Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Вакили Русияро аз ҳаққи вакилӣ маҳрум карданд

Рауф Арашуков

Як вакили порлумон аз ҳизби ҳокими Русияро, ки дар дохили порлумон дастгир шуд, аз ҳаққи вакилӣ маҳрум карданд. Тамоми 153 аъзои Шӯрои Федератсия рӯзи 22-уми май раъй доданд, ки Рауф Арашуков аз мақоми вакилӣ маҳрум карда шавад, чун ӯ то 1-уми апрел эъломияи даромади солонаашро ба мақомот насупурдааст.

Арашукови 32-соларо рӯзи 30-уми январ баъди маҳрум шудан аз ҳаққи масуният дар ҷаласаи палатаи болоии порлумон дастгир карданд. Ӯро ба чанд ҷиноят аз ҷумла ду қатли фармоишӣ дар Карачаево Черкессия дар соли 2010 муттаҳам карданд. Дар сурати собит шудани гуноҳ, мумкин аст, ӯ ба зиндони якумрӣ маҳкум шавад.

Шанаҳан: "Сухан дар бораи пешгирии Эрон аст, на ҷанг"

Патрик Шанаҳан

Сарпарасти Вазорати дифои Амрико Патрик Шанаҳан гуфтааст, ки мақсади онҳо дар рӯзҳои охир “пешгирӣ кардани Эрон буд”.

Пас аз як рӯзи ҷаласаҳои пушти дарҳои баста дар Capitol Hill, Шанаҳан гуфт, ҳоло маъмурияти президент Доналд Трамп кӯшиш дорад аз тезу тунд шудани вазъ дар оянда пешгирӣ кунад.

Сарпарасти Вазорати дифои Амрико ба рӯзноманигорон гуфт: “Сухан дар бораи пешгирии Эрон мебошад, на ҷанг. Мо ба ҷанг рафтанӣ нестем.

Диққати асосии мо дар марҳилаи кунунӣ пешгирӣ аз арзёбии нодурусти Эрон мебошад. Мо намехоҳем, ки вазъ шиддат гирад.”

Дар изҳороте, ки рӯзи 21-уми май дафтари садри аъзами Олмон Ангела Меркел чоп кард, гуфта мешавад, раҳбарони Олмону Русия ва Фаронса дар як сӯҳбати телефонӣ вазъи Эронро баррасӣ кардаанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, се роҳбар таъкид кардаанд, ки "ба Эрон лозим аст дар созишномаи ҳастаӣ бимонад” ва ин се кишвар тавофуқ кардаанд, ки онро ҳифз кунанд.

Додгоҳи Фаронса ҳукми муҳандиси эрониро содир мекунад

Шаҳри Нис

Қарор аст, як додгоҳи Фаронса дар бораи истирдод як муҳандиси эронӣ ба Амрико ҳукм содир кунад. Ҷалол Руҳуллонажодро рӯзи 2-уми февлар дар шаҳри Нис дар Фаронса рӯзи 2-уми январ бо дархости Амрико дастгир карданд.

Муҳандиси 41-сола, аз тариқи Маскав ба Нис ва бо раводиди кории Фаронса ворид шудааст. Ба гуфтаи мақомоти додгоҳ, Амрико муҳандиси амрикоиро ба талошҳо барои содироти таҷҳизоти лозим барои сохти системаҳои зидди дрон муттаҳам мекунад.

Ба гуфтаи мақомот, ӯ мехост, ин таҷҳизотро аз тариқи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Эрон ворид кунад. Руҳуллоҳнажодро ба кор барои ширкати эронии Ройон Рушд Афзор муттаҳам мекунанд, ки Амрико онро ба феҳрасти ширкатҳои таҳримшудаи Эрон ворид кардааст.

Амрико мегӯяд, ширкат ба Сипоҳи Посдорони Инқилобти Исломии Эрон робита дорад. Ин воҳиди низомии Эронро Амрико ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил кардааст.

Туркия гуфт, барои таҳримоти эҳтимолии Амрико омода мешавад

RUSSIA -- An S-400 Triumf anti-aircraft missile system is deployed in The Kaliningrad region, March 11, 2019

Ҳулусӣ Акар, вазири дифои Туркия гуфт, кишвараш омодаи ҳаргуна таҳримоти эҳтимолиест, мумкин аст, Амрико ба зидди Туркия эъмол кунад. Ӯ айни замон дар бораи “наздиктар” шудани Туркияву Амрико дар робита ба ин масъала суҳбат кард.

Туркия, як узви НАТО мехоҳад, аз Русия системаи муосири зиддимушакии S-400 бихарад, аммо Амрико ва дигар аъзои паймон нигаронанд, ки системаи русӣ барои ҳавопаймоҳои амрикоӣ ва ҷангии Ғ-35 хатар эҷод мекунад.

Вашингтон ба Туркия гуфтааст, ки агар ин системаро бихарад, ба таҳримҳои молии Амрико гирифтор мешавад. Ҳулусӣ Акбар рӯзи 21-уми май ба хабарнигорон гуфт, дар гуфтугуҳои чанде пеш дар Вашингтон “Туркия шоҳиди наздикӣ ва осонӣ” дар масъала шудааст. Айни замон ӯ афзуд, “Туркия ҳамаи гузинаҳоро ба зидди таҳримоти эҳтимолии Амрикоро баррасӣ мекунад.”

Узви ҲНИТ Раҳматуллои Раҷаб дар зиндон муҷозот шудааст

Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби мамнуъи Наҳзати исломӣ рузи 20-уми май бо иттиҳоми риоя накардани қоидаҳои маҳбас муҷозот шуда, ба ҳуҷраи ҷазо ё ПКТ интиқол дода шудааст.

Наздикони Раҳматуллои Раҷаб рӯзи 22 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин маълумотро аз сардори маҳбаси рақами 1 Идибек Муҳтоҷзода гирифтаанд.

Як манбаъи дигар дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, Раҳматуллои Раҷаб қоидаҳои зиндонро поймол кард ва аз иҷрои дастури зиндонҳо саркашӣ намуд. Пайвандони маҳбус мегӯянд, Раҳматуллои Раҷаб ба расондани хабарҳои марбут ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат айбдор шудааст. Мақомоти зиндон ин кори ӯро "таблиғ" маънидод кардаанд.

Аммо наздикони маҳбус ин иттиҳомотро рад мекунанд ва мегӯянд, гӯш додан ба радио ва нақли хабарҳо ба дигарон дар маҳбас мамнуъ нест. Онҳо афзуданд, як баҳонаи дигари зиндонбонҳо ин аст, ки аз ҷойи хоби Раҳматуллои Раҷаб асал пайдо кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Раҳматуллои Раҷаб як моҳ пеш сактаи мағзӣ шуда буд ва ҳолаш хуб нест. Гуфта мешавад, шароит дар боздоштгоҳи ҷаримавии мавсум ба ПКТ хеле шадидтар аз ҳамаи бахшҳои дигари муҷозотист ва қарор аст, маҳбус ба баъзе иттилоъ 15 рӯз ва иттилои дигар ду моҳро дар ин ҷо гузаронад. Дар ин муддат ба вай хондани рӯзнома, гуш кардани радио ё қабули ғизое, ки наздиконаш меоранд, манъ аст ва дар як руз танҳо барои ним соат ҳавои кушод бароварда мешавад.

Раҳматуллои Раҷаб ҳамчун фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ дар аввали моҳи июли соли 2016 боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро соли 20015 мамнӯъ ва онро террористӣ унвон кард. Додгоҳ гуфт, аъзои ин ҳизб дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 даст доранд. Ҳизб ва аъзои он ин иттиҳомро рад мекунанд.

Зеленскийро ба нақзи Конститутсия муттаҳам карданд

Зеленский рӯзи 21-уми май бо вакилон мулоқот дошт.

Интизор меравад, имрӯз порлумони Украина нишасти ғайринавбатӣ баргузор кунад. Нишаст ду рӯз баъд аз маросими адои савганди раиси ҷумҳур Володимир Зеленский сурат мегирад.

Нишастро Андрей Парубий раиси Верховная Рада бо дархости Зеленский даъват кардааст. Аз ин пештар дар рӯзи 21-уми май раиси ҷумҳури нави Украина бо як қарор порлумонро пароканда кард ва рӯзи 21-уми июлро рӯзи баргузории интихобот таъйин кард.

Андрей Парубий рӯзи 21-уми май дар Фейсбук навишт, ки қарори раиси ҷумҳур ғайриқонунӣ аст. Ӯ гуфт, “Ғамангез ва нигаронкунанда аст, ки кафили Қонуни асосӣ кори худро дар мақомаш бо нақзи фоҳиши Қонуни асосӣ оғоз мекунад.” Ӯ афзуд, ки вакилон аз Додгоҳи конститутсионӣ хоҳанд хост, ки қарори Володомир Зеленскийро беэътибор кунад.

Тарҳи алифбои нави узбекӣ муаррифӣ шуд

Гуруҳи корӣ дар Донишгоҳи давлатии забони узбекии Тошканд тарҳи ниҳоии алифбои узбекиро муаррифӣ кард. Ин гуруҳ ба такмил ва содасозии алифбои узбекии лотиниасос машғул аст.

Дар алифбои нав забоншиносон пешниҳод доранд, ки 30 ҳарф боқӣ монад. Ба ин тартиб, алифбои узбекии лотиниасос ба шакли ниҳоии худ, ки соли 1993 қабул шуда буд, бармегардад.

Дар тарҳи нав пешниҳод шудааст, ҳарфи "с", ки ҳарфи кириллии "ц"-ро ифода мекунад, ба алифбо баргардонида шавад. Муаллифони тарҳ ҳамчунин пешниҳод доранд, ки аз истифодаи "sh" ва "сh" худдорӣ ва барои ифодаи ҳарфҳои "ш" ва "ч" рамзҳои "ş" ва "ç" истифода шавад.

Маҳкумшудаҳо тасмим доранд "дар Қазоқистон дигаргунӣ кунанд"

Дар пойтахти Қазоқистон рӯзи 21 май фаъолони шаҳрвандие, ки баъди роҳпаймоиҳои рӯзи 1 май боздошт ва ҳабсу ҷарима шуда буданд, гирди ҳам омада, вазъи ҳуқуқи инсонро баррасӣ карданд.

Миёни иштирокдорон модарони серфарзанд, инчунин ҷонибдорони Кайирли Омар, роҳбари созмони ҷамъиятии "Жер тағдирӣ" низ буданд. Намояндагони САҲА низ дар ин ҷамъомад ҳузур доштанд.

Ташкилкунандагони ҷамъомад гуфтанд, натавонистанд, мулоқотро дар толоре анҷом диҳанд, зеро соҳибони толорҳо нахостаанд, чунин имконеро фароҳам оваранд. Дар ниҳоят, мулоқоти мазкур дар як манзили зист барпо шуд.

Дар ин мулоқот, ки як навъ нишасти хабарӣ ба ҳисоб мерафт, боздоштшудаҳои иқдоми сулҳомези рӯзи 1 май суханронӣ карданд.

"Ман ба майдон баромадам, зеро намехоҳам пушти модарони серфарзанд пинҳон шавам. Барои ин ман 10 рӯз дар ҳабс будам. Заррае таассуф надорам. Омодаам, бори дигар бароям. Ҳамсолони ман, аз мо калонтарҳо муқассиранд, ки ин ҳукумат чунин рафтор мекунад. Бояд аз ҳолати бефарқӣ берун шуд, мо сазовори зиндагӣ дар як кишвари воқеан демократӣ ҳастем", - гуфт Жанар Амангалиева, яке аз иштирокдорони мулоқот.

Ҷамъомадагон гуфтанд, ки бояд дар кишвар тағйироте сурат гирад ва барои ин бояд муттаҳид шуд.

Нахустин таъйиноти кадрии президенти нави Украина

Владимир Зеленский ва Руслан Хомчак

Президенти нави Украина Владимир Зеленский генерал-лейтенант Руслан Хомчакро сардори Ситоди кул - сарфармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар таъйин кард.

Хомчаки 51-сола Омӯзишгоҳи низомии Маскавро хатм карда, дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Донбасс иштирок кардааст.

Генерал Хомчак дар ин мақом Виктор Муженкои 57-соларо иваз кард. Муженко хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии низомии Ленинград буд ва дар замони авҷи даргириҳои Донбасс нирӯҳои Украинаро раҳбарӣ мекард.

Зеленский рӯзи 21-уми май ҳамчунин фармони таъйини чанд нафари дигар ба мақомҳои гуногунро имзо намуд. Аз ҷумла, Андрей Богдан, ҳуқуқшиноси олигархи украин Игор Коломойский раиси дастгоҳ ва Сергей Шефир, ҳаммуассиси студияи "Квартал 95" ёвари президент таъйин шуданд.

Аз Гугл то Яндекс. Дастрасӣ ба сомонаҳо дар Тоҷикистон масдуд шуд

Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба ҷустуҷӯгари Гуглу Яндекс, шабакаҳои Фейсбук, Ютуб, Одноклассники ва Инстаграм дастнорас шудааст.

Сокинон мегӯянд, ин вазъият аз рӯзи 20-уми май ба ин сӯ ҳукмфармост. Онҳо шикоят доранд, ки боз кардани сомонаҳо ба воситаи VPN ё филтршиканҳо низ ба осонӣ даст намедиҳад.

"Суръати интернет дар ду рӯзи охир ба ҳадде суст шудааст, ки баъзе саҳифаҳоро ба сахтӣ мекушояд ё аслан боз намекунад. Одамро асабӣ мекунад", -- гуфт як сокини Душанбе рӯзи 22-юми май ба Радиои Озодӣ.

Хабаргузории ТАСС рӯзи 21-уми май бо такя ба ширкатҳои интернетрасон дар Тоҷикистон навишт, "дастрасӣ ба сомонаҳо бо қарори мақомот" дар саросари кишвар масдуд шудааст.

Вале мақомот ҳамагуна сайтбандиро рад мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, сомонаҳои хабарии "Радои Озодӣ", "Азия-Плюс" ва "Ахбор" чанд муддат боз дар Тоҷикистон дастнорасанд. Мақомот далели чунин иқдоми худро шарҳ надодаанд.

Дастнорас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баъди ошӯби шаби 19-уми май дар зиндони шаҳри Ваҳдат сурат гирифт, ки дар ҷараёни он 29 маҳбус ва 3 маъмури зиндон кушта шуданд.

Дар охири моҳи апрели имсол низ шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук, Твиттер, Ютуб, Вотсапп, Вайбер ва Телеграмм дар Тоҷикистон баста буд. Чанде аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки дастрасии сокинон ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро таъмин кунад.

Он вақт муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев ба Радиои Озодӣ гуфт, "шояд мушкили техникӣ аз берун аст". Ҷавобе, ки бисёриҳо онро "хандаовар" номиданд ва дурустиашро зери суол бурданд.

Милиса ва додситонҳо муваззаф шуданд дороиҳои худро эълом кунанд

Ин кормандони пулис соли гузашта дар ноҳияи Восеъ аз як сайёҳи хориҷӣ пул талаб карда буданд.

Аз ин ба баъд, афроде, ки мехоҳанд дар сафҳои ВКД, додситонӣ ва Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор кор кунанд, муваззафанд қабл аз оғози фаъолият, эъломияи дороиҳои худро пешниҳод намоянд.

Порлумони Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 22-юми май ба қонунҳо дар бораи милиса, прокуратура ва кормандони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, тағйирот ворид кард. Бар пояи ин қонун, афроде, ки ҳамакнун низ дар ин сохторҳо фаъолият менамоянд, бояд эъломияи дороиҳои худро пешниҳод кунанд.

Абдуманнон Холиқзода, муовини аввали вазири адлия ва Ҳотам Назарзода, муовини Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти рӯзи чаҳоршанбеи порлумон, ҳадаф аз ин тағйиротро ҷилавгирӣ аз коррупсия ё фасоди молӣ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гуфтанд.

Аммо бархе аз вакилон дар ҷараёни баҳсу баррасии ин масъала гуфтанд, ки яке аз роҳҳои аз байн бурдани коррупсия, баланд бардоштани маоши кормандони ин ниҳодҳо мебошад. Ин вакилон ҳамзамон ба вазорати молия пешниҳод карданд, ки маоши кормандони ин ниҳодҳо боло бурда шавад.

Ворид кардани тағйиру иловаҳо ба ин қонунҳо ва муваззаф кардани кормандони ин се ниҳод барои эълони дороиҳояшон дар ҳоле аст, ки дар гузашта шуморе аз ниҳодҳои интизомӣ, аз фасодзадатарин ниҳодҳои Тоҷикистон ном бурда шуда буданд.

ҲНИТ мақомоти тоҷикро ба пинҳон кардани шумори қурбониёни ошӯб айбдор кард

Ҳизби дар Тоҷикистони мамнуи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бо нашри як изҳорот мақомоти кишварро ба он айбдор кард, ки маълумот дар бораи ошӯби хунин ва пурқурбонӣ дар зиндони Ваҳдатро пинҳон медоранд.

Ин ҳизб 20 май бо истинод ба манбаи худ гуфт, шумори қурбониёни ошӯб аз оне ки мақомоти Душанбе расман эълом карданд, бештар аст.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки 5 узви гуруи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) ошӯбро барангехтаанд ва се посбони зиндону чанд зиндонӣ аз ҷумла аъзои Ҳизби наҳзатро куштаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар ҳодиса дар умум 32 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба гуфтаи мақомот, дар миёни 32 қурбонии ошӯб Саттор Каримов, узви раёсати ҲНИТ, Сайид Қиёмиддини Ғозӣ - собиқ узви раёсати ҲНИТ ҳастанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2015 ҲНИТ-ро созмони экстремистӣ ва террористӣ эълон ва фаъолияти онро дар кишвар мамнуъ кард, Ҳизб ва тарафдорони он ин иттиҳомотро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Дар баёнияи ҳизб омадааст, ки барои равшан кардани ҳодиса “ҲНИТ талаб мекунад, ки гурӯҳи таҳқиқотии мустақил бо ширкати созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Салиби Сурх ва хабарнигорони мустақил ташкил карда шавад, то ҷузъиёти ин ҳодиса дақиқ баррасӣ ва ба мардум расонида шавад".

Сӯхтор бар бозори марказии Ховалинг

Акс аз бойгонӣ

Як бахши яклухтфурӯшии маводи хӯроквории бозори марказии Ховалинг ба коми оташ рафтааст. Шоҳидон гуфтанд, ки сӯхтор нимашаби 22-юми май рух дода ва бо кӯмаки оташнишонҳо хомӯш карда шуд. Масъулон дар ҷамоати шаҳраки Ховалинг мегӯянд, ки дар пайи ин сӯхтор ду дӯкон зарар дидааст. Вале шоҳидон мегӯянд, ки сӯхтор зиёда аз 10 дӯконро ба коми худ кашидааст.

Сулаймон Юсупов, раиси ҷамоати шаҳраки ноҳияи Ховалинг чоршанбеи 22-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин оташсӯзӣ ду дӯкони сабзавот ва гӯштфурӯшӣ ба коми оташ рафтанд. Ба гуфтаи Сулаймон Юсупов, оташнишонҳо ба зудӣ сӯхторро хомӯш карданд ва нагузоштанд, ки аланга паҳн шавад.

"Дар ҳамин ду дӯкони берун аз дарвозаи бозор сӯхтор шудааст, яке сабзавотфурӯшӣ, дигаре дӯкони гӯштфурушӣ ҳаст. Ҳоло оташнишонҳо таҳқиқ дорад, аммо фарзияи аввал, ин расиши ноқилҳои барқ гуфта мешавад",-гуфт раиси ҷамоат.

Аммо сокинони ноҳияи Холвалинг мегӯянд, ки дар ин оташсӯзӣ ҳудуди даҳ дӯкон ба коми оташ рафта, сӯхта хокистар шуданд. Мусо, як сокини Ховалинг, ки мегӯяд ҳини сӯхтор дар маҳал қарор дошт, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, оташсӯзӣ аз ду дӯкони гуштфурӯшӣ оғоз шуда, ба дӯконҳои дигар гузашт.

Ҳаҷми зиёни расида аз ин оташсӯзӣ то ба ҳол маълум нест ва мақомот ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ, сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст.

Аз ҷумла, сабаби сӯхтор дар бозори “Султони Кабир”-и шаҳри Душанберо мақомот дар моҳи июни соли гузашта, "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ" номида буданд. Дар ин сӯхтор даҳҳо тоҷир зиён диданд.

Аз он пеш, тобистони соли 2017 "Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе низ оташ гирифта буд, ки дар натиҷаи он садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд. Бозори ноҳияи Фархор ҳам тобистони ҳамонсолоташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд.

Дар сӯхтори бузургтарин бозори вилояти Хатлон, мавсум ба бозори "Ҳоҷӣ Шариф", ки моҳи октябри соли 2017 рух дод, даҳ дӯкону панҷ анбори бузурги масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафта буд. Аммо моҳи августи соли гузашта як қисмати яклухтфурӯшии маводи ғизоӣ дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба коми оташ рафта буд, ки мақомот баръакси сӯхторҳои дигар соҳиби ин анборро дар қасдан оташ задан боздошт намуда буданд.

Боздошти ноиб-сарвазири пешини Қирғизистон

Шамил Атаханов.

Шамил Атахонов, ноиб-сарвазири пешини Қирғизистон рӯзи 21--уми май дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии ҷинояткори бонуфуз Азиз Батукаев боздошт ва бозпурсӣ шуд. Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Отурбек Ҷамшедов, додситони кулли Қирғизистон 17-уми апрели соли ҷорӣ хабар дод, ки баррасии парвандаи раҳошавии ғайриқонунии Батукаев дубора рӯи даст гирифта шудааст. Баъди он табиб Эмил Макимбетов боздошт шуд.

Ӯро дар додани ҳуҷҷати қалбакӣ дар бораи бемории табобатнашаванда доштани Батукаев айбдор мекунанд. Баъдтар се табиби дигар боздошт шуд. Вазири пешини тандурустии Қирғизистон Динора Сагинбоева ва мушовири пешини раиси маҳбасҳои Қирғизистон Калибек Качкиналиевро ҳам боздошт карданд.

Духтари президенти Узбекистон фаъолияти марказҳои матбуотиро танқид кард

Саида Мирзиёева, духтари калонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки ахиран муовини мудири Оҷонсии иттилоот ва иртибототи оммавии назди президент таъйин шуд, фаъолияти марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ ва кормандони ин марказҳоро танқид кард.

Саида Мирзиёева дар саҳифаи Facebook навишт, ки бо омӯзиши афкори мутахассисон ва таҷрибаи хориҷӣ "бо таассуф бояд қабул кард, ки фаъолияти марказҳои матбуотии вазоратҳо ва ниҳодҳои давлтӣ дар сатҳи пойин қарор дорад".

"Дар пайи фаъолияти нокомили марказҳои матбуотӣ ва мавҷуд набудани фаҳмиши ҳамкорӣ бо расонаҳо, сокинони кишвар аз ҷараёни ислоҳот иттилои хеле кам дарёфт мекунанд ва аз муҳтавои тасмимҳои президенту ҳукумат бехабар мондаанд. Фаъолияти густардаи ҳукумат дуруст инъикос намешавад ва дар дохилу хориҷи кишвар аз он огоҳии камтар доранд. Ба ҳамин далел аст, ки ахбори носаҳеҳ пайдо мешавад, танқидҳо сар мезананд ва марказҳои матбуотӣ ҳеч вокунише нишон намедиҳанд, ки дар ниҳоят норозигии мардумро ба бор меорад", - навишт Мирзиёева.

Вай дар идома афзудааст, ки "дар марказҳои матбуотӣ норасоии кадрҳо, камбуди дастгоҳҳо ва сатҳи пасти ихтисоси кормандон" дида мешавад. Мирзиёева пешниҳод кард, ки дар робита ба ҳалли мушкил чораҷӯӣ шавад.

Духтари калонии президенти Узбекистон Саида Мирзиёева 12-уми апрели соли ҷорӣ ба мақоми муовини мудири Оҷонсии иттилоот ва иртибототи оммавии назди президент таъйин шуд.

Маълумоти шахсии 49 млн корбари Инстаграм оммавӣ шудааст

Маълумот дар бораи 49 миллион корбари шабакаи иҷтимоии Инстаграм дар як пойгоҳи иттилои боз дар Интернет ошкор шудааст.

Ба иттилои расонаи TechCrunch, сухан аз саҳифаҳое меравад, ки шумори зиёди обуначӣ доштанд ва дар онҳо эъломҳо нашр мешуданд. Дар миёни онҳо гӯиё саҳифаҳои блогерон ва брендҳои маъруф низ ҳастанд.

Маълумот дар бораи корбарони мазкур дар пойгоҳи марбут ба як ширкати ҳиндустонӣ ошкор шуд, ки бо фурӯши эълом дар Инстаграм машғул аст. Кормандони он маълумоти корбаронро дар шабака нигоҳ медоштанд

То муроҷиати TechCruch ба ширкат, маълумоти умумӣ (шумори обуначиён, кишвари соҳиби саҳифа) ва шахсии 49 миллион корбар (нишони электронӣ ва рақами телефони соҳиби саҳифа) дар Интернет дастраси умум будааст.

​Моҳи апрели соли равон саҳмдорони Facebook, ки Инстаграм ба он тааллуқ дорад, аз раҳбари шабакаи иҷтимоӣ Марк Сукерберг хостанд, истеъфо диҳад. Ба гуфтаи онҳо, арзиши саҳмияҳои шабака ба далели баҳсҳо атрофи маълумоти шахсии корбарон поин рафтааст.

Дар Қирғизистон фаъолони мазҳабиро аз ширкат дар таблиғоти интихоботӣ маҳрум созанд

Вакилони порлумони Қирғизистон воридсозии тағйиорот ба қонуни интихоботи президентӣ ва порлумонии он кишварро баррасӣ мекунанд.

Абдуваҳҳоб Нурбоев, вакили порлумон ва яке аз муаллифони лоиҳаи тағйиру иловаҳо гуфт, имкони ба Комисияи марказии интихобот додани ҳаққи тартибдиҳии рӯйхати интихобкунандагон баррасӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир Хадамоти давлатии бақайдгирӣ ба тартибдиҳии рӯйхати интихобкунандагон машғул аст. Ба ҷуз ин, дар сурати қабули тағйирот, аз номзадҳо ба мақоми вакилӣ маълумоти олӣ талаб мешавад.

"Пешниҳод шудааст, ки ба мудирони мактабҳо ва сардухтурони беморхонаҳо иҷозаи иштирок дар интихоботи маҷлисҳои маҳалӣ дода шавад. Ба илова, фаъолони мазҳабӣ аз ширкат дар корҳои таблиғотӣ маҳрум хоҳанд шуд", гуфт Нурбоев.

Замони баргузории интихоботи порлумонӣ дар соли 2017 дар Қирғизистон ширкати фаъолони динӣ дар маъракаҳои таблиғотӣ ба ҷонибдорӣ аз ҳизбҳои алоҳида мушоҳида шуда буд. Интихоботи навбатии порлумонӣ дар Қирғизистон соли 2020 дар назар аст.

Дар Алмато сокинон аз ҳукумат "афви қарздорон"-ро талаб доранд

Дар шаҳри Алмато як гуруҳи фаъолони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҳукумати Қазоқистон талаб доранд, ки дар робита ба ҳифзи ҳуқуқи саҳмдорони сохтмонҳои баҳсӣ ва қарздорони камбизоат чора биандешад. Ин фаъолони қазоқ, ки 21-уми май дар назди дафтари ҳизби ҳокими "Нур Отан" ҷамъ омада, "афви қарзӣ"-ро дархост карданд.

Аз ҷумла, онҳо талаб доранд, ки қарзи сокинон дар давраи аз соли 2004 то 2009 бахшида шуда, хонаҳояшон аз ҳисоби бонкҳо баргардонида шавад. Гуруҳи ташаббускор ҳамчунин ислоҳи низоми додгоҳиро хостор шуда, барои иҷрои талабҳояшон то интихоботи президентӣ муҳлат доданд.

"Мо иқдомҳои ҷиддиро мунтазирем ва иқдоми ҷиддӣ метавонад афви қарзӣ бошад", - гуфт рӯзноманигор ва раиси иттиҳодияи ҷамъиятии "Орномус-5" Канагат Такеев.

Масъули бахши ҳизб ва узви ситоди интихоботии номзад ба мақоми президентии Қазоқистон аз ҳисоби "Нур Отан" Борис Ҷапаров пас аз шунидани сухани ҷамъомадаҳо, гуфт, дархости онҳо дар муҳлати то 15 шабонарӯз баррасӣ хоҳад шуд.

Санаи интихоботи президентии Қазоқистон, ки ин бор низ пеш аз муҳлат баргузор мешавад, 9-уми июн муайян шудааст.

Чаҳор узбекистонӣ дар як садама дар Қазоқистон маҷруҳ шуданд

Чаҳор узбекистонӣ дар як садама рӯзи 18-уми май дар километри 82-уми роҳи "Бейнеу-Тажен", дар ҷанубу ғарби Қазоқистон маҷруҳ шуданд. Дар пайи ин ҳодиса як шаҳрванди Туркия кушта ва маҷруҳони дигар дар бемористони ноҳияи Бейнеу бистарӣ шуданд. Аширов Бобомурод, шаҳрванди 28-солаи Узбекистон то кунун дар бемористони мазкур бистарӣ аст. Маҷруҳони дигар аз бемористон рухсат ёфтаанд.

Баҳси лафзии сокинони маҳаллии Қирғизистон бо марзбонони Тоҷикистон

Дар деҳаи Қарабоғи ноҳияи Бодканди Қирғизистон миёни сокинони маҳаллӣ ва марзбонони тоҷик баҳси лафзӣ рух дод. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон иттилоъ доданд.

Баҳс баъди он рух дод, ки афроди ношинос дари анбореро шикастанд. "Бино дар 5-6 метрии хатти шартии марз дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст. Аммо аз он анбор шаҳрвандони Қирғизистон истифода мекунанд", - иттилоъ дод Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

"Қирғизистониҳо хостанд, дарро таъмир кунанд, вале марзбонони Тоҷикистон монеъ шуданд. Марзбонони Қирғизистон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва бо ҳамтоёни тоҷикистониашон гуфтугӯ карданд. Дар ниҳоят марзбонони Тоҷикистон иҷозат доданд, ки дари анбор таъмир шавад", - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин марзбонон ҳамроҳ бо мақомоти маҳаллӣ бо сокинон мулоқот ва гуфтугӯ карданд.

Тарҳи кумак ба хонаводаҳои камбизоат ва маъюбон дар Шуғнон

Намояндагии созмони "Каритас"-и Олмон дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон иҷрои тарҳи рушди иҷтимоиро оғоз кард.

Умеда Мунавварова, ҳамоҳангсози лоиҳа, рӯзи 21-уми май гуфт, "ҳадаф мустаҳкам намудани иқтидори ҷомеа ва баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ барои хонаводаҳоест, ки соҳиби кӯдак буда ва дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд."

Созмонҳо мегӯянд, дар баъзе аз хонаводаҳо дар ноҳияи Шуғнон "шароити бади зиндагӣ, бекорӣ, низоъ миёни аъзои оила, норасоии ғизо ва сатҳи пасти донишу малака оид ба таълиму тарбияи кӯдакон" мушоҳида мешавад.

Ба гуфти онҳо, мушкилоти иҷтимоии мазкур ба ҳолати равонии аъзои оила ва бахусус кӯдакону модарон таъсир дорад.

Тибқи омор, дар ноҳияи Шуғнон беш аз 1500 оилаи камбизоат ва бахусус соҳиби кӯдак, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва инчунин беш аз 200 кӯдаки маъюб сабт шудаанд.

Созмони "Каритас" аз соли 2010 ба ин тараф дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон тарҳҳои худро амалӣ мекунад. Ин созмон барои беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳои осебпазир, аз ҷумла кӯдакони маъюб кумак мерасонад.

Дар гузашта чунин таррҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа иҷро шудаанд.

Номаи ҳомиёни ҳуқуқ дар робита ба ошӯби зиндони Ваҳдат

Созмонҳои "Freedom Now" ва "Hogan Lovells" мақарашон дар Вашингтон мегӯянд, дар ҳодисаи маҳбаси Ваҳдат, шуморе аз маҳбусони сиёсӣ низ кушта шудаанд. Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти тоҷик вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои кишварро радд мекунанд.

Дар изҳороти ин ҳомиёни ҳуқуқи башар, ки рӯзи 20-уми май ба нашр расид, гуфта мешавад, ки дар ин маҳбас шуморе аз маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ва мухолифи сиёсӣ Зайд Саидов нигаҳдорӣ мешуданд ва дар миёни кушташудаҳо Саттор Каримов, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Ҷонмаҳмад Боев ҳастанд. Бар пояи изҳороти "Freedom Now" ва "Hogan Lovells", дар ин ҳодиса ба ҷони Зайд Саидов низ қасд шуда, аммо ӯ аз сӯи зиндониён ҳимоят дидааст.

Созмонҳои "Freedom Now" ва "Hogan Lovells" ба унвони як ниҳоди машваратии байналмилалӣ хостори таҳқиқи комил, шаффоф ва мустақилона дар мавриди ошӯби зиндони Ваҳдат шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳодисаи зиндони Ваҳдат, ки шаби 19-уми май рух дод, 29 зиндонӣ ва се зиндонбон кушта шуданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки омилони ин беназмӣ афроди вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" мебошанд. Маълумоти дигар дар мавриди ин ҳодиса аз манобеи мустақил дастрас нест.

Мулоқоти Зеленский бо қонунгузорон баъд аз як рӯзи адои савганд

Як рӯз пас аз маросими адои савганд, президенти Украина Володимир Зеленский бо қонунгузорони барҷаста дар бораи нақшаи худ барои пароканда кардани порлумон баҳсҳо баргузор мекунад.

Зеленский рӯзи 21-уми май дар бинои маъмурии президент дар Киев бо раиси порлумон Андрей Парубий ва роҳбарони ҷиноҳҳои порлумонӣ вохӯрд.

Зеленский рӯзи душанбе ҳангоми адои савганд эълон кард, ки Верховная Радаро пароканда мекунад ва мушовираҳо бахше аз ин раванд мебошанд.

Интизор меравад, баъд аз гуфтушунид фармони пароканда кардани порлумон имзо шавад. Дар пояи Қонуни асосӣ интихоботи нави порлумонӣ бояд дар муддати ду моҳ, пас аз қабули фармон баргузор карда шавад.

Зеленский ҳаҷвнигор ва бозингари бе ҳеҷ гузаштаи сиёсӣ рӯзи 21-уми апрел дар даври дувуми интихоботи президентӣ Петро Порошенкоро шикаст дод.

Номзади 41-сола бе дастгирии ҳизби сиёсӣ барои расидан ба мансаби президентӣ мубориза бурд ва ҳоло дар порлумон пуштибони расмӣ надорад.

Интихоботи ояндаи порлумонӣ барои моҳи октябр барномарезӣ шудааст.

Бортников аз таҷаммӯи 5000 ҷангҷӯи ДИИШ дар Афғонистон гуфт

Александр Бортников

Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфт, ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон ва наздик ба сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ шудаанд.

Александр Бортников дар ин бора рӯзи 21-уми май дар нишасти раҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои ИДМ дар Душанбе изҳори назар кард. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад.

Александор Бортников гуфт, вай аз “интиқоли” тақрибан 5 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ ба минтақаҳои шимолии Афғонистон нигарон аст. Вай пешниҳод кард, ки назорати марзҳо сахттар карда шавад.

Вале коршиносони амниятӣ мегӯянд, Русия шумораи ситезаҷӯёнро барзиёд нишон медиҳад. Ба гуфтаи онҳо, Маскав аз як сӯ мехоҳад таблиғоти худро аз Толибон ҳақ шуморад. Ва аз тарафи дигар, ба гуфтаи онҳо, ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки барои ҳимоят аз онҳо кумаки Русия зарур аст.

Бино ба ҳисоби низомиёни амрикоӣ, дар Афғонистон ҳудуди 2 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ қарор доранд.

"Бункер". Намоиши филми коргардони тоҷик дар Чин

Филми "Бункер", сохтаи коргардони тоҷик Диловар Султонӣ, дар ҷашнвораи "Филми Осиё" ва "Ҳафтаи ТВ" дар Чин намоиш дода шуд. Ин ҷашнвора рӯзи 16-уми май оғоз шуд ва то 23-юми май идома мекунад. Филми коргардони тоҷик дар шаҳрҳои Пекину Шанхай, Гуанҷоу, Чанду ва Cиан намоиш доданд. Филми "Бункер" соли гузашта рӯи навор омад ва бори аввал баҳори имсол дар Душанбе намиш дода шуд. Дар он нақши асосиро Исфандиёри Ғулом ва Муҳсин Султонӣ бозидаанд. Оҳангсози филм оовзхони шинохтаи тоҷик Далер Назаров аст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Дар бораи муттаҳидшавии Беларус бо Русия чӣ назар доред?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00
XS
SM
MD
LG