Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳаракати автобусҳо дар Душанбе зиёдтар мешавад, вале

Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки аз рӯзи 16-уми январ ҳаракати мусофирбарҳои хурде, ки дар як хатсайри серодам мусофир мекашонанд, манъ мешавад.

Шаҳрдорӣ рӯзи 11-уми январ бо нашри як эълон дар вебсайти расмии худ навиштааст, ки бо мақсади кам кардани танбашавии нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии Душанбе ва беҳтар кардани хизматрасонӣ ба мусофирон, аз 16 январи соли 2019 ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри рақами 33 манъ карда мешавад”.

Ба гуфтаи шаҳрдорӣ ба ҷойи ин ҳаракати автобусҳои рақами 2, 18, 4, 12 зиёд мекунанд ва фосилаи ҳаракати онҳо низ кутоҳтар мешавад, то мусофирон саривақт ба манзилу кор бирасанд.

Мусофирбарҳои (маршрутка) хурди рақами 33 дар Душанбе рӯзона ба ҳазорон нафар дар пойтахти Тоҷикистон идмат мерасонанд. Бо вуҷуди афзоиши шумораи автобусҳо дар Душанбе, шикоятҳо аз норасоии нақлиёт дар пойтахт ва ҳам бо таъхир ҳаракат кардани автобусҳо зиёд аст.

Толибон як кӯдак ва се афсари пулисро дар Ҳирот куштанд

Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи ҳамла ба як идораи пулис дар шаҳри Ҳироти Афғонистон 5 нафар кушта шудаанд. Фарҳод Ҷайлонӣ, сухангӯи ҳуукумати вилояти Ҳирот гуфт, ки ҳамла соати 6 ба вақти маҳаллӣ ва рӯзи 12-уми январ ба вуқуъ пайваст.

Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, як сухангӯи Толибон гуфтааст, ки ҳамла кори дасти ҷангҷӯёни онҳо буд. Фарҳод Ҷайлонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни даргирии дусоата се афсари пулис, як кӯдак ва як ғайринизомии дигар кушта шуданд.

Чаҳор маъмури дигари пулис ҷароҳат бардоштаанд. Амонулло Амирхел, фармондеҳи пулиси шаҳр гуфт, ки маъмурони пулис дар ҷараёни даргирии ду соата, ҳарсе ҷангҷӯро куштанд. Бо вуҷуди талошҳо барои оғози музокироти сулҳ бо Толибон ва хотима додан ба ҷанги 17-сола ин гуруҳ вақтҳои ахир тақрибан ҳар рӯз ба неруҳои амниятӣ ҳамла мекунад.

Фалокат дар кони Чин 21 нафарро ҳалок кард

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи таркиши як кони ангишт дар Чин 21 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳои давлатӣ, фоҷиа рӯзи 13-уми январ дар вилояти Шансӣ дар яке аз вилоятҳои аслии истихроҷкунандаи ангишт ба вуқуъ пайвастааст.

Шастушаш конкани дигарро наҷот додаанд. Бо вуҷуди коҳиши талафот дар конҳои ангишт дар Чин дар солҳои гузашта, дар ин кишвар назар ба ҳар гушаи дигари дунё ангиштканҳо зиёдтар дар зери нақб монда ҳалок мешаванд.

Эрон аз тасмими Лаҳистон асабонӣ шудааст

Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон

Вазорати умури хориҷии Эрон тасмими Лаҳистон барои мизбонии муштараки як ҳамоиши амниятӣ дар мавриди Ховари Миёнаро “амали душманона ба зидди Эрон” номидааст.

Хабаргузории давлатии ИРНА рӯзи 13-уми январ навишт, ки дипломатҳои эронӣ бо ҳадафи баёни эътироз, Войтсех Унолт, кордори сафорати Лаҳистон дар Теҳронро ба вазорат даъват кардаанд. Қарор аст, конфронси мазкур бо мусоидати Амрико ва Лаҳистон рӯзҳои 13 ва 14-уми феврал дар Варшава сурат бигирад.

Хабаргузории ИРНА аз қавли як мақоми вазорат навиштааст, дар сурати мизбонии нишаст, Эрон “аксуламал” нишон медиҳад. Ба қавли хабаргузорӣ, дипломати лаҳистонӣ, бо шарҳ додани нишаст, гуфтааст, ки он ба зидди Эрон нигаронида нашудааст.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки дар нишасти вазирони чандин кишвар, “ба масъалаи сулҳу субот ва озодиву амният дар Ховари Миёна таммаркуз хоҳад шуд”. Дар нишаст ба қавли ӯ нақши ноамнкунандаи Эрон дар минтақа ҳам баррасӣ мешавад.

Ҳушдори нави Доналд Трамп бо ангушти иттиҳом ба сӯи демократҳо

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки мумкин аст, таваққуфи кори қисме аз ҳукумат ҳамчунон идома ёбад ва вакилони Ҳизби демократро гунаҳкори ин вазъ номид.

Дар таърихи Амрико то кунун дида нашудааст, ки таваққуф дар кори ниҳодҳои давлатӣ ба ин ҳад тӯл кашида бошад. Ӯ рӯзи 12-уми январ дар Твиттер навишт, “то замоне, ки демократҳо аз “таътил” барнагарданд ва ба кор оғоз накунанд, таваққуф идома меёбад.”

Қарор аст, вакилони порлумони Амрико ҳамин ҳафта ба кор баргарданд. Таваққуфи 21 рӯза дар кори ҳукумат, бузургтарин таваққуф ба ҳисоб меравад, чун дар аҳди Билл Клинтон, раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар солҳои 90-ум дарозтарин таваққуф 19 рӯз буд.

Ба сабаби ба мувофиқа нарасидани ҳукумати Доналд Трамп бо Маҷлиси намояндагон бар сари тарҳи буҷа, 800 ҳазор корманди ниҳодҳои давлатиро ба рухсатӣ фиристодаанд. Демократҳо мегӯяд, таваққуф дар кори ҳукумат ба сабаби амалкардҳои эҳсосотии Доналд Трамп аст, ки тарҳи буҷаро имзо намекунад.

Доналд Трамп мегӯяд, то замоне, ки дар тарҳи буҷа бештар аз 5 миллиард доллар барои сохтани девор дар марз бо Мексика ҷудо нашавад, тарҳро имзо намекунад.

Трамп мегӯяд, ки ин девори ваъдагии ӯ дар замони интихобот барои пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва монеъ шудан ба қочоқи маводи мухаддир ба Амрико зарур аст.

Нахуствазири Македония мунтазири посухи Юнон аст

Зоран Заев

Зоран Заев, нахуствазири Македония гуфт, ки интизор дорад, порлумони Юнон созиш дар бораи тағйири номи кишвараш ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолиро тасвиб мекунад.

Ӯ рӯзи 12-уми январ гуфт, вакилони мардумии Македония бо ворид кардани ислоҳот ба Қонуни асосӣ, ки имкон дод, номи кишвар тағйир ёбад, “кори таърихӣ карданд.” Вай гуфт, “Ман медонам, чӣ қадар сахт буд. Мо озурдагиҳоро дар гузашта мегузорем ва бо ифтихор ба оянда менигарем.”

Нахуствазири Македония афзуд, ҳоло интизор дорад, ки порлумони Юнон ҷамъ меояд ва айни корро мекунад ва иҷоза медиҳад, Македония ба узвияти НАТО бипайвандад.

Порлумони Македония рӯзи 11-уми январ раъй дод, ки барои тағйири номи кишвар Қонуни асосӣ ислоҳ карда шавад. Аз миёни 120 вакили порлумон 81 нафар ба тарафдории тағйири ном раъй додаанд. Зоран Заев, барои мутақоид кардани вакилони мухолиф се рӯз бо онҳо музокира дошт.

Таркиш дар маркази Париж даҳҳо кушта ва захмӣ боқӣ гузошт

Таркиши гази табиӣ дар як нонпазхона дар маркази шаҳри Париж боис ба ҳалокати се нафар, аз ҷумла ду маъмури сӯхторнишонӣ шуд. Ҳодиса рӯзи 12-уми январ баъди оташ гирифтани нонпазхона рух додааст. Дар ин ҳодиса 47 тани дигар маҷруҳ шуда, вазъи даҳ нафари онҳо вахим гуфта мешавад. Вазири умури дохилии Фаронса гуфт, барои хомӯш кардани оташе, ки дар натиҷаи таркиш ба вуҷуд омад ва инчунин барои берун овардани сокинон аз биноҳои атроф ҳудуди 200 нафар сафарбар шудаанд.

Профессор Абдусаттор Мухторов дар 81-солагӣ даргузашт

Абдусаттор Мухторов. Акс аз нашрияи "СССР"

Абдусаттор Мухторов, доктори илмҳои таърих, баъди бемории тӯлонӣ дар 81-солагӣ даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ рӯзи 12-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Наздиконаш гуфтанд, ки профессор Сатторов тобистони имсол бо сактаи мағзӣ дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ шуда, чанд муддат дар шуъбаи эҳё буд. Абдусаттор Мухторов солҳои тӯлонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тадрис машғул буд. Ӯ соли 1938 дар шаҳри Панҷакент зода шуда, муаллифи чандин китоби дарсӣ барои донишҷӯён ва инчунин асарҳои таърихӣ аст. Китоби “Сомониён: замон ва макон”-и ӯ соли 1999 нашр шуда, “Таърихи халқи тоҷик” бо ҳаммуаллифии Асламшоҳ Раҳматуллоев дар ду ҷилд рӯи чоп омадааст.

Як мақоми додгоҳии Эрон: "Ҳабс дар ҷумҳурии исломӣ аз азоби охират кам мекунад"

Алӣ Музаффарӣ

Изҳороти як мақоми додгоҳии Эрон дар бораи ин ки ҳабс дар ҷумҳурии исломӣ аз азоби охирати зиндониҳо кам мекунад, баҳсбарангез шуд.

Хабаргузории расмии ИРНА дар оғози ҳафтаи гузашта ба нақл аз Алӣ Музаффарӣ, раиси Додгоҳи Хуросони Разавӣ гуфт, дар ҳабс нишастан дар ҷумҳурии исломӣ ба охират таъсир дорад. Ба қавли ӯ, дар он дунё муҷозот аз зиндониҳои ҷумҳурии исломӣ бардошта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли ин мақоми додгоҳии Эрон, “агар фарде дар замони тоғут (бут, бутпарастӣ) дар зиндон буд, ҳабсаш аз муҷозоти охират кам намекард.”

Изҳороти Алӣ Музаффарӣ дар миёни корбарони эронии Интернет баҳсҳои тунду тезеро барпо кардааст. Аксарият аз ин иддаои ӯ интиқод карда, баъзеҳо ба “ваъда”-и биҳишту 72 ҳури гуруҳои даҳшатафкан шабоҳат додаанд.

Яке аз корбарон бо номи Озода Афсарӣ дар Инстаграми Радиои Фардо, бахҳи эронии Радиои Озодӣ навишт, “хуб, худатон чаро муддате ҳабс намешавед, ҳадди ақал дар он дунё камтар азоб мекашидед.”

Исмат Аббосӣ чунин иддаоро хиҷолатовар ва ҷаҳл номидааст. Корбаре дигар навишта, ки “эй Худо, сарамро ба кадом девор бикӯбам?”

Муҳаммад Ризохудо гуфтааст, “магар қиёмат ва қазоватҳо шудаасту мо хабар надорем?” Нафаре дигар навиштааст, аз ин ки асрори охиратро фош мекунед, муташккирам. Ҳоло онҳое, ки дар ҷумҳурии исломӣ эъдом мешаванд, дар охират чӣ ҳукм мегиранд?”

Порлумони Македония ба тағйири номи кишвар раъй дод

Порлумони Македония ислоҳ ба Қонуни асосии ин кишварро тасвиб кард, ки бар асоси он номи Македония ба Македонияи Шимолӣ иваз мешавад.

Дар раъйгирии рӯзи 11-уми январ аз 120 узви порлумон 81 намоянда ба тарафдорӣ аз ин тағйирот овоз доданд. Шуморе аз намояндагони мухолиф ҷаласаи порлумонро тарк карданд. Раъйгирӣ пас аз се рӯзи музокира миёни нахуствазири Македония ва намояндагони мухолифин сурат гирифт.

Тағйири номи Македония кумак мекунад, ки як даҳаи ихтилофҳо байни ин кишвар ва Юнон ҳал шавад ва ҳамчунон роҳро барои узвияти Македония ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО фароҳам биоварад.

Юнон то ин замон вуруди Македония, давлати Югославияи собиқро ба Иттиҳоди Аврупо масдуд мекард. Дар Афина ба ин назар буданд, ки агар ин давлат “Македония” боқӣ бимонад, дар оянда метавонад барои минтақаи ҳамном дар Юнон даъво кунад.

Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз дасти занаш ба қатл расидааст

Як зани 28-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ, наздикии шаҳри Душанбе, бо гумони қатли шавҳараш боздошт шудааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми январ гуфтанд, ин зан зодаи шаҳри Душанбе буда, муваққатан дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ мезист, вале аз ӯ ному насаб бурда нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи қатли шавҳар ба дасти зан соати ёздаҳи шаби 10-уми январ иттифоқ афтодааст. “Зан бо шавҳараш, марди 34-солаи сокини деҳаи Гулбутта, ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 2 дафъа ба тарафи чапи баданаш задааст”, - гуфтанд дар Вазорати умури дохилӣ.

Мақомот мегӯянд, мард ҷароҳати вазнин бардошта дар пайи хунрезии зиёд дар бемористон ҷон додааст. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтиши қазия идома дорад.

Солҳои охир куштори ҳамсарон ба дасти якдигар афзудааст. Сабаби чунин ҳолат баҳси молӣ, рашку хиёнат ва ҷанҷоли хонаводагӣ гуфта мешавад.

Раҳматилло Зоиров хабар дод, ки дилашро ҷарроҳӣ кард

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дилашро ҷарроҳӣ кардааст.

Раҳматилло Зоиров дар ин бора рӯзи 12-уми январ дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук хабар дод. Ӯ гуфтааст, соли 2018 барояш бисёр сангин омад, чун 160 рӯзи онро бо маризӣ сипарӣ кард.

"Ду моҳи охири соли гузашта мисли Файзиннисо Воҳидова аз сармохӯрдагӣ ба "пневмания"-и дутарафа қадам гузоштам ва он ба дил таъсир кард. Дар ниҳоят барои наҷоти дил, қалбро ҷарроҳӣ карданд", - навиштааст ӯ.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, бори аввал соли навро дар ҷойгаҳи беморӣ пешвоз гирифт. Зоиров аз марги Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи шинохта низ изҳори таассуф карда, ба дӯстону пайвандон изҳори таслият гуфтааст.

Раҳматилло Зоиров аз соли 1998, замони таъсиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон то кунун раёсати ҳизбро бар ӯҳда дорад. Ӯ пас аз хатми мактаб дар солҳои 1977-1979 дар Олмон дар ҳайати артиши Шӯравӣ хидмат карда, фориғуттаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Харкови Украина мебошад.

Аз соли 1986 то 1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгор буд ва аз соли 1989 ба фаъолияти адвокатӣ машғул шудааст. Дар соли 1992 тарҳи алтернативии Қонуни асосии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод карда буд. Аз соли 2001 то соли 2003 ба ҳайси мушовири аршади президенти Тоҷикистон низ кор кардааст.

Зане, ки тақозои мулоқот бо Мирзиёевро дошт, боздошт шуд

Нафосат Оллошукурова, сокини 31-солаи ноҳияи Урганҷ, ки тақозои мулоқот бо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистонро дошт, бо ҷурми авбошӣ ба панҷ шабонарӯз ҳабс маҳкум шудааст. Чаҳор ҳамроҳи ӯ, ки низ айни тақозоро доштанд, ба пардохти ҷарима муваззаф шудаанд.

Ин занҳо рӯзи 9-уми январи имсол дар назди бинои Маҷлиси Олии Узбекистон ҷамъ омадаанд, ки дар дохили бино қабулгоҳи мардумии президент Мирзиёев воқеъ аст. Дар ин бора ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар додаанд.

Занҳо аз шаҳри Хоразму Самарқанд ва вилояти Тошканд омада, аз амалкардҳои ба қавли онҳо ғайриқонунии мақомот маҳаллӣ шикоят доштаанд. Дар наворе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, яке аз занҳо фарёд мезанад: “Мардум президентро интихоб кардааст ва бигзор ӯ ба назди мардум барояд.”

Мақомоти расмии Узбекистон ин қазияро шарҳ надоданд.

Як рӯз пеш аз боздошташ Нафосат Оллошукурова дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ аз он шикоят кардааст, ки мақомоти Урганҷ ӯро аз хонаи иҷорааш берун андохтанд.

Дар моҳи июли соли гузашта низ зане, ки талаби мулоқот бо Шавкат Мирзиёевро дошт, ба 11 рӯзи ҳабс маҳкум шуда буд.

Канада ба духтари фирорӣ аз Арабистони Саудӣ паноҳандагӣ дод

Раҳаф Муҳаммади 18-сола

Нахуствазири Канада духтари ҷавон аз Арабистони Саудиро ба ҳайси паноҳанда қабул кард. Раҳаф Муҳаммад Ал-Қунуни ҳаждаҳсола иддао дорад, ки ба хотири бадрафтории хонаводааш аз Арабистони Саудӣ фирор намудааст.

Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада, рӯзи 11-уми январ гуфт, онҳо дар ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва бахусус ҳуқуқи занон дар ҷаҳон истодаанд. Вай афзуд, “идораи кор бо муҳоҷирони Созмони Милали Муттаҳид аз мо тақозо кард, ки Раҳаф Муҳаммадро ба ҳайси паноҳанда бипазирем. Мо ин тақозоро қабул кардем ва паноҳандагии ӯро манзур намудем.”

Ал-Қунун рӯзи 5-уми январи имсол аз Кувайт, ки ҳамроҳи хонаводааш ба онҷо рафта буд, фирор кард ва мехост, аз тариқи Тайиланд ба Австралия сафар кунад. Вале ба маҳзи фуруд омаданаш дар шаҳри Бангкок кормандони сафорати Арабистони Саудӣ шиносномаи ӯро гирифтанд. Дипломати Саудӣ гӯиё ба Раҳаф гуфтааст, ки хонаводааш розӣ нестанд, ӯ ба Австралия сафар кунад ва бинобар ин, бояд ба Кувайт баргардад.

Духтар дертар дар меҳмонсарои фурудгоҳи Бангкок худро бандӣ кард, то ба Кувайт ихроҷаш накунанд. Мақомоти Тайиланд баъд аз як шабонарӯзи гуфтугӯ эълон карданд, ки ӯро ба Кувайт ихроҷ намекунанд. Духтар ҳамроҳ бо намояндагони Созмони Милали Муттаҳид фурудгоҳро тарк кард.

Раҳаф қаблан дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфтааст, ки аз Ислом рӯй гардондааст ва дар сурати бозгашт ба хона “ӯро марг мунтазир аст”.

Дар Арабистони Саудӣ бо вуҷуди баъзе аз сабукиҳо занон ҳанӯз ҳам бо маҳдудиятҳои сахт рӯбарӯянд.

Муаллимон ва табибони Русия аз қонуни манъи ҳадя муоф мешаванд

Акси тасвирӣ

Маҳдудияти ҳадя барои кормандони буҷавӣ, ки Русия мехоҳад дар сатҳи қонун ҷорӣ кунад, ба муаллимон ва табибон пахш намешавад. Дар ин бора РИА Новости рӯзи 11 январ бо такя ба муовини раҳбари дастгоҳи ҳукумати Русия Андрей Логинов хабар дод. "Иддаои ғайри ин гапи беҳуда аст",- гуфт Логинов.

Ба гуфтаи намояндаи ҳукумат, маҳдудиятҳо танҳо ба мансабдорон дахл дорад. "Аммо азбаскӣ чунин тафсирҳо пайдо шудаанд, ҳукумат пешниҳод мекунад, ки тарҳи қонун ба хотири ҷилавгирӣ аз ин духурагӣ ислоҳ шавад.

Гап дар бораи иловаҳо ба қонуни зидди фасод аст, ки ҳукумати Русия як моҳ пеш ба порлумон фиристод. Тарҳи қонун навъҳои ҳадяро, ки хизматчиҳои давлатӣ ва ширкату идораҳои буҷавӣ мегиранд, маҳдуд мекунад. Ҳамагуна ҳадя, ба ҷуз гул ва китобу қаламу дафтар, манъ мешавад. Вазорати меҳнат гуфта буд, ки ин дигаргунӣ ба муаллимон ва духтурҳо низ дахл дорад.

Ҳоло тақдими ҳадяи гаронтар аз 3 ҳазор рубл ба муаллимон ва духтурон дар Русия мамнуъ аст.

Эътилофи таҳти назари ИМА мегӯяд, хуруҷи нерӯҳо аз Сурия оғоз шуд

Низомиёни ИМА бо сарбозони Курд

Сухангӯи низомии Амрико Шон Раян гуфт, ки эътилофи таҳти назари ИМА ба хуруҷи нерӯҳо аз Сурияро оғоз кард. Раян дар изҳороти рӯзи 11 январ гуфт, ки "раванди ҳисобшудаи берун бурдани нерӯҳо аз Сурия оғоз шуд", аммо ҷузъиёти бештар надод.

"Бо назардошти масоили амниятӣ мо замони хуруҷ, макон ва ҳаракати нерӯҳоро эълон намекунем",- гуфт Шон Раян.

Созмони нозири ҳуқуқи башар, мақараш дар Британия мегӯяд, ки эътилофи байналмилалӣ бо сарварии ИМА ҳузурашро дар пойгоҳи ҳавоии Рмейлан, воқеъ дар қисмати шимолу шарқи вилояти Ҳасаке коҳиш медиҳад.

Ин созмон мегӯяд, хуруҷи нерӯҳо рӯзи 10 январ оғоз шуд ва аз замони эълони қарори президент Трамп дар таърихи 19 декабр, ки 2,000 сарбози Амрикоро аз Сурия берун мебарад, "ин аввалин ҳаракат буд".

Президент қарори худро баъди сӯҳбати телефонӣ бо раҳбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълон кард ва шариконашро ба ҳайрат овард. Ин қарор дар дохили маъмурияти Кохи сафед низ танқид шуд.

Коршиносон: акси китоб ва парчами Туркманистон дар кайҳон воқеӣ нест

Кайҳоннаварди зодаи Туркманистон дар истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ

Ба иттилои хабаргузории давлатии Туркманистон кайҳоннаварди рус Олег Кононенко мардум ва президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо Соли нав табрик кардааст.

Дар аксе, ки телевизион ҳамроҳ бо хабари мазкур нашр кард, кайҳоннавард бо парчам ва акси китобе инъикос шудааст, ки онро Бердимуҳаммадов навиштааст. Аммо мутахассисон мегӯянд, ин акси дасткоришуда ё фотошоп аст.

Хабари табрикоти Олег Кононенковро шабакаҳои телевизионии Туркманистон 31 декабр нашр карданд.

"Бо табрики пешвои миллии мо ва халқи туркман кайҳоннавард гуфт, барояш ифтихори бузург аст, ки парчам ва китоби Бердимуҳаммадовро аз кайҳон намоиш диҳад", - хабар доданд телевизионҳои Туркманистон.

Мутахассисон гуфтанд акси кайҳоннавард тавассути барномаи Adobe Photoshop CS6 дасткорӣ шудааст.

fotoforensics.com мегӯяд асолати акс ва китоби туркманӣ дар дасти кайҳонаварди руси зодаи Туркманистон машкук менамояд.
fotoforensics.com мегӯяд асолати акс ва китоби туркманӣ дар дасти кайҳонаварди руси зодаи Туркманистон машкук менамояд.

Телевизиони "Мир 24" навори табрикоти солинавии кайҳоннавард Олег Кононенковро ба мардуми дунё, нишон дод. Вале дар ин навор табрикоти кайҳонавард ба мардум ва президенти Туркманистон садо намедиҳад.

Вакили пешини Трамп дар ҷаласаи бози Конгресс суханронӣ мекунад

Майкл Коҳен

Вакили пешини президенти ИМА Доналд Трамп дар ҷаласаи бози Конгресс суханронӣ мекунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN рӯзи 10 январ хабар дод.

Моҳи декабри соли 2018, Майкл Коҳен, ки дар тӯли даҳсолаи ахир аз шахсони мавриди эътимоди Трамп буд, ба муддати се сол зиндонӣ шуд. Коҳен эътироф кард, ки дар робита ба тарҳҳои сохтмонии Трамп дар Маскав ба Конгресс маълумоти бардуӯғ дод. Баъдтар, дар аввалин мусоҳибаи баъди эълони ҳукм, Коҳен дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии ABC иддао кард, ки қонунро бо дастури мустақими Трамп нақз кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки амалкардҳояш бояд дар пинҳон кардани "корҳои ғалат"-и номзад ба мақоми раёсати ҷумҳур кӯмак мекарданд. Сухан дар навбати аввал аз пул додан ба занҳоест, ки ба иддаои онҳо бо Трамп робитаи маҳрамона доштанд. Коҳен мегӯяд, аз Трамп дастур гирифт, ки ба ин занҳо пул диҳад, то шонси интихоби ӯ аз даст наравад.

Дар изҳороти рӯзи гузашта Коҳен гуфт, ки омодааст дар ҷаласаи Конгресс дар ин бора маълумоти дақиқ ва пурра диҳад.

Трамп борҳо вакили пешинашро шахси ғайри қобили эътимод номидааст.

Дар ИМА бозҷӯии эҳтимоли дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016 ҷараён дорад, ки онро прокурори вежа Роберт Мюллер пеш мебарад. Мюллер бояд муайян кунад, ки оё Трамп ва Кремлин барои беобрӯ кардани номзади Ҳизби Демократ Ҳиллари Клинтон бо ҳам дар созиш буданд ё не.

Русия дахолат ба умури интихоботи ИМА ва давлатҳои дигарро рад мекунад.

Гумонбари таҷовузи як кӯдак дар Қазоқистон 7 сол ҳукм гирифт

Додгоҳи Туркистон

Додгоҳи шаҳри Туркистони Қазоқистон наврасеро, ки дар "амалҳои зуроварии ҷинсӣ нисбати як писарбача аз деҳаи Абай" гумонбар буд, ба муддати 7 сол зиндонӣ кард. Баррасии ин парванда пушти дарҳои баста сурат гирифт.

Соли таваллуди гумонбар 2002 аст ва ному насабаш ифшо намешавад. Наздикони айбдоршаванда рӯзи 10 январ гуфтанд, ки ҳукми 7 соли зиндонро додситонӣ талаб кард. Додгоҳ наврасро бар пояи банди "Амалҳои зуроварии ҷинсӣ нисбати ноболиғ" айбдор донист.

Парвандаи ҷиноӣ зидди се гумонбари дигар ба далели поин будани синнашон қатъ шуд. Бар асоси қонунҳои Қазоқистон, ҷавонони аз 14-сола поён ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд.

Дар бораи эҳтимоли таҷовуз шудани писарбачаи ноболиғ дар Абай миёнаҳои моҳи март хабар пахш шуд. Сокини 60-солаи маҳаллӣ Шарифа Ботирбекова гуфт, аз моҳи августи соли гузашта ба ин сӯ, набераи ӯро борҳо латтукӯб ва таҷовуз карданд. Вале кормандони пулис танҳо аризаи севуми ӯ ро қабул карданд.

Ин ҳодиса баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи Қазоқистон ба бор овард ва ба барканории чанд мансабдор сабаб шуд. Аз ҷумла, президенти Қазоқистон моҳи июни соли 2018 ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон Загипа Балиеваро аз мақом барканор кард.

Дипломати қазоқ аз сафараш ба урдугоҳҳои Шинҷон нақл кард

Донишҷӯёни Донишгоҳи Исломии Шинҷон

Донишҷӯёни "урдугоҳҳои бозомӯзии сиёсӣ""-и Шинҷони Чин дар суҳбат бо мушовири сафири Қазоқистон дар Чин Манарбек Кабазиев шароити ин марказҳоро таъриф карданд.

"Шароитеро ки ҳукумати Чин барои донишҷӯён муҳайё кардааст, аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳукумати Чин ҷиддан дар ғами шаҳрвандонаш аст. Маҳз ҳукумати Чин, ҳукумати Шинҷон ба шаҳрвандон имконият фароҳам овардаанд, ки онҳо касби нав омӯзанд", - гуфт Кабазиев дар суҳбат бо расонаҳо баъди боздид аз Шинҷон. Ин боздид рӯзҳои 28-30 декабри соли 2018 сурат гирифтааст.

Муҳаммад Хосни Шахиран Исмоил, намояндаи сафорати Малайзия дар Чин гуфт, "пештар бо хондани расонаҳо дар бораи муассисаҳои Шинҷон фикри дигар дошт". "Ҳоло зиндагии воқеии марказро мушоҳида кардам", - гуфт вай.

Хабаргузории Reuters менависад, сафирони 12 давлат дар Шинҷон аз бозорҳо, масҷидҳо ва муассисаҳои таълимӣ дидан кардаанд.

Чин дипломатҳои кишварҳои Ғарб ва намояндагони созмонҳои байналхалқиро дар ин сафар ҳамроҳ накард.

Созмони байналхалқии Human Rights Watch баъди сафари дипломатҳо ба Шинҷон изҳорот нашр кард.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки сафари дипломатҳо аз сӯи мақомоти Чин шадидан назорат шуд.

Мнучин тасдиқ кард, ки таҳрими ширкатҳои Дерипаска лағв мешаванд

Стивен Мнучин

Вашингтон тасмим дорад, ширкатҳои En+, "Русал" ва "Евросибэнерго"-и тоҷир Олег Дерипаскаро аз рӯйхати таҳримро берун орад.

Дар ин бора вазири молияи ИМА Стивен Мнучин рӯзи гузашта қабл аз ҷаласаи пушида бо намояндагони Конгресс хабар дод.

Ӯ гуфт, вазорати молияи Амрико иҷрои уҳдадориҳои ширкатҳои Русияро ҷиддан назорат мекунад. Агар онҳо шартҳоро иҷро накунанд, пас нисбаташон дубора таҳрим ҷорӣ мешавад.

Мнучин ҳамчунин шарҳ дод, ки таҳримҳои зидди худи Дерипаска бекор намешаванд.

ИМА нисбати Дерипаска ва ширкатҳояш моҳи апрели соли гузашта таҳрим ҷорӣ кард. Қонунгузорони Амрико гуфтанд, ин тоҷир бо Кремл иртибот дорад. Баъдтар дар Вашингтон гуфтанд, ки омодаанд лағви таҳримҳоро баррасӣ кунанд.

Намояндагони ҳафт кумитаи Конгресси ИМА рӯзи 9 январ даъват карданд, ки лағҳи таҳримҳо мутавақиф ва шартҳои таҳрим бозбинӣ шаванд.

Узбекистон ба бесарпаноҳон шиносномаи ройгон ва роҳкиро медиҳанд

Марди бесарпаноҳе дар Узбекистон

Ҳукумати Узбекистон чораҳои ҳимоят аз шаҳрвандонеро тасдиқ кард, ки макони зисти муайян надоранд.

Бино ба иттилои Podrobno.uz, аз ин ба баъд, ҳангоми муроҷиати шахсони бесарпаноҳ ба шуъбаи муҳоҷират, маълумот дар бораи замону макони таваллуд, маҳалли зист, волидон, ҳамсар ва хешовандони наздики дигари онҳо муайян карда хоҳад шуд.

Дар сурати муайян нашудани шаҳрвандии шахси бесарпаноҳ, Хадамоти муҳоҷирати Узбекистон ба ӯ санади муваққатии тасдиқкунандаи шахсият хоҳад дод. Ҳамчунин дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ шахси ниёзманди кӯмакро дар маконе сабти ном ва будубошашро қонунӣ мекунанд.

Агар шаҳрвандони бидуни макони зисти муайян шиноснома ё сабти номи доимӣ надошта бошанд, ба онҳо дар асоси қайди муваққатии ҷои зист ҳуҷҷат медиҳанд. Ин қишр барои гум кардани ҳуҷҷат ҷарима нахоҳанд шуд.

Шаҳрвандони бесарпаноҳ ҳамчунин аз пардохти боҷи давлатӣ барои шиноснома озод хоҳанд буд. Тамоми харҷҳо аз ҳисоби буҷаи мақомоти маҳаллӣ пардохт мешавад.

Ба афроди бесарпаноҳ, ки ҳоло дар марказҳои барқарорсозӣ ё мутобиқгардонӣ қарор доранд, роҳкиро ба маҳалли зисти доимиашон пардохт мешавад.

Шӯҳрат Улфатов 11 рӯз баъд ба ҳуш омад

Шӯҳрат Улфатов, муҳоҷири тоҷике, ки 11-рӯз пеш аз зери харобаҳои як хонаи фурӯрафта дар Магнитогорски Русия зинда берун оварда шуда буд, баъди чанд рӯзи нигаҳдорӣ дар комаи сунъӣ, ба ҳуш омадааст. Дар ҳодисаи фурӯ рафтани ин бино дар субҳи 31-уми декабр, ҳамсар ва се кӯдаки Шӯҳрат Улфатов ҷон бохта буданд.

Бахтиёр Султонов, тағои Шӯҳрат имрӯз, ҷумъаи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта Шӯҳрат Улфатов ба намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва масъулини консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург дар як беморхонаи Челябинск сӯҳбати кӯтоҳе доштааст ва аз сарнавишти ҳамсару фарзандонаш пурсидааст.

Бахтиёр Султонов афзуд, ба Шӯҳрат гуфтаанд, ки вазъи ҳамсар ва фарзандонаш хуб мебошад. Ба гуфтаи Бахтиёр Султонов, ҳоло ҳамагӣ дар фикри он ҳастанд, ки кай ва чигуна хабари марги ҳамсар ва фарзандонро ба Шӯҳрат бирасонанд.

Рӯзи 31-уми декабри соли гузашта бар асари таркиши газ дар даромадгоҳи як бинои 10-ошёна дар Магнитогорски Русия ҳудуди 40 нафар ҷон бохтанд, ки чаҳор нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон -- ҳамсар ва се фарзанди Шӯҳрат Улфатов буданд.

Ҷасадҳои ин шаҳрвандони Тоҷикистон чанд рӯз баъд аз зери харобаҳои ин бино берун овард шуда, рӯзи шаби 6-уми январ ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд ва рӯзи 7-уми январ дар оромгоҳи деҳаи Малик Гиёеви ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониён ба хок супурда шуданд.

Помпео дар Миср дар пасманзари барномаи хуруҷи ИМА аз Сурия

Миср - Майк Помпео бо Абдул Фаттоҳ ал-Сисӣ. 10 январи 2019

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар охирин истгоҳи сафараш ба нуҳ кишвари Ховари Миёна ба Миср расид, то шарикони Арабро мутақоид кунад, ки Вашингтон аз минтақа берун рафтанӣ нест.

Помпео рӯзи 10 январ баъди боздид аз Урдун ва Ироқ ба Миср омад. Ӯ талош кард раҳбаронро мутақоид кунад, ки хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурия ба маънои даст кашидан аз мубориза бо гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ва ё сабук кардани фишор ба Эрон нест.

Сафари Помпео ба минтақа дар пасманзари номуайянӣ оиди барономаи маъмурияти Трамп, ки гуфтааст нерӯҳои ИМА аз Сурия хориҷ мешаванд, ҷараён гирифт.

Баъди гуфтугӯ бо Сисӣ Котиби давлатии ИМА дар твиттер навишт, ки мулоқот "созанда" буд. "ИМА аз Миср дар баробари тааҳудаш оиди озодиҳои мазҳабӣ ва мубоиза бо терроризм, ки ба ҳамаи дӯстони мо дар Ховари Миёна таҳдид мекунад, қотеона пуштибонӣ хоҳад кард",- навишт Помпео.

Помпео дар нишасти матбуотии ягҷоя бо вазири хориҷии Миср Самеъ Шукрӣ ба суоли хабарнигорон оиди барномаи берун рафтани нерӯҳои ИМА аз Сурия гуфт, ки Вашингтон нерӯҳоро аз Сурия хориҷ мекунад, аммо мубориза бо гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ"-ро то охир мерасонад.

Пешниҳоди ҳазорҳо доллар барои лонаи хаффош дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Лонаи куршапарак

Фаъолони муҳити зисти Узбекистон мегӯянд, музоядаеро, ки ҳаннотон барои фурӯши лонаи хаффош ё куршапарак дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил кардаанд, хаффошҳоро аз макони зист маҳрум мекунад.

Дар бахшҳои узбекии шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло баҳсҳое идома доранд, ки гӯиё бо дарёфти лонаи хаффош метавон даромади ҳангуфте ба даст овард ва бархеҳо як лонаро аз 5 то 10 ҳазор доллар мехаранд.

Баъзеҳо ба ин гуфтаҳо бовар карда, ба ҷӯстуҷӯи лонаи кӯршапарак пардохтаанд. Онҳое, ки пайдо кардаанд, лонаҳоро аксу навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд.

Фаъоли ташкилоти ҳомии ҳайвонҳо - "Сайёраи зинда" дар шаҳри Тошканд Анастасия Ташилова аз маҳви лонаҳои кӯршапаракҳо ташвиш дорад. "Одамон ба ин гуфтаҳои беасос бовар карда, лонаҳои кӯршапаракҳоро вайрон мекунанд. Ба онҳо бовар накунед. Ин идеяи ҳаннотон ва фиребгарон аст", - мегӯяд Ташилова.

Бархе аз корбарони узбек мегӯянд, аз лонаи кӯршапарак барои табобати бемории саратон дору истеҳсол мешавад. Ҳарчанд дар ин бора иттилои қобили эътимод дастрас нест.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG