Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Нишаст дар бораи занони тоҷик. Ҷойи баёни мушкилҳо ё..?

Озода Раҳмон аз соли 2016 раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст

Мақомот гуфтанд, дар нимаи аввали моҳи октябр дар кишвар "Форуми ҷумҳуриявии занон" баргузор хоҳад шуд, ки онро Озода Раҳмон – раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон – раҳбарӣ мекунад.

Ба қавли манобеи расмӣ, "дар форум занони фаъол ва шинохта иштирок карда, масъалаҳои вобаста ба ҷомеа, фарҳанг ва омӯзиши духтаронро баррасӣ мешавад."

Маълум нест, дар ин нишаст аз шиканҷаи занон дар хонавода ва талоқҳои зиёд, ки ба қавли созмонҳои байналмилалӣ вазъи бонувонро дар кишвар бад кардааст, хоҳанд гуфт, ё не.

Аммо ин нишасти занон дар ҳоле баргузор мешавад, ки ба иттилои мақомот Озода Раҳмон моҳи гузашта "сафири созмони байналмилалии занони сиёсатмадори раҳбар" эълон шудааст. Баъзе аз коршиносон бо ишора ба ин мегӯянд, шояд форум ҷавоби Тоҷикистон ба созмон аст ва ба тахмини онҳо "бештар аз пешрафтҳо гуфта хоҳад шуд, на камбудҳо".

Озода Раҳмон, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, се сол боз раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст. Вай ҳамзамон раиси Кумитаи Маҷлиси Миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният мебошад.

Духтари 41-солаи раиси ҷумҳур рутбаи мушовири давлатии адлия, рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухторро дорад ва дар ҳоли ҳозир аз афроди матраҳ дар кишвар аст.

Бархе аз коршиносон ӯро аз номзадҳои эҳтимолӣ дар интихоботи соли ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон медонанд, вале на худи ӯ ва на мақомот дар ин бора гап назадаанд.

Солҳои ахир бисёриҳо барои ҳалли мушкили худ дар баробари президент ба Озода Раҳмон низ муроҷиат мекунанд. Коршиносон мегӯянд, "ҳалли мушкили сокинон аз ҷониби ӯ интихобӣ буда, ба сурати умум мансабдори дастрас шумурда намешавад."

Трамп: Адам Шифф барои "хиёнат" ҳабс шавад

Адам Шифф

Президенти ИМА Доналд Трамп дар вокуниш ба нияти Маҷлиси намояндагони ин кишвар барои идомаи таҳқиқи аъмолаш дар пешорӯи эъломи изҳори нобоварӣ, ҳамоно тунд вокуниш мекунад. Рӯзи 30 сентябр Трамп ишора кард, ки раҳбари таҳқиқот – намояндаи ҳизби демократ аз Калифорния Адам Шифф бояд “барои хиёнат” ҳабс шавад. Таҳқиқи конгресс баъди он шурӯъ шуд, ки як манбаъ дар Кохи Сафед гуфт, Трамп президенти Украина Владимир Зеленскийро фишор меорад, то ки ӯ таҳқиқи ҷиноии собиқ муовини президенти Амрико Ҷо Байден ва як номзад ба интихоботи соли ояндаи президентӣ аз демократҳоро ба роҳ монад.

Манбаъ гуфт, ки дар як сӯҳбати телефонии 25 июли миёни Трамп ва Зеленский, президенти Амрико раҳбари Украинаро водор кард, ки корҳои Байден ва писари ӯ Ҳантерро, ки як узви шӯрои мудирони ширкати нафтӣ дар Украина аст, тафтиш кунанд. Байден бо президенти пешин Барак Обама кор кардааст.

Феълан ҳеҷ шоҳодате дар заминаи иштибоҳ ё қонуншиканиҳои эҳтимолии Байден нашр намешавад. Котиби давлатии ИМА Майк Помео ҳамчунин рӯзии 25 июл бо Зеленский ҳамсӯҳбат буд. Дар ин бора матбуоти амрикоии мисли Wall Street Journal, Reuters ва AP хабар доданд.

Сӯҳбати Трамп ва Зеленский дар фурсати кӯтоҳи баъди он баргузор шуд, ки президенти Амрико гуфт, кӯмакҳои низомии Украина дар ҳаҷми 400 миллион долларро бозмедорад. Мунаққидон гуфтанд, ки Трамп имкони додани ин кӯмакҳоро барои расидан ба ҳадафҳои хусусиаш истифода кардааст.

Таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Чин. ВИДЕО

Сӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, маъракаҳои расмии таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Хитойро раҳбарӣ кард.

Ин маърака рӯзи 1-уми октябр бо ҳузури сад ҳазор нафар, аз ҷумла 15 ҳазор низомӣ баргузор шуд. Ҳукумати Чин талош кард, то нишон диҳад, ки тавоноии мубориза бо чолишҳо, аз ҷумла эътирозҳои чанд моҳи ахир дар Ҳонгконгро дорад.

Чин дар замони раҳбарии Сӣ Ҷинпинг маблағгузорӣ дар бахши низомиро афзоиш додааст.

Таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Чин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

Бо он ки сарони кишварҳои дигар барои иштирок дар маросими рӯзи сешанбе даъват нашуда буданд, сафирони чанде аз давлатҳо дар он иштирок доштанд.

Ҳукумати коммунистии Чин рӯзи 1-уми октябри соли 1949, баъди ба қудрат расидани коммунистҳо бо роҳбарии Мао Дзе Дун ташкил шуд.

Ҳизби коммунистӣ дар Чин то кунун сари қудрат аст, аммо ислоҳоти иқтисодие, ки дар охири солҳои 1970 оғоз гардид, боис ба пешрафти кишвар ва беҳшавии сатҳи зиндагии мардум шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва кишварҳои Ғарб Чинро барои поймолсозии ҳуқуқи инсон, ба вижа ақаллиятҳои миллӣ дар Тибет ва минтақаи худмухтори Шинҷон-Уйғур, маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоъ, мавҷуд набудани рақобати воқеии сиёсӣ танқид мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Ҳонгконг, ки 20 сол пеш ба ихтиёри Чин дода шуд, рӯзи сешанбе миёни пулис ва эътирозгарон занозании нав рух дод.

Эътирозгарон талош карданд, ки бо идомаи тазоҳурот маросими ҷашни ҳафтодумин солгарди ҳокимияти ҳизби коммунист дар Чинро таҳти шуо қарор диҳанд.

Ҳонгконг чаҳор моҳ боз шоҳиди эътирозҳои густарда алайҳи тарҳи истирдоди гунаҳкорон ба Чин аст.

Дар ҳамлаи Толибон 11 ходими полис кушта шуд

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки дар як ҳамлаи Толибон ба қароргоҳи полис дар вилояти шимолии Балхи Афғонистон дасти кам 11 афсари полис кушта шуд. Мунир Аҳмад Фарҳод, сухангӯи волӣ гуфт, ки субҳи барвақти 1 октябр корвони иборат аз тақрибан 400 ҷангҷӯи Толибон савори мотосикл ба қароргоҳи полис дар ноҳияи Шӯртеппа ҳамла карданд. Дар паи ин рӯёрӯии шадиде шурӯъ шуд, ки то ҳол идома дорад. Мунир Аҳмад Фарҳод гуфт, ки дар ин ҳамла “11 афсари полис кушта шуд. Толибон ҳам қурбонии зиёд доданд”. Ба иттилои ин намояндаи давлат, нирӯҳои ҳукуматӣ барои муқовимат ба ҳамлаи Толибон ба минтақа сафарбар шудаанд. Ба иттилои Каримхон, раиси ноҳияи Шӯртеппа, Толибон 13 афсари полисро боздошт карда, бинои идораи полисро оташ заданд.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки ҷангиён назорати минтақаро ба даст оварданд.

Ҳамлаҳои Толибон дар ҳолест, ки дар Афғонистон тоза даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд ва даври дуюм ба моҳи ноябр вогузор шудааст.

Бародари президенти Эрон ба панҷ сол зиндон маҳкум шуд

Ҳусейн Фаридун, бародари раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, ба панҷ сол зиндон маҳкум шуд. Ба гузориши ИРНА -- хабаргузории давлатии Эрон, Ғуломмуҳсин Исмоилӣ, сухангӯи Додгоҳи олии Эрон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, ки "Ҳусейн Фаридун ба 5 сол ҳабс, ҷазои нақдӣ ва баргардонидани мол ба маблағи 31 миллиард туман, маҳкум шудааст".

Ӯ афзуд, ки "додгоҳи таҷдиди назар раъйи ниҳоиро дар мавриди Ҳусейн Фаридун содир кардааст ва ҳукми ҳафт сол ҳабс ба панҷ сол ҳабс поин оварда шудааст".

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Ҳусейн Фаридун ба пулшӯӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста мешавад. "Форс" менависад, ки вай дар баробари дарёфти ришва, маслиҳатҳои муассире барои супурдани масъулиятҳое дар бонк ва дигар бахшҳои таъсиргузори иқтисодӣ ба афроди хос анҷом додааст ва ин афрод дар муқобил, маблағҳои калонеро ба вай пардохт мекарданд".

Мақомоти додгоҳӣ ҳудуди ду сол қабл аз боздошти Ҳусейн Фаридун ба хотири "иттиҳомоти молӣ" хабар дода буданд.

Узбекистонии дар Туркия кушташударо дар фоҳишагӣ айбдор карданд

Додситонии Туркия ба омӯзиши парвандаи марги зодаи Узбекистон, Нодира Қодироваи 23-сола шуруъ кард, ки рӯзи 24 сентябр дар манзили генерали мустаъфии турк Ширин Унал аз таппонча кушта шуд.

Дар ин бора расонаҳои Туркия хабар доданд. Додситонӣ Лайло Ниёзова, дугонаи Нодираро бозпурсӣ кардааст. Муфаттишони додситонӣ Нодираи кушташуда ва дугонаи ӯро дар фоҳишагӣ айбдор мекунанд.

"Ман ҳаргиз Нодираро ба фоҳишагӣ маҷбур накарда ва чунин шароит ҳам фароҳам наовардаам. Ман ба Тошканд маҳсулоти нассоҷӣ мефиристам ва аз ин ҳисоб даромад ба даст меорам. Нодира ҳаргиз дар манзили ман шабро рӯз накардааст",-гуфтааст Лайло Ниёзова дар ҷараёни бозпурсӣ.

Ба иттилои расонаҳо, Нодира Қодирова аз таппончаи марбут ба генерал маҷруҳ шуда буд. Ҳодиса субҳи рӯзи 24 сентябр рух дод ва Нодира Қодирова дар бемористони Анқара вафот кард.

Хабар дода мешавад, зодаи Узбекистон гӯиё худкушӣ кардааст. Аммо Ширин Унал аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунад. Нодира Қодирова як соли охир аз модари Ширин Унал парасторӣ мекард.

Муҳаммадалӣ Қодирова, бародари Нодира Қодирова мегӯяд, хоҳараш ҳеч сабабе барои худкушӣ надошт.

Консулгарии Узбекистон дар Анқара хабар дод, бародари Нодира барои кумак ба онҳо муроҷиат кардааст.

Фурӯши маводи мухаддир бо Telegram: айбдоршаванда зиндонӣ шуд

Додгоҳе дар Қазоқистон рӯзи 30 сентябр як сокини 22-соларо бо айби дарёфт кардан, нигаҳ доштан ва фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми калон, шаш сол зиндонӣ кард. Ин мард эълони фурӯши маводи мухаддирро тавассути паёмакрасони Telegram ба роҳ монда буд.

Ба иттилои тафтишот, марди айбдоршаванда дар Telegram ҳам эълони фурӯши маводи мухаддирро ба роҳ монда ва ҳам онро нархгузорӣ карда ва маблағи фурӯшро низ тавассути замимаи мобилӣ ба даст меовардааст.

Тафтишот натавонист, муайян кунад, ки ин мард маводи мухаддиро аз куҷо дастрас мекард.

Айбдоршаванда танҳо нигаҳдории маводи мухаддирро эътироф кард. Вай гуфт, ба фурӯши он машғул набуд ва маблағро бо хоҳиши ошнояш қабул мекард. Сокини 22-сола пештар аз ин фурӯши маводи мухаддирро низ эътироф карда буд, аммо баъдтар аз эътирофҳояш даст кашид.

"Ин гуна ҷиноятҳоро ҳоло ошкор кардан хеле душвор аст. Зеро фурӯшандагони маводи мухаддир ин тиҷоратро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мемонанд ва маблағро ҳам тавассути замимаҳои мобилӣ дарёфт мекунанд. Баъди анҷом додани ду-се амалиёт, симкортро иваз мекунанд ва рақами нав таъсис дода, корашонро пеш мебаранд",-гуфт Куанишбек Абишев, муфаттиши парвандаи мазкур.

Парвандаи интиқоли 5 млн доллари фурудгоҳи Манас ба хориҷ

Хадамоти давлатии мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон муайян кардааст, ки 5 миллион доллари корхонаи "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" ба воситаи ширкатҳои оффшорӣ ба хориҷ интиқол дода шудааст.

Ба огаҳии хадамот, раҳбарияти "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" соли 2014 барои ба даст овардани 100 дарсади саҳмияҳои ширкати "Маркази сӯзишворӣ", ки он замон дар вартаи муфлисшавӣ қарор дошт, созишномаеро ба имзо расондааст.

Ширкати "Ф.С.Л.", ки раҳбараш шаҳрванди Қибрис аст, моҳи декабри соли 2014 ба "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" пешниҳод кардааст, ки ҳамаи саҳмияҳои "Маркази сӯзишворӣ"-ро бар ивази 7 миллион доллари амрикоӣ харидорӣ намояд.

Сардори бахши ҳуқуқии фурудгоҳ Б.М. ва сардори идораи моливу иқтисодии он А.Ж. фаъолияти "Маркази сӯзишворӣ"-ро таҳқиқ карда, фиреб додаанд, ки ширкат манфиатовар буда, қарздор нест. Дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доштани онро пинҳон кардаанд.

Дар асоси ин хулоса 25 декабри соли 2014 "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" саҳмияҳои ширкати мазкурро бар ивази 5 миллион доллар харидорӣ карда, ду рӯз пас маблағро ба ҳисоби бонкии ду ширкати оффшорӣ интиқол додааст.

Дар робита ба қазияи мазкур бо банди "Беҳуда сарф кардани амволи вогузоршуда дар ҳаҷми махсусан калон" парвандаи ҷиноӣ боз ва сардори пешини бахши ҳуқуқии фурудгоҳ Б.М. боздошт шудааст.

Мудири иҷроияи "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" дар солҳои 2013 - 2016 Албек Иброимов аз соли 2018 дар ҳабс буда, зиддаш чандин айб эълом шудааст.

Норвегия 45 шаҳрванди Қазоқистонро ихроҷ кард

Бинои вазорати умури хориҷии Қазоқистон.

Ойбек Смадиёров, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 30 сентябр хабар дод, ки Норвегия 45 шаҳрванди Қазоқистонро ба далели вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ихроҷ кардааст.

Ба гуфтаи Смадиёров, 59 тан аз қазоқистониҳо бо визаи сайёҳӣ вориди Норвегия шуда, аммо ба меҳнат машғул будаанд. Вай гуфт, интизор меравад, 14 шаҳрванди боқимондаи Қазоқистон ба зудӣ ихроҷ шаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки шаҳрвандони ин кишвар дар Русия визаи Норвегияро дарёфт мекунанд.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, ки 67 шаҳрванди хориҷӣ дар Норвегия ба далели вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират боздошт шудааст. Гуфта мешуд, ки миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Қазоқистон низ ҳастанд. Сафорати Қазоқистон дар Норвегия хабар дод, ки 60 тан аз боздоштшудаҳо шаҳрвандони Қазоқистонанд.

Писари Гул Шералӣ аз зиндон озод шуд

Диловар Гулов.

Диловар Гулов, писари Гул Шералӣ, собиқ вазири энержии Тоҷикистон баъди як соли адои ҷазо аз маҳбас озод шуд. Ӯ дар латукӯби як корманди пулис айбдор шуда бо ҷурми "авбошӣ" зиндонӣ шуда буд.

Саодат Амиршоева, вакили дифои Диловар Гулов рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояаш рӯзи 9-ми июл ҷазоро пурра адо карда рузи 10-уми июл ба озодӣ баромад. Амиршоева гуфт ҳоло Диловар Гулов дар Душанбе аст ва ба кору зиндагии худ идома медиҳад. "Ҷиноят рӯзи 8-уми июли соли 2018 содир шуда буд ва як рӯз пас аз он ӯро боздошт карда буданд. Расо як сол адои ҷазо кард ва озод шуд",-гуфт ӯ.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 5-уми ноябри соли 2018 Диловар Гуловро ба муддати як сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Латту кӯби Дилшод Нарзуллозода - корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва боздошти Диловар Гулов шоми 8-уми июл иттифоқ афтод.

Ҳодиса дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух дод ва писари вазири собиқ бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда, ӯро латукӯб кард. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст. Баъдан табибон гуфтанд, дар ин муноқиша устухони гуна ва бинии Нарзуллозода шикастааст.

Номи Диловар Гулов аз ин пеш моҳи марти соли гузашта сари забони расонаҳо шуд. Ӯро рӯзи 10-уми март бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт ва барои панҷ рӯз ҳабс карданд.

Қирғизистон ба гуруҳи кишварҳои бистгонаи ислоҳотхоҳ шомил шуд

Акс аз бойгонӣ.

Бонки ҷаҳонӣ Қирғизистонро ба гуруҳи кишварҳои бистгонаи ислоҳотхоҳи "Doing Business-2020" шомил кард. Муаллифони гузориш мегӯянд, Қирғизистон мавқеи худро дар робита ба нишондодҳои пайвастшавӣ ба неруи барқ, андозбандӣ ва дарёфти қарз аз бонкҳо беҳтар кардааст.

"Пайвастшавӣ ба неруи барқ" дар пайи тақвияти назорат ва замонавӣ сохтани зербиноиҳо беҳтар шудааст. Ислоҳоти нишондодҳои "Дарёфти қарз" ва "Андозбандӣ" аз ҳисоби беҳсозии низоми кори бюроҳои қарзиву содагардонии раванди ҳисоботдиҳӣ ва пардохти андоз сурат гирифтааст.

Ба гуруҳи кишварҳои бистгонаи ислоҳотхоҳ давлатҳое шомил мешаванд, ки бо гузаронидани ислоҳот роҳандозии фаъолияти соҳибкориро дар се бахш ва ё зиёда аз он осон гардонидаанд.

Рӯнамоии расмии рейтинги "Doing Business-2020" охирҳои моҳи октябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси Стратегияи миллии рушди Қирғизистон барои солҳои 2018-2040, ин кишвар бояд то соли 2023 ба гуруҳи кишварҳои чилгонае ворид шавад, ки шомили рейтинги "Роҳандозии тиҷорат" ҳастанд. Қирғизистон дар раддабандии соли 2018 дар миёни 190 кишвар мақоми 70-умро касб карда, назар ба соли 2017 ҳафт зина боло рафтааст.

Дар рейтинги Doing Business қонунгузории марбут ба танзими тиҷорат ва иҷрои он дар 190 кишвар баҳо дода мешавад.

Сокини Тошканд як табибро латукӯб кард

Акс аз бойгонӣ.

Як сокини шаҳри Тошканд корманди "ёрии таъҷилӣ"-ро барои анҷом надодани амали эҳёгарӣ ба шахсе, ки то омадани онҳо ҷон бохта буд, латукӯб кардааст. Дар ин бора Раёсати пулиси пойтахти Узбекистон иттилоъ дод.

"25 сентябр як гуруҳи табибон ба ноҳияи Яшнобод сафарбар шудаанд. Онҳо пас аз муоина муайян карданд, ки шаҳрванд ҷон бохтааст. Вале наздикони марди фавтида посухи табибонро написандидаанд. Ҳамсояи мард, ки "ёрии таъҷилӣ"-ро даъват карда буд, хостааст, амали эҳёгарӣ анҷом диҳанд, вале табибон худдорӣ кардаанд. Сипас ӯ ба яке аз табибон ҳамла карда, вайро латукӯб намудааст. Дар натиҷа табиб ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол ёфтааст",-афзуд манбаъ.

Дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шуда, ба шаҳрванде, ки табибро латукӯб кардааст, ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид мекунад.

Демократҳои Конгресс суҳбатҳои Трампу Путинро меҷӯянд

Раиси Кумитаи иттилоот ё иктишофи Маҷлиси Намояндагони Амрико гуфт, дар пайи ба даст овардани суҳбатҳои телефонии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида бо раҳбарони хориҷӣ, аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин аст.

Адам Шифф, вакили демократ аз Калифорния, рӯзи 29-уми сентябр дар суҳбат бо телевизиони NBC далели ин корро "нигаронӣ аз эҳтимоли ба хатар афтодани амнияти миллии Амрико" донист.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", вай гуфтааст, "ба назари ман, ҳифзи амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида кори зарурӣ аст ва бояд бинем, ки оё раиси ҷумҳур дар суҳбат бо раҳбарони ҷаҳон, бахусус Путин, амниятро дар баробари манфиати шахсӣ зери суол бурдааст ё не".

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 27-уми сентябр гуфт, барои Трамп муносиб нест, ки матни суҳбатҳояшро бо Путин нашр кунад.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки Кохи Сафед дастрасӣ ба матни суҳбатҳои "мушкилзо"-и Трамп бо раҳбарони хориҷӣ, аз ҷумла Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудиро ба шиддат маҳдуд кардааст.

Як маъмури Хадамоти махсуси Амрико ва ҳамзамон ифшогари суҳбати Доналд Трамп бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, низ гуфтааст, мақомдорони Кохи Сафед сабти суҳбатҳоро мумкин аст, дар махзан ё сервери махфӣ ҷой кардаанд.

Кумитаи Адам Шифф шикояти ин маъмури Хадамоти махсусро баррасӣ дорад, ки иддао кард, ҳангоми суҳбати телефонии моҳи июли имсол Трамп аз Зеленский хостааст, таҳқиқи зидди Ҷо Байден, рақиби эҳтимолиаш дар интихоботи соли 2020 ва писараш Ҳантерро оғоз кунад.

Ҷо Байден аз номзадҳои асосии демократҳо барои интихоботи президентии соли ояндаи Амрико аст. Намояндагони ин ҳизб раиси ҷумҳур Трампро муттаҳам кардаанд, ки дар тамос бо раҳбари хориҷӣ дар пайи манфиати шахсӣ будааст.

Трамп эътироф кардааст, ки дар суҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳури Украина Байденро баҳс кардааст, вале фишор болои Зеленскии 41-сола ва сиёсатмадори навқадамро комилан рад кардааст.

Ненсӣ Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико, ҳафтаи гузашта дастур дод, ки расмиёт барои раъйи адами эътимод ё изҳори нобоварӣ ба раиси ҷумҳур Доналд Трампро оғоз кунанд.

Бино ба Қонуни асосии Амрико, президент барои хиёнат, порагирӣ ё ҷиноятҳои дигари вазнин метавонад аз мақомаш маҳрум шавад.

Ду президенти пешини Амрико Эндрю Ҷонсон дар соли 1868 ва Билл Клинтон дар соли 1998 бо изҳори нобоварӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, вале Сенат онҳоро "орӣ аз хато" эълон кард. Соли 1974 президент Ричард Никсон дар пайи таҳдиди импичмент аз мақомаш истеъфо дод.

Гуруснанишинии "мубаллиғони терроризм" дар як маҳбаси Қазоқистон

Ҳашт "мубаллиғи терроризм" ва "барангезандаи бадбинӣ", ки моҳи гузашта дар шаҳри Алматои Қазоқистон зиндонӣ шуданд, сар аз 30 сентябр бо талаби бозбинии парвандаандшон, гуруснашинӣ эълом карданд. Дар ин бора хешовандони зиндониён хабар доданд.

Зиндониён ҳамчунин ба унвонии президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев нома ирсол карданд.

Пайвандони зиндониён гуфтанд, агар давоми даҳ рӯзи оянда мақомот вокуниш нишон надиҳанд, ба маъракаи гуруснашинии наздиконашон ҳамроҳ хоҳанд шуд. Додгоҳи Алмато рӯзи 5 август ҳашт тан аз айбдоршавандагони парвандаи "таблиғи терроризм" ва "ангехтаи бадбинӣ"-ро солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард.

Ба иттилои додгоҳ, Болатбек Нургалиев, яке аз айбдоршавандаҳо, дар паёмрасони WhatsApp барои "таблиғи терроризм ва ақидаҳои салафия" гуруҳ таъсис дода, дигаронро ба он шомил кардааст. Ин одамон аз минтақаҳои мухталифи Қазоқистон дар гуруҳ ҷамъ шуда, "бо дарки хилофи қонун будани рафторашон... мавзуъҳои марбут ба динро баҳсу баррасӣ карда, барқасдона ба изҳороти тундгароёна даст задаанд, ки терроризмро таблиғ карда, бадбинии диниро барангехтааст".

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Алянс Тирек"-и Қазоқистон гуфт, маҳкумшудаҳои мазкур ба хотири ақидаи диниашон таъқиб шудаанд.

Нигаронӣ аз ҳамла ба наворбардори Радиои Озодӣ дар Қирғизистон

Бунёди ҷамъиятии "Маркази рушди расонаҳо" аз мақомот даъват кард, ки ба ҳамлаи хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Ойбек Кулчуманов вокуниш нишон диҳанд. Бунёди мазкур мегӯяд, ҳамлаи мазкур талоши фишор овардан ба озодии баён ва монеъ шудан ба фаъолияти расонаҳо аст.

"Маркази рушди расонаҳо" гуфт, қонун "Дар бораи фаъолияти касбии рӯзноманигорон" монеъ шудан ба фаъолияти хабарнигоронро манъ мекунад.

"Дар ҳамин қонун зикр шудааст, ки ҳуқуқи касбӣ, шаъну шарафи хабарнигорро аз сӯи қонун муҳофизат мешавад. Хабарнигор ҳангоми иҷрои фаъолияти касбӣ аз дахолатнопазирӣ бархӯрдор аст. Таъқиби рӯзноманигор ба хотири матлабҳои танқидӣ манъ аст. Давлат ба рӯзноманигор дастрасии озод ва паҳнсозии иттилоъро кафолат додааст", - шарҳ медиҳад созмон.

"Маркази рушди расонаҳо" аз ҳукумат хост, вокуниш нишон диҳад ва аз мақомот талаб кард, ки тафтиш анҷом диҳад.

Рӯзи 28 сентябр афроди ношинос ба наворбардори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Ӯш ҳамла карда, таҷҳизоти ӯро гирифтанд. Дар пайи шикояти ӯ пулис бо банди "Дуздӣ" тафтишро оғоз кард. Ҷониби дувум низ ба пулис шикоят карда, гуфтааст, дроне, ки хабарнигори радио бо он навор мегирифт, дар назди манзили зисташ ба сари ӯ афтид. Вале дрон вақте аз идора берун шуд, ки афроди ношинос ба хабарнигор ҳамла карданд.

Дар Париж маросими ҷанозаи Жак Ширак баргузор шуд

Рӯзи 30 сентябр раҳбарони гузашта ва имрӯзаи кишварҳои мухталиф барои ширкат дар маросими ҷанозаи президенти собиқи Фаронса Жак Ширак дар Париж ҷамъ омаданд. Маросими хайрбод дар назди мақбараи Наполеон баргузор шуд. Суруди миллӣ ё “Марселеза”-ро гурӯҳи мусиқии низомӣ иҷро кард ва баъдан президент Эммануэл Макрон аз назди низомиён гузашт. Қабри Ширак бо парчами Фаронса оро дода шуда дар маркази майдони “Инвалидҳо” гузашта шуд.

Дар миёни меҳмонҳое, ки барои хайрбод бо президенти собиқи Фаронса омада буданд, президенти Русия Владимир Путин, собиқ президенти Амрико Билл Клинтон, собиқ садри аъзами Олмон Герҳард Шрёдар ва Шоҳи Урдун Абдуллоҳ дида шуданд. Ширак дар 86-солагӣ дар хона дар ҳалқаи наздиконаш даргузашт. Сабаби марги ӯ нашр нашуд.

Собиқ президенти Фаронса Франсуа Оллан дар суханронии худ Жак Ширакро шахсе қотеъ номид. Ӯ гуфт:

“Жак Ширак на танҳо интихоберо мекард, ки ба гурӯҳи ӯ қобили қабул буд. Бекор кардани ҳукми марг, бекор шудани манъи суқути ҳамл, эътирофи иштибоҳҳои Фаронса дар замони рейдҳои зидди яҳудӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон ва муборизаи ӯ бо ростгароҳо - намунаи қотеияти ӯст. Ӯ на танҳо ба хотири таҳрики дигарон ин қарорҳоро қабул кард, ӯ эҳсос мекард, ки бояд ҳамингуна бошад”.


Жак Ширак солҳои охир аҳёнан дар мазҳари ом дида мешуд ва танҳо маълум буд, ки ӯ аз дарди дил ранҷ мекашад. Ӯ солҳои 1995 то 2007 президенти Фаронса буд. Дар солҳои раҳбарии ӯ Фаронса ба фазои пули ягонаи аврупоӣ ворид шуд ва хидмати ҳатмии ҳарбиро бекор кард. Дар сатҳи байналмилалӣ Ширак бо мухолифати шадидаш алайҳи шурӯи ҷанги ИМА дар Ироқ дар соли 2003 дар ёдҳо мондааст.

Кормандони пулиси Узбекистон гардани гумонбари 61-соларо шикастаанд

Сардор ва нозири боздоштгоҳи муваққатии Идораи пулиси ноҳияи Узбекистони вилояти Фарғона шоми 25-уми сентябр бо гумони даст доштан дар куштори ронандаи мошини "Дамас" Абдураззоқ Қодиров боздошт шуданд.

Ба огаҳии додситонии Фарғона, зидди ду корманди Идораи пулиси ноҳияи Узбекистон бо бандҳои "Куштори барқасдона" ва "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонии вазнин" парванда боз шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки ронандаи 61-солаи "Дамас" Абдураззоқ Қодиров аз ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона 19-уми сентябр, баъди чанд лаҳзаи озод шудан аз боздоштгоҳи муваққатӣ ҷон бохт. Ӯро барои "майдаавбошӣ" дастгир карда буданд.

Наздикони Қодиров гуфтанд, ӯро дар боздоштгоҳ шадидан латту кӯб карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, кормандони боздоштгоҳ Қодировро як соат пеш аз марг дар ҳолати вазнин ба хонааш бурдаанд.

Яке аз наздикони Абдураззоқ Қодиров гуфт, дар шуъбаи пулис гардани вайро шикастаанд. "Ду корманди пулиси ноҳия соати 10-и шаби 18-уми сентябр бародарамро ба хона оварданд. Вазъи ӯ хеле вахим буд. Пас аз рафтани кормандони пулис ӯ ҷон дод", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Намояндаи додситонии ноҳияи Узбекистон хабар дод, ки Қодировро дар боздоштгоҳ чанд корманди пулис латту кӯб кардаанд. "Ӯ ҳангоми дар боздоштгоҳ будан чанд бор аз ҳуш рафтааст", - изҳор дошт вай.

"Мубаллиғони терроризм" дар маҳбаси Қазоқистон гуруснашинӣ эълом карданд

Ҳашт "мубаллиғи терроризм" ва "барангезандаи бадбинӣ", ки моҳи гузашта дар шаҳри Алматои Қазоқистон зиндонӣ шуданд, сар аз имрӯз - 30 сентябр - бо талаби бозбинии парвандаандшон гуруснашинӣ эълом карданд. Дар ин бора хешовандони зиндониён хабар доданд.

Зиндониён ҳамчунин ба унвонии президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев нома ирсол карданд.

Пайвандони зиндониён гуфтанд, агар давоми даҳ рӯзи оянда мақомот вокуниш нишон надиҳанд, ба маъракаи гуруснашинии наздиконашон ҳамроҳ хоҳанд шуд. Додгоҳи Алмато рӯзи 5 август ҳашт тан аз айбдоршавандагони парвандаи "таблиғи терроризм" ва "ангехтаи бадбинӣ"-ро солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард.

Ба иттилои додгоҳ, Болатбек Нургалиев, яке аз айбдоршавандаҳо, дар паёмрасони WhatsApp барои "таблиғи терроризм ва ақидаҳои салафия" гуруҳ таъсис дода, дигаронро ба он шомил кардааст. Ин одамон аз минтақаҳои мухталифи Қазоқистон дар гуруҳ ҷамъ шуда, "бо дарки хилофи қонун будани рафторашон... мавзуъҳои марбут ба динро баҳсу баррасӣ карда, барқасдона ба изҳороти тундгароёна даст задаанд, ки терроризмро таблиғ карда, бадбинии диниро барангехтааст".

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Алянс Тирек"-и Қазоқистон гуфт, маҳкумшудаҳои мазкур ба хотири ақидаи диниашон таъқиб шудаанд.

Ҳусиҳо иддао карданд, ки 2000 сарбози Саудиро “асир гирифтанд”

Акс аз бойгонӣ

Шӯришиёни ҳусии Яман рӯзи 29-уми сентябр иддао карданд, ки "дар ҳамлаи бузург" дар марзи ин кишвар бо Арабистон ҳудуди 2000 сарбози Саудиро бо аслиҳаву таҷҳизот "асир гирифтаанд".

Тибқи гузоришҳо, ин ҳамла рӯзи 28-уми сентябр дар минтақаи Наҷрон рух додааст.

Шӯришиёни ҳусӣ видеоеро нашр карданд, ки дар он аслиҳаву сарбозон бо либоси артиши Арабистони Саудӣ дида мешаванд.

Чанд нафар дар видео худро сарбозони Саудӣ муаррифӣ мекунанд.

Яҳё Сареъ, сухангӯи шӯришёни ҳусӣ, гуфтааст, беш аз 200 сарбози Арабистони Саудӣ кушта шудаанд. Вале ҳукумати Арабистони Саудӣ дар бораи ин ҳодиса ҳеч шарҳ надодааст.

Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ чаҳор сол боз дар баробари шӯришиёни ҳусӣ дар Яман меҷангад. Даҳҳо ҳазор нафар дар ин ҷанг кушта ва миллионҳо тани дигар бехонумон шудаанд.

Раиси вилояти Фарғона зидди ҳиҷобу риш "ҷанг" эълон кард

Бахши узбекии Радиои Озодӣ навори садоиеро дастрас кард, ки дар он раиси вилояти Фарғонаи Узбекистон Шуҳрат Ғаниев ба зертобеонаш дастур медиҳад, маъракаеро зидди ҳиҷобу риш оғоз кунанд.

Ба гуфтаи манбаи бахши узбекии Радиои Озодӣ, навор дар ҷаласаи ахири Ғаниев сабт шудааст. Дар он раиси вилояти Фарғона аз мансабдорони ноҳияҳо талаб мекунад, ки дар бораи кори худ ҳисобот диҳанд.

Тавре дар навор шунида мешавад, мавзӯи асосии ҷаласа масоили марбут ба дин ва таҳсил аст.

"... 386 нафари онҳо нобакорони ришдоранд. Таҳқиқҳо нишон дод, ки бештар аз ҳама сокинони Қӯқанд, Фарғона ва Марғелон ба ришҳои худ аҳамият намедиҳанд. Ҳамчунин 851 зану духтари ҳиҷобпӯш сабт шудааст. Бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дертар 300 тани онҳо симои зоҳирии худро тағйир доданд", - иттилоъ медиҳад раиси вилояти Фарғона.

Ҳамчунин дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани 39 касе хабар дода мешавад, ки гӯиё бо таблиғи фаъолияти созмонҳои мамнӯи динӣ машғул буданд.

Раиси вилояти Фарғона ҳамчунин ёдовар мешавад, ки барои ташкили ҷойҳои намозхонӣ дар идораҳои давлатӣ қонунгузории Узбекистон ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.

"Бинобар ин, раисони муҳтарами ноҳияҳо, агар ман дар ҷаласаҳои шумо зани ҳиҷобдореро бубинам, он рӯймолро гирифта, ба даҳонатон хоҳам андохт. Барои ман фарқ надорад, ки вай раиси маҳалла, омӯзгор, соҳибкор ё вакили маҷлиси маҳаллӣ аст", - таҳдид мекунад Ғаниев.

Шуҳрат Ғаниев бо дашному тундгӯиҳои худ машҳур аст. Радиои Озодӣ дар гузашта борҳо наворҳои садоиеро аз ҷараёни ҷаласаҳои ӯ нашр кардааст, ки зертобеони худро дашном медиҳад.

Қазоқистон: Хабари ирсоли кӯмакпулии нав ба аҳолӣ расман рад шуд

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон хабарҳо дар бораи онро ки гӯиё аз 1-уми октябри соли равон барои ҳар як кӯдак, новобаста аз ҳаҷми даромади хонавода, 11 ҳазор танга (ҳудуди 28 доллар) кумакпулӣ ҷудо мешавад, дурӯғ номид.

"Ин хабар асос надорад", - омадааст дар иттилоияи вазорат. Ахиран дар паёмакрасонҳо хабар дода шуд, ки аз 1-уми октябри соли равон барои ҳар як кӯдак 11 ҳазор танга дода мешавад.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар "асоси усули шаффофият, адолат ва ҳавасмандсозӣ ба кор" механизмҳои нави ироаи кумакҳои иҷтимоиро коркард дорад.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар паёмаш ба мардуми ин кишвар дар бораи ислоҳи механизми ҷудо кардани кумаки иҷтимоӣ ба сокинони камбизоат суҳбат карда буд. Бар пояи омори расмӣ, тайи 5 соли охир шумори дарёфткунандагони кумаки иҷтимоӣ барои камбизоатӣ аз 77 ҳазор то ба 1,8 миллион кас расидааст.

NYT: Трамп барои исботи дахолати Украина дар интихоботи ИМА далел меҷӯяд

Нашрияи The New York Times навиштааст, ки президенти ИМА Доналд Трамп ва зертобеони ӯ аз Украина танҳо ҷустуҷӯи мавод зидди муовини пешини президент Ҷо Байденро намехостанд.

Ба иттилои The New York Times, онҳо далелеро ҷустуҷӯ доштанд, ки исбот кунад, Украина дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 ба нафъи рақиби Трамп - Ҳилларӣ Клинтон дахолат кардааст.

Нашрия бо истинод ба манбаъҳои худ дар ИМА ва Украина навишт, Трамп, аз ҷумла далелеро ҷустуҷӯ дошт, ки исбот кунад, қазияи рахнаи сервери Ҳизби демократ на ба Русия, балки ба Украина рабт дорад. Ҳамчунин ба назари Трамп, сервере, ки дар он мукотибаи электронии гумшудаи Ҳилларӣ Клинтон нигаҳдорӣ мешавад, дар Украина аст.

Трамп бар ин аст, ки баъзе аз неруҳо дар Украина дар пайдо кардани мавод зидди раиси ситоди пешини ӯ Пол Манафорт ҳангоми кораш дар он кишвар ба демократҳо "кумак" кардаанд.

Президенти ИМА ахиран бори дигар демократҳоро ба он айбдор кард, ки тафтишотро барои изҳори нобоварӣ ба ӯ бо ангезаҳои сиёсӣ оғоз карданд. Ба гуфтаи Трамп, сухани худи Зеленский, ки касе ба ӯ фишор наовардааст, метавонад парвандаро қатъ кунад.

Вале демократҳо бо ин розӣ нестанд. Кумитаҳои Палатаи намояндагон, ки парвандаро таҳқиқ доранд, аз Департаменти давлатӣ хостанд, санадҳо дар бораи тамоси маъмурияти президенти ИМА бо Украинаро пешниҳод кунад.

Раиси пешини амнияти Узбекистон 18 сол зиндонӣ шуд

Ихтиёр Абдуллоев, раиси пешини Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон бо айби ташкили ҷамъияти ҷиноӣ 18 сол зиндонӣ шуд.

Додгоҳи низомии Узбекистон ҳукми Абдуллоев ва ҳаммаслаконашро рӯзи 27-уми сентябр эълом кард.

Аз маркази матбуотии додгоҳ хабар доданд, ки Ихтиёр Абдуллоев дар ташкили ҷамъияти ҷиноӣ, порагирӣ, хилофи манофеи Узбекистон амал кардан, тамаъҷӯӣ, дуздии амволи ғайр, вайрон кардани қонунгузории соҳаи гумрук ва сӯистифода аз мансаб айбдор шуд.

Додгоҳ ҳамчунин Ҷаҳонгир Игамов, муовини пешини раиси Хадамоти давлатии амниятро (ХДА) 16 сол, мушовири пешини раиси (ХДА) Алишер Ишанхоҷаевро 17 сол, муовини пешини додситонии шаҳри Тошканд Ёркин Абдуллоевро 14 сол ва афроди дигари шомили ҷамъияти Ихтиёр Абдуллоевро ба солҳои гуногуни зиндон ҳукм кард.

Ихтиёр Абдуллоев соли 2018 раиси Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон таъйин шуд. Вай то он замон додситони кулли Узбекистон буд. Пештар сенатор ё вакили палатаи болоии порлумони Узбекистон буд.

Абдуллоев моҳи феврали соли ҷорӣ аз мақоми раисии Хадамоти давлатии амнияти миллӣ барканор шуд.

Як зодаи Узбекистон дар ИМА ба сармоягузории ДОИШ айбдор шуд

Додгоҳе дар ИМА Дилҳаёт Қосимов, як зодаи Узбекистонро бо айби сармоягузории гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" 30 сол зиндонӣ кард.

Ба иттилои додгоҳ, Дилҳаёт Қосимов ҳамроҳ бо як узбекистонии дигар - Аброр Ҳабибов 1600 доллари ИМА ҷамъ оварда, ният доштанд, онро ба зодаи Қазоқистон Аҳрор Саидаҳмадов диҳанд. Аҳрор Саидаҳмадов тасмим дошт, ба Шарқи Наздик рафта, шомили "Давлати исломӣ" шавад.

Саидаҳмадов 25-уми феврали соил 2015 дар фурудгоҳи Ню-Йорк замоне боздошт шуд, ки қасди парвоз ба Туркияро дошт. Дилҳаёт Қосимов дар додгоҳ гуфт, аз тасмими Саидаҳмадов барои пайвастан ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" огоҳ буд.

Додгоҳ Саидаҳмадови 22-соларо дар соли 2017 15 сол зиндонӣ карда буд.

"Үмүт2020": ҳамла ба рӯзноманигорон ҳамла ба озодии баён аст

Ҳаракати "Үмүт2020" ҳамла ба наворбардори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Ойбек Кулчумановро дар Ӯш шарҳ дод.

"Ҳамла ба рӯзноманигорон ҳамла ба озодии баён дар Қирғизистон буда, ба рушди демократии кишвар хатар дорад. Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар талаб мекунем, ки зидди ҳамлагарон чораҳои таъхирнопазир андешида шавад. Мақомот бояд мавқеи худро дар робита ба ҳаводиси Ӯш равшан ва аз рӯзноманигорон ҳимоят кунанд", - афзудааст ҳаракат.

Рӯзи 28-уми сентябр афроди ношинос ба наворбардори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Ӯш ҳамла карда, техникаҳои ӯро гирифтанд. Дар пайи шикояти ӯ пулис бо банди "Дуздӣ" тафтишро оғоз кард. Ҷониби дувум низ ба пулис шикоят карда, гуфтааст, дроне, ки хабарнигори радио бо он навор мегирифт, дар назди манзили зисташ ба сари ӯ афтид. Вале дрон вақте аз идора берун шуд, ки афроди ношинос ба хабарнигор ҳамла карданд.

Ёфтҳои бештар

Чаро нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Чаро нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон шуд?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Паёмади мушакборони пойгоҳи амрикоӣ дар Ироқ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00
XS
SM
MD
LG