Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ибодати занони ҳинду дар маъбади Сабаримала ба задухурд расонд

Эътирозгарон тимсоли раҳбари аёлати Кераларо оташ заданд

Задухурди қишри тундрави ҳиндуҳо рӯзи ҷумъа дар аёлати Керала идома ёфт. Сабаби даргириҳо лағви қонунест, ки ҳузури занҳоро дар маъбади Сабаримала мамнуъ мекард.

Рӯзи 4 январ ниҳодҳои интизомӣ хабар доданд, ки сарфи назар аз эътирозҳо дар атрофи ин макони барои ҳиндуҳо муқаддас, боз як зани дигар ба зиёратгоҳ даромад. Ин сеюмин зан аст, ки ба маъбад ворид шудааст.

То 1 январи соли 2019 вуруди занҳои аз 10 то 50 сола ба муҳимтарин макони ибодати ҳиндуҳо мамнуъ буд.

Бинобар лағви шудани қонуни манъи ибодати занҳои "синни ҳайз" тундравон дар саросари Ҳиндустон даст ба тазоҳурот заданд. Эътрозгарон якчанд идораҳи ҳизби ҳоким ва садҳо автобус ва нақлиёти умумиро оташ заданд.

Дар натиҷаи ин задухурдҳо 1 нафар қурбон шуд.

Рӯзи 1 январ барои аввалин бор дар чандин аср, ба ду зан даст дод, ки дар маъбад ибодат кунанд. Ҳамон рӯз занон дар Ҳиндустон пушти ҳам саф кашида аз худ ба дарозои 620 килолметр занҷири зинда сохтанд. Бо ин шева онҳо пуштибонии худро аз баробарии ҷинсӣ баён карданд. Ба гуфтаи мақомот дар намоишҳо беш аз 5 миллион нафар иштирок кард.

Муддати тӯлонӣ занҳои аз 10 то 50 сола ҳақ надоштанд ба маъбади Сабаримала ворид шаванд. Моҳи сентябри соли 2018 Додгоҳи олии Ҳиндустон қарори манъро расман бекор кард. Аммо мардҳо тамоми занҳоеро, ки мехостанд ба маъбад ворид шаванд, бо сангу чӯб заданд.

Маросими видоъ бо қурбониҳои суқути бинои истиқоматӣ дар Русия

Игор, Милана ва Анастасия - онҳо аз таркиш дар дар Магнитогорск ҳалок шуданд

Рӯзи ҷумъа маросими хоксупории қурбониҳои таркиш ва фурӯпошии бинои истиқоматӣ дар Магнитогорски Русия оғоз шуд. Баъди такиш як бахши бино сарозер шуд ва ба маълумоти расмӣ 39 нафарро қурбон кард.

Дар ду маросими ҷудогонаи хоксупории рӯзи ҷумъа даҳҳо нафар ширкат карданд. Яке аз маросимҳо ба Виктор Воронтсов бахшида шуд, ки дар зери оворҳо ҷон бохт, вале зану духтараш зинда монданд.

Маросими дигар ба хотири хонаводаи Крамаренко буд. Дар пайи таркиш тамои аъзои ин хонавода: зану шавҳари 31 сола Игор ва Анастасия ва духтари якунимсолаи онҳо Милана ҳалок шуд. Дар маҷмуъ рӯзи ҷумъа маросими хоксупории шаш қурбонӣ ҷараён гирифт.

Дар ин ҳодиса як зани тоҷик бо се фарзандаш қурбон шуда, падари хонавода зинда монд. Ҷасади модару фарзандонаш дар Тоҷикистон ба хок супурда мешавад.

Таркиш дар бинои истиқоматии даҳошёна дар Магнитогорск субҳи 31 декабр сурат гирифт. Ба гуфтаи Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ аз таркиши шадид 35 манзил комилан ва 10 хонаи дигар қисман хароб шуд. Хадамоти наҷот аз аз қатъ шудани корҳои ҷустуҷӯӣ хабар дод. Дар ин бино 110 нафар зиндагӣ мекард.

Кумитаи тафтишоти Русия бештар ба фарзияи таркиши гази табии бартарӣ медиҳад.

Коҳиши даромади Apple шохиси Dow Jones-ро ба замин зад

Бозори бурси Ню Йорк

Бар асоси музоядаи рӯзи 3 январ шохиси Dow Jones беш аз 600 нуқта поён омад. Таҳлилгарони бозори бурс ин коҳишро ба камхаридор шудани саҳмияҳои Apple рабт медиҳанд. Ин ширкат чанде пеш аз эҳтимоли кам шудани даромадаш бинобар коҳиши талабот ба таҷҳизоти Apple дар Чин хабар дод.

Раҳбари Apple Ким Кук дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNBC гуфт, ки коҳиши тавони харидорӣ ба кунд шудани суръати рушди иқтисоди Чин ва ҳамчунин ташаннуҷ дар робитаҳои тиҷоратии Вашингтон ва Пекин бастагӣ дорад.

Дар пасманзари ин пешгӯӣ таваҷҷуҳи сармоягузорон ба саҳмияҳои Apple коҳиш ёфт ва онҳо маблағҳои худро ба дороиҳои камхатар гузоштанд. Рӯзи 3 январ дар оғози музояда саҳмияҳои NASDAQ беш аз 9 дар сад ва сармоягузорӣ то 749 миллиард доллар коҳиш ёфт.

Моҳи августи соли гузашта Apple бо сармоягузории 1 триллион доллар гаронтарин ширкати ИМА унвон шуда буд. Коҳиши ногаҳонии шохиси саҳҳом моҳи октябри соли гузашта оғоз шуд. Ба фарзияи Bloomberg, он замон нигарониҳо аз ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин шохиси саҳҳомро поён овард.

Равобити ИМА ва Чин дар пасманзари боло бурдани тарофаҳои тиҷоратӣ аз ҳарду тараф ва танқиди мақомоти ИМА аз Пекин муташаниҷ боқӣ мондааст.

Вашингтон Чинро таҳдиди стратегӣ арзёбӣ мекунад. Аввали моҳи октябр ноиби президенти ИМА Майк Пенс ҳукумати Чинро ба пешбурди сиёсати хашини низомӣ, иқтисодӣ ва маъракаи сиёсӣ муттаҳам кард, ки ба гуфтаи Пенс ҳадафаш афзоиши нуфузи Чин дар ИМА ва саросари ҷаҳон аст.

Помпео аз оғози хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурия хабар дод

Сарбозони ИМА дар Манбиҷ

Низомиҳои амрикоӣ ба берун шудан аз Сурия оғоз карданд. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.

Ӯ ҷадвали берунории низомиҳои амрикоиро шарҳ надод. Помпео гуфт, намехоҳад, ки рақиб чунин иттилоеро дар ихтиёр дошта бошад.

Котиби давлатӣ гуфт, президенти ИМА мисли пешин тасмим дорад, барои "суботи Шарқи Наздик" чораҷӯӣ кунад ва Иёлоти Муттаҳида маъракаи зидди гуруҳи террористии "Давлати Исломӣ"-ро идома медиҳад. Помпео афзуд, ИМА мехоҳад мутмаин бошад, ки низомиҳои Туркия дар Сурия "курдҳоро қатл намекунанд". Ба гуфтаи котиби давлатии Амрико, Вашингтон амалисозии ин ҳадафҳоро пайгирӣ мекунад.

Трамп дар бораи хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурия рӯзи 19-уми декабри соли 2018 хабар дод ва ин қарорро ба шикасти комили гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" рабт дод. Фармондеҳии артиши Амрико бо натиҷагирии президент розӣ нашуд ва инро амали пеш аз вақт номид.

Рӯзи 1-уми январи имсол маълум шуд, ки Трамп суръати хуруҷи артишро кам мекунад ва барои ин чаҳор моҳ вақт дод. Ба навиштаи матбуот, президени ИМА мавқеашро баъди боздид аз пойгоҳи Амрико дар Ироқ дигар кард. Фармондеҳони артиш Трампро гӯё мутақоид кардаанд, ки ҷиҳодиҳо то охир саркӯб нашудаанд.

Дар минтақаҳои берун аз назорати ҳукумати Башор Асад дар Сурия наздики 2 ҳазор низомии амрикоӣ ҷойгир шудааст. Онҳо дар якҷоягӣ бо эътилофи байналхалқӣ зидди "Давлати Исломӣ" мубориза мебаранд.

Пуштибонии Палатаи намояндагони ИМА аз поён додан ба "шатдаун"

Ненси Пелоси

Палатаи намояндагони Конгресси ИМА, ки акнун таҳти назорати Демократҳо қарор дорад, барои қатъи "шатдаун"- оғози фаъолияти ҳукумати федеролӣ ва сармоягузории Вазорати амнияти дохилӣ овоз дод,- гуфт "Садои Амрико" рӯзи 4 январ.

Аммо ҳеҷ як аз тарҳи қонунҳои қабулшуда талаби президент Трамп -ихтисоси 5 миллиард доллар барои бунёди девор дар марзи Мекискаро пешбинӣ намекунад.

Ба ғайр аз ин, намояндагони палатаи поёнии Конгресси ИМА тасиси маблағ барои Департаменти давлатӣ, Вазорати умури дохилӣ, кишоварзӣ, тиҷорат, меҳнат ва молия то 30 сентябри соли 2019-ро тасвиб карданд.

Акнун ин тарҳҳоро бояд Сенати ИМА, ки ними намояндагонашро Ҷумҳурихоҳон ташкил додаанд, қабул шаванд.

Ба ин тартиб, Демократҳо аз оғози кори идораҳои давлатӣ пуштибонӣ карда, масъалаи бунёди деворро ба музокироти алоҳида супурданд.

Раҳбари Ҷумҳурихоҳон Митч Макконелл таҳрҳҳои тасвибкардаи палатаи намояндагонро "сайъи шикастпазир" ва "театри сиёсӣ" унвон кард.

Чанд соат пеш аз райъдиҳӣ Кохи сафед гуфт, мушовирони Трамп ба ӯ тавсия доданд, ки ба ин тарҳҳо вето гузорад, агар Конгресс онҳоро бе назардошти маблағ барои ҳимояии марз қабул кунад.

Рӯзи ҷумъаи гузашта президент Трамп раҳбарони ҳарду ҳизбро ба музокироти "шатдаун" ё қатъи фаъолияти ҳукумат даъват кард. Гуфтушунид натиҷа надод.

Раиси Палатаи намояндагони Конгресс Ненси Пелоси дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии NBC эҳтимоли созишро қотеона рад кард ва гуфт "Ҳеҷ маблағе барои девор ҷудо намешавад".

Русия шаҳрванди ИМА Пол Уиланро ба ҷосусӣ айбдор кард

Пол Уилан

Русия зидди шаҳрванди ИМА Пол Уиланро, ки 28 декабр дар шаҳри Москва дастгир шуд, ба ҷосусӣ муттаҳам кард. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо истинод ба як манбаи худ иттилоъ дод. Худи Уилан айби эъломшударо рад мекунад.

Вакили дифои шаҳрванди Амрико Владимир Жеребенков ба Интерфакс гуфт, ки аз болои қарори ҳабси Уилан ба додгоҳи шаҳрии Москва шикоят бурда, раҳоии ӯро ба ивази васиқа талаб дорад. Жеребенков аз шарҳи ҷузъиёти парванда худдорӣ кард.

Пол Уиланро маъмурони ФСБ Русия 28 декабр боздошт карданд ва 29 декабр бо қарори Додгоҳи Москва ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Хабаргузории "Росбалт" бо истинод ба хадамоти махсуси Русия навиштааст, Уилан ҳангоми гирифтани флеш-картаи рӯйхати кормандони яке аз идораҳои махфии Русия боздошт шуд, ки сирри давлатӣ ба шумор меравад.

Сафири ИМА дар Русия Ҷон Ҳантсман рӯзи чаҳоршанбе бо Уилан дар боздоштгоҳи "Лефортово" мулоқот кард. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз Русия талаб кард, ки боздошти шаҳрванди кишварашро шарҳ дода, ӯро фавран озод кунад.

Пол Уилани 48-сола сарбози пешини нерӯҳои пиёдагарди баҳрии ИМА аст, ки дар Мичиган зиндагӣ мекунад. Ӯ солҳои ахир дар бахши амнияти ширкати BorgWarner кор мекард, ки барои автомошинҳо лавозими иловагӣ месозад. Ба гуфтаи The Washington Post, Пол Уилан соли 1994 дар нерӯҳои пиёдагарди баҳрӣ ба хизмат оғоз кард ва соли 2008 аз он хориҷ шуд.

Наздикони Уилан робитаи ӯро бо хадамоти ҷосусӣ рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ барои иштирок дар тӯйи рафиқаш ба Москва рафтааст.

Дар баҳси додгоҳии пирамидаи молии Қазоқистон ҷанҷол сар зад

Оқтеппа - Куаниш Жаксибоев дар мурофиаи додгоҳӣ.

Додгоҳи Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 3 январ ҳукми соҳибкори маҳаллӣ Куаниш Жаксибоевро содир кард, ки дар "таъсис ва раҳбарии пирамидаи молӣ" муҷрим эълон шуд. Додгоҳ ин соҳибкорро ба муҳлати 6,5 сол зиндонӣ кард.

Ба иттилои тафтишот, Жаксибоев дар солҳои 2016-2017 нармафзори мобилии APPORT-ро сохта ва ба сокинони Оқтеппа пешниҳод кард, ки саҳҳоми ин ширкат шаванд ва даромад ба даст оранд. Наздики 1000 одам ба ин нармафзор сармоягузорӣ кардаанд. Ба иттилои додгоҳ, Жаксибоев бештар аз 167 миллион танга ҷамъ оварда, қисмати бештари онро аз худ кардааст.

Баъди қироати ҳукми Жаксибоев даҳҳо саҳмдори норозӣ, ки аз айбдоршаванда ҳимоят мекарданд, дар толори додгоҳ ҷанҷол бардоштанд. Онҳо мизу курсиҳоро ба ҳар сӯ ҳаво доданд. Пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва чанде аз онҳоро боздошт кард.

Лорди 77-солаи Британия бо пешхидмати 32-солаи узбекистонӣ издивоҷ кард

Дар Британия лорди 77-солаи мусулмон Муҳаммад Илтаф бо зани узбекистоние издивоҷ кард, ки аз худаш 45 сол хурд аст.

Ба иттилои Daily Mail, Муҳаммад Илтоф бо Гулӣ Муродоваи 32-сола соли 2013 дар қаҳвахонае шинос шуд, ки зани ҷавон дар он ба ҳайси пешхидмат кор мекард.

Муродова баъдан ба ватан баргашт ва Муҳаммад Илтофи миллионер низ аз паси ӯ ба Узбекистон рафт. Лорд аз ҳамсари якуми худ ҷудо шуда, сипас моҳи декабри соли 2018 бо Муродова издивоҷ кард.

Тӯйи арӯсии онҳо дар меҳмонсарои панҷситорагии Grosvenor House баргузор шуд. Ба иттилои нашрияи бритониёӣ, ҳамсари ҷавони лорд аз духтари ӯ 15 сол хурдтар аст.

Узбекистон визаро барои шаҳрвандони Олмон бекор кард

Сар аз 15 январ шаҳрвандони Олмон метавонанд ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид (виза) ба Узбекистон сафар кунанд. Дар ин бора Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон рӯзи 3 январ хабар дод.

Мақомоти Узбекистон пештар бо қабули қароре барои шаҳрвандони Олмон ва 12 кишвари дигар низоми содаи дарёфти раводидро ҷорӣ карда буд. Бар пояи қарор, шаҳрвандони ин кишварҳо аз 1 январи соли 2021 метавонанд бидуни раводид ба Узбекистон сафар кунанд.

Бино ба омори расмӣ, соли гузашта 18 ҳазору 994 шаҳрванди Олмон аз Узбекистон боздид кардаанд. Шумори онҳо дар соли 2016 чор ҳазору 889 ва дар соли 2017 ҳафт ҳазору 207 нафарро ташкил медод.

Дар ҳоли ҳозир Узбекистон бо Русия, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина низоми бидуни раводид ҷорӣ кардааст.

Шаҳрвандони Исроил, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Сингапур, Туркия ва Ҷопон низ аз моҳи феврали соли равон метавонанд, ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба Ӯзбекистон сафар кунанд.

Ҳамчунин барои шаҳрвандони 39 кишвари дигар низоми содаи дарёфти раводиди Узбекистон ҷорӣ шудааст.

Вокуниши Зариф ба изҳороти Помпео: "Таҳдид, таҳдид меорад"

Вазири умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба изҳороти ҳамтои амрикоии худ гуфт, ки барномаҳои Ҷумҳурии исломӣ барои партоби моҳвора ба фазо ва озмоишҳои мушакӣ нақзи қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид намешавад. Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи панҷшанбе дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, ин Амрико аст, ки қатъномаи 2231-ро "нақз карда ва аз ин рӯ дар мавқеияте нест, ки дар ин бора сухан бигӯяд."

Майк Помпео, вазири умури хориҷи Амрико рӯзи панҷшанбеи 3-юми январ ба Эрон ҳушдор дод, ки барномаи партоби мушакҳои дурпарвоз ва фазоии худро канор бигузорад ва аз барҳам задани сулҳу субот дар минтақа худдорӣ кунад. Аммо Муҳаммадҷавод Зариф дар посухи ӯ навишт, ки "таҳдид таҳдид меоварад ва назокат, сабаби назокат мешавад."

Пас аз созиши ҳастаӣ миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ қатъноми 2231-и Шӯрои Амнияти СММ содир шуд, ки ба таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон поён медиҳад ва ҳамзамон Эрон водор мекунад, ки аз тавлид ва озмоиши мушакҳои дурпарвоз бо қобилияти партоби силоҳҳои ҳастаӣ, худдорӣ кунад.

Номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳалокати даҳҳо нафарро дар ҳодисаи Магнитогорск ба президенти Русия Влидимир Путин таслият гуфтааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, нома рӯзи 3-юми январ фиристода шуд.

Дар ин нома гуфта шудааст, “хабари таркиши газ дар бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск, ки муҷиби ҳалок ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо нафар гардид, моро сахт андӯҳгин намуд”.

Эмомалӣ Раҳмон аз Путин хостааст, “ҳамдардии ҷониби Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонад”.

Субҳи 31-уми декабри соли 2018 як қисми бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорски Русия фурӯ рафт, ки бар асари он даҳҳо нафар ҷон бохта ва захмӣ шуданд.

Дар ин ҳодиса чаҳор узви як хонавода аз ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон – Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола бо писаронаш Аҳмаду Саймуҳсин ва духтараш Фотима низ қурбон шуданд. Ҷасади онҳо баъди се рӯз аз зери вайронаҳо берун оварда шуд ва қарор аст, ба зудӣ ба ватан оварда шавад.

Падари ин хонавода Шуҳрат Улфатов сахт захмӣ шуда, дар бемористони вилояти Челябинск бистарист.

Нахустин ҷаласаи додгоҳии куштори Хошуқҷӣ дар Арабистони Саудӣ

Ҷамол Хошуқҷӣ

Дар Арабистони Саудӣ нахустин ҷаласаи додгоҳии куштори журналист Ҷамол Хошуқҷӣ баргузор шуд. Дар мурофиа 11 гумонбар ва вакилони онҳо иштирок доштанд. Айбдоркунандаи давлатӣ барои панҷ гумонбар ҳукми қатл талаб кард.

Муфаттишони саудӣ то ҳол шаҳодат ва далелҳои кушторро аз ҳамтоҳояшон дар Туркия интизоранд. Бозпурсии баъзе гумонбарон то ҳол идома дорад, менависад оҷонсии Bloomberg рӯзи 3 январ.

Мақоланависи The Washington Post Ҷамол Хошуқҷӣ аввали моҳи октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул кушта шуд. Ин журналисти саудӣ солҳои ахир аз Риёз шадидан интиқод мекард. Хадамоти истихбороти Туркия ва ИМА ба ин натиҷа расидаанд, ки мақомоти баландпояи Арабистони Саудӣ эҳтимол дар кушори журналист даст доранд. Риёз ин иттиҳомро рад мекунад. Ҷасади Хошуқҷӣ то ҳол пайдо нест.

Президенти Туркманистон ба писараш мақоми баланд дод

Сардор Бердимуҳаммадов - писари президенти Туркманистон

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писари худро ноиби раҳбари вилояти Аҳал таъин кард.

Хабари таъини Сардор Бердимуҳаммадови 37-сола ба ин мақом рӯзи 2 январ дар як изҳороти кӯтоҳ дар сомонаи хабарии ҳукумат нашр шуд.

Дар зинаҳои қудрат баланд шудани ягона писари раиси ҷуҳмур дар ин кишвари шадидан таҳти назорат, дар ҳолест, ки ӯ камтар аз як сол пеш ба мақоми муовини вазири умури хориҷии Туркманистон таъин шуда буд.

Минтақаи Аҳал бо Афғонистон ва Эрон ҳаммарз буда, маркази маъмурии он дар ҳашт километрии Ишқобод ҷойгир аст.

Бо дарёфти мақоми нав Сардор Бердимуҳаммадов ҷойи худро дар порлумон бозпас мегирад вале аз мақоми муовини вазири умури хориҷӣ канор меравад.

Таъини ӯ ба мақоми муовини вазири умури хориҷӣ дар моҳи марти соли 2018 ҳамчун аломате талаққӣ шуд, ки ӯ дар ояндаи ҷойгузини падар мешавад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадови 61-сола моҳи декабри соли 2006, баъди марги президенти худкомаи пешин Сафармурод Ниёзов зимоми қудрати Туркманистонро ба даст гирифт ва то ҳол ба ин кишвари дар ҳоли инзиво камтарин таъғирот ворид кардааст.

Бердимуҳаммадов ҳамчунин се духтар ва чаҳор набера дорад.

Сафири Кореяи Шимолӣ дар Италия аз назарҳо пинҳон шуд

Прачами Кореяи Шимолӣ дар назди бинои сафорати ин кишвар дар Италия

Як дипломати Кореяи Шимолӣ, ки то чанде пеш иҷрокунандаи сафири ин кишвар дар Италия буд, аз назарҳо пинҳон шуд. Дар ин бора Хадамоти ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ хабар дод.

Қоунунгузори Кореяи Ҷанубӣ Ким Мин-ки мегӯяд, ки дар ин бора як мақоми Хадамоти истихбороти кишвар рӯзи 3 январ дар ҷаласаи пушти дарҳои баста хабар дод.

Тавре Кин ба хабарнигорон гуфт, мақоми Хадамоти истихбороти Кореяи Ҷаунбӣ гуфтааст, ки Ҷо Сонг-гил, иҷрокунандаи мақоми сафири Пхенян дар Рум ва ҳамсари ӯ маҳалли зисти худро авоили моҳи ноябр, чанд ҳафта пеш аз анҷоми муҳлати фаъолияташ тарк кард.

Ба думболи ин маълумот хабари тасдиқношудае пахш шуд, ки Ҷо аз як кишвари Ғарбӣ, ки номаш зикр нашудааст, дархости паноҳангӣ кард.

Шарҳи Кореяи Шимолӣ дар бораи ин дипломат то ҳол дарёфт нашудааст.

Дипломати 48-сола Ҷо Сонг-гил аз соли 2017, баъди ронда шудани сафири қаблӣ Мунг Ҷон-нам аз Италия, ба нишони эътироз алайҳи озмоиши ҳастаии Пхенян, ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сафир фаъолият мекард.

Охирин мақомдори баландпояи Кореяи Шимолӣ, ки фирор карда буд, Тай Ёонг Ҳо, муовини сафири Кореяи Шимолӣ дар Лондон буд. Ӯ соли 2016 мақомашро гузошт ва ҳамроҳ бо зану фарзандонаш ба Кореяи Ҷанубӣ гурехт.

Трамп: Русия "ҳақ буд", ки дар Афғонистон ҷангид ва ҳоло мебояд ба он ҷо баргардад

Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти Амрико, ҳангоми баҳси мубориза бо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" дар Афғонистон аз давлатҳои дигар, махсусан Русия, Покистон ва Ҳиндустон даъват кард, ки ба мубориза ҳамроҳ шаванд.

"Чаро Русия дар он ҷо нест? Чаро Покистон нест? Ҳиндустон нест? Чаро мо дар онҷоем, ҳол онки мо 6 ҳазор километр аз онҷо дурем", - гуфт Трамп.

Президенти Амрико гуфт, ҷанги солҳои 1980 дар Афғонистон ба варшикастагии Иттиҳоди Шӯравӣ сабаб шуд.

"Русия пештар Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Афғонистон аз он Русия сохт, зеро онҳо дар Афғонистон ҷангиданд ва варшикаста шуданд. Русия барои он дар Афғонистон буд, ки террористон ба сӯи Русия ҳаракат мекарданд. Онҳо (русҳо) ҳақ доштанд, ки онҷо бошанд. Мушкил дар он буд, ки ҷанг душвор буд. Ва онҳо варшикаста шуданд. Онҳо дубора номи Русияро гирифтанд, на Иттиҳоди Шӯравиро. Медонед, бисёр минтақаҳое, ки Шумо дар бораашон мехонед, дигар ҳудуди Русия нестанд, маҳз ба хотири Афғонистон", - гуфт Доналд Трамп.

Президент Трамп ба ҳузури тӯлонии нерӯҳои Амрико дар ин кишвари ҷангзада мухолиф аст ва ахиран гуфт, ки воҳидҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаро аз Сурия берун мекашад.

Баъди навори "қабеҳи пулис" кормандони академия ҷазо гирифтанд

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, навори видеоии табрикоти солинавии милисае, ки ахиран дар интернет нашр шуд, дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар Қарағанда сабт шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, ки дар робита ба ин ҳодиса муовини сардори таҳсили соли аввали академияи Қарағанда аз мақом барканор шудааст. Ӯ дар навор бо алфози қабеҳ ҳарф мезад ва ба фасодкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ишора мекард.

Алмас Садубоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки мақомдори академияи Қарағанда Тастайбеков А.Р. аз мақомаш дар вазорат барканор шуд. Ба гуфтаи Садубоев, роҳбари бевоситаи Тастайбеков ва роҳбари муассисаи мазкур ҷазои маъмурӣ гирифтаанд.

31-уми декабри соли 2018 дар интернет наворе нашр шуд, ки дар он марде дар либоси милиса "бародарон" (ба эҳтимоли зиёд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ)-ро бо алфози нохушоянд табрик мекунад.

Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасии зиёдро ба бор овард.

Кохи Сафед аз нияти ИМА барои ҳимояи курдҳои Сурия хабар дод

Афсари ИМА бо сарбозони курд дар шаҳри Ал-Маликия

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида нерӯҳояшро аз Сурия дар "муҳлати муайян" берун мекунад ва ошкор накардани замони хуруҷи нерӯҳоро ба талоши пуштибонӣ аз курдҳои Сурия вобаста донист.

Қаблан Туркия аз омодагиаш барои ҳамла ба курдҳо хабар дода буд. Reuters ба дунболи ин аз барномаи Пентагон хабар дод, ки баъди хуруҷи нерӯҳо силоҳҳояшро ба курдҳо месупорад. Сухан аз боби зиреҳпӯшҳо, хумпорандозҳо ва сохторҳои мушакии зидди тонкҳо аст. Ин тасмим ҳоло ниҳоӣ нашудааст.

Трамп дар бораи хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурия рӯзи 19-уми декабри соли 2018 хабар дод ва ин қарорро ба шикасти комили гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" рабт дод. Фармондеҳии артиши Амрико бо натиҷагирии президент розӣ нашуд ва инро амали пеш аз вақт номид.

Рӯзи 1-уми январи имсол маълум шуд, ки Трамп суръати хуруҷи артишро кам мекунад ва барои ин чаҳор моҳ вақт дод. Ба навиштаи матбуот, президени ИМА мавқеашро баъди боздид аз пойгоҳи Амрико дар Ироқ дигар кард. Фармондеҳони артиш Трампро гӯё мутақоид кардаанд, ки ҷиҳодиҳо то охир саркӯб нашудаанд.

Туркия мегӯяд, дастаҳои курд, ки дар тарафи ИМА алайҳи ДИИШ меҷанганд, бо "Ҳизби Коргарии Курдистон" робита доранд. Анкара ва бисёр кишварҳои дунё, бо шумули давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо ин созмонро террористӣ арзёбӣ мекунанд.

Дар боғи ҷонварони Андиҷон шере нигаҳбонашро кушт. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Шере дар боғи ҷонварони вилояти Андиҷон ба нигаҳбонаш ҳамла карда, ӯро кушт. Тафсилоти ҳодисае, ки рӯзи 28-уми декабри соли 2018 дар боғи ҷонварони ноҳияи Хоҷаободи Андиҷон рух додааст, рӯзи 2-юми январ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум шуд.

Нигаҳбон дар лаҳзаҳое мавриди ҳамлаи ҷонвари ваҳшӣ қарор гирифт, ки мехост вориди қафас шуда, ба шер хӯрок диҳад.

“Гумони мо ин аст, ки ҷонвар сахт гурусна буд ва ба ҳамин сабаб ба ин мард ҳамла кард”, - гуфт як корманди боғи ҷонварон, ки нахост номаш бурда шавад. Фоҷеаи рухдода дар остонаи Соли навро ба хабарнигорон дар шӯъбаи умури дохилии шаҳри Андиҷон ҳам тасдиқ карданд. Боғи ҷонварон дар ноҳияи Хоҷаободи Андиҷон баъди Тошканд дувумин боғи калонтарини вуҳуш дар ҳудуди Узбекистон ба шумор меравад.

Ин муассиса соли 2016 таъсис ёфта дар ҳудуди он беш аз 50 навъи ҷонварон нигаҳдорӣ мешавад. Як ходими фарҳанги ҳукумати ноҳияи Хоҷаобод гуфт, ки ин боғ ба як ширкати хусусӣ тааллуқ дошт, аз ин хотир нахост ҳодисаро шарҳ бидиҳад. Раҳбарияти боғ барои журналистон дастнорас буд.

Ин ҳодисаи нодири ҳамлаи ҷонвари ваҳшӣ ба корманди боғи ҷонварон дар Узбекистон аст. Соли гузашта "Озодлик" хабар дода буд, ки дар Сирки давлатии Узбекистон шеру палангҳои гурусна маймунеро, ки мисли онҳо дар сирк кор мекард, нобуд карданд. Кормандони сирк ноябри порсол аз мушкили таъмини саривақтии ғизову ҳолати риққатбори ҷонварон шикоят карда буданд. Ҳомиёни ҳуқуқи ҷонварон ҳам дар заминаи шароити номусоиди нигаҳдошти ҳайвонот дар боғҳои вуҳуши Узбекистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Сафири ИМА бо амрикоии боздоштшуда дар Русия мулоқот кард

Пол Уилан

Сафири ИМА дар Русия Ҷон Ҳантсман рӯзи чоршанбе бо шаҳрванди Амрико Пол Уилан, ки мақомоти Русия ӯро бо гумони ҷосусӣ боздошт кардаанд, дар зиндони "Лефертово" мулоқот кард. Дар ин бора сухангӯи Департаменти давлатӣ хабар дод.

Пеш аз ин, рӯзи чоршанбе Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки ИМА аз Русия озодии оҷили шаҳрвандаш ва шарҳи сабабҳои боздошти ӯро талаб кард.

Кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия Уиланро рӯзи 28 декабр боздошт карданд. Алайҳи ӯ аз рӯи банди 276-и Қонуни ҷиноии Русия (ҷосусӣ) парванда боз шудааст.

Хонаводаи Уилан иттиҳоми ҷосусиро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯ ба Русия барои ширкат дар як ҷашни арусӣ рафта буд.

Оҷонсии "Росбалт" бо такя ба манбае дар хадамоти махсуси Русия навишт, ки Пол Уилан дар Маскав, ҳангоми гирифтани флеш-карти ҳомили феҳрасти кормандони яке аз муассисаҳои махфии Русия боздошт шуд. Ин маълумот, ба гуфтаи манбаи "Росбалт", сирри давлатӣ ҳисоб мешавад. Шаҳрванди Амрико флеш-картро дар ҳуҷраи меҳмонхонаи "Метропол" гирифт ва дар ҳамон ҷо боздошт шуд,- мегӯяд оҷонсӣ.

Пол Уилани 48 сола сарбози пешини нерӯҳои пиёдагарди баҳрии ИМА аст, ки дар Мичган зиндагӣ мекунад. Ӯ солҳои ахир дар бахши амнияти ширкати BorgWarner кор мекард, ки барои автомошинҳо лавозими иловагӣ месозад. Ба гуфтаи The Washington Post, Пол Уилан соли 1994 дар нерӯҳои пиёдагарди баҳрӣ ба хизмат оғоз кард ва соли 2008 бинобар дуздӣ аз сафи нерӯҳои ИМА хориҷ шуд.

Миёнаҳои моҳи декабри соли 2018 дар ИМА додгоҳи шаҳрванди Русия Мария Бутина баргузор шуд. Бутина ба созиши ҷиноятӣ бо ҳадафи кор кардан дар ИМА, ба сифати агенти хориҷии бидуни сабти ном, муттаҳама шуд. Ин шаҳрванди Русия ба хотири ҳукми сабуктар бо додгоҳи ИМА созиш ва гуноҳашро эътироф кард.

Қазоқистон ҳаҷми маош ва нафақаи шаҳрвандонро боло бурд

Сар аз моҳи январи соли 2019 ҳаҷми маош ва нафақа дар Қазоқистон боло рафт. Дар ин бора сомонаи сарвазири он кишвар хабар дод.

Ба иттилои сомонаи мазкур, ҳаҷми маоши ҳадди ақал аз 72 доллар ба 110 доллар мерасад. Гуфта мешавад, болоравии маоши ҳадди ақал ба 1 миллиону 300 ҳазор қазоқистонӣ дахл хоҳад кард.

Ҳамзамон ҳаҷми нафақаҳо низ боло рафта, ба 135 доллар баробар мешавад.

Ҷанҷоли ҷосусӣ: ИМА аз Русия шарҳи боздошти шаҳрвандашро талаб кард

Майк Помпео

Мақомоти ИМА интизор доранд, ки дар робита ба боздошти сарбози пешини нерӯҳои пиёданизоми баҳрии Амрико Пол Уилан, ки ахиран дар Русия бо ҷурми ҷосусӣ боздошт шуд, аз Маскав маълумоти бештар бигиранд, - дар ин бора Котиби давлатии ИМА Майк Помпео хабар дод.

"Мо ба Русия изҳори умед кардем, ки соатҳои наздик ба ӯ дастрасӣ пайдо кунем ва дар бораи ин қазияи маълумоти бештар бигирем",- гуфт Помпео рӯзи 2 январ дар ҷараёни сафараш ба Бразилия.

Рӯзи 31 декабр Хадамоти амнияти федеролии Русия - ФСБ гуфт, ки шаҳрванди ИМА Пол Уилан рӯзи 28 декабр "ҳангоми анҷоми амали ҷосусӣ" боздошт шуд. Алайҳи ӯ аз рӯи банди 276- Қонуни ҷиноии Русия (ҷосусӣ) парванда боз шудааст.

Хонаводаи Уилан иттиҳоми ҷосусиро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯ ба Русия барои ширкат дар як ҷашни арусӣ рафта буд.

Пол Уилани 48 сола сарбози пешини нерӯҳои пиёдагарди баҳрии ИМА аст, ки дар Мичган зиндагӣ мекунад. Ӯ солҳои ахир дар бахши амнияти ширкати BorgWarner кор мекард, ки барои автомошинҳо лавозими иловагӣ месозад. Ба гуфтаи The Washington Post, Пол Уилан соли 1994 дар нерӯҳои пиёдагарди баҳрӣ ба хизмат оғоз кард ва соли 2008 аз он хориҷ шуд.

Миёнаҳои моҳи декабри соли 2018 дар ИМА додгоҳи шаҳрванди Русия Мария Бутина баргузор шуд. Бутина ба созиши ҷиноятӣ бо ҳадафи кор кардан дар ИМА, ба сифати агенти хориҷии бидуни сабти ном, муттаҳама шуд. Ин шаҳрванди Русия ба хотири ҳукми сабуктар бо додгоҳи ИМА созиш ва гуноҳашро эътироф кард.

Миллиардерҳои Русия дар як сол қариб $6 миллиард гум карданд

Миллиардери рус Виктор Векселберг

Ба маълумоти оҷонсии Bloomberg, миллиардерҳои рус дар соли 2018 ҷамъулҷамъ 5,9 миллиард доллар гум карданд. Дар феҳрасти 500 сарватманди дунё, ба гуфтаи Bloomberg, 25 шаҳрванди Русия шомил аст.Дар давоми соли гузашта танҳо нуҳ нафари онҳо тавонистанд дороии худро бештар кунанд.

Сегонаи сарватмандони рус, ки натавонистанд доротар шаванд, молики "Ренова" Виктор Векселберг бо $3,1 миллиард бохт, президенти ширкати маъдани Урал Искандар Маҳмудов бо $2,4 миллиард ва молики "Серверстал" Алксей Мордашев бо $2,2 миллард доллар бохт номбар мешаванд.

Ба сафи онҳое, ки ба сарвати худ сарват зам кардаанд, ҳамраиси "Лукойл" Вагит Алекперов бо афзоиши дороии $3,4 миллард ва ҳамраисони "Новатэк" Леонид Михелсон ва Генадий Тимченко ворид шудаанд, ки ҳар яке дороии худро ба маблағи $2,7 миллард афзун кардааст.

Сарватмандтарин шаҳрванди Русия яке аз моликони аслии "Норникел" Владимир Потанин аст, ки Bloomberg дороии ӯро $20 миллиард шумурдааст.

Аз 20 шахси сарватманди дунё чордаҳ нафар шаҳрванди ИМА мебошанд. Муваффақтарини онҳо бунёдгузори Amazon Ҷефф Безос аст: дороии ӯ $125 миллиард ҳисоб шудааст.

Намояндаи Тоҷикистон раҳбари сохтори зиддитеррористии СҲШ шуд. ВИДЕО

Ҷумъахон Ғиёсов шурӯъ аз 1 январ раҳбарии Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро ба ӯҳда гирифт. Хабаргузории Интерфакс рӯзи чоршанбе бо такя ба вазорати умури хориҷии Узбекистон хабар дод, ки шурӯъ аз 1 январ бар асоси қарори Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ раиси Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии мубориза бо терроризми ин созмонро, ки қароргоҳаш дар Тошканд аст, намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов ба ӯҳда мегирад. Дар ин мақом ӯ се соли оянда кор хоҳад кард.

Ғиёсов давоми солҳои 2017-2018 дар вазифаи муовини раиси кумитаи иҷроияи ин сохтор кор карда, пеш аз он дар КДАМ ва Кумитаи умури дини Тоҷикистон кор кардааст.

Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ соли 2004 таъсис шуда, дар шаҳри Тошканд амал мекунад. То охири соли 2018 раҳбарии ин сохторро намояндаи Русия Евгений Сисоев ба ӯҳда дошт.

Инчунин, шурӯъ аз 1 январи соли 2019 бар асоси қарори шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ, ба вазифаи дабири кулли ин созмон намояндаи Узбекистон Владимир Норов таъин шуд. Норов дар гузашта раиси Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стратегии назди президенти Узбекистон ва вазири умури хориҷии ин кишвар кор кардааст. Норов дар ин мақом шаҳрванди Тоҷикистон Рашид Олимовро иваз кард.

Ба узвияти Созмони ҳамкорҳои Шонгҳой Ҳинд, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Покистон, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил ҳастанд.

Владимир Норов ба курсии дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шангҳай нишаст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:20 0:00

Эътирозҳои Ҳиндустон баъди ибодати занҳо дар маъбади Сабаримала

Эътирози занон дар Ҳиндустон - 1 январ, 2019

Ба думболи ибодати ду зан дар маъбади шаҳри Сабаримала, аёлати Керала - бузургтарин макони зиёрати ҳиндуҳо, эътирозҳо оғоз шуданд. Пулис барои пароканда кардани тазоҳурот аз гази ашковар истифода кард. Дар ин бораи матбуоти Ҳиндустон рӯзи 2 январ хабар дод.

Эътирозгарон якчанд роҳро бастанд. Баъзе иштирокдорони тазоҳурот дукондорон ва савдогаронро ба коршиканӣ даъват карданд. Дар баъзе ноҳияиҳои аёлат мардум ба сӯи пулис санг андохтанд.

Рӯзи 1 январ барои аввалин бор дар чандин аср, ба ду зан даст дод, ки дар маъбад ибодат кунанд. Ҳамон рӯз занон дар Ҳиндустон пушти ҳам саф кашида аз худ ба дарозои 620 килолметр занҷири зинда сохтанд. Бо ин шева онҳо пуштибонии худро аз баробарии ҷинсӣ баён карданд. Ба гуфтаи мақомот дар намоишҳо беш аз 5 миллион нафар иштирок кард.

Муддати тӯлонӣ занҳои аз 10 то 50 сола ҳақ надоштанд ба маъбади Сабаримала ворид шаванд. Моҳи сентябри соли 2018 Додгоҳи олии Ҳиндустон қарори манъро расман бекор кард. Аммо мардҳо тамоми занҳоеро, ки мехостанд ба маъбад ворид шаванд, бо сангу чӯб заданд.

Рӯзи 4 март дар Бадахшон интихобот баргузор мешавад

Рӯзи 4 март дар ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар интихобот Ёдгор Файзов бар ивази узви хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба узвияти маҷлис шомил мешавад. Ин тасмим рӯзи 2 январ дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гирифта шуд, ки таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси комиссиюни интихоботҳо баргузор гардид.

Шодихон Ҷамшед то 1 октябри соли 2018 дар мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор карда баъди интиқодҳои президенти Тоҷикистон аз тартибу интизом дар вилоят аз мақомаш барканор шуд. Ба ҷойи ӯ раҳбари Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов таъйин шуд. Файзов феълан иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон аст ва қарор аст номзадии ӯро маҷлиси вилоятӣ тасдиқ кунад. Шодихон Ҷамшед ба мақоми муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон таъин шуд.

Ёфтҳои бештар

Суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Нуриддин Саид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Нуриддин Саид
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG