Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Помпео гуфт, ИМА ширкаташ дар созишномаи силоҳҳоро бозмедорад

Котиби давлатӣ Майк Помпео эълон кард, ки шурӯъ аз 2 феврал ИМА ширкати худро дар созишномаи маҳви мушакҳои миёнаву дурпарвоз бозмедорад. Дар изҳороте, ки рӯзи ҷумъа пахш шуд, Помпео гуфт, ки масъулияти ин тасмимро ба дӯши Русия вогузор мекунад, чунки, ба гуфтаи ӯ, ин кишвар шартҳои созишномаро нақз кардааст.

Помпео гуфт, ки дар муддати шаш моҳи наздик Русия шонс дорад, ки аз роҳи музокирот бо Амрико “созишномаро наҷот диҳад”. Вашингтон аз Русия талаб дорад, ки системаҳои мушакии навъи 9М729-ро нобуд кунад.

Помпео рӯзи 1 феврал дар баробари хабарнигорон дар Вашингтон гуфт, ки ИМА барои музокирот бо Русия омода аст. Ӯ гуфт, президент Доналд Трамп хостори қабули созишномаест, ки қобили эътимод ва ҳам иҷро мебошад. Чанд лаҳза баъди нашри изҳороти Помпео, муттафиқони Амрико дар НАТО бо пахши изҳороте гуфтанд, ки қарори ИМА-ро дар заминаи тарки созиши мушакҳо карданаш пурра пуштибонӣ мекунанд.

Дар ҳоле, ки ин тасмими Амрико моҳҳо пеш маълум буд, охирин талоши ҷонибҳо барои ҳифзи созишнома дар Пекин бенатиҷа анҷомид. Рӯзи 31 январ муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков ва муовини котиби давлатии ИМА Андреа Томпсон гуфтанд, ки дар музокироти онҳо ҳеҷ пешравие ҳосил нашуд. Томпсон дар поёни ин музокирот гуфт, ки “Русия то ҳанӯз дарк накардааст, ки ин созишномаро нақз мекунад”.

Сарнавишти созишномаи маҳви мушакҳо соли 1987 имзо шуда, санади муҳим дар амри таъмини субот дар Аврупо ба шумор меравад, муддатҳост, ки ба як мавзӯи мавриди таниши Маскаву Вашингтон табдил шудааст. Вашингтон ва НАТО Русияро дар он гунаҳгор карданд, ки мушаки навъи 9M729-ро истеҳсол кардааст.

Маскав мегӯяд, ки ин силоҳ шартҳои созишномаро нақз мекунад ва дар ҷавоб гуфтааст, ки Амрико аз роҳи тарки созишнома мехоҳад ба давраи нави рақобати силоҳҳо оғоз бахшад.

Рӯзи 31 январ The Wall Street Journal аз қавли мақомоти ғарбӣ навишт, ки Русия чор баталйони мушакии 9M729-ро мустақар карда, се баталйони дигар қарор аст дар моҳҳои наздик истиқрор шаванд.

Созишномаи соли 1987 ду кишварро аз истеҳсол, истиқрор ва истифодаи мушакҳои замин ба ҳаво ва баллистикие манъ мекунад, ки тавони расидан ба ҳадафи 500 то 5,5 ҳазор километр масофаро доранд. Бори аввал ИМА соли 2014 Маскавро дар нақзи созишнома айбдор кард. Баъди чанд соли музокироти бенатиҷа, Вашингтон аз охири соли 2017 дубора ба ин мавзӯъ баргашт ва Русияро мушаххасан дар истеҳсолу истиқрори мушакҳо айбдор кард.

Эрон 40-умин солгарди Инқилоби Исломиро таҷлил мекунад

Донишҷӯён бо парчами Эрон дар оромгоҳи бунёдгузори Инқилоби Исломӣ Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ. 1 феврали соли 2019

Эрон 40-умин солгарди Иқилоби Исломиро, ки шоҳро сарнагун карда ба шоҳигарии 2500-сола хотима гузошт, таҷлил мекунад.

1 феврали соли 1979 Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ баъд аз табъиди 14-солааш дар Фаронса ба Эрон багашт, то раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон шавад. Рӯзи 1 феврали имсол соати 9:33-и субҳ, дақиқан замоне, ки ҳавопаймои Хумайнӣ 40 соли пеш ба фурудгоҳи Теҳрон нишаст, дар саросари Эрон садои бонге баланд шуд. Дар даҳаи фаҷр, ки то 11 феврал идома мекунад, сарнагун шудани ҳукумати Муҳаммад Ризои Паҳлавӣ ва сари қудрат омадани рӯҳониёни шиамазҳаб давоми даҳ рӯз таҷлил мешавад.

Рӯзи ҷумъа ҳам ҳазорҳо нафар дар мақбараи Хумайнӣ дар Теҳрон ҷамъ шуда таронаҳои инқилобӣ иҷро карданд. Оятуллоҳ Аҳмади Ҷаннатӣ, раиси маҷлиси хубрагон дар суханрониаш онҳоеро ба боди танқид кашид, ки дар фикри беҳбуди равобит бо ИМА ҳастанд. Ҷаннатӣ гуфт, ки "қудрати Амрико камтар мешавад ва мо набояд аз Амрико биҳаросем".

Латвия телевизиони "Россия"-ро барои бадбинӣ нисбати украинҳо манъ кард

Владимир Жириновский бо Владимир Соловев

Шӯрои миллии Латвия дар умури расонаҳои электронӣ (NEPLP) 31 январ бозпахши барномаҳои телевизиони русии "РТР - Россия"-ро барои барангехтани бадбинӣ ба муҳлати се моҳ дар ин кишвар манъ кард. Дар ин бора Delfi хабар дод.

"Латвия таблиғоти Кремлро дар ҳудуди худ таҳаммул нахоҳад кард. Ин огоҳии равшан ба кишвару нирӯҳои ғайридӯст аст: мо фазои иттилоотии худро ҳимоят карда будем ва хоҳем кард", – гуфт муовини раиси NEPLP Иварс Аболинш дар шарҳи манъи барномаҳои "РТР - Россия".

Мақомоти Латвия мегӯянд, барангехтани бадбиниро асосан дар барномаҳои "Шоме бо Владимир Соловёв" ва "60 дақиқа" мушоҳида карданд, ки онро Олга Скабеева ва Евгений Попов пеш мебаранд.

Дар барномаи аввалӣ, ки 22 майи соли гузашта пахш гашт, "бадбинӣ нисбат ба давлати Украина эҳсос шудааст". Дар барномаи "60 дақиқа" раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский 11 январи соли 2018 ба ҷанг бо Украина даъват кардааст. Коршиносон гуфтаанд, ки ин барномаҳо бадбиниро нисбат ба мардуми Украина бармеангезанд.

Соли 2015 Литва низ чунин қарореро гирифта буд. Комиссияи радио ва телевизиони Литва барои се моҳ пахши барномаҳои шабакаи русии "Рен ТВ Балтия"-ро манъ кард. Ин шабака моҳи ноябри соли гузашта барномаи "Назарияи иштибоҳҳо"-ро пахш кард, ки ба гуфтаи комиссия, дар он нишонаҳои барангехтани ҷанг ва бадбинӣ мушоҳида мешуданд.

Раиси Хатлон гуфт, "аз он сӯи марз ҳеҷ таҳдиде нест". ВИДЕО

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, гуфт, вазъ дар марз бо Афғонистон ором аст ва ҳеҷ таҳдиде аз он сӯи сарҳад вуҷуд надорад. Раиси Хатлон рӯзи 31-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, "тамоми марз зери назорати сохторҳои қудратӣ аст".

Изҳороти Ҳакимзода дар ҳоле садо дод, ки қаблан Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия, аз интиқоли ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" тавассути чархболҳо аз Покистон ба марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ишора кард.

Аммо як рӯз баъд Замир Кобулов, намояндаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон, дар заминаи эҳтимоли "ҳаракати дастҷамъии ҷангҷӯёни узви гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз Покистон ба минтақа аз тариқи чархболҳо" изҳори бехабарӣ кард.

Кобулов рӯзи 29-уми январ дар Исломобод ба оҷонсии ТАСС гуфт, мақомоти покистонӣ дар заминаи изҳороти Игор Зубов "изҳори тааҷҷуб карданд".

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бубинед:

Раиси Хатлон: "Ҳеҷ таҳдиде аз он сӯи марз вуҷуд надорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00

Рустами Сафар, коршиноси маҳаллӣ гуфт, ҷониби Русия барои устувории пойгоҳи низомияш дар Тоҷикистон манфиатдор аст, чунин хабарҳоро сари чанд вақт расонаӣ кунад. "Русия ҳузури низомиашро дар минтақа пурзӯр карданист ва ҳадафаш бозгашт ба марзи Тоҷикистону Афғонистон аст", - гуфт ӯ.

Маъруф Абдуҷабборов, коршиноси дигари тоҷик гуфт, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мустақим ва дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар тавони ҳимоят аз марзро доранд.

Марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон тайи солҳои ахир борҳо шоҳиди бархӯрди сарҳадбонон бо қочоқбарони маводи мухаддир будааст. Аз ҷумла, соли гузашта аз тарафи қочоқбарони афғон ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Фархор кушта шуда, аз оғози имсол як сокини Тоҷикистон аз сӯи қочоқбарони афғон рабуда шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷикмегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.

Узбекистон аз Русия ҳавопаймои низомии Як-130 мехарад

Ҳавопаймои Як-130

Узбекистон бо Русия дар робита ба харидории ҳавопаймоҳои таълимиву ҷангии Як-130 гуфтугӯ мекунад. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 30 январ хабар дод.

Ба навиштаи нашрия, вазорати мудофиаи Узбекистон ҳавасманди харидани ҳавопаймоҳои Як-130 аст, ки дар корхонаи авиатсионии Иркутск сохта мешаванд.

Ҳавопаймоҳои Як-130 барои омодагии ҷангии халабонҳо ва барои ҳамлаи нуқтаҳои заминиву осмонӣ истифода мешаванд. Пештар аз ин Бангладеш, Мянмар, Белорус ва Лаос низ аз чунин ҳавопаймоҳо харида буданд.

Дар рейтинг ё баҳогузории байналмилалии артишҳои ҷаҳон - Military Strength Ranking - дар соли 2018 неруҳои Узбекистон бо касби мақоми 39 дар Осиёи Марказӣ пурқудраттарин номбар шуданд. Артиши Узбекистон 420 танк, 715 БТР ва БМП, 880 силоҳи вазнин, 143 тӯп, 179 ҳавопаймову чархбол ва ғайра дорад. Шумори сарбозони ин кишвар ба 76 600 нафар мерасад. Буҷаи низомии Узбекистон 70 миллион доллар аст.

Туркманистон барои таъқиби корбарони интернет аз дастгоҳи олмонӣ истифода мекунанд

Акси сомонаи ширкати Rohde & Schwarz

Мақомоти махсуси Туркманистон эҳтимол дорад, барои таъқиби шаҳрвандони ин кишвар аз дастгоҳҳои ширкати олмонии Rohde & Schwarz истифода мекунанд.

Як манбаъ ба бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дод, ки ширкати олмонӣ ба вазорати мудофиа ва вазорати алоқаи Туркманистон дасгоҳҳои иртиботие додааст, ки барои таъқибу назорат ва бастани сомонаҳои аз дидгоҳи мақомот номақбул истифода мешаванд. Ба ҷуз ин, дастгоҳи ширкати Rohde & Schwarz мумкин аст, барои гӯш кардани суҳбатҳои телефонии сокинон истифода шавад.

Дар Туркманистон ҳамаи сомонаҳои расонаҳои мустақил, аз ҷумла сомонаи Радиои Озодӣ дастнорас ҳастанд. Шабакаҳои иҷтимоии Facebook, YouTube, Twitter VKontakte, инчунин паёмрасонҳои WahtsApp, Telegram, Viber, Signal масдуд шудаанд. Барои роҳ ёфтан ба ин шабакаҳо ва паёмрасонҳо сокинони Туркманистон аз VPN-ҳо истифода мебаранд.

Reuters: Венесуэла ба Имороти Араб 15 тона тило мефурӯшад

Президенти Венесуэла Николас Мадуро

Венесуэла ба Имороти Муттаҳидаи Араб 15 тона тило мефурӯшад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 31 январ бо такя ба манбааш дар Каракас гузориш дод. Ба иттилои манбаъ, Бонки марказии Венесуэла як қисми тилоро бо евро табодул мекунад.

Ҳамсуҳбати хабаргузорӣ гуфтааст, 26 январ Венесуэла ба Риёз бо як ҳавопаймо 3 тона тило интиқол додааст. Дар маҷмуъ ин кишвар тасмим дорад, 29 тона тилои Бонки марказиро фурӯшад.

Нашрияи "Новая газета" рӯзи 31 январ хабар дод, қисме аз тилоҳои захиравии Венесуэла, ки дар Москва нигаҳдорӣ мешуданд, бо ҳавопаймои борбаре ба Дубай интиқол ёфтанд ва онҷо фурӯхта шудаанд. Баъди он ҳавопаймои борбар маблағҳоро ба Каракас интиқол додааст.

Ба иттилои расонаҳо, то моҳи январ дар Русия наздики 30 тона тилои Венесуэла нигаҳдорӣ мешуд, ки арзиши бозории он 1,2 миллиард долларро ташкил медод. Бонки марказии Русия иттилоъ дар бораи фурӯши тилоҳоро рад мекунад.

Моҳи январ Бонки Англия, ки қисме аз тилоҳои Венесуэла дар он нигаҳдорӣ мешуд, дастарсии мансабдорони Венесуэларо ба тилоҳо маҳдуд кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории Bloomberg. Хуан Гуайдо, роҳбари мухолифон тасмим дорад, ин захираро дастрас кунад. ИМА ва аксари кишварҳои Амрикои Лотинӣ Гуайдоро президенти муваққати Венесуэла эътироф кардаанд. Ӯ ду ҳафта пеш дар пасманзари буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ худро президенти муваққатӣ эълон кард.

Вазорат: "Кори илмии писари вазир бо иттиҳоми асардузӣ бекор нашудааст"

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, кори илмии Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саид вазири маорифи Тоҷикистон бо иттиҳоми асардуздӣ бекор нашудааст. Масъулини вазорат мегӯянд, Шоҳин Саидзода дар ВАК-и Русия собит кард, ки кораш дуздӣ нест.

Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илм рӯзи 1-уми феврал дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, Шоҳин Саидзода соли 2011 дар Донишгоҳи лингвистии Маскав рисолаи илмиашро ҳимоя карда буд. Ба қавли ҷаноби Мирбобоев, баъди онки "Диссернет" Шоҳин Саидзода ба асардуздӣ муттаҳам кард, кори писари вазири маорифаз ҷониби комиссияи экспертизии ВАК-и Русия баррасӣ шуд.

Муовини аввали вазири маориф афзуд, "аз ҷониби Комиссия олии аттестатсионии Русия як қарори мушаххас нисбати кори "Диссернет" ба воқеият наздик аст, қабул карда нашуд.”

Мирбобоев афзуд, Шоҳин Саидов баъди муттаҳам шудан ба асардуздӣ ба ВАК-и Русия даъат шуд ва дар онҷо исбот кард, ки кораш дуздӣ нест. Ин масъули Вазорати маориф гуфт, далели монандӣ дар кори илмии писари Нуриддин Саид ба дигар корҳои илмӣ, шабоҳати моддаҳои кодекси ҷиноии Тоҷикистону Русия мебошад.

"Баъзан дар моддаи Кодекси ҷиноятии Русия ва Тоҷикистон монандӣ аст. Кори илмии Шоҳин Саидзода аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Русия бекор карда нашудааст. Кори илмӣ ба дигар комиссияи экспертӣ пешниҳод мекунад",-таъкид кард Мирбобоев.

Аммо худи Нуриддин Саид, вазири маориф дар бораи сарусадоҳо атрофи номи писараш дар нишасти матбуотӣ шарҳе надод. Ӯ танҳо иддаоҳо дар мавриди зиёд будани унвондорҳои илмӣ дар Тоҷикистонро радд кард ва гуфт ин иддаоҳо "дуруст нест".

Шоҳин Саидзода соли гузашта дар Русия ба асардуздӣ муттаҳам шуда буд. Пойгоҳи "Диссернет" гуфта буд, ӯ аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум шуд. Ахиран масъулони Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон гуфтанд​ ӯ рисолаи номзадиашро аз сари нав ва ин дафъа дар Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК-и Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ дифоъ хоҳад кард.

Шоҳин Саидзода 35 сол дошта, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Вай дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2017 дар вазифаи муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф фаъолият дорад. Соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро соҳиб шуда буд.

Саидзода бори аввал моҳи декабри соли 2011 рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Пойгоҳи “Диссернет” баҳори соли гузашта ӯро ба “асардуздӣ” муттаҳам намуд ва ба Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия тавсия дод, ки олими ҷавони тоҷикро аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум кунад.

Масъулони “Диссернет” гуфтанд, матни кори илмии Шоҳин Саидзода бо номи "Ҷавобгарии ҷиноӣ барои қочоқ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз матни муҳаққиқони рус рӯйбардор шуда, фақат калимаи “Русия” бо “Тоҷикистон” иваз шудааст.

Пойгоҳи интернетии "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, ки то ҳол асардуздиии "олимон"-ро дар қаламрави Русия ва баъзе кишварҳои дигари Шӯравии собиқ фош карда буд, соли 2018 ба Тоҷикистон тамаркуз кард ва пушти ҳам дуздии даҳҳо "олим"-ро ифшо намуд. Ин фошкориҳо ба мавзӯи дӯстдоштаи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд ва моҳҳо дар фазои маҷозӣ чарх зад.

То ду соли пеш пажӯҳишгарони тоҷик барои дарёфти унвони илмӣ маҷбур буданд қисми рисолаҳои худро бо тарҷумаи русӣ дар ВАК-и Русия ҳимоя кунанд. ВАК ва ё Комимиссияи олии аттестатсионии Русия рисолаҳои илмии олимони тоҷикро арзёбӣ ва ба онҳо унвони илмӣ медод. Аммо Тоҷикистон ҳоло ВАК-и худро таъсис додааст. Олимон имкон доранд, рисолашҳояшонро барои арзёбӣ ба ин комиссия пешниҳод кунанд.

Дар шимоли Қазоқистон бемории сурхак паҳн мешавад

Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ дар моҳи январ 36 сокин бо гумони мубтало шудан ба бемории сурхак ба бемористонҳо муроҷиат кардаанд. Миёни онҳо 12 сокини калонсол ва 24 кӯдаки то 14-сола ҳастанд. Дар ин бора Департаменти ҳифзи сиҳатии умум хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, 30 тан аз муроҷиаткардагон ваксинаи зидди ин бемориро нагирифтаанд. Аз миёни 36 сокин бемории 22 тан тасдиқ шудааст. Мақомот мегӯянд, дар ин вилоят дар соли 2018 ҳамагӣ як ҳолати гирифторӣ ба ин бемори сабт шуда буд.

Дар Қазоқистон ҳолатҳои зиёде мушоҳида мешавад, ки волидон намегузоранд, фарзандонашон ваксина бигиранд. Коршиносон мегӯянд, волидон дар сифатнокии доруҳо шубҳа доранд.

Дар Туркманистон нақлиёт қисман хусусӣ ва Академияи илмҳо аз маблағгузорӣ маҳрум мешавад

Августи соли 2018, Ашқобод

Туркманистон гуфт, ки ба хотири мусоидат ба иқтисоди кишвар, бахши аъзами системаи нақлиёти давлатиро хусусӣ карда маблағгузории Академияи илмҳоро тадриҷан коҳиш медиҳад. Дар як қарори президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз рӯзи 30 январ гуфта мешавад, ки хусусигардонӣ ба хотири “кӯмак дар тақвияти рақобатпазирии иқтисоди миллӣ”, афзоиши сармоягзуорӣ ва тақвияти тиҷорати хурду миёна анҷом мешавад.

Президент ба вазорати адлия се моҳ мӯҳлат додааст, ки дар заминаи тағйири бахши нақлиёт қонунгузории муносиб таҳия кунад. Дар амри президент гуфта намешавад, ки оё ин кишвар ширкатҳои хориҷиро ҳам барои саҳмгузорӣ дар бахши хусусӣ иҷоза медиҳад ё на. Айни замон, ҳукумат гуфтааст, ки маблағгузории кори Академияи илмҳо дар давоми се соли оянда коҳиш дода мешавад ва то он замон сохтори кории ин ниҳод бояд навсозӣ шавад.

Бердимуҳаммадови 61-сола, ки раҳбарии ҷумҳурии ғанӣ аз газро аз декабри соли 2006, баъди даргузашти президент Сафармурод Ниёзов ба ӯҳда дорад, ин кишварро бо панҷаи оҳаниаш раҳбарӣ мекунад. Мунаққидони ҳукумат ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки аз замони сари қудрат омаданаш дар кишвар тағйироти каме ҷараён гирифт ва мисли пешина, саркӯби дигарандешон идома ёфт.

Додгоҳи Аврупо Русияро вазифадор кард ба Гурҷистон 10 миллион евро пардохт кунад

28 октябри соли 2006, фурудгоҳи Тифлис. Гурҷиҳои ихроҷшуда аз Русия аз ҳавопаймо фуруд меоянд

Зинаи болоии додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон амр кард, ки ҳукумати Русия ба Гурҷистон дар робита бо ихроҷи дастаҷамъии шаҳрвандони Гурҷистон дар соли 2006 ба онҳо дар ҳаҷми 10 миллион евро ҷуброн пардохт кунад. Дар изҳороти рӯзи 31 январи додгоҳи Аврупо, воқеъ дар Страсбург гуфта шудааст, ки ин маблағ бояд дар миёни гурӯҳи 1,5-ҳазорнафарии шаҳрвандони Гурҷистон ба хотири ҷуброни хисорот ва маҳрумиятҳои онҳо дар паи ихроҷашон аз Русия тақсим карда шавад.

Додгоҳи зинаи аввали Аврупо оид ба ҳуқуқи башар аризаи Гурҷистонро қонеъ кард ва гуфт, ки мақомоти Русия “сиёсати ҳамоҳангшудаи ҳабсу боздошт ва ихроҷи” шаҳрвандони Гурҷистонро, ки дар Русия зиндагӣ мекарданд, ба роҳ монданд. Дар ҳукми додгоҳ гуфта шуд, ки ин ихроҷ Эъломияи ҳуқуқи башари Аврупоро нақз кардааст. Баъди ин Русияи норозӣ аз ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят кард. Ин марҳилаи ниҳоии баҳсҳои додгоҳӣ мебошад.

Ҳукумати Гурҷистон гуфт, ки дар фурсати аз моҳи сентябри соли 2006 то январи соли 2007 беш аз 4600 шаҳрванди Гурҷистон аз Русия ихроҷ шуда, беш аз 2300 нафари дигар боздошт ваё маҷбуран берун карда шуданд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки маъракаи ихроҷ гурҷиҳоро ҳадаф қарор надодааст ва ин амал дар чаҳорчӯби мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ваё ҷиноятҳои муташаккил анҷом гирифт.

Афсари "Алфа"-и Тоҷикистон ба 1 соли зиндон маҳкум шуд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе як афсари воҳиди зиддитеррористии “Алфа”- и Кумитаи амнияти миллиро барои пахш кардани як наврас дар роҳ ба як соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин додгоҳ рӯзи 30-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Музаффар Тағойзода, диспечери калони шӯъбаи нақлиётии “Алфа” рӯзи 16-уми апрели соли гузашта ҳангоми ҳаракат дар мошини боркаши “Донг Фенг” дар Душанбе, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоят накарда ва Мирзобобур Ҳайдаров, як навраси сокини Душанберо дар яке аз кӯчаҳои наздик ба фурудгоҳ зер кардааст.

Дар натиҷа навраси тоҷик аз сару майна ва чанд ҷойи дигараш захм бардошта ва 21 рӯз дар шифохона муолиҷа гирифтааст. Додгоҳ мегӯяд, Музаффар Тағойзода имконияти техникии пешгирӣ кардани садамаи нақлиётиро дошт, вале аз уҳдаи он набаромад.

Додгоҳ афсари воҳиди зиддитерористиро бо гуноҳи “риоят накардани қоидаҳои ронандагӣ ё истифодаи мошинҳои ҷангӣ, махсус ё дигар нақлиёте, ки аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии ҷабрдида расонидани зарари вазнин ё миёна гашта бошад” ба муҳлати як сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Афсари тоҷик бояд ин муддатро дар колонияи ислоҳии сукунатӣ сипарӣ кунад.

Аврупо механизми нави муомилаҳои тиҷоратӣ бо Эронро роҳандозӣ мекунад

Олмон, Фаронса ва Бритониё механизми муомилаҳои нави молӣ бо Эронро роҳандозӣ мекунанд, ки таҳримҳои ҷорикардаи ИМА-ро риоя карда айни замон шарту шурути созиши ҳастаии соли 2015 бо Эронро ҳам нигоҳ медорад. SPV ваё абзори вижаи молӣ, ки қарор аст рӯзи 31 январ ба иҷро дарояд, ба ширкатҳои тиҷоратии аврупоии дорои манфиатҳои қонунии тиҷоратӣ имкон медиҳад, ки муомилаҳои худро бо Эрон идома диҳанд. Муддати дароз ин нақша дар дасти баррасӣ буд, вале рӯзи 30 январ оҷонсии олмонии DPA хабар дод, ки абзори вижаи молӣ омода шудааст ва он бидуни нақзи таҳримҳои ҷорикардаи ИМА дар амал татбиқ мешавад. The Wall Street Journal гуфт, ки Олмон, Фаронса ва Бритониё абзори молиро аз роҳи бартер ё табодули мол миёни ширкатҳои аврупоиву эронӣ бидуни маблағгузориҳои мустақим роҳандозӣ мекунанд. Ин се кишвар, ки дар қатори ИМА, Русия ва Чин чор соли пеш ба созишномаи ҳастаӣ бо Эрон имзо кардаанд, мехоҳанд, ки ин санад ҳатто баъди таҳрими он аз ҷониби президенти Амрико Доналд Трамп ҳам зинда ва амалкунанда боқӣ бимонад.

Ихтилофи назарҳои Русияву Вашингтон бар сари созишномаи силоҳ рафъ нашуд

Мақомоти Русияву Вашингтон натавонистанд дар мулоқоти ахири худ дар Пекин дар мавзӯи созиши аслиҳа ихтилофи назарҳои худро рафъ кунанд. ИМА гуфтааст, дар сурате, ки Русия ба ӯҳдадориҳояш пойбанд намонад, дар охири ҳафтаи ҷорӣ аз созишномаи силоҳҳои ҳастаии миёнапарвоз бо Русия берун мешавад.

Оҷонсии русии ТАСС менависад, Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия рӯзи 31 январ дар паи мулоқот бо муовини котиби давлатии ИМА Андреа Томпсон гуфтааст, ки “мутаассифона, ҳеҷ пешрафте ҳосил нашуд”. Reuters дар нақли қавл аз Томпсон гуфтааст: “Русия ҳанӯз дарк накардааст, ки созишномаро нақз мекунад”. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки сари ин мавзӯъ баррасиҳои бештар барпо мешавад.

Вашингтону НАТО Русияро дар нақзи созиши аслиҳа гунаҳгор кардаанд, ки соли 1987 имзо шудааст. Маскав инро рад мекунад. Созише, ки ҳамчун санади муҳими таъмини амнияту субот дар Аврупо ва манотиқи атроф арзёбӣ мешавад, истеҳсол, озмоиш, истиқрор ва ҳама гуна истифодаи мушакҳои баллистикиро бо иқтидори парвозашон 500 то 5,5 ҳазор километр манъ мекунад.

Сергей Лавров дар Душанбе бо президент мулоқот мекунад

Акс аз бойгонӣ

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ҳафтаи оянда бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд. Дар хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Лавров рӯзи 4-уми феврал вориди Душанбе шуда, сафари кориаш то 5-уми феврал идома хоҳад кард.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия, низ дар нишасти матбуотии рӯзи панҷшанбе гуфт, Лавров пас аз Бишкек ба Душанбе парвоз мекунад.

“Мулоқоти Сергей Лавров бо президенти Тоҷикистон ва роҳбари Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар назар аст. Ҷонибҳо ҷараёни омодагӣ барои дидору молоқот дар сатҳи олии ду кишварро бо назардошти нақши муҳими Тоҷикистон дар СПАД ва сарҳади тӯлониаш бо Афғонистон баррасӣ мекунанд”, - гуфт Захарова.

Захарова гуфт, дар ин сафар масоили ҳамкориҳои минтақавӣ, амният, кумакҳо барои тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва вазъ дар сарҳад бо Афғонистон баррасӣ мешавад.

Интизор меравад, дар ин сафар Сергей Лавров ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро барои соли 2019 ба имзо расонанд.

Ба гуфтаи хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия, дар идомаи сафари кории худ ба минтақа, Лавров инчунин ба Ашқобод, пойтахти Туркманистон хоҳад рафт.

Барканорӣ барои надонистани суруди миллии Узбекистон

Кормандони корхонаи қаннодии "Crafers"-и шаҳри Тошканд аз Конститутсия ва таърихи Узбекистон имтиҳон гирифта шуданд. Ба гуфтаи кормандони "Crafers", ба онҳое, ки дар имтиҳон ноком шуданд, ихроҷшавӣ таҳдид мекунад. Рӯзи 30 январ бархе кормандони ин корхона дар сӯҳбат ба радиои Озодлик гуфтанд, ки дар санҷиши мазкур ба ҳар корманд 15 суол дар бораи Конститутсия, суруди миллӣ ва парчами Узбекистон дода шудааст.

Ба кормандоне, ки дар имтиҳон комёб шуданд, гуфтаанд, ки дар ҷои кори худ хоҳанд монд ва онҳое, ки ноком гаштанд, барканор хоҳанд шуд. "Ҷамъан аз 700 корманд имтиҳон гирифтанд. Гуфтанд, ки нимашонро ихроҷ мекунанд. Акнун барои дар корхонаи қаннодӣ кор кардан дар факултети таърих бояд таҳсил кард", - гуфтааст як корманди дигари "Crafers".

Намояндаи корхонаи қаннодии мазкур санҷиши дониши кормандони худро тасдиқ, вале аз шарҳи он худдорӣ кард.

Ба гуфтаи масъулони Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон, корхонаи "Crafers" узви иттифоқи касаба нест ва бинобар ин, ҳифзи ҳуқуқи кормандони он маҳдуд аст. Корхонаи қаннодии "Амилова", ки дертар ба "Crafers" табдили ном кард, 5 октябри соли 2018 дар шаҳри Тошканд боз шуд. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки 26 октябри соли гузашта аз он дидан кард, ташкили 850 ҷои нави кориро ситоиш намуда буд.

Раиси сенати Қазоқистон мухолифи табдили ном кардани кишвараш аст

Қосим-Жомарт Токаев, раиси сенат ё палатаи болоии порлумони Қазоқистон дар робита ба пешниҳоди табдили ном кардани ин кишвар изҳори назар кард.

"Ном бояд Ҷумҳурии Қазоқистон боқӣ монад. Шумори зиёди созишномаҳои байналхалқӣ аз номи Ҷумҳурии Қазоқистон имзо шудаанд. Ҳеч асос ва маъние барои тағйир додани номи кишвар вуҷуд надорад. Мо мушкилиҳои зиёди дигаре дорем", - гуфт Токаев.

Ҳафтаи гузашта вакили порлумони Қазоқистон Озод Перуашев пешниҳод кард, ки Қазоқистон ба Ҷумҳурии Қазоқӣ табдили ном кунад. Вай гуфт, соли 2020 "аз таъсисёбии Ҷумҳурии Қазоқӣ дар ҳайати СССР 100 сол пур мешавад".

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар моҳи феврали соли 2014 пешниҳод карда буд, ки аз номи кишвар барчаспи "истон" бардошта шавад. Ин мавзуъ то чанд муддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуд.

Дар Қирғизистон ба афви беш аз 4000 маҳбус даъват карданд

Вакили порлумони Қирғизистон Исҳоқ Масалиев пешниҳод дорад, ки бахшида ба 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва 80-солагии ёдбуди қурбониёни таъқибҳои сиёсии соли 1938 дар ин кишвар афви маҳбусон сурат гирад. Дар ин бора рӯзи 31 январ бахши Қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Бар пояи лоиҳаи қонун, бояд 4 ҳазору 172 зиндонӣ афв шаванд. 285 маҳбус озод ва муҳлати зиндониёни боқӣ кам карда хоҳад шуд.

Ин афв, дар сурати ҷонибдорӣ ёфтанаш аз сӯи порлумон нисбат ба шахсони зерин иҷро хоҳад шуд: ноболиғоне, ки бори нахуст ва ба муҳлати 5 сол зиндонӣ шудаанд; мардони аз 60-сола ва занони аз 55-сола боло; маъюбони гуруҳҳои I ва II; шахсоне, ки бори нахуст ва ҷиноятҳои сабуку на он қадар вазнин содир кардаанд.

Пешнависи якуми қонуни мазкур барои раъйгирӣ ба порлумон фиристода шуд.

Палатаи ҳисоб: "Дуздии маблағҳо аз ҳама бештар дар бонкҳо ошкор шуд"

Палатаи Ҳисоби Тоҷикистон эълон намуд, ки дар пай санҷишҳои аудиторияшон аз ҳама зиёд дуздии маблағҳо дар низоми бонкии кишвар ошкор шудааст.

Қарахон Чилазода, раиси ин ниҳод, рӯзи 31-уми январ зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли 2018 санҷишҳои аудиторӣ дар ниҳодҳои мухталифи кишвар дар маҷмӯъ маблағи 396,2 миллион сомониро ошкор намуд, ки аз ин 286 миллионаш ба "Тоҷпромбонк" ва бонки давлатии "Амонатбонк" рост меояд.

Зафар Азимӣ, муовини раиси Палата ҳисоб гуфт, аз 286 миллион сомонӣ, 270 миллион дар "Тоҷпромбонк" ва 16 миллион дар "Амонатбонк" ошкор шудааст, ки он, пасандози муштариён ва маблағҳо аз будҷаи давлатӣ мебошад.

Вай афзуд, афроди гумонбар дар дуздӣ ва ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои бонкӣ боздошт гардида, дар ҳабс қарор доранд ва Додситонии кулли Тоҷикистон тафтишотро пеш мебарад.

Шаҳрдории Душанбе: "Бунёди ҳар ду эстакада то охири сол анҷом меёбад"

Сохтмони ду гузаргоҳи сетабақа дар ғарби шаҳри Душанбе то поёни соли ҷорӣ анҷом меёбад. Ин хабарро дар нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода рӯзи 31-уми январ тасдиқ кард.

Дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки чаро сокинони чанд маҳаллаи маскунӣ дар миёни ин ду эстакада дар инзиво қарор доранд, ҷаноби Зубайдзода гуфт, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз ошноӣ бо вазъи сохтмони ин ду гузаргоҳ дастур дод, ки умури сохтмонӣ то поёни соли ҷорӣ анҷом дода шавад.

Вай афзуд, "воқеан, ҳолати баде сурат гирифт, ки ҳазорон сокинони маҳаллаҳои 82, 92, 102 ва 84 дар инзивои иртиботӣ қарор гирифтанд. Мо тасмим гирифтем то охири соли ҷорӣ сохтмони ду эстакадаи сетабақа ва ду эстакадаи дутабақа аз назди бемористони Қарияи Боло то сафорати Амрико дар Душанберо қабл аз мӯҳлат анҷом бидиҳем. Зеро, хусусан дар фасли сармо зиндагии сокинони ин маҳаллаҳо бо душвориҳое рӯбарӯ шудааст".

Сокинони маҳаллаҳои миёни бинои ширкати "Барқи тоҷик" ва бинои мағозаи маъруф ба "Самсунг" тӯли беш аз ним соли ахир аз роҳҳои иртиботӣ маҳрум буда, дар як моҳи ахир комилан дар бунбаст қарор гирифтаанд. Сокинони ин маҳаллаҳо, ки теъдодашон ҳудуди як сад ҳазор нафар аст, мегӯянд, дар сурати зарурӣ ба манзилӣ онҳо на мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" ва на сӯхторхомушӣ дастрасӣ надоранд.

Бозсозии роҳи мошингард аз муҷассамаи Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанберо созмонҳои молии байналмиллӣ сармоягузорӣ мекунанд. Дар чаҳорчӯби ин тарҳ сохтмони ду чорроҳаи сетабақа ё эстакада дар назар аст. Сохтмони эстакадаи аввалӣ ду сол қабл оғоз шуда, соли гузашта қисме аз он мавриди истифода қарор дода шуд.

Аммо то ҳол танҳо табақаи поинии он фаъол мебошад. Сохтмони эстакада дар маҳаллаи мавсум ба Қарияи Боло соли 2018 оғоз шуд ва мақомот гуфта буданд, ки то ду соли дигар анҷом дода мешавад. Ҳамчунин сохтмони ду чорроҳаи дутабақа дар ин масир дар назар аст ва корҳои сохтмонӣ дар онҳо идома дорад. То он замон сокинони маҳаллаҳои миёни ин ду роҳи сетабақа чӣ гуна бояд зиндагӣ кунанд, норӯшан боқӣ мемонад.

Таҷлили зодрӯзи Ислом Каримов бо ширкати Мирзиёев дар Самарқанд

Дар сартосари Узбекистон рӯзи 30 январ бахшида зодрӯзи президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов таҷлил шуд. Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии он кишвар дар шаҳри Тошканд дар пояи ҳайкали Ислом Каримов гул гузошт.

Бино бар як қарори Мирзиёев аз 25 январи соли 2017, дар Узбекистон зодрӯзи Каримов ба таври густарда таҷлил мешавад. Мирзиёев ҳамзамон сари гури Ислом Каримов - ба шаҳри Самарқанд рафт.

Дар Маҷмааи форумҳои шаҳри Самарқанд оши ёдбудӣ дода шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ, оқсақолҳо ва ҷавонон ширкат карданд.

Агар Ислом Каримов зинда мебуд, 30 январ ба синнӣ 81 мерасид. Каримов дар моҳи сентябри соли 2016 дар синни 78 аз сактаи қалб вафот кард.

Apple-ро барои заъфпазирии FaceTime ба додгоҳ кашиданд

Логои FaceTime

Ширкати амрикоии Apple бинобар иштибоҳ дар замимаи FaceTime, ки ба рахнагарон иҷозат медиҳад ба микрофон ва дурбини корбари iPhone дастрасӣ пайдо кунанд, мавриди баррасии додгоҳӣ қарор мегирад.

Оҷонсии Bloomberg рӯзи 30-юми январ гуфт, вакили мудофеъ Ларри Уилямс аз Хюстон истеҳсолкунандаи iPhone-ро ба хунукназарӣ муттаҳам кард.

Ба гуфтаи вакил, шахси номаълум мешунид, ки чӣ тавр зерҳимояи ӯ таҳти савганд гузориш медод. Ларри Уилямс аз Apple талаб кард, ки хисоротро ҷуброн кунад. Ҳаҷми ҷубронпулӣ мушаххас нашудааст.

Рӯзи 29-уми январ корбарони Apple мушоҳида карданд, ки ҳангоми истифодаи FaceTime, ҳамсӯҳбат метавонад садоро қабл аз посух додан ба занги даъват бишнавад ва тасвирро бубинад. Баъдан ҳамчунин маълум шуд, ки ҳамсӯҳбатҳо метавонанд садоҳоро дар чатҳои гурӯҳӣ бишнаванд. Ширкати Apple иштибоҳро эътироф кард ва қавл дод, ки рӯи ислоҳи он кор мекунад.

Аввали моҳ маълум шуд, ки ширкати Apple истеҳсоли iPhone-ҳои навро то 10 дар сад коҳиш медиҳад.

Аввали моҳи январи соли 2019 Apple аз кам шуданаи даромадаш хабар дод, ки дар 16 соли ахир собиқа надоштааст. Бинобар гузориш, даромади ширкат дар се моҳи аввали соли гузашта аз 89-93 миллиард то 84 миллиард коҳиш ёфт. Дар рӯзи пахши гузориш қимати саҳмияҳои Apple 9 дар сад поён рафт.

Моҳи августи соли гузашта ширкати Apple триллион доллар арзиш дошт ва гаронтарин дар ҷаҳон ҳисоб мешуд. Ҳоло Apple дар ҷойи чаҳорум қарор дорад ва ҷойи аввалро ба Amazon дод.

Коҳиши қимати Apple-ро ба мустаҳкам шудани доллар ва ҷанги тиҷоратӣ дар байни Амрикову Чин рабт медиҳанд. Бахши умдаи корхонаҳои ин ширкат дар Чин ҷойгир шудаанд. Ба ғайр ин, коҳиши рушди иқтисоди Чин низ ба кам шудани талабот ба маҳсулоти Apple сабаб шудааст.

Нозири БДА-и Бохтар дар марги донишҷӯи туркман муттаҳам шуд

Акс аз бойгонӣ

Додситонии вилояти Хатлон парвандаи як нозири Бозрасии Давлатии Автомобилии шаҳри Бохтарро ба додгоҳ фиристод, ки дар пахш ва ҳалокати донишҷӯи туркман Мердан Ҳайдаров муттаҳам аст. Садама бо иштироки нозири БДА моҳи ноябри соли гузашта дар маркази вилояти Хатлон иттифоқ афтод.

Насурулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон, рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, нисбат ба Маҳмадшариф Сӯфиев, корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ бар асоси моддаи 112-и Кодекси ҷиноӣ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст) парванда боз шудааст. Ба ин нозири БДА то панҷ сол маҳрумӣ аз озодӣ таҳдид мекунад.

Ҳодисаи пахши донишҷӯи туркман аз тарафи корманди БДА охири моҳи моҳи ноябри соли 2018 дар кӯчаи "Шаҳло"-и шаҳри Бохтар рух дод.

Ҷасади Мердан Ҳайдарови 23-сола рӯзи 30-юми ноябр ба зодгоҳаш шаҳри Марви Туркманистон фиристода шуд. Вай дар соли дувуми факултаи кимиёи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар таҳсил мекард.

Узви Шӯрои Федератсияро аз толори маҷлисгоҳ боздошт карданд

Рауф Арашуков

Дар Русия як сенатор – узви маҷлиси федеролии ин кишвар бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои сангин боздошт шуд. Рауф Арашукови 32-сола, сенатор аз ҷумҳурии Қарачай-Черкесия рӯзи 30 январ аз дохили толори маҷлиси Шӯрои Федератсия боздошт шуд. ТАСС бо такя ба тафтишот навишт, ки Арашуков дар куштори ду нафар дар соли 2010 – муовини раиси ҳаракати ҷамъиятии "Адыгэ Хасэ" Аслан Жуков ва мушовири раҳбари ҷумҳурии Қарачай-Черкесия Фрал Шебзухов даст дорад. Манбаи оҷонсӣ гуфтааст, ки “маводи собиткунандаи ин иттиҳомот пурра ҷамъоварӣ шудааст”.

Боздошти Арашуков дар маҷлисгоҳи Шӯрои Федератсия рӯзи 30 январ ҷараён гирифт. Пеш аз ин аъзои маҷлис барои боздошти сенатор, ки аз масуният бархӯрдор буд, ризоият доданд. Дар Кумитаи тафтишоти Русия гуфтанд, ки Арашуковро муфаттишони ин ниҳод ҳамроҳ бо кормандони хадамоти амнияти иқтисодии ФСБ боздошт карданд. Қабл аз боздошти сенатор дар баробари аъзои Шӯрои Федератсия додситони кулли Русия Юрий Чайка “хулосаҳои додситон дар бораи зарурати аз масуният озод кардани Арашуков”-ро қироат кард. Хабаргузорӣ мегӯяд, ки ҳеҷ кас ба додситон саволе надод. Амалиёти боздошти сенаторро раиси Кумитаи тафтишоти Русия Алесандр Бастрикин назорат мекард.

Хабаргузориҳо мегӯянд, ки дар лаҳзаҳои суханронии додситони кулл Арашуков хост толори маҷлисгоҳро тарк кунад, вале бо дархости раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко “гашта дар курсиаш нишаст”. Худи Арашуков нахост дар ҷаласа суханронӣ кунад. Маълум нест, ки худи Арашуков ба иттиҳомоти ворида чӣ назар дорад ва то куҷо худро гунаҳгор эътироф мекунад.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки талош мекунанд дар чаҳорчӯби ин парванда Арашуковро ҳабс кунанд.

Дар ҷузъиёти кушторҳои 9 соли пеш оҷонсиҳои русӣ мегӯянд, ки Аслан Жуков аз тири туфанг кушта шуд ва Фрал Шебзухов дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ бо чӯбдаст ба ҳалокат расид.

Кабулов гуфт, аз "ҳаракати ҷангҷӯёни ДИИШ ба минтақа" хабар надорад

Замир Кабулов, намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон ва раиси департаменти дуюми Осиёи ВКХ дар заминаи эҳтимоли «ҳаракати дастҷамъии ҷангҷӯёни узви гурӯҳи «Давлати исломӣ» аз Покистон ба минтақа аз тариқи чархболҳо» изҳори бехабарӣ кард.

Кабулов, ки рӯзи 29 январ дар Исломобод бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дидору гуфтугӯ кард, дар сӯҳбат бо оҷонсии ТАСС гуфт, мақомоти покистонӣ дар заминаи изҳороти ахири Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия «изҳори тааҷҷуб карданд».

Дар як изҳороташ рӯзи душанбе Игор Зубов гуфт, ки ҷангҷӯёни ДИИШ «дастаҷамъона бо истифода аз чархболҳо аз Покистон ба хоки Тоҷикистон» интиқол меёбанд. Кабулов гуфт, ки дар ин бора иттилое надорад. Ӯ гуфт, «мутаассифона, намояндаи ВКД Русияро гумроҳ кардааст ва ӯ иштибоҳӣ ин маълумотро ба Покистон рабт дод». Ба гуфтаи Кабулов, ин хабар дар рӯзе нашр шуд, ки худи ӯ вориди хоки Покистон шуд, «вале ин масъала зуд ҳалли худро пайдо кард». Кабулов гуфт, «мо ҳамкорони покистонии худро мутақоид кардем, ки ҳеҷ масъалае бо онҳо надорем».

Зубов дар изҳороти баҳсбарангезаш рӯзи 28 январ гуфт, ки ҷангчӯён мехоҳанд аз Покистон ба марзи Тоҷикистон ворид шуда он ҷо «тавтеаи калоне» пиёда кунанд ва дар паи он «мавҷи муҳоҷирон ба самти Русия сарозер мешаванд». Кабулов дар чаҳорчӯби як сафари расмӣ дар Покистон қарор дорад ва бо мақомоти ин кишвар вазъи Афғонистон ва бӯҳрони ин кишварро баррасӣ мекунад.

Изҳороти муовини вазири умури дохилии Русияро дар Тоҷикистон ҳам ҷиддӣ гирифтанд. Мақомоти марзбонӣ рӯзи душанбе гуфтанд, ки ин хабар таҳқиқ мешавад. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати марзбонии Тоҷикистон рӯзи 28 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, изҳороти Игор Зубовро аз расонаҳо дастрас намудаанд ва барои таҳқиқи он ки то куҷо асос дорад, аллакай ба шӯъбаҳои дахлдори Раёсати марзбонӣ маълумот пешниҳод кардаанд.

Улуғхоҷаев айни замон гуфт, ки вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ором ва таҳти назорат аст ва «ҳеҷ ҳодисае дар ду-се рӯзи ахир рух надодааст, ҳеҷ гуна таҳдид ҳам ба қайд гирифта нашудааст».

Бархе коршиносони ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ изҳороти мақоми аршади полиси Русияро «як тавтеа» номиданд, ки ҳадафи ниҳоиаш ҳамвор кардани шароити бозгашти марзбонони рус ба сарҳадҳои Тоҷикистону Русия аст.

Мақомоти тоҷик ҳамвора таъкид кардаанд, ки нерӯҳои Тоҷикистон аз соли 2005 ҳимояи тамоми марзи кишварро ба дӯши худ доранд ва собит намуданд, ки ба чунин коре омода мебошанд. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ба шаҳраки як замон машҳури Шӯроб чӣ шуд? ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG