Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Владимир Путин худро ба оби ях андохт

Акс аз бойгонист.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва тахминан 270 ҳазор сокинони Маскав бар тибқи анъанаи калисои православӣ рӯзи 19-уми январ худро ба оби ях андохтанд.

Ҳар сол рӯзи 19-уми январ масеҳиёни православӣ ба нишони ғусли таъмид се дафъа ба оби яхи дарё ва кулҳо мепаранд. Дар Маскав барои ин маросим 60 ҷой дуруст карданд.

Вазорати умури дохилии Русия гуфт, ки дар маросим дар саросари кишвар тақрибан 2 миллиону 400 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Дмитрий Песков, сухангуи раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин ҳам ба оби ях паридааст, вале нагуфт, ки дар кадом минтақаи Маскав.

Боздошт барои интиқоли 25 миллион евро ба террористон

Акс аз бойгонӣ

Додситонҳои Булғористон панҷ шаҳрванди Сурия ва як зани булғориро ба сармоягузории гуруҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна муттаҳам карданд. Румиана Арнаудова, сухангуи додситонии кулли Булғористон рӯзи 19-уми январ гуфт, “ин гуруҳ дар зарфи чаҳор соли гузашта ба гуруҳҳои террористӣ 25 миллион евро фиристодааст”.

Иван Гучев, муовини додситони кулли Булғористон гуфтааст, чунин ҳодиса дар Иттиҳодияи Аврупо то кунун дида нашудааст. Интиқоли миллионҳо евро соли 2016 сурат гирифтааст.

Неруҳои махсус дар робита ба ин қазия рузи 18-уми январ дар чандин ҷой амалиёт анҷом дода ва 43 нафарро дастгир карданд. Ба гуфтаи Арнаудова, пулро аз роҳи системаи исломии “ҳавола” интиқол медодаанд, аз ин рӯ радёбии он мушкил будааст.

Ба гуфтаи ӯ, гуруҳи ҷиноӣ ҳамчунин дар Булғористон даҳҳо мошин харида ва аз тариқи марзи Туркия ба гуруҳҳои террористӣ ба Сурия фиристодааст.

Эътирозҳо ба зидди тавофуқи Путин бо Ҷопон

Ҷазираҳои Шикотан

Дар шаҳри Маскав ва дигар гушаҳои Русия садҳо нафар ба зидди эҳтимоли ба Ҷопон додани ҷазираҳои Курил эътироз карданд. Рӯзи 20-уми январ дар тазоҳуроти шаҳри Маскав, ки бо иҷозаи мақомот сурат гирифт, садҳо нафар ҳузур доштанд.

Тазоҳурот бо ташаббуси гуруҳе аз созмонҳои чапгаро ва миллатгаро аз ҷумла Ҷабҳаи Чап, Русияи дигар, Новороссия баргузор шуд. Дар шаҳри Хабаровск дар Шарқи Дур 500 нафар дар тазоҳурот ширкат карданд ва ба зидди ҳукумати Владимир Путин шиор медоданд ва фарёд мекашиданд, ки Курил аз мост.

Дар шаҳри Сахалини Ҷанубӣ, маркази Сахалин 300 нафар дар тазоҳурот ширкат карданд. Чаҳор ҷазира дар Курилро шӯравии собиқ дар рузҳои охири Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ишғол кард. Барои ҳамин то кунун Русия ва Ҷопон аҳдномаи сулҳ набастаанд.

Моҳи ноябр Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Шинзо Абе нахуствазири Ҷопон ба созиш расиданд, ки ду ҷазираи камаҳолӣ бар асоси пешниҳоди шӯравӣ дар соли 1956 ба Ҷопон баргардонда шавад. Дар Ҷопон яке аз ин ҷазираҳоро Шикотан ва дигариро Ҳабомай меноманд.

14 нафар мехоҳанд, раиси ҷумҳури Афғонистон шаванд

Доктор Абдулло аз азмаш барои ширкат дар интихобот эълон медиҳад

Дар Афғонистон рӯзи 20-уми январ муҳлати сабти номи довталабон ба мақоми номзад ба раиси ҷумҳур ба поён расид ва кумиссиёни интихоботӣ 14 нафарро сабти ном кардааст.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури феълӣ, Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллӣ ва Абдулло Абдулло, раиси ҳукумати иҷроия аз довталабони мақоми раиси ҷумҳур ҳастанд.

Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло дар интихоботи соли 2014 рақибони ҳам буданд ва дар он вақт, мегуфтанд, ки дар интихобот тақаллуби зиёде сурат гирифтааст.

Баъди моҷарои зиёд, бо миёнҷигарии Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико дар Афғонистон ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис доданд ва Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳур ва Абдулло Абдулло, раиси ҳукумати иҷроия эълон шуд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 20-уми июл ҳамроҳ бо интихоботи маҷлисҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ сурат мегирад.

Садҳо нафар дар Боку озодии зиндониҳои сиёсиро талаб карданд. АКС

Садҳо эътирозгар аз ҳукумати Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, талаб карданд, блогери зидди фасод Меҳмон Ҳусейнов ва афродеро, ки ки ба бовари онҳо маҳбуси сиёсӣ ҳастанд, озод намояд.

Ин роҳпаймоӣ рӯзи 19-уми январ дар шаҳри Боку баргузор гардид.

Меҳмон Ҳусейнов мебоист ба зудӣ аз зиндон озод шавад. Вале охири моҳи гузашта, дар арафаи анҷоми муҳлати ҳабсаш, мақомоти Озарбойҷон алайҳи ӯ айбномаи нав эълон карданд.

Ӯ ҳоло ба "зуроварии хатарнок ба ҳаёти намояндаи ҳукумат" муттаҳам мешавад. Меҳмон Ҳусейнов ва чанде аз зиндониҳои сиёсӣ ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ заданд.

Блогери маъруф қаблан бо ҷурми “туҳмат” дуним сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Боздошти як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик дар Челябинск

Акс аз бойгонӣ

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷику узбек дар Челябински Русия боздошт ва ба идораҳои пулис бурда шудаанд. Ҳодиса рӯзи 18-уми январ сурат гирифтааст. Муҳоҷирон дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маъмурони пулис аз онҳо санади иқомат ва иҷозаи кор талаб карданд.

Муҳаммад, як муҳоҷири тоҷик дар Челябинск, рӯзи 19-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта дар идораи пулиси Курчатов буд ва дар онҷо шумораи зиёди муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷику узбекро дидааст. Вай барои раҳо кардани бародарзодааш, ки низ рӯзи 18-уми январ дастгир шуд, ба онҷо рафтааст.

"Ҷиянамро аз ҷои кораш дар сохтмон бурдаанд. Вай худро дар як хона дар Челябинск сабтином карда, вале ҳамроҳи ҳамкоронаш дар ҷои дигар мезист. Баъди талошҳои мо, ду ҳазор рубл ҷарима карда, озод намуданд. Аммо як гуруҳи дигарро, ки муҳлати сабтиномашон гузашта будааст, аввал ҷарима ва сипас ихроҷ мекунанд", - афзуд мусоҳиби мо.

Боздошти дастҷамъии муҳоҷирон дар рӯзе сурат гирифтааст, ки гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" фурӯравии як бахши бинои баландоёшна ва таркиши мусофирбар дар шаҳри Магнитогорскро кори дасти тарафдоронаш донист. Муҳоҷирон мегӯянд, ҳарчанд мақомоти Русия ин фарзияро қабул надоранд, маъмурони милисаи вилояти Челябинск бо истифода аз фурсат муҳоҷиронро аз ғалбер мегузаронанд.

Муҳаммад ҳам мегӯяд, "рӯзи гузашта ҳамаи муҳоҷирон ба якдигар занг зада, аз "облава" хабардор карданд. Бисёриҳо ба ҷои кори худ нарафтанд. Азбаски маъмурони милиса баъзе хонаҳоро гашта, муҳоҷиронро мекофтанд, бисёриҳо шаби гузашта ором нахобиданд. Танҳо касоне ки шиносномаи русӣ доштанд, эмин монданд."

Дар ҳамин ҳол, масъули ҷамъияти тоҷикони Челябинск гуфт, дар бораи боздоштҳои дастҷамъии муҳоҷрон касе ба онҳо шикоят накардааст. Аммо ӯ гуфт, "шояд мақомот барои тартибу низом санади муҳоҷиронро тафтиш мекунанд ва ҷои нигаронӣ нест."

Вилояти Челябинск, ки аз вилоятҳои саноатӣ ва аграрии Русия ба ҳисоб меравад, беш аз 3 миллион аҳолӣ дорад ва бино ба гузоришҳои ғайрирасмӣ дар вилоят на камтар аз 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд.

Гулбиддин Ҳикматёр номзад ба мақоми президентӣ шуд

Гулбиддин Ҳикматёр

Гулбиддин Ҳикматёр – раиси Ҳизби исломӣ – номзад ба мақоми президентии Афғонистон шуд.

Вай рӯзи 19-уми январ худро дар Кумисюни интихобот номнавис кард. Муовини аввалаш Фазлҳодӣ Вазин ва муовини дувумаш Ҳафизурраҳмон Нақӣ муаррифӣ шуданд.

Гулбиддин Ҳикматёр гуфт, шӯрои олии давлатиро таъсис медиҳад, ки тасмимҳои муҳими миллӣ аз тарафи ҳамин шӯро гирифта хоҳад шуд. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, Кумисюни интихобот бояд ислоҳ шавад, то интихоботи оянда бо шаффофият анҷом гирад ва ҳақ ба ҳақдор бирасад.

Раҳбари Ҳизби исломӣ ҳаштумин номзад аст, ки худро барои интихоботи ояндаи президентӣ дар Афғонистон сабтином кардааст.

Латифи Пидром, намояндаи вилояти Бадахшон дар порлумони Афғонистон ва раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ, аз нахустин номзадҳое буд, ки ҳафтаи гузашта худро сабтином кард.

Гулбиддин Ҳикматёри 72-сола пас аз 20 сол дубора ба Афғонистон баргаштааст. Бозгашти ӯ бар пояи созиш бо раҳбари феълии Афғонистон сурат гирифт.

Трамп охири феврал бо раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот мекунад

Доналд Трамп ва Ким Ҷонг Ун

Мулоқоти дувуми Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, охири моҳи феврали имсол баргузор хоҳад шуд.

Кохи Сафед рӯзи ин хабарро 18-уми январ ва баъди он эълон кард, ки як генерали баландпояи Куриёи Шимолӣ дар як сафари истисноӣ вориди Вашингтон шуд. Ба қавли Сара Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед, маҳалли дидори навбатии Трамп бо Ун дертар эълон мешавад.

Сандерз афзуд, Трамп ва генерал Ким Йонг Чол, музокиракунандаи аршади Куриёи Шимолӣ ва раиси собиқи амнияти он кишвар, ҳудуди якуним соат гуфтугӯ кардаанд. Дидори навбатӣ ва халъи силоҳи ҳастаӣ дар нимҷазираи Куриё аз мавзӯи баҳси онҳо будааст.

Чол, ки ба унвони як чеҳраи тундрав шинохта мешавад, рӯзи панҷшанбе вориди Амрико шуд. Трамп ва раҳбари Куриёи Шимолӣ бори аввал моҳи июни соли 2018 дар Сингапур бо ҳам мулоқот карданд.

Дар таркиши Мексика дастикам 20 нафар ҷон бохтаааст

Дар натиҷаи таркиш дар як хатти лӯлаи нафт дар Мексика ба камияш 20 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 18-уми январ дар аёлати Ҳидалко рух дод.

Умар Файёз, волии Ҳидалко, гуфтааст, 54 нафар таҳти муолиҷа қарор гирифтанд.

Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, садҳо тан бо зарф дар маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд, то аз онҷо нафт бигиранд.

Умар Файёз дар Твиттер ба сокинон ҳушдор додаст, ки нафтро надузданд, чун ин кор натанҳо ғайриқонунист, балки ҷони онҳоро низ ба хатар меандозад.

Ду нафар барои сабқати мошинронӣ дар Душанбе дастгир шуд

Акс аз вебсайти Вазорати корҳои дохилӣ

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ду нафарро бо иттиҳоми ташкили пойга ё сабқати мошинронӣ дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Дуганбе дастгир кардаанд. Ба Фаридун Забиров ва Маъруфҷон Қурбонов аз 13 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ду соли маҳрумӣ аз ҳаққи ронандагӣ таҳдид мекунад.

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 18-уми январ гуфтанд, Фаридун Забиров ва Маъруфҷон Қурбонов шаби 10-уми январи имсол дар хиёбони Айнии пойтахт сабқати мошинронӣ ташкил карда, “бо садои гӯшхарош ва суръати баланд оромии шаҳрвандонро халалдор намудаанд”.

“Айни замон мошини ҳарду гумонбар дар ҷаримагоҳи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ қарор дошта, нисбат ба ронандагон бар асоси моддаи 326, иловаи 1, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шудааст”, - гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилӣ.

Порлумони Тоҷикистон баҳори соли гузашта ҷазои ҷавононеро, ки сабқати мошинронӣ дар роҳҳои кишварро як навъ дилхушӣ медонанд, сахт кард.

Аммо ҷавононе, ки шефтаи суръати баланд ҳастанд ва аз ин роҳ “адреналин”-и худро хориҷ мекунанд, мегӯянд, таъйини ҷазо дуруст нест, чун онҳо на ҷиноят содир кардаанд ва на коре ғайриқонунӣ.

Боздошти 32 нафар дар Булғористон барои кумак ба ҷангҷӯён

Пулиси вижаи Булғористон дар як амалиёти ҳамоҳангшуда дар саросари ин кишвар 32 нафарро бо гумони кумаки молӣ ба террористҳо боздошт кардааст.

Иван Гешев, муовини додситони кулли Булғористон, рӯзи 18-уми январ гуфт, яке аз гумонбарон шаҳрванди Сурия буда, дар Булғористон ҳаққи иқомати доимӣ дорад. Гуфта мешавад, ӯ пулро ба ҷангҷӯён дар хориҷа дастрас мекард.

Бо онки Гешев дар нишасти матбуотӣ ҳувияти гумонбаронро ошкор насохт, аммо гуфт, ин пул аз тариқи "ҳавола" ба дасти шӯришиён мерасид. Ба қавли вай, ин гуруҳ пас аз як соли таҳқиқ дар чандин кишвари аврупоӣ, билохира, дар Булғористон ба чанги қонун афтодааст.

Путин Косоворо ба таъсиси "ғайриқонунӣ"-и артиш муттаҳам кард

Путин ба президенти Сербистон ордени "Александр Невский"-ро тақдим кард

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷараёни сафараш ба Сербистон Косоворо ба пиёда кардани иқдоми тавтеаомез, бо шумули таъсиси "ғайриқонунӣ"-и нерӯҳои мусаллаҳ муттаҳам кард. Раҳбари Русия рӯзи 17 январ баьди муло-т бо президенти Сербистон Александр Вучич дар нишасти матбуотии муштарак дар Белград гуфт, ки тасмими Косово ташаннуҷро бо Сербистон афзоиш медиҳад ва минтақаро ноором мекунад.

Сербистон назорат бар Косоворо, ки як вилояташ буд, соли 1999, баъди оғози ҳамлаҳои ҳавоии НАТО аз даст дод. НАТО барои ҷилавгирӣ аз куштор ва рондани албаниҳо аз тарафи сербҳо дар тӯли ҷанги дусола бо шӯришгарон, ҳамлаҳои ҳавоиро ба роҳ монд.

Равобити байни Приштина ва Белград, аз замони эълони истиқлолияти Косово мушаниҷ боқӣ мондааст. Беш аз 110 кишвари дунё, бо шумули ИМА истиқлолияти Косоворо эътироф карданд, вале на Русия ва Сербистон.

Порлумони Косово рӯзи 14 декабр қарор кард, ки нерӯҳои амниятии Косово, иборат аз 2,500 сарбозро ба артиши миллии иборат аз 5 ҳазор сарбот табдил диҳад.

Путин таъсиси артиши Косоворо хилофи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид номид, ки ба гуфтаи ӯ, ба таъсиси ягон ташаккули низомӣ, ба ғайр аз нерӯҳои байналмилалии СММ, иҷозат намедиҳад.

Русия ба иддаои ДИИШ бовар накард - таркиши газ дар Магнитогорск фарзияи асосӣ аст

Такиш дар Магнитогорск

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки дар ҳодисаи суқути як бахши хонаи истиқоматӣ дар Магнитогорск, таркиши газ фарзияи асосӣ боқӣ мемонад. Изҳороти Кумитаи тафтишот баъди он нашр шуд, ки гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" масъулияти таркишро бар дӯш гирифт.

Дар ин таркиш, ки 31 декабр ба вуқуъ пайваст, 39 нафар ҷон бохт.

"Муфаттишон аз рӯзи аввали ин фоҷеа тамоми фарзияҳои мумкинро баррасӣ карданд. Фарзияи таркиши лӯлаи газ асосӣ боқӣ мондааст. Инро дар назар бигиред, ки санҷишҳо вуҷуди маводи таркандаро дар намунаҳое, ки аз ҷойи таркиш гирифта шуд, собит накард",- гуфт Светлана Петренко - сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия.

Шарҳи сухангӯ рӯзи 18 январ ба "Интерфакс" дар ҳола пахш шуд, ки масъулияти бомбагузорӣ дар бинои Магнитогорскро ДИИШ бар дӯш гирифт. Thе Site Intelligence Group - сомонае, ки гурӯҳҳои тундравро пайгирӣ мекунад рӯзи 17 январ навишт, ки "масъулияти таркиши бинои Магнитогорск ва таркиши автобусе дар шаҳри ҷанубии Уралро ДИИШ бар дӯш гирифт".

Рӯзи 1 январ кумитаи тафтишоти Русия, ки сабабаҳои таркишро таҳқиқ мекард, гуфт, аломати маводи тарканда ёфт нашуд.

Аммо ду расонаи Русия бо такя ба манбаҳои беном гуфтанд, ки алматҳои маводи тарканда дар фурӯрезии бинои Магнитогорск ошкор шудааст ва таркиш эҳтимол ҳамлаи террористӣ аст.

Гузоришҳои ин ду расона тарикиши биноро ҳамчунин ба инфиҷори мусофирбаре дар се километрии ҷойи ҳодиса пайванд медиҳанд, ки дар он 3 нафар ҷон бохт. Аммо мақомот гуфтанд, ки оташ гирифтани мусофирбар эҳтимол аз таркиши бушкаи газ рух дод.

Вакил: боздошти Настя Рибка ҷанҷоли байналмилалӣ аст

Таиланд - Модели Беларусия Настя Рибак дар паси панҷара

Вакили шаҳрванди Беларусия Настя Вашукевич, ки бо номи Настя Рибка шинохта шудааст, боздошти ӯро дар фурӯдгоҳи Маскав ҷанҷоли калони байналмилалӣ номид.

Дмитрий Затсаринский дар сӯҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони идораҳои ҳифзи тартибот Вашукевичро иҷборан аз зонаи транзитӣ ба қаламрави Русия бурданд. Ба гуфтаи вакил, бо ин рафтор мақомот аз салоҳияти худ суиистифода карданд.

Вашукевич, ки рӯзи панҷшанбе аз Банкок меомад, бояд аз зонаи транзитӣ ба ҳавопаймои парвози Минск менишаст. Дар наворе, ки шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карданд маълум аст, ки чӣ тавр мақомоти Русия шаҳрванди Беларусияро маҷубран ба курсии чархдор менишонанд.

Вашукевч ба фоҳишагӣ дар ҳайъати гурӯҳи одамон гумонбар шудааст. Ба гуфтаи вакилаш, ду зан аз Русия бар зидд ӯ ва мураббӣ оиди "рушди шахсият" Александ Кириллов шикоят навиштанд. Бинобар маълумоти пешакӣ ҷиноят дар қаламрави Русия содир шудааст. Вакил бештар аз ин ҷузъиёт надод ва гуфт, ки баробари дастрас шудани маълумоти иловагӣ матбуотро огоҳ хоҳад кард.

Сафорати Беларусия дар Маскав ба хабаргузории "Интерфакс" гуфт, ки боздошти Вашукевичро меомӯзад.

Настя Вашукевич, ё Настя Рибка соли 2018 қаҳрамони таҳқиқоти раҳбари мухолифини рус Алексей Навалний буд, ки ба амалҳои ноиби нахуствазир Сергей Приходко ва бизнесмен Олег Дерипаска бахшида шуд. Навалний иддао кард, ки ин мансабдор моҳи августи соли 2016 се рӯз дар киштии Дерипаска, дар соҳилҳои Норвегия бо духтарҳое аз "агентии эскорт" хушгузаронӣ кард. Ҷузъиёти ин сафар аз китоб ва саҳифаи Настя Рибка дар Инстаграм маълум шуд. Навалний ноиби нахуствазир Сергей Приходкоро ба фасодкорӣ муттаҳам кард.

Ду ҳавопаймои Су-34 дар фарози баҳри Ҷопон сар ба сар заданд

Su-34

Ду ҳавопаймои бомбандози Су-34 дар фарози баҳри Ҷопон, дар 35 километрии соҳил сар ба сар заданд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба мақомоти расмии Вазорати дифои Русия хабар дод.

Ҳавопаймоҳо субҳи 18 январ ҳангоми паровоз аз экрани радарҳо нопадид шуданд. Як ҳавопаймои Су-34 баъди бархурдан бо дигарӣ ба баҳр афтид. Наҷотдиҳандагон ду сарнишинро дар баҳр зинда пайдо карданд ва берун оварданд,- мегӯяд Вазорати дифои Русия. Маълум нест, ки онҳо сарнишинҳои як ҳавопаймо ҳастанд ё ҳарду. Пештар манбаҳои "Интерфакс" гуфтанд, ки пилоти як ҳаво бо мотори шикаста тавонистааст ба замин нишинад. Аммо Вазорати дифоъ мегӯяд, ки сарнишинҳои ҳарду ҳавопаймо бо истифода аз тугмаи садама худро берун партофтанд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии бомбаандоз парвозҳои барномавиро аз фурӯдгоҳи Хурба, 17 километрии шаҳри Комсомолск -на -Амуре анҷом медоданд. Биноба маълумоти пешаки, пилотҳои ҳарду ҳавопаймо зинда мондаанд.

Су-34 дар ширкати "Сухой" истеҳсол мешавад. Ин ҳавопаймо соли 2014 мавриди истифода қарор гирифт. Маркази таҳлили стратегӣ ва текноложӣ мегӯяд, соли гузашта 12 адад ин навъи ҳавопаймоҳои ҷанги дар ихтиёри нерӯҳои Русия қарор гирифт.

Садамаи маргбори як чархбол дар Қазоқистон

Чархболи як ширкати хусусӣ рӯзи 17 январ дар канори шаҳри Алматои Қазоқистон суқут кард ва сарнишинро ба ҳалокат расонд.

Сухангӯи Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон Нурсултон Нураҳмадов гуфт, ҳодиса соати 16 дар маҳаллаи Таусамали ноҳияи Наврӯзбой рух дод. "Чархболи "Eurocopter-130"-и ширкати "Sky Service" дар ҳудуди осоишгоҳи "Алтау" суқут кард, вале оташ нагирифт", - афзуд ӯ.

Дар дохили чархбол танҳо худи сарнишин Валентин Шитов ҳузур дошт. Ӯ дар роҳ ба беморхона дар мошини ёрии таъҷилӣ ҷон дод.

Ба гуфтаи мақомот, "Eurocopter-130" аз Боралдай ба Кӯли бузурги Алмато парвоз мекард. Дар робита ба ҳодиса санҷиш оғоз шудааст.

Хабарнигорон бо нишони эътироз назди бинои пулиси Бишкек ҷамъ омаданд

Ҷамъомади хабарнигорон алайҳи зӯроварии пулиси Қирғизистон

Рӯзноманигорони нашрияи "Супер-Инфо" ва телевизиони Next TV дар рӯзи ҷумъа ба нишони эътироз алайҳи амалкарди пулис дар ҷараёни эътирози зидди муҳоҷират дар Бишкек дар назди бинои пулис гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Онҳо гуфтанд, ки рафтори дағалонаи кормандони пулис нисбати хабарнигорон ҳангоми инъикоси рӯйдодҳои оммавӣ, қобили қабул нест.

Рӯзи 17 январ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон тазоҳуроти зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор шуд. Пулис наздики 20 нафарро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт кард, ки дар байни онҳо хабарнигори Next TV Жоодар Бузумов ҳам буд. Ӯ аз ҷараёни гирдиҳамоӣ мустақиман гузориш медод ва баъдан гузоришашро аз дохили автобус ва бинои пулис идома дод. Сарфи назар аз он ки Бузумов гуфт, хабарнигор аст, пулис ӯро ҳамроҳ бо дигар боздоштшудаҳо ба идора бурд. Ӯро баъдтар раҳо карданд.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ хабарнигорон ҳангоми инъикоси ҳодисаҳои оммавӣ нимтанаи "Пресса" ба тан мекунанд, то аз ҷамъомадагони дигар фарқ кунанд.

Facebook садҳо саҳифаи марбут ба хабаргузории Sputnik-ро баст

Логои Спутник

Ширкати Facebook садҳо саҳифа ва гуруҳеро дар Facebook ва Instagram баст, ки дар ду амалиёти хабарпарокании дурӯғ дар фазои шӯравии пешин дат доштанд.

"Ду амалиёте, ки мо ошкор кардем, дар Русия пайдо шуданд: яке аз онҳо дар маҷмуъ якбора дар чанд кишвар роҳандозӣ шуд, вале дувумӣ танҳо ба Украина равона гардида буд", - омадааст дар гузориши Наталиэл Глейхер, як масъули Facebook аз 17 январ. Ҳеч иртиботи мустақиме миёни ин ду амалиёт ошкор нашуд, аммо "дар онҳо тактикаи яксон - таъсиси шабакавии саҳифаҳо ба хотири пинҳон кардани пайдоиш ва ҳадафашон" дида мешавад.

Глейхер гуфт, шабакаи иборат аз 364 саҳифаву гуруҳ ба кормандони хабаргузории давлатии Sputnik рабт дошт. Кормандони бахши арманистонии хабаргузории мазкур гуфтанд, саҳифаи русиашон дар Facebook баста шудааст.

Баъзе саҳифаҳо ба тарғиби раҳбарони Тоҷикистон, Узбекистн ва Чеченистон бахшида шудаанд. Бахше аз ин саҳифаҳо аслан пайрав надоранд, аммо бархеро даҳҳо ҳазор корбар "лайк" кардаанд.

Шавҳари пешини Гулнора Каримова даъвои 100 миллиони ҳабсшударо дорад

Гулнора Каримова

Мансур Мақсудӣ, шавҳари пешини Гулнора Каримова даъво дорад, ки қисме аз дороии духтари президенти пешини Узбекистон, ки дар бонкҳои Швейтсария ҳабс шудааст, ба ӯ баргардонида шавад. Дар ин бора ӯ рӯзи 16 январ дар мусоҳиба бо нашрияи Der Bund-и швейтсарӣ иттилоъ дод.

Нашрия менависад, Мансур Мақсудӣ ҳамроҳ бо бародараш Фарид талош доранд, ки аз 100 то 800 миллион франки ҳабсшударо ба даст оранд.

Гулнора Каримова соли 1991 бо Мансур Мақсудӣ издивоҷ кард. Каримова ва Мақсудӣ аз ин издивоҷ ду фарзанд доранд. Онҳо соли 2001 аз ҳам ҷудо шуданд.

"Ҳангоми талоқ ҳамаи дороии Мансур ва Фарид дар Узбекистон мусодира шуд. Саҳми онҳо дар ширкати Coca-Cola Bottlers Uzbekistan ба ширкати швейтсарии Zeromax дода шуд", - менависад Der Bund.

"Хонаводаи мо иҷозат намедиҳад, ки ин (дуздӣ) бе ҷазо монад. Ва ҳамаи онҳое, ки заррае дар ин кор даст доштанд, посухгӯ мешаванд", - гуфт Мансур Мақсудӣ.

Гурӯҳи ношинос ҳамкори Би-Би-си дар Ганаро ба ҳалокат расонд

Акси тасвирӣ

Рӯзноманигори пажуҳишгар, ки бо Би-би-си ҳамкорӣ мекард, дар Гана кушта шуд. Таҳқиқоти ӯ ба фош шудани расвогии марбут ба фасод дар футболи маҳаллӣ, истеъфои раҳбари федератсияи футбол ва пароканда шудани ин ниҳод мусоидат кард. Журналист Аҳмад Ҳуйсейн Суале, ки фаъолияти махфӣ дошт, шаби ҷумъа дар пойтахти Гана - Аккра, ҳадафи тир қарор гирифт. Дар ин бора сомонаи шабакаи сеюми телевизиони ин кишвар рӯзи 17 январ хабар дод.

Ба гуфтаи телевизион, ба сӯи журналист дар роҳ ба сӯи хонааш аз ду мотосикл тир кушоданд. Ду тир аз шишаи тирезаи мошин ба синааш ва яке ба гарданаш расид.

Шабака мегӯяд, ки чанде пеш аз ин ҳамла, узви порлумони Гана Кеннеди Агяпонг барои муҷозоти журналист даъвати омавӣ ба амал овард. "Агар шумо ӯро дар ҷойе дидед, гушҳояшро шиканед, ман ба шумо мегӯям, ӯро латткӯб кунед, чӣ ҳодисае нашавад, ҳисобашро ман медиҳам, ӯ бисёр бачаи бад аст",- иқтибос кардааст телевизион аз узви порлумон.

Изҳороти Кеннеди Агяпонг вокуниш ба намоиши филми Би-би-си буд, ки дар он маводи Аҳмад Ҳуйсейн Суале истифода шуд. Дар ин филм гуфта мешуд, ки мақомоти Созмони футболи Гана, бо шумули президенти он Квеси Наянтакии ришва мегирифтанд. Наянтакии дар ҳуҷраи меҳмонхона ҳангоми гирифтани 65 ҳазор доллар наворбардорӣ шуд.

Ҳамла ба хабарнигорон дар Гана зиёд иттифоқ намеафтад,- мегӯяд Би-би-си. Охирин куштор соли 2015 рух дода буд.

Ду нафар бо ҷурми куштори Денис Тен ба 18 соли зиндон маҳкум шуд

Кореяи Ҷанубӣ - Денис Тен ҳангоми иҷрои рақси рӯи ях.18 феврали соли 2018

Додгоҳи Аламато ду нафарро бо ҷурми куштори раққоси рӯи ях Денис Тен ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ҳукми Армон Қудойберганов ва Нуралӣ Киясовро рӯзи 17 январ содир кард.

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 16 январ аз Додгоҳи шаҳри Алмаато барои Ормон Қудойбердиев ва Нуралӣ Киясов барои куштори варзишгари маъруфи қазоқ Денис Тен 20 соли зиндонро талаб кард.

Гумонбарон дар мурофиаи ахир айби дуздиро ба гардан гирифтанд, вале гуфтанд, ки куштор бо маслиҳати пешакӣ сурат нагирифта буд. Онҳо аз додгоҳ хостанд, ки банди "Куштор бо маслиҳати пешакӣ"-ро бекор кунад. Ба гуфтаи додситон Кунадик Досов, "айби гумонбарон дар рафти мурофиаҳо пурра исбот шуд".

Баррасии парванда 3-юми январ дар Додгоҳи шаҳри Алмаато оғоз шуда буд.

Варзишгари маъруфи қазоқ, раққоси рӯи ях ва барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия Денис Тени 25-сола рӯзи 19-уми июли соли гузашта дар бемористони шаҳри Алмаато вафот кард. Ӯ бо чанд захми корд ба бемористон интиқол ёфта буд. Ба ӯ афроде ҳамла карданд, ки мехостанд, шишаи мошинашро бидузданд.

HRW: Осиёи Марказӣ бояд аз ҳуқуқи инсон ҳимоят кунад, агар сармоя мехоҳад

Логои созмони Human Rights Watch

Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch аз раҳбарои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар пайи ҳамоиши бештари минтақавӣ, сармоягузории хориҷӣ ва рушди иқтисодӣ ҳастанд, даъват кард, ки ҳимояи ҳуқуқи инсонро дар ҷойи аввал гузоранд.

Ин даъват рӯзи 17 январ дар ҳоле садо дод, ки созмони ситодаш дар Ню Йорк гузориши солонаашро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон нашр кард.

"Барои зиндагии беҳтари 105 миллион сокини Осиёи Марказӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон бояд бо рушди иқтисод ва ҳамкориҳои минтақави дастибадаст ҳаркат кунанд,- гуфт раҳбари ин созмон дар умури Аврпуо ва Осиёи Маказӣ Ҳю Уиллиамсон.

Ӯ афзӯд, ки раҳбарони Осиёи Марказӣ "бояд иҷозат диҳанд, ки садоҳои интиқодӣ шунида шаванд ва аз бадтарин суиистифода, ба монанди зиндони кардани одамон бо парвандаҳои сисёӣ ва шиканҷа даст кашанд.

Соли гузашта, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев " барои ҳамкориҳои байнимарзӣ иқдом кард ва дар самти рушди вазъи ҳуқуқи шаҳрвандон қадамҳои назаррас бардошт; дар Қирғизистони ҳамсоя "ҳамалаҳои бераҳмона ба матбуот ва озодии баён камтар шуд",- гуфтааст HRW.

Аммо ин гурӯҳ "афзоиши тамоюлҳои манфӣ" дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба монанди Тоҷикистон ва Туркманистон ва "табдили ин тамоюлҳо сиёсатҳои саркубгарона"-ро зикр кардааст.

Созмон мегӯяд дар Қазоқистон низ дар робита ба ҳуқуқи башар ҳеҷ таъғироти чашмгир ба назар нарасид ва мақомоти он кишвар озодии баён ва ҳамоишу ҷамъмадҳоро бераҳмона саркуб карданд.

Уиллиамсон аз ИМА, Иттиҳоди Аврпуо ва шарикни дигари онҳо даъват кард, ки ба раҳбарони Осиёи Марказӣ пайғоми рушан диҳанд, ки "ҳамагуна барномаи ислоҳот бидуни рушди ҳуқуқи инсон ҳатман ба нокомӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд".

Назарсанҷӣ: Русҳо аз "фақри доимӣ" ва дағалӣ хиҷолат мекашанд

Акси тасвирӣ

Шаҳрвандони Русия аз камбизоатӣ, бесарусомонӣ, суқути Шӯравӣ ва беодобӣ хиҷолат мекашанд. Чунин аст натиҷаи як пурсиши Маркази омӯзиши афкори умум - "Левада", ки охири декабр анҷом шуд.

61 дар сади пурсидашудаҳо аз ин шарм медоранд, ки аҳолии Русия дар "фақри доимӣ ва бесарусомонӣ" ба сар мебаранд. 45 дар сад аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ эҳсоси хиҷолат ва нороҳатӣ мекунанд.

Аз се як ҳиссаи русҳо (37%) гуфтаанд, ки аз дағаливу беодобӣ ва набуди эҳтимром ба якдигар дар Русия шарм медоранд. 24 дар сади пурсидашудаҳо аз ин ки кишварашон ба таври доимӣ аз Ғарб қафо мондааст ва 21 дар сад аз таъқибу террорҳои соли 1920-1950 хиҷолат мекашанд.

9 дар сад аз интихоби Владимир Путин ба мақоми президент шарм медоранд. Вале ҳамзамон 70 дар сади пурсидашудаҳо Русияро давлати абарқудрат номидаанд. Соли гузашта ин рақам ба 72 дар сад баробар буд.

Дар робита ба ифтихор аз ватани худ, посухдиҳандаҳо ҳодисаҳои таърихиро зикр кардаанд. 87 дар сад Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 50 дар сад дастовардҳои соҳаи кайҳоншиносӣ ва 37 дар сад адабиётро мояи ифтихор номиданд. 45 дар сад гуфтанд, ки ишғоли Қрим дар онҳо эҳсоси ифтихорро бедор мекунад.

Соҳибкорон Андиҷон вазифадор шуданд, ки "андози футбол" супоранд

Волии Андиҷон Шӯҳрат Абдураҳмонов

Даиси вилояти Андиҷони Узбекистон Шуҳрат Абдураҳмонов дар рафти омодагӣ ба бозиҳои Лигаи олӣ-2019 тамоми соҳибкорони вилоятро вазифадор кард, ки дастаи футболи "Андиҷон"-ро ҷамъан бо 8,5 миллиард сӯм ($964 ҳазор) "сармоягузорӣ" кунанд.

Дар феҳристи шашсаҳифагии ҳукумати вилояти Андиҷон номи 167 корхона ва ширкате оварда шудааст, ки бояд "андози футбол" супоранд. Як мансабдори Андиҷон низ тасдиқ кард, ки ба соҳибкорон пешниҳод шудааст, то ба дастаи маҳаллии футбол "кумак" кунанд.

Ба гуфтаи як манбаи огаҳ аз қазия, сармоягузори аслии даста -- ширкати GM Uzbekistan пулро пардохт накардааст ва бинобар ин, раиси вилоят пулро бар дӯши соҳибкорони маҳаллӣ бор кард.

Абдураҳмонов 9 январи соли равон дар як вохӯрӣ мушкилиҳои модиву техникии дастаи футболи "Андиҷон"-ро баррасӣ кард. Дар поёни ҷаласа рӯйхати 167 корхонае тартиб дода шуд, ки бояд ба дастаи футбол кумаки молӣ расонанд.

Соҳибкорони Андиҷон мегӯянд, баъди ҷаласаи раиси вилоят ба онҳо фишор меоранд, то пулро тезтар пардохт кунанд.

Бар асоси фармони президенти Узбекистон аз 9 марти соли 2017, GM Uzbekistan сармоягузори аслии дастаи футболи Андиҷон таъйин шудааст. Намояндаи ширкат гуфт, онҳо дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доранд ва бинобар ин, наметавонанд, дастаро сармоягузорӣ кунанд.

Тими миллии Қирғизистон Филиппинро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод

Ҷоми Осиё - тими Қирғизистон алайҳи дастаи Филиппин. 16 январ, 2019.

Дастаи мунтахаби футболи Қирғизистон дар доираи бозиҳои Ҷоми Осиё тими Филиппинро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Ҳар сеи голҳоро ҳамлагар Виталий Люкс ба ҳадаф расонд. Аз ҷониби ҳариф тӯбро Штефан Шрек ба дарвоза ворид кард. Ин нахустин пирӯзии футболбозони қирғиз дар чемпионат аст.

Варзишкорони қирғиз дар бозии нахустин бо ҳисоби 1:2 аз Чин шикаст хурда буданд. Бозии дувумро бо ҳисоби 0:1 ба Куриёи Ҷанубӣ бохтанд.

Дастаи мунтахаби футболи Қирғизистон барои баромадан ба плей-офф ё даври ҳаштякниҳоӣ шонс дорад. Вале он аз натиҷаи бозии дастаҳо дар гуруҳҳои дигар вобаста аст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Путин ва Зеленский имкони сулҳ дар шарқи Украинаро баҳс карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00
XS
SM
MD
LG