Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Президент аз Озода Раҳмон хост, нисбат ба "бемасъулиятҳо" чора андешад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ҷаласае, ки ба натиҷагирии кори ҳукумати кишвар дар соли 2018 ихтисос дошт, ба раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон супориш дод, ки нисбати мақомдорони “бемасъулият” чораҷӯӣ кунад.

Вебсайти президенти Тоҷикистон дар хулосаи маҷлиси васеи ҳукуматӣ менависад, ки ба раиси дастгоҳ супориш шуд, ки ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои раҳбари давлатро таҳлил карда нисбат ба роҳбарону шахсони масъул, ки дар иҷрои супоришҳо бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, “чораҳои қатъӣ андешад”.

Озода Раҳмон – духтари президент яке аз бонувони баландмақом дар сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон аст. Дар ҷаласаи рӯзи 21 январ президент инчунин ба мавзӯи ҷалби духтарону бонувон ба хизмати давлатӣ муроҷиат кардааст.

Ӯ аз кам будани шумори занону духтарон дар хадамоти давлатӣ интиқод карда мақомотро вазифадор кардааст, ки ба масъалаи ҷалби ҷавондухтарон ба таҳсилоти олӣ ва ҳам тарбияи кадрҳои баландихтисос дар миёни бонувон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ кунанд.

Беш аз 600 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ба буҷаи Тоҷикистон

Соли 2018 дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сохтору субъектҳои хоҷагидории давлатӣ беш аз 600 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Ин зиёни молиявиро мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бар асоси беш аз 1200 тафтишу санҷишҳои молиявӣ ошкор кардаанд.

Сулаймон Султонзода, раиси ин агентӣ дар ҳисоботи солонааш дар баробари президент ва ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 21 январ гуфтааст, ки наздики 490 миллион сомонӣ зиёни молӣ ба буҷети давлат ва ба суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор гардидааст.

Мавзӯи муборизаи бо коррупсия ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷаи давлатӣ яке аз масоиле буд, ки дар ҷаласаи таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд. Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳам дар гузориши худ гуфтааст, ки дар натиҷаи санҷиши аудитории ин ниҳод ба маблағи 396 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуда, 73 фоизи он барқарор гардидааст. Ба Палатаи ҳисоб супориш шудааст, ки раванди таҳия ва банақшагирии буҷети давлатиро қатъӣ назорат кунад.

"Сомон Эйр" парвозҳо ба самти Хуҷандро ду баробар зиёд кард

Қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз 11 январи соли 2019

Ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" рӯзи 21 январ хабар дод, ки парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанберо то охири моҳи январ ду баробар зиёд мекунад.

Дар иттилоияи ширкат гуфта мешавад, ки аз имрӯз эътиборан то охири моҳ қарор шуд ширкат рӯзе ду дафъа ба Хуҷанд парвозҳо анҷом диҳад. Ин тасмим, ба навиштаи ширкат, бо сабаби муваққатан баста шудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд гирифта шудааст.

"Дар сурати то охири моҳи январ барқарор нашудани ҳаракати нақлиёти автомобилгард, ширкати ҳавопаймоӣ омода аст парвозҳоро дар ин самт ду маротиба дар як рӯз идома диҳад", омадааст дар хабар.

Парвозҳоро аз пойтахт ба Хуҷанд ҳавопаймоҳои Боинг 737 иҷро мекунанд. Аммо мусофирон аз қимати билетҳо шикоят доранд. Яке аз корбарони Радиои Озодӣ навишт, ки қимати билетҳо 280 сомонӣ буд, ҳоло аз 400 сомон зиёдтар аст.

Рӯзи 21 январ ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз” хабар дод, ки бинобар афзоиши хатари тармафароӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд аз субҳи дирӯз ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз километри 47 (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе муваққатан боздошта шуд.

Сардори Маркази матбуоти ширкат Далери Абдулло гуфтааст, ки баъди бартараф шудани хавфи тармафароӣ дар ин мавзеъ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад.

Ӯ гуфтааст, ки ситоди муштараки кормандони ширкат ва вазоратҳои нақлиёту корҳои дохилӣ вазъ дар роҳро назорат мекунад.

ИА алайҳи раҳбари истихбороти низомии Русия таҳрим ҷорӣ кард

Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи душанбе дар нишасти Брюссел таҳримҳои зидди чаҳор шаҳрванди Русияро ҳамоҳанг ва онҳоро ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ муттаҳам карданд.

Дар хабари Шӯрои Иттиҳоди Аврупо омадааст, ки сухан аз боби раҳбар ва муовини истихбороти низомии Русия ва ду корманди ин хадамоти махсус аст. Онҳо дар интиқол ва истифодаи заҳри фалаҷкунандаи асаб ба Солсберии Британия масъул эълон шуданд. Дар хабарномаи Иттиҳоди Аврупо исми ин нафарон эълон нашудааст, аммо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Брюссел мегӯяд инҳо эҳтимол кормандони истихбороти низомии Русия Анатолий Чепига (маълум бо номи Руслан Боширов) ва Александр Мишкин (Александр Петров), ҳамчунин раҳбари феълии Идораи ситоди кулл Игор Костюков ва муовини ӯ Владимир Алексеев ҳастанд.

Онҳо ба суиқасд ба ҷони агенти пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал, бо истифода аз гази "Новичок" дар Солсбери муттаҳам шуданд. Раҳбари Идораи истихбороти низомӣ он замон Игор Коробов буд, ки моҳи нобяри соли гузашта даргузашт. Масъулияти раҳбарии Хадамоти махсусро Игор Костюков бар дӯш гирифт.

Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия моҳи марти соли 2018 дар як боғи шаҳри Солсберии Британия дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуданд. Онҳо чандин моҳ дар бемористон таҳти назорати табибон буданд.

Президент ду раҳбарро аз ҷаласаи ҳукумат "ҷавоб додааст"

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони ширкати “Тоҷик Эйр” ва “Амонатбонк”-ро аз маҷлиси солонаи ҳукумат ҷавоб додааст.

Яке аз ширкатдорони ҷаласа бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон баъди шунидани гузориши Руҳулло Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” ва Хайрулло Раҳимов, раиси “Тоҷик Эйр” дар бораи кори ниҳодҳояшон дар соли 2018 ҳардуро сахт танқид карда ва гуфтааст, ки аз толор хориҷ шаванд.

Ҳарчанд дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ дар бораи гузоришҳои раҳбарони “Амонатбонк” ва “Тоҷик эйр” хабар додааст, аммо ба танқиди фаъолияти ин ду ниҳод ишорае накардааст.

Фармони барканории онҳоро ҳам нашр накардаанд, аммо тибқи иттилои манобеи огоҳ, рондани ҳарду мақом онҳо аз толори ҷаласа маънои барканориашонро дорад.

Хайрулло Раҳимов, директори ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” ба сабаби буҳрон дар кори ширкат ва қатъи парвозҳояш интиқод мешунавад. Ширкат аз 2-юми январ парвозҳояшро қатъ кард ва тақдири он номаълум аст.

Сабабҳои рондани Руҳулло Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” аз толори маҷлиси ҳукумат маълум нест. Аммо як корманди ин бонкро барои дуздии пули бонк ба 14 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Мақомот гуфтанд, Салоҳиддин Зоирзода, аз соли 2015 то моҳи майи соли 2018 дар вазифаи сардори идораи муҳосиботи Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ фаъолият карда ва дар ин муддат аз роҳи сохтакорӣ 600 ҳазор сомониро тасарруф кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта ҳам баъзе аз раҳбарони ниҳодҳои давлатиро аз толори ҷаласа ҷавоб додааст.

RFERL фаъолияташро дар Булғористон азсар мегирад

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ фаъолияташро барои аудиторияи Булғористон азсар мегирад.

Барномаҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барои Булғористон, ки соли 1950 оғоз шуда буд, соли 2004, ҳамзамон бо барномаҳои Эстония, Литва, Латвия, Словакия, Хорватия ва Руминия қатъ шуд. Он вақт эътироф шуд, ки принсипҳои демократия ва озодии баён дар ин давлатҳо амал мекунанд ва зарурати барномаҳои радиои барои онҳо аз байн рафт.

Қарори азсар гирифтани барномаҳо ба вазъи мушкили сиёсиву ҷамъиятӣ ва дигаргуниҳои демократӣ, ки Булғористон ба он рӯ ба рӯ шудааст, гирифта шуд. "Свободная Европа" фаъолияташро дар платформаҳои диҷитолӣ ва бо муҳтавои чандрасонаӣ оғоз мекунад.

Кормандони сомонаи "Свободная Европа" ба хонандагони худ аз таҳаввулоти Булғористон, Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ва ҷаҳон хабару таҳлилҳои бетерафона ва ботавозун пешниҳод мекунанд.

Миёнаҳои моҳи январ боз як таҳри интернетии Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ барои Румияния ба кор сар кард.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ - як расонаи ғайритиҷоратӣ буда, бо грантҳои Конгресси ИМА фаъолият мекунад ва дар платформаҳои мухталиф (Интернет, радио, телевизион ва видео) барои аудиторияи 22 кишвари Аврупои Шарқӣ, Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба 26 забон барнома пахш мекунад.

Се сарбози Русия дар Абхозистон кушта шуд

Се сарбози Русия рӯзи 21 январ дар натиҷаи саросер шудани зиреҳпӯш ба дара дар ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон кушта шуд. Дар ин бора мақомоти низомии Русия хабар доданд.

Сухангӯи Ҳавзаи Низомии Ҷанубӣ рӯзи 21 январ гуфт, ки дар ин ҳодиса ду сарбози дигар захм бардошт ва бо чархбол ба бемористони низомӣ интиқол ёфт.

Комиссиюни низомӣ ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кард. Зиреҳпӯш дар ҳоле ба дара афтид, ки корвони низомии Русия ба макони истиқрори доимияш дар минтақа ҳаракат мекард.

Русия соли 2008, баъди як ҷанги кӯтоҳ бо Гурҷистон, истиқлолияти Абхозистон ва ҷумҳурии ҷудоихоҳи дигар - Осетияи Ҷанубиро эътироф кард. Гурҷистон ва бахши умдаи ҷомеаи байналмилалӣ ин ду минтақаро қаламрави ишғолкардаи Русия арзёбӣ мекунанд.

Вазъи сарбозони раҳгумзадаи тоҷик беҳтар шудааст

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Табибони тоҷик мегӯянд, вазъи сиҳатии се марзбон, ки дар кӯҳистони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин роҳгум зада, сахт сармо хӯрдаанд, беҳтар мешавад. Яке аз табибони Маркази саломатии ҷамоати Ёл, ки сарбозон онҷо муолиҷа мегиранд, рӯзи 21-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи ду сарбоз хуб шудааст ва фақат яке аз онҳо, ки пойҳояш тар шуда, сахт сармо хӯрдаанд, ба муолиҷаи бештар эҳтиёҷ дорад.

“Ҳангоми роҳгум задан, пояш дар даруни об задааст, ки сахт сармо задааст. Аммо худаш роҳ меравад ва вазъаш беҳтар мешавад” – гуфт, табиби марказ. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, сарбозон ба сабаби барфи зиёд ва тумани ғафс роҳгум задаанд ва онҳоро рӯзи 20-уми январ ёфтаанд. “Ҳамон якеро, ки пойҳояш сахт сармо хурдааст, бо мошин овардем, ду нафарашон худашон омаданд” - гуфт, ӯ.

Фармондеҳони воҳиди низомие, ки марзбонон онҷо хидмат мекунанд, ба аёдати онҳо омадаанд ва қарор аст, ҳарсе сарбозро барои муолиҷа ба шифохонаи ноҳиявӣ баранд. Надоштани васоили муносиби мухобиротиро яке аз сабабҳои роҳгум задани марзбонони тоҷик медонанд.

Сокинони Магнитогорск аз эҳтимоли таркишҳои нав паём гирифтанд

Магнитагорск - таркиш дар бинои истиқоматӣ

Якчанд муассисаи Магнитогорск аз эҳтимоли таркишҳои нав номаҳои эелектронӣ гирифтанд. Дар ин бора сомонаи 74.ru рӯзи 21 январ хабар дод.

Дар ин паёмҳо, ки нусхаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дар бораи минакорӣ шудани марказҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои илмӣ ва бемористонро гуфта шудааст. Аз ҷумла бемористони N1 ҳамин гуна нома гирифт. "Тавре ду таркиши мо нишон дод, мақомот ба таъмини амнияти мардум қодир нестанд",- омадааст дар нома. Бахши минтақавии Хадамоти амнияти федеролии Русия - ФСБ гуфт, ки ин маълумотро таҳқиқ мекунанд.

Ҳамзамон, шоҳидон дар бораи мавридҳои аз яканд мактаб, бо шумули мактаби хусусии "Лёвушка" берун бурдани талабаҳо хабар доданд. Мактаби хусусӣ дар ҳамон кӯчае ҷойгир аст, ки шаби 31 декабр дар он биноистиқоматӣ таркид ва 39 нафарро кқурбон кард. Аммо дар мактаби рақами 6 ва бемористони рақами 1 гуфтанд, ки аз рӯи реҷаи маъмулӣ кор мекунанд ва касеру берун набурдаанд.

Мақомоти Магнитогорск аз сокинон даъват карданд, ки ба тавтеа дода нашаванд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ҳарду ҳодиса, суқути бинои истиқоматӣ 31 декабр ва оташ гирифтани мусофирбар, рӯзи 1 январ, ба инфҷори газ рабт доранд.

Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи ҷумаъи гузашта баъди он ки гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" масъулияти таркишҳоро бар душ гирифт гуфт, ки онҳо ба фарзияи таркиши газ бартарӣ медиҳанд.

Сорбон Салимов ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Волидон розӣ нестанд

Додгоҳи минтақаи Кулоб Сорбон Салимови 31-соларо, ки баҳори соли гузашта духтари 3-сола ва як зани 53-соларо бо зарби бел кушт, ба мӯҳлати 24 сол маҳкум ба зиндон кард. Дар додгоҳи минтақаи Кӯлоб рӯзи 21-уми январ ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, ки ҳукми додгоҳ рӯзи панҷшанбеи 17 январ содир шуд. Як манбаъ дар додгоҳи минтақаи Кӯлоб, ки ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки Сорбон Салимов ду рӯзи пеш аз содир шудани ҳукм аз шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ рухсат шуд.

Дар хулосаи табибон вазъи саломатии Салимов хуб арзёбӣ шуд ва бо назардошти ҳамин санад, додгоҳ ҳукм кард, ки гумонбар бояд барои куштори бераҳмона аз рӯи қонун маҳкум шавад. Ҳукми додгоҳ ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва дар муддати 10 рӯзи баъди содир шуданаш Салимов ва наздикони ӯ ҳақ доранд, ки аз болои он шикоят кунанд. Як масъули додгоҳ гуфт:

“Табибон хулоса карданд, ки Сорбон Салимов бемории равонӣ надорад ва додгоҳ ӯро ба 24 сол аз озодӣ маҳрум кард». Аммо волидайни маҳкумшуда аз ҳукми додгоҳи минтақаи Кӯлоб розӣ нестанд ва мегӯянд, ки аз болои ҳукм ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд. Қодир Салимов, падари Сорбон Салимов, рӯзи 21 январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мурофиаи писараш ҳама хешовандон иштирок карданд ва «шоҳид буданд, ки авзои писараш дар ҷояш набуд».

Ҳамчунин бихонед:

https://www.ozodi.org/a/tajik-men-court-army-killing-/29665346.html

Салимов гуфт, ки додрас дар охирин суханаш пурсид, ки оё аз ҳукми додгоҳ розӣ аст ё на. Ӯ гуфт, ки писараш ҷавоби рад дод ва танҳо аз додрас хоҳиш кард, ки ӯро ҷавоб диҳанд, то назди кӯдаконаш баргардад. Қодир Салимов гуфт: “Аввал айбдоркунандаи давлатӣ аз суд хост, ки ба мӯҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрумаш кунанд. Аммо судя як солашро кам карду ба 24 соли зиндон ҳукм кард. Мо аз ин ҳукм розӣ нестем ва аз болои он ба Суди олӣ шикоят мебарем, зеро одами беморро чӣ гуна мешавад ин қадар суд кард?».

Хонаводаи Сорбон Салимов мегӯяд, ки писарашон ҳафт сол дар қайди бемористони рӯҳӣ қарор дошт ва аз ин ҳисоб нафақа ҳам мегирифт. Сорбон Салимовро дар ҳоле 24 сол аз озодӣ маҳрум шуд, ки Додгоҳи минтақаи Кӯлоб моҳи декабр амр дода буд, ки Сорбон дар шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ муолиҷа шавад. Бар асоси ин қарори додгоҳ, мутахассисони ин шифохона ҳамчунин бояд хулоса бидиҳанд, ки бемории равонии Сорбон то куҷо ҷиддӣ аст ва оё барои атрофиёнаш хатарнок аст ё не.

Қодир Салимов
Қодир Салимов

Он замон дар додгоҳи минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сабаби амри додрас барои дар “Кӯктош” ҷойгир кардани Сорбон Салимов, рафтори ӯ зимни муҳокимаи додгоҳӣ буд. Ба гуфтаи масулини додгоҳ, дар рафти тафтишот, ду дафъа Сорбон Салимовро ташхиси равонӣ карданд ва хулоса доданд, ки вазъи равонии ӯ “хуб” аст, вале баъди рафтори бадхашмонааш зимни муҳокима, додгоҳ амр додааст, ташхиси Сорбон дар шифохонаи ҷумҳуриявӣ сурат бигирад. Хулоса барои содир кардани ҳукми ниҳоии додгоҳ зарур буд. Сорбон Салимов рӯзи 19-уми марти соли 2018 дар остонаи ҷашни Наврӯз бо ҳамла ба аъзои хонавода ва ҳамсоягон чанд оиларо мотамзада кард.

Ӯ дар он рӯз бо бел ба сари духтараш Момагули 3-сола зада, ӯро кушт ва духтари дуввуму ҳамсарашро сахт маҷрӯҳ кард. Баъди ин ҳодиса ӯро боздошт ва ба қатли ду нафар муттаҳам карданд. Муҳокимаи додгоҳиаш рӯзи 11-уми июли соли 2018 шуруъ шуда буд. Волидони Салимов мегӯянд, ки парвандаи писари онҳо бояд бо назардошти таърихчаи бемории фарзандашон баррасӣ мешуд. Сорбон Салимов солҳои 2009-2011 дар воҳиди низомии 051052 дар шаҳри Душанбе хидмат карда, ба қавли волидонаш, баъди 1 солу 8 моҳи хидмат дучори мушкили равонӣ шуд.

Пас аз бозгашт аз артиш ва муоинаи тиббӣ, табибони вилояти Хатлон хулоса додаанд, ки ӯ гирифтори “маҷзубияти параноидӣ бо раванди хуруҷманд» аст, ки бемории сахти равонӣ ба ҳисоб меравад. Бемории ӯ гоҳ-гоҳе хуруҷ мекардааст, аммо рӯзи 19-уми март ва дар баҳор зоҳиран маҷзубияташ авҷ гирифт, ки бе ҳеҷ далел белро гирифт ва ба ҳамсару кӯдаконаш, ки дар байни ҳавлӣ буданд, ҳамла кард. Аз зарби бел духтари 3-солааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид, духтари дуввум ва ҳамсараш маҷруҳ шуданд. Баъди ин ба кӯча фирор кард ва ба зани ҳамсоя дарафтоду ӯро ҳам захмӣ кард. Ин зан ҳам баъдан даргузашт. Аммо волидайни Сорбон Салимов мегӯянд, ки бо ин ҳолати рӯҳии писарашон ӯ барои зиндониҳо ҳам хатарнок мешавад, вале мақомот инро ба назар нагирифта ӯро мисли як инсони солим маҳкум ба зиндон карданд.

Кремл: музокироти ҷазираҳои Курил бо Ҷопон ба мушкил рӯ ба рӯ шуд

Юрий Ушаков

Кремл мегӯяд, ки музокироти ҷазираҳои Курил бо Ҷопон ба мушкил рӯ ба рӯ шуд. Ба гуфтаи ёвари президенти Русия Юрий Ушаков, изҳороти сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба раванди музокирот таъсир гузошт. Дар ин бора хабаргузории "РИА Новости" бо истинод ба телевизиони "Россия" иттилоъ дод.

Абэ ибтидои моҳи январ гуфт, ки Ҷопон Курилро мехоҳад ва розӣ аст, ки сокинони руси ҷазира баъди пайвастани он ба ҳудуди Ҷопон низ дар онҷо зиндагӣ кунанд.

Ҷопон эътироф намекунад, ки ҷазираҳои Итируп, Шикотан, Кунашир ва Хабомай ба Русия тааллуқ доранд.

Ин ҷазираҳоро СССР дар давраи Ҷанги ҷаҳонии дувум ишғол карда буд. Русия ва Ҷопон ба далели баҳсбарангез будани мақоми онҳо то ҳол созишномаи сулҳ имзо накардаанд. Пас аз мулоқоти Абэ бо президенти Русия Владимир Путин дар моҳи ноябри соли гузашта маълум шуд, ки Ҷопон омодааст, ба эъломияи соли 1956 дар бораи ҷазираҳо баргардад.

Дар он эъломия СССР розӣ шуда буд, ки пас аз имзои созишномаи сулҳ ҷазираҳои Хабомай ва Шикотанро ба Ҷопон баргардонад. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, имзои созишномаи сулҳ маънои додани ҷазираҳо ба Ҷопонро надорад.

Гуфтугӯҳои эҳтимолӣ дар бораи мақоми ҷазираҳо боиси интиқоди шадиди Путин аз ҷониби ҷабҳаҳои гуногуни сиёсӣ шуд.

Дар Москва ва шаҳрҳои дигари Русия рӯзи 20 январ сокинон зидди додани ҷазираҳо ба Ҷопон тазоҳурот карданд. Дар эътирозҳо фаъолони ҳаракатҳои чапгарову ростгаро иштирок доштанд. Иштирокдорон ҳукумати Русия ва Путинро танқид карданд.

Гумонбарони ҳамла ба нозирони табиати Қазоқистон боздошт шуданд

Қазоқистон се гумонбари ҳамла ба кормандони ширкати давлатии "Охотзоопром" дар вилояти Қарағандаро боздошт кард. Дар натиҷаи ин ҳамла як нозири табиат ба ҳалокат расида буд.

Ба гуфтаи сардори Департаменти иртиботи дохилӣ ва хориҷии Вазорати умури дохилии Қазоқистон Алмос Садубоев, ин се нафар дар натиҷаи як амалиёти махсус дар яке аз хонаҳои шахсӣ дар Қизилорда дастгир шуданд. Гумонбарон ба боздоштгоҳи муваққатии вазорат интиқол ёфта, тафтишот идома дорад.

Ҳамла ба ду корманди "Охотзоопром" -- Ерлан Нургалиев ва Петр Нитсик рӯзи 13 январ дар ноҳияи Нурини вилояти Қарағанда рух дод. Онҳо мехостанд, гумонбарони куштори сайгаҳо (як навъ бузҳои саҳроӣ)-ро боздошт кунанд, аммо гумонбарон муқобилат нишон доданд. Дар ин ҳодиса нозири 53-солаи табиат Нургалиев захми шуд ва рӯзи 15 январ беморхона 15 январ ба ҳалокат расид.

ВКД Қазоқистон гуфт, дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Куштор" парванда боз кардааст. Санҷиши ҳодисаро Додситони кулли Қазоқистон зери назорати худ гирифтааст.

Тазоҳуроти ҳунармандони сирки Қирғизистон дар назди "Кохи сафед"

Бинои сирки Қирғизистон

Ҳунармандони Сирки давлатии Қирғизистонрӯзи 21 январ дар рӯбарӯи бинои порлумони ин кишвар даст ба тазоҳурот заданд.

Раҳбари гуруҳ Даниёр Блокбоев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, онҳо талаб доранд, мудири кулли Сирки давлатии Қирғизистон шахсе таъйин шавад, ки бо ҳунари сирк ошно бошад. Эътирозгарон ба ин мақом номзади худ -- Аида Акматоваро пешниҳод доранд.

Кормандони Сирки Қирғизистон нигаронанд, ки 45 рӯз мешавад, раҳбари нави онҳоро таъйин намекунанд ва ҳам намегӯянд, ки номзадии кӣ ба ин мақом мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз 40 ҳунарманди сирк, 35 тнафар мегӯянд, дар сурати иҷро нашудани ин талаб аз кор хоҳанд рафт.

Мудири кулли пешини Сирки Қирғизистон Курмангазӣ Исанаев, ки аз соли 2004 дар ин мақом ифои вазифа мекард, охирҳои соли 2018 дар пайи норозигии ҳайати кормандон аз мақомаш барканор шуд. Вазифаҳои ӯро муваққатан Даря Кусейнова иҷро мекунад.

Бино ба хабарҳо, Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Қирғизистон дар ҳоли ҳозир барномаҳои номзадҳо ба мақоми мудирии сиркро баррасӣ дорад. Ба гуфтаи вазири фарҳанги Қирғизистон Азамат Жаманқулов, чаҳор нафар номзадии худро пешниҳод кардаанд.

Сирки давлатии Қирғизистон соли 1962 таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир дар он 130 нафар кор мекунанд, ки 40 танашон ҳунармандонанд.

Мирзиёев имсол 36 сафари хориҷӣ анҷом медиҳад

Президенти Узбекистон дар фурӯдгоҳи Берлин

Дар соли равон президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 36 сафари хориҷиро ба нақша гирифтааст. Дар ин бора раҳбари Пресс-клуби байналмилалӣ Шерзодхон Қудратхуҷаев хабар дод.

Президенти Узбекистон 20 январ бо сафари расмӣ ба Олмон рафт. Қарор аст, ӯ бо президент Франк-Валтер Штайнмайер, садри аъзам Ангела Меркел ва раҳбари Бундестаг Волфганг Шойбле дар Берлин дидору гуфтугӯ кунад.

Мирзиёев сафари хориҷии худро дар соли равон аз Ҳиндустон оғоз кард. Ӯ рӯзҳои 17-18 январ дар як ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ дар Ҳиндустон иштирок дошт.

Қарор аст, Мирзиёев пас аз Олмон аз Белгия, Швейтсария, Канада, Ҷопон, Булғористон ва Беларус боздид кунад.

Дар Узбекистон ҳавопаймои Ислом Каримовро фурӯхтанд

Дар Узбекистон яке аз се ҳавопаймои "British Aerospace Avro RJ85"-и ширкати "Uzbekistan Airways"-ро фурӯхтанд, ки соли 1997 махсус барои раҳбарияти ин кишвар сохта шуда буданд. Дар ин бора шабакаи AviaSpotter иттилоъ додааст.

Ин ҳавопаймо барои президенти пешини Узбекистон Исом Каримов хидмат мекард. Солҳои 1997-2013 Каримов бо ҳавопаймои мазкур ба минтақаҳои Узбекистон ва кишварҳои наздик сафар менамуд. Ду ҳавопаймои дигар -- UK-8002 ва UK-80003 низ барои фурӯш омодаанд.

Оғози маҷлиси солонаи ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе маҷлиси солонаи ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ шуд. Қарор аст дар ҷаласа масъалаҳои муҳим барои кишвар баррасӣ гардад ва эҳтимол тағйиротҳои кадрӣ низ сурат бигирад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 баррасӣ мегарданд.

Маҷлиси васеи Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раис ҳукумат баргузор мегардад. Дар ҷаласа сарвазир, кобинаи вазирон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иштирок мекунанд.

Қарор аст нахуст Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ҳукумат дар соли гузашта ҳисобот диҳад. Бархе манобеъ мегӯянд, дар пайи ҷаласаи ҳукумат эҳтимол баъзе тағйиротҳои кадрӣ сурат гирад. Масъалаи тақдири ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” низ аз масъалаҳои муҳими ҷаласа гуфта мешавад.

Владимир Путин худро ба оби ях андохт

Акс аз бойгонист.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва тахминан 270 ҳазор сокинони Маскав бар тибқи анъанаи калисои православӣ рӯзи 19-уми январ худро ба оби ях андохтанд.

Ҳар сол рӯзи 19-уми январ масеҳиёни православӣ ба нишони ғусли таъмид се дафъа ба оби яхи дарё ва кулҳо мепаранд. Дар Маскав барои ин маросим 60 ҷой дуруст карданд.

Вазорати умури дохилии Русия гуфт, ки дар маросим дар саросари кишвар тақрибан 2 миллиону 400 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Дмитрий Песков, сухангуи раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин ҳам ба оби ях паридааст, вале нагуфт, ки дар кадом минтақаи Маскав.

Боздошт барои интиқоли 25 миллион евро ба террористон

Акс аз бойгонӣ

Додситонҳои Булғористон панҷ шаҳрванди Сурия ва як зани булғориро ба сармоягузории гуруҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна муттаҳам карданд. Румиана Арнаудова, сухангуи додситонии кулли Булғористон рӯзи 19-уми январ гуфт, “ин гуруҳ дар зарфи чаҳор соли гузашта ба гуруҳҳои террористӣ 25 миллион евро фиристодааст”.

Иван Гучев, муовини додситони кулли Булғористон гуфтааст, чунин ҳодиса дар Иттиҳодияи Аврупо то кунун дида нашудааст. Интиқоли миллионҳо евро соли 2016 сурат гирифтааст.

Неруҳои махсус дар робита ба ин қазия рузи 18-уми январ дар чандин ҷой амалиёт анҷом дода ва 43 нафарро дастгир карданд. Ба гуфтаи Арнаудова, пулро аз роҳи системаи исломии “ҳавола” интиқол медодаанд, аз ин рӯ радёбии он мушкил будааст.

Ба гуфтаи ӯ, гуруҳи ҷиноӣ ҳамчунин дар Булғористон даҳҳо мошин харида ва аз тариқи марзи Туркия ба гуруҳҳои террористӣ ба Сурия фиристодааст.

Эътирозҳо ба зидди тавофуқи Путин бо Ҷопон

Ҷазираҳои Шикотан

Дар шаҳри Маскав ва дигар гушаҳои Русия садҳо нафар ба зидди эҳтимоли ба Ҷопон додани ҷазираҳои Курил эътироз карданд. Рӯзи 20-уми январ дар тазоҳуроти шаҳри Маскав, ки бо иҷозаи мақомот сурат гирифт, садҳо нафар ҳузур доштанд.

Тазоҳурот бо ташаббуси гуруҳе аз созмонҳои чапгаро ва миллатгаро аз ҷумла Ҷабҳаи Чап, Русияи дигар, Новороссия баргузор шуд. Дар шаҳри Хабаровск дар Шарқи Дур 500 нафар дар тазоҳурот ширкат карданд ва ба зидди ҳукумати Владимир Путин шиор медоданд ва фарёд мекашиданд, ки Курил аз мост.

Дар шаҳри Сахалини Ҷанубӣ, маркази Сахалин 300 нафар дар тазоҳурот ширкат карданд. Чаҳор ҷазира дар Курилро шӯравии собиқ дар рузҳои охири Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ишғол кард. Барои ҳамин то кунун Русия ва Ҷопон аҳдномаи сулҳ набастаанд.

Моҳи ноябр Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Шинзо Абе нахуствазири Ҷопон ба созиш расиданд, ки ду ҷазираи камаҳолӣ бар асоси пешниҳоди шӯравӣ дар соли 1956 ба Ҷопон баргардонда шавад. Дар Ҷопон яке аз ин ҷазираҳоро Шикотан ва дигариро Ҳабомай меноманд.

14 нафар мехоҳанд, раиси ҷумҳури Афғонистон шаванд

Доктор Абдулло аз азмаш барои ширкат дар интихобот эълон медиҳад

Дар Афғонистон рӯзи 20-уми январ муҳлати сабти номи довталабон ба мақоми номзад ба раиси ҷумҳур ба поён расид ва кумиссиёни интихоботӣ 14 нафарро сабти ном кардааст.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури феълӣ, Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллӣ ва Абдулло Абдулло, раиси ҳукумати иҷроия аз довталабони мақоми раиси ҷумҳур ҳастанд.

Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло дар интихоботи соли 2014 рақибони ҳам буданд ва дар он вақт, мегуфтанд, ки дар интихобот тақаллуби зиёде сурат гирифтааст.

Баъди моҷарои зиёд, бо миёнҷигарии Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико дар Афғонистон ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис доданд ва Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳур ва Абдулло Абдулло, раиси ҳукумати иҷроия эълон шуд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 20-уми июл ҳамроҳ бо интихоботи маҷлисҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ сурат мегирад.

Садҳо нафар дар Боку озодии зиндониҳои сиёсиро талаб карданд. АКС

Садҳо эътирозгар аз ҳукумати Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, талаб карданд, блогери зидди фасод Меҳмон Ҳусейнов ва афродеро, ки ки ба бовари онҳо маҳбуси сиёсӣ ҳастанд, озод намояд.

Ин роҳпаймоӣ рӯзи 19-уми январ дар шаҳри Боку баргузор гардид.

Меҳмон Ҳусейнов мебоист ба зудӣ аз зиндон озод шавад. Вале охири моҳи гузашта, дар арафаи анҷоми муҳлати ҳабсаш, мақомоти Озарбойҷон алайҳи ӯ айбномаи нав эълон карданд.

Ӯ ҳоло ба "зуроварии хатарнок ба ҳаёти намояндаи ҳукумат" муттаҳам мешавад. Меҳмон Ҳусейнов ва чанде аз зиндониҳои сиёсӣ ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ заданд.

Блогери маъруф қаблан бо ҷурми “туҳмат” дуним сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Боздошти як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик дар Челябинск

Акс аз бойгонӣ

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷику узбек дар Челябински Русия боздошт ва ба идораҳои пулис бурда шудаанд. Ҳодиса рӯзи 18-уми январ сурат гирифтааст. Муҳоҷирон дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маъмурони пулис аз онҳо санади иқомат ва иҷозаи кор талаб карданд.

Муҳаммад, як муҳоҷири тоҷик дар Челябинск, рӯзи 19-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта дар идораи пулиси Курчатов буд ва дар онҷо шумораи зиёди муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷику узбекро дидааст. Вай барои раҳо кардани бародарзодааш, ки низ рӯзи 18-уми январ дастгир шуд, ба онҷо рафтааст.

"Ҷиянамро аз ҷои кораш дар сохтмон бурдаанд. Вай худро дар як хона дар Челябинск сабтином карда, вале ҳамроҳи ҳамкоронаш дар ҷои дигар мезист. Баъди талошҳои мо, ду ҳазор рубл ҷарима карда, озод намуданд. Аммо як гуруҳи дигарро, ки муҳлати сабтиномашон гузашта будааст, аввал ҷарима ва сипас ихроҷ мекунанд", - афзуд мусоҳиби мо.

Боздошти дастҷамъии муҳоҷирон дар рӯзе сурат гирифтааст, ки гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" фурӯравии як бахши бинои баландоёшна ва таркиши мусофирбар дар шаҳри Магнитогорскро кори дасти тарафдоронаш донист. Муҳоҷирон мегӯянд, ҳарчанд мақомоти Русия ин фарзияро қабул надоранд, маъмурони милисаи вилояти Челябинск бо истифода аз фурсат муҳоҷиронро аз ғалбер мегузаронанд.

Муҳаммад ҳам мегӯяд, "рӯзи гузашта ҳамаи муҳоҷирон ба якдигар занг зада, аз "облава" хабардор карданд. Бисёриҳо ба ҷои кори худ нарафтанд. Азбаски маъмурони милиса баъзе хонаҳоро гашта, муҳоҷиронро мекофтанд, бисёриҳо шаби гузашта ором нахобиданд. Танҳо касоне ки шиносномаи русӣ доштанд, эмин монданд."

Дар ҳамин ҳол, масъули ҷамъияти тоҷикони Челябинск гуфт, дар бораи боздоштҳои дастҷамъии муҳоҷрон касе ба онҳо шикоят накардааст. Аммо ӯ гуфт, "шояд мақомот барои тартибу низом санади муҳоҷиронро тафтиш мекунанд ва ҷои нигаронӣ нест."

Вилояти Челябинск, ки аз вилоятҳои саноатӣ ва аграрии Русия ба ҳисоб меравад, беш аз 3 миллион аҳолӣ дорад ва бино ба гузоришҳои ғайрирасмӣ дар вилоят на камтар аз 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд.

Гулбиддин Ҳикматёр номзад ба мақоми президентӣ шуд

Гулбиддин Ҳикматёр

Гулбиддин Ҳикматёр – раиси Ҳизби исломӣ – номзад ба мақоми президентии Афғонистон шуд.

Вай рӯзи 19-уми январ худро дар Кумисюни интихобот номнавис кард. Муовини аввалаш Фазлҳодӣ Вазин ва муовини дувумаш Ҳафизурраҳмон Нақӣ муаррифӣ шуданд.

Гулбиддин Ҳикматёр гуфт, шӯрои олии давлатиро таъсис медиҳад, ки тасмимҳои муҳими миллӣ аз тарафи ҳамин шӯро гирифта хоҳад шуд. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, Кумисюни интихобот бояд ислоҳ шавад, то интихоботи оянда бо шаффофият анҷом гирад ва ҳақ ба ҳақдор бирасад.

Раҳбари Ҳизби исломӣ ҳаштумин номзад аст, ки худро барои интихоботи ояндаи президентӣ дар Афғонистон сабтином кардааст.

Латифи Пидром, намояндаи вилояти Бадахшон дар порлумони Афғонистон ва раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ, аз нахустин номзадҳое буд, ки ҳафтаи гузашта худро сабтином кард.

Гулбиддин Ҳикматёри 72-сола пас аз 20 сол дубора ба Афғонистон баргаштааст. Бозгашти ӯ бар пояи созиш бо раҳбари феълии Афғонистон сурат гирифт.

Трамп охири феврал бо раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот мекунад

Доналд Трамп ва Ким Ҷонг Ун

Мулоқоти дувуми Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, охири моҳи феврали имсол баргузор хоҳад шуд.

Кохи Сафед рӯзи ин хабарро 18-уми январ ва баъди он эълон кард, ки як генерали баландпояи Куриёи Шимолӣ дар як сафари истисноӣ вориди Вашингтон шуд. Ба қавли Сара Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед, маҳалли дидори навбатии Трамп бо Ун дертар эълон мешавад.

Сандерз афзуд, Трамп ва генерал Ким Йонг Чол, музокиракунандаи аршади Куриёи Шимолӣ ва раиси собиқи амнияти он кишвар, ҳудуди якуним соат гуфтугӯ кардаанд. Дидори навбатӣ ва халъи силоҳи ҳастаӣ дар нимҷазираи Куриё аз мавзӯи баҳси онҳо будааст.

Чол, ки ба унвони як чеҳраи тундрав шинохта мешавад, рӯзи панҷшанбе вориди Амрико шуд. Трамп ва раҳбари Куриёи Шимолӣ бори аввал моҳи июни соли 2018 дар Сингапур бо ҳам мулоқот карданд.

Дар таркиши Мексика дастикам 20 нафар ҷон бохтаааст

Дар натиҷаи таркиш дар як хатти лӯлаи нафт дар Мексика ба камияш 20 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 18-уми январ дар аёлати Ҳидалко рух дод.

Умар Файёз, волии Ҳидалко, гуфтааст, 54 нафар таҳти муолиҷа қарор гирифтанд.

Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, садҳо тан бо зарф дар маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд, то аз онҷо нафт бигиранд.

Умар Файёз дар Твиттер ба сокинон ҳушдор додаст, ки нафтро надузданд, чун ин кор натанҳо ғайриқонунист, балки ҷони онҳоро низ ба хатар меандозад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Нигоҳе ба рӯзи дуввуми эътирозҳо ба афзоиши қимати нафт дар Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG