Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Шарофиддин Гадоев дубора раҳбари ҷунбиши "Ислоҳот ва рушд" шуд

Шарофиддин Гадоев

Дар изҳороте ҷумбиши “Ислоҳот ва рушд” гуфт, ки дар нишасти изтирории ин созмон рӯзи 31 март дар шаҳри Эйдховени Ҳолланд як маркази ҳамоҳангсозии «Ҳомиёни Ватан» таъсис шуд, ки ҳадафи асосии он – кӯмак дар демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин марказ бо сарҷамъ овардани «тарафдорон дар дохил ва хориҷи кишвар” мехоҳад дар самти “таҳкими ҳисси ватандӯстӣ”, муттаҳид кардани “ҳаракату созмонҳо барои бунёди як давлати иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бар асоси принсипҳои демократӣ ва адолати иҷтимоӣ” ва дигар ҳадафҳо амал кунад.

Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар ин нишаст дубора раҳбари ҷумбиши "Ислоҳот ва рушд" интихоб шуд. Шарофиддин Гадоев рӯзи 15-уми феврал дар Душанбе пайдо шуд ва дар навори видеоӣ гуфт, ки “ихтиёрӣ баргаштааст”. Ҷонибдоронаш ба ин бовар надоштанд ва мегуфтанд, ӯ рабуда шудааст. Дар давоми ду ҳафтаи талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатии Иттиҳоди Аврупову ҳукумати Ҳолланд, Гадоев озод шуд ва ба Ҳолланд баргашт. Дар нишасти матбуотие пас аз бозгашт гуфт, ки ӯро бо шиканҷа аз Русия ба Тоҷикистон рабуда буданд.

Шарофиддин Гадоев, рӯзи 1-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз қазияи рабуда шудан ва дубора озод шуданаш “беш аз 100 нафари дигар” ба сафи онҳо пайваст.

Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» мегӯяд, додситонии Ҳоланд ба тафтиши парвандааш идома медиҳад ва мақомоти Ҳолланд ҳамчунин баргардонидани шиноснома ва корти ҳувиятии ӯро аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардаанд.

“Намедонам, ки ҳуҷҷатҳои ман дар Русия аст ё дар Тоҷикистон, вале ман тариқи шиносномаи хориҷии Тоҷикистон, ки вақти он ҷо будан бароям доданд, сафар кардам. Бе ягон раводид. Ин ҳуҷҷатҳо моли Ҳолланд ҳисоб мешаванд ва онҳо бояд баргардонида шаванд,” - гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон, ки рӯзҳои аввал мегуфтанд, гӯё Гадоев “ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст”, пас аз бозгашти ӯ ба Аврупо дигар ҳеҷ гоҳ ин мавзӯъро шарҳ надоданд.

“Додситонии Ҳолланд тафтишро ҷиддӣ идома медиҳад ва рақами парвандае, ки тафиш мешавад, ба ман гуфтанд. Бо онҳо сӯҳбат доштем. Бо мақомоти Русия ва аз тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ бо мақомоти Тоҷикистон низ дар тамос ҳастанд,” - гуфт ӯ.

Ин иттилоъро мақомоти Ҳолланд ҳанӯз тасдиқ ва ё рад накарданд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин савол, ки оё мақомоти Ҳолланд тамосҳое барои таҳқиқи қазияи рабуда шудани Гадоев дошт ё на, посух надоданд. Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1-уми апрел гуфт, онҳо ҳеҷ дархост ё шарҳе аз ягон мақомоти аврупоӣ дарёфт накардаанд.

Қазияи Шарофиддин Гадоев, ки ҳоло ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби додситонии Ҳоланд таҳқиқ мешавад, дар миёнаи моҳи феврал сару садои зиёде ба бор овард.

Гадоев пас аз бозгашт гуфт, ки зери латукӯбу шиканҷаи ходимони интизомӣ қарор гирифт ва аз ӯ тақозо шуд, ки барои пуштибонӣ аз ҳукумат ва таблиғи номзадии писари президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар интихоботи президентии соли 2020 розӣ шавад.

Дар хориҷи Тоҷикистон, асосан дар кишварҳои аврупоӣ даҳҳо тоҷикистониёне зиндагӣ мекунанд, ки мегӯянд, дар паи саркӯб шудани мухолифон ва маҳдуд шудани фазои сиёсӣ дар кишвар дар ин давлатҳо паноҳанда шудаанд.

Дар миёни онҳо аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, “Гурӯҳи 24”, журналистон, вакилони дифоъ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки баъди интихоботи президентии соли 2013 фазои сиёсии Тоҷикистон маҳдуд шуд ва дар интихоботи парлумонии ду сол баъдаш ҳеҷ як ҳизби мухолифи ҳукумат ба узвияти маҷлис роҳ наёфт.

Дар соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ ва раёсати ҳизби наҳзати исломиро дар терроризм муттаҳам кард. Ҳизби наҳзат ин иттиҳомро рад мекунад.

Вале дар пасманзари чунин таҳаввулот даҳҳо фаъоли сиёсӣ боздошту зиндонӣ шуданд ва ё тарки кишвар карданд.

Шарофиддин Гадоев чанд сол пеш аз ин таҳаввулот Тоҷикистонро тарк кард ва ба мунаққиди ҳукумат табдил шуд. Ӯ соли 2015, баъди кушта шудани муассиси созмони “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов, муддате раҳбарии ин созмонро ба ӯҳда гирифт.

Гадоев тавассути веблогҳои фейсбукиаш ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунад ва ба ҳамин хотир, бисёриҳо ба бозгашти ихтиёрии ӯ ва ҳам ҳам гӯё пушаймон шуданаш аз фаъолиятҳои сиёсӣ шубҳа карда буданд.

Молики ширкати S7 аз суқути ҳавопаймо дар Олмон ба ҳалокат расид

S7 Airlines co-owner Nataliya Filiova

Яке аз моликони ширкати ҳавонавардии S7 ва бойтарин зани Русия Наталия Филёва аз суқути ҳавопаймо дар Олмон ба ҳалокат расид. Намояндаи расмии ширкат ин маълумотро ба хабарнигорон тасдиқ кард.

Филёваи 55-сола соли 2018 дар феҳрасти Forbes - бойтарин занҳои Русия, ҷойи чаҳорумро ишғол мекард. Forbes дороиҳои Филёваро $600 миллион арзёбӣ кардааст.

Ҳодиса дар фурӯдгоҳи Франкфурт рух дод. Ҳавопаймои хусусӣ, ки Наталия Филёва дар он буд, ҳангоми нишастан дар фурӯдгоҳи Эгелбах (Франкфурт-на- Майне) суқут кард.

Дар суқути ҳавопаймо се шаҳрванди Русия кушта шуд,- мегӯяд нашрияи Hessenshau рӯзи 31 март бо такя ба пулиси маҳаллӣ. Яке аз онҳо сарнишини ҳавопаймо буд, мегӯяд ширкати S7, дигарӣ ба гуфтаи Forbes падари Филёва. Ба гуфтаи маркази ҳамоҳангии парвозҳои Олмон ҳавопаймо аз Фаронса меомад. Дар бораи мушкилот дар дохили ҳавопаймо гузориш нашудааст.

Гурӯҳи S7, ки Филёва дар он раиси Шӯрои директорон буд, дуюмин ширкати бузурги хусусии ҳавонавардӣ дар Русия аст.

Оғози мурофиаи хабарнигори "Настоящее Время" дар Нурсултон

Хабарнигори телевизиони "Настоящее Время" Светлана Глушкова

Дар пойтахти Қазоқистон баҳси додгоҳии хабарнигори телевизиони "Настоящее Время" Светлана Глушкова оғоз шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеа мегӯянд, бо таъсиси парванда мақомот талош доранд, монеи фаъолияти рӯзноманигор шаванд.

Субҳи рӯзи душанбе назди додгоҳ даҳҳо фаъоли ҷамъиятӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва сокинони пойтахт ҷамъ шуданд. Талори хурди додгоҳ натавонист, ҳамаи ҷамъшудаҳоро фаро гирад.

Глушкова айбҳои эълоншударо сохта унвон кард.

Рӯзи 22 март кормандони пулис ӯро замоне боздошт карданд, ки таҳаввулот ва боздоштҳои бозори "Шапагат"-ро пайгирӣ мекард. Пулис гуфт, ӯ дар асоси шикояти як зан боздошт шуд. Зане ба пулис шикоят бурдааст, ки гӯё Глушкова ӯро тела дод. Он рӯз Глушковаро беш аз 5 соат дар идораи пулис нигаҳ дошта, бидуни тартиб додани санад ва кушодани парванда раҳо карданд. Рӯзи якшанбеи 31 март Глушкова дубора боздошт шуд. Ӯро ба маҳзи расидан аз шаҳри Алмато ба Нурсултон дар фурудгоҳ боздошт карданд. Баъди чаҳор соати боздошту бозпурсӣ, даъватномаи додгоҳро ба дасташ супурданд.

28 март созмони ҳомии ҳуқуқи "Хабарнигорони бидуни марз" боздошти хабарнигор Светлана Глушковаро маҳкум карда буд. Ин созмон аз мақомоти Қазоқистон хост, таъқиби рӯзноманигоронро қатъ кунанд.

"Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ", ки телевизиони "Настоящее Время" ҷузъи ин радиост, амалкарди мақомоти Қазоқистонро нисбати хабарнигорони радио дар шаҳри Нурсултону Алмато маҳкум кард.

Мирзиёев аз мансабдорон хост, кафкӯбӣ ва суханони болохонадорро бас кунанд. ВИДЕО

Намояндагони мардумӣ дар порлумони Узбекистон

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 29 март дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Бухоро аз мансабдорон хост, қарсакзаниҳои баланду мадҳ ва ситоишро канор гузошта, бо сокинон аз наздик ва ҳадафмандона кор кунанд.

Шавкат Мирзиёев гуфт, тамоми кору барномаҳои мансабдорони давлатии Узбекистон бояд ба нафъи сокинон бошад.

"Ин бояд дар ҳар як кӯча ва зиндагии мардум эҳсос шавад. Бояд қарсакзаниҳои баланду мадҳ ва ситоишро канор гузошта, бо ҳар як сокин ва хонавода ҳадафмандона кор кард", - изҳор дошт ӯ.

Дар Узбекистон истиқболи мансабдорони давлатӣ аз ҳар як сухани Мирзиёев бо кафкӯбиҳои баланд ба як анъана табдил ёфтааст. Он ҳанӯз дар давраи президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов вуҷуд дошт.

Президенти Узбекистон дар сафарҳои пешини худ низ аз мансабдорон хоста буд, ки ба ҷои мадҳу ситоиш кор кунанд. "Аз хоб бедор шавед. Агар бедор нашудед, коре аз дасти ман намеояд", - гуфта буд Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев соли 2017 дар паёмаш ба вакилони порлумони Ӯзбекистон низ гуфта буд, ки "бедор шавед, шумо акнун бояд қудратро ба даст бигиред".

Комиссиюни вижа харобиҳои Сангворро арзёбӣ мекунад. ВИДЕО

Комиссияи вижае дар ноҳияи Сангвор харобиҳои ҳосилшуда дар натиҷаи офатҳои табиии ҳафтаи гузаштаро ҳисоб мекунад. Бар асари тундбод рӯзи 29-уми март болопӯши беморхонаи деҳаи Хипшон ва боми чанд хонаи сокини ноҳия осеб дид. Шаби 27-уми март дар паи кӯчиши тарма шаш хона дар деҳаи Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) зиён дида, даҳҳо чорпои мардум кушта шуд. Феълан иттилое дар бораи хисороти ҷонӣ дар даст нест.

Шаби 27 март як сокини маҳаллӣ – Наврӯзи Назар ба ҳалокат расид, вале феълан маълум нест, ки то куҷо ин мард қурбонии офати табиӣ шуд ваё дар натиҷаи ҳодисае ҷон дод. Ин масъала таҳқиқ мешавад. Маҳмадҷон Пирназаров, раиси дастгоҳи ноҳияи Сангвор рӯзи 1-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки омили кӯчидани тарма заминҷунбии сабук будааст. Ӯ гуфт, бар асари заминҷунбӣ, тарма аз баландиҳо рахна шуда, ба деҳа сарозер шудааст. Дар Тоҷикистон, ки аксари манотиқи аҳолинишинаш дар мавзеъҳои кӯҳӣ ҷойгир аст, дар баробари офатҳои табиӣ заъфпазиранд.

Бар асоси иттиллои ҷамъовардаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар муддати 16 сол, яъне аз соли 1997 то соли 2014, Тоҷикистон дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ 500 миллион доллар зиён дидааст ва аз ҳама бештардар ин хисорот сел "саҳм" гузоштааст. Солона сел ба иқтисоди Тоҷикистон 15 миллион доллар зарар мерасонидааст, баъдан хушксолӣ, ки ҳар сол мардум ва иқтисодро аз 5,5 миллион доллар маҳрум мекардааст. Фалокати саввуми зиёновар барои Тоҷикистон заминларза будааст, ки дар натиҷаи он ҳар сол кишвар 3 миллион доллар зарар медидааст.

Оқибатҳои фалокат дар Сангворро бартараф мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00

Боздошти шарики Бутефлиқо ҳангоми фирор аз Алҷазоир

Президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқо

Раҳбари пешини Форуми сарварони ширкатҳои Алҷазоир Алӣ Ҳаддод субҳи рӯзи 31 март дар марзи Алҷазоир бо Туинс боздошт шуд. Ба навиштаи нашрияи Al Khabar ва Al Watan, Алӣ Ҳаддод, ки дар як мошин бо ронанда сафар мекард, бо маблағи қобили мулоҳиза боздошт шуд.

Ӯро кормандони гумруки Алҷазоир дар постгоҳи Ум-Тебул, вилояти Ал Тарф манъ карданд ва ба пулис супурданд.

Форуми ширкатҳои Алҷазоир (конфедератсияи таъминкунандагони ҷойи кор), ки Алӣ Ҳаддод раҳбараш буд, аз президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқо пуштибонии сиёсӣ ва аз пешбарии ӯ ба даври панҷуми раёсати ҷумҳур пуштибонӣ мекард. Чанде пеш Ҳаддод истеъфояшро аз мақоми раҳбарии Форум эълон кард. Ӯ барои берун нашудан аз кишвар забонхат дода буд ва набояд аз қаламрави кишвар берун мешуд.

Нозирон суқути атрофиёни президент Бутефлиқоро тасдиқ мекунанд. Ҳизби "Иттиҳоди миллии демократӣ", ки қаблан аз Бутефлиқо пуштибонӣ мекард, аз ӯ хост истеъфо диҳад. Бо чунин изҳорот рӯзи чаҳоршанбеи гузашта раҳбари ҳизб ва собиқ нахуствазири кишвар Аҳмад Яҳё баромад кард. Як рӯзи пеш, 26 март, раҳбари Ситоди артиши Алҷазоир Аҳмад Ҳоид Салоҳ талаб кард, ки бинобар кам зоҳир шуданаш дар мазҳари ом, баъди сактаи мағзии соли 2013, президент корношоям эътироф шавад.

Дар Узбекистон ҷасади модару се кӯдак аз қубури об пайдо шуд

Дар ноҳияи Хӯҷайлии Қарақалпоқистон 28 март ҷасади занеро бо се кӯдакаш аз қубури об пайдо карданд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки модару кӯдакон дар натиҷаи худкушӣ ё тасодуф ҷон бохтаанд.

Ба гуфтаи яке аз ҳамсояҳои ин хонавода, кӯдакон 7-моҳа ва 2-3-сола буданд. "Дар наздикии хонаи мо қубури об аст, ки болояш кушода мебошад. Сокинони деҳа аз оби он истифода мекунанд. Ҳоло маълум нест, ки кӯдакон аз беэҳтиётӣ ба қубур афтидаанд ё онҳоро касе партофтааст. Пулис ҳодисаро тафтиш дорад", - гуфт ҳамуҳбати мо 29 март.

Ҳамсояҳои хонаводаи мазкур мегӯянд, падари кӯдакон ҳангоми рух додани ҳодиса дар хона набудааст.

Дар Идораи пулиси Хӯҷайлӣ гуфтанд, ки дар робита ба марги сокини 32-солаи деҳаи "Саршунгул" ва се кӯдакаш парванда боз шудааст.

"Дар ҷасади кӯдаки дувумӣ ва хурдӣ нишонаҳои марги маҷбурӣ дида мешавад. Яъне, эҳтимол дорад, кӯдаконро аввал хафа карда, сипас ба қубур партофта бошанд. Модару кӯдаки калонӣ дар дохили қубур ҷон додаанд. Эҳтимоли куштори дастаҷамъӣ ё худкушӣ будани ҳодиса вуҷуд дорад. Вале дар ҳоли ҳозир дақиқ чизе гуфта наметавонем. Тафтишот идома дорад", - гуфт як манбаъ дар мақомоти пулиси Хӯҷайлӣ.

Беш аз 200 мошини борбар дар марзи Қирғизистону Қазоқистон дармондаанд

Шумори мошинҳои борбаре, ки дар навбати убури гузаргоҳи марзии "Оқтилек - Автодорожний"-и Қирғизистон бо Қазоқистон ҷамъ шудааст, ба бештар аз 200 адад расид. Дар ин бора сухангӯи Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Салкин Абдикариева хабар дод.

Бархе аз мошинҳо аз тафтиш нагузашта, аз марз баргардонида шудаанд. Абдикариева хабари комилан қатъ шудани убури мошинҳои борбарро рад кард.

"Санаи 30 март дар як рӯз 150 мошин марзи Қазоқистонро убур кард. Ин теъдод мошинҳо аз марз гузашта, ҳамин адад мошини дигар дар назди марз ҷамъ шудааст. Яъне, дар ҳар сурат мошинҳо аз марз мегузаранд, онҳое, ки ҳуҷҷатҳояшон ба талаботи ҷониби Қазоқистон ҷавобгӯ аст, мушкиле надоранд", - гуфт Абдикариева.

Ҷамъшавии мошинҳо дар марз ба тӯлонӣ шудани замони тафтиш рабт дорад. Дар гузаргоҳҳои дигари марзии байни ду давлат чунин ҳолат дида намешавад.

Ҷониби Қазоқистон то кунун расман сабаби тӯлонӣ ва сахттар шудани тафтиш дар марзро шарҳ надодааст.

Як мард дар Эрон нӯҳ узви хонаводаи ҳамсарашро куштааст

Ҳусейн Идӣ – фармондеҳи интизомии Дизфул – дар ҷануби ғарби Эрон хабар дод, ки як мард нӯҳ узви хонаводаи ҳамсарашро бо зарби тир ё гулӯла кушта ва як нафари дигарро маҷруҳ кардааст. Ҳодиса шоми 30-юми март рух дода, гумонбарро низ бо захмҳои гуногун ба бемористон бурдаанд. Хабаргузории давлатии ИРНА навишт, ин мард қабл аз онки ба сӯи худ оташ кушояд, нӯҳ узви хонаводаи ҳамсарашро бо тири “Калашников” парронд. Даъвои онҳо аз қабл будааст. Аъмоли хушунатбор бо истифода аз туфанг дар Эрон зиёд рух намедиҳад, чун барои доштани туфанги шикорӣ бояд иҷоза бигиред. Дар моҳи январи соли 2017 як мард дар шаҳри Арак панҷ нафарро парронда буд. Аз он пештар марди дигаре бо истифода аз туфанг дар ҷануби Эрон даҳ хешашро кушт.

Муҳаққиқ: Саудӣ ба маълумоти шахсии Ҷефф Безос даст ёфтааст

Ҷефф Безос

Як муҳаққиқи амниятӣ, ки аз сӯи ширкати “Амазон” ба кор гирифта шудааст, мегӯяд, мақомҳои Арабистони Саудӣ телефони Ҷефф Безос, раиси иҷроии ширкатро ҳак карда ва ба маълумоти шахсии ӯ даст ёфтаанд.

Гевин де Беккер рӯзи 30-юми март дар саҳифаи интернетии The Daily Beast навишт, “муфаттишони мо ва чанд мутахассис бо бовармандӣ ба ин натиҷа расиданд, ки мақомҳои Саудӣ ба телефони Безос дастрасӣ ҳосил карда ва иттилооти шахсии ӯро ба даст овардаанд.”

Ҷефф Безос аз бузургтарин миллиардерони ҷаҳон аст.

Рӯзномаи “Вошингтон Пост”, ки Безос молики он аст, соли гузашта хабари кушта шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, хабарнигори Саудиро дар консулгарии ин кишвар дар Истанбули Туркия нашр карда буд.

Гевин де Беккер, муҳаққиқи қазияи ҳак шудани телефони Безос, мегӯяд, Арабистони Саудӣ дар симои рӯзномаи “Вошингтон Пост” бузургтарин душмани худро мебинад.

Раҳбари католикҳо хост, ки бархӯрд бо муҳоҷирон тағйир ёбад

Поп Франсис, раҳбари католикҳо, аз ҷаҳониён хост, ки шеваи бархӯрдро бо паноҳҷуён тағйир диҳанд. Ба қавли ӯ, ҳангоме ки мардуми ноумед манотиқи аслиашонро тарк мекунанд, дуруст нест, ҷилави онҳо гирифта шавад. Поп рӯзи 30-юми март дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Марокаш гуфт, "масъалаи муҳоҷират ҳеч гоҳ бо эҷоди монеа ва масдуд кардани роҳҳо ҳал намешавад". Раҳбари католикҳои ҷаҳон ҳамчунон бо шуморе аз паноҳҷуён дар як муассисаи хайрияи католикҳо дар пойтахти Марокаш дидор кард.

ИМА кумакҳояшро ба се кишвари Амрикои Марказӣ қатъ мекунад

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико

Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли қатъ кардани кумакҳои хориҷиаш ба се кишвари Амрикои Марказӣ – Салвадор, Гветамала ва Ҳондурас – аст. Дар ин бора Вазорати умури хориҷӣ ё Департаменти давлатии Амрико рӯзи 30-юми март хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, Конгресс ин кишварҳоро дар ҷараён хоҳад гузошт. Ин зоҳиран ба маъноест, ки қонунгузорон бояд поён ёфтани кумакҳои хориҷӣ ба ин кишварҳоро тасвиб кунанд.

Хабаргузории “Ройтерс” навишт, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, як рӯз пеш, ин кишварҳоро ба хотири аб гуфтаи ӯ фиристодани муҳоҷирон ба Иёлоти Муттаҳида сахт танқид кард.

Трамп рӯзи ҷумъаи гузашта ҳамчунин таҳдид кард, ки агар Мексика раванди расидани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба сарҳади Амрикоро мутаваққиф накунад, сарҳад бо ин кишварро хоҳад баст.

Зузана Чапутова – нахустин президенти зан дар Словакия

Зузана Чапутова

Зузана Чапутова, ҳуқуқдон ва фаъоли мухолифон, раиси ҷумҳури Словакия интихоб шуд. Ӯ дар даври дувуми рақобатҳо, ки рӯзи чаҳоршанбеи гузашта сурат гирифт, беш аз 58 дар сади раъйи мардумро ба даст овард.

Рақиби ӯ Марош Шефчович, муовини раиси Кумисюни Аврупо буд. Шефчович Зузана Чапутоваро барои пирӯзӣ дар интихобот табрик кардааст.

Ба ҳимоят аз Зузана Чапутова беш аз як миллион аҳолии қобили раъйи Словакия овоз додаанд. Ӯ яке аз нахустин зане шуд, ки идораи ҳукумат дар ин кишвари аврупоиро ба даст гирифт.

Зузана Чупатоваи 45-сола ҳуқуқдон аст ва қаблан ба сиёсат машғул нашудааст. Вай бештар бо муборизаи худ зидди фасоди молӣ шинохта аст.

Интихоботи президентӣ дар Словакия ба фоидаи ҳизби ҳокими “Смер” набуд. Маъруфияти ин ҳизб баъди куштори пурсарусадои журналист Ян Кутсиак ва арӯси ӯ дар соли гузашта поин рафтааст.

Раиси ҷумҳури Словакия барои панҷ сол интихоб мешавад. Салоҳиятҳои ӯ маҳдуд аст. Президент ҳақ дорад, ки номзад ба мақоми нахуствазир ва додрасҳои Додгоҳи конститутсионро пешниҳод кунад ва ба қонунҳо вето гузорад.

Президенти Тоҷикистон дигар бо зиёиён мулоқот намекунад?

Имсол дар Тоҷикистон мулоқоти президент бо зиёиёни кишвар доир нашуд. Мулоқот бо зиёиён аз соли 2007 ба ин тараф дар айёми Наврӯз баргузор мегардид.

Низом Қосим, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 31-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имсол ба ҷойи мулоқот "консерти муаррифии оркестри академӣ-симфонӣ доир шуд".

"Минбаъд низ ба ҷои мулоқоти маъмулӣ тамошои як намоишнома ва ё филми нав сурат мегирад. Агар дар мавриди имконияти суолу ҷавоби зиёиён бо президент гӯем, чунин шароит доим фароҳам аст. Президент барои аҳли зиё шахси дастрас ҳастанд ва зиёиён дар ҳама маъракаву чорабиниҳо метавонанд суол ва ё пешниҳодҳои худро ироа кунанд", - афзуд ӯ.

Мулоқоти раисҷумҳур бо аҳли зиё ҳамасола дар фасли баҳор ва дар айёми Наврӯз доир мешуд. Дар яке аз чунин мулоқот президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури зиёиён дар соли 2007 гуфт, аз пасвандҳои русӣ дар насабаш даст кашидааст.

Дар гузашта дар саҳифаҳои матбуот аз зиёиёни Тоҷикистон интиқод кардаанд, ки дар мулоқоти рӯбарӯ бо раисҷумҳур мушкилоти доғи ҷомеаро матраҳ намекунанд, балки ин фурсатро танҳо ба хотири ҳалли баъзе мушкилоти шахсии худ сӯистифода менамоянд.

Русия гурӯҳи мутахассисони низомиро ба Венесуэла фиристод

Владимир Путин бо Николас Мадуро

Таниши миёни Вашингтон ва Маскав бар сари Венесуэла дар ҳоли афзоиш аст.

Русия рӯзи 30-юми март бо радди нигаронии Вашингтон бори дигар гуфт, ки гурӯҳе аз мутахассисонро бар асоси як қарордоди ҳамкории низомӣ ба Венесуэла фиристодааст.

Як ҳафта пеш ду ҳавопаймои низомии Русия ба Венесуэла рафт ва ба онҷо нерӯву таҷҳизот бурд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Русия хост, ки нерӯҳояшро аз Венесуэла берун кунад, аммо Маскав гуфт, нерӯҳои рӯсӣ то вақте ниёз ҳаст, дар онҷо мемонанд.

Амрико ва беш аз 50 кишвари дигар Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифони Венесуэларо ба ҳайси раиси ҷумҳури муваққат ба расмият шинохтаанд.

Русия ҳамроҳ бо Чин аз раисҷумҳур Николас Мадуро пуштибонӣ мекунанд.

Генерал Дӯстум аз як ҳамлаи Толибон ҷон ба саломат бурдааст

Болои корвони мошинҳои Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон, дар роҳи Мазори Шариф – Ҷузҷон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифтааст.

Одилшоҳ Одил, сухангӯи пулиси Балх, рӯзи 30-юми март дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, корвони мошинҳои Дӯстум дар минтақаи Шаршараи ноҳияи Чорбулак ҳадаф қарор гирифт.

Бо онки Одилшоҳ Одил иддао кард, ки муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон аз ҳамлаи Толибон ҷон ба саломат бурда ва аз маҳал хориҷ шудааст, аммо ӯ гуфтааст, «даргирӣ дар онҷо ҷараён дорад».

Генерал Абдурашид Дӯстум рӯзи шанбе аз Узбекистон ба Балх омад ва дар онҷо дар суханронӣ гуфт, як нақшаи шашмоҳаро барои амалиёт алайҳи шӯришиёни мусаллаҳ тартиб додааст ва дар сурати таъйиди он аз тарафи раиси ҷумҳур худаш ба майдони ҷанг хоҳад рафт.

Матбуот: "Як муҳоҷири 19-солаи тоҷик дар Олмон дастгир шуд"

Акс аз бойгонӣ

Пулиси Олмон хабар дод, ки даҳ нафарро бо гумони ташкили ҳамлаи террористӣ дар ғарби он кишвар дастгир кардаанд. Дафтари матбуоти додситонии Дюсселдорф рӯзи 30-юми март гуфт, мақомот эҳтимоли иртиботи боздоштшудаҳо бо гуруҳи тундрави “Давлатии исломӣ”-ро таҳқиқ мекунанд. Онҳо гуфтанд, “ба фарзияи мо, ин даҳ нафар бахше аз гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳастанд ё аз ҳаводорони онҳо.” Гумонбарон дар ду рӯзи охир боздошт шудаанд. Хабаргузории DPA-и Олмон навишт, ки яке аз гумонбарон шаҳрванди Тоҷикистон аст. Шаҳрвандии боздоштшудаҳои дигар маълум нест.

Додситон: Гузориши Мюллер дар миёнаҳои моҳи апрел нашр мешавад

Виллиам Бар

Виллиам Бар, додситони кулли Амрико, гуфт, гузориши прокурори вижа Роберт Мюллер дар бораи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар миёнаҳои моҳи апрел ба нашр мерасад.

Бар рӯзи 29-уми март дар номае ба раҳбарони кумитаҳои қазоии ҳарду маҷлиси Конгресси Амрико навиштааст, барои ҳазф кардани масоили ҳассос аз ин гузориш машғул мебошад. Ин гузориш дар 400 саҳифа омода шудааст.

Ба қавли Виллиам Бар, бар асоси пешрафте, ки дар баррасӣ сурат гирифт, ин гузориш шояд то нимаи моҳи апрел барои нашр омода шавад.

Роберт Мюллер рӯзи 22-юми марти имсол эълон кард, ки гузоришаш такмил шуда ва натиҷаҳои таҳқиқоти худро ба додситони кул супурд.

Баъди ду рӯзи он Виллиам Бар хулосаи гузориши Мюллерро дар чаҳор саҳифа ба Конгресс фиристод. Ӯ дар номаи худ навишт, ҳеч санаде ба даст наомадааст, ки ба асоси он ситоди интихоботи раиси ҷумҳур Доналд Трамп барои пирӯзии вай дар ҷараёни интихобот бо Русия ҳамдастӣ ё тафовуқ карда ё монеи барқарории адолат шуда бошад.

Ангела Меркел ҷоизаи машъали сулҳро ба подшоҳи Урдун дод

Ангела Меркел

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи 29-уми март ҷоизаи сулҳро ба подшоҳи Урдун Малик Абдуллои дувум тақдим кард ва аз аврупоиҳо хост, ки мавзӯи муҳоҷиронро аз дидгоҳи ӯ бубинанд.

Меркел, ки дар шаҳри Ассисии Итолиё суҳбат мекард, гуфт, Урдун дар ҷараёни буҳрони муҳоҷирон на танҳо фаластиниҳо, балки беш аз 670 ҳазор муҳоҷири Сурияро қабул кардааст.

Садри аъзами Олмон гуфт, агар масоҳату тавоноии Урдунро бо Олмону Итолиё муқоиса кунанд, дар он сурат Олмон бояд 5,7 миллион ва Итолиё бояд 4 миллион муҳоҷирро мепазируфтанд. Дар ҳоле ки Олмон дар солҳои 2015 ва 2016 танҳо як миллион муҳоҷирро қабул кардааст.

Ҷоизаи машъали сулҳи Франсиско як ҷоизаи католикӣ аст ва ҳар сол дар шаҳри Ассисии Итолиё эҳдо мешавад.

Ин ҷоиза қаблан ба Далай Лама, раҳбари буддоиёни Тибет, Лех Валеса – раҳбари ҷунбиши ҳамбастагии Лаҳистон ва раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар, Поп Бенедикти шонздаҳум ва Поп Франсис эҳдо шудааст.

Доналд Трамп ҳушдор дод, ки марз бо Мексикаро мебандад

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар маврид бастани марзи Иёлоти Муттаҳида бо Мексика ҳушдор додааст.

Трамп рӯзи 29-уми март дар Флорида ба хабарнигорон гуфт, агар ҳукумати Мексика монеи вуруди муҳоҷирини ғайриқонӯнӣ аз тариқи он кишвар ба Амрико нашавад, эҳтимоли зиёд меравад, ки марзро ҳафтаи оянда бибандад.

Ӯ афзуд, “дар ҳоли ҳозир ду корвони бузурги муҳоҷирон аз Гватемала дар ҳаракат ва дар ҳоли убур аз Мексика ҳастанд. Корвонҳои бузургеанд. Мексика монеи ин корвонҳо шуда метавонад, аммо тасмим гирифта аст, ин корро накунад. Ҳоло бояд монеашон шавад. Агар иқдом накунад, мо марзро мебандем."

Мексика гуфтааст, ки бар асоси таҳдидҳо амал намекунад.

Солеҳ гуфт, ба ҳузури амрикоҳо дар Ироқ мухолиф нестанд

Барҳам Солеҳ

Барҳам Солеҳ – раиси ҷумҳури Ироқ – гуфтааст, ки шоҳиди мухолифати ҷиддӣ бо ҳузури нерӯҳои Амрико дар кишвараш нест.

Солеҳ рӯзи ҷумъа дар суҳбат бо хабаргузории «Ассошиайтед Пресс» гуфт, маъмурияти ин нерӯҳо аз ёрӣ расондан ба артиши Ироқ дар мубориза алайҳи гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» иборат аст.

Ба қавли ӯ, назари умумӣ ин аст, ки Ироқ то замони зарурӣ ниёзманди идомаи ҳамкорӣ бо нерӯҳои амрикоӣ мебошад.

Барҳам Солеҳ аз эълони шикасти ДИИШ дар хоки Сурия ситоиш кард, аммо ҳамзамон ҳушдор дод, ки таҳдиди гурӯҳ ҳанӯз аз байн нарафтааст.

Ҳудуди 5200 сарбози амрикоӣ бар асоси як мувофиқатнома бо Бағдод барои маслиҳат ва кумаку пуштибонӣ аз нерӯҳои ироқӣ дар мубориза алайҳи ДИИШ дар Ироқ ҳузур доранд.

Ҳазорҳо нафар истеъфои Абдулазиз Бутафлиқаро талаб карданд

Садҳо ҳазор нафар рӯзи 29-уми март дар пойтахти Алҷазоир ба хиёбонҳо баромада, истеъфои Абдулазиз Бутафлиқа, раиси ҷумҳури ин кишварро талаб карданд.

Эътирозгарон бо сангу чӯб ба пулис дарафтоданд ва пулис дар навбати худ барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар ва обпош истифода намуд.

Шумораи эътирозгарон ҳудуди як миллион нафар тахмин зада шудааст. Аммо мақомот теъдоди муътаризонро камтар аз ин гуфтаанд.

Чанд рӯз пеш аз эътирозҳо, артишии Алҷазоир барои поён бахшидан ба буҳрони сиёсии рӯзафзун хостори канор рафтани Бутафлиқа аз қудрат шуд.

Бутафлиқаи 82-сола ва бемор бист сол пеш, пас аз ҷангҳои дохилӣ дар Алҷазоир, ки ҳудуди 200 ҳазор кушта бар ҷо гузошт, ба қудрат расид. Солҳои ахир, бахусус пас аз сактаи соли 2013, дар мазҳари ом камтар ҳозир мешавад.

Ӯ дар оғози моҳи марти имсол эълон кард, ки номзадии худро барои даври панҷуми раёсат пешниҳод намекунад.

Дар Бруней ҳамҷинсгароҳоро қатл мекунанд. Клунӣ ба таҳрими меҳмонхонаҳои султон даъват кард

Ҳунарманди Ҳолливуд Ҷорҷ Клунӣ

Ҳунарманди синамо Ҷорҷ Клунӣ даъват кард, ки меҳмонхонаҳои мақомоти Бруней дар Амрико ва Аврупо таҳрим ё бойкот шаванд. Ин кишвар барои ҳамҷинсгароӣ ва зино ҳукми қатл ҷорӣ мекунад, ки тавассути сангсор татбиқ мешавад. Қонуни марбута рӯзи 3-юми апрел ба иҷро медарояд.

Дар сутуни муаллифиаш дар нашрияи Deadline Клунӣ аз 10 меҳмонхонае ном бурд, ки ба сохторҳои таҳти назорати султони Бруней тааллуқ доранд. Ин муассисаҳо дар Лондон, Лос-Анҷелес, Порис, Милан ва шащрҳои дигар ҷойгир шудаанд.

Ҷорҷ Клунӣ таъкид кард, "дар ин меҳмонхонаҳо одамони меҳрубон ва посухгӯ кор намекунанд. Ва пуле, ки муштариҳо дар ин меҳмонхонаҳо сарф мекунанд, ба ҷайби онҳое меравад, ки мехоҳанд шаҳрвандонашонро барои зино ва ҳамҷинсгароӣ ба қатл расонанд."

"Бруней - салтанат аст ва албатта ягон таҳрим ё бойкот наметавонад ба қонунҳои ин кишвар таъсир гузорад, вале магар мо муваззаф ҳастем, ки барои поймол кардани ҳуқуқи инсон пул пардозем?" - навиштааст Ҷорҷ Клунӣ.

Фаъолони ҳуқуқи инсон борҳо мақомоти Брунейро барои таъқиби ҳамҷинсгароҳо танқид кардаанд. Ҳоло дар ин кишвар қонуне ҷорӣ аст, ки инсонҳоро барои ҳамҷинсгароӣ ба муҳлати 10 сол зиндонӣ мекунад. Amnesty International даъват кард, ки қонуни шадидтар аз ин оҷилан манъ шавад.

Тоқаев тоқа аст. Зиндагиномаи президенти нави Қазоқистон нашр шуд

Қосимҷомарт Тоқаев

Вебсайти дастгоҳи иҷроияи президенти Қазоқистон зиндагиномаи раиси ҷумҳури муваққати ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаевро нашр кард.

Дар матни зиндагиномаи Тоқаев 14 марҳилаи фаъолият ва иттилоъ дар бораи вазъи хонаводагии ӯ нашр шудааст. Сомона менависад, ақди никоҳи Тоқаев бекор шудааст, аммо санаи бекоршавии никоҳ маълум нест.

"Ҳаводори тарзи солими ҳаёт аст. Мутолиаи адабиёти бадеӣ, сиёсӣ ва ёдномаҳоро меписандад. Муҷаррад аст", - навишта шудааст дар зиндагиномаи ӯ. Тоқаев писаре дорад бо ному насаби Тимур Тоқаев. Ном ва насаби ҳамсари пешини президенти муваққат зикр нашудааст.

Ҳангоми ба ҳайси президент савганд ёд кардани Тоқаев расонаҳо навиштанд, ки бино ба иттилои расмӣ, ӯ оиладор ва соҳиби як фарзанд аст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ҳамсари Тоқаев "шаҳрванди Русия Надежда Давидовна Тоқаева" аст.

Тоқаеви 65-сола, сарвазири пешин ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, рӯзи 20-уми марти соли ҷорӣ президенти муваққати кишвараш таъйин шуд. Нурсултон Назарбоев, президенти ҳамакнун пешини Қазоқистон рӯзи 19-уми март эълон кард, ки аз мансаб канор меравад.

Чин барои пуштибониҳои Қазоқистон изҳори сипос кард

Бейбут Атамқуло ва Ван И

Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин аз ҳукумати Қазоқистон барои пуштибонӣ аз барномаи баҳсбарангези "пешгирии тундгароӣ" дар минтақаи Шинҷон сипосгузорӣ кард. Вазири Чин гуфт, кишварҳои дигар бояд аз Чин ибрат гиранд.

Бейбут Атамқулов, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, баъди дидор бо ҳамтои чиниаш, чораҳои "пешгирӣ аз тундгароӣ"-ро дар Шинҷон "мусбат" арёзбӣ кард, омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Чин, ки шаби 28 март нашр шуд.

Ин чораҳо, ба гуфтаи Ван И, "ба таври қатъӣ амният ва суботро дар маҳал таъмин карда, ба густариши сулҳу осоиш дар минтақа таъсир расонидаанд". "Мо аз дарк ва ҳимояти ҳукумати Қазоқистон аз мавқеи Чин сипосгузорем ва ҳаргиз намегузорем, ки неруе ва ё инсоне дӯстиву эътимоди Чину Қазоқистонро халалдор кунад", - гуфт Ван И.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки Чину Қазоқистон бояд ҳамкориро дар бахши ҳуқуқи инсон тақвият диҳанд ва талош кунанд, ки одамон ин масъаларо ба сиёсат "олуда" насозанд.

Ба навиштаи хабаргузории Reuters, ҳукумати Қазоқистон тавонист, ки аз танқиди сиёсатҳои Чин дар Шинҷон худдорӣ варзад ва бо роҳи гуфтугӯ наздики 2 ҳазор қазоқтабори дар Чин боздоштшударо раҳо созад.

Иттилоъ дар бораи боздошти оммавии уйғурҳо ва дигар ақаллиятҳои миллии Шинҷон миёнаҳои соли 2017 расонаӣ шуд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Нигоҳе ба рӯзи дуввуми эътирозҳо ба афзоиши қимати нафт дар Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG