Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Олмон: "Агар дар Венесуэла интихобот эълон нашавад, мо Гуайдаро эътироф мекунем"

Хуан Гуайдо

Ба дунболи Амрико, Олмон ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо омодаанд, ки Хуан Гуайдоро раҳбари муваққатӣ ва қонунии Венесуэла эътироф кунанд, агар дар фурсати наздик дар ин кишвар интихоботи нав эълон нашавад.

Тавре намояндаи ҳукумати Олмон Штеффан Зайберт рӯзи 25-уми январ гуфт, Олмон наметавонад президенти феълии Венесуэларо, ки соли гузашта дар интихоботи ноозод ва ноодилона пирӯз шуд, раҳбари қонунӣ эътироф кунад.

Назари ба ин монандро вазири умури хориҷии Испания баён кард. Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Моғеринӣ қаблан ба баргузории интихоботи озоду одилона даъват намуд.

Николас Мадуро худро президенти қонунии Венесуэла медонад ва аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ суҳбат мекунад, ки ба гуфтаи ӯ мухолифонаш бо кумаки Амрико пиёда мекунанд.

Хуан Гуайдо - раҳбари Ассамблеяи миллӣ - рӯзи сешанбе худро раҳбари муваққатии Венесуэла эълон кард ва Мадуроро ғосиб номид. ИМА, Канада ва аксар давлатҳои Амрикои Лотинӣ ӯро эътироф карданд. Русия, Чин, Туркия ва як идда кишварҳои дигар аз Мадуро пуштибонӣ мекунанд. Мадуро ҳамчунин аз пуштибонии генералҳои кишвараш бархӯрдор аст.

Николас Мадуро қудратро дар Венесуэла соли 2013 ба даст овард. Он замон ӯ дар интихоботе пирӯз шуд, ки пас аз марги раҳбари пешини ин кишвар Уго Чавес сурат гирифт. Мадуро барои риоя накардани меъёрҳои демократӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон танқид мешавад.

Венесуэла ба буҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор аст. Соли 2018 нишондиҳандаи таваррум дар кишвар аз хатти миллион дар сад гузашт. Се миллион нафар кишварро тарк кард.

Қазияи “Саша Массква” боис ба барканории як полис шуд

Сашша Массква

Як маъмури полиси Маскав, ки аз латту кӯб шудани видео-блогери тоҷик Саша Массква пешггирӣ накардааст, аз кор ронда шуд.

Дар ин бора сардори шуъбаи чаҳоруми Раёсати корҳои дохилии Маскав рӯзи 25-уми январ дар посух ба дархости “Русияи боз” хабар дод. Мақомоти пулис гуфтанд, ки таҳқиқ нақзи қонунро ошкор кард.

Охири моҳи ноябри соли 2018 дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он видео-блогери тоҷики Саша Массква сабт шудааст. Ҷавони тоҷик дар ҳузури маъмури пулис ба рӯи Саша Массква чанд шаппотӣ зада ва ӯро ба ҳамҷинсгароӣ муттаҳам мекунад.

Дар ин навор дида мешавад, ки Саша Массква ба яке аз маъмурони пулис муроҷиат карда ва аз ӯ кумак мехоҳад, вале полис ин ҳодисаро нодида мегирад.

Пас аз нашри видеои ҷанҷолбарангези латту кӯб дар ҳузури корманди полис мақомоти қудратӣ ҳатто аризаи ҷабрдидаро қабул накарданд. Танҳо пас аз дахолати кумитаи Мусоидати шаҳрвандӣ масъала ранги дигар гирифт.

Саша Масскваи 23-сола аз шаҳри Душанбе буда, мегӯяд, бо далелҳои амниятӣ исми воқеӣ ва дигар мушаххасоти худро пинҳон медорад. Ӯ чанд сол боз дар пойтахти Русия зиндагиву таҳсил дорад ва ба ҳамин хотир тахаллуси "Массква"-ро гирифтааст.

Юнон созишномаи "Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ"-ро тасдиқ кард

Нахуствазири Юнон Алексис Тсипрас ҳангоми раъйдиҳӣ. 25 январ, 2019

Порлумони Юнон созишнома дар бораи тағйири номи Македония ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолиро тасвиб кард. Дар ин бора нашрияи "Нефтемпорики", чопи Афина, рӯзи 25-уми январ хабар дод. 153 намояндаи мардумӣ аз тағйири номи Македония пуштибонӣ ва 146 нафар мухолифат карданд.

Қаблан бинобар баҳсҳои номи нави Македония ҳукумати эътилофии Юнон аз ҳам пошид. Дар эътирозҳои зидди тағйири ном дар Афина бинобар рӯзи боронӣ одами зиёд иштирок накард. Ба тағйири номи кишвари ҳамсоя ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ 70 дар сади юнониҳо мухолифат доранд.

Созишномаро соли гузашта нахуствазири Юнон Алексис Тсипрас ва ҳамтои ӯ аз Македония Зоран Завев дар соҳили кӯли Преспа имзо карданд, ки Македонияро аз Юнон ҷудо мекунад. Бо тасвиби созишнома дар порлумони Юнон роҳи Македония ба узвияти Иттиҳоди Аврупо ва НАТО боз мешавад.

Созишномаи Преспа аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ, ки мехоҳанд нуфузи Русияро дар Балкан маҳдуд кунанд, пуштибонӣ ёфт. Аммо ба ин санад асосан миллатгароёни Македония ва Юнон мухолифат доранд ва мегӯянд, он ба тарафи муқобил фоида меорад.

Юнон то ин замон узвияти Македония, давлати Югославияи собиқ ба Иттиҳоди Аврупоро масдуд мекард. Дар Афина ба ин назар буданд, ки агар ин давлат “Македония” боқӣ бимонад, дар оянда метавонад барои минтақаи ҳамном дар Юнон даъво кунад.

Дабири кулли НАТО: Паймони мушакӣ таҳти хатар аст

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 25 январ гуфт, ки гуфтугӯҳои миёни сафирони узви НАТО ва Русия дар ҳалли баҳси сари мушакҳои таҳдидкунанда ба Аврупо бенатиҷа анҷомид. Дар паи ҷаласае, ки дар шаҳри Брюссел баргузор шуд, Столтенберг гуфт, ки ҳоло сарнавишти паймони муҳими замони Ҷанги Сард таҳти хатар аст. Созиши соли 1987 оид ба мушакҳои миёнапарвоз, ки миёни ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ имзо шуда буд, истеҳсол, озмоиш ва рушди мушакҳоеро, ки тавони расидан ба ҳадафи 500 то 5,5 ҳазор километрро доранд, манъ мекард. Ин созиш дар ҳифзи амнияти Аврупо як санади калидӣ арзёбӣ мешуд. Столтенберг гуфт:

«Дар ҷараёни мулоқот пешравии назаррасе ҳосил нашуд, чунки Русия ишора накард, ки хостори тағйир додани мавқеаш мебошад. Вале Русия ҳанӯз ҳам имкон дорад, ки барои мувофиқат бо ин созиш сари мизи гуфтушунид баргардад ва мо аз Русия даъват мекунем, ки аз ин имконият истифода кунад. Масъулияти ҳифзи мавқеъ ба Русия аст, чунки Русия аст, ки аз роҳи рушд ва мустақар кардани мушакҳо шартҳои созишро нақз мекунад ва бо ин амалаш зидди ин созиш кор кардааст. Ин мушакҳои сангинро сабт кардан душвор аст, чунки онҳо босуръат ҳастанд, тавонмандиҳои ҳастаӣ доранд, метавонанд то шаҳрҳои Аврупо бирасанд”

Маскав иттиҳомоти инро, ки хилоф бо созишномаи силоҳҳо амал кардааст, рад мекунад ва мегӯяд, ки силоҳи наваш тавони парвоз дар масофаи 480 километрро дораду бас. Маскав ангушти иттиҳомро ба Вашингтон баланд карда мегӯяд, ки дар фикри азсаргирии рақобати нави мушакӣ мебошад. Вашингтон аз ин пеш гуфта буд, ки агар Русия мувофиқи қарордод амал накунад, шурӯъ аз 2 феврал ҷараёни шашмоҳаи берун шудан аз созишро шурӯъ хоҳад кард.

Роҷер Стоун, мушовири пешини Трамп дар Флорида боздошт шуд

Роҷер Стоун

Роҷер Стоун, яке аз шарикони президенти Амрико Доналд Трамп, рӯзи 25-уми январ бо чанд иттиҳоми марбут ба таҳқиқоти Роберт Мюллер, дар заминаи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи ИМА, дар Флорида боздошт шуд.

Боздошти Стоун дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи 24-уми январ бар пояи қарори доварони аршад, ки дафтари прокурори махсус Мюллер нашр кард, алайҳи ӯ аз рӯи ҳафт банд айб эълон шуд.

Ба гуфтаи масъулони дафтари Мюллер, Роҷер Стоун - шарики қадимӣ ва мушовири маъракаи интихоботии Доналд Трамп - аз рӯи як банд ба эҷоди монеа ба бозҷӯии додгоҳӣ, аз рӯи панҷ банд ба додани шаҳодати бардурӯғ ва аз рӯи як банд ба дасткории шоҳид муттаҳам мешавад.

Иттиҳом алайҳи Стоун ҳамоҳангӣ бо Русия ва дахолати ҳукумати Русия дар умури интихоботи соли 2016-и Амрикоро дар бар намегирад.

Аммо он дар бораи баҳсҳои Стоун оид ба имейлҳои дуздидашудаи Ҳизби демократ аз ҷониби Wikileaks чанд ҳафта пеш аз интихобот, ки дар он Трамп ба номзади демократҳо Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд, ҷузъиёт медиҳад.

Мюллер мегӯяд, он имейлҳо ба Ҷон Подеста, раҳбари маъракаи интихоботии Клинтон тааллуқ дошт ва аз ҷониби афсарони истихбороти Русия рахна шуд.

Роҷер Стоун нимаи дуюми рӯзи 25-уми январ дар ростои додгоҳи Флорида ҳозир мешавад.

Футболбози шинохтаи тоҷик Дилшод Восиев аз "Истиқлол" рафт

Дилшод Восиев, капитани собиқи «Истиқлол» ва узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки яке аз футболбозони серунвонтарин дар таърихи футболи тоҷик ба шумор меравад, карйераи бозигариашро дар бошгоҳи Душанбе ба итмом расонид.

Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ҳамлагари маъруф Дилшод Восиев баъди даҳ соли ҳунарнамоии худ дар ҳайати «Истиқлол», аз ин бошгоҳ рафт ва феълан бозигари озод мебошад.

Дилшод Восиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар дастаи «Истиқлол» даҳ мавсим бозӣ карда, соҳиби унвону ҷоизаҳои зиёд шуд. Ӯ мегӯяд, дар ин бошгоҳ беҳтарин солҳои ӯ дар футбол гузаштааст ва ҳамчун футболбоз маҳз дар «Истиқлол» камол ёфт.

"Аз ҳамаи аъзои бошгоҳ, ҳамкасбону мураббиён барои дастгириашон миннатдорам. Ҳамчун бозигари озод интизори даъват аз бошгоҳҳои дигар мебошам. Ман ҳанӯз нерӯи зиёд дорам ва карйераи бозигариамро идома медиҳам”, -гуфт Дилшод Восиеви 30-сола ба Радиои Озодӣ.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, роҳбарияти бошгоҳ пеш аз оғози мавсими нав ҳамасола ҳайати дастаро аз ҳисоби бозигарони ҷавону моҳир пурра мекунад. Аз ин рӯ, роҳбарияти бошгоҳ ба Дилшод Восиев барои хидматҳои бузургаш дар тӯли даҳ сол дар даста изҳори сипос намуда, ба ӯ дар оянда муваффақият таманно кардааст.

Дилшод Восиев аз оғози соли 2009 дар «Истиқлол» бозӣ мекард. Дар ин муддат ӯ ду бор (2012, 2013) беҳтарин бозигари Тоҷикистон ва се бор (2012, 2014, 2017) беҳтарин нишонзани мусобиқоти қаҳрамонии кишвар шудааст.

Ӯ ҳамроҳ бо дастаи қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон дар бисёр мусобиқоти дохили кишвар ғолиб шуда, инчунин барандаи Ҷоми президенти АФК-2012 ва финалисти дукаратаи Ҷоми АФК (2015, 2017) гардидааст.

Дилшод Восиев, инчунин дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2006 ғолиби Ҷоми даъвати АФК гардида, дар ин мусобиқот бо медалҳои нуқра (2008) ва биринҷӣ (2010) мукофотонида шудааст.

Тоҷикистон аз нигоҳи озодии иқтисодӣ дар ҷои 122 қарор гирифт

Мавқеи Тоҷикистон дар шохис ё индекси озодиҳои иқтисодии Бунёди Мерос-2019 (Heritage Foundation: 2019 Index of Economic Freedom) поинтар рафта, дар миёни кишварҳои "ғолибан ноозод" ва дар зинаи 122-юм ҷой гирифт.

Дар гузориши нави Бунёди Мерос, қароргоҳаш дар Амрико, гуфта мешавад, мавқеи Тоҷикистон дар соли гузашта бино ба мушкилот дар бахши озодиҳои тиҷоратӣ ва вазъи соҳибкорӣ поин рафтааст.

Дар гузориш омадааст, бо вуҷуди дар авлавияти кори ҳукумат будани кумак ба сохторҳои бонкӣ, ин система дучори мушкили зиёд аст. "Фазои бади тиҷоратӣ, муқаррароти бюрократӣ, мудирияти номуназзам ба фазои сармоягузорӣ таъсир гузоштааст", - омадааст дар гузориш.

Талошҳо барои кумак ба нигоҳ доштани қурби асъори хориҷӣ имкони роҳандозии тадбирҳои пулии дигарро коҳиш медиҳад. Бо вуҷуди пешрафти муайяне дар бахши хусусӣ, суръати рушд дар ин бахш хеле кам будааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки иҷрои қонунҳо хеле заиф буда, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои олуда ба фасод боқӣ мемонад. Соли 2017 Тоҷикистон дар ин гузориш дар мавқеи 109 ва дар гурӯҳи кишварҳои “ғолибан ноозод” қарор дошт.

Ин арзёбиҳо дар ҳолест, ки мушкил дар бахши иқтисоду соҳибкорӣ ва бахши сармоягузории Тоҷикистонро мақомоти баландпояи кишвар ҳам эътироф мекунанд. Дар маҷлиси солонаи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 21-уми январ баргузор шуд, маҳз бахши иқтисод мавриди баррасӣ ва интиқоди шадид қарор гирифт.

Хадамоти алоқа ва вазорати адлия ба саволҳои журналистон посух медиҳанд

Яке аз сохторҳое, ки рӯзи 28 январ нишаст барпо мекунад, Хадамоти алоқа ба раҳбарии Бег Сабур аст

Оҷонсии расмии “Ховар” мегӯяд, ки ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ, ки қарор аст аз 28 январ шурӯъ шаванд, як рӯз пеш аз баргузориашон дар ҳамин вебсайт нашр мешаванд. Дар хабари рӯзи 25 январ гуфта мешавад, ки нишастҳои хабарӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар соли 2018 аз Вазорати адлия, Хадамоти алоқа, Вазорати кишоварзӣ, КВДҶ «Тоҷикагролизинг», Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Вазорати энергетика ва захираҳои об оғоз хоҳанд шуд.

Дар солҳои қаблӣ нишастҳои матбуотӣ бо дастури Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва бар асоси як ҷадвали аз пеш тарҳрезишуда баргузор мешуданд ва журналистон имкони аз қабл омода шудан ба ин нишастҳоро доштанд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, нақшаи нишастҳои матбуотии шурӯи соли 2019 моҳи декабр аз ҷониби Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон имзо шуда, қарор аст аз 28 январ то 15 феврал идома кунад.

Нишастҳои матбуотии ҳатмии мақомоти сохторҳои давлатии Тоҷикистон бо як амри президенти Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 роҳандозӣ шудаанд. Ин нишастҳо соле ду бор баргузор мешаванд ва намояндагони матбуоти тоҷик танҳо дар ҳамин фурсат имкон доранд, ки саволҳои худро бо мақомот матраҳ кунанд. Дар оғози ҷорӣ шудани муқаррароти баргузоркунии нишастҳои матбуотӣ чунин нишастҳо соле чор бор баргузор мешуданд.

Журналистони тоҷик мегӯянд, ки бо вуҷуди нокофӣ ва хеле маҳдуд будани имконияти гирифтани посухи саволҳояшон, бархе сохторҳои давлатӣ дар ин нишастҳо боз ҳам талош мекунанд аз саволи журналистон фирор кунанд ва танҳо бо қироати гузориш оид ба фаъолияти солонаву нимсолаашон маҳдуд шуда толорро тарк мекунанд. Як чунин нишасти матбуотии мақомоти кумитаи зан ва оила соли 2018 мавриди интиқоди журналистон қарор гирифта буд.

Дар ҳолатҳои зиёди дигар мақомоти аввали сохторҳои давлатӣ аз ҳозир шудан дар баробари журналистон худдорӣ мекунанд ва муовину дигар мутасаддиёни худро ба ин нишастҳо мефиристанд. Ин дар ҳолест, ки бисёр вақт журналистон мехоҳанд саволҳои худро ба раҳбарони аввал бидиҳанд.

Аҳолии Олмон аз баракати муҳоҷират ба 83 миллион расид

Муҳоҷирон дар роҳ ба сӯи Аврупо

Идораи федеролии омори Олмон хабар дод, ки охири соли гузашта аҳолии ин кишвар ба 83 миллион нафар расид. Ба қавли мақомот, ин рақам нисбат ба соли 2017 ба камияш 200 ҳазор бештар аст.

Афзоиши аҳолӣ аз замони ҳамоиши Олмони Шарқӣ ва Ғарбӣ яке аз оморҳои баландтарин ба шумор меояд ва аз ҳисоби пазируфтани муҳоҷирону паноҳандагон ҳосил шудааст. Соли 1990, баъди ҳамоиши Олмони Шарқиву Ғарбӣ, аҳолии кишвар 79,3 миллион ҳисоб шуда буд.

Дар гузориши Идораи федеролии омори Олмон гуфта шудааст, ки "соли гузашта сатҳи таваллуд аз 785 ҳазор то 805 ҳазор ва маргу мир аз 950 ҳазор то ҳазор буд."

Мизони муҳоҷирати одамон ба Олмон аз 416 ҳазори соли 2017 то 340-380 ҳазор нафар дар поин омадааст. Аз соли 2015, авҷи муҳоҷират ба Олмон, ин раванд тадриҷан рӯ ба коҳиш овард.

Олмон баъди Русия, ки 144 миллион аҳолӣ дорад, дуюмин кишвари сераҳолии Аврупо аст. Ин кишвар дар байни давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо низ аз ҳама бештар аҳолӣ дорад.

Трамп барои оғози кори ҳукумат пешпардохти деворро мехоҳад

Баҳси "шатдаун" дар Кохи Сафед

Президент Трамп ба ҳеҷ як созиши кӯтоҳи оғози фаъолияти ҳукумат розӣ нест, магар ки пешпардохти чашмгири девори ваъдагӣ ба он илова шавад.

Изҳороти сухангӯи Кохи Сафед Сара Сандерс дар ин робита дар ҳоле пахш шуд, ки раҳбари ҷиноҳи аксарияти ҷумҳурихон дар Сенат Митч Макконелл ва раҳбари демократҳо дар Сенат Чак Шумер барои дарёфти роҳи мусолиҳа мулоқот карданд.

Субҳи 24-уми январ Сенат пешниҳодҳои рақобатии демократҳо ва ҷумҳурихоҳонро барои хотима додан ба тӯлонитарин "шатдаун", ки 34 рӯз боз давом дорад, рад кард.

Ин ҳафта ҳудуди 800 ҳазор корманди давлатии Амрико бори дувум аз маош маҳрум шуданд.

Вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳида Уилбур Росс рӯзи 24-уми январ аз кормандони ҳукумати федеролӣ даъват кард, ки барои пардохти ҳисобҳои худ қарз бигиранд. Ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNBC гуфт, як нуктаро намефаҳмад, ки чаро коргарон мушкил доранд?

Раиси палатаи поёнии Конгресс Ненси Пелоси шарҳи вазирро танқид кард.

"Ин ҳамон бархӯрде аст, ки яъне "равед, ягон кулча хӯред ё аз падаратон пул пурсед", - гуфт Пелоси дар нишасти матбуотии рӯзи 24-уми январ.

Ҷустуҷӯи ҳавопаймое, ки футболбоз Сала дар он буд, қатъ шуд

Эмилиано Сала

Дар Британия ҷустуҷӯи ҳавопаймоеро, ки бозигари футбол аз дастаи "Кардифф" Эмилиано Сала дар он буд, қатъ карданд. Дар ин бора пулиси ҷазираи Гернси рӯзи 24 январ хабар дод. Ба гуфтаи пулис, ҳеҷ шонсе вуҷуд надорад, ки сарнишин ва Сала ҷон ба саломат бурдаанд.

Дар санаде, ки пулис нашр кард, гуфта мешавад, ки талоши ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти оҷил натиҷа надоданд - нишоне аз ҳавопаймои гумшуда ошкор нашуд.

Рӯзҳои ахир амалиёти ҷустуҷӯи пилот ва бозигари футбол бо истифода аз се ҳавопаймо ва панҷ чархбор ба таври павайста ҷараён гирифт,- гуфта пулиси ҷазираи Гернси, ки дар канали Ла-Манш ҷойгир аст.

Баъди эълони қатъ шудани амалиёти ҷустуҷӯ Ромина - хоҳари Эмилиано Сала дар нишасти матбуотӣ бо гиря даъват кард, ки амалиёти кофтукоб аз сар гирифта шавад, зеро ӯ бовар дорад, ки бародараш зинда аст.

Ҳавопаймои якмуҳаррикаи Piper Malibu шоми 21-уми январ бо ду нафар: бозигари футбол Эмилиано Сала ва пилот аз фурудгоҳи шаҳри Нанти Фаронса баланд шуд. Вақте ҳавопаймо ба ҷазираи Ҷерсии Британия дар тангнои Ла-Манш наздик мешуд, пилот аз танзимгари парвозҳо иҷозаи поёншавӣ хост. Ҳавопаймо то 700 метр поён омад ва баъдан аз экрани радарҳо нопадид шуд.

Ҷустуҷӯро рӯзи сешанбе оғоз карданд. Бино ба баъзе хабарҳо, дар баҳр, наздикии ҷазираи Ҷерси, ашёи номаълум мушоҳида шуд, аммо пораҳои ҳавопаймо будани ин ашё тасдиқ нашудааст.

Вазъро пайғоми садоӣ, ки Сала аз дохили ҳавопаймо фиристод, бештар драматик кард. Нашрияи Clarin суханони бозигари футболро нашр кард, ки гуфтааст: "дар дохили ҳавопамоям, тавре менамояд, ки ҳавопаймо ҳоло пора мешавад... Агар то ним соати дигар аз ман хабаре нашуд, -намедонам оё онҳо касеро ба ҷустуҷӯ мефиристанд ё не, зеро онҳо намеёбанд, - он вақт медонед, ки чӣ ҳодиса шуд. Чӣ қадар ваҳмнок аст". Маълум нест, ки нигаронии бозигари футбол аз чӣ буд - ҳолати ҳавопаймо ё шароити боду ҳаво.

Эмилиано Салаи 28-сола солҳои тӯлонӣ дар Фаронса бозӣ мекард ва клуби охирини ӯ "Нант" буд.

Чанде пеш ӯ бо клуби "Кардифф Сити", ки дар бозиҳои лигаи олии Англия иштирок мекунад, ба маблағи рекордӣ дар таърихи клуб - 17 миллион евро қарордод имзо кард. Бозигари аргентинӣ барои бозии аввал дар ин даста ба Кардифф парвоз мекард.

Таъқиби муҳоҷирони корӣ баъди таркиши Магнитогорск афзоиш ёфт

Ҳусниддин Зайнобиддинов

Пас аз таркиши бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва як мусофирбар дар минтақаи Магнитогорск дар рӯзи 31-уми декабри соли 2018, боздошти гумонбарони ҳодисаҳо ҳанӯз идома дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва наздикони шаҳрванди Қирғизистон Ҳусниддин Зайнобиддинови 29-сола, ки аз сӯи Хадамоти амнияти Русия боздошт шудааст, мегӯянд, ӯро шаш соат шиканҷа кардаанд, то гуноҳи нокардаро ба дӯш бигирад.

Кормандони пулис санади ронандагон ва шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро месанҷанд, ки дар фурӯшгоҳи "Гранд" ва "Бозори сабз" дар кӯчаи Вокзалӣ кор мекунанд.

Раҳбарияти пулиси маҳаллӣ ин рейдҳоро на "поккории гуруҳӣ"-и муҳоҷирон, балки чораҳои муқаррарии пешгирикунанда меноманд. Бино ба хабарҳо, нозирони минтақавии Магнитогорск вазифадор шудаанд, ки дар ҷустуҷӯйи муҳоҷирон тамоми хонаҳоро як ба як бигарданд.

Сокини 29-солаи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон Ҳусниддин Зайнобиддинов яке аз онҳоест, ки дар натиҷаи рейдҳои ахир боздошт шуд. Ӯро мақомоти Қирғизистон бо ҷурми даст доштан дар ҳаводиси хунини соли 2010 дар ин кишвар ва иштирокаш дар "эътирозҳои ғайриқонунӣ" таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода буданд. Зайнобиддиновро маъмурони амниятӣ ва пулис рӯзи16 январ ҳамроҳи зану фарзандаш дар Магнитогорск, дар манзили иҷорааш, воқеъ дар наздикии бинои таркида боздошт карданд.

Ҳамсари Зайнобиддинов -- Ҳалимахон мегӯяд, шавҳари ӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаш соат бозпурсӣ ва шиканҷа кардаанд. "Вақте дар бинои пулис бо ӯ мулоқот кардам, сару рӯяш сиёҳу чашмонаш сурх буд ва дар биниаш осори латтукӯб дида мешуд. Ҳусниддин гуфт, вайро дар шуъбаи пулис шаш соат шиканҷа карданд. Ба гӯшу сараш барқ мондаанд. Ӯ аз ҳуш рафтааст", -- изҳор дошт Зайнобиддинова. Ба гуфтаи ӯ, шавҳарашро маҷбур кардаанд, ки айбномаи сохтаро ба гардан бигирад.

Ҳусниддин Зайнобиддинов дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии рақами 2-и шаҳри Магнитогорск қарор дошта, рӯзҳои наздик аз Русия ба Қирғизистон истирдод хоҳад шуд.

Тоҷикистону Узбекистон ба баҳсҳои марзӣ нуқта мегузоранд

Гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистон ва Узбекистон

Гуруҳҳои кории Узбекистону Тоҷикистон тасмим доранд, ки то санаи 27 январ аломатгузории марзи ду кишварро ба анҷом расонанд. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд.

Ҳайати ҳукуматии Тошканд имрӯзҳо дар Душанбе қарор дорад.

Дар гузашта Тоҷикистону Узбекистон марзи ду тарафро комилан мушаххас карда буданд. Ҳамакнун ду тараф дар харита хатти дақиқи марзиро муайян мекунанд.

Созишномаи байни байни ду давлат дар мавриди қитъаҳои алоҳидаи марзӣ дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар таърихи 9-10 марти соли 2018 имзо шуда буд.

Тоҷикистону Узбекистон 1332 километр марзи муштарак доранд.

Русия 11 муҳоҷири Осиёи Марказиро бо ҷурми терроризм то 18 сол зиндонӣ кард

Додгоҳи низомии шаҳри Москва рӯзи 23 январ 11 шаҳрванди Осиёи Марказиро бо ҷурми барномарезии ҳамлаи террористӣ маҳкум ба зиндон кард. Дар ин бора нашрияи "Московская газета" бо такя ба як манбаи худ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, тафтишот муайян кардааст, ки айбдоршавандаҳо ба гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" пайваста, мехостанд, дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург бо истифода аз силоҳ ва маводи таркандаи худсохт амали террористӣ анҷом диҳанд.

Додгоҳ ин 11 нафарро аз 6 то 18-солӣ зиндонӣ кард.

Муҳоҷирони тоҷик аз Русия $2,5 миллиард фиристодаанд

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон

Муҳоҷирони тоҷик соли гузашта аз Русия ба ватан дуним миллиард доллар фиристодаанд. Дар ин бора Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе, рӯзи 25-уми январ дар суҳбат бо оҷонсии РИА Новости хабар дод.

Ӯ гуфт, “пули интиқолӣ дар соли гузашта ба Тоҷикистон дуним миллиард доллар аст, ки бино ба омори мухталиф аз 35 то 37 дар сади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.”

Фролов гуфт, ба ҳисоби онҳо дар панҷ соли охир муҳоҷирони корӣ тавассути бонкҳо ба кишвар беш аз 15 миллиард доллар фиристодаанд. “Ин маблағ дар муқоиса ба ҷалби сармояҳои мустақим ба кишвар дар ин давра се баробар зиёдтар аст”, - афзуд ӯ.

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия коҳиш ёфтааст. Дар моҳи ноябри соли гузашта Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки Миллии Тоҷикистон – дар ҷаласаи порлумон эътироф кард, ки кам шудани пули муҳоҷирон ба сармоягузории бахшҳои дигар, аз ҷумла кори бонкҳо таъсир гузоштааст.

То соли 2014 муҳоҷирони тоҷик солона аз Русия беш аз 4 миллиард доллар пул мефиристоданд, аммо ин рақам дар соли 2017 ба дуним миллиард доллар коҳиш ёфт. Ин рақам дар солҳои 2015 ва 2016 ҳатто ба таври рекордӣ то марзи як миллиарду дусад ҳазор ва як миллиарду нуҳсад ҳазор поин омада буд.

Дар марзи Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон 22 постгоҳи нав гузоштанд

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар марз бо Афғонистон ва дар роҳи вуруди силоҳ ва маводи мухаддир ба кишвар, 22 постгоҳи нав гузоштанд. Ба қавли мақомот, ин постгоҳҳо дар минтақаҳое фаъол шудаанд, ки қаблан тариқи он ба Тоҷикистон, бахусус вилояти Бадахшон силоҳ ва маводи мухаддир ворид мешуд.

Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояти Бадахшон дар як изҳороти худ гуфт, минтақаҳои марзие, ки дидбонгоҳҳои нав фаъол шуданд, дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ ҷойгир буда, аз манотиқи осебпазири марзӣ ба ҳисоб мераванд.

"Ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳифзи сарҳад бо вилояти Бадахшони Афғонистон 22 постгоҳи иловагӣ-сарҳадӣ дар минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ, ки асосан силоҳ ва маводи мухаддири гурӯҳҳои муташаккил аз ин минтақаҳо интиқол меёбанд ташкил шуд",-гуфт манбаъ.

Мақомоти интизомӣ дар вилояти Бадахшон мегӯянд, ахиран чаҳор нафар сокини Рӯшонро бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт кардаанд. Масъулини Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояти Бадахшон, ки аз моҳи сентябр ба ин тараф амал мекунад ҳамчунин мегӯянд, дар ин муддат аз сокинони Бадахшон 362 адад силоҳ мусодира кардаанд. Қаблан хабарҳое пахш шуда буд, ки баъзе аз ин силоҳҳо аз марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштаанд.

Постгоҳҳои нав дар ҳоле дар марз бо Бадахшон Афғонистон гузошта мешаванд, ки қаблан мақомоти тоҷик гуфта буданд, миқдори зиёди маводи нашъадор ва силоҳ дар марзи Афғонистон ҷамъ шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.

Тибқи омори мақомоти марзбонии Тоҷикистон, дар нӯҳ моҳи соли гузашта дар марз 20 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, 11 қочоқӣ кушта шудааст. Ба иттилои нерӯҳои марзбонӣ, дар пайи задухӯрдҳо аз қочоқчиён беш аз 1300 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст.

Марзи Тоҷикистон дар соли гузашта шоҳиди муноқишаҳои зиёде буд. Муҳимтарини онҳо ҳамла ба як мошини ҷангалбонони тоҷик буд, ки моҳи август дар минтақаи наздимарзии ноҳияи Фархор рух дод. Дар ин ҳодиса Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов кушта шуданд. Инчунин дар аввалин рӯзи соли нав гурӯҳи ношиносе Тӯрахон Нурматов, як чӯпони тоҷикро дар марз бо Афғонистон рабуданд.

Даъват ба муҷозоти билетфурӯшҳо: кассаҳои қимматфурӯш санҷида шаванд

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз мақомоти интизомии Тоҷикистон дархост кардааст масъулини бархе нуқтаҳои чиптафурӯширо ба ҷавобгарӣ кашанд. Дафтари матбуотии ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 24-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, соҳибони бархе нуқтаҳои чиптафурӯшӣ даст ба фиреби муштариён мезананд. Посухи ширкати “Сомон Эйр” баъд аз он дастраси Радиои Озодӣ шуд, ки бархе мусофирон шикоят карданд, ки ҳафтаи гузашта нархи чиптаҳои сафар ба Русия якбора гарон шуд.

Ин гароншавӣ дар пайи қатъи парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр” сурат мегирад. Азиз, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, баъди соли нав нархи парвоз ба самти Русия каме бештар аз 1500 сомонӣ буд. Аммо ба гуфтаи ӯ, рӯзи 17-уми январ дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ ба ӯ гуфтанд, ки чиптаи хатсайри Душанбе-Маскав 2 ҳазор сомонӣ нарх дорад.

Аммо масъулини ширкати “Сомон Эйр” гарон шудани нархи чиптаро рад карда гуфтанд, “дар системаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо якчанд дараҷаи хизматрасонӣ мавҷуд аст, ки аз рӯйи арзиш фарқ мекунанд. Дар ҳолати тамом шудани тарифҳои дараҷаи пасттар, мутаносибан дар система билетҳои гаронтар боқӣ мемонад».

Масъулини “Сомон Эйр” ҳамчунин гуфтанд, ахиран аз болои бархе нуқтаҳои чиптафурӯшӣ ба мақомоти интизомӣ шикоят бурданд. Ширкат ба мақомоти дахлдор барои оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати агентони қаблӣ оиди фурӯши чиптаҳо, ки бо "фиребкунии мусофирон машғул буданд", дархост ирсол намудааст.”

Ба қавли манбаъ, ширкат ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот наметавонад аз ин бештар шарҳ диҳад. Бо ин ҳама дафтари матбуоти “Сомон Эйр” мегӯяд, сар аз 1-уми феврал хазинаи шахсии ширкат бо тартиби шабонарӯзӣ ба фурӯши чиптаҳо ба кор шуруъ мекунад.

“Ҳар як мусофир метавонад чиптаҳоро бе миёнарав дастрас кунад,”-таъкид карданд дар ширкати “Сомон Эйр”. Ширкати “Сомон Эйр” дар ҳоле аз болои нуқтаҳои чиптафурӯшӣ ба мақомот шикоят мекунад, ки дар гузашта чандин нафар аз чиптафурӯшон барои фиреби мусофирон муҷозот шуда буданд.

Аз ҷумла моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як масъули ширкати билетфурӯширо бо ҷурми "фиреби муштариён" ва "аз худ кардани пули онҳо" айбдор донист ва 10 ҳазор сомонӣ, муодили ҳазор доллари амрикоӣ, ҷарима баст.

Бахтиёр Ғаниев, хазинадори ширкати "Ориён Трейдинг" ба он муттаҳам мешуд, ки билети ҳавопаймои хатсайри Маскав-Хуҷандро, ки 3000 сомонӣ нарх дошт, худсарона аз 3200 то 3480 сомонӣ фурӯхтааст. Дар Тоҷикистон чиптаҳои ҳавопамоӣ асосан тариқи миёнаравҳо ё ширкатҳои хусусӣ фурӯхта мешаванд. Агентҳои чиптафурӯшӣ аз ширкатҳои ҳавонавардӣ чиптаҳоро мехаранд ва болои он аз 6 то 8 фоиз маблағ гузошта ба мизоҷон мефурӯшанд. Шикоятҳо аз гаронии чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон зиёд садо медиҳанд. Бахусус дар мавсими баҳор, ки муҳоҷирон ба Русия мераванд нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ бамаротиб гарон мешавад. Гаронии чипта як гуруҳ мусофирони тоҷикро маҷбур мекунад тариқи хатсайрҳои Узбекистон ва Қирғизистон худро ба хориҷа расонанд.

Дар ҷараёни эътирозҳои Венесуэла дастикам 14 нафар кушта шуд

Эътирози ҷонибдорони мухолифин алайҳи президент Мадуро. 23 январ, 2019

Биноба маълумоти ахир, дар ҷараёни эътирозҳои Венесуэла, ки чанд рӯз боз давом дорад, камаш 14 нафар ҷон бохт. Беш аз 200 нафар боздошт шуд. Президенти кишвар Николас Мадуро мухолифинро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам кард. Рӯзи 23 январ садҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳои Каракас баромад. Онҳо истеъфои Мадуроро талаб доранд.

Ҳамзамон бо эътирози зидди Мадуро тарафдорони ӯ низ даст ба тазоҳурот заданд. Аммо теъдоди онҳо зиёд набуд. Мадуро ИМА-ро ба даст доштан дар табаддулоти давлатӣ муттаҳам кард.

ИМА, Канада ва як қатор давлатҳои Амрикои Лотинӣ эълон карданд, ки раҳбари Ассамблеяи миллии Вэнесуела Хуан Гуайдоро раҳбари муваққатии ин кишвар эътироф мекунанд. Рӯзи гузашта ӯ масъалияти президентро бар дӯш гирифт ва ба ғасби ҳукумат аз ҷониби Мадуро хотима гузошт. Гуайдо таъсиси ҳукумати муваққатӣ ва интихоботи президентиро кафолат дод. Ӯ барои дарёфти пуштибонӣ ба артиши кишвар муроҷиат кард, аммо ҷавоби рад гирифт.

Русия, Туркия, Эрон, Мексика, Куба ва Боливия аз Мадуро пуштибонӣ карданд.

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков таҳаввулоти Венесуэларо кӯшиши ғасби ҳукумат номид. Ба гуфтаи Песков, Мадуро аз Маскав кӯмаки молӣ ё низомӣ дархост накардааст.

Иттиҳоди Аврпуо аз Каракас даъват кард, ки ҳуқуқи шаҳрвандон ба эътирозҳои осоиштаро риоя кунад, аммо аз эътирофи Хуан Гуайдо ҳамчун раҳбари муваққатӣ худдорӣ кард. Брюссел аз Венесуэла даъват намуд, ки интихоботи демократӣ баргузор кунад.

Дафтари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хостори пешбурди муколамаи сиёсӣ дар он кишвар шуд.

Николас Мадуро қудратро дар Венесуэла соли 2013 ба даст овард. Он замон ӯ дар интихоботе пирӯз шуд, ки баъди марги раҳбари пешини ин кишвар Уго Чавес сурат гирифт. Мадуро барои риоя накардани меъёрҳои демократӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон танқид мешавад.

Венесуэла ба буҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор аст. Соли 2018 нишондоди таварум дар кишвар аз хати миллион дар сад гузашт. Се миллион нафар кишварро тарк кард.

Дар сафари Мирзиёев ба Олмон танқиди матбуотӣ аз таъриф бештар буд

Танқиди Узбекистон дар "Шпигел"

Бархилофи интизороти мақомоти Узбекистон аз созишнома бо оҷонсии олмонӣ, танқид дар ҷараёни сафари президент Шавкат Мирзиёев ба ин кишвар бештар аз ситоиш буд.

Дар расонаҳои олмонӣ ба муносибати сафари Мирзиёев ба ин кишвар дар бораи Узбекистон чандин мақолаи танқидӣ нашр шуд, дар ҳоле, ки Тошканд интизор дошт созишнома бо оҷонсии олмонии "GPRC German PR and Consulting Group GmbH" ситоиши Узбекстонро дар матбуот таъмин мекунад.

Бар пояи созишнома дар арафаи сафари мазкур гурӯҳе аз рӯзноманигорони олмонӣ меҳмони Узбекистон шудаанд ва барояшон ҳамаи шароити кор фароҳам буд. Ин рӯзноманигорон ҳамчунин бо мансабдорони баландпояи Узбекистон мулоқот кардаанд.

Аммо дар ҷараёни сафари президент Мирзиёев ба Олмон матлабҳое нашр шуд, ки дар онҳо "аз ситоиш дида танқид бештар аст", - мегӯяд таҳлилгари олмонӣ Эккехард Маас.

Ба гуфтаи бунёдгузор ва раҳбари GPRC German PR and Consulting Group Константина Пановко, "ҳадаф ситоиши Узбекистон набуд. Онҳо Узбекистонро бояд тавре ки ҳаст, ба Олмон муаррифӣ мекарданд". Пановко гуфт, ширкати зери раҳбарии ӯ ба муҳтавои матлабҳо ҳеч гуна таъсире нарасондааст.

Матлаби яке аз рӯзноманигорони олмонӣ Феликса Лилля, ки бо дархости оҷонсии мазкур аз Узбекистон боздид кард, "Ғуломони тилои сафед" ном дорад. Он дар асоси вохӯриҳо бо вазири меҳнати Узбекистон ​Шерзод Қудбиев ва раҳбари Форуми ҳуқуқи инсони Узбекистону Олмон таҳия ва дар яке аз нашрияҳои маъруфи олмонӣ -- Frankfurter Rundschau нашр шуд.

Таҳлилгари олмонӣ Экхард Маас мегӯяд, "мафкураи олмонӣ матлабҳои ситоиширо қабул надорад ва чунин матолиб метавонанд вокуниши баръакс диҳанд.

Узбекистон дар давоми 25 соли президентии Ислом Каримов дар сархати гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ ва изҳороти расонаҳои ғарбӣ дар бораи "меҳнати иҷборӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон" қарор дошт.

Президенти нави Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар расонаҳои олмонӣ ҳамчун "лидери ислоҳотхоҳ" муаррифӣ шуд, ки "ба тағйир ва шаффофият талош мекунад".

Як сарбози Горди миллии Қазоқистон худро парондааст

Паради низомии нерӯҳои Қазоқистон

Фармондеҳии минтақавии "Оңтүстік"- Горди миллии Қазоқистон хабар дод, ки як сарбозони ин ниҳод худро парондааст. Ҳодиса шаби сешанбе ба чаҳоршанбе дар қисми низомии 28237, воқеъ дар наздикии деҳаи Узинагаши вилояти Алмато рух дод.

"21 январ, тақрибан соатҳои 01:35 дақиқа сарбози қаторӣ Уласбек Кожан ҳангоми иҷрои вазифаи посбонӣ худро парондааст. Дар натиҷаи сахт захмӣ шудани сараш ӯ ба ҳалокат расид", - омадааст дар иттилоияи расмӣ. Ҷузъиёти ҳодиса шарҳ дода намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки Кожан моҳи июни соли 2018 ба сарбозӣ рафтааст.

Хадамоти матбуотии фармондеҳии минтақавии Қазоқистон афзудааст, ки Идораи тафтишоти низомии Алмато дар робита ба ин ҳодиса санҷиши дохилиро оғоз кард. "Таҳқиқи сабабҳои ҳодиса идома дорад", - қайд шудааст дар иттилоия.

Трамп баъди шуруи кори ҳукумат суханронӣ мекунад

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, суханронии солонааш дар Конгрессро баъд аз он ироа мекунад, ки кори ниҳодҳои давлатӣ аз сар гирифта шавад.

Доналд Трамп дар ин бора рӯзи 23-уми январ дар Твиттер хабар дод ва баъд аз онки Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагон иҷоза надод, ӯ дар толори Маҷлиси намояндагон дар Конгресс суханронӣ кунад.

Ненси Пелоси аввал ба Доналд Трамп даъватномаи расмӣ барои суханронӣ фиристод, вале баъдан бо зикри масоили амниятӣ ба сабаби мутаввақиф будани кори ниҳодҳои ҳукуматӣ онро пас гирифт. Доналд Трамп дар Твиттер навишт, ки “Суханронӣ баъди шуруи кори ҳукумат мешавад”.

Трамп ва Пелоси дар робита ба тарҳи буҷаи Амрико ва мутаввақиф шудани кори ниҳодҳои ҳукуматӣ байни ҳам даъво кардаанд. Доналд Трамп мехоҳад, дар тарҳи буҷаи соли 2019 барои бунёди девор дар байни Амрико ва Мексика тақрибан 6 миллиард доллар ихтисос дода шавад.

Доналд Трамп мегӯяд, ки девор барои пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир зарур аст. Вакилони Ҳизби демократ, ки Маҷлиси намояндагонро дар даст доранд, мегӯянд, девор харҷи зиёди бесамар аст ва монеи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва маводи мухаддир шуда наметавонад.

Соли 2018-ро "соли шармовар" барои Эрон номиданд

Тазоҳурот дар назди вазорати кори Эрон

Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, соли 2018 дар Эрон бештар аз 7 ҳазор нафар дастгир шудаанд ва ин сол барои Эрон “соли шармовар” ва “маъракаи шармовари саркӯб” будааст.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ бо нашри як гузориш гуфт, дар миёни боздоштшудагон, тазоҳургарон, донишҷӯён, хабарнигорон, коргарон, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҳифзи муҳити зист ҳастанд. Панҷоҳ нафари онҳо кормандони матбуот будаанд ва ба гуфтаи Афви Байналмилал, дар муҳокимаҳои ғайриодилона ба солҳои тулонии зиндон ва шаллоқ маҳкум шудаанд.

Филип Лутер, мудири бахши Ховари Миёна ва Шимоли Африқо дар Афви Байналмилал гуфт, “Соли 2018 дар таърих бо номи соли шармовар барои Эрон сабт мешавад.”

Ба гуфтаи ӯ, дар ин сол мақомоти Эрон саркӯби дигарандешонро шиддат бахшида ва озодии баён, гирдиҳамоиҳои осоишта ва дигар ҳуқуқи сиёсиву маданиро маҳдудтар карданд.

Амрико хабарнигори эрониро озод кард

Марзия Ҳошимӣ

Марзия Ҳошимӣ, наттоқи телевизиони Эронро аз боздоштгоҳи Амрико озод кардаанд. Обид Аюб, намояндаи Кумитаи Амрикоӣ ва Арабии зидди табъиз гуфт, ки Марзия Ҳошимиро баъди як ҳафтаи боздошт рӯзи 23-уми январ озод карданд. Ӯро ҳамчун шоҳид дар як парвандаи номаълум дастгир кардаанд.

Марзия Ҳошимӣ барои телевизиони давлатии Пресс ТВ- и Эрон кор мекунад. Меҳдӣ Отифат, раиси бахши ҳифзи манофеи Эрон дар сафорати Покистон дар Вашингтон гуфт, ки Марзия Ҳошимӣ озод шудааст.

Мақомоти Амрико ҳануз ин хабарро шарҳ надодаанд. Боздошти хабарнигори эронӣ дар Вашингтон дар рӯзи 13-уми январ нигаронии ҷомеаҳои хабарнигорӣ ва хашми ҳукумати Эронро барангехт.

Онҳо аз ҳукумати Амрико талаб доштанд, ки хабарнигорро фавран озод кунад. Эрон рӯзи 22-уми январ сафири Швейтсария дар Теҳронро, ки масъули ҳимоят аз манофеи Амрико аст, ба вазорати умури хориҷӣ даъват кард ва шарҳи боздошти хабарнигори 59-соларо талаб кард.

Виктор Януковичро ба хиёнат ба ватан гунаҳкор донистанд

Виктор Янукович

Додгоҳи шаҳри Киев, Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқи Украинаро ба хиёнат, даст доштан дар талошҳо барои тағйири марз ва афрӯхтани ҷанг гунаҳкор донист.

Владислав Девятко, додраси додгоҳи ноҳияи Оболонски дар шаҳри Киев рӯзи 24-уми январ ҳангоми қироати ҳукм гуфт, ки Янукович ҳамчунин ба он гунаҳкор дониста шуд, ки аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хостааст, ба Украина неру бифристад. Янукович ба хиёнат ба ватан, даст доштан дар афрӯхтани ҷанг, талош барои халалдор кардани тамомияти арзӣ муттаҳам мекунанд.

Додситонҳо хостаанд, ки Янукович ба 15 соли зиндон маҳкум шавад. Ҳукми раиси ҷумҳури собиқро дар ғайбаш мехонанд, чун худаш дар Русия аст. Ӯ мегӯяд, ки парвандааш ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Баъди онки Виктор Янукович моҳи феврали соли 2014 зери фишори тазоҳургарон аз ҳукумат барканор шуд, Русия нимҷазираи Қримро ба қаламраваш ҳамроҳ кард.

Баъди ин ҳамчунин дар шарқи Украина моҳи апрели соли 2014 ҷанг сар зад ва дар натиҷаи муноқиша байни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва неруҳои Украина бештар аз 10 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Русия ҳузури ширкатҳои амниятиаш дар Судонро тасдиқ кард

Тазоҳурот дар Хартум дар пойтахти Судон

Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки ширкатҳои хусусии кишвар артиши Судонро омӯзиш медиҳанд. Вазорат ҳамингуна ҳузури онҳо дар кишвари африқоиро тасдиқ кард, ки аз тазоҳуроти мухолифон ба ларза омадааст.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 23-уми январ гуфт: “Ба иттилои мо, намояндагони ширкатҳои хусусии амниятии Русия, ки ҳеҷ иртиботе бо ниҳодҳои давлатӣ надоранд, дар Судон фаъолият мекунанд”.

Пештар аз ин баёнияи Мария Захарова, матбуоти Бритониё навишт, ки зархаридори рус дар саркӯби тазоҳурот ба мақомоти Судон кӯмак мекунанд.

Мария Захарова, чунин гузоришҳоро рад кард ва гуфт, вазифаи ширкатҳои амниятӣ фақат “омӯзиш додани артиш ва кормандони ниҳодҳои ҳифзи қонуну тартибот дар Судон аст.”

Русияву Судон шарикони наздик ҳастанд. Дар Судо аз рӯзи 19-уми декабр тазоҳурот идома дорад. Мардум аввал аз камбуди маводи сӯхту маҳсулот эътироз доштанд, вале ҳоло истеъфои раиси ҷумҳур Умар Баширро талаб доранд, ки 30 сол аст дар Судон ҳукумат меронад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Путин ва Зеленский имкони сулҳ дар шарқи Украинаро баҳс карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00
XS
SM
MD
LG