Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Шӯрои уламо 6-уми майро аввали моҳи Рамазон эълон кард

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 6-уми майро оғози моҳи мубораки Рамазон, эълон кард. Ба гуфтаи масъулони Шӯрои уламо, ин тасмим дар ҳамоҳангӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян шуд.

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 1-уми майи худ ҳамчунин ҳисоби шаръии нисоби закотро 20 ҳазор сомонӣ муқаррар намуд, ки аз он 500 сомонӣ закот дода мешавад.

Ин ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон садақаи фитр ба ҳисоби гандумро 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои афроди тавонманд), муайян кардааст.

Шӯрои уламо ҳамчунин барои афроде, ки узри шаръӣ (пиронсолон) доранд ва бемороне, ки барои сиҳатшавиашон умеде нест ва наметавонанд рӯзаи моҳи мубораки Рамазонро бигиранд, фидя ба маблағи 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян кардааст.

Сафири нави САҲА дар Тоҷикистон 11 май ба кор шурӯъ мекунад

Валерий Чивери шурӯъ аз 11 майи соли ҷорӣ ба иҷрои вазифаҳои раҳбари дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон шурӯъ хоҳад кард. Ҳарчанд ҷаноби Чивери мудири барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон унвон мешавад, аммо вай мақоми сафирӣ хоҳад дошт. Ваколатҳои Туула Юрюла, мудири пешини барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон 31 октябри соли 2018 анҷом ёфта ва то ҳол роҳбарияти ин созмони байналмиллалӣ ба вазифаи намояндаи худ дар Тоҷикистон номзадеро интихоб накарда буданд. Дар солҳои мудирияти хонум Юрюла дар дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон муносибатҳои ду кишвар рӯ ба сардӣ ниҳода, Душанбеи расмӣ ин созмонро дар фароҳам кардани минбар барои мухолифонаш дар Варшаваи Лаҳистон аз ҷумлаи аъзои ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзат айбдор мекард. САҲА низ бо дарназардошти бархе аз маҳдудиятҳо теъдоди кормандонаш дар Тоҷикистонро коҳиш дод, аммо умедвор аст, ки бо оғози фаъолияти мудири нави барномаҳо дар Душанбе муносиботи ду ҷониб беҳтар мешаванд.

Толибон гуфтанд, ки даври нави музокироти сулҳ дар Қатар шурӯъ мешавад

Намояндагони ИМА ва Толибон қарор аст рӯзи 1 май даври нави музокироти сулҳро барпо кунанд, ки ҳадафаш хатми ҷанги 17-сола дар Афғонистон аст. Дар ин бора рӯзи чоршанбе намояндагони Толибон изҳорот доданд. Сухангӯи ин гурӯҳ Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки аз октябри соли 2018 ин даври шашуми музокироти мустақими миёни Толибон ва ИМА мебошад ва он дар шаҳри Давҳа баргузор хоҳад шуд.

Вашингтон гуфтааст, ки Залмай Халилзод, раҳбари гурӯҳи музокиротии ИМА ба пойтахти Қатар ба хотири музокирот бо Толибон сафар хоҳад кард. То ин замон Толибон гуфтаанд, ки аз музокирот бо ҳукумати Афғонистон худдорӣ мекунанд ва ҳукумати марказии Кобулро “як лӯхтаки Ғарб” меноманд. Шарти Толибон ин аст, ки пеш аз шурӯи гуфтугӯҳо бо Кобул нирӯҳои хориҷӣ аз кишвар берун карда шаванд. Залмай Халилзод, ки зодаи Афғонистон аст, дар ҷараёни сафараш ба Кобул рӯзи 28 апрел гуфт, ки Толибон бояд шеваи рафтори худро иваз кунанд ва дар сурати барқарории сулҳ дар кишвар барои оташбас омода шаванд.

Эътирозгарон дар Қазоқистон: "мардум хаста шудааст"

1 май, Алмаато

Дар ду шаҳри марказии Қазоқистон беш аз 100 эътирозгар таҷаммӯъ карда ба озод кардани зиндониҳои сиёсӣ ва бойкоти интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ даъват карданд. Дар паи тарки мақоми президентӣ кардани Нурсултон Назарбоев, ки аз соли 1991 раҳбарии Қазоқистонро ба ӯҳда дошт, қарор аст рӯзи 9 июн дар кишвар интихоботи зудраси президентӣ баргузор шавад.

Дар Алмаато, шаҳри калонтарини Қазоқистон, даҳҳо эътирозгар дар боғи марказӣ ҷамъ омада, шиорҳои “Шармандагӣ”, “Бойкот”, “Ман интихоб дорам” ва “Озодӣ ба зиндониҳои сиёсӣ”-ро ба забон оварданд. Дар пойтахт, шаҳри Нурсултон, эътирозгарон бо айни чунин шиорҳо дар наздикиҳои толори консертии Остона ва ҳукумати маҳаллӣ раҳпаймоӣ карданд.

Дар миёни шиорҳои онҳо ҷумлаҳои “мардум хаста шудааст” ва “ҳукумат – истеъфо” ҳам хонда мешуд. Эътирозҳои худҷӯшро нирӯҳои зиёди полис назорат ва мақомоти дигар пайваста аз мардум даъват мекарданд, ки пароканда шаванд. Дар шаҳри Нурсултон полис ба ҳангоми боздошти чанд эътирозгар аз чӯбдаст истифода кард, вале каме дертар ҳамаи онҳо аз дохили автобуси полис озод шуданд.

Табиби беморхонаи руҳӣ дар Ӯзбекистон бемореро латукуб кардааст (видео)

Хешовандони беморони Беморхонаи руҳии Тошканд аз таҳқирҳои доимӣ ва латту кӯби кормандони беморхона шикоят карданд.

Мадина Набиҷоноваи 21-сола гуфт, рӯзи 24 апрел дурбинҳои наворбардорӣ лаҳзаи латту кӯб шудани шавҳари ӯро аз сӯи як корманди бемористон сабт карданд.

Дар навор дида мешавад, ки марде дар либоси табиб бемореро ба замин афканда, талоши бӯғӣ кардани ӯро мекунад. Мадина мегӯяд, шавҳари ӯро танҳо ба хотири он ки мехост, бе иҷозат ба берун равад, латту кӯб карданд.

Ин дар ҳолест, ки сардухтури беморхона Хайруло Ҳусанхоҷаев латту кӯб шудани беморонро рад мекунад. Вай афзуд, табибон дар ҳолатҳои изтирорӣ метавонанд, нисбати беморон аз зӯр кор гиранд.

Баъди обхезиҳо дар Туркманистон масолеҳи сохтмон гарон шуд

Дар Туркманистон баъди обхезиҳои ахир масолеҳи бинокорӣ гарон шуд. Ба иттилои сокинон, семент ду баробар гарон шудааст.

Дар ҳоли ҳозир вилояти Марӣ бештар аз вилоятҳои дигар зарар дида ва қимати маҳсулоти сохтмонӣ ҳам дар ин вилоят нисбатан боло рафтааст.

Ин дар ҳолест, ки обхезиҳои ахир харобиҳои зиёде дар пай дошт. Боронгариҳо роҳҳои мошингард, хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишоварзиро хароб карданд.

Дар Туркманистон бештар қисмати ғарбӣ ва ҷанубу шарқ зиён дид.

Назарбоев Рӯзи ваҳдати мардумро шодбош гуфт

Дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон 1 май Рӯзи ваҳдати мардум таҷлил шуд. Чорабиниҳои ҷашнӣ дар майдони марказӣ баргузор гардид ва сокинонро баъди тафтиш ба майдон иҷозаи вуруд доданд.

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон ҳам дар мазҳари ом суханронӣ кард. Вай аз мардум даъват кард, "ягонагиро ҳифз кунанд". Духтари калонии Назарбоев Дариға Назарбоева ва шахсони дигари расмӣ ҳам дар ин маросим ҳузур доштанд.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, Назарбоевро дар майдон кӯдакон бо рақс истиқбол кардаанд.

Дар шаҳри Алмато ҳам сокинонро баъди тафтиш ба ҷашнгоҳ роҳ додаанд. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон дар ҷашнҳои Алмато ширкат ва суханронӣ кард. Вай як рӯз пеш бо сафари корӣ ба Алмато омада буд.

Помпео гуфт, Русия нагузошт, ки Мадуро биравад

Майк Помпео мегӯяд, Русия нагузошт, ки Николас Мадуро аз Венесуэла биравад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико иддао кардааст, ки Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла, омода буд, кишварашро тарк карда ба Куба биравад, аммо Русия ӯро аз раъйаш баргардонидааст.

Майк Помпео рӯзи 30-уми апрел ба телевизиони Си Эн Эн гуфт, “Ҳавопаймои ӯ дар фурудгоҳ омодаи парвоз буд, мо фаҳмидем, ки ӯ омода буд, ҳамин субҳ биравад, вале русҳо ишора карданд, ки бояд бимонад.”

Ба қавли Майк Помпео, чанде аз мақомоти баландпояи ҳукумати Венесуела ба онҳо гуфтаанд, ки дар сурати исён ба тарафи ошӯбгарон мегузаранд. Ӯ аз ин бештар иттило надод.

Вазири умури хориҷии Амрико дар ин баъд аз он суҳбат кард, ки танишҳо дар Венесуэла авҷ гирифтааст. Баъди онки Хуан Гуайдо, пешвои мухолифони давлат аз артиш хост, раиси ҷумҳур Николас Мадуроро аз мақомаш барканор кунад, хушунат дар Венесуэла зиёдтар шуд.

Ҳазорон нафар аз мардуми кишвар рӯзи 30-уми апрел ба кӯчаҳои Каракас баромаданд аз даъвати Хуан Гуайдо ҷиҳати шуруи “марҳилаи ниҳоӣ” барои ба даст гирифтани қудрат ҳамроҳ шуданд. Ҳукумати Николас Мадуро, амалкарди Гуайдоро талош барои табаддулот номида ва гуфтанд, ки ҳамчунон аз ҳимояти артиш бархурдор ҳастанд.

Қирғизистон мехоҳад, аз лӯлаи "Туркманистон-Чин" газ бигирад

Қирғизистон дар робита ба имкони дарёфти газ аз лӯлаи "Туркманистон-Чин" гуфтугӯ анҷом дод. Дар ин бора Жиргалбек Сагинбоев, як масъули кумитаи давлатии саноат ва энержии Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, барои ҳалли ин масъала бояд бо ҳамаи кишварҳои узви лоиҳа гуфтугӯ анҷом шавад.

Дар ҳоли ҳозир Бишкеку Пекин сохтмони лӯлаи "Қирғизистон-Чин"-ро баррасӣ доранд, ки шомили тарҳи лӯлаи Туркманистону Чин аст. Созишнома дар бораи лӯла ҳанӯз 11 сентябри соли 2013 имзо шуда буд. Тарҳи мазкур аз Туркманистон шуруъ шуда, тавассути Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Чин мерасад.

Сохтмони тарҳ дар ҳудуди Қирғизистон 1,2 млрд доллар харҷ дорад.

Тавсияи ИМА ба Ӯзбекистон: зиндони "Жаслиқ"-ро бандед

Комисияи ИМА дар умури озодиҳои динӣ қарори Департаменти давлатии Амрикоро ба эътибор нагирифта, Ӯзбекистонро дар рӯйхати кишварҳое боқӣ гузошт, ки озодиҳои диниро сахт саркӯб мекунанд.

Дар гузориши Комисияи байналхалқии озодиҳои динӣ, ки рӯзи 29 апрел нашр шуд, омадааст, Ӯзбекистон дар як саф бо кишварҳое амсоли Чин, Мянмар, Русия, Туркманистон, Тоҷикистон, Эрон ва Покистон шомили рӯйхати 16 кишваре шудааст, ки "таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунанд".

Ба навиштаи муаллифон, сарфи назар аз тағйироти мусбат дар сатҳи болоии ҳукумат, дар Ӯзбекистон то ҳанӯз озодиҳои мазҳабӣ поймол мешаванд. "Ҳазорон мусалмон то кунун бо айби тундгароии диннӣ дар зиндонҳо ҳастанд", - омадааст дар гузориш.

Комисия мегӯяд, дар мактабҳо ва коллеҷҳои Ӯзбекистон хонандагон иҷозат надоранд, ки бо ҳиҷоб дар дарсҳо ширкат кунанд ва бархе блогнависон барои ҳимоят аз ҳуқуқи мусалмонон зиндонӣ ва ҷарима шуданд. Комисия ба Ӯзбекистон тавсия додааст, қонун дар бораи динро, ки соли 1998 қабул шудааст, бозбинӣ ва ба меъёрҳои ҷаҳонии ҳуқуқи инсон мувофиқ гардонад.

Ҳамчунин ба Тошканд тавсия шудааст, ки зиндони "Жаслиқ"-ро банданд. Дар ин зиндон бештар касоне нигаҳдорӣ мешаванд, ки бо айби тундгароӣ зиндонӣ шудаанд.

Полторанинро ба дастаи мунтахаби лижаронҳои Қазоқистон роҳ надоданд

Ҳайати нави тими мунтахаби Қазоқистон оид ба пойгаи лижаронӣ барои мавсими имсола муайян шуд. Ба ҳайати даста 15 варзишкор – 9 мард ва 6 зан шомил шуданд.

Варзишкори маъруф ва барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон Алексей Полторанин ба тими мунтахаб роҳ наёфт. Дар ин бора Федератсияи миллии Қазоқистон оид ба пойгаи лижаронӣ хабар дод.

Полторанин ва чандин лижарони дигар аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо баъди он маҳрум шуданд, ки пулиси Австрия ва Олмон 27 феврал дар натиҷаи як санҷиш онҳоро дар шаҳри Зеефелд боздошт кард. Варзишкорон дар нақзи қоидаҳои зиддидопингӣ айбдор шуданд.

Дертар вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Аристонбек Муҳаммадиулӣ хабар дод, ки бо ташаббуси ниҳоди зери раҳбарии ӯ ба қонуни фаъолиятҳои варзишӣ тағйирот ворид ва чораҳо зидди варзишкороне, ки дар истифодаи доруҳои мамнуи нирӯфизо айбдор мешаванд, сахттар карда шудааст.

Лижарони қазоқ Полторанин соли 2013 дар чемпионати ҷаҳон дар Итолиё медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ӯ барандаи даҳҳо медали тило ва қаҳрамони чаҳоркаратаи бозиҳои Осиё аст. Дар бозиҳои олимпии солҳои 2006, 2010, 2014 ва 2018 иштирок кардааст.

Задухӯрдҳои мусаллаҳона бо иштироки низомиён дар Венесуэла

Дар шаҳри Каракаси Венесуэла миёни ҷонибдорони раҳбари мухолифон Хуан Гуайдо ва нирӯҳои амниятӣ задухӯрдҳо оғоз шудаанд.

Видеоҳои нашршуда истифодаи гази ашковарро нишон медиҳанд ва хабарнигорони Reuters мегӯянд, тирпаронӣ низ мушоҳида мешавад.

Ҷонибдорони Гуайдо дар назди пойгоҳи низомии ҳавоӣ дар Каракас пас аз он ҷамъ шуданд, ки раҳбари мухолифон субҳи сешанбе бо нашри изҳороти видеоӣ аз артиши Венесуэла хост, ба эътирозҳо зидди президент Николас Мадуро бипайвандад. Вай дертар ба хабарнигорони ғарбӣ гуфт, ки ними артиш аллакай ба ҷониби ӯ гузаштааст.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки чи қадар низомиён аз Гуайдо ҷонибдорӣ мекунанд ва ё артиш аз ӯ ҳимоят хоҳад кард, ё не. ​

Мухолиф Леополдо Лопес, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дошт, ба сафи ҷонибдорони Гуайдо пайваст. Лопес гуфт, ӯро низомиёни ҷонибдори Гуайдо озод карданд.

Вазири иттилооти Венесуэла Хорхе Родригес гуфт, "як гуруҳи кучаки низомиёни хоин" мехостанд, дар ин кишвар табаддулот кунанд. Вазири дифои Венесуэла Владимир Падрино - ҷонибдори Мадуро изҳор дошт, ки дар артиш касе аз "ошӯб" ҷонибдорӣ накард.

Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон дар Твиттер артиши Венесуэларо ба "ҳимояти конститутсия ва ҳокимияти қонунӣ" даъват кард. ИМА раиси порлумони Венесуэла Гуайдоро раҳбари қонунии ин кишвар меҳисобад.

​Буҳрони сиёсии Венесуэла аз моҳи январи соли равон ба ин сӯ идома дорад. Гуайдо Мадуроро дар ғасби ҳукумат айбдор ва худ ҳамчун президенти муваққат савганд ёд кард. Фишангҳои идораи кишвар ва ниҳодҳои қудратӣ дар дасти Мадуро ҳастанд. ИМА, бештари кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва Иттиҳоди Аврупо аз Гуайдо ва Куба, Русия, Чину Туркия аз Мадуро ҷонибдорӣ мекунанд.

Дар Туркманистон орд гарон ва фурӯши он маҳдуд шуд

Дар фурӯшгоҳҳои давлатии шаҳри Ишқобод фурӯши орд дубора маҳдуд шуда, ҳар як хонавода ҳақ дорад, дар ду моҳ як халта орди 50-килоӣ бихарад.

Тавре хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ 29 апрел хабар дод, фурӯши орд дар пайи болоравии нархи он маҳдуд шудааст. Ҳоло як кило орди навъи якум 1,9 манат фурӯхта мешавад (1 доллар 3,5 манат). Тайи як соли ахир як кило орд дар Туркманистон 1 манат буд.

Ба гуфтаи як сокини шаҳри Ишқобод, вақтҳои ахир сифати орд низ поин рафтааст ва бештари сокинон талош мекунанд, ки ордҳои истеҳсоли хориҷӣ, аз ҷумла қазоқӣ ва русиро харидорӣ кунанд.

Дар баъзе аз ноҳияҳои Туркманистон сокинон шикоят доранд, ки наметавонанд ордро дар фурӯшгоҳҳо пайдо кунанд. Барои намуна, аз аввали моҳи апрел дар фурӯшгоҳҳои давлатии баъзе аз ноҳияҳои вилояти Марӣ орд нест.

Манобеъ мегӯянд, камчинии орд дар ноҳияҳои атрофи Ишқобод низ мушоҳида мешавад.

Гуайдо гуфт, "марҳилаи ниҳоии" барканории ҳукумати Мадуро амалӣ мешавад

Раҳбари мухолифони Венесуэла Ҳуан Гуайдо гуфт, ки «марҳилаи ниҳоии» нақшаи барканории президент Николас Мадуроро ба роҳ монда, иддао кард, ки аз пуштибонии «сарбозони ҷасур» бархурдор аст. Вале тарафдорони президент Мадуро гуфтанд, ки чизе тағйир наёфтааст ва кишварро онҳо назорат мекунанд. Мақомот дар ҳукумати Мадуро рӯзи 30 апрел амалкарди Гуайдоро ҳамчун талоши табаддулоти давлатӣ маҳкум карданд. Бархе гузоришҳо ҳокист, ки дар пойгоҳи ҳавоии беруни Каракас ба сӯи Гуайдо ва ҳам даҳҳо мардони низомипӯш бо гази ашковар ҳамла сурат гирифт.

Дар нақли қавл аз шоҳидон Reuters гузориш дод, ки тарафдорони низомипӯши Гуайдо ва ҳам сарбозони тарафдори Мадуро ба сӯи ҳам оташ кушоданд. Вазири иттилоот Хорхе Родригес дар саҳифаи худ дар Twitter навишт, ки ҳукумати сотсиалистии Мадуро бо як “талоши кудатои” хурд, ки аз ҷониби низомиёни “хоин” ҳимоят мешавад, дастбагиребон шудааст.

Вазири дифоъ Владимир Падрино гуфт, ки нирӯҳои мусаллаҳ дар ҳимояти ҳукумати Мадуро қарор доранд ва ҳамаи воҳидҳои низомӣ гузориш доданд, ки дар ҳама ҷо ва ҳам пойгоҳҳо вазъ мӯътадил мебошад. Гуайдо, ки президентии ӯро ИМА ва дигар кишварҳо дастгирӣ мекунанд, дар як навори видеоӣ ҳозир шуд ва дар он дида мешавад, ки ӯ дар пойгоҳи ҳавоии Ла Карлота дар иҳотаи афроди мусаллаҳ ва ҳам мошинҳои қавии ҳарбӣ қарор доранд.

Нахустин форуми вакилони ҷавони Қирғизистон ва Қазоқистон

Дар шаҳри Бишкек рӯзҳои 29-30 апрел Форуми I вакилони ҷавони Қазоқистону Қирғизистон баргузор мешавад.

Дар ин чорабинӣ, ки бо ҳимояти Клуби дипломатии Остона ташкил шудааст, намояндагони Кумитаи кор дар умури ҷомеаи шаҳрвандии вазорати иттилоот ва ризоияти ҷамъиятии Қазоқистон, Эътилофи вакилони ҷавони Қирғизистон, вакилони маҳаллӣ ва вакилони шаҳрии ду кишвар, тоҷирон, коршиносон, аъзои созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва созмонҳои ҷавонон ширкат мекунанд.

Дар ин чорабинӣ мавзуи "Модели идораи маҳаллӣ дар Қирғизистон ва Қазоқистон: таҷрибаи мусбати ҳамсояҳо дар рушди минтақа" баррасӣ шуд. Давоми ду рӯз ширкатдорон масоил ва мушкилоти ду кишварро баррасӣ карданд.

"Ҳадафи форум - тақвияти гуфтугӯи минтақавӣ ва робитаҳои сиёсии байни ду кишвар аст. Оянда дар назар аст, ки ҳамасола ин гуна форум баргузор шавад", - гуфт Кайирболат Сахметов, президенти Клуби дипломатии Остона.

Дарозтарин пули Тоҷикистон аз болои обанбори Роғун

акс аз бойгонӣ

Ду бонки байналмиллалӣ барои таҷдиду азнавсозии роҳи Ваҳдат-Рашт- Лахш- Қарамиқ, ки аз сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад, ба Тоҷикистон 350 миллион доллар қарз медиҳанд.

Бинобар маълумоти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки рӯзи 30-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд, 350 миллион доллар қарзро Бонки Осиёи Рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар доираи тарҳи СAREC ихтисос медиҳанд.

Ин маблағ барои таҷдиди қитъаи 72 то 158-ум километри роҳ аз Обигарм то Нурободро дар бар мегирад. Дар доираи ин лоиҳа ҳамчунон сохтмони пуле ба дарозии 800 метр дар назар аст.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бинобар тадриҷан боло рафтани сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи Роғун як қисмати роҳи кунунӣ зери об мемонад ва аз ин рӯ зарурати сохтмони пул ба ин дарозӣ ба вуҷуд омадааст.

Дар сурати бунёд шудан, ин дарозтарин пул дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гуфтааст, пас аз семоҳаи дуввум пешбинӣ мешавад, барои интихоби ширкати пудратчӣ озмун ё тендер эълон мешавад.

Аммо дар мавриди шарту фоизҳои ин қарз ба Тоҷикистон чизе гуфта намешавад.

Зеленский расман президенти тозаинтихоби Украина эълон шуд

Комисияи марказии интихоботӣ (КМИ)-и Украина рӯзи 30 апрел натиҷаҳои даври дувуми интихоботи президентии ин кишварро эълом дошт ва зимни ин Володимир Зеленскийро расман президенти тозаинтихоби Украина номид.

Пайнавишти ин ҷаласаи КМИ-ро намояндагони ҳамаи номзадҳои интихобот имзо карданд, шикоятҳое, ки ин қарорро зери шубҳа гузоранд, садо надоданд.

Зеленский дар даври дувум зиёда аз 73 ва арқиби ӯ Петро Порошенко беш аз 24 дарсад раъй гирифтанд.

Маросими савганди президенти нави Украина бояд дар давоми 30 рӯз пас аз эълони натиҷаҳои интихобот баргузор шавад.

Володимир Зеленский 41 сол дорад. Вай ҳунарпеша, шоумен ва продюсер, раҳбари студияи "Квартал-95" буда, то ширкат дар интихоботи президентӣ бо сиёсат шуғл надошт ва мансаби давлатиеро ишғол накардаасст.

Гутереш аз раҳбари Чин хост, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад. ВИДЕО

Антонио Гуттереш бо Си Ҷинпин

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутереш дар мулоқоти охири худ бо президенти Чин Си Ҷинпин вазъияти ақаллиятҳои уйғурро баррасӣ кардааст. Ӯ аз роҳбари Чин хостаст, ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад.

Сухангӯи Созмони Милал Стефан Дуҷорик рӯзи 29-уми апрел гуфт, Гутереш ба Си Ҷинпин гуфтааст, "ба ҳуқуқи инсон бояд пурра эҳтиром гузошт, ҳатто ҳангоми мубориза ба терроризм ва экстремизм".

Гутереш рӯзи 26-уми апрел дар Пекин бо Си Ҷинпин вохӯрдааст. Дуҷорик гуфт, мулоқот "хеле самимӣ ва боз" буд.

Гутереш аз раҳбари Чин хост, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

Изҳороти дабири кулли СММ пас аз он садо дод, ки раиси иҷроияи созмони Дидбони ҳуқуқи башар Кеннет Рот дар рӯзномаи "Вашингтон Пост" Гутерешро барои "хомӯшиаш дар бораи ҳуқуқи башар" танқид кардааст.

Чин барои нигоҳ доштани тақрибан 1 миллион уйғур ва мусалмонони дигар дар "марказҳои бозомӯзӣ" зери танқидҳои сахт мебошад. Фаъолони ҳуқуқи башар ин марказҳоро "урдугоҳҳои зиндониён" меноманд.

Рӯҳонӣ: Бо вуҷуди фишорҳо, Эрон ба содироти нафт идома медиҳад

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи 30-юми апрел дар як суханронӣ аз телевизиони давлатӣ гуфт, ҳарчанд фишор аз сӯи Вашингтон афзоиш меёбад, Эрон ба содироти нафти худ идома хоҳад дод.

“Амрикоиҳо дар моҳҳои оянда хоҳанд дид, ки содироти нафт идома меёбад,” -- гуфт Рӯҳонӣ.

Ӯ афзуд, “тасмими Амрико дар бораи он ки содироти нафти Эрон ба сифр расад, як тасмими хатост ва мо иҷозат нахоҳем дод, ки ин тасмим ба иҷро дарояд.”

Суханони Рӯҳонӣ пас аз чанд рӯзе садо дод, ки Вашингтон эълон кард, дигар харидорони нафти Эронро аз таҳримҳо истисно нахоҳад кард.

Кохи Сафед дар як баёния рӯзи 21-уми апрел гуфт: “Ин тасмим ба он мақсад гирифта шудааст, то содироти нафти Эрон ба сифр расад ва режим аз сарчашмаи аслии даромади худ маҳрум шавад.”

Сохтмони пули 800-метрӣ бар фарози обанбори "Роғун"

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Ду бонки байналмилалӣ барои азнавсозии баъзе аз қитъаҳои роҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш-Қарамиқ, ки то сарҳади Қирғизистон мерасад, ба Тоҷикистон 350 миллион доллар қарз медиҳанд.

Қарзи Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар доираи тарҳи СAREC ҷудо мешавад. Мақомот гуфтанд, таҷдиди аз 72 то 158-ум километри роҳ дар назар аст, ки аз Обигарм то Нурободро дар бар мегирад.

Дар доираи ин лоиҳа ҳамчунон сохтмони пуле ба дарозии 800 метр дар назар аст.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "бинобар тадриҷан боло рафтани оби обанбори нерӯгоҳи барқи обии Роғун як қисмати роҳи кунунӣ зери об мемонад ва аз ин рӯ зарурати сохтмони пул ба ин дарозӣ ба миён омадааст."

Дар сурати бунёд шудан, ин дарозтарин пул дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд гуфтааст, пас аз семоҳаи дувуми имсол барои интихоби ширкати пудратчӣ тендер ё музояда эълон карда хоҳад шуд.

Аммо дар мавриди шарт ва баҳраҳои ин қарз ба Тоҷикистон чизе гуфта намешавад.

Императори Ҷопон аз тахт фуромад ва салтанаташро поён дод

Императори Ҷопон Акиҳито эълом дошт, ки аз тахт даст мекашад. Маросими тахтфароии ӯ рӯзи сешанбе баргузор гашт ва аз нимашаби 30 апресл сар карда, ӯ дигар императори Ҷопон нахоҳад буд.

Ба ин муносибат Акиҳито аз ҳамаи онҳое, ки ӯро ҳамчун рамзи миллӣ арҷ мегузоштанд, сипосгузорӣ намуд ва афзуд барои сулҳу хушбахтии кишвараш дуъо хоҳад кард.

Акиҳитои 85-соларо аз номи ҳукумат ва мардум сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ табрик ва ситоиш намуд. Қатъи фаъолияти императории Акиҳито, ҳанӯз соли 2017 эълон шуда, lар 200 соли ахир бори аввал аст, ки императори Ҷопон худро аз тоҷу тахт канор мекашад. 1 майи соли 2019 унвони император ба писари бузурги Акиҳито, валиаҳди 57-сола Наруҳито мегузарад.

Акиҳито аз соли 1983 императори Ҷопон буд.Тасмими ихтиёран даст кашидан аз имрепаториро Акиҳито тобистони соли 2016 гирифт ва онро ба солмандӣ ва вазъи сиҳатияш бастагӣ дод. Порлумони Ҷопон қарори махсусеро қабул кард, ки канор рафтани император бидуни халалдор шудани тартиби умумии ҷойнишинӣ ба тахту тоҷро таъмин мекунад.

Сафир: Амрико ҷонибдори суботи иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст

Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм

Сафири нави Амрико дар Душанбе гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида "ҷонибдори суботи иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст". Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 29-уми апрел дар мулоқот бо муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, "онҳо дар масоили иқтисодӣ ҳамеша омодаи ҳамкорианд".

Поммершайм моҳи марти имсол ба ҳайси сафири Амрико дар Душанбе ба кор оғоз кард. Ӯ қаблан бо манзури ошноӣ бо мақомоти дигари Тоҷикистон низ дидору мулоқот дошт.

Масъулони Бонки миллӣ ба сафири Амрико дар мавриди вазъи макроиқтисодии кишвар маълумот додаанд. "Ҷамолиддин Нуралиев ба Поммершайм дар бораи нигоҳ доштани сатҳи таваррум, низоми бонкӣ ва ислоҳоти дар ин самт татбиқшаванда, беҳ гардидани вазъи низоми бонкӣ нисбат ба солҳои қаблӣ, кам шудани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ маълумот дод", -- гуфтан дар Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ин дидор бо сафир, Нуралиев ҳамчунин доир ба тарҳи CASA-1000, хатти интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон, саҳми Амрико дар мавриди татбиқи ин тарҳ ва ҳамчунон сохтмони нерӯгоҳи Роғун маълумот додааст.

Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Амрико чандон зиёд нест. Бино ба омори охир, гардиши савдо миёни ду кишвар дар соли 2017 каме беш аз 75 миллион долларро ташкил додааст.

Амрико дар 27 соли ахир ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар кумак кардааст. Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ техника ва нақлиёт додааст.

Трамп ва Эрдуғон интиқоли С-400-po ба Туркия баррасӣ карданд

Раҳбарони ИМА ва Туркия - Доналд Трамп ва Раҷаб Эрдуғон дар як суҳбати телефонӣ масъалаи интиқоли муҷтамаи зиддимушакии С-400-и Русияро ба Туркия баррасӣ карданд. Ин хабарро ҳам Анқара ва ҳам Вашингтон дар иттилоияҳои расмии худ тасдиқ намудаанд.

Дар иттилоияи ҷониби Анқара омадааст, Эрдуғон ба Трамп пешниҳод кард, ки барои омӯзиши масоили марбут ба интиқоли С-400 як гуруҳи кории муштарак таъсис дода шавад. Вале Кохи сафед дар ин замина чизе нагуфтааст.

Тасмими Туркия барои харидории муҷтамаи русии С-400 нигаронии ҷониби Амрикоро ба бор овардааст. Вашингтон мегӯяд, насби ин муҷтамаъ дар ҳудуди Туркия зидди меъёрҳои НАТО аст. Вале Эрдуғон гуфт, кишвараш аз тасмими худ даст нахоҳад кашид. Ин нуктаро ӯ дар мулоқоти ахираш бо президенти Русия Владимир Путин дар шаҳри Москва дубора такрор кард. Интизор меравад, нахустин муҷтамаъ моҳи июли соли равон ба Туркия интиқол дода шавад.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки миёни ИМА ва Туркия ихтилофи назарро ба бор овардааст, таҳримҳои зидди Эрон ва вазъ дар Сурия ҳаст. Эрдуғон таҳдид дорад, ки зидди курдҳо -- ҳампаймонони ИМА дар мубориза бо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" амалиёти низомиро ба роҳ мемонад.

Ҷасади подполковники узбекро дар ҷои кор овезон пайдо карданд

Ҷасади подполковник Асомхоҷа Аброровро, ки дар маҳбаси сукунатии ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд кор мекард, шаби 26 ба 27-уми апрел дар ҳуҷраи корияш овезон пайдо карданд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Узбекистон, ҳодиса ҳамчун худкушӣ таҳқиқ мешавад. Наздикони Аброров гуфтанд, мақомот ҷасади ӯро 28-уми апрел пас аз ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ба онҳо супурдаанд.

Дар Додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, ки дар робита ба ҳодисаи худкушии Аброров тафтишот оғоз шудааст. Яке аз наздикони Аброров мегӯяд, намояндагони ВКД Узбекистон ҳангоми супурдани ҷасад гуфтаанд, ки ӯ дар натиҷаи афсурдагӣ худкушӣ кардааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Аброров як моҳ пеш аз мақоми муовинии сардори пулиси шаҳри Оҳангарони вилояти Тошканд барканор ва барои кор ба маҳбаси Зангиота фиристода шуд. Ӯ аз ин кор норозӣ будааст.

Як корманди маҳбаси Зангиота гуфт, подполковник дар натиҷаи хастагии аз ҳад зиёд ва афсурдагӣ худкушӣ кардааст. "Дар ҷои кор фишор хеле зиёд аст. Бар асоси қонунгузорӣ, дар ҳафта бояд панҷ рӯз 8-соатӣ кор кунем. Вале мо дар як рӯз то 18 соат кор мекунем", - афзуд ӯ.

Намояндаи шуъбаи кадрҳои ВКД Узбекистон низ тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат афсарони онҳо бидуни истироҳат кор мекунанд.

Трамп шартҳои қабули паноҳандагонро сахттар мекунад

Президенти ИМА Доналд Трамп шоми душанбе дастур дод, дар робита ба назорати мавҷи муҳоҷироне, ки барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ ба ин кишвар меоянд, чораҳои нав ҷорӣ карда шавад.

Баррасии дархости паноҳандагии муҳоҷирон дар давоми 180 рӯз, ҷорӣ кардани маблағи муайян барои баррасии дархостҳо ва додани иҷозатномаи муваққатии кор аз зумраи чораҳои нав аст. Ҳамчунин ба муҳоҷироне, ки марзи ИМА-ро ғайриқонунӣ мегузаранд, иҷозатномаи муваққати кор дода намешавад.

Ҳадафи чораҳои нав таъмини иҷрои раванди дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ ва пешгирӣ аз сӯистифодаҳо дар рафти он гуфта мешавад.

Бар асоси қонунгузории ИМА, ҳар шахс метавонад, дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар ҳаққи паноҳандагиро дархост кунад ва баррасии ин гуна дархост метавонад то чанд сол идома ёбад. Дар натиҷа бештари онҳо ҷавоби рад гирифта, дар ИМА ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд.

Маъмурияти президент Трамп дар ин замина аз иқдомҳои гуногуне кор гирифта, аз ҷумла муҳоҷиронро то муайян шудани посухи дархости паноҳандагияшон дубора ба Мексика ё марказҳои махсус мефиристад. Вале додгоҳҳои ИМА бештари ин чораҳоро ғайриқонунӣ номиданд.

Дар моҳи марти соли равон 92 ҳазор нафар бо ҷурми убури ғайриқонунии марзи Мексика ва ИМА боздошт шудаанд. Ин рақам дар моҳи марти соли 2018 ҳудуди 38 ҳазорро ташкил додааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
XS
SM
MD
LG