Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Кашфи 40 ҷасади мумиёшуда дар Миср

Акс аз бойгонист.

Мақомоти Миср рӯзи 2-уми феврал гуфтанд, дар як гӯристони бостонӣ дар вилояти биёбонии Минё 40 ҷасади мумиёшударо пайдо карданд, ки бештар аз 2000 сол доранд.

Ба гуфтаи бостоншиносон, мумкин аст, гӯристон аз замони Византияи қадим монда бошад. Дар баёнияи вазорати бостоншиносии Миср омадааст, ки “Дар ин гӯрҳо чандин утоқи дафн ёфт шуд, ки дар онҳо ҷасадҳои мумиёшудаи ҷинсу солҳои мухталиф аз ҷумла кӯдаконро пайдо карданд.”

Бостоншиноси мисрӣ Рамӣ Расмӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки дар байни 40 ҷасад, 12 кӯдак ва 6 ҳайвон низ ҳаст. Мумиё кардани ҷасадҳо умдатан дар Мисри бостон роиҷ буд, аммо аз соли 320 то соли 30-уми пеш аз милод то дар аҳди Птоломей, ҷойгузини Искандари Мақдунӣ идома кардааст.

Ҳафриёт дар Минё дар наздикии Қоҳира моҳи феврали соли 2018 шуруъ шуд. Вазорати бостоншиносии Миср мегӯяд, гӯристони кашфшуда зоҳиран ба як хонаводаи миёнаҳоли хурд тааллуқ доштааст.

Ҳалокати 7 нафар дар садамаи автобус дар Русия

Маҳалли фалокат

Дар натиҷаи садамаи як автобуси ҳомили кӯдакон дар вилояти Калугаи Русия 7 нафар ба ҳалокат расидаанд. Расонаҳои Русия бо такя ба вазорати ҳолатҳои фавқуллода хабар додаанд, ки дар миёни қурбониён 4 кӯдак ва се фарди калонсол ҳастанд.

Ҳодиса рӯзи 3-уми феврал рух додааст ва 32 нафари дигар аз ҷумла 24 кӯдак ба шифохона интиқол ёфтаанд. Дар автобус кудакон ва волидонашон будаанд ва аз шаҳри Яртсево ба як озмуни рақс ба шаҳри Калуга мерафтаанд. Бино ба иттиллои муқаддамотӣ, ях сабаби аз роҳаш хориҷ ва чаппа шудани автобус шудааст.

Зарбулаҷали 7 кишвари Аврупо ба Мадуро хотима меёбад

Николас Мадуро ва Хуан Гуайдо

Ҳафт кишвари Иттиҳодияи Аврупо барои эътирофи Хуан Гуайдо, ба ҳайси раиси ҷумҳури Венесуэла омода мешаванд, чун зарбулаҷали онҳо ба раиси ҷумҳур Николас Мадуро рӯзи 3-уми феврал ба поён мераасад.

Олмону Фаронса, Бритониё, Испониё, Португалия, Ҳолланд ва Белгия аз Николас Мадуро хоста буданд, дар зарфи як ҳафта ва то 3-уми феврал интихоботи нав эълон кунад. Аммо ӯ тақозоро “таҳқир” номида рад кард.

Николас Мадуро рӯзи 2-уми феврал дар як раҳпаймоии тарафдоронаш дар пойтахт шаҳри Каракас гуфт, ки “Раиси ҷумҳури ҳақиқии Венесуэла ман ҳастам”.

Амрикову Канада ва дигар кишварҳои бонуфузи амрикоӣ ба мисли Бразилия Аргентина ва Колумбия тарафдори Хуан Гуайдо, раиси 35-солаи порлумони Венесуэла ва пешвои мухолифон ҳастанд, ки ӯ рӯзи 23-уми январ худро раиси ҷумҳури муваққат эълон кард.

Аммо Русияву Чин аз Николас Мадуро ҳимоят мекунанд. Дар тазоҳуроти тарафдорону мухолифони Николас Мадуро дар як ҳафтаи гузашта 35 нафар кушта шудаанд.

Раиси ҷумҳури феълӣ, ки соли 2013 баъди даргузашти Ҳюго Чавез ба қудрат расид, ба мудирияти нодурусти иқтисоди фалаҷи Венесуэла ва нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мешавад.

Нахуствазири собиқ мегӯяд, аз тарс ба Маҷористон гурехт

Никола Груевски

Никола Груевски, нахуствазири собиқи Македония гуфтааст, ки аз бими кушта шудан дар зиндон ба Маҷористон гурехт. Дар аввалин мусоҳиба пас аз фирораш Никола Груевски ба телевизиони “Сител”-и Македония гуфтааст, дар аввал мехост ҳукми дусолаи зиндонро адо кунад, вале иттилоъ гирифт, ки касе барномаи нобуд кардани ӯ дар зиндонро мекашад.

Нахуствазири собиқи Македония қарори додгоҳро “ҳукми беақлона ва бе ҳеҷ заминаи қонунӣ” номид. Ӯ соли 2018 бо гуноҳи фасодкорӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шуд ва дар ҳамон сол ба Маҷористон фирор кард. Ӯро барои харҷи ғайриқонунии бештар аз 600 ҳазор евро барои харидани мошини Мерседес барои истифодаи хусусӣ ҷазо доданд.

Никола Груевски, бо Виктор Урбан, бо нахуствазири худкомаи Маҷористон иртиботи наздик дорад.

Нахуствазири собиқи Македония дар мусоҳибааш гуфтааст, ки ҳоло собит карда наметавонад, ки мехост дар зиндон ӯро бикушад. Зоран Заев, нахуствазири феълии Македония гуфтааст, ки чунин иддаоҳои Груевски дар бораи таъқиби сиёсӣ асос надоранд. Аммо дар Маҷористон ба далели “таъқиби сиёсӣ “ ҳаққи паноҳандагӣ додаанд.

Дипломати қирғиз: "Эҳтимоли рахна шудани марзи Тоҷикистон афзудааст"

Аликбек Ҷекшенқулов

Аликбек Ҷекшенқулов, сафири Қирғизистон дар Маскав мегӯяд, таъсиси пойгоҳи дуввуми низомии Русия дар қаламрави кишварашро сарфи назар намекунад.

Хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия рӯзи 1-уми феврал мусоҳибаи дипломати қирғизиро нашр кард, ки гуфтааст, “Масъалаи таъсис додан ва ё таъсис надодани пойгоҳ зери назорати мустақими раҳбарияти кишвар ва сохторҳои низомӣ аст. “ Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст, ин масъала дар мулоқоти раҳбарони Русияву Қирғизистон дар моҳи март баррасӣ шавад.

Аликбек Ҷекшенқулов гуфтааст, ки хабарҳо дар бораи интиқоли ҷангҷӯёни гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба манотиқи шимолии Афғонистон зиёд мешавад.

Аз ин рӯ ба қавли ӯ “эҳтимоли рахна шудани марзи Тоҷикистон аз тарафи онҳо афзудааст”. Русия дар Қирғизистон як пойгоҳи низомӣ дорад, вале бузургтарин пойгоҳаш дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Сооронбой Жеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон моҳи декабри соли 2018 гуфт, ки ҳузури як пойгоҳи Русия дар кишвараш кофист ва суҳбате ҳам дар бораи ифтитоҳи пойгоҳи дуввум сурат нагирифтааст.

Як захмӣ дар занозании хонандаҳои мактаб дар Душанбе

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи занозании як гурӯҳ аз хонандагони синфи 11-ум дар маркази шаҳри Душанбе, ки аз корд низ истифода шудааст, як нафар шадидан захмӣ шуда ва дар бемористон бистарӣ гардидааст.

Дар идораи пулиси шаҳри Душанбе гуфтанд, ки занозанӣ нимрӯзии 2-юми феврал миёни як гурӯҳ аз хонандагони синфи 11-уми мактаби рақами 1 ва литсейи Донишгоҳи миллӣ дар назди бинои "Душанбе-Плаза" сурат гирифтааст.

Як манбаъ дар идораи пулиси пойтахт гуфт, яке аз саркардаҳои ин даргирии гурӯҳӣ боздошт шуда, “тафтишот идома дорад". Ӯ афзуд, Фирӯз, хонандаи синфи 11-уми мактаби 1, ки дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштааст, “феълан дар Бемористони ёрии таъҷилӣ ҷарроҳӣ мешавад”.

Яке аз пайвандони Фирӯз дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ маҷруҳ шудани ӯро тасдиқ кард, вале гуфт, ҳанӯз тафсилоти ҳодисаро намедонад.

“Ба ман соати ду занг зада, хабар доданд, ки Фирӯз ҷарроҳӣ мешавад. Дар бораи ҳодиса иттилои комил надорам. Танҳо медонам, ки дар пайи ин ҳодиса ӯ маҷруҳ шуда, иштирокдорони дигар аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд”, - афзуд мусоҳиби мо.

Дар ҳоли ҳозир тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Аммо солҳои охир занозанӣ миёни хонандаҳои мактаб бештар шудааст. Дар яке аз чунин ҳодисаҳо дар соли 2017 ду ҷавон кушта шуданд.

Нигаронӣ аз афзоиши ҷинояткории ҷавонону ноболиғон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз соли 2011 қонуни масъулияти волидон дар тарбияи фарзандон амал мекунад ва ҷазо барои тарбияи носолими фарзанд барои падару модарро шадид кардааст.

Заминларзаи шадид Тоҷикистону Афғонистонро таккон дод

Рӯзи шанбе заминларза Тоҷикистону Афғонистон ва Покистонро таккон дод. Сокинони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки шиддати заминларза "хеле сахт буд" ва дар Душанбеву Хатлон ва Суғд эҳсос шуд.

Вебсайти GDACS, хадамоти огоҳкунӣ аз офатҳои табиӣ, рӯзи 2-юми феврал навишт, шиддати заминларза дар Афғонистону Тоҷикистон ба беш аз 5 дараҷаи Рихтер баробар буд.

Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодааст. Навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, зилзилае, ки баъд аз зуҳри дувуми феврал рух дод, "хисороте дар пай надошт".

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, маркази зилзила дар 276-километрии ҷануби Душанбе, дар қаламрави Афғонистон, будааст. "Дар маркази зилзила шиддати он 4 дараҷа ва дар Душанбе 2-3 дараҷа буд", - афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо корбар аз Тоҷикистон шиддати заминларзаро "хеле сахт" гуфтаанд.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.

Қирғизистон шаҳрвандонашро аз Сурияву Ироқ бозпас меорад

Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтанд, ки талош доранд, шаҳрвандони ин кишварро аз Сурияву Ироқ бозпас оранд. Вазорат рӯзи 2-юми феврал дар посух ба суоли бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ба зудӣ шумора ва ному насаби шаҳрвандонро мушаххас хоҳанд кард.

“Дар ин маврид бо намояндагиҳои расмии кишвар дар Туркияву Кувайт ҳамкорӣ дорем”, - гуфта шудааст дар нома.

Қаблан чанде аз занони қирғиз дар Сурия ба мақомот муроҷиат карда буданд, ки онҳоро ба ватан бозпас оранд. Онҳо дар суҳбат бо расонаҳо низ гуфтанд, курдҳои маҳаллӣ иҷоза додаанд, ки ба кишвари худ баргарданд.

Роҳат Сулаймонов, намояндаи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ муроҷиати занони қирғизро барои бозгашт ба ватан тасдиқ кард.

Моҳи июли соли 2018 мақомоти амниятии Қирғизистон эълон карданд, ки 850 шаҳрванди ин кишвар ба майдонҳои ҷанг дар Сурия рафта ва 150 нафари онҳо кушта шудаанд. Ба ба итилои мақомот, тақрибан 140 зан ба ҳайати гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шудаанд. Бисёре аз онҳо бо кӯдакони худ ба Сурия рафтаанд ваё дар онҷо таваллуд кардаанд.

Тоҷикистон ҳам талош дорад, ки 95 кӯдаки тоҷикро аз боздоштгоҳу паногоҳҳои Ироқ ба ватан биорад. Ин кӯдакон фарзанди занону ҷангҷӯёне ҳастанд, ки дар даргириҳо кушта шудаанд вё зиндонӣ гардидаанд.

То кунун додгоҳҳои Ироқ 43 зани тоҷикро ба муддатҳои тӯлонии зиндон, ҳабси якумрӣ ва қатл маҳкум кардааст.

Моҳи январи имсол президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз бозпас оварда шудани 47 шаҳрванди ин кишвар аз Сурия хабар дод. Аз ин ҳисоб 30 кӯдак ва 11 зану 6 мард ҳастанд.

Путин гуфт, Русия аз паймони мушакӣ бо Амрико хориҷ мешавад

Владимир Путин

Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – эълон кард, ки кишварашро аз паймони мушакӣ бо Амрико берун мекунад. Изҳороти Путин дар ин бора пас аз як рӯзи эълони мақомҳои амрикоӣ садо дод.

Қаблан Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, гуфта буд, Иёлоти Муттаҳида рӯзи 2-юми феврал ширкати худро дар созишномаи маҳви мушакҳои миёнаву дурпарвоз бозмедорад. Помпео гуфт, масъулияти ин тасмим ба дӯши Русия аст, чунки, ба қавли ӯ, ин кишвар шартҳои созишномаро нақз кардааст.

Хабаргузории "Рейтерс" аз Маскав хабар дод, ки Путин низ дар муқобил ба вазирони дифоъ ва хориҷии худ гуфтааст, хоҳони хуруҷ аз ин паймон аст. Аз ин пеш, Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфта буд, ба тасмими ахири Вашингтон дар мавриди берун шудан аз паймони мушакӣ вокуниши муносиб хоҳад дод.

Мария Захарова, сухангӯи вазорат, дар як эъломия гуфт, Вашингтон стратегияи фориғ шудан аз масъулиятҳои ҳуқуқии байналмилалиро пеша кардааст.

НАТО рӯзи ҷумъа аз тасмими Амрико ҳимоят кард. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, "тамоми муттаҳидон аз тасмими Амрико ҳимоят мекунанд, зеро Русия аз чанд сол ба ин тараф мушакҳои миёнбурди худро ба Аврупо овардааст, ки ин нақзи ошкорои паймон аст."

Паймони манъи мушакҳои миёнапарвоз дар соли 1987 байни Роналд Рейган ва Михаил Горбачев, раиси ҷумҳури Амрико ва Котиби аввали Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ имзо шуд. Аммо давоми ин солҳо Амрико борҳо аз шеваи амалкарди Русия дар ин паймон интиқод кардааст. Русия низ аз дар ин робита Амрикоро ба боди интиқод кашидааст.

Ҳамлаи мусаллаҳона дар Эрон як кушта ва панҷ захмӣ боқӣ гузошт

Маҳаллаи ҳамла

Расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд, ки дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи созмони Басиҷ, бахши ниманизомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, дар Некшаҳр як нафар кушта ва панҷ тани дигар маҷруҳ шуданд. Некшаҳр дар ҳудуди вилояти Сиистон ва Балуҷистон воқеъ аст.

Телевизиони давлатӣ рӯзи 2-юми феврал гузориш дод, ки ҳодиса субҳи шанбе рух дод. Муҳаммад Ҳодӣ Марашӣ, муовини раиси вилоят, ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, “ҳамаи қурбониҳо узви созмони Басиҷ буданд”.

Рӯзи 29-уми январи имсол дар натиҷаи бомбгузорӣ дар Зоҳидон, маркази вилояти Сиистон, се маъмури пулис захмӣ шуда буданд. Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи “Ҷайш-ул-адл” ба уҳда гирифт.

Моҳи декабри соли гузашта низ дар натиҷаи инфиҷор дар Чобаҳори Сиистон ду корманди пулис кушта ва 42 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар вилояти Сиистон ва Балуҷистон асосан мусалмонони пайрави мазҳаби суннӣ зиндагӣ мекунанд.

Ҳамлаи рӯзи шанбе дар ҳоле сурат гирифт, ки Эрон аз чиҳилумин солгарди инқилоби исломӣ таҷлил мекунад. Инқилоби исломии Эрон соли 1979 сурат гирифт ва ба салтанати шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ хотима бахшид.

Вазъи саломатии Рашид Қодиров дар боздоштгоҳ "бад шудааст"

Рашид Қодиров дастикам 15 сол додситони кулли Узбекистон буд

Додситони кулли собиқи Узбекистон, ки баррасии парвандааш дар Додгоҳи ноҳияи Юнусобод ҷараён дорад, дар шифохона бистарӣ карда шудааст. Манобеъ дар идораи зиндонҳои Узбекистон ба Радиои "Озодлик" гуфтаанд, ки Рашид Қодирови 66-соларо рӯзи 30-юми январ ба бемористон бурданд.

Як мақоми баландпояи Вазорати корҳои дохилии Узбекистон ба Радиои "Озодлик" гуфтааст, дар боздоштгоҳ ба додситони кулли собиқ "фишори равонӣ" овардаанд, то ба гуноҳҳояш эътироф кунад ва ин гӯиё ба бадшавии саломатии ӯ сабаб гардидааст.

"Қодиров, воқеан, дар шифохонаи "Сангород" дар Тошканд бистарӣ аст. Аммо то ҷое ба ман маълум аст, ин як саҳнасозии вакилони мудофеъ ва мақомоти ҷонибдори додситони пешин аст", - афзудааст ӯ.

Рашид Қодиров, ки аз соли 2000 то 2015 додситони кулли Узбекистон буд, моҳи феврали соли 2018 ба ҳабс гирифта шуд. Вай барои тамаъҷӯӣ, сӯиистифода аз мақом ва ришвагирӣ муттаҳам аст.

Мурофиаи додгоҳии додситони кулли собиқи Узбекистон рӯзи 7-уми январи имсол оғоз шуд ва паси дарҳои баста мегузарад. Дар курсии айбдорӣ ҳамроҳи ӯ 13 корманди собиқи Хадамоти махсус, додситонӣ ва идораи андози Узбекистон низ нишастаанд.

Помпео гуфт, ИМА ширкаташ дар созишномаи силоҳҳоро бозмедорад

Котиби давлатӣ Майк Помпео эълон кард, ки шурӯъ аз 2 феврал ИМА ширкати худро дар созишномаи маҳви мушакҳои миёнаву дурпарвоз бозмедорад. Дар изҳороте, ки рӯзи ҷумъа пахш шуд, Помпео гуфт, ки масъулияти ин тасмимро ба дӯши Русия вогузор мекунад, чунки, ба гуфтаи ӯ, ин кишвар шартҳои созишномаро нақз кардааст.

Помпео гуфт, ки дар муддати шаш моҳи наздик Русия шонс дорад, ки аз роҳи музокирот бо Амрико “созишномаро наҷот диҳад”. Вашингтон аз Русия талаб дорад, ки системаҳои мушакии навъи 9М729-ро нобуд кунад.

Помпео рӯзи 1 феврал дар баробари хабарнигорон дар Вашингтон гуфт, ки ИМА барои музокирот бо Русия омода аст. Ӯ гуфт, президент Доналд Трамп хостори қабули созишномаест, ки қобили эътимод ва ҳам иҷро мебошад. Чанд лаҳза баъди нашри изҳороти Помпео, муттафиқони Амрико дар НАТО бо пахши изҳороте гуфтанд, ки қарори ИМА-ро дар заминаи тарки созиши мушакҳо карданаш пурра пуштибонӣ мекунанд.

Дар ҳоле, ки ин тасмими Амрико моҳҳо пеш маълум буд, охирин талоши ҷонибҳо барои ҳифзи созишнома дар Пекин бенатиҷа анҷомид. Рӯзи 31 январ муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков ва муовини котиби давлатии ИМА Андреа Томпсон гуфтанд, ки дар музокироти онҳо ҳеҷ пешравие ҳосил нашуд. Томпсон дар поёни ин музокирот гуфт, ки “Русия то ҳанӯз дарк накардааст, ки ин созишномаро нақз мекунад”.

Сарнавишти созишномаи маҳви мушакҳо соли 1987 имзо шуда, санади муҳим дар амри таъмини субот дар Аврупо ба шумор меравад, муддатҳост, ки ба як мавзӯи мавриди таниши Маскаву Вашингтон табдил шудааст. Вашингтон ва НАТО Русияро дар он гунаҳгор карданд, ки мушаки навъи 9M729-ро истеҳсол кардааст.

Маскав мегӯяд, ки ин силоҳ шартҳои созишномаро нақз мекунад ва дар ҷавоб гуфтааст, ки Амрико аз роҳи тарки созишнома мехоҳад ба давраи нави рақобати силоҳҳо оғоз бахшад.

Рӯзи 31 январ The Wall Street Journal аз қавли мақомоти ғарбӣ навишт, ки Русия чор баталйони мушакии 9M729-ро мустақар карда, се баталйони дигар қарор аст дар моҳҳои наздик истиқрор шаванд.

Созишномаи соли 1987 ду кишварро аз истеҳсол, истиқрор ва истифодаи мушакҳои замин ба ҳаво ва баллистикие манъ мекунад, ки тавони расидан ба ҳадафи 500 то 5,5 ҳазор километр масофаро доранд. Бори аввал ИМА соли 2014 Маскавро дар нақзи созишнома айбдор кард. Баъди чанд соли музокироти бенатиҷа, Вашингтон аз охири соли 2017 дубора ба ин мавзӯъ баргашт ва Русияро мушаххасан дар истеҳсолу истиқрори мушакҳо айбдор кард.

Эрон 40-умин солгарди Инқилоби Исломиро таҷлил мекунад

Донишҷӯён бо парчами Эрон дар оромгоҳи бунёдгузори Инқилоби Исломӣ Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ. 1 феврали соли 2019

Эрон 40-умин солгарди Иқилоби Исломиро, ки шоҳро сарнагун карда ба шоҳигарии 2500-сола хотима гузошт, таҷлил мекунад.

1 феврали соли 1979 Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ баъд аз табъиди 14-солааш дар Фаронса ба Эрон багашт, то раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон шавад. Рӯзи 1 феврали имсол соати 9:33-и субҳ, дақиқан замоне, ки ҳавопаймои Хумайнӣ 40 соли пеш ба фурудгоҳи Теҳрон нишаст, дар саросари Эрон садои бонге баланд шуд. Дар даҳаи фаҷр, ки то 11 феврал идома мекунад, сарнагун шудани ҳукумати Муҳаммад Ризои Паҳлавӣ ва сари қудрат омадани рӯҳониёни шиамазҳаб давоми даҳ рӯз таҷлил мешавад.

Рӯзи ҷумъа ҳам ҳазорҳо нафар дар мақбараи Хумайнӣ дар Теҳрон ҷамъ шуда таронаҳои инқилобӣ иҷро карданд. Оятуллоҳ Аҳмади Ҷаннатӣ, раиси маҷлиси хубрагон дар суханрониаш онҳоеро ба боди танқид кашид, ки дар фикри беҳбуди равобит бо ИМА ҳастанд. Ҷаннатӣ гуфт, ки "қудрати Амрико камтар мешавад ва мо набояд аз Амрико биҳаросем".

Латвия телевизиони "Россия"-ро барои бадбинӣ нисбати украинҳо манъ кард

Владимир Жириновский бо Владимир Соловев

Шӯрои миллии Латвия дар умури расонаҳои электронӣ (NEPLP) 31 январ бозпахши барномаҳои телевизиони русии "РТР - Россия"-ро барои барангехтани бадбинӣ ба муҳлати се моҳ дар ин кишвар манъ кард. Дар ин бора Delfi хабар дод.

"Латвия таблиғоти Кремлро дар ҳудуди худ таҳаммул нахоҳад кард. Ин огоҳии равшан ба кишвару нирӯҳои ғайридӯст аст: мо фазои иттилоотии худро ҳимоят карда будем ва хоҳем кард", – гуфт муовини раиси NEPLP Иварс Аболинш дар шарҳи манъи барномаҳои "РТР - Россия".

Мақомоти Латвия мегӯянд, барангехтани бадбиниро асосан дар барномаҳои "Шоме бо Владимир Соловёв" ва "60 дақиқа" мушоҳида карданд, ки онро Олга Скабеева ва Евгений Попов пеш мебаранд.

Дар барномаи аввалӣ, ки 22 майи соли гузашта пахш гашт, "бадбинӣ нисбат ба давлати Украина эҳсос шудааст". Дар барномаи "60 дақиқа" раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский 11 январи соли 2018 ба ҷанг бо Украина даъват кардааст. Коршиносон гуфтаанд, ки ин барномаҳо бадбиниро нисбат ба мардуми Украина бармеангезанд.

Соли 2015 Литва низ чунин қарореро гирифта буд. Комиссияи радио ва телевизиони Литва барои се моҳ пахши барномаҳои шабакаи русии "Рен ТВ Балтия"-ро манъ кард. Ин шабака моҳи ноябри соли гузашта барномаи "Назарияи иштибоҳҳо"-ро пахш кард, ки ба гуфтаи комиссия, дар он нишонаҳои барангехтани ҷанг ва бадбинӣ мушоҳида мешуданд.

Раиси Хатлон гуфт, "аз он сӯи марз ҳеҷ таҳдиде нест". ВИДЕО

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, гуфт, вазъ дар марз бо Афғонистон ором аст ва ҳеҷ таҳдиде аз он сӯи сарҳад вуҷуд надорад. Раиси Хатлон рӯзи 31-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, "тамоми марз зери назорати сохторҳои қудратӣ аст".

Изҳороти Ҳакимзода дар ҳоле садо дод, ки қаблан Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия, аз интиқоли ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" тавассути чархболҳо аз Покистон ба марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ишора кард.

Аммо як рӯз баъд Замир Кобулов, намояндаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон, дар заминаи эҳтимоли "ҳаракати дастҷамъии ҷангҷӯёни узви гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз Покистон ба минтақа аз тариқи чархболҳо" изҳори бехабарӣ кард.

Кобулов рӯзи 29-уми январ дар Исломобод ба оҷонсии ТАСС гуфт, мақомоти покистонӣ дар заминаи изҳороти Игор Зубов "изҳори тааҷҷуб карданд".

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бубинед:

Раиси Хатлон: "Ҳеҷ таҳдиде аз он сӯи марз вуҷуд надорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00

Рустами Сафар, коршиноси маҳаллӣ гуфт, ҷониби Русия барои устувории пойгоҳи низомияш дар Тоҷикистон манфиатдор аст, чунин хабарҳоро сари чанд вақт расонаӣ кунад. "Русия ҳузури низомиашро дар минтақа пурзӯр карданист ва ҳадафаш бозгашт ба марзи Тоҷикистону Афғонистон аст", - гуфт ӯ.

Маъруф Абдуҷабборов, коршиноси дигари тоҷик гуфт, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мустақим ва дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар тавони ҳимоят аз марзро доранд.

Марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон тайи солҳои ахир борҳо шоҳиди бархӯрди сарҳадбонон бо қочоқбарони маводи мухаддир будааст. Аз ҷумла, соли гузашта аз тарафи қочоқбарони афғон ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Фархор кушта шуда, аз оғози имсол як сокини Тоҷикистон аз сӯи қочоқбарони афғон рабуда шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷикмегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.

Узбекистон аз Русия ҳавопаймои низомии Як-130 мехарад

Ҳавопаймои Як-130

Узбекистон бо Русия дар робита ба харидории ҳавопаймоҳои таълимиву ҷангии Як-130 гуфтугӯ мекунад. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 30 январ хабар дод.

Ба навиштаи нашрия, вазорати мудофиаи Узбекистон ҳавасманди харидани ҳавопаймоҳои Як-130 аст, ки дар корхонаи авиатсионии Иркутск сохта мешаванд.

Ҳавопаймоҳои Як-130 барои омодагии ҷангии халабонҳо ва барои ҳамлаи нуқтаҳои заминиву осмонӣ истифода мешаванд. Пештар аз ин Бангладеш, Мянмар, Белорус ва Лаос низ аз чунин ҳавопаймоҳо харида буданд.

Дар рейтинг ё баҳогузории байналмилалии артишҳои ҷаҳон - Military Strength Ranking - дар соли 2018 неруҳои Узбекистон бо касби мақоми 39 дар Осиёи Марказӣ пурқудраттарин номбар шуданд. Артиши Узбекистон 420 танк, 715 БТР ва БМП, 880 силоҳи вазнин, 143 тӯп, 179 ҳавопаймову чархбол ва ғайра дорад. Шумори сарбозони ин кишвар ба 76 600 нафар мерасад. Буҷаи низомии Узбекистон 70 миллион доллар аст.

Туркманистон барои таъқиби корбарони интернет аз дастгоҳи олмонӣ истифода мекунанд

Акси сомонаи ширкати Rohde & Schwarz

Мақомоти махсуси Туркманистон эҳтимол дорад, барои таъқиби шаҳрвандони ин кишвар аз дастгоҳҳои ширкати олмонии Rohde & Schwarz истифода мекунанд.

Як манбаъ ба бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дод, ки ширкати олмонӣ ба вазорати мудофиа ва вазорати алоқаи Туркманистон дасгоҳҳои иртиботие додааст, ки барои таъқибу назорат ва бастани сомонаҳои аз дидгоҳи мақомот номақбул истифода мешаванд. Ба ҷуз ин, дастгоҳи ширкати Rohde & Schwarz мумкин аст, барои гӯш кардани суҳбатҳои телефонии сокинон истифода шавад.

Дар Туркманистон ҳамаи сомонаҳои расонаҳои мустақил, аз ҷумла сомонаи Радиои Озодӣ дастнорас ҳастанд. Шабакаҳои иҷтимоии Facebook, YouTube, Twitter VKontakte, инчунин паёмрасонҳои WahtsApp, Telegram, Viber, Signal масдуд шудаанд. Барои роҳ ёфтан ба ин шабакаҳо ва паёмрасонҳо сокинони Туркманистон аз VPN-ҳо истифода мебаранд.

Reuters: Венесуэла ба Имороти Араб 15 тона тило мефурӯшад

Президенти Венесуэла Николас Мадуро

Венесуэла ба Имороти Муттаҳидаи Араб 15 тона тило мефурӯшад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 31 январ бо такя ба манбааш дар Каракас гузориш дод. Ба иттилои манбаъ, Бонки марказии Венесуэла як қисми тилоро бо евро табодул мекунад.

Ҳамсуҳбати хабаргузорӣ гуфтааст, 26 январ Венесуэла ба Риёз бо як ҳавопаймо 3 тона тило интиқол додааст. Дар маҷмуъ ин кишвар тасмим дорад, 29 тона тилои Бонки марказиро фурӯшад.

Нашрияи "Новая газета" рӯзи 31 январ хабар дод, қисме аз тилоҳои захиравии Венесуэла, ки дар Москва нигаҳдорӣ мешуданд, бо ҳавопаймои борбаре ба Дубай интиқол ёфтанд ва онҷо фурӯхта шудаанд. Баъди он ҳавопаймои борбар маблағҳоро ба Каракас интиқол додааст.

Ба иттилои расонаҳо, то моҳи январ дар Русия наздики 30 тона тилои Венесуэла нигаҳдорӣ мешуд, ки арзиши бозории он 1,2 миллиард долларро ташкил медод. Бонки марказии Русия иттилоъ дар бораи фурӯши тилоҳоро рад мекунад.

Моҳи январ Бонки Англия, ки қисме аз тилоҳои Венесуэла дар он нигаҳдорӣ мешуд, дастарсии мансабдорони Венесуэларо ба тилоҳо маҳдуд кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории Bloomberg. Хуан Гуайдо, роҳбари мухолифон тасмим дорад, ин захираро дастрас кунад. ИМА ва аксари кишварҳои Амрикои Лотинӣ Гуайдоро президенти муваққати Венесуэла эътироф кардаанд. Ӯ ду ҳафта пеш дар пасманзари буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ худро президенти муваққатӣ эълон кард.

Вазорат: "Кори илмии писари вазир бо иттиҳоми асардузӣ бекор нашудааст"

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, кори илмии Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саид вазири маорифи Тоҷикистон бо иттиҳоми асардуздӣ бекор нашудааст. Масъулини вазорат мегӯянд, Шоҳин Саидзода дар ВАК-и Русия собит кард, ки кораш дуздӣ нест.

Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илм рӯзи 1-уми феврал дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, Шоҳин Саидзода соли 2011 дар Донишгоҳи лингвистии Маскав рисолаи илмиашро ҳимоя карда буд. Ба қавли ҷаноби Мирбобоев, баъди онки "Диссернет" Шоҳин Саидзода ба асардуздӣ муттаҳам кард, кори писари вазири маорифаз ҷониби комиссияи экспертизии ВАК-и Русия баррасӣ шуд.

Муовини аввали вазири маориф афзуд, "аз ҷониби Комиссия олии аттестатсионии Русия як қарори мушаххас нисбати кори "Диссернет" ба воқеият наздик аст, қабул карда нашуд.”

Мирбобоев афзуд, Шоҳин Саидов баъди муттаҳам шудан ба асардуздӣ ба ВАК-и Русия даъат шуд ва дар онҷо исбот кард, ки кораш дуздӣ нест. Ин масъули Вазорати маориф гуфт, далели монандӣ дар кори илмии писари Нуриддин Саид ба дигар корҳои илмӣ, шабоҳати моддаҳои кодекси ҷиноии Тоҷикистону Русия мебошад.

"Баъзан дар моддаи Кодекси ҷиноятии Русия ва Тоҷикистон монандӣ аст. Кори илмии Шоҳин Саидзода аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Русия бекор карда нашудааст. Кори илмӣ ба дигар комиссияи экспертӣ пешниҳод мекунад",-таъкид кард Мирбобоев.

Аммо худи Нуриддин Саид, вазири маориф дар бораи сарусадоҳо атрофи номи писараш дар нишасти матбуотӣ шарҳе надод. Ӯ танҳо иддаоҳо дар мавриди зиёд будани унвондорҳои илмӣ дар Тоҷикистонро радд кард ва гуфт ин иддаоҳо "дуруст нест".

Шоҳин Саидзода соли гузашта дар Русия ба асардуздӣ муттаҳам шуда буд. Пойгоҳи "Диссернет" гуфта буд, ӯ аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум шуд. Ахиран масъулони Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон гуфтанд​ ӯ рисолаи номзадиашро аз сари нав ва ин дафъа дар Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК-и Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ дифоъ хоҳад кард.

Шоҳин Саидзода 35 сол дошта, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Вай дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2017 дар вазифаи муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф фаъолият дорад. Соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро соҳиб шуда буд.

Саидзода бори аввал моҳи декабри соли 2011 рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Пойгоҳи “Диссернет” баҳори соли гузашта ӯро ба “асардуздӣ” муттаҳам намуд ва ба Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия тавсия дод, ки олими ҷавони тоҷикро аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум кунад.

Масъулони “Диссернет” гуфтанд, матни кори илмии Шоҳин Саидзода бо номи "Ҷавобгарии ҷиноӣ барои қочоқ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз матни муҳаққиқони рус рӯйбардор шуда, фақат калимаи “Русия” бо “Тоҷикистон” иваз шудааст.

Пойгоҳи интернетии "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, ки то ҳол асардуздиии "олимон"-ро дар қаламрави Русия ва баъзе кишварҳои дигари Шӯравии собиқ фош карда буд, соли 2018 ба Тоҷикистон тамаркуз кард ва пушти ҳам дуздии даҳҳо "олим"-ро ифшо намуд. Ин фошкориҳо ба мавзӯи дӯстдоштаи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд ва моҳҳо дар фазои маҷозӣ чарх зад.

То ду соли пеш пажӯҳишгарони тоҷик барои дарёфти унвони илмӣ маҷбур буданд қисми рисолаҳои худро бо тарҷумаи русӣ дар ВАК-и Русия ҳимоя кунанд. ВАК ва ё Комимиссияи олии аттестатсионии Русия рисолаҳои илмии олимони тоҷикро арзёбӣ ва ба онҳо унвони илмӣ медод. Аммо Тоҷикистон ҳоло ВАК-и худро таъсис додааст. Олимон имкон доранд, рисолашҳояшонро барои арзёбӣ ба ин комиссия пешниҳод кунанд.

Дар шимоли Қазоқистон бемории сурхак паҳн мешавад

Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ дар моҳи январ 36 сокин бо гумони мубтало шудан ба бемории сурхак ба бемористонҳо муроҷиат кардаанд. Миёни онҳо 12 сокини калонсол ва 24 кӯдаки то 14-сола ҳастанд. Дар ин бора Департаменти ҳифзи сиҳатии умум хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, 30 тан аз муроҷиаткардагон ваксинаи зидди ин бемориро нагирифтаанд. Аз миёни 36 сокин бемории 22 тан тасдиқ шудааст. Мақомот мегӯянд, дар ин вилоят дар соли 2018 ҳамагӣ як ҳолати гирифторӣ ба ин бемори сабт шуда буд.

Дар Қазоқистон ҳолатҳои зиёде мушоҳида мешавад, ки волидон намегузоранд, фарзандонашон ваксина бигиранд. Коршиносон мегӯянд, волидон дар сифатнокии доруҳо шубҳа доранд.

Дар Туркманистон нақлиёт қисман хусусӣ ва Академияи илмҳо аз маблағгузорӣ маҳрум мешавад

Августи соли 2018, Ашқобод

Туркманистон гуфт, ки ба хотири мусоидат ба иқтисоди кишвар, бахши аъзами системаи нақлиёти давлатиро хусусӣ карда маблағгузории Академияи илмҳоро тадриҷан коҳиш медиҳад. Дар як қарори президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз рӯзи 30 январ гуфта мешавад, ки хусусигардонӣ ба хотири “кӯмак дар тақвияти рақобатпазирии иқтисоди миллӣ”, афзоиши сармоягзуорӣ ва тақвияти тиҷорати хурду миёна анҷом мешавад.

Президент ба вазорати адлия се моҳ мӯҳлат додааст, ки дар заминаи тағйири бахши нақлиёт қонунгузории муносиб таҳия кунад. Дар амри президент гуфта намешавад, ки оё ин кишвар ширкатҳои хориҷиро ҳам барои саҳмгузорӣ дар бахши хусусӣ иҷоза медиҳад ё на. Айни замон, ҳукумат гуфтааст, ки маблағгузории кори Академияи илмҳо дар давоми се соли оянда коҳиш дода мешавад ва то он замон сохтори кории ин ниҳод бояд навсозӣ шавад.

Бердимуҳаммадови 61-сола, ки раҳбарии ҷумҳурии ғанӣ аз газро аз декабри соли 2006, баъди даргузашти президент Сафармурод Ниёзов ба ӯҳда дорад, ин кишварро бо панҷаи оҳаниаш раҳбарӣ мекунад. Мунаққидони ҳукумат ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки аз замони сари қудрат омаданаш дар кишвар тағйироти каме ҷараён гирифт ва мисли пешина, саркӯби дигарандешон идома ёфт.

Додгоҳи Аврупо Русияро вазифадор кард ба Гурҷистон 10 миллион евро пардохт кунад

28 октябри соли 2006, фурудгоҳи Тифлис. Гурҷиҳои ихроҷшуда аз Русия аз ҳавопаймо фуруд меоянд

Зинаи болоии додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон амр кард, ки ҳукумати Русия ба Гурҷистон дар робита бо ихроҷи дастаҷамъии шаҳрвандони Гурҷистон дар соли 2006 ба онҳо дар ҳаҷми 10 миллион евро ҷуброн пардохт кунад. Дар изҳороти рӯзи 31 январи додгоҳи Аврупо, воқеъ дар Страсбург гуфта шудааст, ки ин маблағ бояд дар миёни гурӯҳи 1,5-ҳазорнафарии шаҳрвандони Гурҷистон ба хотири ҷуброни хисорот ва маҳрумиятҳои онҳо дар паи ихроҷашон аз Русия тақсим карда шавад.

Додгоҳи зинаи аввали Аврупо оид ба ҳуқуқи башар аризаи Гурҷистонро қонеъ кард ва гуфт, ки мақомоти Русия “сиёсати ҳамоҳангшудаи ҳабсу боздошт ва ихроҷи” шаҳрвандони Гурҷистонро, ки дар Русия зиндагӣ мекарданд, ба роҳ монданд. Дар ҳукми додгоҳ гуфта шуд, ки ин ихроҷ Эъломияи ҳуқуқи башари Аврупоро нақз кардааст. Баъди ин Русияи норозӣ аз ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят кард. Ин марҳилаи ниҳоии баҳсҳои додгоҳӣ мебошад.

Ҳукумати Гурҷистон гуфт, ки дар фурсати аз моҳи сентябри соли 2006 то январи соли 2007 беш аз 4600 шаҳрванди Гурҷистон аз Русия ихроҷ шуда, беш аз 2300 нафари дигар боздошт ваё маҷбуран берун карда шуданд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки маъракаи ихроҷ гурҷиҳоро ҳадаф қарор надодааст ва ин амал дар чаҳорчӯби мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ваё ҷиноятҳои муташаккил анҷом гирифт.

Афсари "Алфа"-и Тоҷикистон ба 1 соли зиндон маҳкум шуд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе як афсари воҳиди зиддитеррористии “Алфа”- и Кумитаи амнияти миллиро барои пахш кардани як наврас дар роҳ ба як соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин додгоҳ рӯзи 30-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Музаффар Тағойзода, диспечери калони шӯъбаи нақлиётии “Алфа” рӯзи 16-уми апрели соли гузашта ҳангоми ҳаракат дар мошини боркаши “Донг Фенг” дар Душанбе, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоят накарда ва Мирзобобур Ҳайдаров, як навраси сокини Душанберо дар яке аз кӯчаҳои наздик ба фурудгоҳ зер кардааст.

Дар натиҷа навраси тоҷик аз сару майна ва чанд ҷойи дигараш захм бардошта ва 21 рӯз дар шифохона муолиҷа гирифтааст. Додгоҳ мегӯяд, Музаффар Тағойзода имконияти техникии пешгирӣ кардани садамаи нақлиётиро дошт, вале аз уҳдаи он набаромад.

Додгоҳ афсари воҳиди зиддитерористиро бо гуноҳи “риоят накардани қоидаҳои ронандагӣ ё истифодаи мошинҳои ҷангӣ, махсус ё дигар нақлиёте, ки аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии ҷабрдида расонидани зарари вазнин ё миёна гашта бошад” ба муҳлати як сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Афсари тоҷик бояд ин муддатро дар колонияи ислоҳии сукунатӣ сипарӣ кунад.

Аврупо механизми нави муомилаҳои тиҷоратӣ бо Эронро роҳандозӣ мекунад

Олмон, Фаронса ва Бритониё механизми муомилаҳои нави молӣ бо Эронро роҳандозӣ мекунанд, ки таҳримҳои ҷорикардаи ИМА-ро риоя карда айни замон шарту шурути созиши ҳастаии соли 2015 бо Эронро ҳам нигоҳ медорад. SPV ваё абзори вижаи молӣ, ки қарор аст рӯзи 31 январ ба иҷро дарояд, ба ширкатҳои тиҷоратии аврупоии дорои манфиатҳои қонунии тиҷоратӣ имкон медиҳад, ки муомилаҳои худро бо Эрон идома диҳанд. Муддати дароз ин нақша дар дасти баррасӣ буд, вале рӯзи 30 январ оҷонсии олмонии DPA хабар дод, ки абзори вижаи молӣ омода шудааст ва он бидуни нақзи таҳримҳои ҷорикардаи ИМА дар амал татбиқ мешавад. The Wall Street Journal гуфт, ки Олмон, Фаронса ва Бритониё абзори молиро аз роҳи бартер ё табодули мол миёни ширкатҳои аврупоиву эронӣ бидуни маблағгузориҳои мустақим роҳандозӣ мекунанд. Ин се кишвар, ки дар қатори ИМА, Русия ва Чин чор соли пеш ба созишномаи ҳастаӣ бо Эрон имзо кардаанд, мехоҳанд, ки ин санад ҳатто баъди таҳрими он аз ҷониби президенти Амрико Доналд Трамп ҳам зинда ва амалкунанда боқӣ бимонад.

Ихтилофи назарҳои Русияву Вашингтон бар сари созишномаи силоҳ рафъ нашуд

Мақомоти Русияву Вашингтон натавонистанд дар мулоқоти ахири худ дар Пекин дар мавзӯи созиши аслиҳа ихтилофи назарҳои худро рафъ кунанд. ИМА гуфтааст, дар сурате, ки Русия ба ӯҳдадориҳояш пойбанд намонад, дар охири ҳафтаи ҷорӣ аз созишномаи силоҳҳои ҳастаии миёнапарвоз бо Русия берун мешавад.

Оҷонсии русии ТАСС менависад, Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия рӯзи 31 январ дар паи мулоқот бо муовини котиби давлатии ИМА Андреа Томпсон гуфтааст, ки “мутаассифона, ҳеҷ пешрафте ҳосил нашуд”. Reuters дар нақли қавл аз Томпсон гуфтааст: “Русия ҳанӯз дарк накардааст, ки созишномаро нақз мекунад”. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки сари ин мавзӯъ баррасиҳои бештар барпо мешавад.

Вашингтону НАТО Русияро дар нақзи созиши аслиҳа гунаҳгор кардаанд, ки соли 1987 имзо шудааст. Маскав инро рад мекунад. Созише, ки ҳамчун санади муҳими таъмини амнияту субот дар Аврупо ва манотиқи атроф арзёбӣ мешавад, истеҳсол, озмоиш, истиқрор ва ҳама гуна истифодаи мушакҳои баллистикиро бо иқтидори парвозашон 500 то 5,5 ҳазор километр манъ мекунад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Путин ва Зеленский имкони сулҳ дар шарқи Украинаро баҳс карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00
XS
SM
MD
LG