад.

Дастури Бердимуҳаммадов дар як ҷаласае марбут ба баррасии бахши кишоварзӣ садо дод. Президенти Туркманистон дар он ҷаласа гуфт "анъанаҳои миллии кишоварзӣ" рушд дода шаванд.

"Президент ба ноиби сарвазир супориш дод, ки суханҳои пурҳикмати ҷамъоварии ҳосил ва дар шакли маҷмуа нашр шаванд", - хабар доданд расонаҳои Туркманистон.

Президенти Туркманистон дар паёми солинавиаш, бо такя ба боварҳои мардумӣ, барои туркманҳо дар соли 2019 ваъдаи фаровонӣ дод.

Дар нимаи дуюми соли гузашта сокинони Туркманистон ба камбуди орду равған рӯ ба рӯ шуда, мақомот барои фурӯши маҳсулот лимит ҷорӣ карданд.

Охирин раиси Шӯрои олии СССР Анатолий Лукянов даргузашт

Анатолий Лукянов

Охирин раиси Шӯрои олии СССР Анатолий Лукянов дар синни 88-солагӣ баъди бемории вазнин дар Маскав даргузашт. Дар ин бора духтари Лукянов -- Елена ба хабаргузории РБК иттилоъ додааст.

Лукянов соли 1930 дар Смоленск ба дунё омад. Соли 1943 корро дар корхонаи дифоӣ оғоз карда, соли 1953 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москваро хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳ дар ниҳодҳои гуногуни ҳукуматӣ фаъолият дошт ва соли 1961 корро дар дастгоҳи Шӯрои олии СССР оғоз кард.

Лукянов соли 1990, пас аз президенти СССР интихоб шудани Михаил Горбачев раисии Шӯрои олиро бар зимма гирифт. Ӯ соли 1991 дар ташкили ГКЧП ё ошӯби зидди Горбачев иштирок дошт ва баъди он боздошт шуд.

Соли 1994 ӯро авф карданд. Лукянов пас аз озодии худ, солҳои 1994-2000 дар Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Русия кор мекард.

Қазоқистон 47 шаҳрвандашро аз Сурия бозпас овард

Фурӯдгоҳи байналмилалии Остона

Остона мегӯяд, ки 47 шаҳрванди Қазоқистон, аз ҷумла 11 зан ва 30 кӯдакро аз Сурия ба ватан бозпас овард. Бештари кӯдакон аз 1 то 5 сол доранд,

"Онҳоро бо роҳи фиреб ба ин кишвари ҷангзада бурданд, дар дасти террористҳо асир буданд", омадааст, дар изҳороти расмӣ. Ба гуфтаи мақомоти Остона, ин шаҳрвандон дар давоми як моҳ аз марҳилаҳои мутобиқсозӣ мегузаранд ва бо ёрии зарурии тиббӣ таъмин мешаванд

Дар наворе, ки нашр шуд, афроде дар либоси низомӣ занону кӯдаконро ба ҳавопаймо савор мекунанд. Дар охир фурудоии ҳавопаймо дар Қазоқистон нишон дода мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти милии Қазоқистон, аз аввали нооромиҳои Ховари Миёна ҳудуди 800 шаҳрванди ин кишвар ба Ироқу Сурия рафтаанд. Бештари онҳо кӯдакон буданд.

"Бино ба омори моҳи июли соли 2018, дар сафи гуруҳҳои даҳшатафкан дар Ироқу Сурия 120 мард, беш аз 250 зан ва 500 кӯдаки ноболиғи қазоқ ҳузур доранд", - омадааст дар иттилоияи кумита.

Кумитаи ҳифзи кӯдакони Вазорати маориф ва илми Қазоқистон 19 декабр хабар дод, ки тайи 2 соли охир 91 кӯдак аз Сурия ба кишвар оварда шуд.

Чин ба ду ҳазор қазоқтабор иҷозат дод аз Шинҷон хориҷ шаванд

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки Пекин ба беш аз ду ҳазор қазоқтабор иҷозаи хуруҷ аз минтақаи Шинҷони Чинро додааст.

Мақомоти Шинҷон пештар аз ин маъракаи густардаеро бо ҳадафи бозтарбия шуруъ карданд. Дар урдугоҳҳои бозтарбия, ки Пекин онҳоро "марказҳои бозомӯзии касбӣ" унвон мекунад, бештар аз як миллион одамро нигаҳ дошта мешаванд.

Онҳое, ки муддате дар ин урдугоҳҳо нигаҳдорӣ шудаанд, гуфтанд, баъди боздошт ва интиқол ба урдугоҳҳо аз онҳо талаб шудааст, аз фарҳанг ва дидгоҳҳои мазҳабии худ даст кашанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар як изҳороте, ки 9 январ нашр кард, иттилои расонаҳоро дар бораи иҷозаи хуруҷи бештар аз 2 ҳазор қазоқтабор аз Чин тасдиқ кард. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, онҳо метавонанд, ба маҳзи вориди Қазоқистон шудан, барои дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд.

Курдҳо як ҷангҷӯи 22-солаи тоҷикро дар Сурия дастгир кардаанд

Нерӯҳои курд дар Сурия аз боздошти Муҳаммад Давлат (Абу Мусаъаб Тоҷикӣ), шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон ва узви гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ", хабар доданд.

Ҳамроҳ бо ӯ ҳафт ҷангҷӯи дигари ДИИШ дастгир шудаанд.

Вебсайти нерӯҳои худдифои курдҳои Сурия рӯзи 9-уми январ навишт, ҷангҷӯёни гуруҳи "Давлати исломӣ" қасди ҳамла ба мардуми осоиштаро доштанд ва "рӯзҳои 6 ва 7-уми январ дар ҷараёни амалиёт дар шаҳри Ҳоҷини Дейр-аз-Зор ба даст афтоданд".

Бино ба феҳрасте, ки курдҳои Сурия нашр карданд, дар қатори Муҳаммад Давлат, номи Одил Раҳимов (Абу Оминаи Узбекӣ) Фарҳод Қодиров (Абу Билоли Узбекӣ) аз Узбекистон, Аскар Зарманбетов (Абу Довуд) аз Украина, Сотибек Ошибоев (Абу Руқия) аз Қазоқистон, Бекҷон Бимурзаев (Абу Соро) аз Русия, Сулай Нӯҳ Су (Абу Сулаймон Ал Амрикӣ) аз Амрико ва Лукас Глеб (Абу Иброҳим Ал Олмонӣ) аз Олмон сабт шудааст.

Дар ин миён Абу Сулаймон Ал Амрикии 16-сола ноболиғ буда, боқимонда аз 22 то 58-солаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бино ба ҳисоби онҳо то моҳи сентябри соли гузашта тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд. То кунун даҳҳо нафари онҳо дар ҷараёни даргириҳо кушта шудаанд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар соли 2014 дар Сурия ва Ироқ иддаои хилофат кард ва замоне назорати аз се як ҳиссаи қаламрави Ироқ ва бахшҳои калоне аз Сурияро дар ихтиёр дошт.

Соли гузашта нерӯҳои ироқӣ дар амалиётҳои пайдарпай онҳоро аз минтақаҳои зери назорат берун ронданд ва дар Сурия низ нуфузи онҳо ба шакли қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.

Сафари Халилзод ба Афғонистон шуруъ шуд

Залмай Халилзод,

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон бо ҳадафи шуруи музокироти сулҳ бо Толибон сафари дуҳафтаинаеро ба Кобул ва дигар кишварҳои минтақа шуруъ кард.

Сафари ӯ рӯзи 8-уми январ оғоз ёфт ва дар рӯзе, ки намояндагони Толибон гуфтанд, дар мулоқотҳои барномарезишуда дар бораи сулҳ дар рӯзҳои 9-ва 10-уми январ бо Халилзод ва дигар мақомоти амрикоӣ ширкат намекунанд.

Қарор аст, фиристодаи Амрико ба Чину Покистон ва Ҳинд сафар кунад ва ин сафар то 21-уми январ идома меёбад. Залмай Халилзод моҳи декабр бо намояндагони Толибон дар шаҳри Абузабӣ мулоқот дошт.

Як намояндаи ин гуруҳ дар Қатар ба Радиои Афғонистон Озод гуфтааст, ки то замони машварати оянда ва ҳалли масъалаи рузномаи мулоқот музокирот бо Халилзодро ба таъхир андохтаанд.

Як манбаи дигари Толибон гуфтааст, ки Амрико мехоҳад, намояндагони ҳукумати Афғонистон дар ин музокирот ширкат кунанд, дархосте, ки Толибон пайваста рад кардаанд.

Узбекистон раиси ширкати "Зеромакс"-ро озод кард

Миродил Ҷалолов

Мақомоти Узбекистон Миродил Ҷалолов, мудири ширкати “Зеромакс”- ро баъди 7 соли боздошти бидуни муҳокима озод кардаанд. Ҳамсари ӯ Фотима Ҷалолова ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳарашро рӯзи 8-уми январ баъди муҳокимаи якрӯзаи додгоҳӣ аз боздоштгоҳи Тошканд раҳо карданд. Вай афзуд:

Имрӯз ӯро озод карданд, ҳамон лаҳза хона омад. Мо бисёр хурсандем. Тақрибан 8 сол дар зиндон буд. Ман барои озодии шавҳарам аз раҳбари кишвар Шавкат Мирзиёев бисёр сипосгузорам.

Ӯро ба тақаллуби молӣ ва аз худ кардани моликияти ғайр гунаҳкор донистаанд ва додгоҳ амр додааст, ки 2 ҳазор доллар ҷарима бипардозад.

Миродил Ҷалоловро соли 2010 боздошт карданд ва ширкаташро, ки дар Швейтсария сабти ном шуда буд, бастанд. Баъдан гуфта шуд, ки ширкатро Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон ба номи худ кардааст.

Ширкатро аввал дар Амрико дар соли 1999 таъсис додаанд ва бино ба гузоришҳо онро шарикони Ғафур Раҳимов, раиси Иттиҳодияи Байналмилалии Бокс таъсис додааст. Ин фардро вазорати молияи Амрико, “як ҷинояткори асосӣ” дар Узбекистон номида ва аз қочоқбарони асосии маводи мухаддир номидааст. Ширкати “Зеромакс” чанд сол бузургтарин кордиҳанда ва сармоягузор дар Узбекистон буд.

Ширкати Apple истеҳоли iPhone-ҳои навро маҳдуд мекунад

iPhone X

Ширкати Apple истеҳсоли iPhone-ҳои навро то 10 дар сад коҳиш медиҳад. Сомонаи Nikkei рӯзи 9-уми январ навишт, ки ширкат аз пойгоҳҳои таъминкунанда истеҳсоли камтари телефонҳои ҳамроҳи навъи XS Max, XS ва XR-ро дархост кард.

Дар Apple ин хабарро шарҳ надоданд.

Ин дувумин мавриди коҳиши истеҳсоли таҷҳизоти ширкат дар як соли охир аст. Моҳи ноябри соли 2018 Apple тавлиди iPhone XR-ро маҳдуд карда буд.

Аввали моҳи январи соли 2019 Apple аз кам шуданаи даромадаш хабар дод, ки дар 16 соли ахир собиқа надоштааст. Бинобар гузориш, даромади ширкат дар се моҳи аввали соли гузашта аз 89-93 миллиард то 84 миллиард коҳиш ёфт. Дар рӯзи пахши гузориш қимати саҳмияҳои Apple 9 дар сад поён рафт.

Моҳи августи соли гузашта ширкати Apple триллион доллар арзиш дошт ва гаронтарин дар ҷаҳон ҳисоб мешуд. Ҳоло Apple дар ҷойи чаҳорум қарор дорад ва ҷойи аввалро ба Amazon дод.

Коҳиши қимати Apple-ро ба мустаҳкам шудани доллар ва ҷанги тиҷоратӣ дар байни Амрикову Чин рабт медиҳанд. Бахши умдаи корхонаҳои ин ширкат дар Чин ҷойгир шудаанд. Ба ғайр ин, коҳиши рушди иқтисоди Чин низ ба кам шудани талабот ба маҳсулоти Apple сабаб шудааст.

Вазири пешини Исроил барои ҷосусӣ ба фоидаи Эрон 11 сол дар зиндон мемонад

Гонен Сегев, вазири кобинаи Исроил, ки ба ҷосусӣ муттаҳам шуд

Вазири собиқи энергетикаи Исроил Гонен Сегев иттиҳоми ҷосусӣ ба фоидаи Эронро эътироф кард.

Ӯ бо тафтишот созиши қабл аз додгоҳӣ имзо кард ва бар пояи он ба 11 соли зиндон маҳкум мешавад. Додгоҳ ин созишро бояд моҳи феврал тасдиқ кунад. Дар ин бора сомонаи newsru.co.il рӯзи 9-уми январ хабар дод.

Ба маълумоти тафтишот, вазири пешин аз тарафи афсари истихбороти Эрон, ки соли 2012 дар сафорати ин кишвар дар Нигерия ба таври махфӣ кор мекард, истихдом шуд. Сиёсатмадор баъди истихдомаш, бо он ки Эрон шаҳрвандони Исроилро ба қаламраваш роҳ намедиҳад, ду дафъа ба Эрон рафт.

Гонен Сегеев барои дарёфти маълумоти мавриди таваҷҷуҳи истихбороти Эрон бо исроилиҳое, ки бо дипломатия, мудофиа ва истихборот рабт дошанд, тамос барқарор кард. Аммо мақомоти махсуси Исроил мегӯянд, ки ӯ натавонист маълумоти муҳим дастрас кунад.

Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, коҳиши иқтисоди дунё бештар аз интизорот аст

Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯияшро дар робита ба рушди иқтисоди дунё дар соли 2019 аз рушди 3 дар сад ба 2,9 дар сад поён овард.

Тамоюли коҳиши иқтисод ба Русия таъсир дорад, ки маҷмаи маҳсулоти дохилиаш то якуним дар сад боло хоҳад рафт. Ин 0,3 дар сад камтар аз пешгӯиест, ки Бонки Ҷаҳонӣ моҳи июли соли гузашта карда буд.

Ин муассисаи молӣ дар гузорише, ки рӯзи 8-уми январ бо номи "Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон" пахш шуд, коҳиши сатҳи тиҷорати байналмилалӣ, кам шудани сармоягузорӣ ва афзоиши ташаннуҷ дар робитаҳои тиҷоратиро пешгӯӣ мекунад.

"Кунд шудани ислоҳоти сохтории Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Туркия ва Украина сатҳи номуайянии сиёсиро боло мебарад ва ташаннуҷ дар атрофи Сурия ва Украина матавонад таҳримҳои нав ва, ҳамин тавр, нобоварӣ ба минтақаро ба миён биёрад.

Дар пешгӯии нави Бонки Ҷаҳонӣ қимати нафт поин нишон дода шуд.

Интизор меравад, ки дар солҳои 2019-2020 нархи як бушка нафт ба ҳисоби миёна 67 доллар хоҳад буд, ки ду доллар камтар аз пешгӯии моҳи июни соли гузашта аст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG